Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод  хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи мазкур Ғуломов Тағоймурод суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки соҳаи маориф дар ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад, аз ин рӯ, дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем”.

Аз ин нуктаҳои пурмуҳтавои Пешвои миллат мо-кормандони соҳаи маориф нерӯи тоза гирифта, баҳри пешрафти соҳаи маориф ҳама гуна имкониятҳоро ба роҳ хоҳем гузошт.

 Дар идомаи суҳбат мавсуф зикр намуд, ки Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод дар нуҳмоҳаи аввали соли 2022 ҷиҳати иҷрои вазифаҳои дар наздашон гузошташуда, ки аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, супоришу дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи “Консепсияи миллии таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия сарчашма гирифта, аз имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, бо дарки масъулият фаъолият намуда истодааст.

 Муассисаҳои томактабӣ ва инкишофи кӯдак

Ҳамзамон, номбурда қайд кард, ки айни замон дар ноҳия 4 муассисаи томактабӣ- ширхоргоҳ – кӯдакистон амали фаъол дошта, ҷуғрофияи ҷойгиршавии онҳо низ таври назаррас васеъ шудааст. Масалан, агар дар гузаштаи начандон дур дар ноҳия танҳо як муассисаи томактабӣ дар шаҳраки Файзобод фаъолият карда, теъдоди таълимгирандагони он низ чандон зиёд набуд, пас айни замон чунин муассисаҳо дар ҳудуди Ҷамоатҳои шаҳраки Файзобод, Вашгирд, Меҳробод ва Бӯстон  амал менамоянд, ки дар онҳо 476 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фарогир буда, 50 нафар мураббиён ва ёрдамчиёни онҳо ба тарбияи кӯдакон шуғл меварзанд.

Таҷриба нишон медиҳад, ки марказҳои инкишофи кӯдак дар рушди зеҳнӣ ва маънавии насли наврас нақши муҳим доранд. Вобаста ба ин, айни замон дар ҳудуди ноҳия афзоиш пайдо кардани теъдоди чунин марказҳо таври назаррас идома дорад. Ин манзурро омори мавҷуда таври возеҳу равшан собит менамояд. Масалан, агар дар соли 2018 дар ноҳия ҳамагӣ 4 адад марказҳои инкишофи кӯдак бо фарогирии 70 нафар кӯдак фаъолият карда бошанд, пас ин нишондод дар соли 2022 то ба 13 адад афзудаанд, ки дар онҳо 245 нафар кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

 Рушди истеъдодҳо

Дар рафти суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо бо бинои алоҳида (тариқи иҷора) иборат аз се кабинети корӣ, шаш кабинети фаннӣ бо 150 ҷойи нишаст дар назди Марказ ва 3 кабинети дигар дар назди муассисаҳои таълимӣ таъмин карда шудааст. Инчунин, дар Марказ айни ҳол 10 гурӯҳ ташкил карда шудаст, дар он 82 нафар (41 нафар духтар)  хонанда дарсҳои иловагӣ мегиранд, ки дар ин гурӯҳҳо 9 омӯзгори фаннӣ аз муассисаҳои таҳсилоти умумии тобеи ноҳия машғулият мегузаронанд.

Аз тарафи Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳия 27 нафар хонанда ғолибони даври минтақавии олимпиадаи фаннии хонандагон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда қайд кард, ки таҳлили амиқи фаъолияти зинаҳои таҳсилотии соҳаи маорифи ҷумҳурӣ  возеҳу равшан нишон медиҳад, ки зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз лиҳози фарогирии хонандагон, омӯзгорон ва дигар кормандони техникию ёрирасон аксарияти шаҳрвандони кишварро ташкил дода, дар соҳаи маориф аз нақши калидӣ бархӯрдор мебошад. Зеро маҳз ҳамин зинаи таҳсилот пулеро мемонад, ки тавассути он хонандагон ба зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ гузариш карда, соҳибкасб мегарданд. Аз ин рӯ, бозрасӣ, назорат ва талабот аз ин зинаи таҳсилот аз ҷониби мақомоти идораи соҳаи маориф пайваста зиёд гардида, кӯшишҳо баҳри ба набзи талаботи замони муосир мутобиқ намудани сатҳи сифатии зинаи мазкур бештар ба назар мерасад. Ва беасос нест, ки дар идораи ин зинаи таҳсилот идораҳо ва шуъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо муваззаф ва салоҳиятдор буда, бори гарони масъулиятро ба душ доранд.

Дар ҳамин робита Шуъбаи маорифи ноҳия айни замон ташкилу танзими фаъолияти 65 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 6 муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ, 13 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 46 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 1 гимназияи хусусӣ бо фарогирии 26 992 нафар (13 181 духтар) хонандаро ба зимма дорад.

Базаи кадрӣ

Инчунин, мавсуф изҳор дошт, ки қобили дарҷ аст, ки теъдоди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия сол аз сол дар раванди афзоиш буда, дар ин робита шумораи мактабҳои нав, синфхонаҳои иловагӣ дар мактабҳо ва теъдоди омӯзгорони ҳирфавӣ дар маҷрои рушду густариши мунтазам қарор доранд. Дар 65 муассисаи таълимӣ 1420 нафар омӯзгор (775 зан 54,5 %) ба таълиму тарбияи насли наврас машғуланд. Аз ин теъдод 1017 нафар-71,6 % (460 зан 45,2 %) фарогири таҳсилоти олии касбӣ, 361 нафар-25,4 % (297 зан 82,3 %) бо таҳсилоти миёнаи касбӣ ва 42 нафар-1 % (35 зан 83,3 %) бо таҳсилоти миёнаи умумӣ (айни замон ҳамаи 42 нафар омӯзгорони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷиҳати ташаккули таҳсилот ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ (ғоибона ва фосилавӣ) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд) фаъолият менамояд.

Роҳбарону омӯзгорон ва дигар мутахассисони муассисҳои таълимии ноҳия тибқи муқаррароти Тартиби аттестатсияи кормандони соҳаи омӯзгорӣ ва илмии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.06.2017, №281) дар асоси қарори комиссияи аттестатсионии шуъбаи маориф бо чунин категорияҳои омӯзгорӣ мувофиқ дониста шудаанд:

категорияи олӣ  – 452 нафар- 31,8%

категорияи якум-365 нафар -25,7%

категорияи дуюм-216 нафар-15,2%

Шуъбаи маориф бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия барои ҳаллу фасли кадр дар муддати начандон тӯлонӣ корҳои зиёди ташкилию амалиро ба сомон расонид. Аз ҷумла, ҷиҳати ҷалб кардани хатмкардаҳои равияи омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ, ба муассисаҳои таълимӣ боз гардонидани омӯзгорони собиқа ва анҷоми дигар амалҳои марбут ба ин самт, моҳи июли соли равон фармоиши мудири шуъбаи маорифи ноҳия “Дар бораи таъсиси Ситод оид ба таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳия бо омӯзгорони касбӣ” интишор гардид, ки аъзоёни он дар ҳалли ин масъала мусоидат намуданд.

Дар баробари ин, шуъбаи маорифи ноҳия ҷиҳати бо кадрҳои омӯзгорӣ пурра кардани эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимӣ барои соли таҳсили 2022-2023 омодагириро аз нимсолаи дуюми соли таҳсили 2021-2022 оғоз бахшида, робитаҳои кориро бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, Донишгоҳи давлатии славянии Тоҷикистон- Россия, Донишкадаи давлатии забонҳо ба номи С. Улуғзода, Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ба номи С. Раҳимов, Донишкадаи омӯзгорӣ дар ноҳияи Рашт, Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Х. Махсумова роҳандозӣ кардааст.

Ҳамчунон, зикраш ба маврид аст, ки дар такмил кардани муассисаҳои таълимии ноҳия бо омӯзгорони касбӣ ва мустаҳкам кардани омӯзгорони ҷавон дар ҷойҳои кориашон, махсусан аз ҷониби шуъба мусоидат намудан дар татбиқи тадриҷии муқаррароти моддаи 53 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” таъмин кардани омӯзгорони ҷавон бо қитъаи замин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ва ё мусоидат дар додани қарзҳои бефоиз ё имтиёзнок ба онҳо нақши муҳим бозид.

Ҳамин тариқ, шуъбаи маориф дар ҳамкори бо дигар сохторҳои марбутаи  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз тамоми имконияту захираҳои дар ихтиёрдоштаашон истифода бурда, дар навбати аввал норасоии омӯзгорони муассисаҳои таълимиро рафъ намуда, дар як вақт раванди азкорравии омӯзгорони ҷавонро боздошта, инчунин дар самти тадриҷан баамалбарории имтиёзҳои барои омӯзгорони ҷавон муқарраркардаи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ мусоидат намуд.

Сатҳу сифати таҳсил

Дар рафти суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки мунтазам баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот муҳимтарин талаботи ҷузъи раванди таълим маҳсуб меёбад, ки воқеан ҳам, ҳамчун калиди рушди соҳа шинохта шудааст. Аз ин рӯ, шуъбаи маорифи ноҳия ҷиҳати тадриҷан боло бурдани сатҳу сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ мунтазам тадбирандешӣ намуда, дар ин самт бо душворӣ ҳам бошад, ба дастовардҳои муайян ноил гардидааст. Таври мисол, шуъба  соли гузаштаи таҳсилро бо нишондоди таъмини бештар аз 39%-и сифати таҳсилот ҷамъбаст намуд, ки ин нишондод нисбат ба як сол пештар таври назаррас беҳтар аст.

Шуъбаи маорифи ноҳия масъалаи ба курсҳои бозомӯзии тахассусӣ сафарбар кардани омӯзгорони муассисаҳои таълимиро тибқи нақшаи қаблан тасдиқшуда, роҳандозӣ карда, танҳо дар соли таҳсили 2021-2022, дар маҷмӯъ 91 нафар омӯзгорони фанҳои гуногуни ноҳияро ба чунин курсҳои Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуд, ки зиёда аз 60 нафари онҳо аз моҳи январи соли равон то инҷониб сурат гирифтааст.

Омили дигаре, ки барои мунтазам боло бурдани сифати таҳсилот мусоидат менамояд- ин ташкил ва дар сатҳи баланд роҳандозӣ кардани фаъолияти маҳфилҳои фаннӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Вобаста ба ин, шуъбаи маорифи ноҳия дар соли таҳсили 2021-2022 ба масъалаи ташкил ва баамалбарории фаъолияти маҳфилҳои фаннӣ дар муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда, маъмурият ва омӯзгорони фанниро вазифадор намуд, ки иштироки хонандагонро дар корҳои ҷамъиятӣ,  маҳфилҳои илмӣ, адабӣ, эҷодӣ ва дигар маҳфилҳо таъмин ва ҷиҳати ширкати фаъол варзиданашон дар кори онҳо мусоидат намоянд.

Ҳамин тариқ, дар назди муассисаҳои таълимии ноҳия айни замон тибқи ҳуҷҷатгузории таҳияшуда, дар маҷмӯъ зиёда аз 320 маҳфилҳои фаннӣ, илмӣ-адабӣ, касбомӯзӣ, ҳунарӣ ва чанд номгӯи дигари маҳфилҳои гуногунсоҳа амал мекунанд, ки зиёда аз 10000 хонандагонро фаро гирифтанд.

Беҳдошти ҳифзи иҷтимоии омӯзгорон

Дар рафти суҳбат мавсуф тазаккур дод, ки Шуъбаи маорифи ноҳия ба масъалаи ҳифзи иҷтимоии омӯзгорон- таъмини шароити мусоиди корӣ, маишию иҷтимоӣ, баамалбарории имтиёзҳои пешбинишшуда ба кормандони соҳаи омӯзгорӣ, хусусан кадрҳои ҷавонро аз масоили муҳим арзёбӣ карда, дар ин самт пайваста чораандешӣ менамояд. Таври мисол, дар соли 2022 аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои таъмиру тармими бинову дигар иншоотҳои муассисаҳои таълимӣ, дар маҷмӯъ 1268051 сомонӣ ҷудо карда шуд, ки ин нишондод нисбат ба соли 2021, ки фарогири 1049611 сомонӣ буд, бештар аз 218440 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, дар давраи таътили тобистонаи соли 2022, дар маҷмӯъ 74 омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия бо роҳхати Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия дар истироҳатгоҳу осоиш-гоҳҳои ҷумҳурӣ истироҳат карда, саломатиии худро барқарор карданд. Ҳамчунин, аз ҳисоби ҳамин сохтор ба омӯзгорони ноҳия ба маблағи 3500 сомонӣ кӯмаки бебозгашт расонида шуда, 17 нафар фарзандони онҳо дар мавсими таътили тобистонаи хонандагон бо ташаббуси Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маорифи ноҳия дар истироҳатгоҳи “Файзи истиқлол”, ки дар дараи зебоманзари Варзоб воқеъ аст, истироҳати бофароғат карданд.

Ба ғайр аз ин, шуъбаи маориф ҷиҳати қадр кардани меҳнати содиқонаи собиқадорони соҳаи маорифи ноҳия дар рӯзи таҷлили Рӯзи омӯзгор ба 88 нафар собиқ омӯзгорони ноҳия, ки айни замон дар истироҳати пиронсолӣ қарор доранд, ба маблағи 150 сомонӣ ва дар маҷмӯъ 13200 сомонӣ кӯмаки моддӣ расонид.

Бунёдкорӣ

Ҳамзамон, номбурда изҳор дошт, ки Шуъбаи маорифи ноҳия раванди омодагиро ҷиҳати таҷлили сазовори ҷашни муқаддастарини миллат-35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда, баҳри амалисозии  нақшаи чорабиниҳои пешбиникардаи ноҳия ва нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ силсилаи корҳои ободониву бунёдкориро ба сомон расонид.

Мавриди зикр аст, ки дар арафаи соли нави таҳсил 2 синфхонаи иловагӣ  дар назди МТМУ №4-и деҳаи Чилчашма, 8 синфхона дар назди МТМУ №42-и деҳаи Навбаҳор ва 2 синфхона дар назди МТУА №58, деҳаи Бинисумч барои 360 нафар хонанда сохта ба истифода дода шуд.

Тайи ин муддат сохтмони якчанд иншоотҳои нақшавиро ба анҷом расонида, мавриди истифода қарор дода, дар қисме аз иншоотҳои нақшавӣ то ҳанӯз корҳои сохтмонӣ идома доранд.

Кадрҳои оянда

Ҳамсуҳбати мо қайд кард, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бақайдгирии довталабон дар маркази ноҳия нуқтаи бақайдгирии сайёр таъсис дод, ки аз 9 то 19-уми марти соли 2022 фаъолият намуда, 515 нафар довталабони муассисаҳои таълимии ноҳия аз қайд гузаштанд. Дар маҷмӯъ то санаи 30.03.2021 бо назардошти дигар нуқтаҳои бақайдгирӣ  744 нафар довталабони ноҳия аз ҳисоби  хатмкунандагони синфи 11 ва 141 нафар довталабони ноҳия аз ҳисоби хатмкунандагони синфи 9 аз қайди  ММТ гузаштанд.

Иҷрои барномаҳои давлатӣ

Инчунин, мавсуф изҳор дошт, ки рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.09.2017, №443 “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” зери назорати доимӣ қарор дошта, тибқи талаботи нақшаи Барномаи мазкур нақшаи харидории компютер дар 3 соли амалишавӣ (солҳои 2018-2020)  251 адад буда, 144 адад компютер харидорӣ шудааст, ки 57,4%-ро ташкил медиҳад. Айни ҳол дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Файзобод 853 адад компютер, 228 адад принтер, 16 адад тахтаи электронӣ, 36 адад видеопроектор, 56 синфхонаи компютерӣ ва 241 адад камераҳои мушоҳидавӣ мавҷуд аст.

Рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.08.2019, №438 “Дар бораи Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” зери назорати доимӣ қарор дорад. Матни Барномаи мазкур ба ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумии ноҳия дастрас карда шуда, ҳамзамон ин муассисаҳои таълимӣ вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати иҷрои талаботи он пайваста чорандншӣ намоянд. Дар натиҷа идомаи як соли амали Барнома мавриди назар муассисаҳои таълимии ноҳия ба омӯзиши фанҳои забони русӣ ва англисӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, то қадри имкон раванди таълиму тадриси ин фанҳоро тибқи муқаррароти стандартҳои таълимӣ ба роҳ монданд.

Шуъбаи маориф вобаста ба иҷрои “Барномаи миллии пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон барои солҳои 2020-2024”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, №431 тасдиқ шудааст, чорабиниҳои зеринро роҳандозӣ менамояд:

Дар давраи ҳисоботӣ байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ тибқи чорабиниҳои таҳиягардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, шуъбаи кор бо ноболиғон, шуъбаи маориф, созмони ҷавонони ноҳия ва кумитаи кор бо занон бо ҷалби намояндагии мутахассисон аз дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, шуъбаи маориф ва ШВКД дар ноҳияи Файзобод суҳбату вохӯриҳо ва корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ гузаронида шуд. Дар вохурӣ мавзӯъҳои зерин “Экстремизм ва терроризм – падидаҳои номатлуби ҷомеа”,  “Терроризм ва экстремизм -зуҳуроти номатлуби замони муосир” ва “Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм. Терроризм ва оқибатҳои он” мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар фароварди суҳбат мавсуф қайд кард, ки аҳли маорифчиёни ноҳия аз ғамхориҳои ҳамарӯзаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар бобати беҳбуд бахшидан ба вазъи зиндагии омӯзгорон ва кормандони соҳаи маориф рӯҳу илҳом гирифта, дар роҳи иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат садоқатмандона меҳнат карда, баҳри баланд бардоштани сифати дониши хонандагон, маънавиёти ҷавонон, дар рӯҳияи ифтихор аз Ватану ватандорӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намудани насли наврас чораҳои муассир андешида, вазифаҳои дар наздашон гузошташударо сарбаландона иҷро менамоянд.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь