Пешвои муаззами миллат нисбати соҳаи маориф ғамхориҳои беназир кардаанду мекунан ва худ мегӯянд: “Ҳадафи муҳими низоми маориф тарбияи шахсияти  фаъол ва созанда аст. Аз ин рӯ, масъалаҳои дар зеҳну шуури хонандагон  тарбия кардани эҳсоси худогоҳии миллӣ, худшиносии таърихӣ, истифодаи анъанаҳои беҳтарини маорифи миллӣ ва умумибашарӣ, арзишҳои фарҳангию ахлоқӣ ва тарзи идораи демократӣ, ки то имрӯз барои ноил шудан ба дастовардҳои  илму техника ва фарҳанг мусоидат намудаанд, таҳти  таваҷҷӯҳи доимии давлат қарор дорад”.

Ҳидоятҳои Пешво

Чӣ тавре, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд: То даме, ки ба ислоҳоти  мукамали низоми  маориф ноил нагардем, дар пешрафти фарҳангу маънавиёт самараи дилхоҳ ба даст оварда наметавонем. Ислоҳоти мактабу маориф ва илм аз  муҳимтарини имрӯзу фардои мамлакати мо мебошад”.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рушти соҳаи маориф, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат шуморида мешвад, таваҷҷуҳи хоса дода шудааст, зеро барои таълиму тарбия насли бомаърифату соҳибҳунар ва ворисони халқу давлат Ҳукумати ҷумҳурӣ пайваста талош дорад.

Муассисаи таҳсилоти умумии хусусии “Гимназияи Нуриддин” дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар маҳаллаи Гулбутта-1 ҷойгир шудааст. Муассисаи таълимӣ 27 сентиябри соли 2022 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими тантанавӣ кушода ва ба истифода дода шудааст.

Базаи моддӣ-техникӣ

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии хусусии “Гимназияи Нуриддин” барои 2000 нафар хонанда дар як баст сохта шудааст, ки аз 4 ошёна ва 1 таҳхона, 1 булок, 70 адад синфхона бо тамоми шароити замони муосир, аз ҷумла синфхонаи омодагии ибтидои ҳарбӣ, синфхонаи ҳуқуқи инсон, синфхонаи расмкашӣ ва дигар синфхонаҳо муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Бояд қайд намуд, ки дар муассиса 22 кабинети фаннӣ ва озмоишгоҳҳо, аз ҷумла 1 адад озмгоишгоҳи фанни физика, 1 адад озмоишгоҳи  фанни биология, 2  адад кабинети техналогияи итиллоотӣ бо 26 компиютер, 1 адад кабинети нақшакашӣ, 1 адад кабинети астрономия, 1 адад кабинети таърих ва 1 адад кабинети география бо тамоми таҳҷизотҳояшон барои гузаронидани дарсҳо амалӣ мавҷуд  мебошанд. Ҳамзамон, дар муассиса 4 адад  кабинети роҳбарият, 6 ҳуҷраи омӯзгорон, 18 дастшуйӣ, 5 ҳуҷраи гигенӣ (баня), 2 хуҷраи методӣ, 2 гардирок, 1 толори маҷлисгоҳ бо 507 ҷойи нишаст, 5 адад ҳуҷраи маҳфилҳо,  1 адад ҳуҷраи табиб, 2 адад ҳуҷраи бойгонӣ, 2 адад ҳуҷраи барқӣ, 1 адад ҳуҷраи директор, 1 адад ҳуҷраи  муҳосибот, 1 адад толори хониш бо 68 ҷойи нишаст, 1 адад китобхонаи электронӣ бо шумораи 321 китоби бадеӣ, аз ҷумла  асарҳои  Президент, 2 адад варзишгоҳ (1ададаш беруна 1 адад дохила ), 2 ҷойи либосивазкунии хонандагон (раздивалка), 2 дуошёна барои хонандагон, 1 адад ҳуҷраи тринер, 1 адад ҳуҷраи таҷҳизотҳои варзишӣ, 1 адад ошхона бо 200 ҷойи нишаст барои хонандагон ва 40 ҷойи нишаст барои омузгорон, 1 ҳуҷраи табиб- равоншинос, 1 ҳуҷраи камераҳои  назоратӣ, 2 ҳуҷраи банақшагирӣ, 5 адад  ҳуҷраҳои асбобҳо, 2 адад лифт, 1 адад дегхонаи ангиштӣ, дар масоҳати  умуми 2,2 га замин, масоҳати 3446 мк ва ҳаҷми сохтумон 45486 метри квадратӣ ташкил карда шудааст.

Дар моҳи сентиябр  дар муассиса тибқи ҳисоботҳои оморӣ 650 нафар хонанда.

Бояд тазаккур дод, ки дар гимназияи номбурда таълиму тарбия ва азхудкунии дарсҳо дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудааст ва омӯзгорон пайваста дар баланд бардоштани савияи дониши талабагон кӯшиш кардаанду мекунанд ва яке аз омӯзгорони фаъол Нарзибекова Барно Олимовна, омӯзгори забону адабиёти рус, роҳбари синфи 1 уми “в” -и гуруҳи руси мебошад ва мавсуф тибқи нақша дарсҳои кушодро баргузор менамояд ва дар дарси кушоди навбатӣ дар мавзуи “Прощай азбука”  дарси кушоди худро баргузор кард, ки аз ҷониби иштирокдорон баҳои баланд дода шуд.

Дар фаъолияти минбаъдии худ низ Гимназияи номбурда нақша дорад боз ҳам сифати таълиму тарбияро боло барад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь