Табрикоти ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

Имрӯз мову шумо 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегирем. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди бузурги таърихӣ ба ҳисоб рафта, он заминаи асосии ба миён омадани тамоми пешрафтҳои халқи тоҷик гаштааст. Аз ин нуктаи назар, мо сад дар сад гуфта метавонем, ки тамоми пешравиҳо ва дастовардҳои халқи тоҷик маҳз самараи Истиқлолият мебошанд.

Бе шак, Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон марҳилаи нави таърихсозии миллати сарбаланди тоҷик аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба ин нукта таваҷҷуҳ намуда иброз доштаанд: «Истиқлолият тантанаи хирад ва андешаи миллати солору куҳанбунёди тоҷик, оғози марҳалаи навини давлатдории миллӣ, омили иттиҳоду сарҷамъии мардуми фидокору ватандӯсти мо, василаи муҳимтарини ҳифзи асолату ҳуввияти миллӣ ва муҳимтар аз ҳама, нишонаи возеҳи ҳастии миллат ба шумор меравад”.

Оре, Истиқлолият нишонаи асосии ҳастии миллат, кафили зиндагии босаодати мардум ва неъмати бебаҳоест, ки буданаш неъматҳои дигарро фароҳам меорад. Дар давраи соҳибистиқлолии кишвар тамоми соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар рушд кард. Таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ва Ҳукумати кишвар, бахусус Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои беҳтар намудани шароити зиндагии мардум ва хусусан, хуб шудани шароити илмомӯзии ҷомеа бештар гардид. Пешвои миллат дар сиёсати давлатдории хеш маорифро аз бахшҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолии кишвар арзёбӣ намуданд.

Имрӯз ҳайати устодону кормандон ва шогирдони Донишгоҳи миллӣ дар пешбурд ва амалисозии сиёсати маорифпарварона ва бунёдкоронаи Пешвои миллат, инчунин, пойдории сулҳу субот дар ҷомеаи соҳибистиқлол пешраву пешсафанд. Дар замони соҳибистиқлолии кишвар нақш ва саҳми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад. Ин аст, ки Пешвои миллат ба рушди ин маркази бузурги илмӣ таваҷҷуҳи хоса доранд. Маҳз дар замони Истиқлолият дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон беш аз 60 ихтисоси нав роҳандозӣ шуд, ки ҳамагӣ барои ҷомеаи наву соҳибистиқлоли мо ихтисосҳои зарур мебошанд.

Бе тардид мегӯям, ҳар чи, ки мо дар зарфи 31 сол ба даст овардем, маҳз аз шарофату баракати Истиқлолият аст. Истиқлолияти давлатӣ бо ҳама дастовардҳояш натиҷаи сиёсати созандаву дурандешона, тадбирҳои саривақтӣ ва азхудгузаштанҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба ибораи дигар, Истиқлолият корномаи беназири Президенти кишвар аст. Пас, расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, пос доштани арзишҳои миллӣ, пайравӣ аз Пешвои муаззими миллат ифтихор, шараф ва бештар аз ҳама масъулияти ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст.

Аз ин рӯ, таҷлили 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба устодону ҳамкорон, шогирдони азизи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ба кулли шаҳрвандони мамлакат самимона табрик гуфта, барояшон саломатӣ, рӯзгори осоишта ва талошҳои созанда барои пешрафти Ватани азизамон-Тоҷикистони соҳибистиқлол таманно менамоям.

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони биҳиштосо мубораку фархунда бод!

ДМТ- махзани бузурги омодасозии мутахассисон

Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо Ректори донишгоҳи мазкур профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт суҳбат анҷом дод, ки муҳтавои онро пешкаши хонандагони ҳафтанома мегардонем.

-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми солонаашон ба аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагон ва шаҳрвандони мамлакат иброз доштанд, ки даврони соҳибистиқлолии кишвар бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро “ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат” арзёбӣ намуданд. Ба андешаи муҳтарам Президент “бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф-сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷавобан ба таъкидҳои Сарвари давлат чӣ корҳоро анҷом дода истодааст?.

Хушвахтзода Қобилҷон, Ректори ДМТ:

-Донишгоҳи миллии Тоҷикистон калонтарин ва бонуфузтарин муассисаи таълимию илмии кишвар буда, саҳми раёсати донишгоҳ дар рушду такомули соҳаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла дар самти омодасозии кадрҳои унвони илмӣ дошта назаррас мебошад. Имрӯз теъдоди омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидор дар донишгоҳ ба 60 % расидааст, ки аз заҳматҳои пайвастаи омӯзгорони донишгоҳ дарак медиҳад. Зиёд шудани теъдоди иштирокчиён ва ғолибони озмунҳои гуногуни сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ аз ҳисоби муҳассилини донишгоҳ, афзоиш ёфтани теъдоди гирандагони стипендияҳои номӣ, аз ҷумла, стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба кӯшишу талошҳои пайвастаи омӯзгорон ва назорати пайвастаи раёсати донишгоҳ дар ин самт вобастагии калон дорад.

Қобили қайд аст, ки имрӯзҳои таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, ба хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти донишгоҳ назаррас буда, ҳайати устодону кормандони ин боргоҳи илму адабро пайваста дастгирӣ менамоянд. Ҳамин аст, ки дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – Истиқлолияти давлатӣ дар баробари намояндагони касбу кори гуногуни мамлакат устодону кормандони ин маҳзани илму адаб-Донишгоҳи миллӣ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд. Вобаста ба ин наздик ба 20 нафар устодону кормандони донишгоҳ бо мукофотҳои давлатӣ, аз қабили Ректори ДМТ бо ордени Шараф дараҷаи 2, Т. Урватулло-профессори факултети филология бо унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, профессори факултети таърих Қаҳҳор Р. бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон, муаллимаи факултети филологияи рус Ашмарина Л. В. бо медали Хизмати шоиста, Қурбонализода Н.-декани факултети ҳуқуқшиносӣ, Икромзода Х.-мудири кафедраи тарҷума ва муоширати байнифарҳангии факултети филологияи рус, Сайдализода С.-дотсенти факултети тиббӣ, Аловиддинзода Р.- корманди Институти илмии тадқиқотии ДМТ, Тахминаи Т.-муаллимаи факултети фалсафа бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ дар соли 2022, Раҷабзода С.-директори Институти илмию тадқиқотии ДМТ бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2022, инчунин, Байзоев Азим-дотсенти кафедраи филологияи эрони факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, Иброҳимзода Илҳомиддин-декани факултети молиявию иқтисодӣ, Исайнов Ҳисайн-декани факултети иқтисод ва идора, Қудратова Латофатхон-дотсенти кафедраи химияи физикӣ ва коллоидии факултети химия, Маҳмадизода Файзиддин-мудири шуъбаи таҷрибаомӯзӣ ва рушди касбияти раёсати таълим, Мирзозода Парвон-мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқшиносӣ ва Ҷӯраев Хайрулло-профессори кафедраи мошинҳои ҳисоббарор, системаҳо ва шабакаҳои факултети физика бо медали Хизмати шоиста қадрдонӣ шуданд.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар рушду такомули соҳаи илму маориф, баланд бардоштани маърифат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисос мақому манзалати хос дорад.

ДМТ дорои 19 факултет, Литсейи равияи табиӣ-риёзӣ, Институти илмӣ-тадқиқотӣ, Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таъҳсилоти олӣ, Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий, марказҳои тестӣ, технологияҳои информатсионӣ ва таҳсилоти фосилавӣ, марказҳои биотехнологӣ, инноватсионӣ, маркази табъу нашр, тарҷума ва баргардон, Маркази омӯзиши забонҳо, Парки технологӣ, китобхонаи илмӣ, китобхонаҳои электронӣ, озмоишгоҳҳои илмию таълимӣ ва илмию тадқиқотӣ, синфхонаҳои компютерӣ, синфхонаҳои лингофонӣ, толорҳои варзишӣ, пойгоҳҳои таҷрибавӣ, осоишгоҳ ва бунгоҳи тиббӣ мебошад. Чанд нуктаи муҳимро мехоҳам аз дастовардҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар шаш моҳи соли равон зикр намоям, ки барои хонанда муҳим мебошад. 9-уми июни соли 2022 бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатториён Матлубахон, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия, Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷи Шумин ва як қатор сохторҳои давлатӣ бинои Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Бинои мазкур аз ду ошёна иборат буда, масоҳати беш аз 1800 метри мураббаъро дар бар мегирад, ки инфрасохтори хуб ва мукаммалро барои таълим фароҳам меорад. Бинои таълимӣ дорои синфхонаҳои таълимии замонавии бо тахтаҳои электронӣ муҷаҳҳаз, толорҳои конфронсӣ, синфхонаи лингафонӣ, синфхонаи мусиқӣ, толорҳои фарҳангӣ, китобхона, бойгонӣ, осорхона, аудиторияҳои бисёрфунксионалӣ, толори рақс ва варзиши намуди ушу, ошхона, дар саҳни он амфитеатр ва майдончаи варзишӣ мебошад. Дар ин рӯз, ҳамчунин, тавассути дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муяссар гардид, бинои хобгоҳ, ки қаблан чун хобгоҳи донишҷӯён истифода мешуд, пас аз баровардан аз таъмири пурраи асосӣ ва азнавсозӣ ба хонаҳои истиқоматӣ табдил диҳад. Тавассути дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои мазкур ба 30 нафар омӯзгор ва кормандони ба манзили истиқоматӣ эҳтиёҷманд хонаҳои хизматӣ омода гардида, супурда шуд, ки ин иқдоми наҷиби Раёсати донишгоҳ аз ҷониби ҳайати омӯзгорону кормандон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамовозии зиёд пайдо кард. 30-юми марти соли ҷорӣ Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 36 нишондиҳандаи таълимию илмӣ ва фаъолияти байналмилалӣ роҳандозӣ гардид, ки дар он Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар байни 30 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар бо касби 236 хол сазовори ҷойи 1-ум гардида, соҳиби ҷоизаи озмун шуд.

ДМТ аз чанд кафедра иборат аст ва чи қадар омӯзгор фаъолият дорад?

-Донишгоҳ аз 123 кафедра иборат аст, ки дар умум 1655 нафар омӯзгор фаъолият доранд. Аз ҷумлаи омӯзгорон 13 нафар академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 13 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, 182 нафар докторони илм, 610 нафар номзадони илм мебошанд, ки барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шудаанд. Аз шумораи умумии омӯзгорон 1323 нафар ба ҳайси омӯзгори доимӣ ва 345 нафар ҳамчун омӯзгорони ҳамкор ва соатбайъ фаъолият менамоянд. Қобили зикр аст, ки дар донишгоҳ 792 нафар омӯзгори дорои унвони илмӣ доимӣ фаъолият доранд, ки 60,4 фоизро омӯзгорони унвондор ташкил медиҳанд.

-Таҳсил дар донишгоҳ аз рӯи чанд ихтисос ба роҳ монда шудааст ва ҳамасола чи миқдор донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта мешавад?

-Шумораи донишҷӯён дар ДМТ 23 362 нафар ташкил медиҳад, ки 17611 нафар дар шуъбаи рӯзона, 4968 нафар дар шуъбаи ғоибонаю фосилавӣ ва 783 нафар дар зинаи магистрӣ таҳсил мекунанд. Таҳсил дар донишгоҳ ба шакли буҷавӣ ва шартномавӣ ба роҳ монда шудааст. Аз шумораи умумии толибилмон 6114 нафар дар гуруҳи буҷавӣ ва 17248 нафар дар гуруҳи шартномавӣ таҳсил карда истодаанд. Донишгоҳ аз рӯи 124 ихтисос дар зинаҳои таҳсилоти бакалавр, аз рӯи 84 ихтисос дар зинаи таҳсилоти магистратура ва 103 ихтисос дар зинаи доктор Рh.D, доктор аз рӯи ихтисос мутахассисон омода менамояд. Таҳсил дар гуруҳҳои таълимӣ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст. Нақшаҳои таълимии ҳама зинаҳои таҳсилот мавҷуд мебошад ва дар мувофиқа бо маркази таълимию методии ҷумҳуриявӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, ба мавқеи иҷро вогузор карда шудаанд. Соли равон Донишгоҳро аз рӯи 3 зинаи таҳсил: бакалавр -108 ихтисос, мутахассис-2 ихтисос ва магистратура-41 ихтисос 5505 нафар донишҷӯён хатм намуданд, ки 3786 нафар донишҷӯёни шуъбаи рӯзона, 971 нафар донишҷӯёни шакли таҳсили фосилавӣ, 214 нафар таҳсилоти олии дуюм ва 534 нафар магистрон мебошанд. Донишгоҳро имсол 299 нафар донишҷӯ бо дипломи аъло хатм намуд. Муҳассилине, ки тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон донишгоҳро хатм намуданд, 65 нафарро ташкил доданд. Хатмкунандагони равияи омӯзгорӣ бошад, 479 нафар буда, аз онҳо 215 нафар хатмкунандагони гуруҳҳои буҷавии равияи омӯзгорӣ мебошанд.

Раванди компютеркунонии синфхонаҳои таълимӣ дар кадом сатҳ қарор дорад? То кадом андоза устодону донишҷӯён аз технологияи муосири информатсионӣ дар рафти таҳсил баҳравар ҳастанд?

-Айни замон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои таъмини раванди таълим бо техника ва технологияи информатсионӣ ва иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ дар факултетҳо ва сохторҳои таркибии Донишгоҳ 2422 адад компютер, 658 адад принтерҳои бисёрфунксионалӣ, 157 адад тахтаҳои электронӣ ва 213 адад видеопроектор мавриди истифода қарор доранд. Аз шумораи умумии компютерҳои фардии мавриди истифода қарордошта 747 ададашро моноблок ташкил медиҳад. Ҳамчунин, 47 синфхонаи компютерӣ мавриди истифода қарор дорад ва барои гузаронидани дарсҳои назариявӣ, амалӣ, лабораторӣ ва иҷроиши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар синфхонаҳои мазкур 1110 адад компютер мавҷуд аст. Сохтори илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пешрафти фаъолияти илмӣ ва таълимӣ саҳмгузор буда, солҳои охир шумораи дастовардҳои илмӣ дар донишгоҳ назаррас гаштааст, ки албатта аз дастгирии раёсати донишгоҳ дар ин самт далолат мекунад. Ҳайати устодону кормандон дар нимсолаи аввали соли 2022 роҷеъ ба 65 самт, 110  масъала ва 142 мавзуъ таҳқиқоти илмӣ гузарониданд.

Ҳимояти рисолаҳои илмии устодон чи гуна сурат мегирад?

-Бахши илмҳои геологӣ ва техникӣ 28 феврали соли ҷорӣ аз ҷониби КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуд.

Айни замон дар донишгоҳ 12 нафар докторант, 410 нафар унвонҷӯ ва 208  нафар докторанти Ph.D ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии докторантони Ph.D 52 нафар донишгоҳро хатм намуданд. Соли равон дар пояи донишгоҳ 5 Шурои диссертатсионии ФР ва 14 Шурои диссертатсионии КОА назди Президенти ҶТ фаъолият менамоянд. Тӯли давраи ҳисоботӣ дар шуроҳои диссертатсионии Федератсияи Русия 3 рисолаи докторӣ ва 13 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шуд. Дар Шурои диссертатсионии КОА назди Президенти ҶТ бошад, 4 рисолаи доктори фалсафа (Ph.D)-доктор аз рӯи ихтисос, 31 рисолаи номзадӣ ва 6 рисолаи докторӣ дифоъ карда шуд. Дар шаш моҳи аввали соли 2022 дар ДМТ 51 чорабинии илмии сатҳи гуногун баргузор гардид, ки аз ин теъдод 7 конференсияи байналмилалӣ, 40 конференсияи ҷумҳуриявӣ, 1 семинари ҷумҳуриявӣ, 1 мизи гирди ҷумҳуриявӣ, 1 конференсияи донишгоҳӣ, 1 семинари донишгоҳӣ ва 1 мизи гирди донишгоҳӣ буданд.

-Шавқу рағбати донишҷӯёнро барои андӯхтани илм чи гуна арзёбӣ мекунед?

-Сол то сол доираи фаъолияти ҷамъияти илмии донишҷӯён васеъ гардида, дар факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳии донишгоҳ 123 маҳфили Ҷамъияти илмии донишҷӯён (ҶИД) амал мекунад, ки зиёда аз 3600 донишҷӯ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб шуда, фаъолияти хешро аз рӯи нақшаи муайян ба роҳ мондаанд. Донишҷӯёни ДМТ дар Озмуни ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Донишҷӯ ва пешрафти илмию техникӣ” иштирок карда, 31 кори илмиашонро ба озмун фиристоданд. Мувофиқи қарори комиссияи озмун Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо гирифтани 23 ҷой (6 ҷои якум, 5 ҷои дуюм, 10 ҷои сеюм) ва 2 ҷои ифтихорӣ дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовори ҷои аввал гардид.

Соли ҷорӣ Идораи патентии АвруОсиёгии Ташкилоти патентии авруосиёгӣ Универсиадаи патентии АвруОсиёгии “Взгляд в будущее” (Нигоҳ ба оянда) аз 30 апрел то 30 майи соли 2022, байни 120 иштирокчӣ аз 8 давлат 53 лоиҳаи инноватсионӣ доир намуданд, ки донишҷӯи факултети химияи  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Бобокалонов Диловар Озарович дар ин озмун сазовори ҷои аввал гардид. Инчунин, донишҷӯи курси 4-уми факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шоҳрух Забиров дар озмун ва нашри 4-умин китоби байналмилалии “Донишҷӯи беҳтарини ИДМ”, ки бо ташаббуси Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавон, (Қазоқистон, Нур-Султан) ва бо дастгирии Иттиҳодияи шахсони ҳуқуқии “Ҳаракати умумимиллии Бобек” миёни донишҷӯёни донишгоҳҳои ИДМ доир гардид, иштирок намуда, ғолиб ва бо дипломи дараҷаи 1, нишони ифтихории “Беҳтарин донишҷӯ” сарфароз гардид. Озмуни мазкур аз ду давр иборат буд. Даври аввал дар Узбекистон ва даври дуюм дар Қазоқистон баргузор гардид, ки донишҷӯёни курси 2-юми факултети муносибатҳои байналхалқии донишгоҳ Кабирова Маҳноза Зафаровна ва Таиров Муҳаммад Набиҷонович дар бахши иноватсия бо лоиҳаҳои худ рӯзи 4-уми июни соли 2022 дар Ҷумҳурии Қазоқистон иштирок намуда, ғолиб ва бо дипломи дараҷаи 1, нишони ифтихории “Беҳтарин донишҷӯ” сарфароз гардиданд. Ногуфта намонад, ки моҳи январи соли ҷорӣ Кабирова Маҳноза Зафаровна донишҷӯи курси 2-юми факултети муносибатҳои байналхалқии донишгоҳ дар озмуни Бизнес- инкубатор «Eco Plast» Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Иттиҳодияи Аврупо бахшида ба «Рӯзи соҳибкори ҷавон», ки дар Тоҷикистон баргузор гардида буд, аз байни 15 лоиҳаи пешниҳодшуда, сазовори ҷойи якум ва соҳиби грант дар ҳаҷми 1000 доллар гардид. Инчунин, аз 12-ум то 16-уми июни соли 2022 дар шаҳри Хуҷанд Озмуни чойхона (Стартап конкурс) бо ташаббуси Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (Accelarete Prosperity ва USAID) аз рӯи лоиҳаҳои инноватсионӣ баргузор гардид, ки  донишҷӯи ДМТ Кабирова М. З. сазовори ҷойи аввал ва соҳиби грант шуд. 4-уми май интернет-олимпиада аз рӯи самти химия дар Ҷумҳурии Туркманистон баргузор гардид, ки дар он аз 15 кишвар донишҷӯён иштирок карданд. Дар байни 15 кишвар Бобохонов Муҳаммадҷон донишҷӯи курси дуюми ихтисоси химияи факултети химияи донишгоҳ ҷои 3-юмро ишғол кард. Рӯзҳои 16-18-уми  феврали соли равон дар шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Беларус 12-умин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика (MathOpen 2022 Belarus)  байни 344 донишҷӯ аз 16 давлат доир гардид. Дар он донишҷӯёни ДМТ Ҳикматулло Исматов-магистрант, соҳиби ҷои 2-юм, диплом ва медали нуқра, Малик Ситамов-донишҷӯи курси 4-ум бо диплом ва Раҳимзода Чеҳрон-донишҷӯи курси 3-юми факултети механикаю математика соҳиби шаҳодатномаи иштирокчӣ гардиданд. Аввалин маротиба дар донишгоҳ дар партави эълон шудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, солҳои 2020-2040, давоми ду рӯз (29-30-юми марти соли 2022), олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино баргузор гардид, ки дар он 65 нафар донишҷӯ аз дохил ва хориҷи кишвар сабқат намуданд. Дар ин олимпиада донишҷӯёни донишгоҳ Қурбонзода Муҳсин Толибҷон ҷои аввал ва Ҷамшеди Рустам ҷои дуюмро соҳиб шуданд.

Дастоварди дигари донишгоҳ дар соли ҷорӣ ин иштироки бонувон- устодони донишгоҳ дар Форуми байналмилалӣ мебошад. Солҳост, ки дар давлати Кореяи Ҷанубӣ-шаҳри Сеул Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Форуми байналмилалии занони ихтироъкорро доир менамояд. Имсол 15-умин Форуми мазкур аз 24 то 27-уми август дар шаҳри мазкур байни 30 давлати аъзои Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ бо иштироки 500 нафар ихтироъкор баргузор гардид. Дар партави дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, ба хусус Пешвои миллат дар самти эълон гардидани солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ устодони факултети химияи донишгоҳ Ёрмамадова Саврибегим Гулмамадовна ва Қурбонова Муқаддас Зубайдовна дар кори Форум иштирок намуданд. Устодони донишгоҳ дар самти «Истифодаи пайвастаҳои комплексии рӯҳ ҳамчун маводи доруворӣ зидди бемориҳои ғадуди сипаршакл» ва «Истифодаи хуллаҳои алюмений бо бериллий дар саноати мошинсозӣ» ихтироот намуда, дар нишастҳои омӯзишӣ миёни мутахассисони сатҳи байналмилалӣ  баррасӣ намуданд. Пас аз таҳлили мутахассисон бонувони ихтироъкор бо Шоҳҷоиза ва медали тилло қадрдонӣ шуданд.

Аз иштироки донишҷӯёни ДМТ дар озмунҳои эълоншуда, аз қабили “Илм фурӯғи маърифат”, “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва дигар озмуну мусобиқаҳои варзишӣ қаноатманд ҳастед?

-Албатта, донишҷӯёни мо боз ҳам заҳмату талош намуда, донишу малакаи хешро метавонанд бештар нишон диҳанд. Дастаи ДМТ дар номинатсияҳои гуногуни озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд. Аз ҷумла соли 2021 Донишгоҳи миллӣ бо соҳиб гардидани 6 ҷои ифтихорӣ (2 ҷои аввал, 1 ҷои дуюм ва 3 ҷои сеюм) миёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва дигар муассисаву сохторҳои илмии кишвар сазовори ҷои аввал гардид.

Инчунин, рӯзҳои 13-14-уми маи соли равон дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» аз рӯи самтҳои математика ва технологияи иттилоотӣ ва географияи иқтисодӣ бо асосҳои демография баргузор гардид. Дар ин озмун, ки донишҷӯён аз 34 муассисаи таҳсилоти олии ҷумҳурӣ иштирок намуданд, дастаи донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ бо гирифтани 4 ҷои якум ва 1 ҷои сеюм дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар сазовори ҷои аввал гардид. Аз 1-ум то 15-уми марти соли равон дар Донишгоҳи миллӣ даври донишгоҳии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки зиёда аз  68 нафар дар 7 номинатсия барои иштирок ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд. Рӯзҳои 26-ум ва 27-уми май бо ибтикори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе миёни муҳассилин ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» баргузор гардид. Дастаи Донишгоҳи миллӣ дар ин озмун бо гирифтани 22 ҷои ифтихорӣ (7 ҷои якум, 9 ҷои дуюм ва 6 ҷои сеюм) сазовори ҷои аввал гардид. Соли ҷорӣ бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён таҳти унвони “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст” дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон доир гардид. Дар он 400 нафар донишҷӯ аз 35 муассисаи таҳсилоти олии кишвар иштирок намуданд. Дастаи олимпии донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ бо ишғоли 7 ҷой (6 ҷои якум ва 1 ҷои дуюм) сазовори ҷои аввал дониста шуда, соҳиби диплом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ гардид. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъкидҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кору фаъолияти ҳамешагии худ қарор дода, дар самти сиёсати давлатии ҷавонон корҳои заруриро роҳандозӣ намуда истодааст. Дар шаш моҳи соли ҷорӣ омӯзгорону донишҷӯёни ДМТ дар натиҷаи иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ 164 медал, аз ҷумла 55 медали тилло, 81 нуқра, 48 биринҷӣ ба даст оварданд. Аз 164 медал ба донишҷӯдухтарон 57 медал ва ба донишҷӯписарон 107 медал тааллуқ дорад. Аз шумораи умумии 164 медал дар маҷмӯъ 66 медал (21 тилло, 30 нуқра, 15 биринҷӣ) ба мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳуриявӣ ва 98 медал (34 тилло, 34 нуқра, 30 биринҷӣ) ба мусобиқаҳои варзишии сатҳи шаҳрӣ рост меояд.

-Густариши ҳамкориҳо бо донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ дар кадом сатҳ қарор дорад?

-Барқарор намудан ва густариши ҳамкориҳои илмӣ, таҳсилотӣ ва фарҳангӣ бо макотиби олӣ ва марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти раёсати донишгоҳ мебошад. Дар донишгоҳ айни ҳол 272 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳайси донишҷӯ, магистр, докторантони доктори фалсафа Ph.D ва шунавандаи озод (забономӯзи МОЗ) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки дар зинаи мутахассис ва бакалавриат 225 нафар, аз онҳо 156 нафар (шартномавӣ) аз Ҷумҳурии Узбекистон, 40 нафар (6 нафар бурсия ва 34 шартномавӣ) аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, 17 нафар (5 нафар бурсия, 12 нафар шартномавӣ) аз Ҷумҳурии Қазоқистон, 6 нафар (шартномавӣ) аз Федератсияи Россия, 2 нафар аз Ҷумҳурии Халқии Хитой (шартномавӣ), 2 нафар аз Ҷумҳурии Қирғизистон (бурсия), 1 нафар (шартномавӣ) аз Шоҳигарии Арабистони Саудӣ  2 нафар (шартномавӣ) аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ва 1 нафар аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон (шартномавӣ) ташкил мекунанд. Дар маҷмӯъ ДМТ бо 321 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии хориҷӣ созишномаву шартномаҳои ҳамкориро амалӣ карда истодааст. Аз ин шумора дар соли таҳсили 2021-2022 бо ҳамтоёни хориҷӣ 14 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст. Дар ним соли аввал бештар аз 75 нафар устодон, кормандон, докторантон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои иштирок дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳсил, коромӯзӣ ва ҷиҳати ширкат дар чорабиниҳои ҷашнӣ ба донишгоҳҳо ва марказҳои илмии хориҷи кишвар фиристода шуданд.

Ташаккури зиёд барои як суҳбати озоду самимӣ. Бовар дорам, ки саҳми ДМТ дар самти омодасозии мутахассони сатҳи баланд на танҳо дар дохили кишвар, балки дар бозори меҳнати ҷаҳон боз ҳам назаррас хоҳад шуд.

-Ба Шумо ва дар симои Шумо ба ҳама расонаҳои кишвар барои инъикоси дастовардҳои соҳаҳои гуногуни мамлакат изҳори сипос менамоям.

Мусоҳиб Шамсулло ФОЗИЛОВ 

Ҳолнома

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт 5-уми июни соли 1982 дар ноҳияи Данғара дар оилаи муаллим ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоиро солҳои 1989-1999 дар мактаби таҳсилоти умумии № 2 ноҳияи мазкур гирифтааст. Соли 2004 факултети баҳисобгирию иқтисодии ДДМТ-ро бо ихтисоси «баҳисобгирии бахгалтерӣ, таҳлил ва аудит» хатм намудааст.

Фаъолияти корӣ

Ассистенти кафедраи «Таҳлили иқтисодӣ ва аудит»-и факултети баҳисобгирию иқтисодии ДМТ (2004-2011), муовини декан оид ба илм ва тарбияи ДМТ (2005-2009), муовини декан оид ба таълим дар шуъбаи рӯзонаи ДМТ (2009-2013), иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити ДМТ (2011-2012), мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудити Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2013-2017), мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2018-2019), декани факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2019-2020).

Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми январи соли 2020 ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъйин карда шуд.

Фаъолияти илмӣ

Мавзуи асосии таҳқиқот ва пажуҳишҳои илмии ӯро масъалаҳои вобаста асосҳои назариявӣ-методологии маҳсулотҳои кишоварзӣ ҳамчун объектӣ низомӣ баҳисобгирӣ-таҳлилӣ, ташаккулёбӣ ва ташкили низоми баҳисобгирии таъминнамоии истеҳсолоти маҳсулоти рақобатпазир, таҳлили иқтисодӣ-омории рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ, баҳисобгирӣ ва таҳлили идоракунии соҳаи кишоварзӣ, баҳодиҳӣ ва таҳлилӣ таъсир ба рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ ва омилҳои ташкилӣ-истеҳсолӣ ба он таъсиррасон дар шароити иқтсодиёти муосир ва ғайра ташкил медиҳад. Хушвахтзода Қ. Х. муаллифи зиёда аз 170 маводи илмӣ буда, дар мавзуҳои вобаста ба асосҳои назариявӣ-методологии маҳсулотҳои кишоварзӣ ҳамчун объекти низоми баҳисобгирӣ-таҳлилӣ, ташаккулёбӣ ва ташкили низоми баҳисобгирии таъминнамоии истеҳсолоти маҳсулоти рақобатпазир, таҳлили иқтисодӣ-омории рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ, баҳисобгирӣ ва таҳлили идоракунии соҳаи кишоварзӣ, баҳодиҳӣ ва таҳлили таъсир ба рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра тадқиқоти илмӣ анҷом додааст.

Мукофот ва ҷоизаҳо

Хизматҳои шоистаи Хушвахтзода Қ.Х. бо «Ифтихорнома»-и ДМТ (2003, 2006, 2010, 2014, 2018, 2019), Ҷоизаи ба номи И. Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (бахши иқтисодӣ)-соли 2012, Аълочии маорифи Тоҷикистон (2012), Диплом ва Ҷоизаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимони ҷавон (2014) қадр гардидаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь