Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бонуфузтарин маркази таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дастпарварони ин боргоҳи илму маърифат дар пешрафти давлати мустақили Тоҷикистон, рушду равнақи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии кишвар саҳми арзанда мегузоранд. Донишгоҳ дар кишвар ҷиҳати ислоҳу такомули соҳаи илму маориф, баланд бардоштани маърифат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи мутахассисони донишманд мақому манзалати хоса дорад.

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ тарбия карда, ифтихор аз он дорад, ки Пешвои муаззами миллат хатмкардаи ин боргоҳи илму маърифат мебошад.

Дастовардҳои Донишгоҳ

Донишгоҳи милли Тоҷикистон дорои 19 факултет, 125 кафедра, 124 ихтисос,  Институти илмию таҳқиқотӣ, Литсейи равияҳои табиию риёзӣ, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии назди донишгоҳ, Донишкадаи Конфутсий, озмоишгоҳҳои илмию таълимӣ ва таҳқиқотӣ, марказҳои интернетӣ,  синфхонаҳои компютерӣ, ҳуҷраҳои лингофонӣ, зиёда аз 10 маркази хизматрасонии таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, 3 пойгоҳи таҷрибавӣ, бунгоҳи тиббӣ ва майдончаҳои варзишӣ мебошад. Донишгоҳ барои донишҷӯён, магистрантон ва докторантони ватанию хориҷӣ беҳтарин хобгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир дорад. Имрӯзҳо донишгоҳ беш аз 2 ҳазору 500 нафар устоду корманд ва наздик ба 23 ҳазор нафар донишҷӯро муттаҳид карда, тамоми шароити заруриро барои таълим фароҳам сохтааст. Барои тақвияти андешаҳои боло чанде аз дастовардҳои соли сипаригаштаи ин боргоҳи илму маърифатро манзури хонандагон менамоем.

Санаи 9-уми июни соли 2022 бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири Фавқуллода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони як қатор сохторҳои давлатӣ бинои Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба истифода дода шуд. Ҳамчунин, дар ин рӯз, тавассути дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба раёсати Донишгоҳ муяссар гардид, бинои хобгоҳ, ки қаблан ҳамчун хобгоҳи донишҷӯӣ истифода мешуд, баъди аз таъмири пурраи капиталӣ ва азнавсозӣ ба хонаҳои истиқоматӣ табдил дода, ба 39 нафар омӯзгорон ва кормандони ҷавонӣ ба манзили истиқоматӣ эҳтиёҷманд тақсим карда шуд. Лозим ба ёдоварист, ки раёсати Донишгоҳ тасмим гирифтааст, ки баъди пурра дуруст намудани ҳуҷҷатгузорӣ хобгоҳи №1-ро низ аз таъмири капиталӣ бароварда, байни 30 нафар омӯзгорони ҷавон тақсим намояд. Дар таърихи 23-юми ноябри соли 2022 дар арафаи таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ ҷиҳати амали гардидани Нақшаи чорабиниҳои “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040” бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори раёсати донишгоҳ дар назди Парки технологии донишгоҳ “Коргоҳи маводи ҷолинусӣ (галеникӣ)” кушода шуд. Санаи 21-уми декабри соли сипаришуда бошад, бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мактаби бузурги давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назди донишгоҳ Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат мавриди истифода қарор дода шуд. Дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат осори банашррасидаи Сарвари давлат ва осори муҳаққиқону донишмандон, ки корномаҳои Пешвои миллатро инъикос менамоянд, ҷамъоварӣ шудаанд.

Муҳимтарин рӯйдоди дигари соли гузашта иштироки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Раддабандии байналмилаии IAAR Eurasian University Ranking (IAAR EUR)-2022 мебошад, ки санаи 8-уми октябри соли 2022 натиҷаҳои ин раддабандӣ дар Форуми VI Байналмилалии Осиёи Марказӣ доир ба таъмини сифати таҳсилот бо иштироки шабакаҳои аврупоӣ эълон гардид. Дар натиҷаи раддабандӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷои чорум шуд. Донишгоҳ ягона муассисае буд, ки соҳиби ҷоизаи «IAAR EUR Worldwide recognition» Award гардид. Ҳамчунин, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба раддабандии QS шомил шуд, ки соли 2023 натиҷагирии он дар назар аст.

Рӯйдоди муҳими дигари соли 2022 ин аст, ки устоди факултети механикаю математикаи донишгоҳ, академик Мирганд Шаҳбозов дар Форуми XV-уми зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои узви Иттиҳоди давлатҳои мустақил барандаи Ҷоизаи “Ситораҳои иттиҳод” гардид. Форуми мазкур дар шаҳри Тошканд багргузор шуд. Санаи 30-юми марти соли ҷорӣ аз ҷониби Агентии  назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рейтинги муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рӯи 36 нишондиҳандаи таълимию илмӣ ва фаъолияти байналмилалӣ, роҳандозӣ гардид, ки дар он Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар байни 34 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, бо касби 236 хол, сазовори ҷойи 1-ум гардида, соҳиби ҷоизаи озмун шуд.

Ҳамчунин, соли сипаригашта бо ибтикори раёсати Донишгоҳ Маркази илмию таҳқиқотии публитсистика ба номи профессор Асадулло Саъдуллоев, Студияи таълимии радиои факултети журналистика рӯи мавҷи алоҳида дар диапазонаи 90,5 FM бо унвони “Садои Донишгоҳи миллӣ”, Озмоишгоҳи нанотехнологияи Институти илмию таҳқиқотии ДМТ, лабораторияи илмӣ дар факултети химия, таъсиси филиали китобхонаи илмӣ дар “Шаҳраки донишҷӯён”, сохта, ба истифода додани амфитеатр ва майдончаи варзишӣ дар саҳни бинои Конфутсий ва таҷдиди Маркази русӣ сурат гирифт, ки ҳар як аз ин озмоишгоҳу марказҳо барои истифодаи самараноки устодону донишҷӯён дар раванди машғулиятҳои дарсӣ ва иҷрои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ равона гардиданд.

Маҳз ҳамин заҳмату талошҳои раёсат, ҳайати омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳро ба инобат гирифта, соли сипаригашта Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 нафар омӯзгоронро ба муносибати ҷашнҳои давлатӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаҳо аз ҷумла, бо унвони фахрии «Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон» 1 нафар, бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон” 1 нафар, бо ордени «Шараф дараҷаи II» 1 нафар, бо медали «Хизмати шоиста» 8 нафарро қадрдонӣ намуданд. Ҳамчунин, як нафар бо Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимон ва омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соли 2022 ва як нафар омӯзгор бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф сарфароз гардонида шуданд. Ҳамзамон, дар соли ҳисоботӣ 5 нафар олимони ҷавони донишгоҳ барои дастовардҳои назаррас дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва таҳияи маводи таълимӣ бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои ҷавонон дар соли 2022 сазовор дониста шуданд.

Соли сипаригашта Раёсати Донишгоҳ дар баробари таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Донишгоҳ талаботи як қатор Барномаҳои давлатӣ, Стратегияҳо ва нақша-чорабиниҳои иҷрогардидаро дар Шӯрои олимони Донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор дода,  ба сохторҳои дахлдор ҷиҳати иҷрои ин санадҳои муҳимми ҳуқуқӣ маълумотнома ирсол кард. Соли 2022 аз рӯи нақшаҳои амалкунандаи таълимӣ тибқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои таҳсилотӣ ва нақшаҳои таълимӣ аз рӯи 124 ихтисоси амалкунанда бомуваффақият оғоз ёфт, ки саҳми ҳайати бисёрҳазорнафараи омӯзгорону кормандон дар ин ҷода хеле назаррас аст.

Соли сипаригашта дар ДМТ ихтисосҳои бехатарии иқтисодӣ, иқтисодиёти минтақа ва рушди маҳал дар факултети иқтисод ва идора, технологияи саноати дору дар факултети фарматсевтӣ ва ихтисоси диншиносӣ дар факултети фалсафа ва кафедраҳои тибби оилавӣ, ҷарроҳии 2-юм дар факултети тиббӣ ва биотехнология дар факултети биология таъсис дода шуданд.  Ҷараёни таълим дар шуъбаи рӯзона тибқи нақшаи таълимӣ аз рӯи се зинаи таҳсилот-бакалавр, мутахассис ва магистратура аз рӯи забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва фанҳои дақиқ

Вобаста ба иҷрои протоколи ҷаласаи назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа (аз 24. 08. 2022, №16/10-172) «Оид ба вазъи омӯзиши забонҳои хориҷӣ (махсусан забонҳои русӣ ва англисӣ) дар кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва роҳҳои беҳтар сохтани он» нақшаи чорабинии Донишгоҳ таҳия шуда, шуруъ аз оғози соли таҳсили 2022-2023 аз ҳисоби донишҷӯёни курси якуми ихтисоси 1-24010200 – ҳуқуқшиносии факултети ҳуқуқшиносӣ як гурӯҳи англисӣ ва вобаста ба иҷрои нақшаи чорабиниҳо дар бораи амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040” дар факултети химия гуруҳи академии таълимаш ба забони англисӣ барои курси якум таъсис дода шуд. Алҳол дар 125 кафедраи донишгоҳ (118 кафедраи тахассусӣ ва 7 кафедраи умумидонишгоҳӣ) 1334 нафар омӯзгор (12 нафар академики АМИТ ва 13 нафар узви вобастаи АМИТ)  аз ҷумла, 192 нафар доктори илм, профессор, 649 нафар номзади илм, дотсент барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шуда, ҳамчунин, 355 нафар омӯзгор ба ҳайси омӯзгорони ҳамкор ва соатбайъ фаъолият менамоянд, ки аз ин теъдод 105 нафарашонро омӯзгорони дараҷа ва унвони илмидор ташкил медиҳанд.

Қобили зикр аст, ки дар донишгоҳ 841 нафар омӯзгори штатии дараҷа ва унвони илмидор фаъолият доранд, ки 62,59 фоизи омӯзгорон кормандони асосии донишгоҳро ташкил медиҳанд. Ин шумора яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ мебошад.

Теъдоди донишҷӯён дар ДМТ

Шумораи донишҷӯён 22 787 нафар мебошад, ки аз онҳо 17350 нафарро донишҷӯёни шуъбаи рӯзона, 4831 нафарро донишҷӯёни шакли таҳсилоти фосилавӣ ва 606 нафарро магистрон ташкил медиҳанд. Аз теъдоди умумии донишҷӯёни Донишгоҳ 9 021 нафарро духтар (39,6%) ва 13766 нафарро писар (60,4 %) ташкил медиҳанд. Донишгоҳ дорои 19 факултет (19 бинои таълимӣ) буда, дар биноҳои таълимӣ барои як баст (смена)-и таълимӣ ба донишҷӯён 18 000 ҷои нишаст пешбинӣ шудааст. Дар 14 факултети Донишгоҳ донишҷӯён тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил менамоянд, ки теъдоди онҳо 280  нафарро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод 158 нафарашон духтар ва 122  нафарашон писаронанд, ки аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни ҷумҳурӣ мебошанд. Аз шумораи умумии донишҷӯёни тибқи квота таҳсилкунанда 161 нафар дар хобгоҳ истиқомат мекунанд.

Таҳсил тибқи квотаи Президентӣ

Соли сипаригашта 52 нафар ҷавонони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар асоси квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси донишҷӯ қабул шуданд, ки аз онҳо  21 нафар духтар ва 31 нафар писарон буданд. Аз ин теъдод 14 нафар ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, 1 нафар ҷавонони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, 26 нафар ҷавонони шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва 11 нафар ҷавонони ВМКБ мебошанд. Донишҷӯёни шуъбаи рӯзона, ки донишгоҳро соли 2022 тариқи квота хатм намуданд, 65 нафар (41 нафар дар ихтисосҳои омӯзгорӣ ва 24 нафар дар ихтисосҳои ғайриомӯзгорӣ)  мебошанд.

Таъминот бо компютер

Айни замон дар Донишгоҳ 2442 адад компютер, 675 адад принтерҳои бисёрфунксионалӣ, 178 адад тахтаҳои электронӣ ва 225 адад видеопроектор мавриди истифода қарор доранд. Дар раванди таълими Донишгоҳ 45 синфхонаҳои компютерӣ мавриди истифода мебошанд. Ҳамчунин, 17 синфхонаи компютерӣ бо моноблок муҷаҳҳазонида шудааст, ки шумораи моноблокҳо дар маҷмуъ 475 ададро ташкил медиҳанд. Дар донишгоҳ 5 синфхонаи лингафонӣ фаъолият намуда, 1030 компютер бо шабакаи интернет пайваст аст, ки барномаи литсензионии Kaspersky Anti-Virus дар 500 адад компютер васл гардидааст.

Дар маҷмуъ теъдоди донишҷӯёни донишгоҳ 22787 нафар буда, шумораи компютерҳо 2442 ададро ташкил медиҳанд, ки таносуби миқдори компютерҳо ба миқдори донишҷӯён чунин аст: 22 787:2442=9,3, яъне дар донишгоҳ ба ҳар 9 нафар донишҷӯ 1 компютер рост меояд.

Стипендияҳои Президентӣ ва номӣ

Теъдоди стипендияҳои номӣ дар донишгоҳ 55 ададро ташкил медиҳад, ки дар ин сол аз ин теъдод ба 45 нафар стипендияи номӣ дода шуд. Ба 19  нафар донишҷӯёни бо баҳои аъло таҳсилкунанда ва ахлоқи намунавӣ дошта стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд. Ҳамчунин, ба 25 нафар донишҷӯёни гурӯҳҳои буҷавии бо баҳои аъло таҳсилкунанда стипендияҳои номӣ дода мешавад.

Соли 2022 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро  аз рӯи 3 зинаи таҳсилот-бакалавр мутахассис ва магистратура 5 324 нафар хатм намуданд, ки аз онҳо 3 728 нафарро хатмкардагони шакли таҳсили рӯзона, 1 131 нафарро фосилавӣ ва 465 нафарро зинаи таҳсилоти магистратура ташкил доданд. Аз теъдоди умумии хатмкардагон 261 нафар донишгоҳро бо дипломи аъло ва 56 нафар тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳро хатм намуданд. Дар тақсимоти давлатӣ гурӯҳҳои буҷавии ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ 215 нафар иштирок намуданд, ки  20 нафарашон ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, 59 нафарашон ба ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 82 нафарашон ба вилояти Хатлон, 37 нафарашон ба вилояти Суғд ва 16 нафарашон ба ВМКБ (1 нафар шаҳрванди ҶИ Афғонистон) фиристода шуданд.

Таҳсил дар Литсейи ДМТ

Дар Литсейи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 311 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки аз он ҷумла, 82 нафар духтар дар 16 синф, 151 нафар дар синфҳои (5-11) таълимашон бо забони тоҷикӣ, 160 нафар дар синфҳои (5-11) таълимашон бо забони русӣ ҷалб гардидаанд. Дар озмунҳо ва олимпиадаҳои фаннӣ 278 нафар хонанда ширкат варзиданд, ки 140 нафари онҳо ғолиб дониста шуда, ҳуқуқи дар даври 2-юм (ноҳиявӣ) иштирок карданро пайдо намуданд. Дар даври дуюми (ноҳиявӣ) олимпиада 60 нафар хонандагони литсей сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва ифтихорӣ гашта, ба даври сеюми олимпиада роҳхат гирифтанд. Моҳи январи соли 2022 олимпиадаи байналмилалии “Глобус” дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, ки аз 42 нафар иштирокчии озмун 15 нафар хонандагони литсей сазовори ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла,  4 нафар ҷои 1-ум, 5 нафар ҷои 2-юм ва 6 нафар ҷои 3-юм гардиданд.

Дар озмуни гирандагони Стипендияи Президентӣ хонандагони литсей иштирок карданд ва 4 нафар хонандаи синфи 9 ғолиб дониста шуда, гирандаи стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд. Хонандаи синфи 9-уми литсеи мазкур Азизов Ёқуб дар озмуни «Ҷоми Пешвои миллат» оид ба шоҳмот байни наврасон иштирок карда, соҳиби ҷои 3-юм гардид.

Муваффақият ва дастовардҳои устодону кормандони ДМТ

Соли 2022 аз  1315 нафар устодону кормандони илмии Донишгоҳ дар иҷрои пажӯҳишҳои илмӣ 1241 нафар (91,8%) иштирок намудаанд, ки дар байни онҳо 192 нафар докторони илм ва 649 нафар номзадони илму докторони Ph.D мебошанд.  Дар соли 2022 муваффақиятҳо ва дастовардҳои ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар соҳаи илм ба таври мухтасар чунин аст:

– роҷеъ ба 64 самт, 114  масъала ва 147 мавзуи кафедравӣ ва фармоишӣ таҳқиқот анҷом додаанд;

– 4347 номгӯй (дар соли 2021- 5115 номгӯй) асарҳои илмӣ, таълимиву методӣ ба табъ расонида шуданд, ки аз ин миқдор 177 монография, 66 китоби дарсӣ, 207 васоити таълимӣ, 191 дастури методӣ, 2947 мақола ва 867 фишурдаи мақолаҳо мебошанд;

– дар 42 шумораи силсиламаҷаллаҳои донишгоҳ “Паёми ДМТ” ва “Илм ва фановарӣ” бо 1474 мақолаҳои илмӣ ва ҳамзамон 6 шумораи маҷаллаи «Муҳаққиқони ҷавон» бо фарогирии 496 мақола омода шудааст;

Таҳлили фаъолияти илмии устодони донишгоҳ тавассути сомонаи Elibrary.ru тӯли соли сипаришуда нишон дод, ки «индекси Хирш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 2022 ба 35 (то соли 2021-34) баробар шуд.

– соли 2022 докторантураи Ph.D -ро 52 нафар хатм карданд, ки аз ин шумора 10 нафар докторанти Ph.D рисолаи илмии худро дар кафедра аз муҳокима гузарониданд. Соли 2022-юм 74 нафар ба зинаи мазкур қабул карда шуд. Ҳоло дар донишгоҳ 11 нафар докторанти анъанавӣ (соли 2021-ум 6 нафар), 428 нафар унвонҷӯ ва 228  нафар докторанти Ph.D (соли 2021-ум 181 нафар) таҳсил доранд.

– соли 2022-юм 84 чорабиниҳои илмии дараҷаҳои гуногун, аз ҷумла, 9 конференсияи сатҳи байналмилалӣ, 69 конференсияи сатҳи ҷумҳуриявӣ ва 6 конференсияи сатҳи дохилидонишгоҳӣ гузаронида шуданд, ки дар чорабиниҳои мазкур 3630  маърӯза қироат карда шуд, ки аз онҳо 1041-то дар конференсияҳои байналмилалӣ, 640-то дар конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва 949-то дар конференсияҳои дохилидонишгоҳӣ мебошанд;

– дар пояи донишгоҳ 17 нафар рисолаи докторӣ, 93 нафар рисолаи номзадию доктор-докторантураи Ph.D-ро дифоъ карданд (дар соли 2021-ум 16 нафар рисолаи докторӣ ва 110 нафар рисолаи номзадӣ);

– дар 7 Шӯрои диссертатсионии КОА ФР дар назди донишгоҳ фаъолияткунанда 5 рисолаҳои докторӣ ва 30 рисолаҳои номзадӣ, инчунин, дар 17 Шӯрои диссертатсионии КОА ҶТ дар назди донишгоҳ амалкунанда 14 рисолаҳои докторӣ, 74 рисолаҳои номзадӣ ва 11 рисолаҳои доктор Ph.D дифоъ карда шуданд.

Ихтироъкорию навоварӣ

Корҳои ихтироъкорию навоварӣ самти дигари фаъолияти донишгоҳ мебошад, ки натиҷаи он соли равон 11 нахустпатент (соли 2021-ум 8 нахустпатент) аз ҷониби устодону кормандон ба даст оварда шудааст. Соли 2022 бо дастгирии раёсати Донишгоҳ устодони факултети химияи донишгоҳ, номзадони илмҳои химия, дотсентон Ёрмамадова Саврибегим Гулмамадовна ва Қурбонова Муқаддас Зубайдовна дар кори Форуми байналмилалии “Занони ихтироъкор”, ки дар шаҳри Суели Корея гузашт, иштирок намуда, бо Шоҳҷоиза ва медали тилло қадрдонӣ шуданд. Дар факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ 123 маҳфили ҷамъиятӣ-илмии донишҷӯён амал мекунад, ки зиёда аз 3600 донишҷӯ ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ҷалб шуданд.

Аввалин маротиба дар донишгоҳ  санаҳои 29-ум ва30-юми марти соли 2022 олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни физика, бахшида ба бузургдошти Абӯалӣ ибни Сино баргузор гардид, ки дар он зиёда аз 65 нафар донишҷӯёни хориҷӣ иштирок намуданд. Дар шаҳри Могилёви Ҷумҳурии Беларус 12-умин олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни математика (MathOpen 2022 Belarus)  байни 344 донишҷӯ аз 16 давлат доир гардид ва дар он магистранти факултети механикаю математика Ҳикматулло Исматов сазовори ҷои 2-юм гардид.

Соли 2022 олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён, таҳти унвони “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст”, баргузор гардид, ки дар он 400 нафар донишҷӯ аз 35 муассисаи таҳсилоти олии кишвар иштирок намуданд. Дастаи олимпии донишҷӯёни ДМТ бо ишғоли 7 ҷой (6 ҷои аввал, 1 ҷои дуюм) сазовори ҷои аввал дониста шуд. Донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат»  ба гирифтани  9 ҷои ифтихорӣ (1 ҷои аввал, 4 ҷои дуюм ва 4 ҷои сеюм), “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 3 ҷой (1 ҷои аввал, 2 ҷои дуюм), “Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе” 4 ҷой (1 ҷойи аввал, 2 ҷойи дуюм ва 1 ҷойи сеюм),  “Беҳтарин донандаи Конститутсия” 1 ҷои аввал сазовори ҷойҳои ифтихорӣ дониста шуданд. Дар умум донишҷӯёни донишгоҳ соли ҳисоботӣ дар 9 озмуну олимпиадаҳо фаъолона иштирок намуда, ба гирифтани 42 ҷои ифтихорӣ мушарраф гардиданд.

Варзиш дар Донишгоҳ

Бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои донишгоҳӣ, самти тарбияи донишгоҳ дар соли 2022 саҳми худро дар мусобиқаҳои варзишӣ фаъолона гузоштааст. Дар соли 2022 омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳ зимни иштирок дар мусобиқаҳои варзишӣ 211 медал, аз ҷумла 52 тилло, 76 нуқра, 83 биринҷӣ ба даст овардаанд. Аз 211 медал ба донишҷӯдухтарон 84 адад ва ба донишҷӯписарон 127 адад тааллуқ дорад. Самти тарбияи донишгоҳ соли 2022 дар ташкил ва баргузорӣ, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳои сатҳи гуногун аз ҷумла, чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ 20 адад, сатҳи ҷумҳуриявӣ 132 адад, сатҳи шаҳрӣ 50 адад, ноҳиявӣ 40 адад ва сатҳи донишгоҳӣ (факултетӣ) 278 адад саҳми арзанда гузоштааст. Дар маҷмӯъ дар ДМТ зиёда аз 520 чорабиниҳои гуногунсатҳ баргузор карда шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2021-ум  212 адад зиёд мебошад. Ба ин чорабиниҳо дар давраи ҳисоботӣ зиёда аз 24 000 нафар омӯзгор, корманд ва донишҷӯи донишгоҳ ҷалб гардиданд.

Дастгирии ниёзмандон

Дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти Донишгоҳ қарор дошта, бо мақсади татбиқи сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати мамлакат дар самти дастгирии ятимону бепарасторон, шахсони имконияташон маҳдуд иқдомҳои хосаеро роҳандозӣ карда шудааст. Аз ҷумла, давоми соли гузашта ба зиёда аз 150 нафар ятиму маъюби муҳассилини Донишгоҳ кӯмаки моддӣ, ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявии низомаш махсуси шаҳри Ҳисор маводи хӯрокворӣ ва лавозимоти техникӣ, ба қисмҳои ҳарбии №5453, №0235, №6592-и Қӯшунҳои дохилаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон маводи хурокворӣ ва ба Маркази минтақавии хизматрасонии иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон дар шаҳри Душанбе тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим гардидааст.

Ҳамкориҳои хориҷии Донишгоҳ

Айни ҳол, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо 326 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ дошта, аъзои Донишгоҳи шабакавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Донишгоҳи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ)  мебошад. ДМТ аъзои фаъоли Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Авруосиё, муассиси Ассотсиатсияи Донишгоҳҳои Осиё, муассиси Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ, аъзои Ассотсиатсияи байналмилалии омӯзгорони забон ва адабиёти рус (МАПРЯЛ) ва созмону консорсиумҳои дигари байналмилалӣ низ мебошад. Санаи 8 июни соли 2022 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аъзои комилҳуқуқи консорсиуми Донишгоҳи ҳуқуқии Аврупо ва Осиё шуд.

Соли 2022 донишгоҳ аз рӯи 11 ихтисоси барои пешрафти иқтисодиёти ҷумҳурӣ зарурӣ бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии Белорус омода намудани кадрҳои замонавиро ба роҳ мондааст. Дар Донишгоҳи давлатии Туркманистон ба номи Маҳтумқулӣ рӯзҳои 14-17-уми ноябри соли 2022 интернет-олимпиадаи байналмилалӣ аз фанни химия баргузор гардид, ки  5 нафар донишҷӯи факултети химияи ДМТ иштирок карда, се нафар соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Санаи 12-13-уми майи соли 2022 дар Форуми ректорони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Донишгоҳи миллии Қазоқистон ба номи ал-Форобӣ доир гардид, ки ректори Донишгоҳ иштирок намуда, бо якчанд муассисаҳои илмию таълимии хориҷи кишвар созишномаи нави ҳамкорӣ ба имзо расонид. Санаи 12-уми октябри соли 2022 дар пояи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус, таҳти унвони “Дурнамои инкишофи ҳамкориҳои байнидонишгоҳии Тоҷикистон ва Беларус”  баргузор гардид, ки дар он вазирони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Беларус, ректорони донишгоҳҳои Тоҷикистону Беларус ва омӯзгорону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар соли 2022 донишгоҳ бо 18 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ бастааст. Дар донишгоҳ айни ҳол 274 нафар шаҳрвандони хориҷӣ ба ҳайси донишҷӯ, магистр, докторантони доктори фалсафа Ph.D ва шунавандаи озод (забономӯз МОЗ) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо 8 нафар дар зинаи магистратура, дар зинаи докторантураи Ph.D 3 нафар ва 2 нафар ба ҳайси муҳаққиқ-коромӯз фаъолият намуда истодаанд.

Соли 2022 ба зинаҳои бакалавриат 72 нафар, магистр -3, докторанти Ph.d – 1, муҳаққиқ-коромӯз-1 нафар қабул карда шуда, соли 2022 бошад, 27 нафар муҳассилини хориҷӣ донишгоҳро хатм намуданд.

Бояд қайд намуд, ки симои ДМТ-ро дастоварди таълимию методӣ ва илмии ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён инъикос менамояд. Ҳайати устодону кормандон  барои баланд бардоштани нуфузу эътибори ин махзани илму маърифат пайваста кӯшиш намуда, ҷиҳати татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм гузошта истодаанд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь