Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи мазкур Дилафрӯз Раҷабзода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат номбурда аз Пешвои миллат сипосгузорӣ намуд, ки ҳамеша омӯзгоронро пуштбонӣ мекунанд ва дар ҳама баромадҳояшон омӯзгоронро таърифу тавсиф менамоянд ва дар Паёми навбатиашон низ зикр намуданд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».

Ҳамчунин, мавсуф афзуд, ки шуъбаи маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе фаъолияти кории худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомнома, инчунин дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе, раиси ноҳияи Фирдавсӣ, фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба роҳ монда, фаъолият менамояд.

Муассисаҳои томактабӣ

Дилафрӯз Раҷабзода қайд кард, ки ба маълумоти Шумо мерасонем, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ 24 адад муассисаи таълимии томактабии буҷетӣ, 3 адад муассисаи томактабии назди корхонавӣ, 9 адад муассисаи томактабии хусусӣ, ҷамъ 36 адад муассисаҳои таълимии томактабӣ фаъолият менамояд. Инчунин, дар назди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №18, 45, 49, 58, 72, 120, 123 ва мактаб-интернати №5 Маркази инкишофи қӯдакон бо иқтидори 296 кӯдакон таъсис дода шудааст, ки дар 12 гуруҳ тақсимот шуда, фаъолияти худро тибқи нақша ба роҳ мондаанд.

Дар 24 адад муассисаҳои таълимии томактабии буҷетии ноҳияи Фирдавсӣ 6500 кӯдак, аз ҷумла, 3859 духтар ва дар 3 муассисаҳои томактабии назди корхонавӣ 912 кӯдак, дар 9 муассисаҳои таълимии хусусӣ 488 кӯдак, инчунин дар марказҳои инкишофи кӯдак 296 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки шумораи умумӣ 8196 кӯдакро ташкил медиҳад.

Вобаста ба шумораи кормандони муассисаҳои томактабӣ қайд менамоем, ки айни замон 319 нафар мураббӣ, аз ҷумла, 229 нафар дорои таҳсилоти олӣ, 39 нафар дорои таҳсилоти олии нопурра, 51 нафар дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба таълиму тарбия машғул мебошанд.

Дар давоми се моҳи соли 2023 бо роҳхати шуъбаи маориф ба 600 нафар аз шаҳрвандон барои гирифтани роҳхат ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба шуъбаи маориф муроҷиат намудаанд, ки ҳама муроҷиати онҳо сари вақт мавриди баррасӣ қарор дода шуда, муроҷиати оҳо қонеъ гардонида шуданд.

«Доноякон-2023»

Дар ҷараёни суҳбат мудири маориф зикр кард, ки дар асоси фармоиши сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз 3 марти соли 2023 №30/2-4 ва фармоиши шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ аз 14 марти соли 2023, 322-А ҷиҳати ташаккули инкишофи ҷисмонӣ, зеҳнӣ, ахлоқӣ ва фарҳангии кӯдакони синни томактабӣ боназардошти қобилият, шавқу рағбат ва хусусияти фардии онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия, санаи 16 марти соли 2023 дар муассисаи таҳсилоти томактабии №128 ноҳияи Фирдавсӣ, озмуни ноҳиявии «Доноякон» ташкил ва гузаронида шуд, ки дар ин озмун 26 нафар кӯдакони лаёқатманд аз муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия, фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷаи озмун аз шумораи 26 нафар кӯдакон, 16 нафарашон қобилияти хуб нишон дода, ба даври озмуни шаҳрӣ барои иштирок роҳхат гирифтанд.

Муассисаҳои миёнаи умумӣ

Чӣ тавре, ки ҳамсуҳбати мо иброз дошт, айни замон дар ноҳияи Фирдавсӣ 48 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 3 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 29 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 4 литсей, 4 гимназия, 1 мактаб-кӯдакистон, 1 мактаб-интернати ёрирасон (кӯдакони ақлан носолим), 1 мактаб-интернати мусиқӣ, 1 мактаб-интернат (барои ношунавоён), 2 мактаби ибтидоии назди корхонавӣ ва 2 мактаби хусусӣ фаъолият менамоянд. Аз ин теъдод 33 муассисаи давлатии буҷетӣ ва 15 муассисаи таълимии ғайрибуҷетӣ ба ҳисоб меравад.

Шумораи омӯзгорон дар 33 муассисаҳои таълимии буҷетӣ 2488 нафар, аз ин 2048 (82%) нафараш занон, дар 15 муассисаҳои таълимии хусусӣ бошад 1983 нафар омӯзгор, аз ин 753 (38%) нафарашро занон ташкил медиҳад, ки дар маҷмуъ 3043 омӯзгор, аз ҷумла, 2442 (80%) нафар занон дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ кору фаъолият намуда истодаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 124 омӯзгор зиёд гардидааст.

Дараҷаи тахассусии омӯзгорон, аз ҷумла, дараҷаи тахассуси олӣ 1013 (33%) нафар, дараҷаи тахассуси якум 728 (24%) нафар, дараҷаи тахассуси дуюм 380 (12.4%) нафар ва бедараҷаи тахассусӣ 922 (30%) нафарро ташкил медиҳад.

Таҳсилоти омӯзгорон, аз ҷумла, маълумоти олӣ 2603 (86%) нафар, маълумоти олии нопурра 218 (7%) нафар ва маълумоти миёнаи махсус 222 (7 %) нафар мебошанд.

Шумораи умумии хонандагон дар 33 муассисаҳои таълимии буҷетии ноҳияи Фирдавсӣ 78045 нафар буда, аз ин шумора 37116 нафарашро (48%) духтарон ташкил медиҳанд. Дар 15 муассисаи таълимии ғайрибуҷетӣ шумораи хонандагон 1983 нафар, аз ҷумла 753 нафарашро (38%) духтарон ташкил медиҳад. Дар маҷмуъ 80028 нафар хонанда, аз ҷумла, 37869 нафар (47%) духтарон дар муассисаҳои таълимии ноҳия таҳсил карда истодаанд, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли 2022, 1818 нафар зиёд гардидааст. Сабаби зиёд гардидани хонандагон ин таъсис ва мавриди истифода қарор додани 2 адад муассисаҳои таълимии хусусӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ мебошад, инчунин сабаби дигараш ин рафту омади хонандагон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба муассисаҳои таълимии ноҳия мебошад.

Сифати таҳсилот

Ҳамзамон, мавсуф тазаккур дод, ки дар ҷамъбасти чоряки якуми нимсолаи якуми соли таҳсили 2022-2023, сифати дониши хонандагон 35,3% ва дараҷаи азхудкунӣ 93,8%-ро ташкил дод.

Дар ҷамъбасти чоряки дуюми нимсолаи якуми соли таҳсили 2022-2023, сифати таҳсилот 36,9% ва дараҷаи азхудкунӣ 95,2% ҷамъбаст карда шуд, ки нисбат ба чоряки якуми соли ҷорӣ, сифати таҳсилот 1,6% ва дараҷаи азхудкунӣ 1,4% баланд гардидааст.

Дар ҷамъбасти чоряки сеюми соли таҳсили 2022-2023, сифати таҳсилот 38,6% ва дараҷаи азхудкунӣ 95,9% ҷамъбаст карда шуд, ки нисбат ба чоряки дуюми соли ҷорӣ, сифати таҳсилот 1,7% ва дараҷаи азхудкунӣ 0,7% баланд гардидааст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 77 нафар, аз Раиси шаҳри Душанбе 24 нафар ва аз раиси ноҳияи Фирдавсӣ 21 нафарро ташкил медиҳанд.

Иштирок дар олимпиада ва озмунҳо

Дар идомаи суҳбат номбурда афзуд, ки даври якуми (дохилимуассисавӣ) озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон-оинаи таърихи миллат” дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия дар моҳи январи соли ҷорӣ баргузор гардида, тибқи талаботи низомномаи озмун моҳи феврал ҷамъбаст карда шуд. Дар умум аз муассисаҳои таълимӣ 14740 нафар омӯзгорон ва хонандагон иштирок намудаанд, аз ҷумла, 11960 хонанда ва 1830 нафар омӯзгорон аз рӯи номинатсияҳои пешниҳодшуда фаъолона иштирок намуданд. Дар натиҷа 289 нафар, аз ҷумла, 216 нафар хонандагон ва 73 нафар омӯзгорон ба даври дуюми (ноҳиявӣ) озмуни мазкур роҳ ёфтанд, ки моҳи июни соли 2023 баргузор мегардад.

Бояд қайд намуд, ки дар даври якуми озмун (муассисавӣ) “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 19388 нафар хонандагону омӯзгорон фаъолона иштирок намуда, 1350 нафар, ки аз ин 1197 нафар аз ҳисоби хонандагон, 88 донишҷуён ва 65 нафар омӯзгорон барои иштирок ба даври озмуни ноҳиявӣ пешниҳод гардидаанд.

Даври якуми (дохилимуассисавӣ) озмуни шаҳрии “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” дар муассисаҳои таълимии ноҳия моҳи март баргузор гардид. Шуъбаи маориф дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе санаи 12 апрели соли 2023 дар Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумӣ- гимназияи 74 даври ноҳиявии озмуни “Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм” ҷамъбаст гардид. Қобили зикр аст, ки дар озмуни мазкур 78 нафар хонандагон иштирок намуда, аз ин шумора 21 нафар бо гирифтани холҳои нисбатан баланд ба даври озмун шаҳрӣ роҳхат ёфтанд.

Нақшаи кории шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ барои соли 2023 дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Шоҳномахонӣ” миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ ва дар ин замина ҷиҳати баланд бардоштани завқи бадеӣ, тақвияти нерӯи зеҳнӣ, дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои нави суханвару сухандони дорои маҳорати баланди ровигию наттоқӣ, эҳтиром гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ, инкишофи қобилияти ҳунариву эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва такмили захираи луғавӣ  маълум менамоем, ки даври ноҳиявӣ миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ, рӯзҳои 20-21 феврали соли 2023 дар МТМУ-и № 72-и ноҳияи Фирдавсӣ бо теъдоди 320 нафар, аз рӯи номинатсияи қироати ифоданоку таъсирбахши порчаҳо аз рӯи қисматҳо (асотирӣ, паҳлавонӣ, таърихӣ ва ватандӯстӣ)-и “Шоҳнома” 78 нафар аз синфи 5 то 8 ва  72 нафар аз синфи 9 то 11 иштирок намуданд.

Дар соли таҳсили 2022-2023 дар даври якуми олимпиадаи муассисавӣ, шумораи умумии иштирокчиён 4166 нафарро ташкил дод, ки  аз руйи натиҷаҳои ҳар як шарт ҷамъбаст гардида, 574 нафар ғолибони муассисаҳои таълимии ноҳия сазовори ҷойҳои намоён, аз ҷумла, 150 нафар сазовори ҷойи якум, 145 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 279 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Дар даври озмуни шаҳрӣ аз шумораи 574 нафар ғолибони даври ноҳиявӣ, 134 нафар ҷойҳои 1, 2, 3-ро ишғол намуданд, аз он ҷумла, ҷойи якум 19 нафар, ҷойи дуюм 30 нафар ва ҷойи  сеюм 85 нафарро ташкил дод. Бояд қайд намуд, ки аз шумораи ғолибони даври олимпиадаи шаҳрӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 58 нафар ва ба литсею гимназияҳо 76 нафар хонанда рост меояд.

Кабинетҳои фаннӣ

Дилафрӯз Раҷабзода инчунин, қайд кард, ки тибқи нақша соли 2023 дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ 20 адад кабинетҳои фаннии ба нақша гирифта шудааст, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ 11 кабинети фаннӣ мавриди истифода карор дода шудааст, ки ин 55 % нақшаро ташкил медиҳад.

Бояд қайд намуд, 2 кабинети физика дар муассисаҳои №76 ва 123 ба маблағи 282801,33 ҳазор сомонӣ, 1 кабинети химия дар муассисаи №123, ба маблағи 55855,42 ҳазор сомонӣ, 1 кабинети математика дар муассисаи №45 ба маблағи 9720,81 ҳазор сомонӣ, 1 кабинети биология дар муассисаи №75 ба маблағи 76000 ҳазор сомонӣ, 6 кабинети технологияи иттилоотӣ дар муассисаҳои №42,72,120,123 ва ду адад дар муассисаи №51 ба маблағи 332627 ҳазор сомонӣ харидорӣ карда шудаанд.

Аз ин 11 кабинетҳои харидоришуда 10 кабинет аз ҳисоби Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ва як кабинет аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ харидорӣ карда шудааст.

Сохтмон

Мавсуф ҳамзамон, дар ҷараёни суҳбат дар хусуси таъмиру бунёди муассисаҳои таълимӣ сухан кард ва аз ҷумла, афзуд, ки сол аз сол бунёди муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Албатта, ин ташаббусҳои созанда дар пешрафти маорифи миллӣ бо дастгириву ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ амалӣ мешаванд.

Чунончи, тибқи нақша-чорабиниҳои 35- солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохтмон ва таъмири якчанд муассисаҳои таълимӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷараён дорад, аз ҷумла:

-аз ҷониби ҶДММ “Гарди -2015” дар кӯчаи Қаҳҳоров 123 сохтмони муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 340 ҷойи нишаст;

-аз ҷониби ҶДММ “Гарди -2015” дар кӯчаи Қаҳҳоров 123 сохтмони муассисаи нави таълимии томактабӣ барои 120 ҷойи нишаст;

-аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саидов Р. дар кӯчаи Рустам Амакӣ сохтмони муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 ҷойи нишаст (моҳи сентябри соли 2023 ба истифода дода мешавад);

-аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Саидов Р. дар кӯчаи Рустам Амакӣ сохтмони муассисаи нави таълимии томактабӣ барои 600 ҷойи нишаст;

-аз ҳисоби маблағҳои Дирексияи сохтмони иншоотҳои ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки 65 сохтмони муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 1200 ҷойи нишаст;

-аз ҳисоби маблағҳои буҷетии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №77 таъмири азнавсозӣ (моҳи сентябри соли 2023 ба анҷом расонида мешавад);

Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби ҶДММ “Тоҷмеъмор” дар маҳаллаи Яккатут сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ, барои 1280 ҷойи нишаст ба итмом расида, дар марҳилаи кушодашавӣ қарор дорад.

Инчунин, аз ҷониби ҶДММ “Глобал Лизинг” муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Мактаби Ҷаҳон» (GLOBAL SCHOOL), воқеъ дар кӯчаи А. Қаҳхоров 35 омода гардида, дар марҳилаи кушодашавӣ қарор дорад.

Маркази рушди истеъдодҳо

Номбурда изҳор дошт, ки шуъбаи маориф тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дарёфт, дастгирӣ ва ташаккул додани неруи ақлонии хонандагони болаёқат, тарбия, инкишофдиҳии малакаю маҳорат ва маърифатпазирии хонандагон, васеъ истифода мебарад. Ҳамзамон, дар якҷоягӣ бо Муассисаи давлатии “Маркази рушди истеъдодҳои назди шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе” хонандагонро ба олимпиадаҳои фаннӣ дар сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷалб намуда, ба фаъолияти эҷодӣ, тадқиқотӣ ва ихтирокорӣ фаро гирифта мешаванд.

Бояд қайд кард, ки дар машғулиятҳои Маркази рушди истеъдодҳои ноҳияи Фирдавсӣ 268 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ ҷалб карда шудаанд. Аз шумораи болозикр 249 нафар ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 19 нафар ба литсею гимназияҳо рост омада, ҳамаи онҳо ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Аз теъдоди умумии 268 нафар хонанда, 196 нафар дар синфҳои 5-9 ва 72 нафар дар синфҳои 10-11 хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия таҳсил мекунанд.

Ба хонандагони болаёқат, 19 нафар кормандони педагогӣ дарс медиҳанд, ки аз ин шумора 3 дорандаи нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 5 нафар доктори PhD донишгоҳҳои олии кишвар, 5 нафар омӯзгорони дорандаи тахассуси дараҷаи олӣ ва 6 нафар тахассуси дараҷаи “якум” ва “Муаллим” мебошанд.

Дар муассиса аз рӯйи 12 фанни таълимӣ дар ҳайати ду иттиҳодияи методии фанҳои ҷамъиятӣ – гуманитарӣ ва табиӣ – риёзӣ ба расмият дароварда шуда, кор ва фаъолият намуда истодааст.

Бо мақсади иҷрои Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2030 дар давраи олимпиадаи ҷумҳуриявӣ соли таҳсили 2022-2023, муассисаҳои таълимии ноҳия ба чунин пешравиҳо ноил гардиданд:

Дар олимпиадаи даври якуми (муассисавӣ) соли таҳсили 2022-2023 аз фанни забон ва адабиёти рус 310 нафар, фанни забони русӣ 2757 нафар ва аз фанни забони англисӣ 2840 нафар хонандагон ширкат варзиданд. Дар умум аз 5907 нафар иштироккунанда 412 нафар ғолибони даври якуми муассисавӣ муаян гардиданд, ки дар даври дуюми олимпиадаи ноҳиявӣ иштирок намуданд.

Ғолибони даври дуюми ноҳиявӣ, олимпиадаи фаннии хонандагон 142 нафар соҳиби ҷойҳои намоёни гардиданд, ки дар даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаи фаннӣ хонандагон аз фанҳои забони русӣ, забони англисӣ, забон ва адабиёти рус иштирок намуданд.

Дар даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаи фаннӣ хонандагон аз 142 нафар иштироккунанда 50 нафарашон аз фанҳои забони русӣ, забони англисӣ ва забон ва адабиёти рус аз муассисаҳои таълимии ноҳия сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Озмуни даври дуюми ноҳиявӣ оид ба “SPELLING BEE” дар таърихи 6 декабри соли 2022 дар муасссисаи таълимии ЛБХБИ бо иштироки 77 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид.

Ғолибони даври дуюми (ноҳиявӣ) олимпиадаи SPELLING BEE” 12 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимии №24, 49, 76 (2н), 78, 126, ЛБХБИ (4н), литсейи Душанбе (2н) дар умум 12 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, ки дар даври сеюми олимпиадаи (шаҳрӣ) ширкат варзиданд.

Дар озмуни даври сеюми (шаҳрӣ) олимпиадаи “SPELLING BEE” байни хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар соли таҳсили 2022-2023 аз шумораи 12 нафар иштироккунанда, 2 нафар хонандагон аз литсею гимназияҳо холи баланд нишон додаанд. Хонандаи синфи 6  ЛБХБИ Саидова Афроз созовори ҷойи дуюм ва аз литсейи иноватсионӣ хонандаи синфи 7 Иброҳимов Абулқосим сазовори ҷойи дуюм гардиданд, ки барои иштирок дар даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ олимпиадаи “SPELLING BEE” роҳхат гирифтанд.

Дар даври сеюми олимпиадаи шаҳрӣ аз шумораи умумии 574 нафар иштироккунанда 134 нафар ҷойҳои I, II, III ва 50 нафар бо ҷойи ифтихорӣ, дар умум 184 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, аз он ҷумла, ҷойи 1-ум 19 нафар, ҷойи II-юм 30 нафар, ҷойи III-юм 85 нафар.

Қайд кардан зарур аст, ки дар миқёси шаҳри Душанбе гимназия ва литсейҳои ноҳия дар ҷойи дуюм ва дар умум муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ ҷойи сеюмро ишғол менамояд.

Аз натиҷаи даври сеюми олимпиадаи фаннӣ бармеояд, ки гимназияи №74 (бо 36 ҷой) ва гимназияи №4 (бо 21 ҷой) ба даҳгонаи беҳтарини муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе шомил мебошанд.

Дар таърихи 14-16 марти соли 2023 дар Маркази рушди истеъдодҳо даври дуюми (ноҳиявӣ) Конференсияи илмӣ-эҷодии хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия гузаронида шуд. Дар даври дуюми Конференсияи илмӣ-эҷодии хонандагон 64 нафар, аз ҷумла, дар фанҳои ҷамъияти-гуманитарӣ 27 нафар ва аз фанҳои табиӣ-риёзӣ 37 нафар иштирок намуданд.

Айни ҳол, Маркази рушди истеъдодҳои ноҳия дорои 37 адад компютер, 5 адад ноутбук, 6 адад принтер, 4 адад телевизори LG, 5 адад тахтаи электронӣ ва 4 адад видеопроектор мебошад, ки дар равиши дарсҳо омӯзгорон истифода мебаранд.

Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон

Ҳамсуҳбати мо дар рафти суҳбат тазаккур дод, ки Муассисаи давлатии “Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон”-и ноҳияи Фардавсӣ бо мақсади беҳтар намудани сатҳи таълиму тарбия дар таълимгоҳ нақша-чорабиниҳои худро дар амал татбиқ намуда, иҷрои он зери назорати шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ қарор дорад.

Тибқи талабот дар семоҳаи аввали соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 31 номгӯи маҳфилҳои илмию варзишӣ ва ҳунарӣ, аз он ҷумла:

– маҳфилҳои илмии забономӯзӣ: забони англисӣ, забони русӣ, забони хитойӣ, забони фаронсавӣ ва ровиён;

– маҳфилҳои ҳунарию бадеӣ: дӯзандагӣ, попурдӯзӣ, тарроҳӣ, дастони моҳир, бофандагӣ, дизайнерӣ, санъати тасвирӣ, дабал, карнай ва сарояндагӣ;

– маҳфилҳои варзишӣ: шашка, шоҳмот, гӯштини дзюдо ва бокс амал намуда, дар он таълимгирандагон аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ таҳсил менамоянд.

Бояд зикр намуд, ки Муассисаи давлатии “Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар давраи таътили зимистона тибқи нақшаи кории худ якчанд озмунҳо, мусобиқаҳо ва семинарҳоро дар якҷоягӣ бо муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ баргузор менамояд;

Дар таътили зимистона, 7 январи соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон”-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” ва мусобиқаи шаҳрии “Шашка” ва “Шоҳмот” ташкил ва баргузор гардида, ғолибони даври ноҳиявӣ барои иштирок дар даври шаҳрӣ пешниҳод гардиданд. Даври шаҳрии чорабиниҳои зикргардида, 9 январи соли 2023 дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” баргузор гардида, дар озмуни шаҳрии “Забон донӣ – ҷаҳон донӣ” дастаи ноҳияи Фирдавсӣ сазовори ҷойи II, мусобиқаи шаҳрии “Шашка” дастаи ноҳияи Фирдавсӣ сазовори ҷойи II ва мусобиқаи шаҳрии “Шоҳмот” дастаи ноҳияи Фирдавсӣ сазовори ҷойи I гардиданд.

Дар ин давра дар ноҳияи Фирдавсӣ миёни кӯдакону наврасон озмуну чорабиниҳои гуногун ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва ҳисси хештаншиносию ватандӯстӣ баргузор карда шуд.

Ҷашни байналмилалии Наврӯз-2023

Мавсуф қайд кард, ки шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар асоси барқияи ҳукуматӣ 06.03.2023, №24/10-2 оид ба сазовор ҷашн гирифтани Ҷашни байналмиллалии Наврӯз ва Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 27 феврали соли 2023, №70 нақша- чорабиниҳои худро таҳия намуда, баҳри иҷроиш дастраси роҳбарони муассисаҳои таълимӣ гардонида шуд. Қабл аз баргузории чорабиниҳои идона дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳия корҳои тозагиву ободонӣ, ниҳолшинонию гулшинонӣ ва ҳашарҳои дастаҷамъона гузаронида шуда, биноҳои муассисаҳо ҳусни идона бахшида шуд.

Тибқи дастури Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон шурӯъ аз моҳи марти соли ҷорӣ тамоми омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, пӯшидани сару либоси миллии идонаро ба роҳ монда, ки ба ин васила ҳусни пойтахти азизамонро дар рӯзҳои ид боз ҳам зебо гардониданд.

Инчунин, дар боғи фарҳангӣ- фароғатии ба номи А. Фирдавсӣ намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва чорабинии идона бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ аз қабили намадрезӣ, бандкашӣ, тухмҷанг, хурӯсҷанг, пухтани суманак, ҳалвопазӣ, пахтазанӣ, дӯғкашӣ, ресмонресӣ, оро додани хонаи арусии чаҳор минтақаи кишвар ва пешвозгирии меҳмонон баргузор карда шуд. Дар ин чорабинии мазкур омӯзгорону хонандагони муассисаҳои таълимӣ бо либоси атлас, адрас, чакан, попурӣ, доирабадаст, думрабадаст фаъолона иштирок намуданд.

Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар муассисаҳои таълимии ноҳия викторинаҳо, семинару мизҳои мудаввар, иншо ва расми беҳтарин, чорабиниҳои фарҳангӣ, фароғатӣ, варзишӣ, миёни хонандагон  гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Дар доираи иҷроиши Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 06.06.2022, №275 “Дар бораи тасдиқи нақша-чорабиниҳо оид ба ниҳолшинонию сабзкорӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар шаҳри Душанбе” дар ин давра (то санаи 16 марти соли 2023) дар муассисаҳои таълимии ноҳия зиёда аз 780 адад дарахтони сояафкан, 2400 адад дарахтони ороишӣ, 510 адад ниҳолҳои мевадиҳанда, 15100 дона гулҳои бисёрсола ва 15500 дона гулҳои мавсимӣ шинонида шуд. Ҳамчунин, тибқи нақшаи шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ дар мавсими тирамоҳи соли 2022 ва баҳори соли 2023 дар муассисаҳои таълимии ноҳия 2972 дона гули лола шинонида шуд. Чорабиниҳои мақсаднок дар самти босифат амалӣ намудани қарори мазкур дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таълимии томактабии ноҳияи Фирдавсӣ идома доранд.

Маркази миллии тестӣ

-Дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ як нуқтаи бақайдгирӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 оид ба қабули ҳуҷҷатҳо аз тарафи довталабон дар асоси моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, банди 11 Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 тасдиқ шудааст, банди 52-и Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2018, №81  ва фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №156 аз 7 феврали соли 2022 ташкил карда шудааст.

Тибқи ҳисоботҳои пешниҳоднамудаи муассисаҳои дар боло зикршуда, то таърихи 10-уми апрели соли равон дар нуқтаҳои бақайдгирии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3177 нафар хонандагони синфи 11-ум 1599 нафар ва аз 6313 нафар хатмкунандагони синфҳои 9-ум 479 нафар ҳуҷҷатҳои худро супоридаанд,-зикр кард номбурда.

Ҳамкории волидайн бо омӯзгорон

Мавсуф қайд кард, ки шуъбаи маориф ҷиҳати татбиқ ва амалӣ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва таҳким бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва содир намудани ҷиноят аз тарафи ноболиғони муассисаҳои таълимӣ тадбиру чораҷӯиҳои зиёди судманд андешидааст. Мутобиқи ҷадвали таҳиягардида, миёни хонандагони синфҳои болоӣ ва хонандагони душвортарбияи муассисаҳои таълимии ноҳия оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва пешгирии қонуншиканӣ ва ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон пайваста вохӯриҳо гузаронида мешаванд.

Бо мақсади татбиқи ҳамаҷониба иҷро намудани қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 июни соли 2017, №321 «Дар бораи манъ кардани воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона», қарори раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душвнбе аз 21 июли соли 2017, №105 «Дар бораи манъ кардани воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душвнбе», инчунин ҷиҳати пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ аз тарафи хонандагони муассисаҳои таълимӣ, шуъбаи маориф нақша-чорабиниҳои худро тасдиқ намуда, барои иҷрои саривақтии он пайваста кор мебарад.

Тибқи нақша-чорабиниҳои шуъба дар давоми се моҳи соли ҷорӣ 21 маротиба миёни хонандагони синфҳои болоӣ, аз ҷумла, хонандагони душвортарбия ва саркада, ҳамзамон бо падару модарони хонандагон ҷиҳати пешгирӣ намудани ҳолатҳои қонунвайронкунӣ, ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, оворагардӣ ва омилҳои номатлуб суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуд, ки мувофиқи нақша гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ то охири сол ба роҳ монда мешавад.

Дар фароварди суҳбат номбурда қайд кард, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия бо мақсади расонидани кӯмакҳои педагогӣ, равонӣ ва методӣ тибқи талаботи моддаи 12-и қонуни мазкур рӯзҳои шанбе «Рӯзи падару модар» эълон карда шудааст, ки дар ин рӯз волидайн ба чорабиниҳо, ҷаласаҳо ва дар дарсҳои иловагӣ иштирок карда, маълумоти заруриро оид ба ахлоқу таҳсили фарзандони худ пайдо менамоянд. Вобаста ба ин дар муассисаҳои таълимии ноҳия аз рӯи 21 унсури «Консепсияи миллии тарбия» соатҳои тарбиявӣ гузаронида мешаванд, ки дар он оид ба ҷалби хонандагон ва пешравии онҳо дар озмунҳои сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ маълумот дода мешавад.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь