Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти шуъбаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун хабарнигори МТЖТ бо мурдири шуъбаи мазкур Эшонзода Умед суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат номбурда қайд кард, ки шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун дар соли 2023 ҷиҳати самаранок иҷро намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Стратегияи миллии рушди маориф, Консепсияҳои миллии таҳсилот ва тарбияи миллӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Барномаи давлатии рушди таҳсилоти то мактабӣ барои солҳои 2020-2025” Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бистсолаи омӯзиши рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон намудани солҳои 2020-2040”, равона гашта, дар ин самт як қатор корҳои назаррасро анҷом дод.

Сифати таълим

Ҳамзамон, мавсуф изҳор дошт, ки гуруҳи идоракунии сифати таҳсилоти назди шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимӣ дар ин давра масъалаҳои ҳолати таълим ва сатҳи сифати дониши хонандагонро мавриди таҳқиқ қарор дода, барои ноил гардидан ба таҳсилоти босифат, дуруст назорат намудани сифати таҳсилоти хонандагон аз ҳар як фанни таълимӣ, додани баҳои воқеӣ ба дониши хаттию шифоҳии ҳар як хонандаи муассиса ва таҳияи нақшаи чорабиниҳо оид ба роҳҳои бартараф намудани камбудиҳое, ки ба баланд гардидани сифати таҳсилот монеагӣ ба вуҷуд меоранд, тавсияҳо пешниҳод намуд.

Ҷаласаҳои назди мудири маориф бо баррасии 52 масъала, Шӯрои методӣ бо баррасии 27 масъала, машварати назди мудири шуъбаи маориф бо баррасии 19 масъала сари вақт гузаронида шуданд.

Номбурда афзуд, ки тамоми омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ҷиҳати дуруст ба роҳмондани дарсҳо, соатҳои тарбиявӣ, машғулиятҳои варзишӣ, кори китобхонаҳои муассисаҳои таълимии ноҳия ҷидду ҷаҳд менамоянд.

Дар соли 2023 вохурии кормандони шуъбаи маориф ба коллективи педагогӣ, кумитаи падару модарони муассисаҳои таълимӣ ва сарпарасони муассисаҳои таълимӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузаронида шуда, барои пешгирии ҳуқуқ вайронкуни миёни хонандагон бо нозири минтақавӣ ва кормандони шуъбаи корҳои дохили мунтаззам вохуриҳо гузаронида шуд.

Базаи кадрӣ

Мавсуф изҳор дошт, ки шумораи муассисаҳои таълимӣ 51 ва муассисаҳои томактабӣ 2- мебошанд, ки аз онҳо: – Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 51; -Маркази таҳсилоти иловагӣ 1; -Маркази технологияи компютерӣ 1; -Маркази дарёфти рушди истеъдодҳо 1-ро ташкил медиҳанд.

Шумораи умумии хонандагон 37740 нафар;

Шумораи омӯзгорон 1530 – нафар, – аз ҷумла занон 756 нафар мебошанд. Маълумотнокӣ: Бо маълумоти олӣ 1011- нафар; бо маълумоти миёнаи махсус 405 -нафар; бо маълумоти миёнаи умумӣ (ки дар Донишгоҳҳо ғоибона таҳсил менамоянд) 228 нафар; бо тахассуси олӣ 324 – нафар; бо тахассуси дараҷаи 1, 462 – нафар; бо тахассуси дараҷаи 2, 237 – нафар.

Дар соли таҳсили 2022 – 2023 қабули хонандагон ба синфҳои якум- 4678 – нафар, духтарон 2265 – нафар.

Барои дастгирии омӯзгорони ҷавон танҳо дар соли ҷорӣ ба 23 нафар омӯзгори ҷавон бо ташаббус ва иқдоми дурбинонаи хеш раиси ноҳия замини наздиҳавлигӣ дода шуд, ки албатта, ин дастгирии раиси ноҳия руҳияи омӯзгорони ҷавонро баланд бардошта, баҳри пешрафти таълиму тарбияи насли наврас саҳми боризи хешро хоҳанд гузошт.

Синфи 9-умро 1763 – нафар хатм карда, ба синфи 10- ум 1549-нафар, 547 – нафар духтарон қабул гардиданд.

Шумораи синфҳо дар ноҳия 1570- адад расидааст.

Модели нав

Номбурда тазаккур дод, ки аз оғози соли таҳсили 2022 – 2023 зинаҳои аввали муассисаҳои таълимии ноҳия ба Стандарти нави таҳсилоти умумии салоҳиятнокӣ гузаштанд. Ин модел ба ташаккули ҷаҳонбинии дунявӣ ба арзишҳои умумиинсонӣ ва миллӣ асосёфтаи насли наврас равона карда шудааст. Аз курсҳои «Низоми таълими салоҳиятнокӣ» аз 541 – нафар омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ 478-нафарашон гузаштанд, инчунин 274 нафар омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик, математика ва технологияи меҳнат аз ин гунна курсҳо гузаронида шуданд. Ин низом талаб менамояд, ки аз хурдӣ малака, дониш ва маҳорати кӯдак муайян карда шавад. Салоҳиятнокии ӯ муайян карда шуда, бештар диққати ӯро ба малакаҳои донишомӯзӣ равона намоянд. Насли наврас бояд дар рӯҳияи тарзи ҳаёти солим, мутобиқшавии муваффақонаи иҷтимоӣ ва меҳнатӣ, тарбияи шаҳрванди масъулиятшинос, бунёдкор ва ботаҳаммули кишвар ба ҷаҳони муосир тарбия карда шавад.

Бунёдкорӣ

Ҳамзамон, номбурда зикр кард, ки бахшида ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Солҳои 2020- 2021 соли оғози дигаргуниҳои куллӣ дар соҳаи маорифи ноҳия гардид. Дар назди муассисаҳои таълимии № 18,20,28,30,37,42 синфҳои иловагӣ сохта шудаанд, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 840 ҷои нишастро ташкил менамояд.

Инчунин, 13 муассиса аз бонки умуми ҷаҳонӣ ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикстон бо таҷҳизот ва маводҳо барои ҳар як синф бо маблағи 68000 сомонӣ дастгирӣ ёфтаанд.

Бояд тазаккур диҳам, ки раванди таъмир ва бунёди мактабҳои нав идома дошта, албатта, то таҷлили Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёдкориҳои зиёде ба нақша гирифта шудааст.

Кадрҳои оянда

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки тибқи талаботи бозори меҳнат ва ба фазои ягонаи иттилоотӣ ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон талабот ба мутахассисони соҳибкасб меафзояд. Аз ин рӯ, шуъбаи маориф дар ҳамкорӣ бо маркази миллии тестӣ дар интихоби касб ба хонандагон -хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ҳамасола вохӯриҳо доир менамоянд. Дар соли таҳсили 2022-2023, 1640 нафар синфи 11, аз ҷумла 592- нафар духтар ва 173- нафар синфи 9 хатм карданд. Шумораи дохилшудагон тибқи маркази миллии тестӣ- 417 нафар, хориҷи кишвар 8- нафар, донишгоҳҳои дохили кишвар берун аз ММТ 161- нафар, квотаи Президентӣ 22- нафар, коллеҷи тиббӣ 165- нафар, ҳамагӣ 1189 нафар мебошанд.

Забон донӣ-ҷаҳон донӣ

Инчунин, мавсуф қайд кард, ки хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаҳои фанни муассисавӣ, ноҳиявӣ аз фанҳои забони русӣ ва англисӣ фаъолона иштирок намуданд. Дар олимпиадаи фаннии забони русӣ ва забони англисӣ хонандагони муассисаҳои таълимии №1,12,17, 32 ва Гимназияи давлатӣ иштироки фаъолона намуданд.

Дар таълими забонҳои русӣ ва англисӣ дарсҳои кушоди намоишӣ барои моҳияти омӯзиш, методи корӣ ва маҳорати устод, донистани сатҳи дониши талабагон ба роҳ монда шудааст.

Пояи моддӣ-техникӣ

Номбурда изҳор дошт, ки айни замон дар муассисаҳои таълимии ноҳия 40 – адад кабинети технологияи иттилоотӣ, 922-адад компютер, 161-адад принтер, тахтаҳои электронӣ10-адад, проектор 19-адад, нотбук 61-адад мебошад.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 59 – нафар омӯзгорон аз фаннӣ технологияи информатсионӣ дарс медиҳанд.

Дар соли ҷорӣ 32 адад компютер, 2 адад тахтаи электронӣ ва 5 адад видеопроектор аз тарафи худи муассиса ва падару модар дар муассисаҳои таълимии №5, 7, 15, 16, 17, 18, 19, 28, 30, 36, 39, 43, 44, харидорӣ гардид.

Дар муассисаҳои таълимӣ иншоотҳои варзишӣ мавҷуд буда, дар қисман муассисаҳо толориварзишӣ, майдончаи варзишӣ барои бозии баскетбол ҳаст ва майдони варзишӣ барои футбол, барои волейбол аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Таҷҳизоти варзишӣ аз қабили «мизи теннис», сеткаи волейбол, тупҳои волейбол, футбол ва баскетбол дастрас карда шудааст.

Муассисаҳои таълимӣ 25 –маротиба мусобиқаҳои варзиши дар сатҳи ноҳия ва вилоият иштирок намуда, 16 – медали тилло, 13 – медали нуқра ва 25 – медали биринҷӣ ҷамъ 54- адад аз вилоят ба даст оварданд. Инчунин 12- маротиба дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, 2 медали тилло, 3 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ, ҷамъ 9 медали ҷумҳуриявӣ соҳиб шудаанд. Илова бар ин варзишгарони муассисаҳои таълимии ноҳия дар як мусобиқаи байналмилалӣ иштирок карда, 1 медали тилло, 1 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Кабинетҳои фаннӣ

Дар хусуси кабентҳои фаннӣ ҳамсуҳбати мо сухан гуфта, аз ҷумла изҳор дошт, ки аз фанни физика 2 кабинет дар муассисаи таҳсилоти умумии №7, 2; кабинети математика дар муассисаи таҳсилоти умумии №3 ва 2 кабинети химия дар муассисаи таҳсилоти умумии №17, 18; кабинетҳои география дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №5,7; кабинети технологияи иттилоотӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1,14; кабинети технологияи меҳнат дар муассисаҳои таҳсилоти умумии №6, 10, 17; кабинети суруд ва мусиқӣ дар муассисаи таҳсилоти умуми №2, ҷамъ 12 кабинети фаннӣ ҷиҳозонида шудаанд.

Маблағгузории таҷҳизоти кабинетҳои фаннӣ аз ҳисоби маблағҳои муассисаҳои таълимӣ ва сарпарастон роҳандозӣ карда шудааст. Тибқи талаботи Барнома ва нақшаи дурнамои муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизонидани 4 кабинети фаннӣ аз фанҳои физика, химия, математика ва биология ба нақша гирифта шуда, соли 2020 аз ҳисоби Вазорати маориф ва илм бо дастгирии Лоиҳаи “Рушди таҳсилоти босифат”-и Иттиҳоди Аврупо 7 – озмоишгоҳҳоӣ таълимӣ бо номгӯи таҷҳизоти лабараторӣ ва айёнияти таълимӣ барои синфхонаҳои химия, физика, математика, биология, технологияи иттилоотӣ география, суруд ва мусиқӣ барои ҳамаи синфҳои таълимӣ аз синфи 5 то 11 ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 дастрас карда шуд. Дар аксарияти муассисаҳои таълимӣ ба қадри имкон баъзе таҷҳизотҳо харидорӣ карда шудааст.

Барои самарабахш гузаронидани дарсҳо дар муассисаҳо теъдоди муайяни кабинетҳои фаннӣ мавҷуд мебошанд, ки бо маводҳои таълимӣ таъмин карда шудаанд ва баҳри боз ҳам болоравӣ ва аз худ кардани донишҳо ба хонандагон кӯмак мерасонанд.

Роҳҳои боло бурдани сифати таълим

Мавсуф тазаккур дод, дар муассисаҳо барои баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон ва сатҳу сифати дониши хонандагон, фаъолияти иттиҳодиҳои методии фаннӣ як қатор корҳоро, аз қабили:

– омӯхтани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони соҳибтаҷриба;- гузаронидани дарсҳои кушод; – омӯхтани таҷрибаи ҳамдигарӣ байни омӯзгорон; – вобаста намудани омӯзгорони ҷавон ба омӯзгорони соҳибтаҷриба, ки албатта, ёрӣ ба омӯзгорони ҷавонро ба сомон мерасонад.

Дар муассисаҳои таълимӣ ҳафтаҳои фанни ташкил карда шуда, мунтаззам гузаронида, рӯзҳои шанбе бо даъвати падару модар ҷамъбаст карда мешаванд. Инчунин, чорабиниҳои фаннӣ, фарҳангӣ гузаронида шуда, омӯзгорону хонандагон аз ашъори шоирони тоҷик шеърҳоро қироат намуда, саволу ҷавоб менамоянд. Маҳфили фаннии «Базми адаб», «Физикони ҷавон», «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» фаъолият менамояд.

Маркази томактабӣ

Дар боби фаъолияти муассисаҳои томактабӣ ҳамсуҳбати мо изҳор назар карда, аз ҷумла қайд кард, ки, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, 6-воҳиди корӣ – 84 нафар хонандагони болаёқат дар маҳфилҳои забону адабиёт, забони хориҷӣ ба таълими иловагӣ фаро гирифта шудаанд. Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар ноҳия тайи 5 сол боз амал карда истодааст.

Алҳол барои қонеъ кардани талабот дар тарбияи кӯдакони синни томактабӣ дар назди 30 муассисаи таълимӣ ва ду богчаи бачагона марказҳои омӯзиши бармаҳали кӯдакон бо фарогирии 760- нафар ташкил карда шудаанд.

Шуъбаи маориф дар ҳамбастагӣ бо муассисаҳои томактабии №1 «Офтобак» ва №2 «Фирӯза» оид ба рафти иҷрои талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» як қатор корҳоро ба анҷом расонидааст. Дар муассисаҳои зикршуда баҳри гузариши раванди таълим ва тарбия, баланд бардоштани ҷаҳонбинии маънавию ахлоқии насли наврас дар руҳияи ватандустию ватанпарварӣ, тарбия намудани онҳо тадбирҳо андешида шуда истодаанд. Ҳолати корҳои тарбиявӣ мутобиқи «Барномаи давлатии соҳаи тарбияи томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар тамоми гурӯҳҳои синнусоли мувофиқи талаботи рӯз  мебошад. Падару модарон дар таҳияи системаи корҳои тарбиявӣ ҳамчун шарики доими боэтимоди муассисаҳои таълимӣ гашта истодаанд. Муассисаҳо аз моҳи январ ин ҷониб аз рӯи нақша, оинома фаъолияти худро ба роҳ монда, барои пурра дуруст ба роҳ мондани роҳҳои самараноки таълиму тарбияи кӯдакон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд, муассисаҳои таълими таҳсилоти то мактабии № 1-«Офтобак» ,№ 2 «Фирӯза» 2-ошёнагӣ буда, 6 ҳуҷра иборат мебошад. Дар ду муассисаи мазкур то 230- нафар тарбиягиранда пешбинӣ карда шудааст. Боғчаҳо бо маводҳои дастӣ ва дигар намуди бозичаҳо таъмин мебошад. Айни ҳол дар боғчаҳо ба таълиму тарбияи кӯдакон 12 – нафар мураббиён, 12- нафар ёрдамчии мураббиён, 2 – нафар мушовир ва 2 – мудири боғча машғул мебошанд.

Омӯзиши фанҳои дақиқ

Мавсуф изҳор дошт, ки шуъбаи маориф оиди ба амали намудани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон шудани солҳои 2020-2040 дар муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳия корҳои муайянеро ба сомон расонид.

Пешвои миллат дар ҳамкори дигар қисмҳои ҷомеа дар назди аҳли маориф вазифа гузоштанд, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардошта,«Наврасону ҷавононро мутолеъаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир намоянд.

Дар заминаи дастуру ҳидоят ва гуфтаҳои Пешвои миллат шӯъбаи маорифи ноҳия ҷиҳати вусъат бахшидани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимӣ корҳои назаррасро ба сомон расонид.

Дар асоси муассисаҳои соҳаи маориф фармоиш ва нақша-чорабиниро тарҳрезӣ намуда, дар асоси ин баҳри амали гардонии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» кору фаъолият намуда истодаем. Дар асоси ин нақша- чорабиниҳо дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия ва муассисаҳои соҳаи маориф баҳри дар 5-соли оянда гузаронидани чорабиниҳои гуногун аз фанни табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таҳрир гардида, амалӣ мегардад. Робита ба ин масъала дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ диққати аввалиндараҷа ба сатҳу сифати донишӣ хонандагон аз ин фанҳо дода шудааст.

Аз ин рӯ, шӯъбаи маориф ноҳия баҳри баланд бардоштани қобилияти илмию методии омӯзгорон дар 5 – соли оянда чорабиниҳои зиёди методиро тарҳрезӣ ва ба нақша гирифта аст. Махсусан дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ оиди гузаронидани ҳафтаҳои фаннӣ мувофиқи фармоиши директорон ва нақша-чорабиниҳои тарҳрезӣ гардидааст. Дар муассисаҳои таълимӣ мутобиқи он чорабиниҳо, ҳафтаҳои фаннӣ гузаронида мешавад. Дар баробари ин, мувофиқи нақша дар соли таҳсили 2023 чорабиниҳо аз қобили конфересияҳо, саволу ҷавоб ва диспутҳо гузаронида шуд. Дар ин масъала фаъолияти муассисаҳои таълимии № 2, 3, 9, 11, 15, 17, 18, 27, 30, 38-ро қайд намудан ҷоиз аст.

Ба омӯзгорони муассисаҳои миёна талаб карда шудааст, ки сатҳу сифати дониши хешро ба хусус аз фанҳои дақиқ беш аз пеш пурзӯртар намоянд ва ҳамзамон хонандагонро дар ин самт ҳавасманду ҷалб карда истодаем, то дониши фанниву маънавишон боз ҳам болотар гардад.

Мафтуна ВАҲОБОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь