Барои он ки ба мақсад бирасӣ, пеш аз ҳама бояд ҳаракат намоӣ.

Балзак

“Ҳунари воқеӣ ҳамеша муосир, муҳим ва муфид аст”. Ин суханони Достоевский ба заҳмат ва талошҳои маъмурият ва коллективи кормандони Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рост меояд. Тӯли зиёда аз 90 соли фаъолият Коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба мардуми минтақа, вилояти Хатлон ва ҷумҳурӣ хизмати арзанда карда истодааст.                                         

Ҳайати омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар давоми соли ҷорӣ дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастур ва супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Паёмҳои сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ», Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  қарору фармоишҳои мушовараҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва қарорҳои Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, қарорҳои Шӯрои олимони коллеҷ ба роҳ монда, ба натиҷаҳои назарраси таълимӣ, тарбиявӣ ва таҳкими заминаи моддӣ – техникии коллеҷ ноил гардидаанд.

Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ аввалин муассисаи таълимӣ ва маърифатӣ дар ҷануби Тоҷикистон буда, бо қарори Комиссариати маорифи халқи РСС Тоҷикистон моҳи октябри соли 1931 дар шаҳри Кӯлоб ҳамчун курси педагогӣ таъсис дода шудааст. Аз 28 ноябри соли 1934 курси педагогӣ ба техникуми педагогӣ муттаҳид карда шуд. Тибқи Фармони вазири маорифи Тоҷикистон, Кумитаи ноҳиявии КП (б) –и шаҳри Кӯлоб аз 05.07.1935, №14 техникуми педагогӣ ба комбинати педагогӣ табдил дода шуд. Соли 1938 комбинати педагогӣ номи омӯзишгоҳи омӯзгориро гирифт. Мувофиқи фармони вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.06.1959, №342 фаъолияти муассиса боздошта шуда, соли 1960 омӯзишгоҳи педагогӣ аз нав барқарор гардид. То соли 1962 омӯзишгоҳи мазкур дар сохтори Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб буда, аз ҳамин сол муассисаи таълимии номбурда мустақил эълон шудааст. 

Дар солҳои мавҷудияти худ ин боргоҳи маърифат зиёда аз 17  ҳазор омӯзгорони касбиро тайёр намудааст. Коллеҷ дар асоси Оиннома (аз 09.04.2014, №670), Иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пешбурди таълим (Серия АУ №0002744, таърихи додан: 12.04.2019 таҳти №3455 ба қайд гирифта шудааст. Муҳлат 12.04.2024),  аз рӯйи 8 ихтисос: 2-020301- «забон ва адабиёти тоҷик», 2-020302- «забон ва адабиёти рус», 2-0020306-«забони англисӣ», 2-020101-«таърих», 2-010201-«таҳсилоти ибтидоӣ», 2-010100-«математика», 2-010101-«таҳсилоти томактабӣ Оинномаи Коллеҷ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ва асноди меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф мувофиқат менамояд.           Сохтори Коллеҷи омӯзгорӣ аз директор, ҷонишини директор оид ба таълим, ҷонишини директор оид ба тарбия, ҷонишини директор оид ба идора ва хоҷагӣ, шӯъбаи таълим, бахши илм, факултетҳои гуманитарӣ ва табиатшиносӣ, кафедраҳои забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забонҳои хориҷӣ (англисӣ), педагогика ва психология, риёзӣ -табиатшиносӣ ва ҷамъиятшиносӣ, шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ, бахши идоракунии назорати сифати таҳсилот, шӯрои кураторон, шӯрои занон, шӯъбаи кадрҳо, муҳосибот, созмони ҷавонон, иттифоқи касаба, китобхона, қисми хоҷагӣ ва хобгоҳ иборат аст.

Дар коллеҷи омӯзгорӣ дар шашмоҳаи аввали соли 2023 ба ҳолати моҳи июни соли 2023 шумораи умумии ҳайати кадрии муассиса 169-нафарро ташкил дод. Аз ин шумора 99-нафар (59%) занон буда, 149-нафар аз шумораи умумӣ кормандони асосӣ (88%) мебошанд, ки 90-нафарро занҳо, 59-нафарро мардҳо ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумӣ 110 (74%) нафар омӯзгорони асосӣ буда, аз он 66 нафар занон ва 44 нафар мардон ҳастанд. Аз ҷумлаи омӯзгорони асосӣ 2 нафар номзади илм, 36 нафар муаллими калон, 72 нафар ассистент ва коромӯз мебошанд. Аз ҷумлаи омӯзгорони дуҷоякор (17 нафар) 3 нафар доктори илм, 8 нафар номзади илм, 2 нафар муаллими калон, 3 нафар ассистент ва 1 нафар коромӯз мебошанд. Боиси ифтихор аст, ки аз ҷумлаи омӯзгорони асосии муассиса дар шашмоҳаи аввали соли 2023 ду нафар устодон (Раҳимов Абдулқосим ва Қаюмова Мубина) рисолаҳои номзадии худро бомуваффақият дифоъ намуданд, ки ҳар дуи онҳо аз кафедраи забон ва адабиёти тоҷик мебошанд.

Заминаҳои моддию техникӣ, шароити манзилию маишии донишҷӯён, китобхона

Таълимгоҳ аз лиҳози моддӣ-техникӣ ба қадри зарурӣ таъмин аст. Илова ба ин, ба ҳар кафедра 3-4 синфхона вобаста шудааст, ки онро  вобаста ба моҳият ва хусусиятҳои ихтисосҳое, ки аз рӯйи он кафедра мутахассис тайёр мекунад, ҷиҳозонида  аз ҷиҳати илмӣ-методӣ низ бо лавҳаю овезаҳо оро додаанд. Синфхонаҳои компютерие, ки дар назди ду факултет ташкил шудаанд, дорои 33 адад компютер буда, самаранокии дарсҳои амалӣ нисбатан афзалтар аст. Биноҳои таълимии муассиса дорои 40 синфхонаи таълимӣ ва 6 устохонаи таълими истеҳсолӣ мебошад, ки аз ин шумора 26 адади он ба видеотасвирҳо муҷҷаҳаз гардонида шудаанд. Дар умум, дар коллеҷ 135 адад компютерҳо ва 3 адад ноутбук, 11 адад принтери оддӣ, 15 адад принтери 3*1 ва 4 проектор ва 4 тахтаи электронӣ омодаи хидмат мебошанд.

Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дорои як бинои чорошёнаи хобгоҳ мебошад. Дар бинои хобгоҳи коллеҷ донишҷӯён истиқомат намуда истодаанд. Бояд қайд намуд, ки ҳуҷраҳои истиқоматии хобгоҳи коллеҷ дорои шароити хуби зисту зиндагонии донишҷӯён қарор дорад ва донишҷӯён бо кат ва лавозимотҳои ҷойи хоб таъмин мебошанд. Ҳолати нигоҳдории санитарӣ – гигиенӣ ба талаботҳо ҷавобгӯй мебошад. Бо мақсади беҳтар намудани шароити зисти хонандагон дар хобгоҳ ошхонаи алоҳида барои хӯрокпазии донишҷӯён бо тамоми лавозимотҳои зарурӣ омода карда шудааст. Мураббиёни хобгоҳ дар якҷоягӣ бо донишҷӯён дар гузаронидани санаҳои муҳим бевосита фаъолона иштирок менамоянд. Аз тарафи донишҷӯён дар бинои хобгоҳ чорабини бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Бояд тазаккур дод, ки бо дастгирии мураббиён дар бинои хобгоҳ чорабинӣ бахшида ба «Рӯзи Модар» ҷашни Наврӯз низ  дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Фонди умумии китобҳои китобхонаи Коллеҷи омӯзгорӣ дар соли хониши 2023  21123 ададро ташкил медиҳад, ки аз ин 2336 адад китобҳои умумитаълимӣ, 3070 адад китобҳои бадеӣ, аз ин 2000 адад бо забони русӣ ва 1058 адад бо забони тоҷикӣ.  Инчунин, 8512 адад китобҳои методӣ, 3152 китбҳои сиёсӣ, 2192 адад дастурҳои таълимӣ, 380 адад модулҳо ва 1481 адад китобҳои тахассусӣ аз рӯи ихтисосҳо мебошанд. Дар назди китобхонаи электронӣ  толори  хониш бо 40 ҷои нишаст мавҷуд аст. Мувофиқи нақшаи кормандони китобхона ва ҷонишини директори муассиса оид ба тарбия чорабиниҳо оиди идҳои миллӣ ва дигар идҳои касбӣ ташкилу баргузор карда мешаванд.

Иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ

“Муҳимтарин дастовардҳои муассиса дар нимсолаи аввали соли 2023 ин иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмунҳои «Илм-фурӯғи  маърифат», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ва ««Тоҷикон» – оинаи таърихи миллат» ва дар озмуни ҷумҳуриявӣ аз фанҳои таълимӣ мебошад. Дар даври дуюми (шаҳрӣ) озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» донишҷӯёни муассиса Зулҳиҷаи Садриддин ва Моҳсафари Одинааҳмад фаъолияти хуб нишон дода, аз рӯйи номинатсияи адабиёти классикӣ сазовори ҷойи дуюм гардиданд ва ҳуқуқ пайдо намуданд, ки дар даври сеюм (вилоятӣ) иштирок намоянд. Донишҷӯёни ихтисоси математика Қурбонова Дилафрӯз (гурӯҳи 301-ум) ва Маликамои Бозор (гурӯҳи 201-ум) дар даври дуюми (шаҳрӣ) озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Фаъолияти донишҷӯён дар даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» ҳам назаррас буд. Аз 46 нафар довталабоне, ки дар даври якӯм иштирок намуда буданд, шаш нафар сазовори ҷойҳои намоён гардида, ҳуқуқ пайдо намуданд, ки дар даврҳои минбаъдаи озмуни мазкур ширкат варзанд. Аз шумораи умумии иштироккунандагони даври дуюми  (шаҳрӣ) озмуни «Тоҷикон-оинаи таърихи миллат» донишҷӯйи гурӯҳи 101-уми ихтисоси забон ва адабиёти тоҷик Рисолати Қодир донишу маҳорати хуб нишон дода, сазовори ҷойи сеюм гардид ва ҳуқуқ  пайдо намуд, ки дар даври сеюми (вилоятӣ) озмуни мазкур иштирок намояд. Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд. Аз даҳ нафар иштирокчии фаъол донишҷӯён Аминаи Ҷумъахон (гурӯҳи 101-уми ихтисоси таърих), Мадинаи Абдулазиз (гурӯҳи 103-юми ихтисоси технологияи иттилоотӣ) ва Тағоева Дилноза (гурӯҳи 100-уми ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ) маҳорати хуб нишон дода, сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. Номбурдаҳо ҳуқуқ пайдо намуданд, ки дар даврҳои  минбаъдаи ин озмун иштирок намоянд.

Санаи 24-25-уми майи соли 2023 дар Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даври ҷумҳуриявии озмуни фаннӣ аз рӯйи фанҳои гуманитарӣ баргузор гардид. Дар ин озмун донишҷӯён Саидова З ва Наимова Фотима фаъолона иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Боиси сарбаландист, ки дар соли 2023 4-нафар донишҷӯёни муассиса гирандаи стипендияи Раиси вилояти Хатлон шуданд. Маъмурияти муассиса дар оянда низ кушиш ба харҷ медиҳад, ки дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Дар соли ҷорӣ муассисаро 542-нафар хатм намуданд, ки аз онҳо 170 нафар аз шӯъбаи рӯзона ва 372 нафараш аз шӯъбаи ғоибона мебошанд.” – мегӯяд, директори Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ номзади илмҳои  педагогӣ дотсент, Одиназода Латофат Амиршо.

Корҳои тарбиявӣ ва ободониву созандагӣ

Қарорҳои Шӯрои олимони коллеҷ, директор ва дигар санадҳои меъёрии Ҳукумати ҷумҳурӣ роҳандозӣ намуда, корҳои зиёди тарбиявиро ба сомон расонидааст. Иштироки фаъолонаи омӯзгорону кормандони қисмати хоҷагидорӣ ва донишҷӯёни муассиса дар тамоми чорабиниҳои сиёсӣ,  фарҳангӣ ва корҳои ободониву созандагии ҷумҳуриявию вилоятӣ ва минтақавию шаҳрӣ далели ин гуфтаҳо мебошад.  Натиҷаи ҳамаи ин заҳматҳо ва иштироки фаъолонаи аҳли коллективи муассисаи таълимӣ чандин маротиба аз тарафи Ҳукумати шаҳри Кӯлоб, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идораву кумитаҳои дахлдор бо ифтихорномаву сипоснома ва дигар мукофотҳои пулию молӣ қадрдонӣ карда шуданд. Баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии кормандон аз 1-уми январи соли 2023 музди меҳнати кормандони хоҷагӣ ва маъмурияти муассиса музди меҳнати онҳо аз ҳисоби маблағҳои махсус 3 маротиба зиёд карда шуд. Роҳбарияти муассиса ба нақша гирифтааст, ки аз 1-уми сентябри соли 2023 музди меҳнати ҳамаи гурӯҳи кормандони муассисаро аз ҳисоби маблағҳои махсус боз ба андозаи 20% зиёд намояд. Дар ин давра барои боз ҳам ободу зебо ва сарсабз гардонидани саҳни муассиса гулҳои мавсимӣ харидорӣ ва шинонида шуданд. Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Шӯро ва дигар ҷамъомадҳо дар нимсолаи аввали соли 2023 толори Шӯрои олимон ташкил карда шуд, ки ин толор пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуд ва бо таҷҳизотҳои замонавӣ, аз ҷумла, проектор, ноутбук, баландгӯякҳо, тахтаи электронӣ, мизу курсиҳо ва дигар тачҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Дар шаш моҳи соли 2023 якчанд иншоотҳои ёрирасон дар муассиса таъмир ва бо лавозимотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани соли нави таҳсил ва ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои асосии таълимии муассиса аз таъмири ҷорӣ бароварда шуд ва роҳравҳои он бо шиору овезаҳои босифат орову зебо гардонида шуданд. Маъмурияти коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ҳар ҷашну маросимҳо аз ҳолу аҳволи қишри ниёзманди ҷомеа дидан намуда, то ҳадди имкон ба онҳо кӯмакҳои моддии худро мерасонад. Аз ҷумла, бахшида ба 1-уми июн Рӯзи байналмиллалии ҳифзи кӯдакон маъмурияти муассиса ба табрикоти кӯдакони шӯъбаи бачагонаи табобатӣ- профлактикии ба номи Аҳмадҷон Муъминови Маркази вилоятии ҳимоя аз бемории сили рақами 2-и шаҳри Кӯлоб рафтанд. Аз тарафи маъмурияти муассиса ва иттифоқи касабаи кормандони муассиса ба ин марказ маҳсулоти хӯрокворӣ ва ба кӯдакон тӯҳфаҳои идона тақдим карда шуд. Инчунин, роҳбарияти муассиса дар ҳар ҷашну маросимҳо ба кормандони қисми хоҷагидорӣ ва дигар кормандони ниёзманди муассиса кӯмакҳои моддию маънавии худро мерасонад.

Факултаҳои гуманитарӣ, табиатшиносӣ ва шӯъбаи ғоибона

Дар факултети гуманитарӣ 45 нафар омӯзгорони соҳибкасб доктори илм, номзадони илм, дотсентон, саромӯзгорон ва ассистентон кору фаъолият доранд, ки аз ин шумора 39 нафар корманди доимӣ ба таълиму тарбияи насли ҷавон машғуланд. Дар соли таҳсили 2022-2023 дар факултети гуманитарӣ 17-гурӯҳи таълимӣ фаъолият карда, аз оғози нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 288 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд, ки аз ин шумора 275 нафарашонро духтарон ташкил менамоянд. Факултети гуманитарӣ аз 3 кафедра иборат мебошад: Кафедраи забон ва адабиёти тоҷик, Кафедраи забон ва адабиёти рус, Кафедраи забони англисӣ. Мувофиқи ҷадвали басти воҳидҳои корӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 дар факултети табиатшиносии Коллеҷи омӯзгорӣ 89 нафар омӯзгорони соҳибкасб доктори илм, номзадони илм, дотсентон, саромӯзгорон ва ассистентон кору фаъолият доранд, ки аз ин шумора 76  нафар корманди доимӣ ба таълиму тарбияи насли ҷавон машғуланд. Аз теъдоди 13 нафар омӯзгори ҳамкор 9 нафар устодони унвондор  ба фаъолияти таълимӣ машғуланд, ки ин 10,1% – и умумии устодони факултетро ташкил медиҳанд. Аз шумораи умумии устодон (89 нафар) 46  нафари онҳоро (51,7 %)  занон ташкил медиҳанд. Дар факултети табиатшиносӣ аз оғози нимсолаи дуюми соли таҳсили 2022-2023 372 нафар донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд, ки аз ин шумора 350 нафар духтар, 22 нафар писар, 165 нафар тариқи шартномавӣ ва 207 нафар тариқи буҷавӣ таҳсил менамуданд. Факултаи табиатшиносӣ аз кафедраҳои педагогика ва психология, риёзӣ-табиатшиносӣ ва кафедраи фанҳои ҷаъмиятӣ иборат аст. Дар соли таҳсили 2022-2023 факултети табиатшиносӣ, аз 23 гурӯҳи таълими бо шумораи умумии 349 нафар донишҷӯ ташкил ёфта, аз рӯи ихтисоси таърих, математика, информатика, таҳсилоти ибтидоӣ, таҳсилоти томактабӣ ба донишҷӯён сабақ дода мешуд. Аз шумораи 349 нафар донишҷӯ 334 – нафарро духтарон ва 15  нафарро писарон ташкил дода, аз шумораи умумӣ 149 нафар тариқи шартномӣ таҳсил менамуданд, ки 142  нафарашонро духтарон ташкил медоданд. Шӯъбаи ғоибонаи муассиса аз руйи 6 ихтисос фаъолият менамояд: забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, таърих, математика, таҳсилоти ибтидоӣ ва таҳсилоти томактабӣ. Маврид ба зикр аст, ки дар шӯъбаи ғоибона 37 гурӯҳи таълимӣ фаъолият менамояд. Дар курсҳои 1-ум 7 гурӯҳ, дар курсҳои 2-юм 8 гурӯҳ, дар курсҳои 3-юм 18 гурӯҳ мавҷуд мебошад.

Таҷрибаомӯзии донишҷӯён, корҳои илмӣ ва сифати таҳсилот

Роҳбарияти муассиса Одиназода Латофат мегӯяд, ки ҳар сол мувофиқи нақшаи кори шӯъбаи таҷрибаомӯзии коллеҷ дар муҳлатҳои муайян донишҷӯён ба таҷрибаи таълимӣ, омӯзгорӣ ва пешаздипломӣ сафарбар карда мешаванд. Донишҷӯёни курсҳои дуюми факултети табиатшиносӣ мувофиқи нақшаи кории шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ аз 1.04.2023 то 26.04.2023 ба таҷрибаи омӯзгорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 3 ва 5-и шаҳри Кӯлоб ва ба кӯдакистони «Ситора»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сафарбар карда шуданд. Донишҷӯёни ихтисоси таҳсилоти томактабӣ бошад дар кӯдакистони «Ситора» назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷрибаи омӯзгории худро гузарониданд. Машғулиятҳо аз тарафи донишҷӯён бо бозиҳои шавқовар, дарсҳо оид ба гигиена, расмкашӣ, шиносоӣ бо табиату гирду  атрофи муассиса, хондани афсонаҳо мегузашт. Ин донишҷӯён низ дарси кушод дар мавзӯи  «Омодагӣ ба саводомӯзӣ»-ро гузарониданд ва аз тарафи маъмурияти кӯдакистон ба донишҷӯёни коллеҷ миннатдорӣ баён намуданд. Дар соли таҳсили 2022-2023 факултети табиатшиносиро 92 нафар донишҷӯ  хатм карданд. Аз ин шумора 47 нафарашон ба тариқи буҷавӣ ва 45 нафари дигарашон ба тариқи шартномавӣ муассисаро хатм намуданд. Тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 47 нафар хатмкунандаи факултети табиатшиносӣ мувофиқи шартномаи сеҷониба ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб тақсим гардидаанд.   

Дар давраи ҳисоботӣ бо ибтикори факултетҳо ва  кафедраҳо 9 адад конференсияҳои илмӣ-назариявии дохилӣ ташкил ва гузаронида шуданд, ки зиёда аз 41 маърӯзаҳои илмӣ мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода  шуданд. Инчунин, омӯзгорони муассиса дар маҷаллаҳои илмӣ ва матбуоти даврӣ 12 адад мақолаҳои худро рӯйи чоп оварданд. Дар коллеҷ шӯъбаи идоракунии сифати таҳсилот фаъолият менамояд, ки ҳар як нимсола ҷамъбасти мониторинги сифати таҳсилотро гузаронида, сатҳу сифати таълимро дар муассисаи таълимӣ муайян менамояд. Сатҳи донишандӯзии донишҷӯён ба ҳисоби фоиз дар коллеҷ санҷида шуд, ки ҳамагӣ дар муассиса аз 40 фанни таълимӣ дар 40 гурӯҳ аз 654 нафар шумораи умумӣ 620 нафар донишҷӯён иштирок доштанд, ки 39 нафар баҳои 5, 155 нафар 4, 259 нафар 3, 167 нафар баҳои 2 гирифтанд ва %-и сифати дониш (б. 4-5) 31,3 %, %-и азхудкунӣ (б.3-4-5) 73, 1%-ро ташкил дод.

 Билоли ШАМС, МТЖТ, аз шаҳри Кӯлоб

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь