Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Спитамен хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи мазкур Исломӣ Мадина суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат мавсуф қайд кард, ки 23-юми декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ қайд карданд, ки «Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст».

Ҳамзамон, мавсуф қайд кард, ки шуъбаи маорифи ноҳияи Спитамен дар давоми соли 2022 аз натиҷаи ҳисоботи ҷамъбастии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 ва вазифаҳо дар соли 2022 хулосаи зарурӣ бароварда, оид ба дастуру супоришҳо нақша омода сохта, фаъолиятро дар асоси он ба роҳ монд. Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21.12.2021) кормандони соҳаи маорифи ноҳияро рӯҳу илҳоми тоза бахшид.

Кормандони шуъба ва кулли омӯзгорони ноҳия дар давраи ҳисоботӣ баҳри иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», инчунин, Консепсияи миллии тарбия ва таҳсилот, ҳамзамон, барои амалӣ намудани Барномаҳои давлатии марбут ба соҳаи маориф кӯшиш ба харҷ доданд.

Натиҷагирӣ

Номбурда изҳор дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи нақшаи корӣ масъалаҳои гуногуни раванди таълиму тарбияи насли наврас, фаъолияти омӯзгорону мураббиёнро омӯхта, дар шӯрои шуъбаи маориф 45 масъала ва дар машварати назди мудири шуъбаи маориф 21 масъала мавриди муҳокима қарор гирифт. Инчунин, иҷроиши Барномаҳои давлатии соҳаи маориф, аттестатсияи муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои томактабӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз 12760 нафар хонанда корҳои хаттӣ гирифта, сатҳи дониши хонандагон муайян карда шуд.

Семинарҳои дастурдиҳии директорони муассисаҳои таълимӣ, ҷонишинони директор оид ба таълим ва тарбия, мудирони кӯдакистонҳо, китобдорон ва омӯзгорони фаннӣ, ки нақшавӣ буд, баргузор карда шуд.

Санаҳои 22-24 августи соли 2022 машварати августии омӯзгорони ноҳия ташкил ва гузаронида шуд. Дар машваратҳои дастурдиҳии муовинони директор оид ба таълим ва тарбияи муассисаҳои таълимӣ «Қабули хатмкунандагони муасисаҳо тариқи Маркази миллии тестӣ ба донишгоҳҳои олии ҷумҳурӣ», татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар масъалаҳо доир ба баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон мавриди омӯзиш қарор дода шуд.

Дар машварати августӣ 1 нафар омӯзгор бо нишони аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар бо сипосномаи раиси вилояти Суғд, 19 нафар бо сипосномаи раиси ноҳия, 4 нафар бо сипосномаи Раёсати маорифи вилоят сарфароз гардонида шуда, ба 40 нафар собиқадорон ва омӯзгорони фаъол туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

Соли 2022 синфи 11-ро 1794 нафар хонанда хатм намуда, 1344 нафарашон ба ММТ хуҷҷат супориданд. Аз онҳо 872 нафар ба донишгоҳҳои олӣ, 174 нафар ба муассисаҳои миёнаи касбӣ, 16 нафар тибқи квотаи президентӣ ва 142 нафар ба донишгоҳҳои хориҷ, дар маҷмуъ 1204 нафар дохил шуданд.

Иштирок дар олимпиада

-Натиҷаи олимпиадаи ҷумҳуриявӣ чунин аст: аз фанни забони давлатӣ 12 нафар хонанда, забон ва адабиёти тоҷик 5 нафар, аз фанни адабиёти рус 1 нафар, аз фанни забони русӣ 2 нафар хонанда, аз фанни забони англисӣ 6 нафар хонанда, аз фанни химия 4 нафар, аз фанни биология 3 нафар, аз фанни география 7 нафар, аз фанни таърих 6 нафар, хуқуқ 3 нафар,  аз фанни математика 4 нафар хонандагон ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Ҳамагӣ 53 нафари онҳо ҷойҳои 1, 2 ва 3-ро ишғол намуданд. Ҷойи 1 – 9 нафар, ҷойи 2 – 14 нафар, ҷойи 3 – 30 нафар.

Бо тариқи онлайн аз фанни математика олимпиадаи байналмилалии Архимед гузаронида шуда, дар даври дуюм 29 нафар хонандагон ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол намуданд.

Дар олимпиадаи байналмилалии АЙМАС 10 нафар хонандагон иштирок намуда, 6 нафарашон ҷойҳои дуюм ва сеюмро ишғол намуданд, – афзуд номбурда.

Созандагӣ

-Дар рафти суҳбат мавсуф зикр дошт, ки дар назди МТМУ №5 ва 7, ҷамъ 7 адад синфхонаҳои иловагӣ кушода шуд. Сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар МТМУ №16 ва 30 идома доранд. Дар деҳаи навбунёди “Файзобод”-и ҷамоати деҳоти Куруш сохтмони муассисаи нав оғоз гардид.

Дар ҳамкори бо ташкилоти ғайридавлатии «Насли навраси Тоҷикистон» тирезаҳои фарсудаи МТМУ №5, 11, 19, 21, 31 ба тирезаҳои пластикӣ иваз карда шуда, дар МТМУ №5, 11, 19 сохтмони хоҷатхона оғоз гардид.

Дар асоси нақшаи «Барномаи давлатии ташкили муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2025» дар ноҳия 1 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусӣ ба нақша гирифта шуда, буд. Бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ И. Холмуродова муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ ташкил карда шуд,- изҳор дошт Исломӣ Мадина.

 Таълим ва тарбия

Номбурда тазаккур дод, ки ғамхории рӯзафзуни давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи маориф кормандони ин соҳаро рӯҳу илҳоми тоза бахшида, водор менамояд, ки дар таълиму тарбия ба муваффақиятҳои бештар комёб гарданд. Алҳол, дар ноҳия 33 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 литсей, 3 муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатӣ ва 11 муассисаи томактабӣ амал менамояд. Инчунин, интернати наздимактабӣ, маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият менамоянд.

Дар ноҳия 35 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 1 адад литсей мавҷуд буда, дар онҳо 22 адад толорҳои варзишӣ ва дар ҳамаи онҳо майдончаҳои варзишӣ мавҷуд аст.

Теъдоди умумии хонандагони муассисаҳои таълимӣ дар соли таҳсили 2022-2023, 32264 нафар, аз ҷумла, 15967 нафар духтарон ба таҳсил ҷалб карда шудаанд. Ин миқдор 1355 синфро ташкил медиҳад.

Дар соли таҳсили 2021-2022 миқдори умумии омӯзгорони ноҳия 1938 нафар, аз ҷумла, 1608 нафарро занҳо ташкил кард. Бо маълумоти олӣ 1794 нафар, олии нопурра 80 нафар, миёнаи махсус 61 нафарро ташкил медиҳад.

Дар давоми соли 2022 бо мақсади такмил додани таҷриба омӯзгорони ноҳия 302 нафар омӯзгорони ноҳия дар асоси нақшаи донишкадаи такмили ихтисоси вилоят аз курси бозомӯзӣ гузаронида шуданд.

Хонандагони лаёқатманд таҳти роҳбарии Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби омӯзгорон ба маҳфилҳо ҷалб карда шуданд. Ба ин маҳфилҳо зиёда аз 752 нафар хатмкунандагони синфи 10-11 ҷалб гардидаанд.

Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.03.2006. №94 «Дар бораи тасдиқи Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соли 2022 корҳои муайянро ба анҷом расонид.

Дар самти тарбияи ватандӯстию ифтихори миллӣ, мустаҳкам намудани эҳтирому садоқат ба Модар-Ватан ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик, ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуб, ҷинояткорӣ, нашъамандӣ, шомил шудан ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ низ тадбирҳои судманд андешида шуданд.

Бо мақсади омӯзиши ҳамаҷонибаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» нақшаи чораҷӯиҳо таҳия намуда, дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия бо волидони хонандагон суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд ва корбарӣ дар ин самт идома дорад.

Муассисаҳои ноҳия барои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия ҳамкориро бо падару модарон хуб ба роҳ мондааст. Дар ҳар як муассиса кумитаи падару модарон фаъолият мебарад. Ҳиссаи кумитаи падару модарон аз таъмири ҷорӣ баровардани мактабҳо, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои фарҳангӣ ва берун аз мактабӣ калон аст. Маҷлисҳои кумитаи падару модарон мунтазам гузаронида мешавад. Илова ба ин дар мактабҳо рӯзҳои падару модарон ташкил карда мешавад. Дар ин рӯзҳо падару модарон барои иштирок ба дарсҳо ҷалб карда мешаванд.

Забономӯзӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда қайд кард, ки баҳри иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2019, №438 дар бораи амалӣ намудани «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» дар давоми соли 2022 тибқи нақша-чорабиниҳо амал намуда, мувофиқи он дар давраи ҳисоботӣ корҳои муайянро ба сомон расонид.

Татбиқи барномаи мазкур муассисаҳои ноҳия бо омӯзгорони соҳибтахассуси забонҳои русӣ ва англисӣ таъмин шудааст. Дар давоми соли 2022 аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф 23 нафар омӯзгорони фанни забони русӣ ва 28 нафар омӯзгорони фанни забони англисӣ аз курси бозомӯзии такмили ихтисос гузаронида шуданд.

Дар 36 муассисаҳои таълимии ноҳия 36 адад тахтаи электронӣ, 34 адад проектор ва 3 адад кабинети лингафонӣ мавҷуд аст. Омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ ва омӯзгорони ҷавон дарсҳои худро бо истифодаи воситаҳои техникӣ: доскаи электронӣ, проектор ва телевизор, ДВД-плеер гузаронида истодаанд. Омӯзгорони ҷавон бо усулҳои нави фаъоли таълим ва бо низоми салоҳиятноки гузаронидани дарсҳо шинос карда шуда ва иштироки онҳо ба дарсҳои омӯзгорони пешқадам ва эҷодкор таъмин карда шуд.

Маркази таҳсилоти иловагӣ

Инчунин, мавсуф изҳор дошт, ки дар Маркази таҳсилоти иловагӣ нақшаи корӣ барои соли 2022 тартиб дода шуда, дар асоси он корҳо ба иҷро расонида шуд. Дар давоми соли 2022, 16 нафар омӯзгорони ихтисосманд фаъолият мебаранд, аз онҳо 14 нафар бо маълумоти олӣ, 1 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ва 1 нафар бо маълумоти олии нопурра мебошанд. 7 нафар хизматчиёни техникӣ фаъолият мебаранд. 6 намуди маҳфил дар муассисаҳои таълимӣ ҷойгир аст, ҳоло барои хусусӣ намудани бинои Марказӣ таҳсилоти иловагии ноҳияи Спитамен корбарӣ шуда истодааст.

Маркази таҳсилоти иловагӣ ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат ва бо мақсади тадбиқ намудани иқдоми нави Сарвари давлат- эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ” фаъолияти маҳфилҳои ин самтро ҷоннок намуда, дар оянда кӯшиш менамояд, ки баҳри тадбиқи ин иқдом аз тамоми имкониятҳо истифода намояд.

Маркази таҳсилоти иловагӣ дар асоси дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои Раёсати маорифи вилоят, Маркази таҳсилоти иловагии вилоят, шуъбаи маорифи ноҳия бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати дониш, ривоҷу равнақ бахшидани истеъдод, инкишофи зеҳнию маҳорати эҷодкории наврасону ҷавонон тарбияи онҳо дар руҳияи ватан дӯстию меҳанпарастӣ, эҳтироми анъанаю суннатҳои миллӣ аз моҳи январ оғоз намуда, як чанд озмунҳои сатҳи ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявиро бо иштироки хонандагони ноҳия ташкил кард.

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо

-Таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таълиму тарбия ва баланд бардоштани маърифати хонандагон сол аз сол зиёд мегардад. Ҳамчунин, дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия намудани онҳо аз мо масъулияти дучанд талаб менамояд. Бо ин мақсад дар асоси Қарори раиси ноҳияи Спитамен аз 23 октябри соли 2014 №749 дар назди шуъбаи маорифи ноҳия Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъсис дода шуд.

Ҳар моҳ дар толори маҷлисгоҳи фарҳанги ноҳия семинар бо иштироки аъзоёни маҳфили Марказ гузаронида мешавад. Дар ҷараёни семинар бештар ба омӯзиши фаъолияти роҳбарони илмӣ – амалии муассисаҳо аҳамият дода мешавад. Инчунин, роҳу усулҳои кор бо хонандагони болаёқат, дарёфти хонандагони боистеъдод, ташкили маҳфилҳо, таҳияи маводҳои иловагӣ мавриди омӯзиш мебошад,- изҳор дошт номбурда.

Фаъолияти мактаб интернатҳо ва муассисаҳои томактабӣ

Мавсуф ҳамзамон, қайд кард, ки дар интернати назди муассисаи таълимӣ 24/12 нафар тарбиятгирандагон таълиму тарбия мегиранд.

Айни ҳол дар ноҳия 11 муассисаи томактабӣ амал мекунад, ки дар он 2030 нафар кӯдакон ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд. Ба онҳо 92 нафар мураббиён таълиму тарбия медиҳанд, ки 68 нафар дорои маълумоти олӣ, 16 нафар миёнаи касбӣ ва 8 нафар олии нопурра ҳастанд.

Дониш талабу бузургӣ омӯз

Номбурда қайд кард, ки баҳри амалӣ намудани «Нақша-чорабиниҳо барои солҳои 2020-2025 оид ба амалӣ гардонидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040» дар давоми соли 2022 корҳои муайянро ба сомон расонид.

Барои таблиғи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар нашрияи шуъбаи маориф «Махзани маърифат» мақолаҳо, дастовардҳои маорифи ноҳия дар рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мунтазам чоп шуда истодааст. Инчунин, санаи 8 февраи соли 2022 семинари омӯзишӣ доир ба иҷрои барномаи мазкур ташкил ва гузаронида шуд, ки дар он ба шахсони мутасаддии муассисаҳои таълимӣ оид ба роҳҳои иҷрои нақша-чорабиниҳои барнома, ташкили кабинетҳои фаннӣ, бедор намудани завқи хонандагон ба фанҳои табии риёзӣ, интихоби касбҳои техникӣ дастурҳо дода шуд. Дар давоми се моҳи соли 2022 дар МТМУ №1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12 ва 20 вохӯриҳо ташкил карда шуд. Дар ин вохӯриҳо намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, ҷавонон, занон иштирок намуда, ба падару модарон ва хонандагон доир ба мақсад ва муҳтавои барномаи мазкур, корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ ва интихоби касб маълумот доданд.

Пояҳои моддӣ-техникӣ

Номбурда афзуд, ки барои таҳким бахшидани пояи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ аз тарафи муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда истодааст. Дар МТМУ №20 бо ёрии кумитаи падару модарон ва буҷети маҳалли кабинети математика ташкил карда шуд. Барои ташкили кабинети фанни математика дар МТМУ №19 аз ҳисоби буҷети ноҳия ба маблағи 15985 777 сомонӣ тахтаи электронӣ, компютер ва проектор харидорӣ карда шуд. Дар МТМУ №3 ба маблағгузории СММ компютерҳои замонавӣ таъмин карда шуд. Инчунин, МТМУ №12 аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо 2 адад тахтаи электронӣ, 3 адад компютер ва 2 адад телевизор таъмин карда шуд. Дар ин давра муассисаҳои таълимии ноҳия бо 101 адад компютер, 4 адад проектор ва 4 адад тахтаи электронӣ таъмин карда шуд.

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳия бо бинои алоҳида таъмин набуда, дар бинои шуъбаи маориф фаъолият мекунад. Марказ аз моҳи май бо 2 хуҷраи алоҳида таъмин карда шуд, ки як хуҷраи корӣ бо масоҳати 20 м2 ва 1 хуҷраи машғулиятҳо бо масоҳати 50 м2 мебошад. Инчунин, марказ бо компютер ва принтер таъмин аст.

Дар соли таҳсили 2021-2022 дар муассисаҳои таълимии ноҳия 34 синфи равияи табиӣ, математикӣ ташкил карда шудааст, ки мувофиқи нақшаи таълимӣ дар ин синфҳо ва Литсейи №1 омӯзиши фанни астрономия ҳамчун фанни алоҳида ба роҳ монда шудааст.

Маҳфилҳои фаннӣ

Ҳамсуҳбати мо дар фароварди суҳбат қайд кард, ки шуъбаи маорифи ноҳия кӯшиш намуда истодаанд, ки дар муассисаҳои талимӣ маҳфилҳои фаннӣ бештар ташкил карда шуда, фаъолияти он хубтар ба роҳ монда шавад. Айни ҳол 14 адад маҳфили «математики ҷавон», 4 адад «техникони ҷавон», 11 адад «физикони ҷавон» ва 8 адад «Химикони ҷавон» амал мекунад, ки ба онҳо зиёда аз 570 нафар хонандагони болаёқат ҷалб карда шуданд. Самараи меҳнати чунин маҳфилҳо буд, ки дар олимпиада вилоятӣ 15 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ фанҳои биология, география, математика, физика ва химия ҷойҳои намоёнро ишғол намуда, ба олимпиадаи ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Инчунин, дар назди Маркази таҳсилоти иловагии ноҳия 4 маҳфил, 10 гурӯҳ бо фарогирии 116 нафар хонанда маҳфилҳои техникӣ ва фанҳои дақиқ ба роҳ монда шудааст. Рӯзи 14 марти соли 2022 дар пояи маркази таҳсилоти иловагии ноҳия даври ноҳиявии озмуни «Техникони наврас» гузаронида шуд ва ғолибони озмун ба даври вилояти роҳхат гирифтанд.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь