Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент яке аз муассисаҳои олии таълимии кишвар буда, барои омода намудани кадрҳо саҳми арзанда мегузорад. Донишкада ягона муассисаи олии таълимӣ дар водии Зарафшон ба ҳисоб рафта, мутахассисонро дар самтҳои мухталиф омода месозад

Дастовардҳои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир ба рушди соҳаи маориф ва илм, инчунин баланд бардоштани мақоми омӯзгор диққати ҷиддӣ зоҳир намуда истодааст.

Дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ба самти  илм ва таълим аҳамияти ҷиддӣ зоҳир карда шуда, он дар самтҳои зерин гузаронида мешавад. Дар равияи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва омода намудани маводҳои дарсӣ, аз қабили китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, мақолаҳои илмӣ – методӣ гузаронидани анҷуманҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва шаҳрӣ як қатор пешравиҳо ба назар мерасад, ки дар Шӯрои олимони факултетҳо ва Шӯрои олимони донишкада баррасӣ шудаанд.

Мувофиқи нақша-чорабиниҳои Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, ки дар Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” омадааст, баргузории машваратҳои илмӣ ва илмию техникӣ, конференсияҳо, симпозиумҳо, анҷуманҳо ва семинарҳо ба роҳ монда шудааст.

Устодони ҷавони донишкада дар самти ҳимояи корҳои илмӣ-номзадӣ ва докторӣ ҷидду ҷаҳди зиёде намуда истодаанд. Сол аз сол сафи унвонҷӯёни донишкада афзуда истодааст.

Устоди калони кафедраи забони англисӣ, унвонҷӯи кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи С.Айнӣ Ҳазратқулов Отабек рисолаи номзадии хешро зери унвони “Аббревиция как продуктивный способ словообразования в разносистемных языках (на материале таджикского узбекского и английского языков” бо роҳбарии д.и.ф. Ҷоматов С. дар арафаи ҳимоя аст.

Устоди калони кафедраи математика-информатика Сафаров Самандар рисолаи номзадии хешро бо номи “Асосҳои методии истифодаи воситаҳои электронӣ дар омӯзиши геометрияи синфҳои 7-9” зери роҳбарии д.и.п. Нӯъмонов Мансур омода намудааст. Сафаров С. ду минимуми номзадии хешро бо баҳои хуб ва аъло супорида барои супоридани минимуми сеюм ва муҳокимаи якум тайёр аст.

Устоди калони факултети забонҳои хориҷӣ Ансорова Мутриба рисолаи номзадии хешро бо унвони “Майдони лексикиву маъноии “гул (flowers) цветы” дар забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ: таҳлили забониву фарҳангӣ” зери роҳбарии д.и.ф. Қосимов О.Ҳ. ҳимоя хоҳад кард. Ду боби рисолаи мазкури омода гардида, минимумҳои номзадии хешро Ансорова М. бо баҳоҳои “аъло” супоридааст.

Декани факултети таърих Исроилов Салоҳиддин рисолаи илмии хеш “Аморати Бухоро дар замони ҳукмронии амир Насрулло (1827-1860) ва сиёсати хориҷии он” таҳти роҳбарии д.и.т. Воҳидов Ш.Ҳ. дар шӯрои илмии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ тасдиқ намуда, дар арафаи ҳимоя аст.

Ноиби директори Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент Усмонов Зариф кори хешро бо номи “Асосҳои педагогии ташаккули фарҳангӣ эстетикии донишҷӯён дар мисоли “Ҷумҳурии Тоҷикистон”. зери роҳбарии д.и.п. Латифзода Д.Н. дар Пажӯҳишгоҳи рушди маориф тасдиқ намудааст.

Унвонҷӯи кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Наҷмиддинов Абдуқодир рисолаи номзадии хешро зери унвони “Аълохон Афсаҳзод – муҳаққиқи адаб форсу тоҷик” таҳти роҳбарии д.и.ф. Исрофилиён Ш.Р. омода намуда, минимуми номзадии хешро аз фанни забони англисӣ бо баҳои “хуб” супорид.

Унвонҷӯёни зерин корҳои илмии хешро моҳи сентябри соли ҷорӣ тасдиқ намуданд ва дар зинаи аввали омӯзиши кор мебошанд: Абдуллозода Нӯшофарин – мудири кафедраи забон ва адабиёти тоҷик – “Масъалаҳои таҳқиқ ва номро тазкираи занони суханвари форсу тоҷики садаи 19 ва ибтидои садаи 20” зери роҳбарии д.и.ф. Хоҷаева М.М., Қурбонова Афзуна – устоди калони кафедраи педагогика-психология – “Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои риоя нагардидани  уҳдадориҳо дар таълиму тарбияи ноболиғ” зери роҳбарии н.и.ҳ. Қудратов Некрӯз, Примов Мӯҳсин – устоди калони кафедраи математика-информатика – “Ташаккули муносибати эҳтиёткоронаи хонандагон ҳангоми истифодаи компютер дар дарсҳои информатика” таҳти роҳбарии д.и.п. Исломов Озод Азимович, Саидов Ғайрат – устоди калони кафедраи математика-информатика – “Технологияи педагогии таълими планиметрия дар донишгоҳҳои омӯзгорӣ дар асоси муносибати салоҳиятнокӣ” зери роҳбарии д.и.п. Исломов Озод Азимович ва Раҳимова Мадина – устоди калони факултети таърих – “Аз таърихи пайдоиш ва нақшу рушди ёдгориҳои таърихӣ ва табиии водии Зарафшон” зери роҳбарии д.и.т. Набиев В. тасдиқ намудаанд.

Боиси зикр аст, ки устоди донишкада, номзади илмҳои иқтисодӣ Наҷмиддинов Ф.Н. рисолаи доктории хешро – “Особенности функционирования и развития малых форм предпринимательской деятельности в сфере услуг (на примере Согдийской области РТ)” таҳти роҳбарии д.и.и. Ҷабборов А. ба ҳимоя омода намуда истодааст.

Ҳар сол, чун анъана, дар АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон байни донишҷӯёни муассисаҳои олии кишвар озмуни “Ҷоми Академия” гузаронида мешавад, ки донишҷӯёни донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент низ дар ин озмуни бонуфуз ширкати фаъолона менамоянд. Соли ҷорӣ, санаҳои 15-17-уми март дар пойтахти мамлакат ин озмун аз рӯи 13 ихтисос баргузор гардид, ки дар он 8 нафар донишҷӯёни Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент қувваю нерӯи зеҳнии худро санҷиданд.

Боиси ифтихору сарбаландист, ки имсол “Ҷоми Академия” насиби донишҷӯи ихтисоси биология химия, факултети Табиатшиносива тарбияи ҷисмонии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент Юсуфов Муҳаммадҷон гардид. Юсуфов М. аз 125 холи имконпазир соҳиби 122 хол гашт.

Махзани умумии китобхонаи ДОТ-15797 донаро ташкил медиҳад. Яке аз самтҳои асосии таҳсил дар донишкада магистратура ва таҷрибаомӯзӣ мебошад. Шуъбаи магистратура аз 11 ихтисос иборат мебошад.

Мутобиқи барнома ва нақшаи таълимии тасдиқ намудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд магистрантон дар давоми таҳсил ду маротиба аз таҷрибаомӯзии як моҳаи илмӣ – педагогӣ дар семестрҳои дуюм ва чорум  ва як маротиба аз таҷрибаомӯзии – илмӣ тадқиқотӣ дар семестри чорум гузаранд. Шуъбаи магистратура ва докторантура ба шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ном иваз карда, зери назорати шуъбаи илм ва инноватсия қарор дорад.

Дар зинаи Докторантура (PhD), 8 нафар дар курси сеюм ва 16 нафар дар курси дуюм таҳсил менамоянд, ки зери роҳбари профессор Воҳидов Шодмон фаъолияти илмӣ  намуда истодаанд.

Қобили қайд аст, ки устодони донишкада бо рӯзномаю маҷаллаҳои ҷумҳурӣ пайваста дар робитаи эҷодӣ мебошанд ва бо мақолаю маводҳои илмию методӣ аз минбарҳои рӯзномаҳои “Ҷумҳурият”, “Адабиёт ва санъат”, “Омӯзгор”, “Ҳақиқати Суғд”, “Сухани халқ”, “Зарафшон”, маҷаллаи “Адаб”, “Маорифи Тоҷикистон”, “Паёми донишкада” (ДОТП) ва маҷаллаҳои илмии ВАК (КОА) тез тез баромад менамоянд. Боиси зикр аст,дар маҷмӯъ, аз ҷониби устодони донишкада дар як соли охир зиёда аз 40 мақола дар матбуоти даврӣ интишор гардид.

Бахшида ба ҷашни ифтихоромези Саразми 5500 сола дар донищкадаи мо дар қатори чорабиниҳо, ҳамчунин китобҳои илмӣ ва дастурҳои илмию методӣ ба нашр расидаанд.

Саразми 5500 сола – оғози таърихи тоҷикон”. Хуҷанд, Ношир, 2020, мураттиб д.и.т Вохидов Ш.Ҳ.

Ансорӣ М.Қ., Воҳидов Ш.Х.” Асри биринҷӣ ва Саразми  5500 сола”, Ношир, Хуҷанд, 2020.

Воҳидов Ш.Х. Мақоми муставӣ, Ношир, Хуҷанд, 2020.

Ансорӣ М.Қ., Раҳматуллоев И. “ Древный Пенджикент”, Ношир, Хуҷанд, 2020.

Ансорӣ М.Қ., Воҳидов Ш. Х.” Рӯдакӣ рафт, монд ҳикмати ӯй…” Душанбе, Адиб, 2020.

Воҳидов Ш.Ҳ. “ Зиёи Садр ва феҳрасти китобхонаҳои ӯ”, Душанбе, Маориф, 2021., 560 саҳ.

Ансорӣ М.Қ. “Ишқ ин покизагист”(гулчини ашъори Файзулло Ансорӣ), Душанбе, Маориф, 2021, 336 саҳ.

Гулпарӣ Шарифова “Полет над вершинами ”, Душанбе, Маориф, 2021, 208 саҳ.

Санаи 11 феврали соли 2022 дар бинои «Маърифатпарвар» и Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ифтитоҳи ботантанаи шӯрои муштараки ҳимоя байни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров  ва Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент барпо гардид. Маъракаи кушодашавии ҷаласа зери суруди милии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Дар ҷаласаи пуршукӯҳ, кушодашавии шӯрои муштараки ҳимоя меҳмонон, ҳайати профессорон – аъзоёни шӯро аз Россия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, устодону унвонҷӯёни донишкада, намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, намояндагони ахбори омма ширкат варзиданд. Ҷаласаро ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, профессор, муҳтарам Ансорӣ М.Қ. ҳусни ифтитоҳ бахшида, кушодашавии шӯрои муштаракро “мустаҳкамшавии потенсиали илмӣ” номида, аз ҷумла гуфт: Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров марказҳои машҳури илмӣ-таълимии ҷумҳурӣ шинохта мешаванд. Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дорои 7 факулта, 13 кафедра, 5 озмоишгоҳи илмӣ мебошад, ки дар онҳо мутахассисонро аз рӯи 28 ихтисос тайёр менамоянд. Бо фаъолияти илмӣ-таълимӣ 168 устодон, аз ҷумла, 3 доктори илм ва 23 номзади илм машғуланд. Ҳайати профессорӣ- омӯзгорӣ дар 7 самт, 19 масъала ва 26 мавзуҳои илмӣ кор мебарад. Дар назди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент докторантура аз рӯи ихтисоси пешниҳодшуда фаъолият мекунад.

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров дорои 18 факулта, 8 кафедраи умумидонишгоҳӣ, 3 донишкадаи илмӣ-тадқиқотӣ, 26 озмоишгоҳҳои илмӣ ва таълимӣ мебошад, ки дар онҳо аз рӯи 76 ихтисос мутахассис тайёр менамоянд. Ҳайати профессорӣ- омӯзгории донишгоҳ аз 42 доктори илм ва 290 номзади илм иборат аст. Дар назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б.Ғафуров докторантура аз рӯи ихтисос, аспирантура ва докторантура аз рӯи ихтисосҳои пешниҳодшуда фаъолият мекунанд.

Дар донишкада вобаста ба ҷашнҳои таърихии ҷумҳурӣ, ёдбуди бузургони гузаштаи миллат конференсияҳои илмӣ гузаронида мешавад. Ҳар сол чун анъана дар моҳҳои апрел – май конференсияи илмии устодону донишҷӯёни донишкада гузаронида шуда, маърӯзаҳои гузориш намудаи иштирокчиёни он дар маҷаллаи «Махзани илм»-и донишкада нашр карда мешаванд. Ҳар сол дар ин маҷалла дар қатори корҳои илмии устодон, маърӯзаҳои дар конференсия баргузорнамудаи як зумра донишҷӯён низ чоп карда мешаванд. Қобили қайд аст, ки  нашрияи донишкада  бо номи «Махзани илм» пайваста мақолаҳои устодону донишҷӯён, ҳамчунин шеъру таронаҳоро аз эҷодиёти онҳо ба табъ мерасонад. Вобаста ба ҷашнҳои «Ваҳдати миллӣ» ва «Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» нашри алоҳида бо теъдоди зиёд, ба чоп омода мешавад. Ба нақша гирифта шудааст, ки дар нашрияи донишкада, гӯшаи алоҳида дар мавзӯъҳои тарбияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, худогоҳӣ, забондонӣ ва ғайра ташкил карда шавад.

Раёсати Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Шӯрои олимони донишкада ва ҷамоаи меҳнатӣ барои татбиқи дастур ва нишондодҳои Пешвои миллат, роҳбарияти вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсати АИ ҶТ барои рушди таълим ва раванди илм корҳои назаррасро анҷом хоҳад дод.

Фаъолияти пурсамари Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ

Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар назди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21 –уми августи соли 2015, № 2491 таъсис ёфта, ба пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти миёнаи касбӣ ҳуқуқ пайдо кардааст.

Барои хатмкардагони синфи 9 муҳлати таҳсил 2 сол буда, баъд аз хатм ба онҳо дипломи таҳсилоти ибтидоии  касбӣ дода мешавад.

Муҳлати таҳсил барои хатмкардагони синфи 11 се сол (барои таҳсилоти ибтидоии касбӣ як сол, барои ғойибхонҳо чор сол аст.) Баъд аз хатм ба онҳо дипломи таҳсилоти миёнаи касбӣ дода мешавад. Хатмкардагон пас аз гирифтани диплом ҳуқуқ доранд дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент ва ё муассисаи таҳсилоти олии дигар аз курси дуюм таҳсилро идома диҳанд.

Роҳбарият ва ҳайати кормандони Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар назди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки  дар Паёмҳои хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, инчунин, санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигари самти маориф ва дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳадафҳои асосии кору фаъолияти хеш қарор дода, дар ин самт ба як қатор дастовардҳо ноил гардида истодааст.

Ҷиҳати ноил шудан ба нишондиҳандаҳои хуб маъмурияти коллеҷ кӯшиш намуда истодааст, ки  сифати таълимро дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ наздик намояд ва аз таҷрибаи муассисаҳои дигари таҳсилоти миёнаи касбӣ истифода намуда, азхудкунии низоми пешрафтаи инноватсионӣ, технологияи иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонад.

Аз ин лиҳоз, ҷиҳати боло бурдани сатҳу сифати дониши донишҷӯён, омӯзиши илмҳои муосир, забони давлатӣ ва забонҳои русиву англисӣ, инчунин, такмили ихтисоси омӯзгорон дар коллеҷ тадбирҳои иловагӣ андешида шуда истодааст. Мавриди зикр аст, ки дар Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ раванди таълим тибқи низоми кредитӣ амалӣ мегардад.

Айни замон дар коллеҷ 400 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд, ки аз онҳо 25 нафар баъд аз хатми синфи 9 (муддати таҳсил- 2 сол) ва 375 нафар пас аз хатми синфи 11 мебошанд (муҳлати таҳсил 3 сол).

Аз теъдоди умумии донишҷӯёне, ки пас аз хатми синфи 11 дохил шудаанд, 195   нафар дар шуъбаи рӯзона ва 180 нафар дар шуъбаи ғоибона таҳсил мекунанд.

Ба донишҷӯён 44 нафар устодон, аз ҷумла, 2 нафар  номзадҳои илм, 2 нафар унвонҷӯ, 22 нафар устоди калон 18 нафар ассистент сабақ медиҳанд. Аз шумораи 44 нафар устодони дар боло зикргардида 27 нафарашон кормандони доимӣ буда, 18 нафарашон ба ҳайси ҳамкор фаъолият менамоянд.

Таълим дар гурӯҳҳо, сарфи назар аз шакли таълим (рӯзона ва ё ғойибона) тибқи низоми нави таълимии 24 соата ба роҳ монда шудааст. Дар курсҳои якум ва дуюми  ихтисоси “Системаи компютерӣ ва интернет технология”  ва ихтисосҳои “ҳисобчӣ”, “тарроҳ – дӯзанда”, монтёри барқӣ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизотҳои барқӣ”, “туроператор – турагент”, “хизматрасонии техникӣ ва таъмири компютерҳо” бошад, таълим бо низоми анъанавӣ сурат мегирад.

Айни замон дар коллеҷ  6 синфхонаи лексионӣ бо тахтаи электронӣ ҷиҳозонида шуда, 1 озмоишгоҳи таълимию таҷрибавӣ, 3 утоқи дарсии компютерӣ бо 50 адад компютерҳо мавҷуданд.

Омӯзгорон ва донишҷӯёни коллеҷ  соли 2019- ро бомуваффақият ба итмом расониданд.Ҷараёни фосилаи 1, фосилаи 2 ва имтиҳонҳо таҳти назорати масъулин қарор дошта, дар ин давра аз тарафи омӯзгорон ягон қонуншиканӣ ба назар нарасид. Донишҷӯёне, ки барои санҷиш роҳ ёфта буданд, имтиҳонҳоро бомуваффақият супориданд. Донишҷӯёне, ки барои имтиҳонсупорӣ роҳ наёфта буданд, ё аз санҷишҳоро супорида натавонистанд, тибқи ариза санҷиши онҳо ба триместр гузаронида шуд.

Пас аз ба итмом расидани санҷишу имтиҳонҳо рейтинги донишандӯзии донишҷӯён санҷида шуда, хулоса карда шуд, ки холи миёнаи донишандӯзии донишҷӯён ба 70 хол  баробар аст.

Дар соли равон ба синфхонаҳои таълимӣ 32 адад камераҳои назоратӣ ва барои пайваст намудани интернет ба синфхонаи компютерӣ 2 адад  wifi raptor насб карда шуданд.

Дар коллеҷ китобхона фаъолият мекунад. Айни замон дар  махзани китобхона беш аз 2000 адад китобҳо мавҷуд буда, аз онҳо 1000 нусха соҳавӣ, 500 нусха методӣ ва 500 нусха китобҳои  бадеӣ мебошад. Дар китобхонаи электронӣ бошад 1000 нусха китоб истифода мешавад.

Бо истифода аз техникаю технологияи ҳозиразамон устодон кӯшиш намуда истодаанд, ки  машғулиятҳо шавқовар ва мақсаднок гузаранд.

Ҳафтае ду се маротиба дарсҳои кушоди устодон гузаронида мешаванд, ки назорат ва ҳуҷҷатгузории онҳо ба зиммаи кафедраҳо вогузор гардидааст

Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар шаҳри Панҷакент бо ширкатҳову корхонаҳо ва муассисаву идораҳо ҳамкории доимиро ба роҳ монда, барои таҷрибаомӯзии донишҷӯён шароити мусоид фароҳам оварда истодааст. Дар давраи ҳисоботӣ муассиса бо Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент, филиали №34-и “Амонатбонк” дар шаҳри Панҷакент, Маркази алоқаи почтавӣ дар шаҳри Панҷакент, ҶДММ “Саёҳати ҳафткӯл”,  Агентии назорати андоз дар шаҳри Панҷакент, Шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент, Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, бонки Арванд ва Беморхонаи марказии шаҳри Панҷакент шартномаи тарафайн баста, 40 нафар донишҷӯро барои таҷрибаомӯзӣ ба идораву ташкилотҳои болозикр фиристод.

Дар коллеҷ барои баланд бардоштани савияи дониши донишҷӯён дарсҳои иловагӣ ташкил карда шудааст.

Фоизи азхудкунии  барномаи таълимӣ ба 66 % баробар аст.

Давомоти донишҷӯён, 80% -ро ташкил медиҳад.

Дар коллеҷ дар  самти илм ва инноватсия низ як қатор корҳо анҷом дода шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ як гурӯҳ донишҷӯёни коллеҷ дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фанҳои таълимӣ фаъолона ширкат варзида ҷойҳои ифтихориро соҳиб гаштанд. Аз ҷумла донишҷӯи курси 3 –уми ихтисоси “Таъмини барномавии технологияи иттилоотӣ”  Собирова Саврина аз фанни забони тоҷикӣ ҷойи сеюм  ва донишҷӯи курси 3, ихтисоси “Ҳисоби муҳосибӣ, таҳлил ва назорат” Ҷумъаева Лола аз фанни биология ҷойи ифтихориро соҳиб шуданд.

Дар давраи ҳисоботӣ нақшаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва илмӣ-методии устодони кафедраҳо таҳия ва дар ҷаласаҳои кафедра баъд аз баррасиву муҳокимаҳо тасдиқ карда шуданд.

Инчунин, дар ҷаласаҳои кафедраҳо рӯйхати устодону донишҷӯён, феҳрасти маърӯзаҳои илмии ба конференсияи илмии солона пешниҳодшаванда баррасӣ ва тасдиқ карда шуд.

Ҳоло монаграфия – воситаи таълимии устод Мунзири Тошпӯлод “Нишондодҳои методӣ аз фанни математикаи олӣ” (5 ҷузъи чопӣ), дастури методии устод Тӯраев Эркин “Манбаи маълумотҳо”(5 ҷузъи чопӣ) ва “Дастур барои хонандагон ва донишҷӯёни мактабҳои оливу миёна оид ба фанни физика” -и (5 ҷузъи чопӣ)  устод Ансоров Ихтиёрхон омодаи чоп аст.

Китобҳои таҳиянамудаи устод Ҳасанов С. бо номҳои “Коргузорӣ”, “Созмони Милали Муттаҳид – ниҳоди олии байналмилалӣ”, “Боди афғон” ,  журнали иттилоотӣ  бо номи “Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ”  ва мақолаҳои илмии омӯзгорони коллеҷ таҳти унвони “Соҳаи сайёҳӣ таърих ва тамаддуни кишвар” аз чоп баромаданд.

Дар самти тарбия низ дар коллеҷ корҳои назарас ба анҷом раонида шуда истодааст.

Тибқи нақшаҳои кории тасдиқгардида ва дастуру супоришҳои мақомоти болоӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ, ифтихори ватандорӣ ва дар рӯҳияи инсонпарварӣ тарбия намудани шогирдон таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси муқаррароти моддаи 41 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” тарбия яке аз самтҳои муҳими кори омӯзгорист. Риояи ин банди қонун ҳамеша таҳти назорат қарор дорад.

Аз ин лиҳоз, ҷиҳати рушду инкишофи қобилияти донишҷӯён рӯҳияи арзишҳои миллӣ тарбия намудани онҳо, аз ҷумла, муносибати содиқона ба сохти давлатию иҷтимоӣ, расму оинҳо, муҳити зист тадбирҳои амалӣ андешида шуданд. Зимни дарсҳои тарбиявӣ ҷиҳати пешгирии ҳолатҳои манфӣ: истеъмоли машрубот ва моддаҳои нашъаовар, оқибатҳои пайвастан ба ташкилоту созмонҳои фаъолияташон мамнӯъ корҳои фаҳмондадиҳӣ анҷом дода шуданд.

Дар ин давра масъалаҳои вобаста ба корҳои тарбиявӣ дар 12 ҷамъомади назди ҷонишини директор оид ба тарбия ва 12 ҷамъомади кураторон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Инчунин, тайи ин муддат кураторони гурӯҳҳо тибқи нақшаҳои корӣ дар тарбияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ ва тарғиби ахлоқи ҳамидаи донишҷӯён саҳми арзанда гузоштанд. Дар ҳамин давра дар тамоми гурӯҳҳо дарсҳои тарбиявии намунавӣ гузаронида шуда, роҳбарони гурӯҳҳо аз ҳамдигар маҳорати корҳои тарбиявӣ омӯхтанд.

Масъалаи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, иҷрои бандҳои «Консепсияи миллии тарбия»,  интизом ва одоби  донишҷӯён, риояи сару либос, истифодаи телефонҳои ҳамроҳ ва ахлоқи ҳамида ҳамеша таҳти назорат қарор дорад.

Тибқи нақшаи комплексии корҳои тарбиявӣ ҳамасола нақшаҳои солона, ҷории корҳои тарбиявӣ вобаста ба ташаккули ҷаҳонбинии донишҷӯён, тарбияи миллӣ, хештаншиносӣ, ватанпарастӣ, ахлоқӣ, маънавӣ, ғоявӣ,  маърифатӣ,  ҳуқуқӣ, зебоипарастӣ,  меҳнатӣ ва касбинтихобкунӣ,  иқтисодӣ, экологӣ, ҷисмонӣ ва тарзи ҳаёти солим,  масъулиятшиносӣ,  татбиқи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”  таҳия гардидаанд.

Ҳамасола чорабиниҳо аз ҷумлаи ҷашни идҳои ҷумҳуриявӣ ва касбии 1 сентябр -Рӯзи дониш, 9 сентябр -Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 сентябр -Рӯзи Рӯдакӣ, 2 октябр -Рӯзи омӯзгорон,  6 ноябр -Рӯзи  Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон,  24 ноябр -Рӯзи Парчам, Рӯзи Ваҳдат, иди Модарон, 9 май-рӯзи Ғалаба ва Наврӯзи аҷам дар асоси барномаҳои таҳиягардида гузаронида мешавад.

Яке аз самтҳои асосии тарбия дар коллеҷ ин пешгирии ҳодисаҳои номатлуб пеш аз ҳама аз хатари шомил нашудан ба равияҳои ифродгароӣ-терроризм ва экстремизм маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, бо ин мақсад, мунтазам дар ҳамаи гурӯҳҳо бахшида ба ин мазӯъ соатҳои тарбиявӣ  бо иштироки  намояндагони ҳифзи ҳуқуқ гузаронида мешаванд. Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, Коллеҷи технологӣ ва инноватсионӣ дар назди Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, муассисаи «Маърифатпарвар» ва Парки технологии «Донишкада» фаъолияти худро дар  соли  2022 бо нерӯи созанда ва илҳоми беандоза аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монд. Кулли устодон ва донишҷӯёни  донишкада аз сиёсати хирадмандонаи сарвари кишвар ҷонибдорӣ намуда, барои амалӣ намудани мақсадҳои дурнамои ҳукумати мамлакат камари ҳиммат бастаанд. Тоҷикистони азизамон бо вуҷуди нооромиҳои дунё ва тағиротҳо  қадами  устувор ба пеш мезанад.

Аз ин рӯ, мо Раёсат ва ҳайати кормандони донишкада низ фармон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи доимии кори худ қарор дода, дар оянда низ баҳри гул-гул шукуфоии Ватани азизамон саҳми босазои худро хоҳанд гузошт.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь