Миллате, ки омӯзгори асил надорад, ҳеч гоҳ ба ягон мартаба намерасад. Ифтихор ва сари баланди мост, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд”.
Эмомалӣ Раҳмон
Шуъбаи маориф дар соли 2022 диққати асосиро ба татбиқи амалии Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-декабри соли 2021, иҷрои саривақтии қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастур, амру фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои раиси ноҳия равона намуд.
Омор
Дар ноҳия 61 муассисаи таълимӣ: аз ин 56 – муассисаи таҳсилоти умумӣ, 1- мактаб- интернати ҷумҳуриявӣ, 1- осоишгоҳи бачагонаи “Қаратоғ”, 2 литсейи хусусӣ, 1 литсейи давлатӣ барои хонандагони болаёқат, 3 муассисаи томактабии давлатӣ, 4 муассисаи томактабии хусусӣ, 1-маркази инкишофи кӯдак дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9, 1-маркази инкишофи кӯдак дар назди муассисаи таҳсилоти умумии асосии №28 ва 1-маркази инкишофи кӯдакони хусусӣ фаъолият доранд.
Шумораи умумии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар зинаҳои таҳсилот чунин аст: Зинаи ибтидоӣ – 8 муассисаи таълимӣ, зинаи асосӣ -11 муассисаи таълимӣ, зинаи миёна -42 муассисаи таълимӣ
Кадр
Дар соли 2022 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 1754 – нафар аз онҳо 1345 – нафар занон ба кори таълиму тарбия ҷалб карда шуданд.
бо таҳсилоти олӣ – 1313 нафар (964 – нафар занҳо)
бо таҳсилоти миёнаи махсус-356-нафар (303-нафар занҳо)
бо таҳсилоти олии нопурра 85 нафар (78-нафар зан)
Дар давраи ҳисоботӣ 123 – нафар омӯзгорон бо фармоиши мудири шуъбаи маориф ба кор таъин карда шуданд. Аз инҳо: 36 – нафар бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 40 – нафар омӯзгорони собиқадори ба кор баргашта, 20-нафар бо диплом аз гуруҳҳои шартномавии рӯзона ва буҷетии ғоибона, 11-нафар донишҷӯёни курсҳои 1-5 ва 16 – нафар ба тариқи гузариш.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 14 нафар корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 67/34 нафар Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд.
Нишондод
Дар соли 2022, 11 шӯрои шуъбаи маориф бо баррасии 69 масъала, 11 маҷлиси назоратии назди мудири шуъба бо баррасии 44 масъала, инчунин ҷамъомадҳои назоратии назди мудири кабинети методӣ баргузор гардида, масъалаҳои таълимию тарбиявӣ, рафти иҷрои қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои вазири маориф ва илм, қарору амрҳои раиси ноҳия мавриди санҷиш ва баррасӣ қарор дода шуда, нисбати ислоҳи камбудиҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Аз ташкилотҳои болоӣ марбут ба ин соҳа: 88 мактуб ва нусха аз Протоколҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 220 мактуби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 77 мактуби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, 38 мактуби ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ ва дохилӣ, 17 аризаи хаттии шаҳрвандон ба қайд гирифта шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муассисаҳои томактабӣ
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22.06.2019, №316 “Дар бораи Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025” як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд.
Бо ин мақсад қарори раиси ноҳия аз 27.08.2019, №716, фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 04.10.2019, №108 ва зимни он нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ гардиданд.
Соли 2022 дар ноҳия 7- муассисаи томактабӣ, аз ҷумла 3- муассисаи давлатӣ №1,2,3 ва 4 муассисаи хусусии томактабӣ бо фарогирии 556 нафар кӯдак ва дар назди 36- муассисаи таълимӣ 58 – гуруҳ марказҳои инкишофи кӯдак бо фарогирии 1405- нафар кӯдакони синни 5-6 сола дар умум 1961-нафар кӯдак фаъолият менамояд.
Дар муассисаҳои мазкур 84 – нафар мураббӣ, аз ин 28- нафар бо маълумоти олӣ, 47-нафар бо таҳсилоти миёнаи махсус, 9-нафар (миёна) ғоибхон фаъолият менамоянд.
Музди меҳнат
Музди меҳнати омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф дар соли 2022 ба пуррагӣ пардохт карда шуд.
Таъминоти китоб
Дар соли 2022 аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шуъбаи маориф 45- номгӯ ба миқдори 39427- адад китобҳои дарсӣ ворид гардиданд.
Кабинети методӣ
Курс бо мақсади баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон кабинети методӣ дар асоси нақшаи солонаи аз курси такмили ихтисос гузаронидани кормандони соҳаи маориф, ки бо фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.12.2021, №1557 тасдиқ шудааст, дар шаш моҳи соли 2022 299-нафар омӯзгорон, ҷонишинон ва директорони муассисаҳои таълимӣ ба Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф сафарбар карда шудаанд.
Маркази Миллии тестӣ. Дар сатҳи зарури ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо мақсади дохилшавии довталабон ва хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ тариқи Маркази Миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои зарурӣ ба анҷом расонида шуд.
Шурӯъ аз 1-уми март бақайдгирии довталабон ба Маркази миллии тестӣ оғоз гардида аз шумораи умумии хатмкунандагон, ки 1081- нафарро ташкил медиҳад, 744-нафар аз қайд гузаштанд. Аз ин шумора 612-нафар ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ тариқи Маркази миллии тестӣ, 22-нафар тариқи квотаи Президентӣ ва 55-нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии хориҷи кишвар дохил шуданд.
Аттестатсияи омӯзгорон
Комиссияи аттестатсионии шуъбаи маориф, ки дар асоси фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.10.2022, №1537 таъсис дода шудааст, дар моҳи январи соли 2023 аттестатсияи омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаро гузаронид. Ба комиссия 58-нафар омӯзгорон барои гирифтани дараҷаи тахассуси олӣ, 84-нафар барои гирифтани дараҷаи тахассуси якум ва 81-нафар барои гирифтани дараҷаи тахассуси дуюм пешниҳод шуданд. Фаъолияти комиссияи аттестатсионӣ идома дорад.
Аттестатсияи хонандагон
Гузаронидани аттестатсияҳои аз синф ба синф гузаронидан ва хатм самти асосии кабинети методӣ ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад барои ба анҷом расонидани соли таҳсили 2021-2022 ва ҷиҳати амалигардонии фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2022, №81 «Оид ба анҷоми соли таҳсили 2021-2022» фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 14.02.2022, №22 ба тасвиб расонида шуд.
Нусхаи фармоиши вазири маориф, фармоиши мудири шуъбаи маориф ва саволномаҳои шифоҳӣ дастраси роҳбарони муассисаҳои таълимӣ гардонида шуданд. Шурӯъ аз 3-июн аттестатсияҳои аз синф ба синф гузаронидан ва хатм оғоз гардид, ки тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аттестатсияҳои аз синф ба синф гузаронидан то 10-июн ва аттестатсияҳои хатм 20-июн ҷамъбаст гардид.
Кабинетҳои фаннӣ
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2021, №144 «Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» як қатор корҳо ба сомон расонида шудааст. Аз ҷумла, қарори раиси ноҳия аз 16.09.2021, №650 Дар бораи иҷрои “Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” ба тасвиб расонида шуд. Дар асоси Барномаи мазкур соли 2022 муҷаҳҳазгардонӣ 28-адад кабинетиҳо фаннӣ ба нақша гирифта шудааст.
Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо
Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон санаи 21 декабри соли 2021 таъкид гардид, ки баланд бардоштани сифати рушди нерӯи инсонӣ, дарёфти истеъдодҳо ва дастгирӣ намудани хонандагони соҳибистеъдоду эҷодкор мебошад. Вобаста ба ин Муассисаи давлатии «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо» дар ноҳияи Шаҳринав дар давоми соли 2022 як қатор корҳоро ба анҷом расонид.
Рӯзҳои 29-30 январ ва 5-6 феврали соли 2022 даври минтақавии олимпиадаи фанни барои синфҳои 7-8 баргузор гардид, ки дар он лаёқатмандони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда, 17 нафар аз синфҳои 7-8 сазовори ҷойҳои намоён гаштанд ва ин ғолибон ба даври минтақавии олимпиадаи даставӣ иштирок намуда, 12 нафарашон ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаи даставӣ, ки байни синфҳои 7-8 баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд. 14 нафар лаёқатмандон аз синфҳои 11–ум бошад ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаи анъанавӣ роҳ ёфтанд. Дар даври олимпиадаи минтақавии синфҳои 5-6 ва 9-10, 34 нафар лаёкатмандони ноҳия сазовори ҷойҳои намоён гаштанд.
Ғолибон ба машғулиятҳои иловагӣ вобаста шуда, барои даври ҷумҳуриявии олимпиада омодагӣ дида истодаанд.
Рӯзи 28.02.2022 дар МТМУ№15 даври ноҳиявии озмуни “Шоҳмот” байни наврасони то 16-сола баргузор гардид, ки дар он аз муассисаҳои №15, 45, 46 ва литсейи “Нури ирфон” 54 нафар хонандагони боистеъдоди ноҳия иштирок намуданд. Аз ин шумора 12 нафари онҳо ғолиб дониста шуда, ба даври минтақавии озмун роҳхат гирифтанд.
Соли чорум аст, ки байни хонандагони синфҳои 4-уми муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия аз фанҳои таълимии математика ва табиатшиносӣ озмун гузаронида мешавад. Дар озмун 78 нафар иштирок намуда ғолибон муайян гардиданд. Санаи 02.03.2022 бо мақсади баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонанадагон ба омӯзиши забони англисӣ ва ҷалби онҳо ба олимпиадаҳои байналмиллалӣ дар самти татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забони русӣ ва забони англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” даври ноҳиявии олимпиадаи “Spelling Bee” дар байни хонанадагони синфҳои 5-7 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 гузаронида шуд. Ғолибони даври ноҳиявӣ ба даври минтақави иштирок намуда, 3 нафар сазовори чойи 2 ва 3 гаштанд. Дар даври минтақавии олимпиадаи шоҳмот 5 нафар хонандагони ноҳия сазовори ҷойҳои 1,2 ва 3 гаштанд. Барои дарёфти хонандагони боистеъдод ва ҷалби онҳо дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ, лоиҳавӣ ва ихтироъкорӣ дар назди Маркази рушди истеъдодҳо аз фанҳои биология, география, физика, химия, математика ва шоҳмот маҳфилҳои фаннӣ ташкил карда шуд. Аз ҷумла, хонандагони МТМУ №14 Расулов Ҳусниддин дар олимпиадаи лоиҳавӣ дар академияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, бо пешниҳоди лоиҳаи худ аз фанни химия сазовори ҷойи 1 гардид. Тошева Оиша хонандаи МТМУ №20 дар олимпиадаи “Ҷоми пойтахт” аз фанни биология иштирок намуда, сазовори ҷойи 3 гардид.
Ташкили низомномаи намунавӣ дар муассисаҳои таълимӣ барои баргузор намудани озмунҳои “Хонандаи сол” ва “Беҳтарин муассисаи таълимии кор бо хонандагони боистеъдод” таҳия гардид. Даври ноҳиявии озмуни “Хонандаи сол – 2022” рӯзҳои 20-21 апрели соли 2022 ҷамбаст гардида, ғолибон аз МТМУ №5, 11, 15 муайян гардиданд. Дар ҷамбасти олимпиадаҳои ҷумҳурявӣ хонандагони муассисаҳои таълимии №5, 6, 7, 10, 14, 15, 20, 21, 34, 35, 45 ва 46 ҷойҳои 1, 2 ва 3-ро ишғол намуда, беҳтарин муассисаҳои таълими дар ноҳия дониста шуданд. Ба хотири қадршиносӣ намудани заҳмати устодону шогирдони лаёқатманд ғолибони олимпиадаву озмунҳои гузаронида шуда, рӯзи 29-уми апрели соли ҷорӣ директорони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорону хонандагони лаёқатманд бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи маориф ва Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо сарфароз гардонида шуданд.
Санаи 6 августи соли ҷорӣ кормандони Марказ дар якҷоягӣ бо бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия даври ноҳиявии озмуни гирандагони стипендияи Президентӣ ва раиси ноҳияро гузарониданд, ки дар он 35 нафар соҳибистеъдод ғолиби гирандаи стипендияи Президентӣ ва 30 нафар ғолиби гирандаи стипендияи раиси ноҳия гаштанд.
Тибқи фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 17.10.2022 №116 рӯзҳои 29-30–октябр ва рӯзи 1-уми ноябр даври ноҳиявии Олимпиадаҳои фаннӣ байни хонандагони синфҳои 5-6, 7-8, 9-10 ва 11 баргузор гардид. Дар Олимпиадаи ноҳиявӣ аз муассисаҳои таълимии ноҳия 1661 нафар хонандагон иштирок намуда, 293 нафар ғолибият ба даст оварданд.
Ҷойи 1-ум -60-нафар, Ҷойи 2-юм 79нафар, Ҷойи 3-юм 115нафар, ҷойҳои ифтихориро 39-нафар ишғол намуданд.
Дар даври интихобии олимпиада аз фанни физика то сини 16 сола, ки дар Ҷумҳурии Белорусия баргузор гардид тариқи онлайн ду нафар хонандагони МТМУ№9 сазовори ҷойҳои ифтихори гардида ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд.
Ҷиҳати амалишавии Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025 минбаъд низ корҳои судмандро идома хоҳем дод.
Маркази технологияи иттилоотӣ ва комуникатся
Дар асоси “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017, №443 тасдиқ гардидааст, як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд.
Айни ҳол дар муассисаи таълимии ноҳия 732 адад компютер, 118 адад принтер, 38 адад видеопроектор, 12 адад тахтаи электронӣ, мавҷуд буда, ҳамзамон кабинетҳои технологияи иттилоотӣ ва мизу курсии махсус барои компютер ба 294 адад, дар муассиса почтаи ягонаи электронӣ дар 48 муассисаҳои таълимии ноҳия таъсис дода шуданд.
Дар соли 2022 18-адад компютерҳои таъмирталаби муассисаи таълимии №21 ва 20-адад компютерҳои таъмирталаби муассисаи таълимии №5, 10-адад компютерҳои таъмирталаби муассисаи таълимии №7 аз таъмир бароварда шуда, барномаҳои зарурии корӣ ва таълимӣ насб карда шуд. Инчунин 26 нуқтаи камераҳои мушоҳидавии муассисаҳои таълимии №11,14,15,24,37,40,44 аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд.
Дар буҷети соли 2022 барои хариди таҷҳизот ва техника дар муассисаҳои таълимӣ 395000 сомонӣ маблағ пешбинӣ гардидааст, ки харидории 100- адад компютер, 20 адад доскаи электронӣ дар назар аст. Инчунин дар соли 2022 харидории 67 адад компютер бо ҷалби сарпарастон, соҳибкорон ва кумитаи падару модарон ба нақша гирифта шудаастдар даври ҳисоботи аз ҳисоби буҷет 51 адад компютер харидори карда шуд, ки ин 40%-и барномаи мазкуро дар бар мегирад.
Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ
Бо мақсади иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.07.2020, №427 «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалигардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040» як қатор корҳо ба анҷом расонида шудааст.
Бо мақсади баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорони фанҳои дақиқ дар давраи ҳисоботба Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф 39-нафар омӯзгорон сафарбар карда шуданд.
Ҳамзамон дар муассисаҳои таълимӣ бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ ва ҷалби бештари хонандагон ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ чорабиниҳои гуногуни таълимӣ гузаронида шуд.
Озмуни ҷумҳуриявии “Илм- фурӯғи маърифат”
Бо мақсади амали намудани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3- феврали соли 2022, №АП-155 оиди гузаронидани озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» корҳои назаррасе ба анҷом расонида шуд.
Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дастраси ҳамаи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ гардонида шуда, мазмуну моҳияти озмуни мазкур, тартиби гузаронидани он, тартиби ташкили комиссияи озмун, иштирокчиёни озмун ва дигар талаботҳои низомнома ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ фаҳмонида шуд.
Санаи 12-13.05.2022 даври ноҳиявии озмуни ҷумҳурияаии “Илм –фурӯғи маърифат” дар МТМУ №10 баргузор гардид. Дар озмун 275-нафар иштирокчиён аз муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, литсейи касбии техникии №11 ва дигар шаҳрвандони касбу кори гуногун иштирок намуданд. Аз ин шумора тибқи хулосаи комиссияи озмунӣ ба 38-нафар ғолибон барои иштирок дар даври минтақавӣ роҳхат дода шуд. (1-нафар шаҳрванд, 4- нафар листейи касбӣ техникӣ, 33- нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ).
Дар даври минтақавӣ 35-нафар иштирок, намуда 7-нафар 3-нафар ҷойи 2-юм ва 4-нафар ҷойи 3-юмро сазовор гардиданд. Аз ин 2-нафар донишҷӯ (ихтироъкорӣ), 3-нафар хонанда (физика, география, ихтироъкорӣ), 1-нафар омӯзгор (ихтироъкорӣ) ва 1 нафар калонсол (ихтироъкорӣ).
Ҷамбастии даври 4-уми озмуни Ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” аз 21-25.11.2022 дар Академияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Хонандаи МТМУ №15 Воҳидов Шерзод бо пешниҳоди лоиҳаи худ аз номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” (“Водопарк”) сазовори ҷойи ифтихорӣ гардида, бо ифтихорномаи Академияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Инчунин тибқи протоколи аъзоёни ҳакамони даври ҷумҳуриявиии озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” иштирокчиёни фаъоли озмун Бобоев Фирдавс, Ахмедов Одилҷон (донишҷӯёни ЛКТ-11) ва Муҳаммадиев Нуъмон хонандаи МТМУ №34 имтиёз барои дохил шудан баъди хатм бо ихтисосҳои фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ ва техникӣ ба муассисаҳои миёна ва олии касбӣ бе озмун ба тариқи ройгон дода шуд.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ғолибони даврҳои ноҳиявӣ, минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ: 33-нафар хонандагон, 32 –нафар омӯзгорон, 4- нафар донишҷӯён, 2- нафар калонсолон ва 6- нафар волидайн бо Ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ ба 26300 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуд.
Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”
Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3- феврали соли 2022, №АП-156 ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллии фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ, фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 15.03.2022, №39 озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба тавсиб расида, дастраси масъулин гардонида шуд. Даври аввал дар худи муассисаҳои таълимӣ, даври дуюми озмун байни ғолибони даври аввали (мактабӣ) муассисаҳои таълимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва даври ниҳоӣ байни ғолибони даври дуюм ба нақша гирифта шуд.
Бо ин мақсад вохӯрии мудири шуъбаи маориф бо омӯзгорони фанни забон ва адабиёти тоҷик, китобдорони муассисаҳои таълимӣ оид ба рафти омодагиҳо ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” баргузор гардид. Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи маориф барои омода намудани шогирдон ба озмун ва дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор намудани даври муассисавии озмун дастуру супоришҳо доданд.
Дар даври дуюми озмун (ҷамоатҳои шаҳраку деҳот) 264 нафар довталаб иштирок намуда, ба даври ноҳиявӣ 70-нафар роҳ ёфтанд. Аз ҷумла, (омӯзгор 4- нафар, хонанда 66-нафар) Дар даври ноҳиявии озмун баъд аз омӯзиш, таҳлил ва баҳогузории ҳайати комиссия 33- нафар ғолиб дониста шуда, ҳуқуқи иштирок дар даври минтақавии озмунро ба даст оварданд. (аз ин шумора: 30-нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3-нафар омӯзгор).
Дар даври минтақавӣ аз 33- нафар иштирокчиён 5- нафар сазовори ҷойҳои намоён гардида, барои иштирок ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Инҳо, хонандаи синфи 11-и МТМУ №3 Бобошоева Дилноза аз рӯи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани адабиёти ҷаҳон сазовори ҷойи 1-ум, хонандаи синфи 9-и литсей барои хонандагони болаёқат Миркамолзода Миршариф аз рӯи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани адабиёти ҷаҳон сазовори ҷойи 2-юм, собиқ хонандаи синфи 11-и МТМУ №46 Саидов Анис аз рӯи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани адабиёти ҷаҳон сазовори ҷойи 2-юм, омӯзгори литсейи хусусии “Нури Ирфон” Раҷабова Гулнора аз рӯи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани адабиёти ҷаҳон сазовори ҷойи 2-юм, омӯзгори МТМУ №1 Насимова Насиба аз рӯи номинатсияи хондан ва аз ёд кардани адабиёти муосир сазовори ҷойи 2-юм мебошанд.
Аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ғолибони даври ноҳиявӣ- 15- нафар хонандагон ва 15- нафар омӯзгорон, даври минтақавӣ-5-нафар ва волидайн 5- нафар бо Ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ 19600 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуд.
Сохтмон ва азнавсозӣ
Сохтмону барқарорсозии иншоотҳои соҳаи иҷтимоӣ, алалхусус соҳаи маориф қобили зикр аст. Айни ҳол сохтмони биноҳои нави таълимӣ дар назди МТМУ № 19 (8-синфхона), МТМУ №27 (6-синфхона), МТМУ №33 (6-синфхона), МТМУ №35 (18 синфхона), МТМУ №46 (4-синфхона), МТИ №53 (8-синфхона) аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳал, сарпарастон, соҳибкорон идома дорад.
Ҳамзамон, дар назди муассисаи таълимии №29 4-синфхона, сохтмони 4-синфхона дар назди МТМУ №33 аз ҳисоби Лоиҳаи КАССА-100 ва сохтмони толори варзишӣ дар назди МТМУ №6 аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон босуръат идома дорад.
Бинои нави таълимии МТМУ №41 иборат аз 8-синфхона аз ҳисоби Сафоратхонаи Ҷопон ва Литсей барои 640-нафар хонандагони болаёқат аз ҳисоби маблағҳои Фонди Саудии Рушд дар соли таҳсили 2022-2023 ба истифода дода шуд.
Зимистонгузаронӣ
Бо мақсади иҷрои нақша-чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31.03.2022, №133 фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19.04.2022, №487 ва қарори раиси ноҳия аз 19.04.2022, №188 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти Ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022–2023» фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 4.05.2022, №63 оид ба таъсиси Ситод ҷиҳати омодагии муассисаҳои таълимии ноҳия дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2022–2023 ва нақша-чорабиниҳои шуъбаи маориф иборат аз 18-банд таҳия шудааст.
Эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимӣ ва дигар иншоотҳои соҳаи маорифро бо маводи сӯхт, аз ҷумла ангишту ҳезум, хӯрока ва ғайра, ки дар соли ҷорӣ харидорӣ мешавад, дар мувофиқа бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи “Тартиб ва меъёри истифодабарии ангишту ҳезум дар муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии ҷумҳурӣ”, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.02.2016, №3/3 тасдиқ гардидааст, ба роҳ монда шуд.
Баҳри бомаром гузаронидани маъракаи зимистонгузаронӣ 786 адад печҳои аловӣ, 26 адад генераторҳои барқӣ, 141 адад печҳои барқӣ ва 7 адад буғхона дар муассисаҳои умумии №3,6,39,45, ЛХБ ва муассисаҳои томактабии №1,2 ба ҳолати омодабош қарор доранд. Муассисаи таълимии №1,3,15,42,45 ва кӯдакистони №1 бо хати барқи озод пайваст мебошанд.
Барои гузаронидани маъракаи зимистонгузаронӣ 473180 сомонӣ маблағ ҷудо гардида, дар муассисаҳои таълимӣ ва кӯдакистонҳои ноҳия баҳри самаранок гузаронидани маъракаи зимистонгузаронии солҳои 2022-2023 ба миқдори 471 тонна ангишт (104,4%), 357 м3 ҳезум (116%) ва 1876 литр сӯзишвории дизелӣ (100%) захира карда шуд.
Иҷроиши шишабандӣ, ки тибқи нақша 236 м2-ро ташкил медод, дар муассисаҳои таълимӣ ва томактабӣ пурра ба анҷом расонида шуд.
Аз захираи кардашуда ба ҳолати 30.11.2022 65,1 тонна ангишт, 49,3м3 ҳезум, ва 259,4 литр сӯзишвории дизелӣ истифода бурда шуд.
Шуъбаи маорифи ноҳия аз тамоми шароиту имкониятҳо босамар истифода бурда, баҳри хубтару беҳтар гузаронидани маъракаи зимистонгузаронии солҳои 2022 – 2023 тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Вазифаҳои дар пеш истода
Дар назди коркунони соҳаи маорифи ноҳия вазифаҳои зиёд меистанд:
– баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ
– пурзӯр намудани назорати дохилимактабӣ
– мустаҳкам намудани пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ.
-паст намудани сатҳи ҷиноятсодиркунии ноболиғон, пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо комиссияи ҳуқуқи кӯдак, мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва оила.
– татбиқи Барномаҳои соҳа, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» “Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”
– таъмини бонизоми пардохти маблағҳои иҷораи китобҳои дарсӣ
-ҷалби соҳибкорон, шахсони саховатпеша барои сохтмони муассисаҳои томактабӣ ва муассисаҳои таълимии хусусӣ.
Т. Саторзода,
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳринав