Лаҳзаҳои хотирмони соли 2021

Соли 2021 барои омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз он ҷиҳат хотирмон буд, ки дар ин сол ҳайати бисёрҳазорнафараи омӯзгорону кормандон, докторантону магистрон ва донишҷӯёни донишгоҳ 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – бузургтарин ва муқаддастарин ҷашни миллии мардуми шарафмандамонро бо шукуҳу шаҳомати хосса ва руҳу илҳоми тоза ҷашн гирифта, дар таҷлили ин санаи пуршараф ва ҳаётан муҳим ширкати фаъолона намуданд.

Дигар аз лаҳзаҳои хотирмони соли сипаригашта ташрифи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати ифтитоҳи бинои таълимии факултетҳои иқтисодӣ ва хобгоҳи донишҷӯён, ҳамчунин гузоштани санги асос барои сохтмони силсилаи 2-юми бинои хобгоҳи 12 ошёна дар мавзеи “Шаҳраки донишҷӯён” буд. Ба истифода додани биноҳои мазкур туҳфаи арзандаест ба кулли устодону донишҷӯёни ин боргоҳи илму маърифат дар арафаи таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҳамчунин, зимни ташрифи Пешвои миллат дар ин рӯз бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои Сарвари давлат дар рушду пешрафти ҳамаҷонибаи Донишгоҳ ва инъикоси овони донишҷӯӣ дар бинои факултетҳои иқтисодӣ Осорхонаи Пешвои миллат мавриди истифода қарор дода шуд. Пешвои миллат ҳангоми боздиди Осорхона аз хизматҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси бузургтарин маркази таълимиву илмии кишвар дар омода намудани мутахассисони баркамол ёдовар шуданд.

Дигар аз дастоварди донишгоҳ дар соли сипаригашта ба муносибати ҷашнҳои давлатӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва ифтихорномаҳо сарфароз гардонидани теъдоди зиёди омӯзгорону кормандони донишгоҳ мебошад. Аз ҷумла, Зайниддинзода Муртазо – мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёти нави тоҷикии факултети филология, Мамадназаров Абдусалом-профессори кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон», Мирзамонзода Хайрулло Мирзамон-муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ бо ордени «Шараф дараҷаи II», Рӯзиева Лола Толибовна-профессори кафедраи забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавии факултети филологияи рус, Юлдошев Ҳимоҳиддин-профессори кафедраи биохимияи факултети биология, Рашидов Ҷалил-профессори кафедраи физикаи ҷисмҳои сахти факултети физика, Талабзода Муҳаммадалӣ Сайф-декани факултети тиббӣ ва Шамсов Илёсҷон Сафарович-декани факултети молиявию иқтисодӣ бо медали «Хизмати шоиста» ва олимони ҷавони донишгоҳ дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионӣ Сулаймонзода Манучеҳр Субҳоналӣ, дотсенти кафедраи онтология ва назарияи маърифат Қаландарзода Мустафо, корманди Институти илмию таҳқиқотии донишгоҳ Обидов Ҷамшед Маҳмадназарович бо Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, ҳамчунин профессори кафедраи химияи физикӣ Раҳимова Мубоширахон ва омӯзгори литсейи донишгоҳ Шарифзода Асадулло ба “Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” мушарраф гардиданд.

Ҳамчунин, як қатор омӯзгорон бо мукофотҳои соҳавӣ, аз ҷумла, 21 нафар бо нишони сарисинагии «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», 6 нафар бо «Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», 1 нафар бо нишони «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон», 1 нафар бо нишони «Аълочии матбуот», 2 нафар бо унвони Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 59 нафар бо «Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» нафар сарфароз гардонида шуданд.

ДМТ ба стандарти аврупоӣ ҷавобгӯй аст

Яке аз дастовардҳои назарраси донишгоҳ, ки раёсати донишгоҳ диққати махсусро ба он равона карда буд, ин  гузаштани  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз аккредитатсияи институтсионалии байналмилалӣ тавассути ҷалби Агентии аккредитатсионии аврупоии ЕККА мебошад. Зимнан, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аввалин муассисаи таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки пурра аз аккредитатсияи институтсионалии аврупоӣ гузашт ва мақоми худро боз ҳам мустаҳкам намуд.

Санади аккредитатсионии EKKA, ки дар доираи баҳодиҳии сифати таҳсилот ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ медиҳад, ҷавобгӯй будани сифати таҳсилотии донишгоҳро ба талаботҳои стандарти аврупоӣ эътироф намуда, қобили қабул ва эътиборнокии барномаҳои таълимии донишгоҳиро дар қаламрави Иттиҳоди Аврупо тасдиқ менамояд.

Ҳамзамон дастоварди дигари назарраси донишгоҳ дар соли сипаригардида ишғол намудани ҷойи 241-ум дар миёни 450 донишгоҳи беҳтарин ва пешрафтаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ мебошад, ки  аз ҷониби ширкати бонуфузи британятгии «Quacquarelli Symonds (QS)» – Раддабандии донишгоҳҳои ҷаҳонӣ муайян карда шудааст. Чунин дастовардҳо дар таърихи соҳибистиқлолии кишварамон дар доираи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии  ватанӣ  аввалин мебошанд ва бешак муаррифгари дастовардҳои таҳсилот ва илми тоҷик (ва донишгоҳ) дар  30 соли соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон  маҳсуб меёбад.

Соли рушди сифати таҳсилот

Лозим ба ёдоварист, ки зимни баррасии ҳисобот оид ба фаъолияти донишгоҳ дар соли 2020 мо соли 2021-ро дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон “Соли рушди сифати таҳсилот” эълон намуда будем. Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ва сазовор пешвоз гирифтани “Соли рушди сифати таҳсилот” аз ҷониби Шуъбаи назорати сифати таҳсилот нақшаи чорабинӣ таҳия гардида, баргузории як қатор чорабиниҳо ба нақша гирифта шуд. Дар ин замина, сараввал аз рӯи чаҳор номиннатсия: “Факултети беҳтарин”, “Кафедраи беҳтарин”, “Омӯзгори беҳтарин” ва “Донишҷӯи сол” озмун эълон карда шуд. Аз ҳисоби омӯзгорони варзидаи донишгоҳ Комиссияи озмунӣ  таъсис дода шуда, Низомномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ таҳия карда шуд. Комиссия тӯли як сол фаъолият намуда, бо заҳмати зиёд беҳтаринҳоро интихоб намуд.

Ҳамчунин, санаи 19 майи соли 2021 Шуъбаи назорати сифати таҳсилот семинари ҷумҳуриявии илмию назариявиро дар мавзӯи “Сифати таҳсилот: мушкилот ва роҳҳои ҳалли он” бо иштироки олимону омӯзгорони барҷастаи Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, аз ҷумла намояндаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор намуд, ки дар анҷоми кори семинар қатънома қабул гардида, барои боз ҳам хубтару беҳтар намудани сифати таҳсилот дар Муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор гирифт.

Саҳми Шӯрои илмию методӣ дар сатҳи сифати таълим

Дар муҳайё сохтани ҷанбаҳои меъёрӣ ва ҷуcтуҷӯи роҳҳои баланд бардоштани сатҳи сифати таълим саҳми Шӯрои илмию методии донишгоҳ назаррас арзёбӣ мегардад. Шӯрои илмию методии Донишгоҳ дар ҳайати 38 нафар аъзоён таъсис дода шуда, дар соли сипаригашта 10 ҷаласа барпо намуда, дар он 98 масъала оид ба фаъолияти таълимию методии донишгоҳ маврида баррасӣ ва натиҷагирӣ қарор гирифт, ки аз онҳо 72-тояшро масъалаи асосӣ ва 26-тояшро масъалаҳои ҷорӣ ташкил медиҳанд. Бо мақсади самарабахш ба роҳ мондани корҳои таълимӣ ва илмию методӣ ҳайати омӯзгорон ба таври назаррас дар таҳияи барномаҳои таълимӣ, таълифу нашри китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ, дастурҳои методӣ иштирок намуданд. Дар ин давра 82 барномаи таълимӣ, 25 воситаи таълимӣ, 12 китоби дарсӣ, 12 монография аз тарафи Шӯрои илмию методӣ муҳокима ва ба чоп тавсия гардид.

Дар мувофиқа бо Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди сохторҳои дахлдор ихтисосҳои диншиносӣ дар факултети фалсафа, бехатарии иқтисодӣ, иқтисодиёти минтақа ва рушди маҳал дар факултети иқтисод ва идора таъсис дода шуда, қабули донишҷӯён барои соли таҳсили 2021-2022 дар гурӯҳҳои шартномавии ихтисосҳои мазкур эълон карда шуд.

Ҳайати омӯзгорону донишҷӯён

Ҳоло дар 123 кафедраи донишгоҳ (117 кафедраи тахассусӣ ва 7 кафедраи умумидонишгоҳӣ) 1321 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 182 нафар доктори илм, 587 нафар номзади илм барои пешбурди фаъолияти таълимию методӣ ҷалб шуда, ҳамчунин 331 нафар омӯзгорон ба ҳайси ҳамкор ва соатбайъи беруна фаъолият менамоянд.

Қобили зикр аст, ки дар донишгоҳ 769 нафар омӯзгорони унвони илмидор фаъолият доранд, ки мутаносибан 59,0 фоизро  ташкил медиҳанд, ки ин фоиз яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ мебошад. Ҳамчунин, дар донишгоҳ 12 нафар академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 11 нафар узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд.

Шумораи донишҷӯён дар донишгоҳ бошад, феълан 25178 нафарро ташкил медиҳад, ки аз онҳо 18798 нафарро донишҷӯёни шуъбаи рӯзона, 5543 нафарро донишҷӯёни шуъбаи ғоибонаю таҳсилоти фосилавӣ ва 837 нафар магистрону докторантон мебошанд. Аз теъдодии умумии донишҷӯёни донишгоҳ 9511 нафарро духтарон ва 15667 нафарро писарон ташкил медиҳанд. Донишгоҳ дорои 19 факултет буда, дар биноҳои таълимӣ барои як баст (смена)-и таълимӣ ба донишҷӯён 12 146 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

Аз теъдоди умумии хатмкунандагон 223 нафар донишгоҳро бо дипломи аъло хатм намуданд, ки аз онҳо 184 нафарро хатмкунандагони зинаи таҳсилоти бакалавр, 6 нафар зинаи таҳсилоти мутахассис ва 33 нафарро хатмкунандагони зинаи таҳсилоти магистр ташкил медиҳанд.

Таъмини раванди таълим бо технологияи муосир

Айни замон дар Донишгоҳ барои таъмини раванди таълим бо техника ва технологияи информатсионӣ ва иҷрои корҳои илмию тадқиқотӣ дар факултетҳо ва сохторҳои таркибии донишгоҳ 2422 компютер, 658 принтерҳои бисёрфунксионалӣ, 157 тахтаҳои электронӣ ва 213 видеопроектор мавриди истифода қарор доранд. Аз шумораи умумии компютерҳои фардии мавриди истифода қарордошта 747 ададашро моноблок ташкил медиҳад. Раёсати донишгоҳ ба харидории технологияи компютерӣ диққати махсус дода, дар соли ҳисоботӣ 150 адад компютери фардӣ (моноблок) ва 24 адад принтер харидорӣ намудааст. Дар умум, тайи 5 соли охир ба миқдори 750 адад компютер, 73 адад тахтаи электронӣ, 76 адад видеопроектор бо иқдом ва дастгирии раёсати донишгоҳ харидорӣ шудааст.

Дар раванди таълими Донишгоҳ 47 синфхонаи компютерӣ мавриди истифода қарор дорад, ки барои гузаронидани дарсҳои назариявӣ, амалӣ, лабораторӣ ва иҷроиши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, ки дар ин синфхонаҳо 1110 адад компютер мавҷуд аст. Дар соли ҳисоботӣ 8 синфхонаи компютерии нав таъсис дода шуд. Дар баробари ба истифода додани бинои факултетҳои иқтисодӣ 3 синфхонаи компютерӣ дар факултети молиявию иқтисодӣ, 2 синфхонаи компютерӣ дар факултети иқтисод ва идора ва 2 синфхонаи компютерӣ дар факултети баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ (яке аз он синфхонаи 1С муҳосибот) бо дарназардошти технологияи пешқадам мавриди истифода қарор дода шуд. Дар моҳи декабри соли 2021 дар факултети тиббӣ 1 синфхонаи компютерӣ бо теъдоди 20 адад компютер таъсис дода шуд. Синфхонаҳои компютерӣ пурра ба шабакаи донишгоҳӣ пайваст буда, бо Интернет таъмин мебошанд. Ҳамин тавр, ҳар як факултет соҳиби марказҳои тестии худ гашта, раванди бо камераҳои назоратӣ пайваст намудани ин марказҳои тестӣ аз соли хониши 2021 -2022 оғоз гардид, ки ҳар як маркази тестӣ ба компютерҳои марказ пайваст карда мешаванд.

Литсейи Донишгоҳ

Дар соли таҳсили 2021 -2022 дар Литсейи Донишгоҳ 325 нафар хонанда, аз ҷумла 79 нафар духтарон дар 16 синф ва 171 нафар дар синфҳои таълимашон бо забони тоҷикӣ, 154 нафар дар синфҳои таълимашон бо забони русӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба хонандагони литсей 34 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 23 нафар омӯзгорони штатӣ, 9 нафар ҳамкорон ва 2 нафар омӯзгорони соатбайъ дарс мегӯянд, ки 4 нафарашон номзадҳои илм мебошанд. Ҳамчунин, 12 нафар дорои тахассуси дараҷаи олӣ, 9 нафар дорои тахассуси дараҷаи якум, 5 нафар дорои тахассуси дараҷаи дуюм, 4 нафар бе тахассуси омӯзгори (омӯзгорони ҷавон) мебошанд, ки аз онҳо 8 нафар Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1 нафар Ҷоизадори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва 1 нафар муаллими хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Дар озмуни гирандагони Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар таърихи литсей имсол хонандагони ин боргоҳи маърифат иштирок намуда 3 нафар: Шарипов И., Қосимзода Р. ва Ғаффорзода Ш. хонандагони синфи 8 ғолиб дониста шуда, ҳоло гирандагони стипендияи президентӣ мебошанд. Дар даври ноҳиявии олимпиадаи фаннии хонандагон, ки дар ноҳияи Шоҳмансур баргузор гардид, 120 нафар иштирок намуда, аз онҳо 32 нафарашон ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.

Фаъолияти илмӣ ва таълимӣ

Сохтори илми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар баробари дигар сохторҳои он дар пешрафти фаъолияти илмӣ ва таълимӣ саҳмгузор аст. Аз ҷумла, дар солҳои охир шумораи дастовардҳои илмӣ дар донишгоҳ назаррас гаштааст, ки ин аз дастгирии раёсати донишгоҳ дар ин самт далолат мекунад.

Дар соли ҳисоботӣ кормандон ва омӯзгорони донишгоҳ тавонистанд сарбории илмии худро иҷро намуда, бо тарбияи кадрҳои илмӣ-омӯзгорӣ, анҷом додани таҳқиқоти арзандаи илмӣ, чоп намудани мақолаву китоб, гирифтани патенти ихтироот ва ғайра дар рушди илми ватанӣ ва муаррифии он саҳми назаррас гузоранд. Бо назардошти саҳми назаррас гузоштан дар рушду такомули илми ватанӣ чанде аз устодону кормандони донишгоҳ бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданд.

Дар давоми соли 2021 аз 1352 нафар устоду корманди илмии донишгоҳ (бо назардошти кормандони Институти илмӣ-таҳқиқотӣ) дар иҷрои пажӯҳишҳои илмӣ 1241 нафар (91,78%) иштирок кардаанд.

Ҳайати устодону кормандон дар соли 2021  роҷеъ ба 65 самт, 110  масъала ва 142 мавзуъ таҳқиқот гузарониданд. Дар соли ҷорӣ ҳисоботи панҷсолаи корҳои илмии кафедравии донишгоҳ ҷамъбаст ва нақшаи корҳои илмии панҷсолаи оянда таҳия шудааст.

Дар баробари ин, соли 2021 ба беш аз 170 нафар корманд ва устодоне, ки дар шароити меҳнати зарарнок фаъолият мекунанд, аз 12 то 24 % иловапулӣ дар шакли маоши асосии буҷавӣ муайян карда шуд.

Муаррифии ДМТ дар сатҳи байналмилалӣ

Бояд зикр намуд, ки бо мақсади муайянсозӣ ва муаррифии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ соли ҷорӣ ҷадвали нашри маводи илмӣ-методии ҳайати профессорону устодон ва кормандони илмии донишгоҳ таҷдиди назар карда шуд. Аз таҳлили маводи ҷамъоваришуда аён мегардад, ки дар маҷмуъ дар донишгоҳ 397 маводи илмӣ дар хориҷи кишвар нашр шудааст. Дар нашри маводи чопӣ дар маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи байналмилалӣ кормандони ИИТ, устодони факултетҳои физика, тиббӣ, ҳуқуқшиносӣ, механикаю математика, иқтисод ва идора ва химия пешсафанд. Шуруъ аз соли 2018 устодоне, ки мақолаҳояшон дар маҷаллаҳои рӯйхати Scopus ва Web of Science воридшуда 1500 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешаванд. Соли 2021 шумораи чунин мақолаҳо аз 80 зиёд аст.

Таҳлили нашри маводи илмии устодон дар панҷ соли охир нишон медиҳад, ки соли 2021 миқдори маводи чопии устодон бештар гардидааст. Ин нишондиҳанда аз он гувоҳӣ медиҳад, ки чораҳои андешидаи раёсати донишгоҳ, аз қабили муайянсозии маоши тафриқавӣ, чопи ройгони авторефератҳо ва мақолаи илмии аспирантону докторантони Ph.D, инчунин муайянсозии қадршиносии муаллифони мақолаҳои Scopus ва Web of Scince натиҷаҳои хуб додааст.

Айни ҳол, дар тамоми ҷаҳон барои муайян кардани самаранокии фаъолияти илмию таҳқиқотии олимон, устодону кормандони илмӣ, инчунин, донишгоҳу донишкадаҳо аз иқтибосҳои овардашуда аз корҳои илмию тадқиқотии онҳо баҳогузорӣ менамоянд. Таҳлили фаъолияти илмии устодони донишгоҳ тавассути сомонаи elibrary.ru тӯли соли гузашта нишон дод, ки «индекси Хирш»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 2021 ба 34 баробар мебошад (соли 2020 ин нишондиҳанда 30 буд).

Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва ташхисӣ

Имрӯз муайян намудани асолати матни илмӣ яке аз шартҳои асосии ба таври воқеӣ рушд бахшидани таҳқиқу пажӯҳиш дар донишгоҳу марказҳои илмӣ гаштааст. Таҳлилҳои солҳои охир нишон медиҳанд, ки воқеан, фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва ташхисӣ дар таъмини амонати илмӣ таъсиргузор буда, аз такроршавии пажӯҳиши як масъала ва нусхабардории корҳои таҳқиқшуда пешгирӣ намуд.

Бо ин мақсад дар соли 2021 Шӯрои ҳамоҳангсозӣ ва ташхисӣ зиёда аз 4124 рисолаи хатм ва дипломӣ, 412 кори магистриро аз ташхиси барнома гузаронда, ба махзани нусхаҳои электронии корҳои илмии донишгоҳ ворид кард. Дар баробари ин, дар назди раёсати илм барномаи ташхиси асолати мақолаҳои илмӣ, авторефератҳо ва диссертатсияҳои номзадиву докторӣ ба забони русӣ фаъолият менамояд. Дар соли ҷорӣ зиёда аз 1500 мавод аз ташхис гузаронида шуд.

Донишҷӯёни номовари ДМТ

Дар давраи ҳисоботӣ донишҷӯёни донишгоҳ дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ширкат варзида, ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гаштанд. Аз ҷумла, донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Обидов Беҳзод ва Иноятзода Гулафзо дар Универсиадаи дуюми патентии Авруосиёгии «Взгляд в будущее (Нигоҳ ба оянда)» сазовори ҷойи аввал, Маҳмадалӣ Ҷӯрабоев, Ситора Исмоилзода, Ҷонона Ҳодиева, Афзунмеҳр Раҳмонов ва Меҳрона Халилова бо «Диплом»-и Кумитаи тадорукоти ин озмун сарфароз гардиданд.

Дастаи олимпии донишгоҳ дар олимпиадаи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои дарёфти «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», ки аз  12-ум то 13-уми марти соли ҷорӣ аз рӯйи 7 ихтисоси равияи тахассусӣ ва 7 ихтисоси равияи ғайритахассусӣ баргузор гардид, бо ишғоли нуҳ ҷойи ифтихорӣ (5 ҷойи аввал, 2 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм) аз фанҳои тахассусӣ ва ғайритахассусӣ соҳиби «Ҷоми Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» гардиданд.

Соли ҷорӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон олимпиадаи ҷумҳуриявии донишҷӯён таҳти унвони “Дониш талабу бузургӣ омӯз!” дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доир гардид. Дар он наздик ба 400 нафар донишҷӯ аз 35 муассисаи таҳсилоти олии кишвар иштирок намуданд. Дар ин олимпиада дастаи олимпии донишҷӯёни донишгоҳ бо ишғоли 11 ҷой (6 ҷойи аввал, 4 ҷойи дуюм ва 1 ҷойи сеюм) байни дастаҳои олимпии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ сазовори ҷойи аввал дониста шуда, соҳиби диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ шуданд. Ҳамзамон, аз ҷониби раёсати донишгоҳ ғолибон ва роҳбарони илмии онҳо бо маблағи пулӣ дар ҳаҷми 2000 (ду ҳазор) сомонӣ мукофотонида шуданд.

Бо мақсади дарёфти истеъдодҳои наврасу ҷавон ва дар амал татбиқ намудани Амри Пешвои муаззами миллат  донишҷӯёну магистрантони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар даври ҷумҳуриявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо соҳиб гардидани 15 ҷой (5 ҷойи 1-ум, 4 ҷойи 2-юм, 5 ҷойи 3-юм ва 1 Ифтихорнома) сазовори ҷойи 1-ум ва дар даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо соҳиб гардидани 6 ҷой (2 ҷойи 1-ум, 1 ҷойи 2-юм ва 3 ҷойи 3-юм) ҳамчунин сазовори ҷойи 1-ум гардиданд.

Тарбия – унсури калидии раванди таҳсилот

Самти тарбияи Донишгоҳ дар татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба иҷрои барномаву стратегияҳои давлатӣ ҳамчун сохтори таркибии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намуда, корҳои муҳимми ташкилию тарбиявиро дар фаъолияти худ амалӣ месозад. Дар Донишгоҳ пайваста чорабиниҳои илмӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, ҳуқуқӣ, варзишӣ, маърифатӣ, солимгардонӣ баргузор карда мешаванд, ки баҳри боло бурдани зеҳну тафаккур, руҳияи ватанпарастӣ ва тарбияи ватандӯстии донишҷӯён дар самти эҳтироми анъанаҳои миллӣ, эҳтироми Ватан-Модар, тарғиби тарзи ҳаёти солим нақши муҳим мегузоранд.

Ҳадафи асосии самти тарбияи донишгоҳ дар руҳияи ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, хештаншиносӣ, меҳандӯстӣ, эҳтироми арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ тарбия намудани донишҷӯён маҳсуб меёбад.

Кормандони самти тарбияи донишгоҳ пайваста бо мақсади татбиқи раванди муътадили корҳои тарбиявӣ дар миёни омӯзгорону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ корҳои фаҳмондадиҳӣ, суҳбату вохӯриҳо, ҷаласаҳо баргузор менамоянд. Тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, меҳанпарастӣ, мардумсолорӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, эҳтироми муқаддасоти миллӣ, огоҳ будан аз таърихи миллати худ, эҳтироми Ватан-Модар, саҳм доштан дар татбиқи сиёсати созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ аз фаъолияти пайвастаи кормандони самти тарбияи донишгоҳ мебошад.

Ҳамин тавр, самти тарбияи донишгоҳ дар соли 2021 дар ташкил ва баргузорӣ, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳои сатҳи гуногун саҳми сазовор гузошта, дар маҷмӯъ дар зиёда аз 200 номгӯй чорабиниҳои гуногунсатҳ ширкат варзидааст.

Густариши робитаҳои байналмилалӣ

Шиддатёбии бемории сироятии Ковид-19, ки таи ду соли охир ба назар мерасад, боиси ворид намудани маҳдудиятҳо дар марзҳои банидавлатӣ, маҳдуд гардидани сафарҳои хориҷӣ, паст гаштани гардиши иқтисодӣ гардид. Ба ин нигоҳ накарда раёсати донишгоҳ аз имконият ва захираҳои мавҷудаи ҳамкорӣ истифода намуда, ба тавсеаи фаъолияти байналмилалӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуд. Таҳкиму густариши робитаҳои байналмилалӣ дар самти илм ва маориф, аз ҷумла табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштараки таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, роҳандозӣ ва таъмини фаъолияти мунтазами шӯроҳои дифои байнидавлатӣ, ҷалби олимони варзидаи соҳавӣ ба фаъолияти шӯроҳои дифои ватанӣ, дарёфт ва татбиқи лоиҳаҳои грантӣ ва амсоли ин аз қисматҳои асосии фаъолияти байналмилалии донишгоҳ дар соли ҳисоботӣ маҳсуб мегардид.

Ташрифи чандин ҳайатҳои баландпояи давлатӣ бо роҳбарии Президентони ин кишварҳо, намояндагони корпусҳои дипломатӣ, роҳбарони донишгоҳу марказҳои илмии кишварҳои хориҷӣ, олимони забардаст ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли ҳисоботӣ аз мақому мартабаи ин боргоҳи маърифат гувоҳӣ медиҳад.

Аз ҷумла, зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии исломии Эрон доктор Сайид Иброҳим Раисӣ ба Ҷумхурии Тоҷикистон мавсуф  ба донишгоҳ ташриф оварда, бо устодону донишҷӯён мулоқот намуд. Зимни суханронӣ доктор Сайид Иброҳим Раисӣ оид ба кушодани саҳифаи тоза дар таърихи муносибатҳои дуҷониба миёни Тоҷикистон ва Эрон сухан ронда, ба таҳким ва тақвияти робитаҳои гуногунсамт барои пешрафти ду кишвари дӯсти ҳамзабон, аз ҷумла дар соҳаи илму маориф ва омода намудани кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯй ба бозори меҳнат ва хидмати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар тайёр кардани кадрҳои илмиву омӯзгорӣ бо сипос изҳори назар карданд.

Ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки ҳангоми сафари кории Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бастаи таҷҳизоти комили озмоишгоҳи нанотехнологӣ иборат аз шаш таҷҳизоти замони муосир туҳфа карда шуд. Дар ин замина, Озмоишгоҳи нанотехнологӣ дар  пояи  озмоишгоҳи “Маркази таҳлил ва ташхиси мавод” дар санаи  20.10.2021 дар ҳузури сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон ифтитоҳ ёфт.

Дар робита ба роҳбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ  санаи  18 майи соли 2021 мулоқоти роҳбарият ва устодону донишҷуёни донишгоҳ бо  дабири кулли ин созмон Станислав Зас баргузор гардид, ки дар он нақши созандаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон,  ҷойгоҳи Тоҷикистон дар шароити имрӯза, вазъи Афғонистон ва минтақа мавриди табодули афкор сурат гирифт.

Новобаста ба паҳншавии пандемияи Covid -19, ки ба амлишавии аксар бандҳои нақшаи фаъолияти донишгоҳ таъсир расонд, раёсати донишгоҳ дар аксари ҳамоишҳо, конфренсияву семинарҳои байналмилаливу минтақавӣ тавассути видеоконфронс ва бо тарзи он-лайн  ширкат намуд. Аз ҷумла, дар доираи аввалин намоишгоҳ-ярмаркаи “Study in Ukraine” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ДМТ бо 11 донишгоҳи Украина шарномаи ҳамкорӣ ба тавсиб расонид.

Ҳамчунин, соли пор донишгоҳ ба ҳайси мизбони даҳҳо ҳамоишҳои сатҳи баланди байналмилалӣ баромад намуд, ки мисоли он 20-солагии таъсисёбии Созмони ҳамкориҳои Шанхай, конференсияи байналмилалии илмию амалӣ бахшида ба 110-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода дар мавзӯи «Сотим Улуғзода ва адабу фарҳанги миллӣ”, конференсияи байналмилаии илмию методии “Таҳсили озоди забони русӣ: талаботи замони муосир ва дурнамои рушд” бо иштиороки намояндагони 17 давлат аз Аврупо, Амрико ва Иттиҳоди давлатҳои Мустақил мебошанд.

Ҳамкорӣ дар сатҳи байналмилалӣ

Айни ҳол донишгоҳ бо 313 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ дошта, аъзои Донишгоҳи шабакавии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ва Донишгоҳи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) мебошад. ДМТ аъзои фаъоли Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Авру-Осиё, муассиси Ассотсиатсияи Донишгоҳҳои Осиё, муассиси Ассотсиатсияи донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ, аъзои Ассотсиатсияи байналмилалии омӯзгорони забон ва адабиёти рус (МАПРЯЛ) ва созмону консорсиумҳои дигари байналмилалӣ низ мебошад.

Аз ҷумла, дар соли 2021 донишгоҳ бо 24 муассисаи таҳсилоти олии касбии хориҷӣ созишнома ва тафоҳумномаҳои ҳамкории нав ва ё дар муҳлати нав ба тасвиб расонида, дар бахшҳои гуногун ҳамкориро бо шарикони нави хориҷӣ оғоз намуд. Заминаи меъёрӣ ҳуқуқӣ ва шароит барои  ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар ҳамаи самтҳо  аз ҷониби раёсати донишгоҳ фароҳам оварда шудааст.

Соли 2021 беш аз 360 нафар ҳайати баландпоя бо ҳамроҳии Президентони  Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии исломии Эрон, сафирон ва намояндагони корпусҳои дипломатӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва олимону мутахассисони варзида меҳмони донишгоҳ буданд, ки ташрифи онҳо барои густариши ҳамкориҳо дар соҳаи илм ва маориф, муаррифии донишгоҳ дар хориҷи кишвар саҳми арзанда дорад.

Дар умум, вазифаи муҳими раёсат, воҳидҳои сохторӣ, садорат ва мудирони кафедраҳои факултетҳо, мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ, сарварони созмонҳои ҷамъиятӣ ва умуман, аҳли Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 2022 ин, қабл аз ҳама, татбиқи тадриҷии дастуру нишондодҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоту вохӯриҳо бо аҳли маориф, зиёиёни кишвар дар раванди корҳои таълимию методӣ, ташкилию тарбиявӣ, илмию таҳқиқотӣ, хоҷагию молиявӣ мебошад.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь