Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти шуъбаи маорифи ноҳияи Қубодиён хабарнигори МТЖТ бо мудири маорифи мазкур Мирзоев Саъдулло суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Дар оғози суҳбат номбурда қайд кард, ки Пешвои муаззами миллат дар ҳар баромади худ таъкид месозанд, ки дар сиёсати ман маориф дар мадди аввал қарор гирифтааст, аз ин рӯ, соҳаи маориф беш аз пеш рушду нумуъ карда истодааст.
Дар пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, дастгирии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии раиси ноҳияи Қубодиён шуъбаи маорифи ноҳия сатҳу сифати таълиму тарбияро дар муассисаҳои таълимӣ ба таври шоиста боло бурда истодааст.
Чунончи, бузургони гузаштаамон фармудаанд:
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.
Ҳамзамон, мавсуф афзуд, ки шуъбаи Маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Қубодиён фаъолияти кории худро дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Консепсияи миллии маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба роҳ мондааст.
Базаи кадрӣ
Дар идомаи суҳбат мавсуф иброз дошт, ки шуъбаи маорифи ноҳия дорои 61 муассисаи таълимӣ, аз он ҷумла, 54 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 1 муассисаи хусусии таълимии ба номи “Барфигул”, 2 гимназияи давлатӣ, 1 мактаб-интернат, 5 муассисаи давлатии таълимии томактабӣ ва 1 муассисаи таълимии томактабии хусусӣ аст. Дар онҳо 2085 нафар омӯзгорон (аз он ҷумла 1541 нафар занон) кору фаъолият менамояд:
– бо маълумоти олӣ 1473 (мардҳо 462 нафар, занҳо 1011)
– бо маълумоти олии нопурра 80 (мардҳо 6 нафар, занҳо 74)
– бо маълумоти миёнаи омӯзгорӣ 408 нафар (мардҳо 69 нафар, занҳо 339 нафар)
– бо маълумоти миёнаи умумӣ 124 нафар (дар айни замон ба донишгоҳҳои олӣ таҳсил мекунанд) (мардҳо 7 нафар, занҳо 117 нафар)
Кадрҳои оянда
Чунончи дар хусуси ба мактабҳои олӣ қабул гардидан ҳамсуҳбати мо изҳор дошта, аз ҷумла қайд кард, ки шумораи умумии хатмкардагони синфи 11 1692 нафар буда, 608 нафар бо тариқи маркази ММТ, 26 нафар Тибқи квота дохил шуданд. 21 нафар ба мактабҳои олии қудратӣ, 26 нафар ба мактабҳои хориҷи кишвар, 688 нафар ба муассисаҳои миёнаи ва ибтидоии касбӣ дохил шуданд, ки дар умум аз 1692 нафар хатмкардагони синфи 11 ба донишгоҳҳо ва коллеҷҳо дар умум 1343 нафар дохил шудаанд, ки ин 80,9%-ро ташкил медиҳад.
Шумораи хатмкардагони синфи нӯҳ 3094 нафарро ташкил медиҳад, аз ҷумла 1445 нафар духтаронанд. Ба муассисаҳои миёнаи ва ибтидоии касбӣ 434 нафар, аз ҷумла 285 нафар духтарон дохил шудаанд. Фарогирӣ ба зинаи сеюми таҳсилот 1946 нафар, аз ҷумла 804 нафар духтарон қабул шудааст, ки ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсилот 75,4%-ро ташкил мекунад.
Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ
Дар ҷараёни суҳбат мавсуф тазаккур дод, ки дар 5 муассисаи давлатии таълимии томактабӣ (572/ 229 нафар дар 19 гуруҳ) ва 1 муассисаи таълимии томактабии хусусӣ (25/ 12 нафар дар 1 гуруҳ), ҷамъ 597/ 241 нафар кӯдак фаро гирифта шудааст. 19 нафар мураббӣ, аз ҷумла 7 нафар бо маълумоти олӣ, 12 нафар бо маълумоти олии нопурра ва миёнаи махсус фаъолият мекунанд. 5 нафар мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дорои маълумоти олӣ буда, дар умум 36 нафар коркунони педагогӣ фаъолият менамоянд.
Оид ба таъсиси Марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия айни замон мутобиқи банди 10-и “Низомномаи намунавии муассисаи давлатии таълимии томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.04.2015, №256 тасдиқ шудааст, дар назди 57 муассисаҳои таълимӣ бо теъдоди 4828/2534 (духтар) нафар кӯдакон ба маркази инкишофи кӯдак фаро гирифта шудаанд.
Ба тарбиятгирандагони Маркази рушди кӯдак 52 нафар омӯзгор-мураббиёни ихтисосманди дорои маълумоти олӣ ва миёнаи махсус таълиму тарбия медиҳанд. 22 нафар бо маълумоти олии омӯзгорӣ, 30 нафар бо маълумоти миёнаи махсуси омӯзгорӣ дар Маркази инкишофи кӯдак фаъолият мекунанд. Дар баробари он як қисмати тарбиятгирандагони Маркази инкишофи кӯдак аз забони русӣ ва англисӣ бархӯрдор мебошанд. Марказҳои инкишофи кӯдак бо Барномаи таълимии “Омодагии пешазмактабии барои кӯдакони 5-7 сола” ва барномаи “Рангинкамон”, адабиётҳои бачагона, дастурҳои таълимӣ қисман таъминанд.
Кабинети методӣ
Номбурда афзуд, ки кабинети методии шуъбаи маорифи ноҳия дар давоми ёздаҳ моҳи соли 2023 корро дар асоси нақшаи корӣ ба роҳ монда, баҳри ёрӣ расонидан ва додани дастурҳои методӣ бо директорон, муовинони директор оид ба таълим ва тарбия, омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ ва англисӣ, синфҳои ибтидоӣ семинарҳои доимамалкунандаро доир намуд.
Барои дар амал иҷро намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2020, №621 оид ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, барои солҳои 2020-2040 ба Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф тибқи “Нақшаи тақвимии курсҳои такмили ихтисос ва курсу семинарҳои махсус дар давоми соли 2023” аз ҳисоби кормандони шуъбаи маориф, шахсони роҳбарикунанда ва омӯзгорони фаннӣ бояд ба курси омӯзишӣ 218 нафар фиристонида шаванд. То имрӯз дар умум 223 нафар шунаванда равон карда шуд, ки аз инҳо 186 нафарашон занонанд. Ин 102%-и нақшаи сафарбар намудани омӯзгорон ба курси такмили ихтисосро ташкил медиҳад. Аз теъдоди шунавандагони фиристодашуда 119 нафар омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошанд, ки 56%-и фанҳои дақиқро ташкил медиҳанд.
Ба ғайр аз ин, аз тарафи мушовирони кабинети методии шуъбаи маориф ба омӯзгорони муассисаҳои таълимии №3,4,6,7,9,11,13, 14, 50, 59, 33, 24, 27, 32, 34, 38, 40, 47, 8, 10, 17, 18, 20, 46, 9, 45, 12, 4, 5, 7, 41, 42, 55, 43, 44, гим №1, гим №2 ва мактаб-интернат ёрии методӣ расонида шуд.
Дар давоми дувоздаҳ моҳи сипаришуда дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.02.2021, №114 “Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” тибқи мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2022 дар ноҳия бояд 34 адад кабинетҳои фаннӣ ташкил карда мешуд. Ҳамзамон, хотиррасон менамоям, ки то 01.12.2022 дар муассисаҳои таълимии ноҳия 9 адад кабинетҳои фаннӣ амал мекард. Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 7 адад кабинетҳои фаннӣ ва 3 адад озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ, 8 адад кабинетҳо барои дарсҳои дифои ҳарбӣ ва бо дастгирии Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба 15 кабинетҳои фаннӣ таҷҳизот ҷудо карда шуда, дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шуд.
Айни ҳол дар ноҳия 49 адад кабинетҳои фаннӣ ва 6 адад озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ фаъолият карда истодаанд.
Дастовардҳо
Номбурда зикр кард, ки рӯзҳои 20-22 феврал бо мақсади амалӣ намудани мактуби Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 30.01.2023, №86 даври ноҳиявии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” ва “Мураббии соли Тоҷикистон” дар сатҳи баланд гузаронида шуд.
Омӯзгори фанни забони англисии гимназияи давлатии №2 Алиқулов Алишер дар озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон”, мураббияи муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №2 Валиева Навбаҳор дар озмуни “Мараббии соли Тоҷикистон” ва директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 Ҳайдаров Шерзод дар даври вилоятии “Озмуни вилоятии беҳтарин роҳбари муассисаи таълимӣ” иштирок намуданд ва директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 Ҳайдаров Шерзод ғолиб дониста шуда, бо медали “Ғолиби озмуни вилоятии беҳтарин роҳбари муассисаи таълимӣ” қадрдонӣ карда шуд.
Барои таъмини баҳодиҳии босифат ба фаъолияти иштирокчиёни озмуни даври ноҳиявӣ ва муайян кардани ғолиби озмуни “Мураббии соли Тоҷикистон” бо фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 1-уми марти соли 2023, №114 ҳайати комиссияи тадорукот таъсис дода шуда буд. Дар давоми моҳи феврал байни муассисаҳои таълимии ноҳия мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишии “Ватанпарвар” гузаронида шуд.
Дар давоми дувоздаҳ моҳ дар бисту ҳашт муассисаи таълимии ноҳия “Рӯзи шуъбаи маориф” гузаронида шуд. Дар озмуни “Беҳтарин директори муассисаи таълимӣ” дар вилояти Хатлон барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Соҳиб Табаров, директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 Ҳайдаров Шерзод сазовори ҷойи ифтихорӣ гардида, соҳиби медали Ҷоизаи ба номи Соҳиб Табаров гардид.
Ба ғайр аз ин, дар 12 моҳи соли равон 14 Шӯрои шуъбаи маориф баргузор гардид, ки дар он 46 масъалаҳои рӯзмарра мавриди баррасӣ қарор шуд.
Дар соли таҳсили 2022-2023 82 нафар хатмкардагони синфҳои 9 бо аттестати сурх муассисаи таълимиро хатм намудаанд, ки ин назар ба соли гузашта, 67 адад зиёд мебошад.
Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо
Дар хусуси Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳия мудир гуфт, ки бо мақсади иҷрои самарабахши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.02.2022, АП-156 Қарори раиси вилояти Хатлон аз 09.03.2022, №84, Қарори раиси ноҳияи Қубодиён бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшинос, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвими ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва сокинони шаҳр чораҳо андешида истодааст.
Бо фармоиши сардори Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 22.12.2022, №270 ва ҷадвали баргузории даври интихобии минтақавии Олимпиадаи даставии хонандагони синфҳои 11 тибқи Низомномаи Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки бо Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 09.09.2022, №13/33 тасдиқ карда шудааст, оғоз гардид.
Дар даври вилоятии олимпиадаи фаннӣ хонандагони синфҳои 11 аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик ва забони давлатӣ, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, таърихи халқи тоҷик ва забонҳои русиву англисӣ иштирок намуда, ба даври ҷумҳуриявии Олимпиада роҳхат гирифта, дар даври ҷумҳуриявӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Ба ғайр аз ин, тибқи дастур ва фармоиши Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар моҳи ноябр даври вилоятии олимпиадаи мактаббачагон оғоз гардида, дар даври вилоятӣ (минтақавӣ) 96 нафар хонандагони синфҳои 11-ум иштирок намуда, 19 нафарашон ба даврӣ вилоятӣ роҳхат гирифтанд.
Ҳампои замон
Мавсуф афзуд, ки Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии назди шуъбаи маорифи ноҳия бо мақсади иҷрои Қарори раиси вилояти Хатлон аз 9-уми ноябри соли 2022, №333 “Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба татбиқи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042” роҷеъ ба иҷрои самарабахши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми августи соли 2022, №439 “Дар бораи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042” чораҳои мушаххас меандешад.
Дар моҳи апрели соли ҷорӣ аз тарафи Муассисаи давлатии маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ рафти амалишавии консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро аз назар гузарониданд. Сифати таъминоти Интернет дар гимназияи давлатии №1,2, МТМУ №1,48,2,3,49 ва муассисаи таълимии хусусӣ хуб аст. Дар муассисаҳои таълимӣ аз почтаҳои электронӣ истифода мебаранд. Онҳо тақрибан ду сол пеш аз тарафи Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии назди шуъбаи маорифи ноҳия сохта шуда буданд.
Харитакунонии муассисаҳои таълимӣ дар моҳи апрел пурра аз тарафи кормандони Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии назди шуъбаи маорифи ноҳия ба анҷом расонида шуда, маводҳои омодагардида дар шакли электронӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ гардидан пешниҳод шудааст.
Ба ҳолати моҳи сентябри соли 2023 иҷроиши нақшаи харидории компютерҳо 120 адад ва тахтаҳои электронӣ бошад 9 ададро ташкил медиҳад.
Аз ҷониби маркази МТИК дар муассисаҳои таълимии №1, 2, 11, 13, 14, 15, 18, 19, 23, 27, 29, 31, 48, 54 ва гимназияи давлатии №1, 2 тахтаҳои электронӣ насб карда шуданд.
Омӯзгорони фанни технологияи иттилоотии ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия курсҳои кутоҳмуддат дар мавзуъҳои “Тарзҳои дуруст ба кор дарории компютер”, “Кор бо барномаҳои офисӣ ва рақамикунонии муассисаҳои таълимӣ”, “Кор бо тахтаи электронӣ”-ро гузаштанд.
То ба ҳолати моҳи сентябри соли 2023 дар ноҳия 52 синфхонаи технологияи иттилоотӣ бо теъдодӣ 1460 адад компютер, 33 адад тахтаи электронӣ, 6 адад проектор, 57 адад сканер, 345 адад принтер ва 350 адад камераҳои мушоҳидавӣ таъмин шуда, дар онҳо 58 омӯзгор ба 24037 нафар хонндагони синфҳои 5-11 таълим медиҳанд.
Ҳамеша дар таътилҳои мавсимӣ фориғ аз дарсҳо омӯзгорони ҳама фанҳои таълимӣ ба курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши компютер ҷалб мегарданд.
Ҳамасола дар байни муассисаҳои таълимӣ олимпиадаҳои фаннӣ аз фанни технологияи иттилоотӣ дар ду марҳилаи мактабӣ ва даври ноҳиявӣ гузаронида шуда, беҳтаринҳо ба даври вилоятӣ роҳхат дода мешаванд. Вобаста ба Озмун-Фестивали ҷумҳуриявӣ “Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон таҳти шиори “Қадами устувор ва иноватсия” барои иштирок аз ноҳия дар умум чор нафар хонандагон – Туйчиев Аловиддин хонандаи синфи 8-уми МТМУ №3, Менглиев Муҳаммадрофеъ хонандагони синфи 7-уми МТМУ №2, Сатторов Абдуғанӣ хонандаи синфи 7-и МТМУ-и №2 ва Абдуллоева Шукрона хонандаи синфи 11 МТМУ №3 ноҳия пешниҳод гардиданд.
Бунёдкорӣ
Ҳамзамон, номбурда изҳор дошт, ки дар давоми моҳи сентябри соли 2023 дар ҷамоати деҳоти ба номи Н.Хусрав дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44 иборат аз 6 синфхонаи иловагӣ барои 144 ҷойи нишаст дар як баст ба маблағи 201000 сомонӣ, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7 иборат аз 3 синфхонаи иловагӣ барои 72 ҷойи нишаст дар як баст ба маблағи 105000 сомонӣ, дар назди муассиси таълимии №52 2 синфхонаи иловагӣ барои 48 ҷойи нишаст ба маблағи 67000 сомонӣ, дар назди муассисаи таълимии №13 иборат аз 8 синфхонаи иловагӣ барои 192 ҷойи нишаст ба маблағи 268000 сомонӣ сохта бо иштироки Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси ноҳия ба истифода дода шуданд.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳия барои сохтмон ва ба истифода додани синфхонаҳои иловагӣ диққати махсус дода мешавад. Дар дувоздаҳ моҳи соли равон бо дастгирии мардуми саховатпеша синфхонаҳои иловагӣ сохта шуданд, аз ҷумла дар ҷамоати деҳоти ба номи У.Назаров дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 иборат аз 8 синфхонаи иловагӣ барои 192 ҷойи нишаст дар як баст, ба маблағи 268000 сомонӣ, дар назди муассисаи таълимии №11 боғчаи бачагона барои 150 кат бо маблағи 11000000 сомонӣ, дар назди муассисаи таълимии №49 толори варзишӣ ба маблағи 200000 сомонӣ, дар ҷамоати деҳоти ба номи И.Ниёзов дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 иборат аз 8 синфхонаи иловагӣ барои 192 ҷойи нишаст дар як баст бо маблағи 268000 сомонӣ, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 иборат аз 1 синфхонаи иловагӣ барои 24 ҷойи нишаст дар як баст, ба маблағи 70000 сомонӣ дар ҷамоати деҳоти Заркамар дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 иборат аз 8 синфхонаи иловагӣ барои 192 ҷойи нишаст дар як баст бо маблағи 268000 сомонӣ, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №59 иборат аз 4 синфхонаи иловагӣ барои 96 ҷойи нишаст дар як баст ба маблағи 134000 сомонӣ, дар ҷамоати шаҳраки Қубодиён дар назди муассисаи таълимии №48 иборат аз 8 синфхонаи иловагӣ барои 192 ҷойи нишаст дар як баст бо маблағи 270000 сомонӣ, дар ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлол дар назди муассисаи таълимии №19 иборат аз 12 синфхонаи иловагӣ барои 288 ҷойи нишаст дар як баст бо маблағи 402000 сомонӣ, дар ҷамоати деҳоти Тахти Сангин дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 иборат аз 4 синфхонаи иловагӣ барои 96 ҷойи нишаст дар як баст бо маблағи 140000 сомонӣ, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37 иборат аз 3 синфхонаи иловагӣ барои 72 ҷойи нишаст дар як баст бо маблағи 105000 сомонӣ, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 иборат аз 2 синфхонаи иловагӣ барои 48 ҷойи нишаст дар як баст, ба маблағи 71000 сомонӣ ва дар деҳаи навбунёди “Боғи ҷийда”-и ҷамоати деҳоти Заркамар 8 синфхона барои 192 ҷойи нишаст ба маблағи 268000 сомонӣ, дар маҷмӯъ 100 синфхонаи иловагӣ барои 2400 ҷойи нишаст дар як баст, як боғчаи бачагона ва як толори варзишӣ идома дорад. Илова бар ин, таъмири болопӯши муассисаи таълимии №2, буғхона ва дару тирезаҳои муассисаи таълимии №1, болопӯши муассисаи таълимии №17, №39 инчунин ивазкунии дару тиреза аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, печкаҳои аловӣ харидорӣ карда шуданд.
Дар фароварди суҳбат мудири маориф қайд кард, ки ба ғайр аз ин дар давоми моҳи август машварати августии омӯзгорони ноҳия дар сатҳи баланд гузаронида шуда, ғолибони озмуни мактаббачагони даври ҷумҳуриявӣ аз тарафи раиси ноҳия бо тӯҳфаҳои молиявӣ ба маблағи 4000 (чор ҳазор) сомонӣ ва ба 6 нафар падару модарони ғолибон 0,08 га ва ба 3 нафар омӯзгорони ҷавон 0,08 га қитъаи замини назди ҳавлигӣ тӯҳфа карда шудааст. Ҳамчунин, аз тарафи кумитаи иттифоқи касабаи кормандони шуъбаи маориф бахшида ба машварати августии омӯзгорон зиёда ба 45 нафар омӯзгорони буртаҷриба ва пешқадам тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шудааст.
Мафтуна ВАҲОБОВА,
МТЖТ