Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор хабарнигори МТЖТ бо роҳбарият ва кормандони шуъбаи мазкур суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи онро пешакаш мекунем.

Нахуст тазакурр дода шуд, ки шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор дар давраи ҳисоботӣ, дар семоҳаи соли 2024 фаъолияти худро мутобиқ ба талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, амру фармон ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру қарорҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Низомномаи шуъбаи маориф ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда, ҷиҳати пешбурди кори таълиму тарбия ва рушду нумӯи ҳамаҷонибаи соҳаи маориф фаъолияти мунтазам дорад ва баҳри таъмини иҷрои нақшаи таҳрезишуда тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Чунончӣ, гуфта шуд, ба маълумоти Шумо мерасонам, ки дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.01.2024, №68 рузҳои 27-28 январ ва 03-04-и феврали соли равон дар МДТ “Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе даври минтақавии Олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табии –риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ байни хонандагони синфҳои 5-11-ум баргузор гардид.

Аз шаҳри Ҳисор дар асоси дархост 541 нафар хонандагони синфҳои 5-11-ум аз муассисаҳои таҳсилотии умумии шаҳр иштирок намуданд.

Дар ҷамъбаст маълум гардид, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилотии ҳудуди шаҳри Ҳисор соҳиби 200 ҷойҳои 1, 2, 3 ва се ҷои ифтихорӣ гардида, дар минтақаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷойи аввалро соҳиб гардиданд ва ҳамзамон дар миқёси ҷумҳурӣ шаҳри Ҳисор дар мақоми дуввум қарор гирифт ва мо боз ҳам мекӯшем, ки натиҷаҳои назаррасро дар оянда низ ба даст орему бо ин васила саҳми хешро дар болоравии соҳаи маориф гузорем.

Базаи кадрӣ ва имтиёзҳо ба омӯзгорон

Ҳамзамон, иттило дода шуд, ки шуъбаи маориф доир ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006, №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» дар шаҳр, ҳамкорӣ бо сохторҳои марбути соҳа ҳамасола кор бурда, дар семоҳаи соли ҷорӣ 6-нафар мутахассисони ҷавон барои гирифтани қарзи имтиёзнок муроҷиат намуданд, бо маблағ таъмин карда шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 5-нафар омӯзгорони ҷавон барои таъмин ба замини наздиҳавлигӣ дархост ба шуъбаи маориф ирсол гардида, доир ба таъмин кардани мутахассисони ҷавон бо замин аз ҷониби шуъбаи маориф ба сохторҳои марбут ба ин самт тариқи хаттӣ муроҷиат карда шудааст.

Дар семоҳаи соли равон тибқи маълумотномаҳои оморӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр, гимназияю литсей 4446 омӯзгор, аз ҷумла, занҳо 2729, маълумоти олӣ 2553, маълумоти миёнаи омӯзгорӣ 1641, маълумоти олии нопурра 252 ва дигар катигорияҳо кор ва фаъолият намуда истодаанд.

Шуъбаи маориф масъалаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгориро дар соли хониши 2023-2024 таҳлил намуда, тибқи дархости роҳбарони муассисаҳои таҳсилотӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омӯзгорони фаннӣ дархост пешниҳод намуд. Дар натиҷа аз ҳисоби хатмкунандагони донишкадаҳои олӣ ва миёнаи касбии омӯзгорӣ барои таълимгоҳҳои шаҳр Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи роҳхат 83 нафар мутахассисони ҷавонро тибқи руйихат ба қайд гирифта шуда, то давраи ҳисоботӣ 63 нафар ё 76%- и мутахассисони ҷавон ба ҷойи кор ҳозир шуданд. Шуъбаи маориф кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки таълимгоҳҳои шаҳрро бо кадрҳои омӯзгорӣ пурра таъмин намуда, инчунин барои таъин намудан ба вазифаҳои роҳбарӣ омӯзгорони лайёқатмандро пешбарӣ намояд.

Маркази дарёфт

Аз шуъбаи маорифи шаҳр оид ба иштироки хонандагон дар олимпиадаҳои фаннӣ қайд карданд, ки дар семоҳаи соли равон тибқи фармоиши мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор аз 05.02.2024, №36 “Дар бораи баргузории олимпиада доир ба Шоҳмот” рӯзи 7.02.2024 байни хонандагони то синни 16 гузаронида шуд, ки дар он 50-нафар хонандагон аз муассисаҳои таҳсилотии шаҳр фаъолона ширкат варзиданд. Дар натиҷа 12-нафар ғолиб омада, барои иштирок ба даври минтақавӣ роҳҳат гирифтаанд.

Дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 17.01.2024, №68 рӯзҳои 18.02.2024 даври минтақавии олимпиадаи “Шоҳмот” дар шаҳри Душанбе баргузар гоардида, дар он 12-нафар хонандагон аз муассисаҳои таҳсилотии шаҳри Ҳисор иштирок намуда, 2-нафар хонанда ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаи “Шоҳмот” роҳхат гирифтанд. Дар ҳамин раванд даври минтақавии олимпиадаи “СПЕЛИНГ БИ” баргузор гардида, дар он аз шаҳри Ҳисор 12-нафар ханандагон иштирок намуда, сазовори 4 роҳхат барои иштирок ба даври ҷумҳуриявӣ гардидаанд.

Ҳамзамон, тибқи фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.01.2024, №68 “Дар бораи баргузории даври минтақавии олимпиадаҳои фаннӣ байни хонандагони синфҳои 5-11” даври мактабии олимпиадаҳои фаннӣ гузаронида шуд.

Аз шаҳри Ҳисор дар олимпиадаи фаннӣ дар маҷмуъ зиёда аз 450-нафар хонандагони синфҳои 5 ва 11 иштирок намуданд.

Дар ҷамъбасти олимпиада маълум гардид, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилотии шаҳри Ҳисор сазовори 201-ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва 48 ҷойҳои ифтихорӣ гардида, дар минтақа сазовори ҷойи аввал гардиданд ва 201-нафар хонандагон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд. Аз ҷумла, МТМУ-58 ҷой, гимназияи №1.- 7 ҷой, литсейи ба номи Собири Шоҳонӣ-1 ҷой, Мактаби Президентӣ 63 ҷой ва литсейи Ҳотам ва ПВ- 72 ҷойро соҳиб гардиданд.

Инчунин, дар олипиадаҳои байналмилалӣ хонандагони шаҳри Ҳисор фаъолона иштирок намуда, дар олипиадаи байналмилалии “IZHO – 2024”, ки дар давлати Қазоқистон баргузор гардид, хонандагони филиали литсей-интернати Ҳотам ва ПВ сазовори 6 адад медал гардиданд. Ҳамзамон, дар моҳи марти соли ҷорӣ дар олипиадаи ҷаҳонии “СМО -24” , ки дар давлати Руссия баргузор гардид хонандаи синфи 9-и филиали литсей-интернати Ҳотам ва ПВ Сафаров Олимҷон дар байни хонандагони 55 давлати дунё сазовори ҷойи сеюм гардида, бо медали биринҷии олипиадаи ҷаҳони сазовор гардид. Ҳамзамон, дар рузҳои 27-31 марти соли 2024 даври ҷумҳуриявии олимпидаҳои фаннӣ хонандагони синфҳои 11 баргузор гардид, ки аз шаҳри Ҳисор 41 нафар хонандагон иштирок намуда, соҳиби 14 ҷойҳои ифтихорӣ ( 2-медали тило, 1- нуқра, 8- медали биринҷӣ ва 3- ифтихорӣ) гардида, дар байни шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳури мақоми аввал ва дар байни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва беҳтарин шаҳру ноҳияҳо шомил шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.

Иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат

Инчунин, афзуда шуд, ки мутобиқ ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 28.12.2023 фармоиш мудири шуъбаи маориф аз 28.02.2024, №52 ва нақшаи чорабиниҳои шуъбаи маориф иборат аз 17 банд таҳия намуда, ба диққати роҳбарони муассисаҳои таҳсилотӣ баррасӣ карда шуда, аз ҳисоби омӯзгорони фаъол гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, ин гурӯҳҳо дар моҳҳои январ ва феврали соли ҷорӣ дар байни хонандагону падару модарон оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда шуд.

Дар ҳамин раванд қайд бояд кард, ки соҳаи маорифи шаҳри Ҳисор ҷиҳати иҷрои талаботҳои Паём аз солҳои қабли ва имсола як қатор корҳоро барои иҷро ба нақша гирифтааст. Аз ҷумла:

-таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои ихтисосманд ва китобҳои таълимӣ;

-чораандешӣ намудан ҷиҳати бартараф намудани ҳолатҳои садамавии муассисаҳо;

-беҳтар намудани сифати таҳсилот ва рушди инфрасохтори соҳа;

-сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳое, ки ниёз доранд;

Ҳамзамон, ҷиҳати ба тасвиб расидани амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Тоҷикистон-ватани азизи ман”, инчунин бахшида ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Солҳои рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” дар муассисаҳои таҳсилотӣ корҳо идома доранд.

Дар соли ҷорӣ 4 синфхонаи иловагӣ дар ҷамоати деҳоти Ориён, деҳаи Шарафобод бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор ба истифода дода шуд.

Кабинетҳои фаннӣ

Доир ба рафти амалишавии “Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” дар маҷмӯъ ба ҳолати имрӯза дар таълимгоҳҳои шаҳр 466 кабинети фаннӣ фаъолият дошта, аз ин шумора 326 кабинет дар ҳолати хуб муҷаҳҳазонида шудааст.

Тибқи талаботи Барномаи мазкур дар солҳои 2021–2025 дар муассисаҳои таҳсилотии шаҳр таҷҳизонидани 247 кабинетҳои фаннӣ, инчунин таҷҳизонидани 3 озмоишгоҳҳо ба нақша гирифта шудааст, вале бояд қайд намуд, ки кабинетҳои фаннии таълимие, ки дар аксарияти таълимгоҳҳо аз фанҳои химия, биология, география, забони русӣ, забони англисӣ, тайёрии ибтидоии ҳарбӣ, таълими меҳнат таъсис дода шудаанд, мутобиқ ба талаботи замони имрӯза набуда, баъзан воситаҳои аёнии кӯҳна дар ҳолати корношоямӣ қарор доранд ва барои аз нав барқарор намудани ин кабинетҳои таълимӣ маблағҳои зиёд зарур аст.

Бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли хониши 2023-2024 дар муассисаи таҳсилотии №101 кабинети химия бо маблағи 34 ҳазор сомонӣ, муассисаи таҳсилотии №52 кабинети биология бо маблағи 38600 сономӣ, муассисаи таҳсилотии №49 кабинети физика бо маблағи 39 ҳазор сомонӣ ва муассисаи таҳсилотии №3 кабинети лингафонӣ бо маблағи 117 ҳазор сомонӣ пурра таҷҳизонида шуда, инчунин чор адад озмоишгоҳ ба МТМУ №23, 49, 52 ва 101 таъмин карда шуд. Ҳамзамон, таъмини боз 8 адад озмоишгоҳҳо ва 9 адад айёниятҳо оид ба кабинети омодагии дифои ҳарбӣ аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.

Шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор тасмим гирифтааст, ки соли таҳсили 2023 -2024 ҷиҳати иҷроиши барномаи мазкур тибқи бандҳои нақшаи чорабиниҳои шуъба зина ба зина кор бурда, дар ҳолати пайдо шудани имкониятҳои мавҷуда кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳоро таҷҳизонад.

Квотаи Президентӣ

Дар соли 2024 барои шаҳри Ҳисор 21-ҷой, барои писарон 10-ҷой ва барои духтарон 11-ҷой муқаррар карда шудааст.

Доир ба баргузории озмуни Квотаи Президентӣ фармоиш ва нақшаи-чорбиниҳои шуъбаи маориф аз 12.02.2024, №38 таҳия гашта, ба диққати директорони муассисаҳои таҳсилотӣ дар семинари доимоамалкунандаи директорони муассисаҳо баррасӣ карда шуда, оид ба ин масъала тавсияҳо дода шуд.

Мутобиқ ба банди 9-и “Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” комиссия бо фармоиши мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор ба тавсиб расид.

Тибқи нақшаи кории шуъбаи маориф то 20.03.2024 даври якуми озмуни “Квотаи Президентӣ” дар муассисаҳои таълимии шаҳр ҷамъбаст гардида ва корҳо дар ин самт идома дорад.

Ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ

Шуъбаи маориф дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати таъмиру азнавсозии биноҳои таълимӣ, ғанӣ сохтани базаи таълимии муассисаҳо, баҳри баланд бардоштани савияи дониши илмӣ- методии омӯзгорон бо ташкилотҳои байналмилалӣ пайваста кор бурда истода, соли сеюм аст, ки бо Асотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти “Рушди таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имконияташон маҳдуд” кор бурда истодааст.

Аз ҷумла, дар ин давра дар муассисаҳои таҳсилотии №2, 3, 5, 12, 15, 24 ва 52 дар маҷмӯъ дар 7-гуруҳ 132 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои таҳсилотии №8, 14, 17, 22, 37, 41, 61, 109, 127, 128, ва 142 кӯдаконе, ки гирифтори бемориҳои гуногун мебошанд, ки дар маҷмӯъ 22 -нафарро ташкил мекунанд ба таълими хонагӣ фаро гирифта шудаанд.

Дар семоҳаи соли равон шуъбаи маориф баҳри баланд бардоштани савияи дониши илмӣ-методии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ тавассути лоиҳаи USAID “Ҳамроҳ бихонем” пайваста кор бурда, тибқи нақша аз моҳи январи соли ҷорӣ омӯзгорони синфҳои ибтидоии таълимгоҳҳои шаҳр зина ба зина аз курси такмили ихтисос гузаронида шуда, муассисаҳои таҳсилотии шаҳр маводҳои таълимии ройгон таъмин карда шуданд.

“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

Мутобиқ ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.02.2023, №АП-330, қарори раиси шаҳри Ҳисор аз 18.01.2024, №18 ва фармоиши шуъбаи маориф аз 24.01.2024, №24 “Дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба муассисаҳои таҳсилотии шаҳр дастрас карда шуд. Озмун дар асоси Низомномаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи 6 номинатсия ба роҳ монда шуда, даври аввали озмун дар муассисаҳои таҳсилотӣ аз 2 то 14 моҳи март гузаронида шуд. Дар даври аввали озмун 15245 нафар аз ин теъдод 11669 нафар духтарон иштирок намуда, ба даври шаҳрӣ 2062 нафар аз ин теъдод 1621 нафар духтарон роҳхат гирифта, корҳо дар ин самт идома дорад.

“Илм- фурӯғи маърифат”

Мутобиқ ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.01.2024, №АП-481, қарори раиси шаҳри Ҳисор аз 18.01.2024, № 19 ва фармоиши мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор аз 31.01.2024, №31 дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ба тавсиб расида, мутобиқ ба Низомномаи озмун дар муассисаҳои таълимии шаҳр аз рӯйи 7- наминатсия дар моҳи апрел баргузор мегардад. Инчунин дар шурои шуъбаи маориф моҳи феврали соли ҷорӣ тартиби гузаронидани озмун тибқи Низомнома мавриди омӯзиш қарор дода шуда, дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ ҳайати ҳакамони озмун таъсис дода шуда, корҳо дар ин самт идома дорад.

Шуъбаи маориф ва Ҳизби халқи демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор баҳри баланд бардоштани савияи дониши хонандагон озмунҳои “Тоҷикистони ман” ва “Шоҳнома ватан аст”-ро роҳандозӣ карда, дар айни замон дар остонаи анҷомгирӣ қарор дорад.

Фаъолияти Маркази миллии тестӣ

Ҳамзамон, қайд бояд кард, ки аз 01.03.2024 дар ҳудуди муассисаи таҳсилотии №1-и шаҳр Маркази миллии тестӣ фаъолияти худро оғоз намуд ва даври аввали қабулӣ ҳуҷҷатҳои хатмкунандагони синфҳои 9 ва 11 тибқи талаботҳои Низомномаи ММТ ба литсейҳо, коллеҷҳо ва донишгоҳҳою донишкадаҳои ҷумҳурӣ оғоз карда шуда, ба ҳолати 2.05.2024, синфи ёздаҳ 1855 нафар ё худ 64% ва синфи 9нуҳ 560 нафар ҳуҷҷат супорида, корҳо дар ин самт идома дорад. Таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва синфи 9-ум 512/407 духтарон бу муассисаҳои миёнаи касбӣ дохил шуданд.

Дастовард

Ба маълумоти Шумо мерасонам, ки дар асоси фармоиши Вазири маориф ва или Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24  апрели соли 2024, №466  рӯзҳои 27-29  апрел  дар Мактаби байналмилаии Президентӣ дар шаҳри Душанбе олимпиадаи фаннии хонандагони симнфҳои 5-6 баргузор гардид. Дар он аз муассисаҳои таҳсилотии тобеи шаҳри Ҳисор   55 нафар хонандагон аз муассисаҳои №3,15,17, 36,  47, 50,77, 84, филиали литсейи ба номи Ҳотам ва ПВ ва Мактаби Президентӣ иштирок намуда, донишу малакаи худро санҷиданд.

Хонандагони муассисаҳои таҳсилотии шаҳри Ҳисор дар ҷамъбаст соҳиби 35 ҷойҳои 1,2 3 ва 3 ифтихорӣ гардиданд.

Дар маҷмуъ хонандагони шаҳри Ҳисор дар минтақаи шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ сазовори ҷои 1-ум ва дар байни шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  дар ин олимпиада дар қатори 5 гонаи беҳтарин шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дохил гардиданд.

Чойҳои ишғолшуда  чунин натиҷа дорад:

Муассисахои таҳсилотӣ  8 ҷой. ( МТМУ №3,36,  47, 50, 77 ва 84); Литсейи Хотам ва ПВ   14 ҷой; Мактаби президентӣ 13 ҷой.

Ҳамзамон, асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №432 аз 13.04.2024  дар Мактаби байналмилалии Президентӣ  барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 18-22.04.24 даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табии-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ байни хонандагони синфҳои 7-8-уми ҷумҳурӣ баргузор шуд, ки дар он аз муассисаҳои таҳсилотии шаҳри Ҳисор 82 нафар хонандагон иштирок намуданд. Дар ҷамъбасти олимпиада хонандагони шаҳри Ҳисор сазовори 29 ҷойҳои 1. 2 ва 3 ва 2 ифтихорӣ гардиданд.

Дар Мактаби байналмилалии Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе рӯзҳои 27-31.03.24 даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ аз фанҳои табии-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ байни хонандагони синфҳои  11-уми ҷумҳурӣ баргузор шуд, ки дар он аз муассисаҳои таҳсилотии шаҳри Ҳисор 41 нафар хонандагон иштирок намуданд. Дар ҷамъбасти олимпиада хонандагони шаҳри Ҳисор сазовори 11 ҷойҳои 1. 2 ва 3 ва 3 ифтихорӣ гардида, дар минтақаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ соҳиби мақоми якумро соҳиб гашта, дар даҳгонаи беҳтарин шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ шомил гардиданд.

Ҳамчунин, аз шуъбаи маорифи шаҳр афзуданд, ки мо талош мекунем, ки хонандагонро бештар ба озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ омода кунем ва дастовардҳои назаррас ба даст орем.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь