Шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон фаъолияти худро дар  нуҳ моҳи соли 2023 тибқи нақшаи корӣ ба роҳ монда, баҳри амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба соҳаи маориф, баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон ва мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимии ноҳия як қатор корҳоро ба анҷом расонид. Тибқи нақшаи кории шуъбаи маорифи ноҳия дар ин давра 9 Шӯро бо баррасии 44 масъала гузаронида шуд, ки аз он 18 масъала ба вазъи таълиму тарбия, 26 масъала оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишу қарорҳо, рафти иҷроиши Барномаҳои давлатӣ, нақша-чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои раиси ноҳия оид ба соҳаи маориф буда, нисбати иҷроиши онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон хабарнигори МТЖТ бо мудири шуъбаи мазкур суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

 Базаи кадрӣ

Мавсуф иттилоъ дод, ки дар ҳудуди ноҳия 54 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 7 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 1 литсей, Муассисаи таҳсилоти иловагӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва Маркази технологияи  информатсионӣ  мавҷуд буда, аз ин 46 муассиса бо забони  тоҷикӣ, 6 муассиса бо забони ӯзбекӣ ва 10 муассисаи омехта (тоҷикӣ ва  ӯзбекӣ) фаъолият мекунанд.

Ба таълиму тарбияи хонандагон 1714/942 нафар омӯзгорон, аз ин шумора бо маълумоти олӣ 1027/437 нафар, бо маълумоти миёнаи касбӣ 525/368 нафар, бо маълумоти миёнаи умумӣ 162/137 нафар (ки аз ин шумора 130 нафар дар муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии кишварамон дар курсҳои гуногун таҳсил намуда истодаанд)  машғул  мебошанд.

Бояд ёдовар шуд, ки дар чанд соли охир масъалаи ба ҷойи кор ҳозиршавии мутахассисони ҷавон ва бартараф намудани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия рӯ ба беҳбудӣ овардааст.

Дар соли таҳсили 2023-2024 ба муассисаҳои таълимии ноҳияи Хуросон бо роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мактабҳои олӣ ва коллеҷҳои омӯзгории Ҷумҳурии Тоҷикистон 38 нафар роҳхат гирифтаанд, ки то имрӯз 22  нафарашон ба ноҳия ҳозир шуда, бо ҷои кор таъмин карда шуда, 8 нафар ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шудаанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия 34583 нафар хонандагон, аз ҷумла 16605 нафар духтарон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, дар ноҳия 4 муассисаи томактабӣ фаъолият менамояд, ки дар он 426 нафар кӯдакон фаро гирифта шуда, дар назди 62 муассисаи таълимӣ бо фарогирии 2993 нафар кӯдакон маркази инкишофи кӯдак ташкил карда шудааст.

Рағбати ҷавонон ба идомаи таҳсил меафзояд…

– Шавқу рағбати ҷавонон ба гирифтани маълумоти миёнаи умумӣ ва давом додани таҳсил сол аз сол зиёд шуда истодааст. Муассисаҳои таҳсилоти умумии асосиро соли таҳсили 2022-2023, 1132 нафар духтарон хатм намуда, 91,4% (670 нафар)-и онҳо таҳсилро дар зинаи сеюми таҳсилот давом дода истодаанд. Дар муассисаҳои олии кишар 78 нафар донишҷуён, аз ҷумла 40 нафар духтарон тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил  мекунанд, – изҳор дошт номбурда ва афзуд, ки аз шумораи 1354 нафар хатмкунандагони синфи 11 дар соли таҳсили  2022-2023, 1027 нафар тибқи ММТ ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии кишвар ҳуҷҷатҳои худро супорида, аз ин шумора 673 нафар донишҷӯ шуданд, ки 49,7%-ро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, 447 нафар хатмкунандагон ба дигар муассисаҳои олӣ, тибқи квота, коллеҷҳо, коллеҷҳои  хусусӣ, марказҳои касбомӯзӣ ва дӯзандагӣ дохил шуданд, ки дар умум 1139 нафарро ташкил медиҳад.

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо

Номбурда зикр кард, ки Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон дорои 11,5 воҳиди корӣ буда, дар бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон бо 5 утоқи корӣ ва як синфхона фаъолият дорад.

Марказ дорои 7 маҳфили фаннӣ мебошад: 3 маҳфили фаннӣ дар назди муассисаҳои таълимии №44, 58, 8 ва 3 маҳфили дигар дар назди Марказ фаъолият менамояд. Дар маҳфилҳои Марказ ҳамагӣ 142 нафар хонандагони ҳаракати олимпӣ аз синфҳои 5 то 11 ҷалб гардидаанд, ки аз инҳо 88 нафар писарон ва 54 нафар духтарон мебошанд.

Бо мақсади инкишоф ва сайқал додани қобилияти зеҳнӣ ва луғавии хонандагон дар таътили зимистона озмуни “Луғатдони беҳтарин” оид ба 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ байни синфҳои 2-4 ташкил ва баргузор карда шуд. Дар озмуни “Луғатдони беҳтарин” аз муассисаҳои таълимии ноҳия байни хонандагони синфҳои 2-4, 167 нафар иштирок намуданд.

Иштироки хонандагон дар олимпиада ва озмунҳо

Оид ба иштирок ва дастовардҳои хонандагон дар олимпиада ва озмунҳо мавсуф иброз дошт, ки дар олимпиадаи фаннӣ 98 нафар хонандагони синфҳои 11 иштирок намуда, 24 нафар ба даври вилоятӣ ва аз инҳо 11 нафар ба даври ҷумҳуривӣ  роҳхат гирифтанд. Аз 78 нафар хонандагони синфҳои 9-10, 31 нафар ба даври вилоятӣ ва аз инҳо 11 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Ҳамзамон, аз 72 нафар хонандагони синфҳои 7-8 муассисаҳои таълимӣ ва Литсейи ноҳия 16 нафар ба даври вилоятӣ ва аз инҳо 11 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Ҳамчунин, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар олимпиадаи  байналмиллалии  «IMAS» аз фанни математика  16 нафар  фаъолона иштирок намуда, сазовори 3 ҷойи ифтихорӣ, роҳхат ба даври навбатӣ гардиданд. Дар олимпиадаи байналмилалии “Архимед” 6 нафар хонандагон аз фанни математика иштирок намуданд, ки як нафар хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №58-и ноҳия сазовори  ҷойи 3-юм гардид.

Бояд қайд кард, ки озмуни “Ифтихори ватандорӣ” дар байни синфҳои 7-11, санаи 30.03.2023, баргузор гардид, ки аз 63 муассисаи таълимии ноҳия 75 нафар хонандагон иштирок намуданд. Аз байни онҳо 3 нафар хонандагони фаъоли ноҳия, 1 нафар аз Литсейи давлатии №1, 1 нафар аз муассисаи таълимии №42 ва 1 нафар аз муассисаи таълимии  №8 сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гаштанд.

Даври вилоятии олимпиадаи фаннии мактаббачагон байни синфҳои 7-8, аз 01.04.2023 то 12.04.2023, баргузор гардид, ки аз 16 нафар ғолибони даври минтақавии вилоятӣ, 11 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Олимпиадаи фаннии вилоятӣ байни синфҳои 5-6 баргузор гардид, ки аз муассисаҳои таълимӣ ва Литсей  ноҳия 51 нафар иштирок намудаанд, ки 8 нафар бо гирифтани холҳои гузариш ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Дар санаи 6.05.2023, даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннии мактаббачагон байни синфҳои 5-6, аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ дар Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат  дар шаҳри Ҳисор  баргузор гардид, аз хонандагони ноҳия 4 нафар аз фанҳои забон ва адабиёт, забони русӣ ва забони англисӣ фаъолона иштирок намуданд. Аз натиҷаҳои олимпиадаи мазкур, хонандагон аз фанҳои забони тоҷикӣ ҷойи ифтихорӣ, аз забони англисӣ ва забони русӣ бо гирифтани холҳои баланд, ба ҷойҳои 3-юм сазовор гардиданд.

Даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар муассисаҳои таълимии ноҳия моҳи май ташкил ва  баргузор  карда шуд.  Дар озмун  аз рӯи   номинатсияҳои гуногун дар умум 463 нафар фаъолона иштирок намуда, 50 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ба даври сеюми озмуни вилоятии  «Илм-фурӯғи маърифат»  роҳхат гирифтанд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар машварати августии омӯзгорони ноҳияи Хуросон, аз ҳисоби “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо”, ки барои солҳои 2021-2025, бо қарори раиси ноҳияи Хуросон тасдиқ шудааст, хонандагон ва омӯзгороне, ки хонандагонашон дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро ишғол намудаанд, аз тарафи раиси ноҳия бо сипоснома ва маблағҳои яквақтаина ҳамчун ҳадя карда шуд, ки боиси ифтихори мо – кормандони соҳаи маорифи ноҳия мебошад.

Тибқи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» даври дуюми озмун дар толор ва китобхонаи  шуъбаи маориф байни хонандагон, омӯзгорон ва шахсони касбу кори гуногун бо иштироки 717 нафар (рӯзҳои 2-4-уми моҳи май) баргузор гардид. Аз ин шумора 53 нафар ба даври сеюми озмун роҳхат гирифта, Шукурова Ҷамила сазовори роҳхат ба даври чорум, яъне ҷумҳуриявӣ  гардид.

 Бунёдкорӣ ва сохтмон

– Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23, 11 синфхонаи иловагӣ барои 220 ҷойи нашаст дар як баст, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №44, 3 синфхонаи  иловагӣ  барои 60 ҷойи нишаст дар  як баст, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №47, 4 синфхонаи иловагӣ барои 96 ҷойи нишаст дар як баст дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50, 8 синфхонаи иловагӣ барои 160 ҷойи нишаст дар як баст, сохтмони 10 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №32 бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, соҳибкорон ва падару модарон сохтмон идома дорад, – зикр кард мавсуф ва афзуд, ки бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 ва бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50 дар арафаи анҷомёбист. Аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маблағгузории Бонки Исломии Рушд сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 1, 18 ва 37 идома дорад. Ҳамчунин, сохтмони як бино барои ду гурӯҳ дар назди муассисаи томактабии №1 дар асоси татбиқи лоиҳаи Барномаи CASA-1000  дар арафаи анҷомёбист.

Таҳсилоти иловагӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда изҳор дошт, ки таҳсилоти иловагӣ ҷузъи таркибии низоми таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мақсади он инкишофи қобилияти зеҳнию эҷодӣ ва истеъдоди таълимгирандагон, қонеъ гардонидани рағбат, эҳтиёҷоти маънавӣ ва талаботи онҳо ба интихоб ва гирифтани касб ҳангоми фориғ будан аз таълим дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Муассисаи таҳсилоти иловагӣ дар бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон  фаъолият дошта, бо мустақилияти молиявӣ таъмин мебошад. Муассиса соли 2022 аз аттестатсияи ХДНДСМ гузашта, соҳиби Шаҳодатнома ва Иҷозатнома барои пешбурди кору фаъолият гардидааст. Айни ҳол дар Муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Хуросон 9 маҳфил фаъолият мекунад.

Дастгирии мутахассисони ҷавон

Вобаста ба дастгирии мутахассисони ҷавон номбурда иттилоъ дод, ки тибқи    қарори   Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   аз  02.07.2016, №433, барои  мутахассони  ҷавон 10 % иловапулӣ муқаррар карда шуд, ки алҳол мутахассисони  ҷавоне, ки  дар  деҳот  кор  мекунанд (110 нафар омӯзгорони ҷавон), аз ин имтиёз бархӯрдор мебошанд. Қитъаи замин барои боғдорӣ ва полезкорӣ соли 2020 ба 4 нафар, соли 2021 ба 7 нафар, соли 2022 ба 10 нафар, дар умум  ба 21 нафар, қитъаи замин  барои сохтмони хонаи истиқоматӣ дар соли 2020 ба 3 нафар, соли 2021 ба 3 нафар, соли 2022 ба 4 нафар, соли 2023 ба 3 нафар,  дар умум ба 13 нафар, қарзҳо имтиёзнок барои хариди чорвои калони шохдори ширдеҳ ё бунёди 20 оилаи занбӯри асал ба маблағи 6000 сомонӣ, соли 2021 ба 10 нафар, соли 2022 ба 3 нафар ва соли 2023 ба 5 нафар мутахассисони ҷавон дастрас карда шуд.

Кабинети методӣ

Номбурда афзуд, ки кабинети методии шуъбаи маориф дар нуҳ моҳи соли 2023 дар якҷоягӣ  бо мушовирон 24 семинарҳои омӯзишӣ, ба 26 муасисаҳои таълимии ноҳия ёрии методӣ, дар асоси нақша-чорабиниҳои таъсисдодаи шуъбаи маориф баргузор намуданд. Тибқи нақша ҳамчун “Рӯзи шуъбаи маориф” дар муассисаҳои таълимӣ, ҳамаи мушовирон ба 24 муассисаҳои таълимӣ сафарбар шуда, ба кормандони ин муассисаҳо ёрии методӣ расониданд. Бо мақсади иҷрои Нақшаи солонаи Донишкадаи такмили ихтисос ва баҳри баланд бардоштани сифати таълим ҳамасола омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ба курсҳои бозомӯзӣ ҷалб карда мешаванд, ки дар нуҳ моҳи соли 2023 ба шаҳри Душанбе 6 нафар  ва ба шаҳри Бохтар 242  нафар ба курси такмили ихтисос сафарбар карда шудаанд, ки 72,3 %-и нақшаи солонаро ташкил медиҳанд.

Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия

– Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон ба рушди соҳаи маориф ва тафаккури техникии кӯдакону наврасон, омӯзиши илмҳои табииву математикӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ тадбирҳои амалӣ андешида, тавассути чорабиниҳои мухталиф ин иқдомҳоро амалӣ гардонида истодааст.

Инчунин тибқи талаботи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар  Ҷумҳурии  Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 дар семоҳаи аввали соли  2023 харитакунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ҷараён дошта, ба воситаи барномаи KoboCollect ҳар як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ба қайд гирифта шудааст. Мақсади асосии харитакунонӣ дар он аст, ки Маркази Ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия ҳамкорӣ бо лоиҳаи ЮСАИД баҳри таъмини хонандагон ва омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бо планшетҳо ва дастрасӣ ба шабакаи Интернет мебошад.

Дар 52 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва асосии ноҳия 291 адад камераҳои мушоҳидавӣ насб карда, ба истифода дода шудааст.

Аз тарафи Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия дар моҳи январи соли 2023 курси кӯтоҳмудат оид ба омӯзиши тахтаҳои электронӣ, видеопроекторҳо ва омӯзиши барномаҳои компютерӣ бо 145 нафар омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои ноҳия ташкил ва гузаронида шуд. 45 муассисаи таълимии ноҳия бо тариқи модем ва шуъбаи маорифи ноҳия, Маркази ТИК, Муассисаи таҳсилоти иловагӣ ва Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо тариқи “TOJ NET” ба шабакаи Интернет пайваст мебошанд.

Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди шуъбаи маорифи ноҳияи Хуросон бо 6 воҳиди корӣ, мустақилияти молиявӣ ва бинои алоҳида таъмин карда шудааст, – изҳор дошт дар анҷоми суҳбат Исроил Қурбонов.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь