Дар вилояти Хатлон беш аз 12 ҳазор кудакону наврасони имконияти маҳдудошта,  иқомат дошта, қисмати ками онҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, зеро муасисаҳои таҳсилоти миёна барои қабули онҳо омода нестанд.

Волидон: “Нақлиёти ройгон нест, харҷ зиёд мешавад”

Рустам Шарипов 10 сол дорад ва дар ноҳияи Кушониён иқомат мекунад. Ӯ  омӯзишро зиёд дӯст медорад. Вале ҳарфу гуфтораш бо имову ишора сурат мегирад, зеро Рустам имконияти сухан гуфтану шуниданро надорад. Модари ӯ, – Ҷумъагул Шарипова талошҳои фарзандашро дида, барои омӯзиши Рустам ӯро ба чанде аз муасисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бурд: “Мехоҳам писарам мисли дигар кӯдакон ба мактаб равад ва дониш омӯзад. Барои таҳсил карданаш ба чанд мактаби ноҳия муроҷиат кардам, қабул накарданд. Барои ин ҳар руз ғусса мехӯрдаму ашк мерехтам, вале таслим намешудам”, – қиса кард ӯ.

Баъди чандин талошҳову ҷустуҷӯҳо, холаи Ҷумъагул Рустамро ба муасисаи таҳсилоти миёнаи рақами 5- и шаҳри Бохтар овард ва фаҳмид, ки дар ин мактаб синфхонаҳои махсус барои кӯдакони имконияти маҳдуд дошта, мавҷуд аст:

– “Имрӯз аз таҳсили фарзандам қаноатмандам ва соли чорум аст, ки дар таҳсили Рустам то ҳадди имкон ва фаҳмиши худ саҳм мегузорам. Ҳар субҳ ҳамроҳи ӯ ба дарс омада, то анҷоми дарсҳояш мунтазир мемонам ва боз якҷоя ба хона меравем. Худам маълумоти олӣ надорам ва ҷое кор намекунам. Дар хона як мол дорам ва бо фурӯхтани шир рӯзгорамро пеш мебарам. Барои ҳар рӯз аз ноҳияи Кушониён ба Бохтар омадан, маблағи зиёд сарф мешавад, ки ин ҳол вазъи иқтисодии нохубамро боз ҳам харобтар мекунад. Бо падару модарони дигар хонандагони гурӯҳ аз масъулини маориф хоҳиш кардем то барои фарзандони мо нақлиёти ройгон пешниҳод кунанд, аммо ҷавобе нагирифтем”, – гуфт холаи Ҷумъагул.

ОМӮЗГОР: Китобҳои дарсӣ надорем

Дар баробари Рустам Шарипов, дар муасисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 5 – и шаҳри Бохтар 38 нафар кӯдакону наврасони имконияти маҳдудошта дар чор синфхона бо забонҳои тоҷикиву русӣ таҳсил мекунанд. Флюра Ҷӯраева сурдопедагог бо забони русӣ ба кӯдакони гунгу ношунаво дарс мегӯяд:

– Дар гурӯҳи ман хонандагон аз синфи як то нӯҳ таҳсил мекунанд. Аксарияти онҳо аз шаҳру ноҳияҳои Норак, Ҷалолидини Балхӣ, Кушониён, Ҷайҳун, Вахш ва Данғара меоянд. Ҳар яки онҳо ба фанни алоҳиде завқи зиёд доранд. Аммо омӯзиши онҳо душвор аст. Зеро барои омӯхтани забони имову ишора, китобҳои махсус лозиманд, ки мо онҳоро надорем. Норасоии китобҳои дарсӣ бо забони русӣ ва дигар аёниятҳои лозима, барои омӯзишу таҳсили онҳо мушкил эҷод мекунад. Барои ҳалли ин масъала чандин бор ба маорифи вилоят ва шаҳр муроҷиат кардем, онҳо ваъда доданд, ки ҳал мешавад, вале то ҳол интизорем, – гуфт муаллима.

Розия Бобоева омӯзгори кӯдакони нобино дар муасисаи болозикр буда, барои таҳсил кардану илм омӯхтани чунин кӯдакону наврасон пайваста талош мекунад:

– Дар раванди омӯзиш кӯдакони нобино бо ламс кардан атрофро дарк мекунанд ва барои ин мо аввал аз машқҳои оддӣ шурӯъ мекунем. Зиёд мехоҳам, ки чунин кӯдакон аз таҳсил дур намонанд ва волидонашон онҳоро аз ҷомеа пинҳон накунанд. Ман ки худ нобино ҳастам ва барои таҳсил кардан машаққатҳои зиёд кашидам, медонам, ки дар ҷомеаи мо ва муасисаҳои илмомӯзии вилоят бо душворӣ қабул мекунанд кӯдакони имконияти маҳдудоштаро. Худи ман соли 2004 мактаби миёнаро хатм кардам ва даҳ сол маро ба донишгоҳ қабул накарданд, зеро ман нобино будаму онҳо мегуфтанд, ки таҳсил кардан, бароям душвор мешавад. Баъди 10 сол бо дониши худ ба донишгоҳ дохил шудаму онро хатм кардам ва тавонистам ба ҷомеа исбот кунам, ки нафарони имконияти маҳдуд дошта низ метавонанд дар баробари инсонҳои солим таҳсил ва кору фаъолият намоянд. Имруз таваҷҷӯҳи волидон ба таҳсили чунин кӯдакон бештар гардидааст, ки ин хуб аст. Барои хонандагони мо муҳимтарин лавозимоти дарсӣ “прибор”-у “грифил” аст, ки онҳо чун дафтару қалам истифода мешавад ва ҳамчунин китобҳои бо ҳуруфи “брайл” нашр шуда мебошад, ки мо онҳоро хеле кам дорем. Ба Раёсати маорифи вилояти Хатлон чанд сол муроҷиат кардам, вале онҳо посух доданд, ки маблағ барои хариди чунин лавозимоти дарсӣ надоранд. Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ мо тавонистем қисме аз ин лавозимотҳои дарсиро ба даст биёрем вале ҳануз ҳам мушкил дорем дар ин самт, – гуфт Розия Бобоева.

Маҳмадёр Маҳмудов, – падари Ҷасурбек Маҳмудов низ ҳама рӯз фарзандашро аз ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ барои таҳсил ба ин мактаб меорад. Ҷасур низ имконияти сухан гуфтану шуниданро надорад ва барои баёни фикру хоҳиш аз имову ишора истифода мебарад:
– Ҷасур писари калониам аст ва аз хурдӣ наметавонад гап занад ва ё шунавад. Мехоҳам ӯ дар зиндагӣ азоб накашад ва соҳибилму боэҳтиром шавад. Ӯ ҳанӯз дар синфи дуюм мехонад, вале аллакай метавонад суханҳои худро бо имову ишора ба мо фаҳмонад. Гоҳе мешавад, ки мо намефаҳмем забони имову ишораи ӯро ва аз ин ӯ ба гиря меояд, ки таҳамулаш сахт аст барои мо. Аз ҳисоби кор дар муҳоҷирати меҳнатӣ рӯз мегузаронам, – баён намуд Маҳмадёр Маҳмудов.

Мирзоумед Юнус, – директори муасисаи болозикр аз мушкиливу норасоиҳои чунин хонандагон сухан карда, иброз дошт, ки барои ин хонандагони мо пеш аз ҳама китобҳои дарсӣ намерасанд ва ҳамчунин онҳо ошхона ва ҳоҷатхона надоранд. Ҳолатҳое буданд, ки зимни рафтан ба ғизохурӣ ва ё ташноб кудакони солим бо ҳарфу амалҳои нохуб ҳар гуна таҳқиру озор медонанд ин кӯдаконро. Барои кӯдакони нобино хатар дорад рафтан ба ташноби умумӣ, зеро онҷо шароити лозима барои чунин нафаронро надоранд ва ин кӯдакон ҳар гоҳ нороҳат мешаванд аз ин.

Шӯъбаи маориф: Китобу ашёи хонишро таъмин мекунем

Муслима Каримова, мушовир доир ба синфҳои ибтидоии шӯъбаи маорифи шаҳри Бохтар иттилоъ дод, ки хонандагони имконияти маҳдудошта, пайваста аз ҷониби шӯъбаи маориф дастгирӣ ёфта, бо китобу лавозимоти дарсӣ таъмин мебошанд ва вобаста ба ин ҳеҷ мушкил надоранд.

Раёсати тандурустӣ: Кӯдакони имконияти маҳдудошта зиёданд
Тибқи иттилои Нурулло Маҳбулозода, сардори Хадамоти давлатии ташхиси тибби иҷтимоӣ дар вилояти Хатлон, дар вилоят 12554 нафар кӯдакону наврасони имконияти маҳдудошта, иқомат мекунанд, ки қисмати бештари онҳо аз 7 то 18 сола мебошад.

Раёсати маорифи вилояти Хатлон: маълумот надорем

Мо барои гирифтани маълумот дар хусуси шумораи умуми хонандагони имконияти маҳдудошта ва вазъи таҳсили онҳо дар ҳудуди вилояти Хатлон ба Раёсати маорифи вилоят муроҷиат кардем, вале масъулин бо баҳонаи гуногун аз додани иттилоъ даст кашиданд. Тибқи иттилои ғайрирасмие. ки мо ба даст овардем, дар муасисаи таҳсилоти миёнаи рақами 2- и ноҳияи Вахш низ чунин синфхона ҳаст, вале он танҳо барои кӯдакони ношунаво пешбинӣ шудааст, ки ин барои фарогирии кӯдакони имконияти маҳдудошта ба таҳсилу илмомӯзӣ хеле кам аст.

Коршинос: фарзандонро аз ҷомеа дур накунед

Ҳоҷизода Ғайбулло, корманди ташкилоти ҷамъиятии “Эҳё ва дастгирӣ” дар вилояти Хатлон бо кӯдакони имконияти маҳдудотша фаъолият карда, ба онҳо ҳамчун омӯзгор кумаки равонӣ ва иҷтимоӣ мерасонад: “-Дар ташкилоти мо беш аз 30 нафар кӯдакони маъюб ва имконияти маҳдудошта, барои омӯзиш ва табобати ройгон ҷалб гардидаанд. Тӯли чанд соли кор бо чунин кӯдакону наврасон шоҳид будам, ки волидони чунин кӯдакон аз фарзандонашон шарм мекунанд ва онҳоро аз ҷомеа пинҳон карда, ҳатто ба берун намебароранд. Даруни мошин оварда, боз ҳамин гуна мебаранд, ки ин ҳолат ба равони кӯдакон зарбаи сахт мезанад. Онҳо худро нолозиму зиёдатӣ меҳисобанд. Аслан чунин кудакону наврасон худ рӯҳан афсурдаҳол мешаванд аз ҳолати худ ва чунин муносибат кардани волидону ҷомеа ҳолати равонии онҳоро боз ҳам носолим мекунад. Мо талош мекунем дар раванди омӯзишу табобат фикри волидону кӯдаконро дар ин маврид тайғир бидиҳем ва онҳоро барои орзу кардану шоиста зистан, равона созем. Волидон бояд дарк кунанд, ки фарзандони онҳо низ мисли дигар кудакон ҳақи зистану шод будан дар ҷомеаро доранд. Аксарияти волидон намедонанд ба куҷо муроҷиат кунанд барои таҳсили фарзандонашон, ки ин як масъалаи доғ аст дар вилоят, зеро инҷо омӯзишгоҳу муасисаҳои фарогири чунин кӯдакон ба таҳсил хеле камёфт аст. Мо бояд дарк кунем, ки онҳо низ як қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи мо мебошанд ва аз таҳсил дур мондни онҳо хатар дорад барои ояндаи неки онҳо, – гуфт Ғайбулло Ҳоҷизода.
Мавлуда Гулова,Фараж”

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь