Маориф соҳаи калидии ҷомеа буда, рушди дигар соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии мамлакат ва расидан ба ҳадафҳои умумимиллӣ ва зиндагии шоистаи мардум бевосита ба он вобастагӣ дорад. Ин аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат Стратегияи миллии рушди маорифи Тоҷикистонро аз нав барои солҳои 2021-2025 қабул намуд.

Бо назардошти иқдоми пешгирифтаи  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сиёсати хирадмандонаю маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат баҳри баланд бардоштани вазъи иҷтимоии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифи кишвар тадбирҳои судманд амалӣ гашта истодаанд. Ин аст, ки сол ба сол вазъи иҷтимоии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф боло меравад…

 Саҳми Шуъба дар татбиқи сиёсати давлатӣ

Мусалламан рушди маориф ва илм муҳимтарин самти фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансурро ташкил медиҳад. Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар раванди амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳа саҳмгузор буда, кормандон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ дар ҳамаи чорабиниҳои сиёсию фарҳангӣ, илмию таълимӣ ва адабии ноҳия фаъолона иштирок менамоянд.

Дар ин самт Шуъбаи маориф якҷоя бо роҳбарони муасссисаҳои таълимию тарбиявӣ дар давоми таҳсил, тибқи нақшаи корӣ, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф як қатор чорабиниҳоро тибқи нақша ба анҷом расонид.

Ба ин манзур Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Консепсияи миллии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар аз 26 январи соли 2021 ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти соҳаи маориф амал намуда, дар ин замина ба масъалаи иҷрои қарору фармоишҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе диққати аввалиндараҷаро равона намуд.

Маълумоти умумӣ

Дар низоми маорифи ноҳия дар соли 2021 10 муассисаи томактабии  буҷавӣ, 14 муассисаи томактабии ғайрибуҷавӣ бо фарогирии 4169 нафар тарбиятгиранда фаъолият намуд, ки аз ин теъдод 2700 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии буҷетӣ, 1469 нафар дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии ғайрибуҷетӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд. Айни замон, дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия  363 нафар мураббиён ва кадрҳои омӯзгорӣ фаъолият доранд.

Ҳоло дар ноҳияи Шоҳмансур 38 муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 5 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 33 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (бо назардошти мактабҳои типи нав ва махсус) фаъолият доранд. Аз ин теъдод 27 муассисаи таълимии зертобеи шуъбаи маориф ва 11 муассисаи таълимии шакли моликияташон дигар мебошанд.

Тибқи охирин маълумот (ба ҳолати 6-уми январи соли 2022) дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ (новобаста аз шакли фаъолият) 52918 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки аз ин шумора 24988 нафарро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Шоҳмансур 2086 нафар омӯзгорон фаъолият доранд, ки аз ин нишондод 1639 нафар зан мебошад.

Айни замон дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 480 кабинетҳои фаннӣ мавҷуд мебошанд. Инчунин, дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ 2535 компютер, 365 тахтаи электронӣ ва 365 проектор барои дарсомӯзии толибилмон истифода бурда мешавад.

Тибқи маълумот сифати дониши хонандагон дар ноҳияи Шоҳмансур дар чоряки дуюми соли таҳсили 2021-2022 -юм 42,5% ва дараҷаи азхудкунӣ 97,9%-ро ташкил намуда, дар ин замина сифати таҳсилот нисбат ба чоряки якуми соли таҳсили 2021-2022 -юм 2,5% (чоряки якум 40,0%) ва дараҷаи азхудкунӣ 1,5% (чоряки якум 96,4%) баланд  гардидааст.

Норасоии кадрӣ дар давраи ҳисоботӣ  дар муассисаҳои таълимии ноҳия аз фанҳои забони русӣ 2 воҳиди корӣ, физика 2 воҳиди корӣ, химия 1 воҳиди корӣ ва математика 1 воҳиди корӣ, дар маҷмӯъ 6 воҳиди корӣ мавҷуд мебошад.

Бо мақсади пешгирии содиршавии ҷиноятҳо аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ва шомилшавии онҳо ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар давоми сол 10 вохӯрии масъулин миёни хонандагон ва падару модари онҳо дар муассисаҳои таълимии №№16, 23, 31, 35, 48, 55, 65, 71, 100 ва 102 бо фарогирии 3750 нафар ташкилу баргузор карда шуд.

Айни замон дар ноҳияи Шоҳмансур сохтмони 2 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 3680 ҷойи нишаст дар ду баст ва 1 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ идома дорад.

Беҳтаринҳои пойтахт

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе, қарори Раиси ноҳияи Шоҳмансур ва фармоиши сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе “Дар бораи ташкил ва баргузории озмунҳои “Омӯзгори сол” (аз рӯйи фанҳои ихтисосӣ), “Мураббии сол” ва “Хонандаи сол” дар шаҳри Душанбе” ва фармоиши мудири шуъбаи маорифи ноҳия “Дар бораи ташкил ва баргузор намудани даври ноҳиявии озмуни “Хонандаи сол” дар ноҳияи Шоҳмансур” рӯзҳои 22-23.11.2021 дар муассисаи таҳсилотии миёнаи умумии №65-и ноҳия озмуни “Хонандаи сол” гузаронида шуд.

Дар натиҷаи озмун довталаб Ҷаҳонова Марям, хонандаи синфи 9«в»-и Гимназияи хусусии “Тоҷикистон” бо ҳисоби ҷамъи холҳои бадастоварда сазовори номи «Хонандаи сол» дар даврӣ ноҳиявӣ гардида, ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифт.

Дар даври шаҳрии озмуни “Хонандаи сол” бо ба даст овардани 67,2 хол Ҷаҳонова Марям сазовори ҷойи дуюм гардид.

Дар даври шаҳрии озмуни “Мураббии сол” бошад, мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии №64-и ноҳия Ғаниева Фирӯза бо нишон додани бартарияти донишу малака бо гирифтани 51,15 хол ҷойи аввалро ишғол намуда, ба даври ҷумҳуриявии озмун роҳхат гирифт.

Соли 2021 дар шаҳри Душанбе чун таҷриба бори нахуст олимпиада аз фанни технология (таълими меҳнат) гузаронида шуд. Дар даври шаҳри  олимпиада дар санаи 30 март дастаи хонандагони ноҳияи Шоҳмансур  бо нишон додани дониши баланд ва намоиши маҳсули ҳунарҳои дастӣ сазовори ҷойи якум гардиданд.

Ливобардорони “Фурӯғ….”

Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии ноҳия баргузор ва ҷамъбаст карда шуд. Дар даври дохилимуассисавии озмун 2635 нафар хонанда иштирок намуда, аз ин шумора 224 нафар ба даври ноҳиявӣ роҳхат дода шуданд. Даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки дар моҳи июл баргузор ва ҷамъбаст карда шуд, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолона иштирок намуда, 26 нафар ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.

Дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 8 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия сазовори ҷойҳои намоён гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёфтанд.

Дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ дар гурӯҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ Усмон Салимзода-хонандаи синфи 2-и Гимназияи №2 соҳиби ҷойи дуюм ва дар номинатсияи адабиёти муосир дар гурӯҳи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ Фарзона Зафарзода – хонандаи синфи 4 – и Гимназияи №2 аз ноҳияи Шоҳмансур сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

“Илм – фурӯғи маърифат”

Ба даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” 185 нафар хонанда аз ҳамаи муассисаҳои таълимӣ номнавис карда шуданд. Даври ноҳиявии озмун рӯзҳои 2-4.06.2021 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №65-и ноҳия баргузор карда шуд. Пас аз баҳогузорӣ 36 нафар хонанда бо ишғоли ҷойҳои ифтихорӣ ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.

20 ноябри соли 2021 дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид.

Дар номинатсияи «Физика ва астрофизика» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷойи сеюм ба хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29-и ноҳия Шарипова Анаҳито дода шуд.

Дар номинатсияи «Биология» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷойи дуюм ба хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №48-и ноҳия Расулова Ситора ва хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №63-и ноҳия Шокирова Лайло насиб гардид.

Аз рӯйи номинатсияи «География» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-и ноҳия Назарова Нигора ҷойи якумро соҳиб шуд.

Ба ғолибони ҷойҳои якум 35 000, ҷойҳои дуюм 25 000 ва ҷойҳои сеюм 15 000 тақдим гардид. Инчунин, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ки шогирдони онҳо дар даври чоруми озмун сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд, бо мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Хонандагони номовари Шоҳмансур

Бояд гуфт, яке аз роҳҳои муайян намудани сатҳ ва сифати таълим, ин ишғоли ҷойҳои намоёни хонандагон дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад.

Агар дар соли 2020 хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ 19 ҷой (ҷойи якум 5-то, ҷойи дуюм 5-то ва ҷойи сеюм 9-то)-ро ишғол намуда бошанд, ин нишондод дар соли 2021 108 ҷой (ҷойи якум 28-то, ҷойи дуюм 35-то ва ҷойи сеюм 45-то)-ро ташкил дод.

Агар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар соли 2019 дар олимпиадаҳои фаннии сатҳи байналмилалӣ соҳиби 1 ҷой (сеюм) гардида бошанд, дар соли 2021 ин нишондод 11 ҷой (ҷойи якум 1-то, ҷойи дуюм 5-то ва ҷойи сеюм 5-то)-ро ташкил дод, ки нишондоди хеле хуб аст (дар соли 2020 бинобар сабаби паҳншавии бемории коронавирус (COVID-19) баргузор нагардид).

Дар соли таҳсили 2020-2021 дар муассисаҳои таълимии ноҳия 11 нафар гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 18 нафар гирандагони стипендияи Раиси шаҳри Душанбе ва 25 нафар гирандагони стипентияи Раиси ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе буданд.

Дар соли таҳсили 2021-2022 дар озмун барои дарёфти стипендияи Презизиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолона иштирок намуда, дар натиҷа 69 нафар ба унвони гирандаи стипендияи Презизиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон шарафёб гардиданд.

Муассисаҳои таълимии беҳтарин

Боиси қайд аст, ки соли 2021 дар озмуни “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст”, ки бо ибтикори Намояндагии Кемоникс интернешнл оид ба лоиҳаҳои соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ва гузаронида шуд, муассисаҳои таълимии №№31 ва 55-и ноҳияи Шоҳмансур сазовори ҷойи I ва муассисаи таълимии №48 сазовори ҷойи II гардиданд.

Масъалаи бо китобҳои дарсӣ таъмин намудани хонандагон яке масъалаҳои мавриди туваҷҷӯҳ буда, бо ин мақсад танҳо дар соли 2021 60 ҳазору 228 нусха номгӯйи гуногуни китобҳои дарсӣ ба муассисаҳои таълимӣ дастрас карда шудааст. Айни ҳол шумораи китобҳои дарсие, ки дар муассисаҳои таълимӣ хонандагон аз он истифода мебаранд, 470 ҳаз. 466 ададро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди ин, эҳтиёҷот ба китобҳои дарсӣ мушоҳида мешавад. Айни ҳол аз ҷониби Шуъбаи маориф ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрас кардани 21 ҳаз. 405 нусха китоб дархост фиристода шудааст.

Татбиқи барномаҳои соҳавӣ

Дар соҳаи маориф 8 барномаи соҳавӣ амал менамояд, ки ба татбиқи амалии он диққати авалиндараҷа дода мешавад.

Бо мақсади татбиқи нақшаи чорабиниҳои Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022  дар соли 2021 ба хотири такмили маҳорати касбӣ, омӯзиши роҳу усулҳои муосири таълим ва ба ин васила баланд бардоштани ҷаҳонбинӣ ва малакаҳои педагогӣ тибқи нақшаи муайянгардида 402 нафар омӯзгорони фанҳои гуногун дар Муассисаи давлатии “Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф” ва филиали ҳамин донишкада дар шаҳри Душанбе аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд, ки 103%-и нақшаи дурнаморо ташкил медиҳад.

Дар пайи иҷрои рисолати касбӣ

Итминон дорам, ҳамаи дастовардҳои имрӯзаи аҳли маорифи ноҳия натиҷаи пуштибонӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус, Президенти мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, бо дарки масъулият изҳор менамоям, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе маорифчиёни мо бо меҳнати софдилона, донишу фарҳанги баланди касбӣ, азму иродаи мустаҳкам рисолати ҳидоятгарии худро минбаъд низ ба таври кофӣ ба иҷро расонида, манбаи шарафу ифтихори диёр хоҳанд гашт.

Бо дарки ин масъулият дар оянда низ рисолати мо – кормандони соҳаи маориф тарбия намудани наврасону ҷавонони болаёқату ватандӯст ва ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо мебошад. Аз ин рӯ, бо боварии комил гуфта метавонам, ки Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастуру супоришҳои Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанберо дар амал татбиқ намуда, баҳри рушди соҳа ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия тамоми чораҳои заруриро амалӣ мегардонад.

Бо дарки рисолати касбӣ кормандони соҳаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур ҳамаи кӯшишу имкониятҳои худро дар оянда низ ба он равона месозанд, ки барои таълиму тарбияи насли наврас тамоми шароити заруриро фароҳам оваранд. Ҳадаф ин аст, ки фарзандони мо мувофиқи талаботи замонаи пешрафт соҳиби дониши мукаммал, маърифати баланд гарданд, дорои ҷаҳонбинии васеъ ва донандаи забонҳои хориҷӣ бошанд. Касбу ихтисосҳои барои кишвар заруриро аз худ карда, дар оянда ба халқу Ватани худ хизмати арзанда карда тавонанд, манфиатҳои давлати соҳибистиқлол ва миллати куҳанбунёду тамаддунсозро ба таври шоиста ҳифз намоянд.

Каримзода Матлуба Латиф,

мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь