Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабарнигори МТЖТ бо мудири шуъбаи мазкур Манзура Олимӣ суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат номбурда аз ғамхориҳои Пешвои миллат нисбати соҳаи маориф миннатдорӣ карда, қайд кард, ки Пешвои миллат соҳаи маорифро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд ва ин боис шудааст, ки беш аз пеш соҳаи маориф рушд намояд ва дар Паёми навбатии худ Роҳбари кишвар изҳор доштанд: “Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад”.

Ин ҳама дастгириҳо нисбати соҳаи маориф шаҳодат аз он медиҳад, ки мо миллати илмдӯсту маорифпарвар ҳастем.

Ҳамзамон, мавсуф таъкид кард, ки шуъбаи маорифи ноҳия фаъолияти худро дар асоси нақшаи кории дар Шӯрои шуъбаи маориф аз 26.12.2022, №15/10 тасдиқгардида, бо назардошти дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, ба роҳ мондааст.

 – Шуъбаи маориф дар соли хониши ҷорӣ ба чӣ дастовардҳо ноил гардид?

– Дар ин давра бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Хистеварз бинои нави таълимии Литсейи №1 барои 1000 нафар хонанда дар як баст, бинои таълимии иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и ҷамоати деҳоти Хистеварз иборат аз 8 синфхона барои 240 нафар хонанда дар як баст, бинои таълимии иловагии муассисаи таълимии томактабии №14 “Ситораҳои дурахшон”-и ҷамоати деҳоти Д. Холматов барои 200 нафар кӯдак сохта ба истифода дода шуданд. Ҳамчунин, дар ин муддат бинои таълимии иловагии муассисаи таълимии №22 барои 240 нафар хонанда дар як баст сохта ба истифода дода шуд, ки дар ифтитоҳи расмии он Раиси вилояти Суғд, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ 164 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гаштанд, ки нисбат ба соли гузашта 18 нафар зиёд аст. Бо ин нишондод дастаи олимпии хонандагон дар вилоят ба гирифтани ҷойи якум ва дар сатҳи ҷумҳурӣ ба ҷойи сеюм сазовор гардид.

Дастаи мунтахаби хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмуни вилоятии “Бозиҳои миллӣ” ба ҷойи ифтихории дуюм сазовор гардид.

Дар озмуни вилоятии “Техникони наврас” дастаи мунтахаби мактаббачагони ноҳия ҷойи якумро сазовор гашта, дар номинатсияи “Хонаи истиқоматии ояндаи ман” тарбиятгирандаи Муассисаи таҳсилоти иловагии №1 Ӯрунбоева Нигина ҷойи якум ва хонандаи муассисаи таълимии №13 Шарипова Муслима ҷойи сеюм, дар номинатсияи “Модели вазнини калонҳаҷм” хонандагони муассисаи таълимии №26 Олимов Тошхӯҷа ҷойи якум, Баҳоваддинов Муҳамадрасул ҷойи сеюм, Собирхӯҷаев Соҳибҷон ҷойи дуюм, дар номинатсияи “Барномасозӣ” хонандаи муассисаи таълимии №15 Исобоев Фирӯз ҷойи якум, дар номинатсияи “Роботсозӣ” хонандаи муассисаи таълимии №4 Худойбердиев Боҳирҷон ҷойи сеюмро ишғол намуданд.

Дар озмуни ҷумҳуриявии бахшида ба ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон хонандаи муассисаи таълимии №10 Самадова Дилафрӯз, хонандаи муассисаи таълимии №31 Тоҷибоева Муҳаббат, хонандаи муассисаи таълимии №31 Ҳошимов Қосимбой ҷойҳои якумро ишғол намуданд.

Дар озмуни байналмилалии рассомони ҷавон бахшида ба Рӯзи қайҳонавардон “Полёт над миром” тарбиятгирандаи Маркази таҳсилоти иловагии №4 Абдураззоқов Муталибҷон ҷойи якумро ишғол намуд.

Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷики муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №54 Қориева Муяссар ҷойи дуюмро ишғол намуда, бо 35 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ сарфароз гардонида шуда, хонандаи Муассисаи махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқат Болтубоев Парвиз дар ин озмун ҷойи ифтихориро сазовор гардид.

Мураббияи муассисаи таълимии томактабии №4-и ноҳия Бобоҷонова Марҳабо дар даври ҷумҳуриявии озмуни “Мураббияи соли Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2023” ба гирифтани ҷойи дуюм сазовор гардид.

Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» 7 нафар хонандагон, аз ҷумла як нафар ҷойи якум, панҷ нафар ҷойи дуюм ва як нафар ҷойи сеюмро ишғол намуданд, ки нисбат ба соли гузашта 4 ҷой зиёд аст. Хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и ҷамоати деҳоти Хистеварз Бобоев Фармон дар ин озмун ҷойи якумро ишғол намуда, соҳиби 35 ҳазор сомонӣ, 5 нафар ишғолкунандагони ҷойҳои дуюм, ҳар яке бо 25 ҳазор мукофотҳои пулӣ сарфароз гардонида шуданд.

Дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» хонандаи синфи 11-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ҷамоати деҳоти Ёва Сайдалиев Абдуҷалил ҷойи ифтихории якумро сазовор гашта, ба 35 ҳазор сомонӣ мукофоти пулӣ соҳиб гардид. Хонандаи гимназияи №1-и ҷамоати шаҳраки Ғафуров Қурбонова Асмоа дар ин озмун ҷойи дуюмро ишғол намуда, сазовори 25 ҳазор сомонӣ маблағ гардид.

Хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и ҷамоати деҳоти Х. Усмонов Собирхӯҷаев Собирхӯҷа дар озмуни вилояти   ”Ихтирокорӣ ва навоварӣ” дар бахши ихтирокорӣ ба гирифтани ҷоизаи Раиси вилоят мушарраф гардид.

Ростӣ, он ҳама дастовардҳоро наметавон ном ба ном зикр кард ва он чи гуфта шуд, фишурдаи дастовардҳо буд.

– Лутфан дар бораи муассисаҳои таълимии ноҳия каме маълумот медодед.

– Айни замон дар қаламрави ноҳия 137 адад муассисаҳои таълимии шакли моликияташон гуногун фаъолият доранд. Дар ҳамаи намуди муассисаҳои таълимӣ 77 897 нафар хонандагон, аз ҷумла 38 633 нафар духтарон таҳсил доранд, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта 326 нафар зиёд аст. Ба ин шумора хонандагон 4574 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 3898 нафар занҳо дарс мегӯянд.

Дар назди шӯъбаи маорифи ноҳия тибқи нишондоди шӯъбаи кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон захираи кадрҳои роҳбарикунанда ташкил карда шудааст. Дар ин муддат бинобар расидан ба синни нафақа ва дар доираи ротатсияи кадрҳо роҳбарони 34 адад муассисаҳои таълимӣ иваз карда шуданд.

Айни замон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 66 адад кабинетҳои фанни физика, 66 адад кабинетҳои фанни химия, 40 адад кабинетҳои фанни география, 54 адад кабинетҳои фанни биология, 114 адад кабинетҳои фанни технологияи информатсионӣ ва 75 адад кабинетҳои фанни математика ва дар маҷмӯъ 417 адад кабинетҳои фаннии таълимӣ фаъолият доранд.

Тибқи талаботҳои «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» ва нақшаи дурнамои таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорон аз 1 адад кабинети фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази химия ва 63 адад кабинетҳои таълимӣ харидорӣ карда шуданд.

– Омӯзгорон воқеан, барои тарбияи насли ҷавон нақши калидӣ доранд. Мегуфтед, ки базаи кадрии шуъбаи маорифи ноҳия дар кадом поя қарор дорад?

– Муассисаҳои таълимии ноҳия бо кадрҳои педагогӣ таъмин мебошанд. Алҳол дар муассисаҳои таълимии ноҳия 4574 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 3898 нафар занҳо бо кори таълиму тарбияи насли наврас машғул буда, аз шумораи умумии омӯзгорон 4287 нафар, аз ҷумла 3658 нафар занҳо бо маълумоти олӣ, 111 нафар, аз ҷумла 98 нафар занҳо бо маълумоти олии нопурра, 176 нафар, аз ҷумла 142 нафар занҳо бо маълумоти миёнаи махсус кору фаъолият доранд. Сатҳи маълумоти олидоштаи омӯзгорон 93,7%-ро ташкил медиҳад, ки ин нишондод беҳтарин дар миқёси вилоят аст. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия омӯзгороне, ки бо маълумоти миёна кору фаъолият дошта бошанд, мавҷуд намебошад. Аз шумораи умумии 4574 нафар омӯзгорон 1659 нафар, аз ҷумла 1337 нафар занҳо бо тахассуси олӣ, 668 нафар, аз ҷумла 578 нафар занҳо бо тахассуси якум, 859 нафар, аз ҷумла 760 нафар занҳо бо тахассуси дуюм ва 1388 нафар, аз ҷумла 1223 нафар занҳо бо тахассуси омӯзгорӣ кору фаъолият доранд.

Дар ноҳия ба кор бо мутахассисони ҷавон эътибори ҷиддӣ дода шуда, аз ҷумла дар давраи ҳисоботӣ ҳуҷҷатҳои 4 нафар мутахассисони ҷавони муассисаҳои таълимии ноҳия аз имтиёзҳои бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2007, №197 “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон” бархӯрдор гаштанд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониш ва маҳорату малакаи касбии омӯзгорони ҷавон дар ин муддат барои онҳо аз ҳамаи фанҳои таълимӣ 101 маротиба машваратҳои омӯзишӣ доир карда шуданд.

Тибқи нақшаи якҷояи шуъбаи маориф ва Донишкадаи такмили ихтисоси вилоят дар соли 2023 бояд 930 нафар омӯзгорон аз курсҳои такмили ихтисос гузаранд. Дар ин муддат ҳамаи 930 нафар кормандони соҳаи маорифи ноҳия аз курсҳои такмили ихтисоси филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзӣ дар вилояти Суғд гузаронида шуданд, ки 100 %-и нақшаро ташкил медиҳад.

– Фаъолияти мактаб-интернатҳо чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

– Дар ноҳия як адад мактаб-интернати махсус барои кӯдакони кар ва шунавоиашон суст амал менамояд, ки дар 27 адад синфи он 292 нафар аз ҷумла, 121 нафар духтарони дорои нуқсони шунавоӣ аз тамоми қаламравӣ вилоят ба таълиму тарбия ҷалб карда шудаанд. Ба ин шумора хонандагон 65 нафар омӯзгорон ва 57 нафар мураббиён таълиму тарбия медиҳанд, ки кадрҳои педагогӣ ва хизматрасонии парваришгоҳ басанда аст. Мактаб-парваришгоҳ дорои 29 синфхонаҳои таълимии муҷаҳҳаз, ошхона барои 200 нафар ҷойи нишаст, толори варзишӣ, кабинети компютерӣ, утоқи тиббӣ, ҷойи хоб барои 200 нафар буда, дар парваришгоҳ сехи дузандагӣ ва дуредгарӣ бо тамоми таҷҳизотҳояш фаъолият дорад.

Инчунин, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и ҷамоати деҳоти Ёва паноҳгоҳ барои кӯдакони ятим фаъолият дошта, алҳол дар он 15 нафар ятимони кулл писарбачагон аз 4 шаҳру ноҳияҳои вилоят ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Тарбиятгирандагон бо чор вақт хӯрокӣ гарм, сару либос ва ашёи хониш таъмин буда, ҳамаи онҳо дар муассисаи таълимии №49 ба таълим фаро гирифта шудаанд.

– Маълум аст, ки аҳамияти муассисаҳои таълимии томактабӣ барои рушди наврасон бузург аст ва дар шуъбаи маориф муассисаи болозикр фаъолияташон назаррас аст?

– Айни замон дар қаламрави ноҳия 37 адад кӯдакистон, аз ҷумла 22 адад кӯдакистонҳои тобеи шӯъбаи маориф, 11 адад кӯдакистонҳои хусусӣ ва 4 адад кӯдакистонҳои тобеи ташкилотҳои дигар фаъолият доранд. Дар давраи ҳисоботӣ дар ҷамоати деҳоти Дадобой Холматов сохтмони бинои иловагии таълимии кӯдакистони №14 барои 200 нафар кӯдак ба истифода дода шуда, бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар деҳаи Мусаффои ҷамоати деҳоти Унҷӣ сохтмони кӯдакистон барои 180 нафар кӯдак оғоз гардид.

Дар ҳамаи намуди муассисаҳои таълимии томактабии ноҳия дар маҷмуъ 6195 нафар кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамзамон, бо мақсади фарогирии ҳарчи бештари кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия, алҳол дар назди 63 адад муассисаҳои таълимии ноҳия 111 адад гурӯҳҳои Маркази инкишофи кӯдак ташкил карда шуда, дар маҷмуъ 2580 нафар кӯдакони синни томактабӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ҳамин тариқ, айни замон 8775 нафар кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.

Дар кӯдакистонҳои ноҳия 352 нафар мураббиён ва 32 нафар роҳбарони мусиқӣ фаъолияти меҳнатӣ доранд. Дар давраи ҳисоботӣ тибқи нақшаи кории кабинети методии шуъбаи маориф 21 нафар мураббиён аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида шуданд.

Моҳи январ барои мудирон, сармураббиён ва мураббиёни кӯдакистон курсҳои омӯзишии дурӯза ташкил карда шуда, дар онҳо ба шунавандагон оиди ҳуҷҷатнигорӣ ва ташкили босамари фаъолияти кӯдакистон дастурҳои мушаххас дода шуданд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия ба мустаҳкам намудани пояи моддӣ – техникии муассиса эътибори махсус дода шуда, аз ҷумла дар давраи ҳисоботӣ кӯдакистонҳои №1,5,6,7.8,11.14,18,16,19 ба маблағи 84 000 сомонӣ 224 адад курсӣ, 25 адад ҷевони либос, 16 адад миз барои кӯдакон, муассисаҳои томактабии №5,6.14,16,19 – 56 адад кати хоби дуқабата ба маблағи 40 420 сомонӣ, муассисаҳои томактабии № 1,7,8 ба маблағи 12 950 сомонӣ кати хоб, дар муассисаҳои томактабии № 2, 7, 16, 18, 4 ба маблағи 32.950 сомонӣ бо инвентори мулоим таъмин карда шуданд. Инчунин, дар ин муддат дар муассисаи томактабии  № 17 – 1 адад ноутбук, дар муассисаи томактабии №21 камераи назоратӣ ба маблағи 14000 сомонӣ харидорӣ карда шудааст. Дар муассисаи томактабии №6 аз ҳисоби буҷаи маҳал ба маблағи 12 000 сомонӣ хати обу ташноб гузаронида шуда, дар муассисаи томактабии №4 аз ҳисоби буҷаи маҳал ба маблағи 15000 сомонӣ 2 гурӯҳ ва айвончаи баҳорона таъмир карда шуд.

Дар муассисаҳои таълимии томактабӣ масъалаи нигаҳдории саломатии тарбиятгирандагон таҳти назорати доимӣ қарор дошта, аз ҷумла ҳамаи муассисаҳои таълимии томактабӣ бо ҳуҷраҳои алоҳидаи тиббӣ, ҳамшираҳои тиббии соҳибихтисос ва дорувориҳо таъмин мебошанд.

Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон озмуни ноҳиявии “Шукуфаҳои истиқлол” гузаронида шуда, дар даври вилоятии ин озмун тарбиятгирандаи муассисаи таълимии томактабии №18 Сатторова Марямхон ба гирифтани ҷойи ифтихории якум муяссар гардид. Ҳамасола байни тарбиятгирандагони кӯдакистон озмуни расмкашӣ дар мавзӯи “Кайҳон аз нигоҳи ман” ташкил ва гузаронида мешавад, ки соли равон дар даври вилоятии ин озмун тарбиятгирандаи муассисаи томактабии №9 Улуғбекзода Ситора сазовори ҷойи якум, тарбиятгирандаи муассисаи томактабии №16 Шодиён Мӯминҷон ва тарбиятгирандаи муассисаи томактабии №5 Шодихӯҷаев Шаҳриёр сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Дар асоси Низомномаи озмуни «Мураббияи сол» байни мураббиёни кӯдакистонҳои ноҳия озмуни ноҳиявии «Мураббияи сол – 2023» гузаронида шуда, дар он мураббияи муассисаи таълимӣ томактабии №4-и ҷамоати деҳоти Ёва Бобоҷонова Марҳабо ҷойи ифтихории якумро сазовор гардида, дар даври ҷумҳуриявии ин озмуни бонуфус ҷойи ифтихории дуюмро ишғол намуд.

– Пешвои миллат дар ҳар баромади худ таъкид месозанд, ки барои таҳсили кӯдакону наврасон шароити хуб муҳайё карда шавад ва ин ғамхории Пешвои миллат аст, ки ҳар сол дар қаламрави кишвар садҳо мактабҳои наву замонавӣ сохта ба истифода дода мешаванд ва лутфан мегуфтед, ки сохтмону таъмири мактабҳо дар шуъбаи маорифи ноҳия чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

– То соли 2018 дар қаламрави ноҳия 3 адад муассисаҳои таълимии садамавӣ қарор дошта, дар соли 2018 муассисаҳои таълимии №6 ва 53-и ҷамоати деҳоти Исфисор аз ҳолати садамавӣ бароварда шуданд. Моҳи марти соли гузашта дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22-и ҷамоати деҳоти Ёва, ки қисман садамавӣ ба ҳисоб мерафт, 8 синфхонаи иловагӣ барои 240 нафар хонанда сохта ба истифода дода шуда, баробари ба истифода дода шудани иншооти мазкур масъалаи муассисаҳои таълимии садамавӣ пурра аз байн рафт. Санаи 15.11.2023 бо иштироки бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Хистеварз бинои нави таълимии Литсейи №1 барои 1200 нафар хонанда дар як баст, бинои таълимии иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и ҷамоати деҳоти Хистеварз иборат аз 8 синфхона барои 240 нафар хонанда дар як баст, бинои таълимии иловагии муассисаи таълимии томактабии №14 “Ситораҳои дурахшон”-и ҷамоати деҳоти Д. Холматов барои 200 нафар кӯдак ба истифода дода шуданд.

Айни замон тариқи ҳашар ва бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ сохтмони бинои таълимии иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №81-и ҷамоати деҳоти Исмоил иборат аз 4 синфхона барои 120 нафар хонанда, бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ҷамоати деҳоти Исмоил иборат аз 4 синфхона барои 120 нафар хонанда, бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №74-и ҷамоати деҳоти Чашмасор иборат аз 4 синфхона барои 120 нафар хонанда бо суръат идома доранд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь