Омӯзгоре, ки касбашро дӯст медорад, метавонад манфиатҳои кӯдакро ба самти дуруст равона созад, малакаҳои заруриро барои бунёди ҳаёти хушбахтона тарбия кунад. Дар баробари ин худи муаллим бояд дониши худро пайваста пурра намояд, маълумоти дар сараш маҳфузбударо нав созад. Илм дар як ҷо намеистад. Омӯзгор хушбахт он вақт аст, ки шогирдонаш муваффақанду комёб. Беҳуда нагуфтаанд: Ҷабри устод беҳ зи меҳри падар. Ибораву ташбеҳоти дар боло оварда шуда ба заҳмат ва талошҳои омӯзгорони ноҳияи Фархор мувофиқ меоянд.

Соли хониши 2022-2023 аз ҳар ҷиҳат барои кормандони шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор соли  хотирмон ва фаромӯшнаванда мебошад. Шуъбаи маорифи ноҳия фаъолияти кории худро дар асоси талаботи санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии соҳа, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, баҳри баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҳалли барномаҳои таълимӣ, иштироки васеи хонандагон дар озмунҳои вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ тадбирҳои амалиро роҳандозӣ намуда истодаанд.

Дар ноҳия дар соли нави таҳсил 70 адад муассисаи таълимӣ, аз ҷумла 59 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7 адад муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 2 адад гимназияҳои давлатии таълимашон бо забони русӣ, 2 адад литсейҳои давлатӣ, 1 адад парваришгоҳи наздимактабӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Муассисаи таҳсилоти иловагӣ, Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ бо фарогирии 42600 нафар хонандагон, ки аз онҳо 20585 нафарашон духтарон мебошанд, фаъолият менамояд. Ба онҳо 2732 нафар омӯзгорон дарс медиҳанд, ки аз инҳо 1661 нафарашон занон буда, ба таълиму тарбияи насли наврас машғул мебошанд. Шумораи хонандагон нисбати соли гузашта ба 1223 нафар расидааст, ки 3,2%-ро ташкил медиҳад. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия эҳтиёҷоти кадрӣ ба ҳолати имрӯза ба ҳафт нафарро дар самти таълими фанҳои риёзӣ, химия, физика, биология, забони англисӣ, технологияи иттилоотӣ мебошад. Шумораи омӯзгорони нафақахӯр дар ноҳия ба 407 нафар расидааст.

Дар ноҳия 10 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 785 нафар кӯдакон фаъолият менамояд. Дар муассисаҳои томактабии мазкур 34 нафар мураббияҳо фаъолият мекунанд, ки аз ин шумора 14 нафар дорои маълумоти олӣ, 5 нафар дорои таҳсилоти олии нопурра, 15 нафар дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ мебошанд. Зиёдшавии тарбиятгирандагон дар муассисаҳои томактабӣ нисбати соли гузашта, 17 нафар зиёд гардидааст, ки 2,1%-ро ташкил медиҳад. Дар ноҳия муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти томактабии  хусусӣ вуҷуд надорад. Инчунин имсол дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 145 гурӯҳи маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 4069  фаъолият мекунанд, ки нисбати соли гузашта 3,5% зиёд мебошад. Дар соли ҷорӣ хатмкунандагони синфҳои 11-ум 2255 нафарро ташкил дода, аз ин 1071 нафарашон духтарон мебошанд. 74,1%-и хонандагон ба муассисаҳои олӣ ва хориҷи кишвар дохил шудаанд.

Дастовардҳои хонандагон

Имсол ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии мактаббачагон 43 нафар хонандагони синфҳои 5-11 роҳхат гирифта буданд, ки 11 нафар бо гирифтани медали биринҷӣ сазовори ҷойи 3-юм ва 2 нафар ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардиданд, ки аз муассисаҳои таълимии №3, 10, 27, 33, гимназияи №1, 2, литсейи №1,2 мебошанд. Хонандаи муассисаи таълимии №24 Шарифов Шоҳрух дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи сеюм гардид. Хонандагони муассисаҳои таълимии №10, 25 соҳиби медали тилло ва аттестати аъло ва шаҳодатномаи универсалӣ гаштанд, ки ин муваффақият дар бист соли наздик набуд.

Дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 1238 нафар хонанда ва 12 нафар омӯзгорон иштироки фаъолона доштанд, ки ба даври вилоятии озмун 12 нафар хонандагону 3 нафар омӯзгорон роҳхат гирифта, 5 нафар ба даври хотимавӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври аввали озмуни “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” 1427 нафар хонандагон ва 14 нафар омӯзгорон иштирок намуда, ба даври ноҳиявии озмуни мазкур 350 нафар роҳхат гирифтанд ва аз даври ноҳиявии озмун 6 нафар хонандагону 3 нафар омӯзгорон ба даври минбаъда роҳ ёфтанд. Инчунин дар озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” хонандагони муассисаҳои таълимии №12,15 ва хонаи бачагон сазовори ҷойи сеюм гаштанд.

Дар давоми соли ҷорӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва ҷалби бештари хонандагон ба илмомӯзӣ озмунҳои “Шоҳномахонӣ”, “Мавлавихонӣ”, “Лоиқхонӣ”, “Ҳофизхонӣ”, “Бедилхонӣ”, “Забондон”, “Донояк”, “Ҳисобдони беҳтарин”, “Хати зебо”, “Кодексдони беҳтарини ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ”, “Хонандаи сол”, “Ватанпарвар” барои омӯзгорон озмуни “Муаллими сол”, “Омӯзгори ҷавони сол”, “Мураббии сол” ташкил ва гузаронида шуда, се нафар дар даври вилоятии озмуни “Мавлавихонӣ” ҷойҳои ифтихориро гирифтанд.

Соли ҷорӣ дар давраи таътили тобистона байни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ аз рӯйи намудҳои “Футболи хурд, Волейбол, Тенниси рӯйи миз, Шашка, Шоҳмот” гузаронида шуд, ки ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ ва сипосномаву ифтихорномаҳои комиссияи тадорукоти мусобиқа қадрдонӣ гардиданд. Хонандагони варзишгари муассисаҳои таълимӣ дар мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз ҷумҳурӣ иштироки фаъолона дошта, дар мусобиқаҳои варзишии намуди якҳарбаҳои шарқӣ, Ню-фу контакт, гӯштингирӣ 31 адад медалу ҷоизаҳои варзишӣ ба даст оварданд.

Компютерикунонӣ ва иҷрои барномаҳои давлатӣ

Иҷрои “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” ба охир расид, ки иҷрои Барномаи мазкур дар муассисаҳои таълимии ноҳия дар чунин  сатҳ қарор дорад: Дар соли 2023 ба муассисаҳои таълимии ноҳия 125 адад компютерҳо аз ҳисоби маблағҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ворид карда шуданд, ки ба ҳар як компютер 16 нафар хонанда рост меояд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 51 адад видеопроекторҳо ва 60 адад тахтаҳои электронӣ мавҷуд мебошанд.

Тибқи нақшаи амалишавии “Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷҷаҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Фархор 233 адад кабинетҳои фаннӣ ва 57 адад озмоишгоҳҳои фаннӣ пешбинӣ шудаанд. Мутобиқи ҷадвали тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 бояд 31 адад, дар соли 2022 34 адад кабинетҳои фаннӣ таъсис дода мешуд. Дар моҳи август маъмурияти муассисаҳои таълимии №10, 24 барои таъсиси кабинети лингафонӣ ҷиҳозҳои хониш ворид намуданд.

Дар давоми соли 2023 бошад, 13 адад кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо аз рӯйи таълими фанҳои табиӣ, дақиқ, аз ҷумла химия, технологияи иттилоотӣ бо кӯмаки шарикони рушд, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти ғайридавлатии ЮНИСЕФ дар муассисаҳои таълимии №1, 4, 66, 7, 9, 10, 12, 13, 17, 24, 25, 26, 37, 43, литсейи №1 ташкил карда шуданд, ки дар соли 2023 68,7%-и иҷроиши Барномаи мазкурро ташкил медиҳад.

Бо мақсади амалишавӣ ва боз ҳам беҳтар намудани омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин иҷроиши Қарори раиси  вилояти Хатлон аз 14.06.2021, №184 оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.04.2021, №170 «Дар бораи барномаи мақсадноки давлатии рушди фанҳои риёзӣ, дақик ва табиӣ барои солҳои 2021-2025» амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дакиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040» дар соҳаҳои  илму маориф дар муассисаҳои таълимии ноҳия 33 адад утоқҳои фаннии риёзӣ, 43 адад утоқҳои фаннии технологияи иттилоотӣ, 25 адад утоқҳои фаннии химия ва биология амал мекунанд. Инчунин имсол аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм чор адад утоқҳои кории нав таъсис дода шуданд. Дар муассисаҳои таълимии №2, 3, 10, 12 бахшида ба амалишавии барнома семинарҳо, конференсияҳо, озмуни номӣ аз фанни химия гузаронида шуданд.

Такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон

– Омузгорони фаннӣ дар нашрияҳои ”Омӯзгор”, “Минбари омӯзгор», маҷаллаи вилоятии «Мактаб», оиди таҳким бахшидан ба раванди таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва беҳтар намудани омӯзиши он, тарғиби фаъолияти омӯзгорон ва хонандагони боистеъдод чопи мақолаҳо ва дастурҳои методиро ба роҳ мондаанд.  Дар шуъбаи маориф ва ҳамаи муассисаҳои таълимию томактабии ноҳия вобаста ба амалӣ намудани “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030-юм” Қарори раиси ноҳия, Қарори шурои шуъбаи маориф ба тавсиб расида, ҷиҳати татбиқи он давра ба давра корҳои амалӣ ҷараён доранд. Айни ҳол дар ноҳия 244 нафар омӯзгорон ба таълими забони русӣ, ва 157 нафар ба таълими забони англисӣ вобаста буда, фаъолият менамоянд. Иштирок дар озмунҳои фаннӣ хеле беҳтар гардида, дастовардҳо назаррасанд. Ҳамасола то хатми мактаби миёна чунин низоми забономӯзиро дар партави иҷрои қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба роҳ монда, дар роҳи забономӯзии фарзандонамон комёб шуда истодаем. Имсол дар озмуне, ки дар шаҳри Норак баргузор гардид, панҷ нафар ҷойҳои намоён гирифтанд. Дар муассисаҳои таълимӣ 31 адад кабинетҳои фаннӣ аз фанҳои забонҳои русӣ ва англисӣ амал мекунанд. Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 314 нафар омӯзгорон ва 17 нафар роҳбарони муассисаҳои таълимӣ аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомузӣ гузаронида шуданд, ки 83%-и нақшаи моҳона буда, тибқи нақша то охири сол 460 нафар аз ин курсҳои такмили ихтисос гузаронида  мешаванд, – мегӯяд мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор Лутфулло Мирализода.

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо

Оид ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2021 дар бораи “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025” пешравиҳо дида мешаванд. Дар марказ панҷ маҳфил амал намуда, шогирдони муассисаҳои таълимӣ дар олимпиадаи ҷумҳурӣ аз фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, таърих, забонҳои русию англисӣ иштироки фаъолона доштан. Айни ҳол дар маркази таҳсилоти иловагӣ 14 маҳфил бо фарогирии 560 нафар дар 11 муассисаи таълимӣ амал мекунад. Марказ бо тамоми шароитҳои лозима барои пешбурди фаъолият муҷаҳҳаз мебошад. Дар парваришгоҳи наздимактабии ноҳия 87 нафар тарбиятгиранда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст, ки аз ин шумора 31 нафарашон духтарон буда, нисбати соли гузашта 17 нафар ва ё 1,3% зиёд гаштааст. Фаъолият ва раванди таълиму тарбия дар муассиса аз тарафи Прокуратураи генералӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии ноҳия ва шуъбаи маориф назорат карда мешавад. Як нафар тарбиятгирандаи хонаи бачагон дар даври хотимавии озмуни “Тоҷикистон-Ватани азизи ман” иштирок карда, сазовори ҷойи 3-юм гардид.

Фаъолияти гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот, китобҳои дарсӣ

Сифати таҳсилот ва азхудкунию иҷрои барномаи таълимӣ, фаъолияти гурӯҳҳои идоракунии сифати таҳсилот, риояи талаботҳои баҳогузорӣ сол то сол беҳтар мегардад ва ба ҳолати нӯҳ моҳи соли таҳсили гузашта азхудкунӣ ба 99,9% ва сифати дониш ба 59,9% баробар мебошад. Дар давоми даҳ моҳи соли 2023 9 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 адад муассисаи томактабӣ аз аттестатсия гузаронида шудаанд. Дар 41 муассисаҳои таълимӣ равияҳо амал мекунанд, ки бештари онҳо равияи табиӣ-риёзӣ ва гуманитарӣ мебошанд. Муассисаҳои таълимӣ пардохти иҷораи китобҳои дарсиро дар нӯҳ моҳи соли 2023 ва соли ҷорӣ 91,2% иҷро намудаанд. Дар муассисаҳои таълимӣ норасогии китобҳои дарсӣ то аввали соли 2023, 101029 нусхаро ташкил медод, ки то имрӯз як миқдори он бартараф гардид, аммо 17266 нусха норасогии китоби дарсӣ дида мешавад. Дар асоси низомномаи «Тартиби ба иҷора додани китобҳои дарсӣ ва маблағҳои гардони он» китобҳо ба муассисаҳо ба мӯҳлати муайян барои истифодабарӣ ба иҷора дода мешаванд. Тибқи дархостҳо воридшавии китобҳои нав ба муассисаҳои таълимӣ идома дорад.

Сохтмони иншоотҳои соҳаи маориф

Айни ҳол дар 23 муассисаҳои таълимии ноҳия аз ҳисоби маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор, шарикони рушд, соҳибкорон ва аҳли ҷамоатчигӣ сохтмони муассисаҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ, ҳамчунин 154 синфхона бо 3696 ҷойи нишаст дар як баст идома дорад. Сохтмони ин синфхонаҳо дар мактабҳои тахсилоти миёнаи умумии №5, 14, 22, 28, 30, 31, 53, 3, 26, 35, 54, 19, 25, 47, 13, 38, 51, 57, 64 ва литсейҳои давлатии рақами 1, 2 рафта истодааст.

Сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ дар муассисаҳои таълимии №3, 25, 28, 54 дар арафаи ташрифи Сарвари давлат, Пешвои миллат мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №66 бо иштироки сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода ба истифода дода шуд. Ҳамзамон дар ин давра болопӯши муассисаи таълимии №25 ва муассисаи томактабии №3 ба пуррагӣ азнавсозӣ карда шуд.  Аммо ба ҳамаи ин сохтмонҳо нигоҳ накарда, муассисаҳои таълимии №5, 30 дар ҳолати себастӣ қарор доранд. Муассисаҳои таъмирталаб дар ноҳия 14 ададро ташкил медиҳанд, ки ин муассисаҳои таълимии №1, 3, 7, 9, 10, 12, 16, 23, 24, 25, 29, 33, 34, 59 ба шумор мераванд. Бо баробари зиёдшавии нуфузи аҳолӣ ва пайдоиши деҳаҳои навбунёд дар 8 маҳалла эҳтиёҷ ва зарурат ба муассисаҳо вуҷуд дорад.

Бо мақсади бартараф намудани норасоии мизу курсӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо дастгирии намояндаи ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор оид ба таҷлили 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 500 адад миз ва 1000 адад курсӣ ва ҷевонҳо дар соли 2023 дастрас ва тақсим гардиданд. Дар арафаи саршавии соли хониш бо дастгирии соҳибкорони ватанӣ ва дастгирии Вазорати маориф ва илм боз 800 ҷойи нишаст ва 20 адад тахтаҳои синфӣ барои муассисаҳои таълимӣ ворид гардиданд. Новобаста аз ин муассисаҳои таълимӣ ва томактабии ноҳия ба кӯмаку дастгирӣ низ дошта, эҳтиёҷ ба мизу курсӣ то ҳол вуҷуд дорад.

Квотаҳои президентӣ, стипендияҳо, таъмини либосҳои мактабӣ

Моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Кӯлоб озмуни квотаи Президентӣ баргузор гардид, ки дар озмуни мазкур 65 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок доштанд, ки 17 нафар хатмкунандагон дар озмун дастболо гардида, соҳиби номи донишҷӯӣ шуда, ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар дохил гардиданд. Инчунин дар ин давра 60 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия гирандагони Стипендияи Президентӣ гардиданд. Дар даҳ моҳи соли ҷорӣ 28 нафар омӯзгорони пешқадам қадршиносӣ шуданд. Дар ин давра бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия бо иштироки васеи намояндагони васоити ахбори омма 5 конференсияи сатҳи ноҳиявӣ дар мавзӯи «Ҳифзи пиряхҳо», «Андар шинохти мақому манзалати омӯзгор» гузаронида шуданд.

Дар давоми сол бахшида ба эълон шудани «Солҳои рушди саноат» шуъбаи  маориф вобаста ба таъмини сару либоси  мактабӣ ва ба роҳ мондани дӯхти он дар корхона ва коргоҳҳои истеҳсолии ватанӣ бо ҶДММ «Самои К» (барои 11 ҳазор, иҷроиш 1700 адад), корхонаи дӯзандагии «Варзишгоҳ», (барои 4249 нафар, иҷроиш 300 адад), «Умар-саноат», (барои 4121, иҷроиш 170 адад), ҷамъ барои 19370 нафар хонанда шартнома баст, ки он иҷро гардид.

Рӯзномаи соҳавии «Минбари омӯзгор»

Мирализода мегӯяд, нашрияи «Минбари омӯзгор», ки дар назди шуъбаи маориф амал намуда, масъалаҳои мубрами рӯзро пайваста пайгирӣ менамояд, дар самти тафаккури зеҳнии хонандагон, китобхонии омӯзгорон ва нафарони касбу кори гуногун саҳм дошта, маводҳои таълимӣ, мақолаҳо, шеъру тарона, ҳикояҳо ва фикру андешаҳоро ба нашр мерасонад, ки мақолаву дастури онҳо хусусияти тарбиявӣ доранд. Тамоми раванди фаъолияти муассисаҳои таълимию томактабӣ тавассути нашрия нашр шуда, 29 маротиба тариқи шабакаҳои гуногуни телевизионӣ намоиш дода шудаанд. Шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор ҷиҳати пешравии кори соҳаи маориф тамоми имконоти мавҷударо истифода намуда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия кӯшиш ба харҷ медиҳад.

Билоли ШАМС,

МТЖТ, ноҳияи Фархор

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь