Аз фаъолияи литсей ва гимназияҳои шаҳри Истаравшан

Муассисаи таълимии давлатии гимназияи №1 бо қарори Раиси шаҳри Истаравшан таҳти №278 аз 18 майи соли 2004 таъсис дода шудааст.

Тӯли 19 соли фаъолияти таълимӣ дар МТД гимназияи №1 ба номи академик Аҳрор Мухторови шаҳри Истаравшан устодону омӯзгорони зиёде ба монанди Ҳоҷиев Мирбақо, Ҳабибов Оқилҷон, Ёқубов Аҳмад, Абдуллоев Мирзиё, Юлдошева Муқаддам, Саидов Рустам, Фозилов Раҳимҷон, Саидахмедов Мирраҳмат ва дигарон кору фаъолият намуда, дар таълиму тарбияи насли наврас ва рушди соҳаи маориф саҳми арзандаи худро гузоштаанд.

Алҳол дар гимназия 1611 нафар хонандагон таҳсил дошта, ба онҳо 87 нафар омӯзгорони навовару эҷодкор ва устодони соҳибтаҷриба таълим медиҳанд, ки аз ин шумора 10 нафар “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошанд. Сол аз сол пояи моддию техникии гимназия мустаҳкам гардида, ба хонандагон дар 42 синфхона, аз ҷумла кабинетҳои физика, химия, таърих, математика, биология, ҷуғрофия, технологияи иттилоотӣ ва озмоишгоҳи лингафонӣ таълим дода мешавад.

Боиси зикр аст, ки дар арафаи соли нави таҳсил хонандагони гимназия дар олимпиадаи байналмилалии “Teeneagle” иштирок намуда, се нафар ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” хонандагон ва омӯзгорон мунтазам иштироки фаъол дошта,  аз он ҷумла омӯзгор Шарипова Фарзона соли 2022 дар даври ниҳоии озмун сазовори ҷойи ифтихорӣ гашта, бо сипосномаи вазири маориф ва илм сарфароз гардонида шуд. Дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” Шоҳсанами Асрор соҳиби ҷойи сеюм гашт. Дар соҳаи варзиш бошад хонандагони гимназия 6 медали тилло, 5 медали нуқра ва 7 медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Боиси ифтихор ва сарбаландист, ки хонандаи гимназия  Ҳомидов Шерафкан соли таҳсили 2020 – 2021-ро бо медали тиллои равиявӣ хатм намуд.

Дар раванди корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассиса китобхонаи электронӣ муҷаҳҳаз бо шароити муосир дар арафаи ифтитоҳ қарор дорад. Китобхонаи электронӣ дар бинои дуошёна ҷойгир буда, дар ошёнаи аввал қироатхона бо 16 ҷойи нишаст ва 15 адад компютерҳои наву замонавии пайваст ба шабакаи дохилӣ ва шабакаи умумиҷаҳонии интернет таҷҳизонида шудааст. Китобхонаи электронӣ фарогири беш аз 2000 китоби электронии дарсиву бадеӣ мебошад. Дар ошёнаи дуюм бошад толори маҷлисгоҳ бо 210 ҷойи нишаст барои гузаронидани чорабиниҳои беруназсинфӣ пешбинӣ гардидааст.  Сохтмони китобхона соли 2021 бо маблағгузории Ассотсиатсияи волидон ва омӯзгорон оғоз гардида, барои тармим ва таҷҳизонидани он зиёда аз 700 ҳазор сомонӣ масраф гардидааст.

Дар Муассисаи таълими давлатии литсейи №1-и шаҳри Истаравшан зиёда аз 600 нафар хонандагони болаёқат таҳсил менамоянд.

Дар муассисаи таълимӣ 41 нафар омӯзгорон бо маълумоти олӣ, як нафар омӯзгори дорандаи медали «Хизмати шоиста» Адҳамов А., 10 нафар Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурда, ба хонандагон таълиму тарбия медиҳанд.

Дар тӯли фаъолияти худ литсейи №1-и шаҳри Истаравшан тавонист шахсони боилму маърифат ва ватанпарварро мувофиқи талаботи замон тарбия намояд, ки имрӯзҳо хатмкунандагони дабистони мазкур ба донишгоҳҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он – Русия, Олмон, Чин, Амрико, Қазоқистон, Украина, Белорусия, Корея, Лаҳистон, Қирғизистон бомуваффақият таҳсил карда истодаанд.

Собиқ шогирдони ин таълимгоҳ Атҳам Маъмурзода- Раиси шаҳри Истаравшан, Аминзода Сулҳиддин -сардори раёсати маорифи шаҳри Истаравшан, Аҳроров Акмалҷон-ҷонишини сардори раёсати маорифи шаҳри Истаравшан, Пиримқулов Баҳром директори гимназияи №4, Саидов Ҳалимҷон – доктори илми филологӣ ва дигарон мебошанд.

Иштироки омӯзгорон ва хонандагон дар озмунҳо:

Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли хониши 2023-2024:

1.Абдуҷабборов Абдуворис-омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар номинатсияи «Адабиёти классикӣ» ишғоли ҷои якум ва иштирокчии даври ҷумҳуриявӣ;

  1. Ахунов Толиб-омӯзгори фанни алифбои ниёгон дар номинатсияи «Адабиёти ҷаҳон» сазовори ҷои дуюм, иштирокчии даври ҷумҳуриявӣ;

3.Хонандаи синфи 11 Алимова Оиша дар номинатсияи «Адабиёти муосир» ишғоли ҷои 1-юм, иштирокчии даври ҷумҳуриявӣ.

Дар Гимназияи №4 57 нафар омӯзгор буда, аз онҳо омӯзгорони хушсалиқа ва собиқадорон заҳмат мекашанд.

Дар Гимназияи №4, 1060 нафар толибилмон таҳсил карда истодаанд. Таълим бо забони тоҷикӣ ва русӣ буда, бо равияи ҷамъиятӣ-гуманитарӣ дар ду баст таҳсил намуда истодаанд.

Хонандагони муассиса дар озмунҳову олимпиадаҳои фаннӣ иштироки фаъолона доранд. Гирандаи идрорпулии Президентӣ Шаропов Муҳаммад, Толибова Парвина, Абдулоев Диловар, Тошматова Шоҳина, Қодирова Сайёра, Шаропова Сабрина. Гирандаи идрорпулии раиси шаҳр Файзуллоев Усмон мебошанд.

Соли хониши 2022-2023 сиву ҳашт нафар хонандагон дар олимпиадаҳои шаҳрӣ иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро соҳиб шуданд. Дар олимпиадаи вилоятӣ 10-нафар толибилмон иштирок карда, роҳхат ба ҷумҳуриявӣ гирифтанд. Шаропов Муҳаммад дар олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни забони англисӣ ҷойи 2-юмро ишғол намуд. Дар озмуни “ Тоҷикистон Ватани азизи ман” дар миқёси ҷумҳурӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ гардид. Дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Ҳадиса Мӯъминова дар миқёси ҷумҳурӣ ҷойи сеюмро ишғол намуда, бо маблағи пулӣ қадршиносӣ карда шуд.

Дар гимназияи №5-и шаҳри Истаравшан омӯзгорон, хонандагон, кумитаи иттифоқи касабаи гимназия ва кумитаи падару модарон дар давраи соли таҳсили 2022-2023 ва 9 моҳи соли ҳисоботи 2023 ба як қатор муваффақиятҳо ва дастовардҳои назаррас ноил гардиданд.

Соли таҳсили 2022-2023 дар Олимпиадаи шаҳрӣ (даври дуюм) 67 нафар хонандагон иштирок карда, 31 нафар ғолиб омаданд.

Олимпиадаи вилоятӣ (даври сеюм) 8 нафар иштирок карда, 3 нафар ғолиб омаданд. Дар давраи чорумиолимпиада 3 нафар иштирок карда, ғолибон 2 нафарро ташкил медоданд. Дар олимпиадаи байналмилалӣ 58 нафар иштирок карда, 7 нафар ғолиб омаданд.

Ҳамзамон бо мақсади амалигардонидании Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 32-солаги Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 низ озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” байни хонандагон гузаронида шуд, ки дар ин озмун Шарифов Ҳайитбой, Маҳмудӣ Париноз, Азизова Ситора, Расулов Бахтовар ва Очилова Меҳрангез ғолиб омада, сазовори ҷойҳои аввал гардиданд ва Маҳмудӣ Париноз дар даври ҷумҳуриявии озмун созовори ҷойи дуюм шуд. Аз гимназияи №5 дар озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик Шарифов Ҳайит ширкат варзид.

Дастоварди дигари гимназия ин аст, ки 82 нафар толибилмон гиназияро бо муваффақият хатм карда, ҳамаи 82 нафар ба донишгоҳҳо, донишкадаҳо, литсейҳо,омӯзишгоҳҳои касби дохили ва хориҷи кишвар дохил шуда, таҳсилро дар донишгоҳҳо идома дода истодаанд.

Нигора Саидбекова,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь