Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи мазкур Каримзода Амиршо Ҳимат суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат номбурда аз Пешвои миллат сипосгузорӣ намуд, ки ҳамеша омӯзгоронро пуштбонӣ мекунанд ва дар ҳама баромадҳояшон омӯзгоронро таърифу тавсиф менамоянд ва дар Паёми навбатиашон низ зикр намуданд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».

Албатта, сиёсати давлатдории Пешвои миллат илму маорифро дар мадди аввал гузоштааст ва барои дар амал татбиқ кардани ин сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара зери роҳбарии Раҳмон Исломиддин тамоми тадбиру роҳҳоро бароҳ мондааст. Бояд тазаккур дод, ки раиси ноҳияи Данғара соҳаи маорифро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд ва барои пешрафти ин соҳа ёрии моддиву маънавӣ карда истодааст.

Ҳамчунин, мавсуф қайд кард, ки шуъбаи  маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара дар давраи  ҳисоботӣ дар соли 2023 фаъолияти худро  мутобиқ ба талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, амру фармон ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон, амру қарорҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, Низомномаи шуъбаи маориф ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда, ҷиҳати пешбурди кори таълиму тарбия ва рушду нумӯи ҳамаҷонибаи соҳаи маориф фаъолияти мунтазам дорад ва баҳри таъмини иҷрои нақшаи таҳрезишуда тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Муассиса ва донишандӯзон

Чи тавре, ки ҳамсуҳбати мо итило дод, дар ноҳия 85 адад муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият намуда истодааст, ки аз он 74 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 адад Литсей, 1 адад Муассисаи давлатии Гимназияи ҷумҳуриявӣ, 1 адад Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат, 1 адад муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ ва 9 адад муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ мебошад.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 48531 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли таҳсили 2022-2023, 2445 нафар зиёд мебошад.

Дар давоми нимсолаи аввали соли таҳсили 2023-2024 дар деҳаи Рахшонзамин бинои нави муассисаи таълимӣ барои 240 ҷойи нишаст дар як баст, дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №21, 30 биноҳои нави таълимӣ, дар назди муассисаи таълимии №8 бинои нави иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст, дар деҳаҳои Навобод ва Зарнисори ҷамоати деҳоти Сангтуда муассисаҳои нави таълимии №82, 83 ва дар деҳаи Дурахшони ҷамоати деҳоти Исмат Шарифов муассисаи нави таълимии №84 сохта ба истифода дода шуд, ки ин мушкилоти ҷойи нишастро бартараф карда истодааст, инчунин бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 бо дастгирии соҳибкорони маҳаллӣ пурра аз таъмири капиталӣ бароварда шуд.

Кадрҳои оянда

Мавсуф ҳамчунин изҳор дошт, ки тибқи ММТ аз шумораи 2334 нафар хонандагони синфҳои 11, 1980 нафар ҳуҷҷат супоридан, ки 85%-ро ташкил медиҳад. Аз ҳисоб 1782 нафарашон ба коллеҷу донишгоҳҳои кишвар дохил гардиданд, ки 90%-и ҳуҷҷатсупоридаҳоро ташкил медиҳад.

Дар таърихи рӯзи 31.05.2023 дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ даври ниҳоии сӯҳбат оиди дохил шудани хонандагон тариқи Квотаи Президентӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои олии кишвар баргузор гардид, ки 18 нафар (9 духтар ва 9 писар) хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия соҳиби номи донишҷӯ гардиданд.

Иштирок дар олимпиадаҳои фаннӣ

Номбурда тазаккур дод, ки соли 2023 хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби 161 медал (24-тилло, 30-нуқра, 127-биринҷӣ) гардиданд, ки ноҳия дар вилоят дар ҷойи 1-ум ва дар ҷумҳурӣ дар ҷойи 4-ум қарор гирифт.

Инчунин дар соли таҳсили сипаригашта 5 нафар хонандагони синфи 11 муассисаро бо медали тилло ва аттестати аъло хатм намуданд, ки аз тарафи раиси ноҳия бо Ифтихорнома ва маблағҳои пулӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Иштирокдар озмунҳои ҷумҳуриявӣ

Ҳамсуҳбати мо бо арзи эҳтиром аз Пешвои миллат, ки бо ташаббуси он кас озмунҳои ҷумҳуриявӣ, аз ҷумла “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм-фурӯғи маърифат” тайи чанд сол аст, ки дар сар то сари ҷумҳурӣ баргузор мегардад ва бо ин васила истеъдоди худро наврасону ҷавонон ва ё пиру парно нишон дода истодаанд, ки албатта, ин озмунҳо аллакай дар саводандӯзии миллат нақши боризи хешро гузоштаасту дар оянда низ хоҳад гузошт. Хонандагону омӯзгорон ва сокинони ноҳияи мо низ дар баргузории навбатии ин озмунҳо фаъолоно иштирок доштанд, ки натиҷааш чунин аст:

1.Саъдуллоев Диловар- омӯзгори ДДД, дар номинатсияи эҷоди наср, ҷойи 1-ум;

2.Абдуалиев Бежан- хонандаи синфи 1-и МТМУ №14, дар номинатсияи адабиёти бачагон ва наврасон, ҷойи 2-юм;

3.Маҳмудзода Муҳайё- хонандаи синфи 4-и МТМУ №2, дар номинатсияи адабиёти бачагон ва наврасон, ҷойи 3-юм;

4.Саъдуллоева Муродгул- омӯзгори ДДД, дар номинатсияи эҷоди назм, ҷойи 3-юм;

5.Шодигули Манучеҳр- донишҷӯи курси 1-и ДДД, дар номинатсияи эҷоди назм, ҷойи 3-юм

6.Шарипова Фотима- хонандаи синфи 8-и МТМУ №8, дар номинатсияи эҷоди наср, ҷойи ифтихорӣ;

7.Маҳмадалиева Шаҳло- хонандаи синфи 5-и МТМУ №24, дар номинатсияи адабиёти бачагон ва наврасон ҷойи ифтихорӣ;

8.Аминова Шаҳло- дар риштаи магистратураи ДДД, дар номинатсияи эҷоди назм, ҷойи ифтихорӣ;

9.Маҷитова Зебонисо- донишҷӯи курси 2-и Коллеҷи тиббии иҷтимоӣ, дар номинатсияи эҷоди назм, ҷойи ифтихорӣ;

Дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат ” низ 3 нафар хонандагон ғолиб баромада, соҳиби иштирок дар даври ниҳоии ин озмун гардиданд.

Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” инҳо мебошанд:

Додоҷонов Ҷаҳонгир- омӯзгори ДДТХ, дар номинатсияи “Ихтироъкорӣ ва навоварӣ” сазовори ШОҲҶОИЗА гардид;

Абдуҳалимзода Самариддин- хонандаи синфи 9 Мактаби Президентӣ, дар номинатсияи биология, ҷойи 2-юм;

Гулонзода Усмон- хонандаи синфи 11-и Мактаби Президентӣ, дар номинатсияи химия,  ҷойи 3-юм;

Оятуллозода Нуъмон- хонандаи синфи 8-и Мактаби Президентӣ, дар номинатсияи ихтироъкорӣ, ҷойи 3-юм;

Ярбобоев Раҳматулло- хонандаи синфи 7-и Муассисаи давлатии Гимназияи ҷумҳуриявӣ, дар номинатсияи иттилоотӣ, ҷойи 3-юм;

Шаҳзодаи Абубакр – хонандаи синфи 10-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11, дар номинатсияи физика, ҷойи ифтихорӣ;

Ғолибони озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат”:

  1. Раҳимзода Ҳасан Назар- сарбози қисми ҳарбии №13483-Б, н. Данғара, сазовори Шоҳҷоиза гардид;
  2. Хайруллоев Муҳибулло- хонандаи синфи 11-и МТМУ №14, ҷои 2;
  3. Оламафрӯзи Илҳомҷон- донишҷӯи курси 2-и ДДД, сазовори мақоми саввум;
  4. Иноятзода Зубайдулоло- хонандаи мактаби Президентӣ, ҷои ифтихорӣ.

Омӯзгор ва мурабии сол

Дар рафти суҳбат номбурда афзуд, ки дар ин давра ҷиҳати иҷрои мактуби Раёсати маорифи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 30.01.2023, №86 дар бораи дар сатҳи баланд баргузор намудани озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” ва “Мураббии соли Тоҷикистон” фармоиши мудири шуъбаи маориф ба табъ расида, рӯзҳои 16-ум ва 17-уми феврал даври ноҳиявӣ ва рӯзҳои 17-18-уми май даври вилоятии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” ва “Мураббии соли Тоҷикистон” гузаронида шуд, ки омӯзгори фанни биологияи муассисаи таълимии №2 Муқаддасов Умед ва мураббии кӯдакистони №6 Шамсова Фирӯза соҳиби роҳхат ба даври ҷумҳуриявии ин озмун гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ дар ноҳияи Муминобод озмуни “Беҳтарин директори муассисаи таълимӣ” барои дарёфти Ҷоизаи Соҳиб Табаров баргузор гардид, ки дар он Каримзода Амиршо директори МТМУ №4 ва Абдуллозода Қурбоншо директори Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғара сазовори ин ҷоиза гардиданд.

Дар ин давра омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия дар озмуни “Беҳтарин лоиҳаи мактабҳои 2030” иштироки фаъолона намуда, Казоқова Гуландом омӯзгорои МТМУ №4 сазовори ҷойи сеюм ва Маҳмадиева Назокат омӯзгори МТМУ №2 ҷойи якумро ишғол намуда, соҳиби Диплом ва роҳхат ба давлати Португалия гардида, рӯзҳои 3.06.2023 то 07.06.2023 дар шаҳри Портои давлати Португалия Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муарифӣ намуд.

Таъминоти кадрӣ

Мафсуф инчунин изҳор дошт, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара айни замон 2212 нафар омӯзгор (1207 нафар зан) ба таълиму тарбияи насли наврас машғул буда, нисбати соли таҳсили 2023-2024 66 нафар зиёд мебошад. Аз шумораи 109 нафар хатмкардагони риштаи омӯзгорӣ, ки тибқи роҳхати Вазорати маориф бояд ба кор ҳозир мешуданд, 72 нафар муроҷиат намуда, 63 нафар ба кор қабул карда шуда, 3 нафар бо хоҳиши худ ба сафи Артиши миллӣ барои хизмати Модар -Ватан, 5 нафар бинобар сабаби иваз кардани ҷойи зист дар муассисаҳои таълимии дигар ноҳияҳо фаъолият доранд. Норасогии кадри пурра бартараф карда шуд.

Имтиёзҳо мутахассисони ҷавон

-Дар ноҳия ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006, №197 “Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон” ба 9 нафар омӯзгорони ҷавон қарзи имтиёзнок, ба 2 нафар Сертификат барои сохтмони манзили зист дода шуда, ҳамаи омӯзгорони ҷавоне, ки дар деҳот ба касби омӯзгорӣ машғуланд, ба маоши онҳо 10% иловапулӣ зам гардид,-қайд кард мавсуф.

Иҷрои барнома

Ҳамсуҳбати мо ҳамзамон зикр кард, ки дар давоми соли 2023 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар муассисаҳои таълимӣ 164 адад компютер, 4 адад тахтаи электронӣ харидорӣ карда шуда, дар 63 муассисаҳои таълимии ноҳия 598 адад камераҳои назоратӣ насб карда шуда, 59 муассисаи таълимӣ бо ширкатҳои “ТСЕЛ”, “MEGAFON” ҳамкорӣ намуда, бо шабакаи интернетӣ пайваст мебошанд.

Дар умум рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Данғара аз 25.12.2019, №482, оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 30.10.2019, №290, оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017, №443 “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (118,9%) -ро ташкил дода истодааст.

Муассисаҳои томактабӣ ва кабинетҳои фаннӣ

Мавсуф қайд кард, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва фарогирии кӯдакон дар ин муассисаҳо тадриҷан афзуда истода, дар 4 муассисаҳои томактабии ноҳия шумораи кӯдакон ба 811 (365 духтар) нафар расида, ба тарбияи онҳо 41 нафар машғул буда, 29 нафари онҳоро мураббиён ташкил медиҳанд, инчунин дар назди 82 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 204 гурӯҳ бо ҷалби 4080 (2168 духтар) нафар тарбиягирандагон ба Маркази инкишофи кӯдак фаъолият карда истодааст, ки бо онҳо 110 нафар омӯзгорон машғулият мегузаронанд.

Рафти иҷрои қарори раиси ноҳияи Данғара аз 26.08.2021, №315, дар бораи қарори раиси вилояти Хатлон аз 14.06.2021, №183, оид ба қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.04.2021, №114 “Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025” зери назорати доимии шуъбаи маориф қарор дошта, аз 40 кабинети банақшагирифташуда алакай 32- тоаш бо асбобҳои аёнӣ ва воситаҳои техникӣ ҷиҳозонида шудаанд, ки 80%-ро ташкил медиҳад, имсол низ аз шумораи 39 кабинети фаннӣ ва 1 озмоишгоҳ 11 кабинети фаннӣ ҷиҳозонида шуда, рӯзҳои наздик бо дастрас гардидани маблағҳои ҷудошуда, дар доираи имконият, харидорӣ карда мешавад.

Зимистонгузаронӣ

Дар фарҷои суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки ҷиҳати амалишавии қарори раиси ноҳияи Данғара аз 02.06.2023, №93, оид ба қарори раиси вилояти Хатлон аз 28.04.2023, №88, “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳ ва зимистони солҳои 2023-2024” тадбирҳои ҷиддӣ андешида, то ин давра дегхонаҳое, ки тариқи буғӣ гарм карда мешаванд – 21 адад (100%), гармкунакҳои барқӣ – 685 адад 100%, печкаҳои аловӣ – 491 100%, шишабандӣ 100% ба давраи тирамоҳу зимистон дар ҳолати хуб қарор дошта, нақшаи хариди ангишт  622 тонна -100%, ҳезум 1718 м3 -100%, ва  4440 л сӯзишвории дизелӣ -100% харидорӣ карда шуда, бандҳои дахлдори нақша-чорабиниҳо пурра иҷро гардид.

Ҳамзамон, талоши мо-омӯзгорон ин аст, ки беш аз пеш сифати таълиму тарбияро беҳтар гардонем ва дар пешрафти кишвари азизамон саҳми арзандаи худро гузорем.

Мафтуна ВАҲҲОБОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь