Сухан чун аз сари андеша н-ояд,

Навиштанрову гуфтанро нашояд.

Андешаи ман сӯйи фаъолияти кории нафароне меравад, ки аз сӯзу созашон олам мунаввару дунё гулбасар мегардад. Онҳо рисолати худро бо тамоми ҳастияшон иҷро мекунанд. Онҳо зи ғайрат ному обрӯ ба даст оварда, бо талошу ҷонфидоии хеш сазовори эҳтироми мардум гардидаанд. Онҳо киҳоянд? Нафароне, ки мо дар бораашон сухан оғоз кардем, кормандон ва омӯзгорони Муассисаи таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара” мебошанд.

Фаъолияти таълимӣ

Муассисаи таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара” ҷараёни таълиму тарбияву фаъолияти илмии худро дар асоси Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ ва Шаҳодатнома дар бораи акредитатсияи давлатӣ ба роҳ монда, тибқи талаботи ҳуҷҷатҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи маориф фаъолияташро ҳамоҳанг намудааст. Донишгоҳ дар соли таҳсили 2022-2023 ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Сарвараи давлат Эмомалӣ Раҳмон талош намуда, дар самти таълим, фаъолияти илмию инноватсионӣ, робитаҳои байналмилалӣ, корҳои ташкилию тарбиявӣ ва тавсеаи пояи моддию техникӣ корҳои назаррасро анҷом додааст. Айни замон дар Донишгоҳи давлатии Данғара 7 факултет, 24 кафедраҳои тахассусӣ ва 1 кафедраи умумидонишгоҳӣ (дар умум 25 кафедра) фаъолият намуда, аз рӯйи самтҳои гуногун мутахассисони соҳавиро омода менамоянд. Лозим ба зикр хос аст, ки дар партави суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раёсати Донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки ба Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ тағйирот ворид намуда,  шурӯъ аз оғози соли таҳсили 2024-2025 ихтисосҳои рақобатпазири бозори меҳнатро таъсис бидиҳад. Бояд қайд намуд, ки бо истифода аз технологияҳои коммуникатсионӣ дар Донишгоҳ мазмуни таҳсилот мукаммал гардида, ба мутахассисони оянда имконияти мустақилона дарёфт, коркард ва таҳлил намудани иттилооти зарурӣ фароҳам оварда шудааст. Таъминоти кадрии раванди таълим дар 9 моҳи соли ҷорӣ аз ҷумлаи масоили меҳварии такмили сифати таълим маҳсуб ёфта, айни замон дар донишгоҳ 4 нафар доктори илм, 52 нафар номзади илм, 222 нафар муаллими калон ва ассистентон, дар маҷмӯъ 278 нафар устодон ба фаъолияти таълимӣ аз ҳисоби кормандони асосӣ ва ҳамкорон ҷалб гардидаанд. Шумораи умумии донишҷӯён 7789 (то 05.10.2023) нафарро ташкил менамоянд, ки аз ин шумора 4242 нафар (1324 нафар ройгон ва 2918 нафар шартномавӣ) ба шакли таҳсили рӯзона ва 3547 (524 нафар ройгон ва 3023 нафар шартномавӣ) нафар ба шакли таҳсилоти фосилавӣ рост меояд. Дар соли таҳсили 2023-2024 дар Донишгоҳи давлатии Данғара 247 гурӯҳи академӣ ба қайд гирифта шудааст, ки 164 гурӯҳ ба таҳсили рӯзона ва 83 гурӯҳ ба таҳсили фосилавӣ мувофиқ меояд. Дар ин самт коҳишёбии гурӯҳҳои академӣ ба назар мерасад.

Бо мақсади таъмини дурусти раванди таълим кормандони раёсати таълим дар факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ санҷишҳои муштараки сотсиологиро ташкил намуда, давомот, раванди таълим, фаъолияти таълимию методии устодон, ҷараёни ташкилу назорати машғулиятҳо, тадбиқи усулҳои фаъоли таълим ва истифодаи воситаҳои техникии таълим аз ҷониби омӯзгоронро мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷаи он ба раёсати донишгоҳ пайваста гузориши хаттӣ пешкаш менамоянд.

Ҷиҳати дуруст ташкил намудани ҷараёни таълим дар донишгоҳ 159 адад нақшаи таълимӣ барои таҳсилоти рӯзона ва 61 адад нақшаи таълимӣ барои таҳсилоти фосилавӣ бо барномаҳои таҳсилотии ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ таҳия гардида, барои ташхис ба маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи худро ёфтаанд. Нақшаҳои таълимии тасдиқгардида дар ҷараёни таълим татбиқ шудаанд. Айни замон сохторҳои раёсати таълим 26 адад нақшаи таълимии таҳсилоти рӯзона ва 18 адад нақшаи таҳсилоти фосилавӣ барои соли таҳсили 2023-2024 –ро таҳия ва тасдиқ кардаанд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар соли таҳсили 2023-2024 аз ҷониби омӯзгорони кафедраҳои роиҷи Донишгоҳ барои 1407 фанни тадрисшаванда барномаҳои таълимӣ (силлабусҳо) таҳия гардида, мавриди истифода қарор гирифтаанд.

Шароити кору таҳсил дар донишгоҳ

Айни замон донишгоҳ аз рӯйи 62 ихтисос мутахассисони рақобатпазир ба бозори озоди меҳнатро омода менамояд. Қайд кардан ба маврид аст, ки дар донишгоҳ барои қабули имтиҳонҳо ба тариқи тестӣ 3 синфхонаи компютерӣ бо 120 адад компютер омода карда шудаанд. Дар ҳама факултаҳои донишгоҳ қабули имтиҳонҳои шифоҳӣ тибқи ҷадвалҳои тасдиқгардида дар синфхонаҳои назди факултетҳо баргузор гардиданд.

Маркази технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ фаъолияти худро дар асоси низомномаҳои соҳавӣ, нақшаи кории марказ ва нақшаҳои солонаи кормандон ба роҳ мондааст. Вазифаи марказ аз назорат, ташхис ва таъмири технологияҳои компютерӣ иборат аст. Ҳамарӯза аз тарафи кормандон назорати воситаҳои системавӣ ва ташхиси техникии онҳо, корҳои профилактикӣ дар синфхонаи компютерӣ, камераҳои назоратӣ, аудиопроекторҳо ва тахтаҳои электронӣ гузаронида мешаванд. Мувофиқи дархосту пешниҳоди факултетҳо, кафедраҳо ва дигар сохторҳои донишгоҳ оид ба бартараф намудани нуқсонҳои техникӣ, таъмири компютерҳо ва дигар таҷҳизоти техникӣ корҳои ташхисию таҳлилӣ гузаронида шуда, нуқсонҳои техникии бамиёномада бартараф карда мешаванд. Ҷиҳати баргузории дарсҳои назариявӣ, амалӣ, лабораторӣ ва иҷроиши корҳои илмӣ-татқиқотӣ дар соли таҳсили 2022-2023 дар Донишгоҳ 8 синфхонаи компютерӣ бо теъдоди 203 компютер, ки аз инҳо 30 ададро моноблокҳои замонавӣ ташкил медиҳанд, дар раванди таълим истифода шудаанд. Дар Донишгоҳ 1 синфхонаи махсусгардонидашуда бо теъдоди 23 адад ноутбук ва 1 адад компютери пуриқтидори рӯимизӣ мавриди баҳрабардорӣ дар ҷараёни таълим қарор дорад. Дар Донишгоҳ барои машғулиятҳои назариявӣ дар синфхонаҳое, ки бо тахтаи электронӣ пайваст мебошанд, 41 адад компютер истифода мегардад. Барои гузаронидани имтиҳонҳои ниҳоӣ дар Донишгоҳ барои 7 факултет 3 синфхонаи тестӣ бо теъдоди 120 адад компютер муҷаҳҳаз гардидааст. Боиси қайд аст, ки бо ташаббуси роҳбарияти донишгоҳ ва дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби лоиҳаи грантии рушди таҳсилоти олии касбӣ ба донишгоҳ 50  адад моноблок, 1 адад сервер, 2 адад доскаи электронӣ, 3 адад принтер дар нимсолаи тирамоҳии соли таҳсили 2022-2023 ворид гардид, ки дар толори лексионии №207 муҷаҳҳаз гардонида шуд. Аз ин синфхона барои баргузории дарсҳои назариявӣ омӯзгорон пайваста истифода мебаранд. Ҳамзамон, лозим ба ёдоварист, ки дар натиҷаи ихтисор шудани баъзе сохторҳо 22 адад компютер, 7 адад принтер ба ҷараёни таълим ворид карда шуданд. Дар муассисаи таҳсилоти олии касбӣ тибқи меъёр барои 100 нафар донишҷӯ 65 адад компютер рост меояд, ки айни ҳол дар Донишгоҳ 203 адад компютер дар ихтиёри донишҷӯён қарор дорад.

Аттестатсияи хатм ва идораи сифати таълим

Теъдоди умумии хатмкунандагон аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳо 1584 нафарро ташкил дода, аз ин шумора, 1060 нафар шӯъбаи рӯзона, 524 нафар таҳсилоти фосилавӣ ва таҳсилоти дуюм донишгоҳро хатм намуданд. Теъдоди донишҷӯёне, ки донишгоҳро хатм карданд, вобаста ба зинаи таҳсил чунин аст:  аз рӯйи дараҷаи бакалавр 1584 нафар; аз рӯйи дараҷаи магистр 123 нафар. Дар маҷмӯъ, аз теъдоди умумии донишҷӯёне, ки имтиҳони давлатиро бо баҳои «аъло» супоридаанд, 9 нафарашон ба гирифтани дипломи «аъло» мушарраф шуданд, ки дар шӯъбаи рӯзона, фосилавӣ ва магистратура таҳсил менамуданд. Дар давоми соли таҳсил шӯъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим 23 масъаларо, ки бархе он пайваста таҳти назорат қарор дошт, ба нақша гирифтааст, ки ҳамаи онҳо асосан ба санҷиши сатҳи сифати таҳсилот ва сатҳи донишазхудкунии донишҷӯён бахшида шудаанд. Таҳлили масъалаҳо маълум кард, ки нақша-чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, татбиқи навгониҳо ва омодасозии мутахассисони варзидаи соҳавӣ барои рушди инноватсионии Тоҷикистон таҳия шуда, доир ба амалишавии он корҳои зарурӣ анҷом дода шудаанд. Ҳамзамон, ёдовар мешавем, ки муваффақиятҳо дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассиса ба назар мерасанд. Шӯъбаи мониторинг ва идораи сифати таълим бо мақсади дар сатҳи зарурӣ баргузор шудани машғулиятҳо, инчунин, мавҷудияти барномаи корӣ, маводҳои таълимию методӣ дар раванди баргузории машғулиятҳо дар ҳар ду нимсола санҷишро ба роҳ монд, ки зимни он муваффақиятҳо ва камбудиву норасоиҳои дар ин самт ҷойдошта ошкор гардид. Инчунин, марҳилаи санҷишӣ давра ба давра роҳандозӣ гардида, натиҷаҳои он ба раёсати донишгоҳ ирсол карда шуд. Дар ин раванд ба омӯзгороне, ки дар таҳияи барномаҳои кориашон камбудиву норасоиҳо ба назар расиданд, тавсия дода шуд, ки бо истифода аз малакаву маҳорати касбии омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмидошта ва ё омӯзгорони таҷрибадор таҳияи барномаҳои кории худро ба роҳ монанд.

Шӯъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён, шартномаҳои дуҷонибаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии Данғара ва 40 идораю корхонаҳо ва зиёда аз 120 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ ба тасвиб расонида шуда, феҳристи объектҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара аз тарафи бахши таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбият таҳия гардида, ба кафедраҳои тахассусӣ дастрас гардидааст. Айни замон шумораи докторантони фалсафа (PhD), ки дар дигар муассисаҳо таҳсил мекунанд, 15 нафар ва унвонҷӯён 105 нафарро ташкил медиҳад. Миқдори ҳимояи рисолаҳо дар 9 моҳи соли 2023 ба 15 нафар мерасад, ки1 рисола ба доктори илмҳои кишоварзӣ тааллуқ дорад (аз ҷумла занон 2 нафар). Яке аз нишондиҳандаҳои муҳими фаъолияти ҳайати олимони донишгоҳ дастовардҳои илмӣ дар давоми соли таҳсил мебошад. Аз рӯйи чопи монографияи илмӣ 4 нафар мақолаҳо дар маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА  чоп карда, 9 нафар олимони то синни 35-сола натиҷаҳои дилхоҳро ба даст оварданд. Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби ҳайати омӯзгорони донишгоҳ 15 монография, 8 китоби дарсӣ, 56 дастурамалҳои таълимӣ ба нашр расонида шуданд. Аз рӯйи нишондиҳандаҳои фаъолияти илмӣ ва илмӣ-методӣ, иштирок дар конференсияҳо, семинарҳо ва дигар чорабиниҳои илмии дохил ва хориҷи кишвар (185 номгӯй) назаррас мебошад. Бо мақсади иштирок дар озмуни ҷумҳурияви “Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” аз ҳамаи факултетҳо 10 лоиҳаи инноватсионӣ пешниҳод шуда буд. Аз ин шумора 5 нафари иштирокчиёни ин озмун сазовори ҷойҳои намоён гардиданд. 4 нафар бо гирифтани дипломи дараҷаи II-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 нафар бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ карда шуданд.

Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ва озмуни

“Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”

– Бо мақсади амалӣ гардонидани супориши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи тартиби гузаронидани озмун (олимпиада)-и ҷумҳуриявӣ дар байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии Данғара аз рӯйи равияи фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва табиатшиносию риёзӣ, 14 фанни таълимӣ дар се марҳила озмун миёни донишҷӯёни ҳамаи факултетҳои донишгоҳ баргузор гардид. Дар марҳилаи кафедравӣ 65 нафар, дар марҳилаи дуюм 25 нафар, марҳилаи сеюм 14 нафар донишҷӯён барои иштирок ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтанд, ки аз ин шумора як нафар донишҷӯ – Шоҳмуродов Низомиддин Авазович ба гирифтани ҷойи чорум сазовор гардид.

Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2.02.2023, № АП-303, даври якуми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар Донишгоҳ санаи 29.03.2023 дар байни 35 нафар аз рӯйи 6 номинатсия миёни омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмиву адабӣ, магистрон, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ баргузор гардид, ки аз ин 18 нафар ба даври дуюми озмуни ҷумҳуриявӣ «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳхат гирифтанд ва аз даври дуюм ба даври сеюм 15 нафар роҳ ёфтанд: чор нафар омӯзгорон, як нафар магистрон ва 10 нафар донишҷӯён. Санаи 14 то 17 августи соли равон даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар шаҳри Кӯлоб гузаронида шуда, аз Донишгоҳи давлатии Данғара 4 омӯзгор 1 магистрант ва 5 донишҷӯ аз рӯйи 5 номинатсия иштирок дошта ба даври чоруми озмун 2 нафар омӯзгор, 1 нафар магистр ва 1 нафар донишҷӯ роҳхат гирифтант.

Санаи 23 майи соли равон озмуни “ИНТЕРНЕТ олимпиадаи байналмилалӣ” аз фанни химия дар байни 19 муассисаи таҳсилоти олии касбии Иттиҳоди давлатҳои Мустақил (ИДМ), аз ҷумла, Русия, Қазоқистон, Белорусия, Туркманистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор гардид. Аз Донишгоҳи давлатии Данғара се нафар донишҷӯ дар озмуни болозикр фаъолона ширкат варзида, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Аз ҷумла, 1 нафар ба гирифтани ҷойи 3-юм ва 2 нафар ба гирифтани сертификат барои иштироки фаъолона дар олимпиада сарфароз гардонида шуданд. – мегӯяд, ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ.  

Корҳои тарбиявӣ

Раёсати корҳои тарбиявӣ нақшаи кории воҳиди сохториро таҳия ва тасдиқ намуда, иҷрои саривақтӣ ва сифатноки онро дар мӯҳлатҳои муқарраршуда таъмин намуд. Таҳияи маълумотномаҳои иттилоотӣ-тарғиботӣ, мизҳои мудаввар, ҳамоишҳо, семинарҳо, соатҳои тарбиявӣ ва сӯҳбату вохӯриҳо дар қисмати корҳои тарбиявӣ-иҷтимоии нақшаи инфиродии омӯзгорон ба нақша гирифта, дар сатҳи гурӯҳҳои академӣ, кафедраҳо, факултетҳо иҷрои он таҳти назорат қарор дода шуда, чорабиниҳои баргузоргардида, тавассути сомонаи расмии донишгоҳ ва шабакаҳои телевизионӣ тарғиб гардид.

Зимни корҳои ободониву бунёдкорӣ дар гирду атрофи биноҳои таълимӣ корҳои кабудизоркунӣ ба сомон расонида шуда, биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишҷӯён аз таъмири ҷорӣ бароварда шуда, синфхонаю аудиторияҳо ва роҳраву майдончаи варзишӣ бо Парчами давлатӣ, шиору овезаҳои марбут ба оғози соли нави таҳсил ва истиқболи 32 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шуданд. 1 – уми сентябри соли 2023 Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ, ки бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои асосии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон баргузор гардид, кормандон, омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳ дар толорҳои бо техника муҷаҳҳазгардонида, пахши мустақими онро тамошо намуданд. Вобаста ба корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва инъикоси ифтихори истиқлоли ватандорӣ, таҳкими сулҳу субот тавассути маркази таълимӣ-тренингии “Амри вақт” пахши барномаҳои радиоӣ ба роҳ монда шуда, аз ҷониби кормандон ва омӯзгорон дар сомонаи расмии донишгоҳ ва саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ маводҳои иттилоотӣ ва мақолаҳо интишор гардид.

Дар арафаи иди саиди Фитр иқдоми хайрхоҳона таҳти роҳбарии ректори Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Данғара”, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хайрзода Шукрулло Қурбоналӣ ва Иттифоқи касабаи омӯзгорону кормандони донишгоҳ роҳандозӣ гардид. Аз ҷумла, ба 100 нафар кормандони хоҷагидорӣ маҳсулоти ғизоӣ ва ба 18 нафар донишҷӯёни ятим, 14 нафар донишҷӯёни маъюб ба ҳар яке дар ҳаҷми 100 сомонӣ кӯмаки молиявии якдафъаина расонида шуд.

Дар доираи Нақша-чорабиниҳои раёсати корҳои тарбиявӣ ва садорати факултетҳо тайи рӯзҳои 25.04. – 06.05.2023 вохӯриҳо бо волидайни донишҷӯён дар доираи амалисозии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” доир гардид. Корҳои назоратӣ ҷиҳати таъмин намудани донишҷӯёни ниёзманд ба хобгоҳ, идораи низом, навбатдории омӯзгорону кормандон ва таъмини ҳуҷҷатгузориҳо дар хобгоҳҳои А ва Б, фаъолияти шӯрои донишҷӯён дар хобгоҳҳо мавриди корбарӣ қарор гирифт. Дар давраи ҳисоботӣ хобгоҳи А (духтарона) бо 540 ҷойи хоб ва фарогирии 510 нафар, аз ҷумла, 85 нафар донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ, 35 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, Хобгоҳи Б бо 540 ҷойи хоб ва фарогирии 530 нафар донишҷӯён аз ноҳияҳои дурдасти кишвар фаъолият намуд.

Робитаҳои байналмилалӣ

Хайрзода Шукрулло иброз дошт, ки аз моҳи январи соли 2023 то имрӯз донишгоҳ бо 10 муассисаҳои олии хориҷи кишвар, аз ҷумла, Донишгоҳи давлатии Термиз ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва омӯзгории Деҳнави Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Донишгоҳи давлатии Гродненскийи ба номи Янки Купалаи Белоруссия ва 4 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия  шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки моҳи марти соли 2023 дар доираи шартномаи ҳамкории Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишкадаи соҳибкорӣ омӯзгории Деҳнави Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҶСК “Ширкати Алюминии тоҷик”, Коллеҷи металлургии шаҳри Турсунзода Маркази инноватсионии тоҷикӣ-ӯзбекии рушди нерӯи инсонӣ “Дӯстӣ+” таъсис дода шуд. Дар нӯҳ моҳи аввали соли 2023 теъдоди иштироки устодон ва кормандони ДДД дар курсҳои бозомӯзӣ, семинарҳо,  конфронсҳои илмӣ ва симпозиумҳо дар дохил ва хориҷи кишвар ба 8 нафар мерасад. Ҷиҳати дарёфти сарчашмаҳои иловагӣ, аз ҷумла, маблағҳои грантӣ ва татбиқи барномаҳои маблағгузорӣ якчанд лоиҳаҳо коркард ва ба озмунҳо пешниҳод карда шуданд. Айни замон дар донишгоҳ татбиқи як лоиҳаи грантӣ “Фонди Аврупо Эрасммус”идома дорад. Дар моҳи марти соли 2023 дар доираи шартномаи тарафайни Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишкадаи соҳибкорӣ омӯзгории Деҳнави Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҶСК «Ширкати Алюминии тоҷик», Коллеҷи металлургии шаҳри Турсунзода Маркази инноватсионии тоҷикӣ-узбекии рушди нерӯи инсонӣ «Дӯстӣ+» таъсис дода шуд. Ҳадафи маркази мазкур аз ҷалби довталабони ҳарду кишвар барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистону Ӯзбекситон, мубодилаи олимону мутахассисон ва адабиёти таълимию методӣ, баргузории конференсия ва чорабиниҳои илмию фарҳангии муштарак ва ғайра иборат аст. Дар давраи ҳисоботӣ 2 лоиҳа бо муваффақият ҷамъбаст шуда, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод гардид. Маркази таълимӣ-иттиллоотӣ ва тарғиботии “Амри вақт”-и ДДД шурӯъ аз оғози соли 2016 барномаҳои худро оғоз намуда, то ин ҷониб фаъолият дорад. Дар давоми ҳафта вобаста ба мавзӯҳои мухталиф барномаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва чинӣ омода ва пахш карда мешаванд. Ҷоизи тазаккур аст, ки дар рӯзҳои наздик телевизиони донишгоҳ низ ба фаъолият шурӯъ карда, бо барномаҳои худ мавриди таваҷҷӯҳи бинандагон қарор мегирад. Мавҷи телевизион дар ҳудуди ноҳия фазои то 20 километрро фаро хоҳад гирифт. Таҷҳизоте, ки барои пешбурди кори телевизион харидорӣ шудааст, дар сифат аз таҷҳизоти шабакаҳои телевизионии ҷумҳурӣ кам нестанд.

Билоли ШАМС,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here