“Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.”

Эмомалӣ Раҳмон

 Рушди соҳаи маориф омили асосии баланд бардоштани сатҳи маънавиёти мардум буда, барои дар руҳияи баланди меҳандӯстию хештаншиносӣ, тарбия ва ба камол расонидани фарзандони мардум масъулияти баландро бар дӯш дорад, – гуфт мудири Шуъбаи моарифи ноҳияи Кӯшониён Вализода Бобоҷон ва илова кард, ки дар ноҳияи Кӯшониён бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат, Вазорати моариф ва илми кишвар, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорону волидон соҳаи маориф сол аз сол ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, аз ҳисоби ҳама сарчашмаҳои даромад муассисаҳои тиббии нав, синфхонаҳои иловагӣ сохта ба истифода дода шудаст, ки ин дар раванди таълиму тарбияи насли наврас таъсири хуб расонида истодааст.

Дар идома ӯ қайд кард, ки Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён фаъолияти худро дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Қарорҳо ва Қонунҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Консепсияи миллии маълумот, Консепсияи миллии тарбия, фармону супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳуҷҷатҳои муҳими аҳамияти соҳавидоштаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва ноҳияи Кӯшониён, Раёсати маорифи вилояти Хатлон амалӣ намуда истодааст.

Фаъолияти пурсамари соҳаи маорифи ноҳия дар давоми сол

Мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур афзуд, ки дар ноҳияи Кӯшониён айни замон 60 муассисаҳои таълимӣ, аз ҷумла 52 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 2 муассисаи таҳсилоти асосӣ, 4 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 1 Мактаби Президентӣ, 1 Гимназияи давлатӣ, инчунин 9 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла 1 муассисаи томактабии хусусӣ бо номи «Садаф», 1 Маркази таҳсилоти иловагӣ ва дар назди шуъбаи маориф 1 Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва 1 Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ фаъолият намуда, истодаанд.

Ба гуфтаи номбурда шумораи умумии омӯзгорон 2735 нафар (аз ҷумла 1784 нафар занҳо) буда, аз ин шумора 1899 нафар бо маълумоти олӣ, 148 нафар олии нопурра, 136 нафар миёнаи махсус, 115 нафар миёнаи умумӣ ва 64 нафар ғайри ихтисоси педагогӣ мебошанд. Инчунин 187 нафар омӯзгорон бо унвони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар бо унвони «Корманди шоиста», 1 нафар дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 2 нафар дорандаи Ҷоизаи раиси вилояти Хатлон мебошанд. Тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 59 нафар мутахассисон ба ноҳияи Кӯшониён фиристода шудаанд, ки аз инҳо 46 нафарашон аз рӯйи ихтисос бо ҷойи кор таъмин карда шуда, 8 нафар дар хизмати ҳарбӣ ва 5 нафар дар дигар шаҳру ноҳияҳо кор ва фаъолият карда истодаанд.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 59502 нафар хонандагон ба таълим фаро гирифта шуда, хонандагони аз  синфи як то чор 26158 нафар буда, синфи 5 то 9 26847 нафар, синфҳои 10-11 5370 нафар мебошанд. Шумораи хатмкунандагони синфи 11 2737 нафар аст.

Рушди муассисаҳои томактабӣ

Қайд гардид, ки дар ноҳияи Кӯшониён 9 адад муассисаҳои томактабӣ, аз ҷумла 1 адад муассисаи томактабии хусусии ба номи “Садаф” амал намуда, 1146 нафар тарбиятгиранда ҷалб шудаанд, ки ба онҳо 60 нафар мураббияҳои касбӣ дар 60 гурӯҳҳо машғули кору фаъолият мебошанд. Дар назди 59 муассисаҳои таълимии ноҳия 143 гурӯҳ Маркази инкишофи кӯдакон амал мекунад, ки дар онҳо 4111 нафар кӯдакони синни томактабӣ ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Айни замон аз тарафи «Лоиҳаи инкишофи барвақтии кӯдакон ва густариши сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» муассисаҳои томактабии №4 ва 7 пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, таъмири муассисаи томактабии №5 идома дорад.

Шумораи довталабон зиёд шудааст

Мусоҳиби мо илова кард, ки дар соли таҳсили 2022-2023 синфи 11-ро 2515 нафар хатм намуда, аз ин шумора 1915 нафар тариқи Марказии миллии тестӣ, 22 нафар тариқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 17 нафар ба хориҷи кишвар, 12 нафар мақомотҳои қудратӣ, 156 нафар ба курсҳои кӯтоҳмуддат, 131 нафар ба литсейҳои касбӣ техникӣ дохил шуданд, ки дар умум 1987 (79%) нафар хатмкунандагон соҳиби номи донишҷӯй гардиданд.

Бо мақсади иҷрои фармоиши мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Кӯшониён аз 17.03.2023, №109 “Дар бораи баргузории даври якуми тартиби қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2024 аз ноҳияи Кӯшониён дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 озмуни ноҳиявии қабули донишҷӯён ба муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2024 санаи 31.03.2023 баргузор гардид, ки 103 нафар хонандагон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Инчунин санаи 30.05.2023 дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав даври ҷумҳуриявии озмуни квотаи Президентӣ баргузор гардид, ки дар ин озмун 22 нафар довталаб соҳиби номи донишҷӯй гардидаанд.

Заҳматҳо бе подош нахоҳанд монд

Дар асоси нақшаи кабинети методӣ ва Низомномаи озмуни “Омӯзгори сол” санаи 24.02.2023 дар муассисаи таълимии №3 озмуни “омӯзгори сол” баргузор гардид. Дар озмун омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд ва омӯзгори муассисаи таълимии №35 Бунафшаи Нусратулло сазовори ҷойи аввал гардида, ба даври вилоятӣ пешниҳод карда шуд, ки дар даври вилоятӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид, – илова кард мавсуф. Тибқи Низомномаи озмуни «Беҳтарин директори муассиса» барои дарёфти ҷоизаи Соҳиб Табаров байни директорони муассисаҳои таълимӣ озмун гузаронида шуд. Дар ин озмуни директори муассисаи таълимии №1 Раҳимова Матлуба ғолиб гашта ба даври вилоятӣ роҳхат гирифт. Санаи 24.06.2023 дар ноҳияи Муъминобод даври вилоятии озмуни мазкур баргузор шуд, ки Раҳимова М. фаъолона иштирок намуда, бо нишони фахрӣ ва ифтихорномаи Сардори Раёсат сарфароз гардонида шуд. Барои иҷрои нақшаи пешбинишудаи Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар минтақаи Бохтар дар соли 2023 25 нафар директорон, 27 нафар муовинони директор, 8 нафар раисони созмонҳои хонандагон, 15 нафар китобдорон, 10 нафар мураббияҳои муассисаҳои томактабӣ ва 493 нафар омӯзгорони фаннӣ барои сайқал додан касби худ ба омӯзиши курсҳои Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар минтақи Бохтар ва шаҳри Душанбе равон карда шуданд, ки нақша дар соли 2023 102,6% иҷро карда шуд.

Дастовардҳо

Дар моҳҳои ноябр – декабри соли 2023 даври сеюми олимпиадаи вилоятии синфҳои 11 баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии ноҳияи Кӯшониён хеле хуб иштирок намуда, соҳиби 24 ҷойи намоён ва ифтихорӣ гардида, ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ (анъанавӣ) роҳхат гирифтанд. Тибқи нақшаҳои тасдиқнамуда ва фармоиши сардори Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон давра ба давра 685 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои давраҳои минтақавӣ ва вилоятӣ иштироки фаъолона намуда, ба давраҳои минбаъда роҳхат гирифтанд. Шумораи ҷойҳои ишғолнамудаи хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои байналмиллалӣ тариқи фосилавӣ 21 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли гузашта 17 нафар зиёд шудааст. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар соли таҳсили 2022-2023 як нафар хонандаи муассисаи давлатии таълимии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Кӯшониён дар олимпиадаи байналмиллалӣ тариқӣ ҳузурӣ аз фанни физика ба давлати Ветнам сафар намуда, бо гирифтани ҷойи 3-юм бо медали биринҷӣ ба ватан баргашт. Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қарори мушовараи Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 4.11.2022, №10/30, оид ба тасдиқӣ Низомномаи озмуни «Беҳтарин донандаи Кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо фармоиши мудири шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён аз 28-уми марти соли 2023, №110 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 даври ноҳиявии озмуни «Беҳтарин донандаи Кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» миёни хонандагону омӯзгорон баргузор гардид, ки дар озмуни мазкур 168 нафар хонандагони синфҳои 8-11-ум ва 17 нафар омӯзгорон иштирок намуда 3 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва 3 нафар омӯзгорон иштироки фаъолона намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ ва соҳиби роҳхат ба даври вилоятӣ гардиданд.

Таваҷҷуҳ ба озмунҳо

Бо мақсади амалӣ гардонидани иҷрои қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 13-уми апрели соли 2023 №322, дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 24-уми феврали соли 2023, №49, оид ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми феврали соли 2023, №АП-331, дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», ҷиҳати иҷрои талаботи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат». ҳамзамон амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» (солҳои 2020-2040) даври аввали озмун дар дохили муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён моҳҳои март ва апрел баргузор гардида, даври дуюм (ноҳиявӣ)-и озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз 17 то 19-уми моҳи майи соли 2023 тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси комиссияи даври вилоятии озмуни мазкур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳия доир гардид. Барои баргузории даври дуюм (ноҳиявӣ)-и озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», бо қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 13.04.2023, №322 Комиссияи даври дуюм (ноҳиявӣ)-и озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз ҳисоби кормандони Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, шуъбаи маориф дар якҷоягӣ бо омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияи давлатии ноҳия таъсис дода шуд. Дар умум аз рӯйи номинатсияи математика ҳамагӣ 46 нафар, физика ва астрономия 34 нафар, химия 57 нафар, биология 63 нафар, география 27 нафар, технологияи иттилоотӣ 19 нафар ва номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ 12 нафар иштирок намуданд, ки дар натиҷа аз рӯйи номинатсияҳои математика 11/3 нафар, физика ва астрономия 11 нафар, химия 12/4 нафар, биология 12/5 нафар, география 14/4 нафар, технологияи иттилоотӣ 12/1 нафар ва номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ 2/1 нафар ғолиби даври дуюм (ноҳиявӣ)-и озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» миёни хонандагон гардиданд. Дар натиҷа аз рӯйи номинатсияҳои математика 4 нафар, физика ва астрономия 4 нафар, география 3 нафар, технологияи иттилоотӣ 4 нафар ва номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ 6 нафар ғолиби даври дуюм (ноҳиявӣ)-и озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» миёни донишҷӯёни донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён дониста шудаанд, ки дар умум аз ноҳияи Кӯшониён 15 нафар дар номинатсияи математика, 15 нафар дар номинатсияи физика ва астрономия, 16 нафар дар номинатсияи география, 16 нафар дар номинатсияи технологияи иттилоотӣ ва 8 нафар дар номинатсияи ихтироъкорӣ ва навоварӣ роҳхат барои иштирок дар даври сеюм (вилоятӣ)-и озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» гардиданд. Дар умум аз ноҳияи Кӯшониён 72 нафар довталабон дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» иштирок намуда, 10 нафари онҳо ба даври ниҳоии озмуни мазкур сафарбар шуданд, ки дар натиҷа аз даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ду нафар бо гирифтани ҷойи дуюм аз номинатсияи ихтирокорӣ бо дастовез баргаштанд. Инчунин бо мақсади таъмини иҷрои қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 1-уми сентябри соли 2022 №764, дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 25-уми июли соли 2022, №223, оид ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7-уми июли соли 2022, №АП-227, дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ҷиҳати иҷрои талаботи Низомномаи озмуни мазкур даври аввали озмун дар дохили муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён дар моҳи март ва апрел баргузор гардида, даври дуюм (ноҳиявӣ)-и озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» аз 17 то 19-уми июни соли 2023 тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси комиссияи даври вилоятии озмуни мазкур дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и ноҳия доир гардид. Бо мақсади дар сатҳи баланд баргузор намудани даври дуюм (ноҳиявӣ)-и озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» оинаи таърихи миллат» аз муассисаҳои таълимии ноҳия омӯзгорони собиқадору кордонро бо қарори раиси комиссияи даври дуюм (ноҳиявӣ)-и озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» оинаи таърихи миллат» ҳамчун аъзои ҳакамони даври дуюм (ноҳиявӣ)-и озмуни мазкур таъин намуданд. Дар ин озмун 153 нафар хонандагон, 35 нафар омӯзгорон ва 22 нафар аз ҳисоби кормандони беморхона ва шахсони касбу кори гуногун иштирок намуданд, ки дар натиҷа аз рӯйи гурӯҳи хонандагони муассисаҳои таълимӣ 7 нафар, гурӯҳи донишҷӯён 5 нафар ва гурӯҳи омӯзгорону шахсони касбу кори гуногун 5 нафар, дар умум 17 нафар ғолиби даври дуюм (ноҳиявӣ)-и озмуни ҷумҳуриявии ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» гардида, барои иштирок дар даври сеюм (вилоятӣ) роҳ ёфтаанд. Дар умум аз ноҳияи Кӯшониён 17 нафар довталабон дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии мазкур иштироки фаъолона намуда, 1 нафари онҳо ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, ба даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур роҳ ёфтанд.

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маориф аз оғози моҳи октябр то нимаи якуми моҳи декабр даври ноҳиявии олимпиадаҳоро давра ба давра дар муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи фанҳои таълимӣ миёни хонандагони синфҳои 5-11 баргузор намуд, ки зиёда аз 2623 нафар хонандагон иштирок намуданд. Дар даври ноҳиявии олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон толибилмон аз муассисаҳои таълимӣ иштироки фаъолона намуда, 462 нафари онҳо сазовори ҷойҳои намоён гардида ба давраҳои вилоятӣ роҳхат гирифтанд. Дар ин сабқатҳои зеҳнӣ хонандагон аз муассисаҳои таълимии №№ 1, 3, 5, 9, 10, 14, 20, 26, 32, 35, 39, 43, 52, 62, 70, 71, Гимназия ва Муассисаи давлатии таълимии Мактаби Президентӣ бо дониши баланд ва рафтори намунавӣ иштироки фаъолона намуда, дар раддабандӣ дар ҷойи аввал меистанд. Хонандагони муассисаҳои таълимии №№ 2, 4, 7, 8, 11, 12, 13, 15, 16, 17, 18, 19, 21, 23, 25, 27, 38, 47, 57, 60, 61 ва 65 бо дониши хуб ва балҳои қаноатбахши соҳибгардидаашон дар раддабандӣ дар ҷойи дуюм қарор доранд.

Муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ

Мудири Шуъбаи моарифи ноҳияи Кӯшониён қайд кард, ки вобаста ба зиёд гардидани шумораи хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ дар соли таҳсили 2023-2024 муҷаҳҳазгардонии кабинетҳои фаннӣ ва техналогияи иттилоотӣ ташкил шуда истодааст. Маркази технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ бо дархостҳои директорони муассисаҳои таълимии №1, 2, 7, 15, 16, 17, 20, 21, 25, 27, 28, 32, 35, 39, 41, 55 ва 61 зиёда аз 375 адад компютерҳо таъмиру ташхис шуданд. Маркази технологияи иттилоотӣ – коммуникатсионӣ бо дастгирии Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бунёди китобхонаи электронӣ дар дискҳо (CD, DVD) сабт намудани вариантҳои электронии китобҳои дарсӣ ва филмҳои овозии таълимӣ бо забони давлатӣ китобҳои дарсиро аз синфи 1 то 11 дар шакли электронӣ дискҳои таълимӣ дастраси муассисаҳои таълимии ноҳия гардониданд, ки дискҳо ва наворҳои видеоии филмҳои таълимӣ, китобҳои дарсии электронӣ ба таври фаъол мавриди истифода қарор гирифта истодаанд. Муассисаҳои таълимии ноҳия бо тариқи модем (33 муассиса) ва бо ширкати «ВАВИЛОН» (намуди пайвастшавӣ ба интернет (ADSL, WiMAX, Dial-Up, Opnic, Wi-fi) ҳамкорӣ намуда, ба шабакаи интернет пайваст шуда истодаанд, ки айни замон муассисаҳои таълимии №№ 2, 9, 10, 26, 35, 43, Мактаби Президентӣ ва шуъбаи маориф ба тариқи антенна пайвастанд, ки то ҳол истифодабарии интернет дар муассисаҳои таълимӣ танҳо бо тариқи модем мушоҳида карда мешавад. Муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки шартномабандиро байни ширкатҳо барои истифодабарии шабакаи интерент ба роҳ монанд.

 Амалигардии барномаҳои давлатӣ

Дар панҷ соли муқарраргардидаи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия (аз солҳои 2018 то 2022) бо 1239 адад компютер бо мизу курсиҳои махсус ва 57 адад тахтаи электронӣ (57 адад видеопроектор) бояд таъмин карда мешуд. Тибқи талаботи Нақшаи мазкур аз соли 2018 то инҷониб дар муассисаҳои таълимӣ 376 адад компютер, 35 адад тахтаи электронӣ, 19 адад принтер ва 47 адад видеопроектор харидорӣ карда шудааст. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Кӯшониён дорои 77 синфхонаҳои компютерӣ, 30 адад тахтаи электронӣ ва 45 адад видеопроектор буда, бо 1900 адад компютер ва 145 адад принтер таъмин мебошанд. Дар соли 2023 аз ҷониби Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 106 адад компютер, 24 адад тахтаи электронӣ ва 24 адад видеопроектор тариқи ройгон дастрас карда шуд, ки аз ин миқдор 6 адад компютер ба шуъбаи маориф, 100 адад компютер, 24 адад доскаи электронӣ ва 24 адад видеопроектор ба муассисаҳои таълимии ноҳия таъмин карда шуданд. Инчунин соли ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои муассисаҳои таълимии ноҳия 113 адад компютер харидорӣ карда шудааст. Ҳамзамон аз ҷониби Бонки рушди Исломӣ ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №60-и ноҳия 29 адад моноблок дастрас карда шудааст, ки дар соли 2023 242 адад компютер ба муассисаҳои таълимии ноҳия ворид гардидааст. Тибқи фармоиши мудири шуъбаи маориф Маркази технологияи иттилоотӣ оид ба «харитасозӣ» ва баҳодиҳии пайвастшавӣ ба Интернет, муайян намудани мавҷудият ва талаботи таҷҳизоти компютерӣ ва инфрасохтори зарурӣ дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Кӯшониён корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуд. Дар муассисаҳои таълимӣ зиёда аз 100 нафар омӯзгорони фанни технологияи иттилоотӣ кор ва фаъолият карда истодаанд, ки 10 нафар донишҷӯ ва 3 нафарашон ғайриихтисос мебошанд. Директорони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки омӯзгорони ихтисосманди фанни технологияи иттилоотиро ба кор ҷалб намоянд.

Насби камераҳои мушоҳидавӣ

Қайд кардарн бамаврид аст, ки дар бинои шуъбаи маориф 5 адад, дар 60 муассисаҳои таълимӣ 584 адад ва дар 8 муассисаҳои томактабӣ 45 адад камераҳои мушоҳидавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Шумораи умумии камераҳои мушоҳидавӣ 629 ададро ташкил медиҳад, ки айни замон 489 адад камераҳои мушоҳидавӣ дар ҳолати корӣ ва 140 адад дар ҳолати таъмирталаб қарор доранд. Дар муассисаи таҳсилоти иловагии назди шуъбаи маориф 12 намуди маҳфилҳо амал мекунанд, ки дар онҳо 370 нафар хонанда аъзо буда, дар 32 гурӯҳ 9 нафар омӯзгорон касбу ҳунар меомӯзонанд. Дар назди муассисаҳои таълимии №1, 3, 4, 7, 16 ва 20 маҳфилҳо низ фаъолият менамоянд. Мақсади гузаронидани чунин сӯҳбатҳо дар он аст, ки бояд сифати кори худро боз ҳам хубтар намуда, насли наврасро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намоем. Ҳамчунин санаи 20.01.2023 аз тарафи директори Муассиса нисбати кору фаъолияти роҳбарони маҳфили “Гулдӯзӣ-чакандӯзӣ” дар муассисаи таълимии №1 таҳлил гузаронида шуд. Инчунин дар давоми соли 2023 маротиба бо роҳбарони Созмони хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия семинарҳои доимоамалкунанда гузаронида шуданд.

 Иштирок дар озмунҳои китобхонӣ

Дар асоси қарори раиси ноҳияи Кӯшониён аз 13.04.2023 сол таҳти №321 бо мақсади иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 24-уми феврали соли 2023, №47 оид ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-юми феврали соли 2023, №АП-330 дар бораи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ҳамзамон дар сатҳи зарурӣ омода намудани қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва сокинони ноҳия ба озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи сӯбҳи донои китоб аст» чораҳои зарурӣ андешида шуданд. Санаи 20-уми марти соли 2023 дар муассисаи таълимии №14 даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» гузаронида шуд. Дар ин озмун аз 80 нафар хонандагон 44 нафар ба даври вилоятӣ роҳхат пайдо намуда, дар даври вилоятӣ иштирок карда, ду нафар хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 Шарипова Фарзона аз номинатсияи адабиёти бачагона ва хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №20 аз номинатсияи адабиёти бачагона ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат пайдо намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд. Албатта чунин дастовард кам буда, моро қонеъ карда наметавонад. Аз шумораи умумии 58375 нафар хонандагон ба даври ноҳиявӣ 80 нафар хонандагон иштирок намудаанд, ки 7,2 %-ро дарбар мегирад ва аз шумораи умумии 2739 нафар омӯзгорон 2 нафар омӯзгорон иштирок намуданд, ки 1,3%-ро дар бар мегиранд. Баъди ба даст омадани чунин муваффақиятҳо таъмин будани омӯзгорон бо маводҳои таълимӣ ва хонандагон бо китобҳои дарсӣ ба ҳисоб меравад. Шумораи китобдорони муассисаҳои таълимии ноҳия 53 нафар буда, 23 нафар бо маълумоти олӣ, 7 нафар бо маълумоти олии нопурра, 21 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ва 6 нафар бо маълумоти миёнаи умумӣ кор ва фаъолият карда истодаанд.

 Таъминот бо китобҳои дарсӣ

Дар соли 2023 аз тарафи Маркази табъу нашри Вазорати маориф ва илм 116 ҳазору 395 адад китобҳои иҷоравӣ ба маблағи 2 миллиону, 444 ҳазору 986, сомониву 74 дирам маводҳои таълимӣ ба миқдори 113 ҳазору 209 нусха ба маблағи 830 ҳазору 445 сомонӣ ва 12 ҳазору 564 нусха ба маблағи 212 ҳазору 832 сономиву 53 дирам ворид гардида, дастраси хонандагон гардонида шуда бошад ҳам, норасоии китобҳо дар қисме аз фанҳои таълимӣ ба назар мерасанд. Аз шуъбаи маориф ба миқдори 85 ҳазору 500 нусха китобҳои дарсӣ, 49 ҳазору 480 нусха маводҳои таълимӣ ба Вазорати маориф дархост пешниҳод карда шудааст.

Пояи давлат набошад бе маориф устувор

Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати амалӣ намудани Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», инчунин дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз тамоми шароиту имкониятҳои мавҷуда васеъ истифода бурда, барои боз ҳам беҳтар гардидани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии ноҳия, бунёди муассисаҳои таълимӣ, синфхонаҳои иловагӣ ва зиёд кардани дастовардҳои хонандагон ҳама донишу малакаи худро сарф карда, дар оянда бо дастовардҳои назаррас ноил хоҳанд шуд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь