Дар доираи татбиқи лоиҳаи Пешбурди таҳсилоти калонсолон дар Осиёи Марказӣ” бо дастгирии намояндагии ташкилоти байналмилалии DVV International дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои Данғара (ҷамоати деҳоти Себистон 2018), Норак (2019), Ваҳдат (2023), Гулистон (2022), Ҷаббор Расулов ва Панҷ (2024) марказҳои таълими калонсолони маҳаллӣ (МТКМ) таъсис ёфтаанд.

Ин марказҳо дар заминаи филиалу намояндагии Муассисаи давлатии Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон ташкил гардида, бо шароиту имконоти муосири касбомӯзӣ ва рушди малакаҳои ҳаётӣ таъмин мебошад.

Дар онҳо мутахассисон бо пешниҳоди машваратҳои касбию ҳуқуқии ройгон, роҳнамоии фардӣ, омӯзиши малакаҳои касбию ҳаётӣ, ки ба беҳтар шудани шуғлнокии аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо, баланд гардидани худбаҳодиҳӣ, фаъолсозии масъулияти шаҳрвандӣ, ташаккули шахсият ва дар ниҳоят баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ равона гардидааст, мусоидати фаъол менамоянд.

Имсол дар арафаи ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон низ Маркази таълими калонсолони маҳаллӣ ба истифода дода шуд.

Дар маросими расмии ифтитоҳи он сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Ҳасанзода Гулнора Кенҷа, вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ва раиси ноҳияи Панҷ Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер иштирок намуданд.

Зимни боздид аз синфхонаҳои таълимии касбомӯзии дӯзандагӣ, қаннодӣ, кампютерӣ ва кафшергари барқӣ сарвазири мамлакат ба шароиту имконоти фароҳамгардида баҳои баланд дода, барои ҳамкории самарабахш ба шарикони рушд аз номи Ҳукумати кишвар изҳори сипос намуданд.

Фаъолияти МТКМ-ро дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва тобеи марказ ТҶ “МФО Томирис” ва дар вилояти Суғд ТҶ “Саодат” пешбарӣ менамоянд. Кормандони онҳо мувофиқ ба талаботи мунтазами аҳолӣ фаъолият намуда, то ба имрӯз ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд.

Тибқи иттилоъ танҳо дар ду соли охир аз онҳо беш аз 4 ҳазор сокинони маҳаллӣ баҳра бардоштаанд.

Дар МТКМ сокинон на танҳо касбу ҳунар ва малакаҳои ҳаётиро меомӯзанд, балки онҳо бо иштироки намояндагони ҳукумати маҳаллӣ, масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ташкилоту муассисаҳои давлатию ҷамъиятӣ мушкилоти рӯзмарраи худро баррасӣ карда, бо кумаки ҳамдигар роҳҳи ҳалли онҳоро меҷӯянд.

Тавре Рано Ҷумаева, роҳбари ТҶ “МФО Томирис” мегӯяд, – зӯроварӣ, бекорӣ, камбизоатӣ, ҷудошавии оилаҳо, поймолшавии ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ, камтаваҷҷуҳӣ ба рушди малакаҳои шахсӣ ва рақобатнопазирӣ дар бозори меҳнат аз ҷумлаи мушкилотест, ки зимни фаъолияти худ мутахассисони Марказҳои таълими калонсолони маҳаллӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти мухталифи давлатӣ муайян намуда, барои рафъи онҳо ба сокинон кумак расонида истодаанд.

“Масалан дар яке аз ҷамъомадҳо сокинони ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мушкилоти зӯроварӣ дар оила ва паёмадҳои ногувори он бо ҳам таҳлилу баррасӣ карданд. Дар ҷамъомади мазкур иштирокчиён дар мисоли ҷабрдидагони намудҳои мухталифи зӯроварӣ миёни ҳам масъаларо муҳокима намуда, барои пешгирӣ аз чунин ҳолатҳо мулоҳизаҳои худро баён доштанд. Ин ҳолат дар марказҳои таълими калонсолони маҳаллии дигар шаҳру ноҳияҳо низ мушоҳида мегардад. Зеро хурду бузург хуб дарк намудаанд, ки МТКМ бо тамоми шароиту имконоташ баҳри онҳо фароҳам оварда шудааст, то сокинон ҳаёти худро беҳбуд бахшанд” – дар идома иброз дошт Р.Ҷумаева.

Фаъолияти самарабахши Марказҳои таълими калонсолони маҳаллӣ имконият фароҳам овард, ки сокинони деҳот ба таҳсилоти иловагии малакаҳои зиндагӣ дастрасӣ пайдо намуда, соҳиби касбу ҳунар гарданд ва малакаҳои ҳаётии худро сайқал дода, бо ташкил ва пеш бурдани кори даромаднок, сатҳу сифати зиндагиашонро ба маротиб беҳтар намоянд.

Ҳамчунин дар ҳар кадоме аз ин марказҳо Шурои машваратӣ таъсис дода шудааст, ки дар он намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, МД “Марказҳои таълими калонсолони Тоҷикистон”, ТҶ “Маркази фарҳангӣ – омӯзишии Томирис”, ҶТ “Саодат”, намояндагии DVV International дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои давлатӣ шомил мебошанд.

Дар Шурои машваратӣ фаъолияти кунунии марказ, дастовард ва мушкилоти бавуҷудомада мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, бо назардошти пешниҳодҳои баёнгашта фаъолияти минбаъдаи он ба нақша гирифта мешавад.

Манзура Султонова, роҳбари ТҶ “Саодат” иброз дошт, ки ҷалби ҷавонону калонсолон ба касбомӯзӣ агар ба соҳибҳунару кордон гардидани таълимгирандагони Марказҳои таълими калонсолони маҳаллӣ (МТКМ) боис гардида бошад, омӯзиши малакаҳои ҳаётӣ ба пешбурди фаъолияти касбӣ, ба роҳ мондани муносибати расмӣ ва робита бо ҷомеа, истифодаи манфиатбахш аз имконоти технологияи муосир дар рушди соҳибкорӣ, ба даст овардани даромад аз фаъолият ва дар ниҳоят ба беҳтарнамоии саҳти зиндагии онҳо мусоидат менамояд.

Омӯзиши маҳорату малакаҳои ҳаётӣ ба касбомӯзони МТКМ яке аз таҷрибаҳои омӯхташудаи ҷаҳонӣ дар раванди таҳсилоти иловагӣ ба шумор рафта, ба рушди ҳамаҷонибаи ҷавонону калонсолон нигаронида шудааст.

Таҷриба нишон медиҳад, ки аксарияти онҳое, ки касбро аз худ мекунанд якбора ҷойи кори муносиб намеёбанд ва ё ҳунарашонро барои ба даст овардани даромад ва баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ истифода бурда наметавонанд. Омилҳои дигар ҳам мавҷуданд, ки боиси ба вуҷуд омадани мушкилоти гуногун мегардад ва ба рушди ҷомеаи маҳал монеъ мешаванд. Мо таҳлил кардем, ки касбомӯзон ба малакаҳои дигар низ ниёз доранд. Масалан робитаи расмӣ ва коргузорӣ, ба нақшагирии фаъолият ва оғози тиҷорат, ҳаёти мустақил, малакаҳои рақамӣ аз ҷумла омӯзиши асосҳои компютер ва истифодаи самарабахш аз имкониятҳои телефонҳои ҳушманд, беҳтаргардонии кор бо шахсони маъюбиятдошта, пешгирии бемориҳои сироятии бо роҳҳои гуногун гузаранда, ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳвонӣ ва солимии занони маъюбиятдошта ва ғайра мебошад. Омӯзиши ин мамлакаҳои иловагӣ барои ба муваффақият ноил шудани ҷавонону калонсолон кумак мерасонад, то дар онҳо ҳисси худбоварии бештар гардад, – идома дод  Манзура Султонова.

Ҳамчунин маҳз дар ин самт баргузории чорабиние бо номи коучинг ба роҳ монда шудааст, ки дар он ҷараёни дарсгузарии омӯзгор аз ҷониби як нафар тренери касбӣ мушоҳида карда шуда, аз рӯи ҷадвали муайян баҳогузорӣ мегардад. Пас он дар семинар-машварати алоҳида баҳри дуруст ба нақшагирии раванди омӯзиш, қобилияти таҳлили он, баланд бардоштани малакаи идоракунии ҷараёни дарс, сайқал додани маҳорати суханварӣ, донистани асос ва унсурҳои таъмини сифати таълим, қобилияти ҷавоб додан ба саволҳо, омода кардани дастурҳои омӯзишӣ, барқарор намудани робита бо иштирокчиён ва фароҳам овардани фазои мусоиди донишомӯзӣ ба онҳо ва дигар усулҳои интерактивии таълим ба омӯзгорон тавсияҳои судманд дода мешавад.

Дар баробари ин бо мақсади табодули таҷриба ва иттилоот, банақшагирӣ ва амалинамоии фаъолият ва дигар ҷанбаҳои пешбурди кори самарабахш дар Марказҳои таълими калонсолони маҳалӣ (МТКМ) дар доираи татбиқи лоиҳаи “Пешбурди таҳсилоти калонсолон дар Осиё марказӣ” ба кормандони созмонҳои ҷамъиятӣ ва Марказҳои таҳсилоти калонсолони маҳаллӣ якчанд маротиба омӯзиши амалӣ барпо гардидаанд.

Чунин як омӯзиш, ахиран, дар мавзуи “Такмили малакаҳо ҷиҳати банақшагии фаъолияти ташкилот” дар Маркази таълимии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд баргузор гардид. Дар он намояндагони МД “Маркази таҳсилоти калонсолон Тоҷикистон” ва Филиалу намояндагиҳои он дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Гулистон, Норак, Ҷаббор Расулов, Ёвон, Панҷ, Данғара ва кормандони ТҶ “Маркази фарҳангӣ-омӯзишии Томирис” ва ТҶ “Саодат” иштирок намуда, малакаҳои худро дар самти банақшагирии фаъолият такмил доданд.

Дар тренинг иштирокчиён дар бораи фаъолияти марказҳои омӯзиши калонсолон мубодилаи маълумот ва таҷриба намуданд. Банақшагии фаъолият, пешбурди кор, воситаҳои таҳлил, вазифаҳо ва назоратро баррасӣ карда, малакаҳои касбии худро баланд бардоштанд.

Илова бар ин ба иштирокчиёни трениниг омода кардани варақаҳои иттилоотӣ (Буклет) ва шиносномаи электронӣ барои муаррифии фаъолияти марказҳо омӯзонида шуд.

Бо таваҷҷуҳ ба натиҷаҳои тренинг, иштирокчиён тавонистанд малакаҳои касбии худро дар самти банақшагирии фаъолияти марказҳо ва татбиқи усулҳои нави таҳлилӣ ва стратегӣ такмил диҳанд, ки ин барои рушди минбаъдаи марказҳои таҳсилоти калонсолон ва самарабахшии кори онҳо хеле муҳим аст.

Бояд гуфт, ки Марказҳои таълими калонсолони маҳаллӣ (МТКМ) дар заминаи филиалу намояндагии Муассисаи давлатии “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” (МТКТ) дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Ваҳдат, Данғара (ҷамоати деҳоти Себистон), ва Панҷ бо ташаббуси ТҶ “Маркази фарҳангӣ-омӯзишии Томирис” ва дар Гулистону Ҷаббор Расулов аз тарафи ТҶ “Саодат” бо дастгирии намояндагии DVV International дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сарпарастии Вазорати федеролии Олмон оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва рушд (BMZ) таъсис ёфтаанд.

Амонҷон МАҲКАМОВ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь