Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ хабарнигори МТЖТ бо мудири шуъбаи мазкур Юсуфзода Ҳотамшо суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.
Дар оғози суҳбат номбурда қайд кард, ки шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ дар соли 2024 ҷиҳати самаранок иҷро намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Стратегияи миллии рушди маориф, Консепсияҳои миллии таҳсилот ва тарбияи миллӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Барномаи давлатии рушди таҳсилоти то мактабӣ барои солҳои 2020-2025” Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бистсолаи омӯзиши рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон намудани солҳои 2020-2040”, ва дигар санаду фармонҳои кишвар равона гашта, дар ин самт як қатор корҳои назаррасро анҷом дод.
Таҳсилоти томактабӣ
Номбурда афзуд, ки дар ноҳия ду адад муассисаҳои томактабӣ фаъолият дорад, ки дар онҳо 340 нафар кӯдакони то 6 сола ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд ва ба онҳо 15 нафар муррабияҳо, 15 нафар ёрдамчиёни мураббияҳо вобаста карда шуданд. Соли ҷорӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 82 гурӯҳҳои Маркази инкишофи кӯдак бо ҷалбӣ 2186 нафар кӯдакони синни 6 сола ташкил гардид, ки дар умум фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ 2526 нафарро ташкил менамояд.
Таълимгоҳҳо ва базаи кадрӣ
Мавсуф ҳамчунин итиллоъ дод, ки шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ дар тобеи худ 53 муассисаҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва томактабӣ дорад, ки аз ин шумора, 2 адад муассисаи томактабӣ, 5 адад муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 43 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, аз ҷумла 1 адад гимназия, 3 адад марказҳои назди шуъбаи маориф мебошад.
Ба таълиму тарбияи хонандагон 1662 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 1027 нафар занон вобаста карда шудаанд. Бо таҳсилоти олии касбӣ 1097 нафар, аз ҷумла 602 нафар занон, бо таҳсилоти миёнаи касбӣ 533 нафар, аз ҷумла 397 занон бо таҳсилоти миёнаи умумӣ 32 нафар, аз ҷумла 28 нафар занон.
Соли 2024 бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тариқи буҷавӣ ва квотаи Презинети Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 15 нафар донишҷӯёни курсҳои 4 ва 5 аз рӯйи равияҳои омӯзгорӣ хатм мекунанд, дар асоси шартномаи чорҷониба ба кор қабул гардиданд.
Ҳамзамон дар моҳҳои август сентябри соли равон 141 нафар ба фаъолияти омӯзгори қабул карда шуданд.
Сохтмон
Дар идомаи суҳбат номбурда изҳор дошт, ки дар соҳаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ аз соли 2021 то моҳи сентябри соли ҷорӣ 55 синфхона 1309 ҷойи нишаст дар як баст сохта ба истифода дода шуданд.
Соли ҷорӣ дар доираи барномаи “Озмоишгоҳҳои иноватсионӣ ПЕШСАФ” дар бинои шуъбаи маорифи ноҳия 1 адад синфхонаи инноватсионӣ бо шароитҳои сатҳӣ байналмилалӣ ба истифода дода шуд.
Ҳамзамон дар ду соли охир аз тарафи лоиҳаи “Дастгирии ғизоӣ мактабӣ” барои беҳтар намудани устувории таъминоти муассисаҳо бо маҳсулоти ғизоии мактаббачагон дар муассисаҳои таълимии рақами 10, 11, 23, 25 сардхонаҳо бо мақсади нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ сохта ба истифода дода шуд. Инчунин аз тарафи лоиҳаи мазкур дар муассисаҳои таълимии рақами 8, 13, 20, 32 ошхонаи мактабӣ таъмир карда шуда, бо тамом лавозимоти ошхона таҷҳизонида шуданд.
Айни замон сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3, №20, №33 ва бинои маъмурии шуъбаи маорифи ноҳия тибқи нақшаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории бонки Исломии рушд идома дорад.
Инчунин дар назди муассисаҳои таълимии №15, 18, 21, 23, 24, 25, 34, 39, 44, 47 сохтмони 51 – адад синфхонаи иловагӣ ва 4 утоқи корӣ, 1 анборхона, 1 китобхона бомаром идома дорад, ки дар умум 1944 ҷойи нишастро дар як баст ташкил медиҳад.
Фардои дурахшон
Инчунин, мавсуф тазаккур дод, ки дар даври асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли равон 1022 нафар хатмкунандагони синфҳои 11, аз ҷумла 523 нафар писарон, 499 нафар духтарон ва ё 86%-и хатмкунандагони синфҳои 11 соли таҳсили 2023- 2024 ҳуҷҷат ба Маркази миллии тестӣ супориданд.
Инчунин 149 нафар хатмкунандагони синфҳои 9-и соли таҳсили 2023-2024 (55 нафар писарон, 94 нафар духтарон) худро дар ИМД ба қайд гирифтанд.
Ҳамзамон соли ҷорӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Дӯстӣ ба муассисаҳои олии мамлакат 23 нафар дохил шудаанд.
Кабинетҳои фаннӣ
-Дар шашмоҳаи аввали соли 2024 бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 4 адад кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла 3 адад кабинети фаннии химия ва 1 адад кабинети фаннии физика ба маблағи 299 999,98 сомонӣ (Ду саду наваду нуҳ ҳазору нуҳ саду наваду нуҳ сомонию наваду ҳашт дирам) ташкил гардид, ки дар соли 2024 таъмин менамояд.
Дар моҳи сентябри соли 2024 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯстӣ ҷиҳати беҳтар намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимии ноҳия маблағи пулӣ дар ҳаҷми 1 800 000 сомонӣ ҷудо гардид. Ба маблағи мазкур тариқи тендер кабинетҳои фаннӣ, компютер, тахтаи электронӣ, мизу курсӣ ва дигар лавозимоти таълимӣ харидорӣ хоҳад шуд, -номбурда иброз дошт.
Технологияиҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ
Ҳамсуҳбати мо ҳамзамон қайд кард, ки имрӯз дар 48 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 16 898 нафар хонандагони синфҳои 5-11 ба омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ фаро гирифта шудааст. Дар ҳисоби муассисаҳои таълимии ноҳия 1172 адад компютер мебошад, ки иҷрои барномаи компютеркунонӣ дар ноҳия 106,1%-ро ташкил медиҳад.
Инчунин дар муассисаҳои таълимии ноҳия 202 адад принтер, 44 адад проектор, 27 адад тахтаи электронӣ ва 38 адад генератор мавҷуд аст.
Соли 2024 дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 79 адад компютер, 5 адад тахтаи электоронӣ, 3 адад видеопроектор харидорӣ шудааст.
Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо
Номбурда афзуд, ки Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо 8 воҳиди корӣ фаъолият дошта, дар бинои собиқ шуъбаи маориф бо 2 утоқи корӣ таъмин ва дорои мустақилияти моливӣ мебошад. Марказ бо таҷҳизотҳо, аз ҷумла, бо 2 компютер ва 2 принтер таъмин мебошад. Дар Марказ 4 нафар омӯзгори пуртаҷриба аз фанҳои биология, химия, физика, забони англисӣ ва забони русӣ ба 200 нафар хонанда машғулияти дарсӣ мегузаронанд.
Аз рӯйи имтиёзи муқарраргардида, аз хонандагони аълохон ва навовару эҷодкори муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 2 нафар аз Стипендияи раиси вилояти Хатлон ва 38 нафар бо Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бархурдор мебошанд.
Иштирок дар озмунҳо
Дар даври аввали озмуни Ҷумҳурявии Илм- фурӯғи маърифат аз 45 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 400 нафар довталабон аз рӯи 6 номинатсия иштирок намуданд, ки аз ҳар як номинатсия 3 нафар дар умум 30 нафар роҳхат ба даври вилоятӣ гирифтанд.
Санаи 19.09.2024 даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғӣ маърифат” дар ноҳияи Данғара баргузор гардид, ки дар он 24 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия иштирок намуданд. Дар озмуни мазкур аз номинатсияи фанни биология хатмкардаи синфи 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 Муратов Ихлос сазовори ҷойи дуюм гардид.
Бояд тазаккур диҳам, ки ғолиби озмуни “Илм-фурӯғӣ маърифат” Муродов Ихлос Омарович аз номинатсияи “Биология” сазовори ҷойи дуюм гардида, бо диплом ва маблағи пулии 25 000 сомонӣ сазовор гардид. Инчунин волидайни Муродов Ихлос бо нишони «Маърифатпарвар» ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ гардиданд.
Даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии «Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст» дар ноҳияи Дӯстӣ бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун (300 нафар) аз рӯйи панҷ номинатсия санаи 17.05.2024 баргузор гардид, ки 33 нафар ба даври вилоятии озмуни мазкур роҳхат гирифтанд.
Инчунин, дар хусуси иштирок дар олимпиадаҳо сухан карда, ҳамсуҳбати қайд кард, ки даври ноҳиявии олимпиадаҳои фаннӣ хонандагони синфҳои ҳафт то ёздаҳ 860 нафар, дар даври вилоятӣ 442 нафар ва дар даври ҷумҳуриявӣ 36 хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия иштирок намуданд.
30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мавсуф дар идомаи суҳбат тазаккур дод, ки санаи 5.11.2024 дар муассисаи таълимии рақами 8 бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Конститутсия-бахтномаи миллат» конференсияи илмию амалӣ баргузор гардид.
Дар Конференсияи сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода, муовинони раиси ноҳия, кормандони раёсати маорифи вилояти Хатлон, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, кормандони шуъбаи маориф ва омӯзгорон иштирок доштанд.
Сардори раёсати маориф Зиёдулло Абдулзода суханронӣ карда, аз ҷумла қайд карданд.
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари мо аз таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пеш аз ҳама, аз ғамхорӣ ва пуштибонии пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин санади бузурги таърихӣ гувоҳӣ медиҳад.
Қабули Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ, воқеан, пояи ифтихор ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, Тоҷикистонро ба ҷаҳони мутамаддин ҳамчун давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ намуд ва ба омили муҳимтарини кафолати устувории ҳаёти сиёсии ҷомеа мубаддал гардид.
Инчунин дар конфронс якчанд омӯзгор дар мавзӯъҳои гуногун бахшида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд. Дар анҷоми чорабинӣ аз тарафи Сардори раёсати маориф ба як чанд аз фаъолони соҳа сипосномаҳо тақдим карда шуд. Баъдан хонандаи синфи 11 уми муассисаи таълимии рақами 15 Мурадов Ихлос, ки дар озмуни ҷумҳуриявии ” Илм Фурӯғи маърифат” сазовори ҷойи дуюм гардид, аз тарафи Сардори Раёсати маорифи вилоят қадрдонӣ карда шуд.
Ғамхорӣ–барои насли ояндасоз
Дар ҷараёни суҳбат номбурда афзуд, ки 1 сентябр, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ дар деҳаи Ваҳдати ҷамоати деҳоти Ҷиликули ноҳияи Дӯстӣ дар назди муассисаи таҳсилоти умумии №48 синфхонаи иловагиро ифтитоҳ намуданд.
Тибқи лоиҳа иншоот аз як ошёна иборат буда, дорои 4 адад синфхона, китобхона ва идораи директор иборат мебошад.
Раиси вилояти Хатлон бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуда, онҳоро муваззаф намуд, ки бо хониши хубу фаъолияти назаррас саҳми худро дар ободии диёр гузоранд.
Санаи 1-уми сентябр Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мактаби миёнаи таҳсилоти умумии ба номи Махтумкулӣ Фироқӣ дар ноҳияи Дӯстӣ иштирок ва суханронӣ карданд.
Маросими ифтитоҳи ин муассисаи таълимӣ ба таври маҷозӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимухамедов сурат гирифт.
Қобили зикр аст, ки Сарони ду давлат моҳи майи соли 2023 дар доираи сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон ба сохтмони ин мактаб, ки барои 1080 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, оғоз бахшида буданд.
Дар сухани шодбошии худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ дар муҳлатҳои нисбатан кӯтоҳ пурра ба анҷом расонидани корҳои сохтмониро дар ин лоиҳаи дорои аҳаммияти иҷтимоӣ таъкид карда, ба роҳбарияти Туркманистони дӯст барои дастгирӣ ва мусоидати ҳамаҷониба дар татбиқи босифати он самимона изҳори сипос намуданд.
“Ба туфайли ин рӯйдод барои насли навраси мо боз як имконияти хуб фароҳам гардид, ки дар мактаби нави муҷаҳҳаз бо технологияву таҷҳизоти муосири таълимӣ бо таҳсил фаро гирифта шавад”,- иброз доштанд муҳтарам Президенти Тоҷикистон.
Дар ноҳияи Дӯстӣ, дар ҷамоати шаҳраки 20- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, деҳаи Шаҳринав дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 34 бинои иловагӣ иборат аз 4 синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуд.
Ба ифтихори ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 ноябри соли равон аз тарафи раиси ноҳияи Дӯстӣ Нишонзода Даврон, бо иштироки муовини раиси ноҳия Низорамоҳ Зарифӣ, мудири маорифи ноҳия, кормандони шуъбаи маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон ва хонандагон бинои синфхонаи иловагӣ ба истифода дода шуд. Бино аз 4 синфхонаи иловагӣ иборат буда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Синфхона ва утоқҳои бинои нави муассисаи мазкур бо мизу курсӣ, тахтаи синф ва дигар лавозимоти хониш муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ин бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34 бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, саҳми сокинони маҳаллӣ ва ҳашари дастҷамъонаи омӯзгорону дигар сокинони маҳаллӣ бунёд ёфтааст. Зимни кушодашавии синфхонаи иловагӣ раиси ноҳияи Дӯстӣ ба сокинони фаъоли шаҳр ба хотири саҳми муносиб гузоштан дар корҳои ободонӣ миннатдории хешро баён намуда ва чанд аз хонандагони ҳамин муассисаро бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд.
Номбурда дар фароварди суҳбат иброз дошт, ки албатта, мо мекӯшем, ба қадри ин ғамхориҳо бирасем ва саҳми худро дар рушти маорифи миллӣ беш аз пеш гузорем.
МТЖТ