Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт фаъолияташро ҷиҳати иҷрои талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ” дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовара, фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи Донишкада равона намудааст.

Хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон вобаста ба фаъолият ва дастоварду муваффақиятҳои ин боргоҳи илму фарҳанг бо ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент Раҷабзода Маҳмадёр Носир суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Раҷабзода Маҳмадёр дар оғози суҳбат тамоми гулдухтарон ва занону модарони кишвар, бахусус, донишҷӯдухтарон ва бонувони донишкадаро бо Рӯзи Модар самимона муборакбоду шодбош гуфта, барояшон тани сиҳату хотири осуда ва дар кору пайкорашон муваффақияту комёбиҳои нав ба нав таманно намуд.

Сохтори донишкада

Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт яке аз муассисаҳои асосии омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ дар водии Рашт ба ҳисоб меравад. Дар донишкада 6 факултет: таърих ва ҳуқуқ (кафедраҳои ҳуқуқ ва идораи давлатӣ, таърих ва методикаи таълими он, ҷомеашиносӣ), забонҳо (кафедраҳои забон ва адабиёти тоҷик, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ), табиӣ-риёзӣ (кафедраҳои химия, биология, математика, физика ва методикаи таълими он, информатика ва барномасозӣ), иқтисод ва идора (кафедраҳои бухгалтерӣ ва менеҷменти иҷтимоӣ, технология ва соҳибкорӣ), педагогика ва варзиш (кафедраҳои педагогика, психология, тарбияи ҷисмонӣ), география ва ҳифзи табиат (кафедраҳои география ва ҳифзи табиат ва геоэкология) ва шуъбаи таҳсилоти фосилавӣ фаъолият менамоянд.

Ҳамзамон, дар сохтори донишкада Шӯрои олимон, ректор, ёвари ректор, муовинони ректор оид ба корҳои таълим, илм, робитаҳои байналмилалӣ ва тарбия, 3 раёсат – раёсати кадрҳо ва корҳои махсус, раёсати таълим, раёсати маъмурию хоҷагидорӣ, 12 шуъба – шуъбаи бақайдгирии ҳуҷҷатҳо, шуъбаи дуюм, шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон, шуъбаи мониторинг ва сифати таҳсилот, шуъбаи хизматрасонии техникӣ ва технологияи шабакавӣ, шуъбаи илм, шӯъбаи робитаҳои байналмилалӣ, шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ, шуъбаи тарбия, шуъбаи фарҳанг, шуъбаи бехатарӣ, шуъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ, татбиқи буҷет ва маблағҳои махсус, инчунин маркази машваратию бақайдгирии низоми кредитии таҳсилот, ҳайати ёрирасон оид ба таълим, китобхона, хобгоҳ, созмони ҷавонон, маҷмааи варзишӣ, рӯзномаи “Субҳи Рашт”, иттифоқи муттаҳидаи касабаи омӯзгорон ва дармонгоҳ амал менамоянд.

Бахши таълим

– Ҳайати профессорону омӯзгорони Донишкада дар соли 2023-юм 131 нафар (22 зан)-ро ташкил дод, ки аз онҳо 1 профессор, 21 номзади илм, 27 муаллими калон, 82 ассистент мебошанд. Тибқи ҷадвали басти вазифаҳои омӯзгорони Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар басти вазифаҳо ба миқдори 209 воҳиди корӣ бо фонди музди меҳнати моҳона 490 450 сомонӣ муайян ва тасдиқ гардидааст, – гуфт ректори донишкада Раҷабзода М.

Тибқи иттилоъ, соли 2023 дар ДОТ дар ноҳияи Рашт 634 донишҷӯ, аз ҷумла 449 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 185 тан дар шуъбаи фосилавӣ қабул карда шудаанд, ки аз онҳо 370 нафар дар шакли таҳсили буҷавӣ ва 264 кас дар шакли таҳсили шартномавӣ фаро гирифта шудаанд.

 

 

 

Номгӯи ихтисосҳо

Нақшаи

қабул дар шуъбаи рузона

Иҷрои нақшаи қабул дар шуъбаи рузона Нақшаи

қабул дар шуъбаи фосилавӣ

Иҷрои нақшаи қабул дар шуъбаи фосилавӣ
Теъдод Б/Ш Теъдод Б/Ш Теъдод Б/Ш Теъдод Б/Ш
1 1-020503-01 Математика. Физика 50   17   25   7  
2 1-020406-01 Химия. Биология 30   29   25   9  
3 1-02050-02 Математика.

Информатика

25   11          
4 1-310304 – Информатика 25   17          
5 1-310101-0121 Биохимияи тиббӣ 25   26          
6 1-310403-09 Электроникаи тиббӣ 25   6          
7 1-020402 География 30   24   30   8  
8 1-020504-04     География.   Ҳифзи табиат 25   12          
9 1-510101 Геология ва инкишофи канданиҳои фоиданок 25   6          
10 1-020405 География.   Асосҳои иқтисодиёт 25   12          
11 1-260202-21 Менеҷменти молиявӣ дар соҳаи маориф 25   20   10   4  
12 1-250108-03 Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит дар муассисаҳо буҷетӣ ва илмӣ 25   25   15   6  
13 1-020601 Технология   (аз рӯи самтҳо) 25   9   20   2  
14 1-03010602 Санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ. Технология 25   1          
15 1-020601-02 Технология (меҳнати техникӣ, нақшакашӣ) 25   6          
16 1-020303 Забон       ва адабиёти тоҷик. Ихтисоси иловагӣ 25   10          
17 1-020301 Забон ва адабиёти тоҷик 25   24   40   19  
18 1-020302 Забон ва адабиёти рус 30   21          
19 1-020306 Забони англисӣ 70   42          
20 1-230108 Рузноманигорӣ 25   10          
21 1-010201 Таҳсилоти ибтидоӣ 25   22   30   30  
22 1-010102-06 Таҳсилоти мактабӣ. Равоншиноси амалӣ 50   16          
23 1-010202-03 Таҳсилоти ибтидоӣ. Санъати мусиқӣ 25   3          
24 1-880101 Тарбияи ҷисмонӣ (аз рӯйи самтҳо) 50   25   25   5  
25 1-210301-01-14 Таърих ва ҳуқуқ 50   36   30   15  
26 1-020102-05 Таърих. Диншиносӣ 25   10          
  УМУМ 810   441   250   105  

 

– Теъдоди донишҷӯёни таҳсилоти рӯзона ва фосилавии факултетҳои донишкада 2623 нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 1400 нафар ба гурӯҳҳои шартномавӣ ва 1223 нафар ба гурӯҳҳои буҷавӣ ( аз ҷумла, 117 нафар тибқи квота) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар донишкадаи мо аз рӯйи 26 нақшаи таълимӣ донишҷӯён ба таълиму тадрис фаро гирифта шудаанд. Дар натиҷаи ҳамкорӣ ва шартномаи тарафайни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия барои таъмин намудани мактабҳои олӣ ва миёнаи ҷумҳурӣ бо кадрҳои баландихтисос дар соҳаи забони русӣ ба Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт дар асоси дархост 2 мутахассис – доктори илми фалсафа, профессор Белобородов Д. В. ва номзади илми филологӣ, дотсент Маҷидов С. Р.-ро дар асоси шартномаи тарафайн ба кафедраи забон ва адабиёти рус ба кор қабул шуданд, ки дар соли таҳсили 2023-2024 фаъолиятро давом хоҳанд дод, – иброз дошт ректори ДОТ Раҷабзода Маҳмадёр.

Озмунҳо

Тавре ректори ДОТ дар ноҳияи Рашт гуфт, ширкати устодону донишҷӯёни Донишкада дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъол будааст. Дар даври якуми озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 57 (32 духтар) нафар ширкат варзидаанд, ки аз ин шумора 9 нафар (5 нафар духтар) ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Дар даври дуюми озмуни мазкур 5 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтанд. Дар даври якуми озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” 125 нафар ширкат варзида, аз ин шумора 35 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтаанд. Ғолибони даври якум дар даври дуюм ҳам ғолиб баромада, ба даври сеюм роҳхат гирифтаанд.

– Дар даври якуми озмуни “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” 115 донишҷӯ ширкат варзиданд. Аз онҳо 35 тан ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Дар даври дуюми озмуни “Тоҷикон – оинаи таърихи миллат” 6 нафар донишҷӯ ба даври сеюм роҳхат гирифтанд. Инчунин, дар озмуни “Тоҷикистон – ватани азизи ман” 3 нафар ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд.

Дар давраи ҳисоботӣ бо ташаббуси Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия дар Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт фестивал бо унвони “И мы сохраним тебя, русская речь, Великое русское слово…” бо ширкати васеи донишҷӯёни Донишкада ва мактаббачаҳои муассисаҳои миёнаи умумии ноҳияи Рашт дар се номинатсия (суруд бо забони русӣ, зарбулмасалҳо дар забони русӣ, драматургияи рус) иштирок варзида, ҷойҳои сазоворро ишғол намуданд. Дар доираи ин фестивал – семинар дар мавзӯи “Актуальные проблемы методики преподавания русского языка и литературы” бо гузоришҳои устодони Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия, ки муаллифони китобҳои дарсии “Забон ва адабиёти рус” мебошанд ва бо ширкати устодони забони русии донишкада ва омӯзгорони муассисаҳои миёнаи умумии ноҳияи Рашт баргузор шуд, – қайд намуд ректор.

Бахши тарбия

Дар ДОТ ҳамоиши илмӣ дар мавзӯҳои “Ҷашни Сада ва аҳамияти таърихии он” (30-юми январи соли 2023), «Артиши миллӣ – сипари боэътимоди давлат» (21-уми феврали соли 2023), «Модар – бахшандаи умр», «Наврӯз – ҷашни миллӣ ва ҷаҳонӣ», “Никто не забыт, ничто не забыто”, «Ҷавонон–ояндаи миллат», “Дави миллӣ”, «Ваҳдати миллӣ – пешравии миллат», “Истиқлолияти давлатӣ”, “Забони давлатӣ”, “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Рӯзи Парчами давлатӣ” дар байни донишҷӯёну омӯзгорони факултетҳои ДОТ дар ноҳияи Рашт баргузор карда шудааст. Ҷаласаҳои вохӯрии волидайни донишҷӯён дар факултетҳои иқтисод ва идора, география ва ҳифзи табиат, забонҳо, табиӣ-риёзӣ, педагогика ва варзиш, таърих ва ҳуқуқ баргузор шуд, ки волидайн бо рафти таҳсилу тарбияи фарзандони хеш шинос шудаанд.

Чорабиниҳои варзишӣ

– Дар ДОТ дар ноҳияи Рашт як қатор чорабиниҳои варзишӣ дар байни омӯзгорону донишҷӯён дар соли 2023 баргузор шуданд. Чунончи вобаста ба рӯзи Артиши миллӣ футбол байни донишҷӯёни донишкада баргузор гардид. Бахшида ба “Рӯзи Модар” (волейбол байни духтарон), ҷашни “Наврӯз” (чорабинии вазнбардорӣ, бандкашӣ, тенниси рӯи миз, гуштини миллӣ, шашка, шоҳмот), ҷашни “Ваҳдати миллӣ” ва “Рузи ҷавонон” (футболи хурд байни омӯзгорон, волейбол байни омӯзгорон), “Рӯзи омӯзгор” (волейбол, футбол), “Рӯзи Забони давлатӣ” (волейбол), “Рӯзи Конститутсия” (футбол), “Рӯзи Президент” (волейбол, волейболи духтарона, шоҳмот), “ Рӯзи Парчам” (футбол, волейбол) байни донишҷӯён ва омӯзгорон гузаронида шуд, ки натиҷаи ҳамаи ин чорабиниҳои варзишию фарҳангӣ ва ҳамоишҳои илмӣ дар суроғаи фейсбукии Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт паҳн карда шудааст, – иброз дошт ректор Раҷабзода Маҳмадёр.

Бахши хоҷагӣ

Тибқи Созишномаи №21/26 байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи омӯзгори Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт оид ба таъмини таҷҳизоти технологияи иттилоотӣ ва озмоишгоҳ ба имзо расидааст, ки бо мақсади тақвиятбахшӣ ба пояи моддӣ-техникии донишкада ва иҷроиши КИТ бо истифода аз маблағҳои дохилӣ ба масъалаи ҷиҳозонидани озмоишгоҳҳои таълимию илмӣ зина ба зина амалӣ гардида истодааст.

– Чунончи дар соли 2022-юм 42 адад моноблок бо маблағи 443425 сомонӣ, ноутбук 3 адад – 28701 сомонӣ, принтери Canon 3010 – 2 адад бо маблағи 14726 сомонӣ, проектор 2 адад – 36233 сомонӣ, тахтаи электронӣ 2 адад – 15701 сомонӣ, тахтаи интерактивӣ 1 адад – 47697 сомонӣ, сервер 1 адад -211179 сомонӣ, ИБП (Источник бесперебойного питания) 1 адад – 58726 сомонӣ, сервер-шкаф – 21383 сомонӣ, телекоммуникатсия 2 адад – 35936 сомонӣ, УПС 45 адад – 74884, мебел барои озмоишгоҳи биология – 157925, таҷҳизот (мебел) барои кабинети физика – 71650, ҷевонҳои нигоҳдории китоб 20 адад – 18400, миз (100 адад), курсӣ (215 адад) – 101250, тахтаи синфӣ 10 адад бо маблағи 7950 сомонӣ ворид карда шуд, ки дар натиҷа дар факултети табиӣ-риёзӣ озмоишгоҳҳои биология ва физика, як синфхонаи компютерӣ (30 адад моноблок), факултети география ва ҳифзи табиат як синфхонаи компютерӣ (дорои 12 моноблок, як принтер, як тахтаи электронӣ) дар факултети таърих ва ҳуқуқ як синфхона ва дар факултети педагогика ва варзиш панҷ синфхона бо мизу курсиҳои нав муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Дар солҳои 2021-2023 масъалаи компютеркунонии ҷараёни таълим дар донишкада пурра ҳалли хешро ёфт, яъне аз ҳисоби маблағҳои махсус ва лоиҳаҳо беш аз 129 компютер, 4 тахтаи электронӣ, 2 тахтаи интерактивӣ харидорӣ ва барои истифода пешниҳод гардидааст. Бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд номгӯйи молу ашёи варзишӣ бо маблағи 64 853 сомонӣ ба донишкада ворид карда шуд, – гуфт дар интиҳои суҳбат ректори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт Раҷабзода Маҳмадёр Носир.

Қадрдонӣ

Қайд гардид, ки дар соли 2023 устод Нодиров М. бо нишони “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Олифтаев Н. бо “Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардидаанд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь