Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ хабарнигори МТЖТ бо мудири шуъбаи мазкур Миракова Рухсора суҳбати ихтисосӣ анҷом дод, ки фишурдаи онро пешкаш менамоем.

Номбурда қайд кард, ки шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ фаъолияти худро дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарору фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда, дар самти таъмини сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва мустаҳкам намудани пояи моддӣ – техникии муассисаҳои таълимии ноҳия дар 9 моҳи соли 2023 як қатор корҳои назаррас ба анҷом расонида шудааст.

Соҳаи маориф дар сиёсати иҷтимоии давлат яке аз самтҳои муҳиму афзалиятнок арзёбӣ карда шуда, барои беҳтар гардидани шароити меҳнату фароғати омӯзгорон ҳамчун масъалаи меҳвари ҳукумати кишвар арзёбӣ карда шудааст.

Қобил ба ёдоварист, ки аз рӯзҳои аввали истиқлолияти давлатӣ то ба имрӯз маблағгузории соҳа давра ба давра зиёд гардида, ҷиҳати таъмини ҳифзи иҷтимоии кормандони соҳа хуб гардид ва кормандони соҳаи маориф бо маоши саривақтӣ таъмин карда мешаванд.

Дурнамо

-Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар 9 моҳи соли таҳсили 2022-2023, 12 Шӯрои шуъбаи маориф, 14 ҷаласаи назди мудири шуъбаи маориф гузаронид, ки дар онҳо зиёда 75 масъалаҳои муҳим вобаста ба таълиму тарбия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Инчунин, 12 маротиба машварати директорони муассисаҳои таълимӣ ва ҷонишинҳои онҳоро доир намуда, фаъолияти муассисаҳои таълимиро таҳлил ва омӯзиш ва баррасӣ намуд, ки ба пешравии кори соҳаи морифи ноҳия мусоидат мекунад.

Таълиму тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади инкишофи қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабӣ ва ёрии амалӣ ба падару модар дар таълиму тарбияи кӯдакон, инчунин омода намудани ба таҳсил дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ ба роҳ монда мешавад,-афзуд номбурда.

Муассисаи томактабӣ

Мавсуф изҳор дошт, ки айни ҳол дар ноҳия 15 муассисаи давлатии таҳсилоти томактабӣ  ва ду муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият мекунанд, ки дар онҳо 1408 нафар кӯдакон дар 70 гурӯҳ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10 гуруҳ ва 209 нафар кӯдак зиёд мебошанд.

Яке аз омилҳои баланд гардидани сифати таълиму тарбия таъмини муассисаҳои таълимии томактабӣ бо кадрҳои соҳибтахассуси педагогӣ ба шумор меравад. Айни замон, дар муассисаҳои томактабии ноҳия 70 нафар мураббиён, аз ин шумора 38 нафар (54.2 %) бо маълумоти олӣ, 5 нафар бо маълумоти олии нопурра (7.1 %),  24  нафар (34,2 %)  бо маълумоти миёнаи махсус ва 3 нафар (4,2 %) бо маълумоти миёнаи умумӣ ба таълиму тарбияи кӯдакон машғул мебошанд.

Қайд кардан зарур аст, ки барои ҷалби бештари кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли алтернативии таҳсилоти томактабӣ – Маркази инкишофи кӯдак пешниҳод карда шуд, дар ин иртибот дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 72 Маркази инкишофи кӯдак таъсис дода шуд, ки дар онҳо 4500 нафар кӯдак дар 168 гурӯҳ ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифта шуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2922 нафар кӯдакон зиёд мебошад.

Шуъбаи маорифи бо мақсади ба ҳаёти солим ҷалб намудани кӯдакон ва дарёфти истеъдодҳои наврас, бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон 1 июн, дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия озмунҳои ноҳиявӣ, таҳти унвони «Навраси соҳибистеъдоди беҳтарин» аз рӯйи якчанд наминатсияҳо гузаронида шуд.

Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки бо дасгирии бевоситаи раиси ноҳия, соҳибкорон, падару модарон ҷиҳати аз таъмири хушсифат баровардани муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия саҳми бозазое гузошта истодаанд.

Донишандӯзон, муассиса ва базаи кадрӣ

Дар рафти суҳбат номбурда зикр кард, ки соли таҳсили 2023-2024 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ 71 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 4 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 11 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 56 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 гимназияи давлатӣ, 1 мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ятим, 1 муассисаи таҳсилоти иловагӣ, 1 Маркази таълимӣ-касбинтихобкунӣ, 1 Маркази дарёфти рушди истеъдодҳо, 1 Маркази техналогияи информатсионӣ ва коммуникатсия фаъолият мекунанд.

Ба ҳолати 20 сентябри соли 2023 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 49293 нафар хонанда, аз ҷумла 23707 нафар духтар ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1027 нафар аз ин шумора 552 нафар духтарон зиёд мебошанд.

Мавриди зикр аст, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия 2306 нафар омӯзгор, аз ҷумла 1356 нафар зан ба таълиму тарбияи хонандагон машғул мебошанд, ки аз ин шумора бо маълумоти олӣ 1615 нафар (70 %), бо маълумоти олии нопурра 81 нафар (3,5 %), бо маълумоти миёнаи махсус 413 нафар (18 %), бо таҳсилоти миёнаи умумӣ 197 нафар (8,5 %), ки дар бахшҳои 3-юми донишгоҳу донишкадаҳои дохили кишвар таҳсил карда истодаанд.

Моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Бохтар даври сеюми озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” доир гардид. Дар озмун Қаҳорова Хайринисо, муаллимаи Гимназияи давлатии №1 фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардида, бо ифтихорнома ва туҳфаи хотиравии Раёсати маорифи вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуд.

Инчунин, тибқи нақша-чорабиниҳои Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар байни шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон озмуни “Беҳтарин муассисаи таълимӣ” барои ҷоизаи Соҳиб Табаров баргузор гардид. Дар ҷамъбасти озмун Қосимова Зебо, директори муассисаи таълимии №33 ва мудири кӯдакистони Президентӣ Ҳакимова Манзара сазовори дарёфти ҷоизаи Соҳиб Табаров гардиданд.

Донишазхудкунӣ

Дар идомаи суҳбат мавсуф тазаккур дод, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти афзалиятнокии соҳаи маориф дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати рушду нумӯи он ҳамасола дастгириҳои зиёде мекунанд, ки амсоли ин таъсиси квотаи Президентӣ ва ҷалби духтарону писарон аз деҳот ба таълим мебошад.

Моҳи марти соли 2023 дар толори шуъбаи маориф суҳбат ҷиҳати қабули довталабон барои дарёфти квотаи Президентӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия гузаронида шуд, ки дар он 140 нафар довталабон иштирок намуда, дар даври ниҳоӣ 24 нафар аз ин шумора 12 нафар духтарон сазовори номи донишҷӯ гашта, ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ дохил шуданд.

Баланд бардоштани дониши хонандагон ва таъмини сифати таҳсилот ин таъмини муассисаҳои таълимӣ бо китобҳои дарсӣ мебошад. Ба ҳолати 30 августи соли 2023 аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 намуд китоби дарсӣ ба миқдори 47155 (чилу ҳафт ҳазору яксаду панҷову панҷ) нусха ба маблағи 869495 (ҳашсаду шасту нуҳ ҳазору чорсаду наваду панҷ) сомонӣ ба шуъбаи маориф ворид гардида, ба хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас гардонида шуданд.

Иштирок дар озмунщои ҷумҳуриявӣ

Ҳамсуҳбати мо дар хусуси иштироки хонандагон дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ сухан гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади амалӣ гардидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” як қатор корҳои муайян ва мақсаднокро ба иҷро расонид.

Дар ҷамъбасти давраҳои мактабӣ, ноҳиявӣ ва вилоятии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” аз рӯи наминатсияи “Эҷоди назму наср – бахши назм”, хонандаи синфи 11-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №33 Гуландом Хуршедовна сазовори ҷойи дуюм ва Садиров Кароматулло ҷойи 3-юм гардида, ба даври ниҳоии озмуни мазкур роҳхат гирифтаанд.

Инчунин, шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо мақсади амалӣ намудани амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июли соли 2022, № АП-227 дар бораи гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат”, ки даври якум ва даври дуюми озмуни мазкурро гузарониданд, ки дар ҷамъбаст 6 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва 1 нафар омӯзгор ба даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат”, ки дар шаҳри Бохтар баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд.

Қайд намудан зарур аст, ки моҳи майи соли 2023 дар муассисаҳои таълимии №33 ва №38 даври дуюми озмуни ҷумҳуриявӣ “Илм-фурӯғи маърифат” аз рӯи 7 наминатсия гузаронида шуд, ки дар он 35 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия барои иштирок ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд.

Кадрҳои оянда

Мавсуф ҳамчунин, итило дод, ки соли 2023 муассисаҳои таълимии ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро 2132 нафар хонандагон синфи 11 хатм карданд. Аз моҳи март то 30 -юми апрели соли 2023 ба донишгоҳу донишкадаҳои дохили кишвар 1732 нафар ҳуҷҷатҳои худро тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супориданд.

Баъд аз супоридани ҳуҷҷатҳои марказонидашуда муайян гашт, ки 1213 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои дохили кишвар тибқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар 45 нафар, бе Маркази миллии тестӣ 67 нафар, ба муассисаҳои қудратӣ 9 нафар, тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 нафар, ба гуруҳхои мақсаднок ва коллеҷҳо 198 нафар, ба литсейҳои касбии техникӣ 53 нафар, ба курсҳои кӯтоҳмуддат 109 нафар дар умум 1718 нафар дохил шуданд.

Кабинетҳои фаннӣ

Номбурда афзуд, ки бо мақсади амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, № 114 “Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” тибқи нақшаи тасдиқгардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли таҳсили 2022-2023 дар муассисаҳои таълимии ноҳия 37 кабинети таълимӣ, аз ҷумла 2 адад кабинети физика, 4 адад кабинети химия, 1 адад кабинети биология, 9 адад кабинети география, 9 адад кабинети математика, 3 адад кабинети технологияи информатсионӣ, 9 адад кабинети суруд ва мусиқӣ ва 1 озмоишгоҳи муҷаҳҳази таълимӣ аз фанни химия ташкил ва муҷаҳҳаз гардонида шуд.

Инчунин, аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 кабинети химия, 2 кабинети биология ва 2 кабинети физика маводҳои лабараторӣ бо тариқи ройгон ба муассисаҳои таълимии ноҳия дастрас гардонида шуданд.

Маркази рушди истеъдодҳо

Мавсуф дар идомаи суҳбат қайд кард, ки Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо аз падидаҳое мебошад, ки маҳз бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷумҳурӣ таъсис дода шуд. Ва имрӯзҳо бо фаъолияти пурсамар дар дарёфти истеъдодҳо корҳои назаррасро ба анҷом расонида истодааст.

Дар ин давра Марказ ҷиҳати пурсамар гардонидани фаъолиятҳои худ аз ҳисоби мутахассисони ҷавон ва соҳибмаълумот, роҳбарони маҳфилҳои математика, таърих, асосҳои давлат ва ҳуқуқ, забони русӣ, забони англисӣ, география, химия, технологияи иттилоотӣ, 8 воҳидҳои кории худро пурра гардонда, фаъолияти маҳфилҳоро ба роҳ мондааст.

Дар ҷамъбасти даври чоруми олимпиадаи фаннии матаббачагон миёни хонандагони синфҳои 5-11 танҳо аз муассисаҳои таълимии №1, 2, 10, 36, 37, 44, 61, 62 ва гимназияи давлатии №1 сазовори 16 ҷойи ифтихорӣ гардида, бо медал ва ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин, дар даври озмуни вилоятии “Хонандаи сол -2023”, ки дар муассисаи таълимии №12-и шаҳри Бохтар гузаронида шуд, дар он Ахмедов Парвиз хонандаи синфи 11-уми муассисаи таълимии №36 сазовори ҷойи якум ва Ярова Манижа хонандаи синфи 6-уми муассисаи таълимии № 10 сазовори ҷойи дуюм гардида, бо ифтихорномаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки дар ноҳия Маркази таълимӣ-касбинтихобкунии ноҳия дар сатҳи вилояти Хатлон ягона марказе мебошад, ки базаи моддию техникии он ба талаботи таълимӣ ҷавобгӯй мебошад.

Шакли таълим дар Марказ рӯзона дар ду баст ҷараён дошта, таҳсил бо забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуда, дар он 2432 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии №1, 2, 5, 10 ва №62 фаро гирифта шудааст, ки Маркази таълимӣ аз рӯи 8 самт аз ҷумла: коркарди харротӣ, дузандагӣ, челонгарӣ, кафшергарӣ, коркарди чуб, омӯзиши технологияи иттилоотӣ, мураббиягӣ ва омӯзиши хурокҳои миллӣ хонандагон ҷалб карда шудаанд.

Хатмкунандагони Маркази таълимӣ, ки имтиҳонҳои тахассусиро бо муваффақият месупоранд, соҳиби Шаҳодатномаи намунаи махсус аз рӯи касби интихобкардашон мегарданд.

Таҳсилоти иловагӣ дар соҳаи маориф қисми таркибии донишандӯзӣ ва интихоби касб маҳсуб ёфта, ба рушди қобилияту истеъдоди кӯдакон, наврасон ва ҷавонон, қонеъ гардонидани майлу рағбат ва талаботи маънавии онҳо нигаронида шуда, он дониши хонандагонро пурра гардонида, барои интихоби касб замина мегузорад, ки тибқи моддаи 21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” оид ба таҳсилоти иловагӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи шахс, ҷамъият ва давлат дар асоси барномаҳои иловагии таълимӣ ва хизматрасонии иловагии таълимӣ татбиқ карда мешавад.

Айни ҳол дар муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия 17 маҳфил: аз ҷумла омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, рассомӣ, кашидадузӣ, қуроқдӯзӣ, сабадбофӣ, гулпарварӣ, тоқидӯзӣ,ихтирокорони наврас ва монанди инҳо дар 77 гурӯҳ бо фарогирии 770 нафар аъзоён фаъолият доранд, ки 462 нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.

Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ тибқи нақшаи корӣ  баҳри пурсамар намудан ва баланд бардоштани сифати корҳои тарбиявӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ озмунҳои “Чароғаки Раҳнамо”, “Ватанпарвар”, “Ихтироъкорони наврас”, “Маликаи Наврӯз”, “Дастони моҳир”, “Ҳунари ман зебост” гузаронида шуд, ки дар онҳо хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия пайваста фаъолона ширкат меварзиданд.

Бунёдкорӣ

Инчунин, мавсуф изҳор дошт, ки бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асссогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмир, азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, дар арафаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ сафар намуд.

Дар ин сафар раиси вилоят дар деҳаи «Чорбоғ»-и Ҷамоати деҳоти Навобод муассисаи таълимии наву замонавиро ҳамчун туҳфаи идона ба истифода супорид.

Таълимгоҳ аз ду ошёнаи барҳаво, 8 синфхона, ошхона, китобхона ва ҳуҷраҳои иловагӣ иборат буда, барои 400 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.

Инчунин, бо заҳмату талошҳои раиси ноҳия, соҳибкорон, падару модарон бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмиру азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ва сохтумони синфҳои иловагӣ, айни замон дар назди 18 муассисаи таълимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 91 синфхонаи иловагӣ барои 2238 ҷойи нишаст сохтмонашон идома дошта, дар арафаи анҷомёбӣ мебошад.

Дар арафаи оғози соли таҳсил бо дасгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон ва падару модарон 5 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 35, 3 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 63, 10 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 20, 10 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти умумии асосии №59, 4 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 48 сохта ба истифода дода шуд.

Мафтуна ВАҲҲОБОВА, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь