Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон давоми 32 соли Истиқлолияти давлатии кишвар бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати моариф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Вахш, ҳамчунин бо дастгирии соҳибкорону шахсони саховатманд ин соҳаи афзалиятноки кишвар бамаротиб рушд карда, ба пешравиҳои зиёд ноил гаштааст. Ҳамчунин дар доираи ҷашни 30-солагӣ ва 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар ноҳияи Вахш даҳҳо муассисаҳои таълимии типи нав ва садҳо синфхонаҳои иловагӣ бо тамоми шароити дарсомӯзӣ барои хонандагон бунёд гаштааст, ки ин аз рушди соҳаи маориф дар ин ноҳия дарак медиҳад. Оид ба дастовардҳои соҳаи моарифи ноҳияи Вахш хабарнигори МТЖТ бо мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур Гулбаҳор Хоҷаёрова суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Мавсуф дар оғози суҳбат афзуд, ки Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш фаъолияти худро дар давоми соли 2023 тибқи нақшаи корӣ ба роҳ монда, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва мустаҳкам намудани пояи моддӣ – техникии муассисаҳои таълимии ноҳия як қатор корҳои назаррасро ба анҷом расонидааст.
Қайд гардид, ки тибқи нақшаи кории шуъбаи маорифи ноҳия дар давоми соли 2023 11 шурои шуъбаи маориф бо баррасии 158 масъала гузаронида шуд, ки аз он 86 масъала ба вазъи таълиму тарбия, 73 масъала оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу қарорҳо, нақша-чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси вилояти Хатлон ва раиси ноҳия оид ба соҳаи маориф мебошанд ва нисбати иҷроиши онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Ба шуъбаи маорифи ноҳия дар ин давра 145 адад ҳуҷҷат ворид гардида, 52 ҳуҷҷат ба мақомотҳои болоӣ ва марбути соҳаи маориф содир карда шудааст. Ҳамзамон, муроҷиати хаттии 98 нафар шаҳрванд мавриди баррасӣ қарор дода шуд – илова кард ӯ ва гуфт, ки мо дар оянда низ баҳри рушди ин соҳаи афзалиятноки кишвар, ки Ҳукумати мамлакат дар зинаи аввали сиёсати худ қарор додааст, ҳама донишу малакаи худро равона хоҳем кард.
Фаъолияти назарраси соҳа дар як сол
Мусоҳиби мо илова кард, ки айни замон дар ҳудуди ноҳияи Вахш 69 муассисаи таълимӣ фаъолият дорад, ки аз он 11 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 58 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, (1 литсей ва як муассиса-интернат) амал мекунад. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 50 ҳазору 215 нафар хонандагон, аз он ҷумла 24 ҳазору 269 нафар духтарон дар соли таҳсили 2022-2023 ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд. Дар соли таҳсили 2023-2024 бошад, 51 ҳазору 552 нафар хонанда, аз он ҷумла 25 ҳазору 99 нафар духтарон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки ин нисбати соли таҳсили 2022-2023 1337 нафар зиёд мебошад.
Қайд гардид, ки соли таҳсили 2022-2023 2 ҳазору 238 омӯзгорон дар муассисаҳои таълимӣ фаъолият доштанд, ки 1251 нафарашон занон буданд. Дар соли таҳсили 2023-2024 бошад, шумораи омӯзгорон 2372 нафарро ташкил медиҳад, ки аз инҳо 1351 нафарашон занҳо мебошанд. Барои ҷалби омӯзгорон мо аз ҳама имкониятҳо истифода карда, давоми соли хониши 2022-2023 иловатан 170 омӯзгори дигар ба кор қабул карда шуд.
Авҷи сохтмонҳо дар ноҳия
Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Паёми навбатии худ таъқид доштанд, ҷиҳати таъмини пурраи хонандагон бо ҷойи нишаст соли гузашта дар ноҳия аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бунёд шуда, ҳоло сохтмони чанд иншооти дигар бомаром идома дорад.
Мудири Шуъбаи моарифи ноҳия гуфт, ки давоми соли 2023 дар назди се муассисаи таълимӣ синфхонаҳои иловагӣ бунёд гардиданд, аз ҷумла 10 синфхона дар назди муассисаи таълимии №12 деҳаи “Меҳробод” барои 240 хонанда, 4 синфхона дар назди муассисаи таълимии №45 барои 100 хонанда, 5 синфхона дар назди муассисаи таълимии №5 барои 125 хонанда ва 4 синфхона дар назди муассисаи таълимии №21 барои 100 хонанда сохта ба истифода дода шуд. Дар маҷмуъ 26 синфхона бо 565 ҷойи нишаст мавриди истифода қарор дода шуд.
Инчунин қайд кардан ба маврид аст, ки айни ҳол дар назди 9 муассисаи таълимӣ (3,9,22,30,31,35,48,69,74 ва 76) сохтмони 50 синфхона бо 1250 ҷойи нишаст идома дорад.
Рушди соҳаи томактабӣ
Қайд гардид, ки дар ноҳияи Вахш солҳои охир рушди соҳаи тарбияи томактабӣ рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст. Соли 2022 дар ҳудуди ноҳия 8 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 745 нафар ва 66 адад Маркази инкишофи кӯдак иборат аз 137 гурӯҳ бо фарогирии 4250 тарбиятгиранда, ки дар маҷмуъ 4995 нафарро фаро мегирад, фаъолият доштанд.
Қайд гардид, ки дар соли 2023 дар ҳудуди ноҳия 8 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 724 нафар кӯдак ва 66 адад Маркази инкишофи кӯдак иборат аз 145 гурӯҳ бо фарогирии 4406 тарбиягиранда, ки дар маҷмуъ 5130 нафарро фаро мегирад, фаъолият доранд. Вазъи муассисаҳои томактабии ноҳияи Вахш нишон дод, ки фарогирии кӯдакон беш аз 20%-ро дар соли 2023 ташкил медиҳад. Масъулони МИҲД-и ноҳияи Вахш ва Шуъбаи маорифи ноҳия талош доранд, ки дастуру супоришҳоеро, ки аз ҷониби Сарвари давлат дар Паёми солонаашон оид ба рушди соҳаи томактабӣ дода шуд, саривақт иҷро карда, фарогирии кӯдаконро дар кӯдакистонҳо афзоиш дода, омӯзиши забонҳои хориҷиро ба роҳ монанд.
Таваҷҷуҳ ба ятимон
Назорат ба вазъи муассисаҳои интернатӣ яке аз самтҳои фаъолияти Шуъбаи маорифи ноҳия мебошад ва айни ҳол дар ноҳияи Вахш 1 адад муассисаи интернатӣ фаъолият менамояд, ки мақоми маҳаллӣ дорад. Соли таҳсили ҷорӣ дар муассисаи интернатии ноҳия 285 нафар кӯдакон ба таълим фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 89 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд. Аз ҷиҳати иҷтимоӣ бошад, 2 нафар ятими кул, 162 нафар нимятим (кӯдакони бепадар ё бемодар), 2 нафар аз оилаи маъюб, 1 нафар падараш дар маҳбасбуда ва 118 нафар кӯдакон аз оилаҳои камбизоат мебошанд, ки шароити таҳсил кардан надоранд. Бояд гуфт, ки солҳои охир шароити зист ва таълиму тарбия дар муассисаи интернатии ноҳия бо кӯмаку дастгирии сарпарастон хеле беҳтар шудааст. Охири соли гузашта Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Вахш ташриф оварда барои ин қишри ниёзманди ҷомеа як бинои хуштарҳу замонавиро ифтитоҳ карданд, ки аз ин иқдоми Роҳбари давлат тарбиятгирандони ин таълимгоҳ хело шод шуданд.
Ғолибон қадрдонӣ мешаванд
Таҳсилоти иловагӣ яке аз омилҳои муҳими ғанӣ гардонидани донишу малакаи мактаббачагон, васеъ кардани ҷаҳонбинии онҳо, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ, бедор кардани майлу рағбати хонандагон ба маҳфилҳои фаннӣ, эҷодӣ, касбию ҳунарӣ, варзишӣ мебошад. Бояд қайд намуд, ки дар Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия 42 маҳфил аз рӯйи 5 равия, 232 гурӯҳ бо фарогирии 2320 нафар аъзоён фаъолият дорад.
Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия дар чорабиниҳои вилоятӣ фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён гаштааст. 7-уми январи соли 2023 озмуни вилоятии “Ихтирокорони ҷавон” дар байни 25 шаҳру ноҳияҳои вилоят гузаронида шуд, ки дар ин озмун хонандаи синфи 7-уми муассисаи таълимии №56 Талбекзода Зиёдалӣ фаъолона ширкат варзида, сазовори ҷойи аввал гардид. Рӯзи 30-юми январи соли 2023 озмуни “Иншои беҳтарин” дар сатҳи вилоят гузаронида шуд, ки дар ин озмун хонандаи муассисаи таълимии №2 Шарипова Саида ширкат варзида, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид. Инчунин дар ҳамин рӯз озмуни вилоятии “Расми беҳтарин” гузаронида шуд. Дар ин озмун хонандаи муассисаи таълимии №1 Сайфидинова Меҳрона иштирок намуда, сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид. Хонандаи литсейи давлатии ноҳия Ҳусейнова Зумратбӣ дар озмуни вилоятии “Меҳри модар” ширкат варзида, сазовори ҷойи сеюм гардид. Дар озмуни вилоятии “Шоҳномахонӣ” хонандагони муассисаи таълимии №2 сазовори ҷойи якум, хонандагони муассиса-интернати ноҳия сазовори ҷойи 2-юм ва хонандагони муассисаи таълимии №3 сазовори ҷойи сеюм гардиданд; Дар озмуни вилоятии Академияи хурди илмҳо хонандагон аз муассисаи таълимии №1, 2, интернат ва литсейи давлатии ноҳия ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Даври дуюми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гузаронида шуд, ки дар натиҷа 32 нафар хонанда ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Рӯзи 19-уми май даври дуюми (ноҳиявӣ) озмуни “Тоҷикистон – ватани азизи ман” гузаронида шуд. Дар ин озмун 31 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии ноҳия ширкат варзида, 11 нафари онҳо ба даври сеюм (вилоятӣ) роҳхат гирифтанд.
Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо
Қайд гардид, ки Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо яке аз падидаҳое мебошад, ки маҳз бо пешниҳоди Пешвои миллат дар ҷумҳурӣ таъсис дода шуд ва имрӯзҳо бо фаъолияти пурсамар дар маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо корҳои назаррас ба анҷом расонида шуда истодаанд. Яке аз масъалаҳое, ки имрӯз бояд ба он таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд, ин фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба кормандони Марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ба ҳисоб меравад. Имрӯз дар ноҳия 1 Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо фаъолият мекунад, ки бо мустақилияти молиявӣ таъмин мебошад.
Дастовардҳои Маркази дарёфти рушди итеъдодҳо назаррасанд. Аз ҷумла, дар озмуни “Луғатдони беҳтарин” 5 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дар даври сеюми озмуни вилоятии “Ворисони Пешво” 2 нафар хонанда сазовори ҷойи 1-ум, 1 нафар сазовори ҷойи 2-юм ва 2 нафар сазовори ҷойи 3-юм гардиданд. Дар озмуни 44-ум сессияи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 нафар сазовори ҷойи 1-ум, 4 нафар сазовори ҷойи 2-юм, ва 5 нафар сазовори ҷойи 3-юм гардиданд. Дар даври минтақавии олимпиада барои синфҳои 11 15 нафар хонандагони муасисаҳои таълимӣ ба даври вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Айни ҳол олимпиадаҳо аз рӯйи фанҳои гуногун идома доранд.
Дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” омӯзгори муассисаи таълимии рақами 56 Қурбонназарова Гулноза дар номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” сазовор ҷойи 3-юм ва хонандаи муассиса-интернати ноҳия Мақсудова Меҳрона аз номинатсияи “Эҷоди наср” сазовори ҷойи сеюм гардид. Яке аз масъалаҳои асосии соҳаи маориф ба воситаи ҷалби мутахассисони ҷавон бартараф намудани норасоии кадрӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад. Ҷиҳати таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони баландихтисос дар ҳамбастагӣ бо директорони муассисаҳои таълимӣ корҳо ҷараён дошта, то имрӯз 38 нафар омӯзгорони ҷавон тибқи роҳхат ба ноҳия равон карда шуданд, ки аз инҳо 21 нафарашон ба муассисаҳои таълимӣ равон карда шуда, ба ҷойи кор ҳозир шуданд.
Муҷаҳҳазгардонии муассисаҳо бо технологияи муосир
Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия дар назди Шуъбаи маорифи ноҳия фаъолият мекунад, ки дорои 11 адад компютер буда, ҳамаи онҳо дар шароити корӣ қарор доранд ва 3 воҳиди корӣ фаъолият дорад. Марказ бо воситаи модем ба шабакаи Интернет пайваст буда, дорои почтаи электронӣ мебошад. Ҳамчунин бо мустақилияти молиявӣ низ таъмин мебошад. Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.08.2022 №439 “Дар бораи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042” дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия корҳои муайян оғоз гардиданд. Айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 1370 адад компютер, 160 адад принтер, 33 адад тахтаи электронӣ, 46 адад видеопроектор ва 285 адад камераҳои мушоҳидавӣ мавҷуд мебошанд. Дар соли таҳсили 2022-2023 дар ноҳия 67 муассисаҳои таҳсилоти асосӣ ва миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар он 27 ҳазору 822 нафар хонандагони синфҳои 5-11 ба таълими фанни технологияи информатсионӣ фаро гирифта шуда буданд. Дар соли хониши 2023-2024 бошад, шумораи хонандагони синфҳои 5-11 27154 нафарро ташкил медиҳад.
Имрӯзҳо Маркази технологияи информатсиони ва коммуникатсияи назди Шуъбаи маорифи ноҳия бо бинои алоҳида таъмин нест ва дар бинои Шуъбаи маориф фаъолият дорад. Шуъбаи маорифи ноҳия дар ҳамбастаги бо масъулини муассисаҳои таълимии ноҳия ҳамкориро ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хуб ба роҳ монда, бо роҳи фаҳмонидани моҳияти ин марказ аксари хатмкунандагонро барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ҷалб намуданд.
Афзоиши дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳо
Қайд гардид, ки дар соли таҳсили 2021-2022 аз 2048 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1883 нафар (91,9%) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ҳуҷҷат супоридаанд, ки ин нисбати соли гузашта 6% зиёд мебошад. 1440 хатмкунанда тибқи Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шуданд, ки ин 70%-ро ташкил медиҳад. Дар соли хониши 2022-2023 бошад, аз 1735 нафар хатмкунандагон 1436 нафарашон ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷат супоридаанд, ки ин 82,7%-ро ташкил медиҳад. 1030 нафар хонандагон тибқи Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар дохил шуданд, ки ин 59,3%-ро ташкил медиҳад.
Омӯзгорон донишу малакаи худро сайқал медиҳад
Мудири Шуъбаи моарифи ноҳияи Вахш Гулбаҳор Хоҷаёрова қайд кард, ки масъалаи такмили маҳорати касбӣ ва бозомӯзии омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф яке аз масъалаҳое мебошанд, ки зери таваҷҷуҳи Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Тибқи тартиби гузариш аз такмили ихтисос, ки дар 5 сол як маротиба муқаррар шудааст, шуъбаҳои маориф дар ҳамкорӣ бо филиалҳои Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар шаҳрҳои Бохтар ва Душанбе нақшаи муштарак таҳия намуда, кормандони соҳаи омӯзгориро аз курсҳои такмили ихтисос гузаронида истодаанд. Дар давоми соли 2023 460 нафар шунавандагон ба курсҳои бозомӯзии такмили ихтисос ба шаҳри Душанбе ва Бохтар фиристода шуданд.
Таъминот бо сару либоси ягонаи мактабӣ
Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи дастурҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода аз 28.04.2022 №7762 ва раиси вилоят вобаста ба ҳамкорӣ ва дастгирии корхонаю коргоҳҳои дузандагӣ ҷиҳати таъмини хонандагону омӯзгорон бо либоси ягонаи тавсиявии мактабии истеҳсоли ватанӣ корҳои муайянро ба сомон расониданд. Нақшаи пешниҳодгардида 90 ҳазору 42 ададро дарбар мегирад. Роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳия бо корхонаи дӯзандагии “Алиҷон” (роҳбараш Қурбонова Ҷумагул) ба миқдори 43568 адад ва бо соҳибкори инфиродӣ Ҳабибуллоев Файзулло ба миқдори 33224 адад шартнома ба имзо расонидаанд. Ба ҳолати 3.07.2023 иҷроиши нақша 90 ҳазору 42 адад буда, 100%-и нақшабандиро ташкил медиҳад.
«Нури маърифат» оинаест барои омӯзгорону хонандагон
Дар шуъбаи маорифи ноҳия аз моҳи октябри соли 2015 инҷониб рӯзномаи таълимию маърифатӣ ва иттилоотии «Нури маърифат» амал мекунад. Дар давоми соли 2023 зиёда аз 90 маводи таълимию методӣ, илмӣ ва иттилоотию маърифатӣ ба табъ расонидааст, ки ба пуррагӣ дастраси муштариён гардидаанд. Дар давраи ҳисоботӣ 56 мақола оид ба омӯзиши математика, алгебра ва геометрия, 15 мақола маслиҳатҳои методӣ, 10 мақола оид ба омӯзиши забони модарӣ ва адабиёт, 9 мақола оид ба омӯзиши фанни физика, 11 мақола оид ба омӯзиши фанни география ва биология, 6-мақола оид ба омӯзиши забони хориҷӣ, 11 мақола оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, 10 мақола оид ба синфҳои ибтидоӣ, 9 мақола дар мавзӯи сиёсӣ, 12 мақола дар мавзуи “Об – барои рушди устувор”, 10 мавод дар бораи Паёми Президенти кишвар, 8 мақола дар бораи Меҳргон, Сада ва Модар ва 13 маводи боқимонда ба мавзуъҳои терроризм ва экстремизм ба нашр расидааст. Дар соли равон дар ҳамаи 67 муассисаҳои таълимӣ маҷлисҳои умумии падару модарон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот аз рӯйи реҷаи тасдиқгардида бо рӯзномаи мазкур гузаронида шуд. Аз ҷумла, масъалаҳои иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, омодагӣ ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми январи соли 2022 №544 “Оид ба анҷоми соли таҳсили 2021-2022, аттестатсияи аз синф ба cинф гузаронидан ва хатм дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баррасӣ шуданд.
Варзиш – гарави саломатӣ
Зимнан, дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия мусобиқаҳои варзишӣ аз рӯйи намудҳои волейбол, шоҳмот, шашка ва тенниси рӯйи миз сараввал дар минтақаҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳот гузаронида шуда, дар ноҳия ҷамъбаст гардиданд ва ғолибон бо тӯҳфаҳою ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд. Инчунин ёдовар бояд шуд, ки дар давоми соли равон аз рӯйи ҳамаи фанҳои таълимӣ ва масъалаҳои мубрами барномаҳои таълимӣ семинарҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд.
Боиси қайд аст, ки дар муассисаҳои Шуъбаи маорифи ноҳия таҷлили Рӯзи артиши миллӣ, Иди модар, Наврӯзи байналмилалӣ, Ваҳдат, Истиқлолият, Рӯзи Рӯдакӣ, Румӣ, Рӯзи Забони давлатӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ дар чорабиниҳои ноҳиявӣ фаъолона иштирок намуданд.
Рушди маориф омили пешрафти кишвар аст
Командони Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро эҳсос намуда, баҳри таъмини иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди соҳаи маориф дар ноҳия пайваста тадбирҳои мушаххас меандешанд. Онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳама донишу малакаи худро баҳри рушди ин соҳа равона карда, хонандагонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ тарбия намуда, барои онҳо ҳама шароити илмомӯзиро фароҳам оварда, иштироки хонандагонро дар озмуну олимпиадаҳо бештар кунанд ва бо бунёди иншооти соҳаи маориф ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии кишварро бо дастовардҳои назаррас истиқбол гиранд.
Раҳмоналӣ ДОДАРХӮҶАЕВ,
“ФАРАЖ”