Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода яке аз донишкадаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон буда, бо қарори Совети Вазирони ИҶШС соли 1973 ҳамчун Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Донишкада дорои иҷозатномаҳои давлатии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад. Соли 1978 ба Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон номи қаҳрамони Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода дода шуд.

Хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон тасмим гирифт, ки вобаста ба дастоварду мувафаққиятҳои ин даргоҳи ҳунар бо ректори ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин суҳбати ихтисосӣ анҷом диҳад, ки муҳтавои он пешкаши хонандагон карда мешавад.

Ректори ДДФСТ, профессор муҳтарам Муҳриддин Низомӣ дар оғози суҳбат тамоми донишҷӯён ва кулли мардуми кишварро бо Рӯзи забони давлатӣ, ки ҳамасола 5-уми октябр дар миқёси кишвар бошукуҳ ҷашн гирифта мешавад, муборакбод гуфта, ба давлату миллати тоҷик шукуфоӣ таманно намуд.

Номбуда ҳамчунин иброз дошт, ки ҳайати профессорону устодон ва кормандони Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» фаъолияти гуногунҷанбаи худро дар соли 2023 дар асоси сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондаанд.

– Дар донишкадаи мо 229 нафар кормандони омӯзгорони соҳибтаҷриба пайи кору фаъолият ва таълима тадрисанд. Айни замон дар донишкада 4 нафар доктори илм, 2 нафар профессори соҳаи санъатшиносӣ, 26 нафар номзади илм ва 2 нафар дотсенти соҳаи санъатшиносӣ фаъолияти босамар доранд. Ҳамчунин, арбобони ҳунар ва ҳунармандони халқӣ низ ба донишҷӯён таълим медиҳанд,-гуфт ректори ДДФСТ.

 Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ

Дар самти илм ДДФСТ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Тавре ҳамсуҳбати мо иброз дошт, бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати донишкада Лабораторияи таҳқиқоти сотсиологии фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма таъсис ва бо таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонда шудааст, ки дар маросими ифтитоҳи он вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода иштирок намуд.

-Лаборатория дар МДТ «ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода» бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба вижа сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро ҳадафмандона ба роҳ монда истодааст,-гуфт Низомӣ М.

 Фаъолияти таълимӣ

Мувофиқи маълумотҳои пешниҳодгардида, МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» дорои 7 факултет, 18 кафедра, 25 ихтисос, толори «Арғунун», театри таълимӣ, китобхонаи илмӣ-электронӣ, озмоишгоҳҳои илмӣ-методӣ, синфхонаҳои компютерӣ, кабинетҳои методӣ, кабинетҳои фаннӣ, 3 толори маҷлис, толорҳои варзишӣ ва бунгоҳи тиббӣ мебошад. Ҳамчунин, донишкада як хобгоҳ низ дорад, ки дар он донишҷӯён, магистрантон ва докторантони ватанию хориҷӣ дар он истиқомат мекунанд. Дар факултаҳои донишкада аз рӯи 25 ихтисоси соҳаи фарҳанг, санъат, табъу нашр, рӯзноманигорӣ ва китобдорӣ мутахассон омода карда мешаванд.

-Дар соли таҳсили 2022-2023 бори аввал донишҷӯён ихтисосҳои драматургия, санъатшиносӣ, менеҷменти робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ ва низоми иттилоотӣ дар фарҳангро хатм намуданд.

Ҳамчунин, дар соли таҳсили мазкур 29 нафар донишҷӯ тариқи Квотаи президентӣ донишкадаро хамт намуда, барои кор ба маҳалли зисти хеш фиристода шуданд. Илова бар ин, ду ихтисоси донишкада-санъати мусиқӣ ва таҳсилоти томактабӣ (санъати мусиқӣ) ба ихтисосҳои равияи омӯзгорӣ шомил мебошанд. Дар нимсолаи аввали соли 2023 бештар аз 20 нафар омӯзгорони донишкада аз курси такмили ихтисоси тахассусӣ ва курси семоҳаи такмили ихтисос гузашта, соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд.

Ҳамчунин, зинаи магистратураро 14 нафар хатм намуданд, ки қисми зиёди онҳо аз ҷониби ҳайати комиссияи аттестатсияи хатм барои идомаи таҳсил барои зинаи доктор аз рӯйи ихтисос (PhD) тавсия шуда, бахше аз онҳо ба кафедраҳои тахассусии хеш ба ҳайси омӯзгор ба кор қабул гардиданд,-гуфт Низомӣ М.

 Робитаҳои байналмилалӣ

Ногуфта намонад, ки айни замон ДДСФТ бо 50 донишгоҳу донишкадаи кишварҳои хориҷи дуру наздик созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонида, дар доираи онҳо ҳамкориҳои илмӣ, таълимӣ ва эҷодӣ самаранок ба роҳ мондааст. Аз ин рӯ, барои вусъат бахшидани ҳамкориҳои судманди илмиву таълимӣ ва эҷодӣ бо 8 муассисаи таҳсилоти олии хориҷӣ, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Озарбойҷон, Донишкадаи давлатии санъати театрии Россия ГИТИС, Донишгоҳи давлатии Бухоро, Академияи давлатии хореографияи Ӯзбекистон, Филиали Донишкадаи давлатии санъат ва фарҳанги Ӯзбекистон дар Нуқус, Донишкадаи давлатии фарҳанги Хабаровск, Консерваторияи давлатии Санкт-Петербург ба номи Н. А. Римского-Корсакова ва Консерваторияи давлатии Қазон ба номи Н. Г. Жиганова созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидаааст.

-Айни замон дар донишкада 77 нафар донишҷӯ аз хориҷи кишвар дар шакли рӯзона ва ғоибона ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки аз онҳо 4 нафар рӯзона ва боқӣ ғоибона таҳсил намуда истодаанд. Бо мақсади рушди ҳамкориҳо кормандону устодони донишкада дар 12 конфронсу симпозиуми байналмилалӣ тариқи онлайн ва ғайриҳузурӣ ширкат варзиданд, ки дар натиҷа 58 мақолаи илмии онҳо дар маҷаллаҳои илмӣ ва маҷмуаҳои илмии хориҷи кишвар ба табъ расид,-иброз дошт профессор Низомӣ М.

 Факултаи санъати театрӣ

Факултаи санъати театрии МДТ «Донишкадаи давлати фарҳанг ва санъати Тоҷкистои ба номи Мирзо Турсунзода» аз базаҳои асосии омодасозии мутахассисони баландихтисос барои театрҳои ватанӣ, соҳаи кино ва режиссёрҳои баландихтисос ба ҳисоб меравад. Дар ҳайати факулта кафедраҳои санъати актёрӣ ва режиссураву продюсерӣ амал мекунанд, ки устодони соҳибтаҷриба ва дорои дараҷа ва унвонҳои илмиву фахрӣ, аз қабили Ҳошим Гадоев, Тағоймурод Розиқов, Қурбони Собир, Майрам Исоева, Мирзоватан Миров, Лутфулло Давлатов, Моҳпайкар Ёрова, Шуҷоат Асадуллозода, Саидҷон Қодирӣ ва дигарон ба таълиму тадриси донишҷӯён машғул мебошанд.

 Факултаи мусиқӣ-омӯзгорӣ

Факултаи мусиқӣ-омӯзгорӣ ягона факултае мебошад, ки барои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ мутахассисисони баландихтисосро омода мекунад. Дар факулта ансамблҳои «Бонувон», «Шашмақом» (дорандаи шоҳҷоизаи Шашмақомсароён дар Чумҳурии Ӯзбекистон, соли 2018) ва «Фалак» барои сайқал додани ҳунари навозандагӣ ва сарояндагии донишҷӯён фаъолият менамоянд. Ҳамзамон, дар факулта хори донишҷӯён фаъолият намуда, дар чорабинӣ ва озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ҳунарнамоӣ менамояд.

Ансамбли «Бонувон» соли 2022 дар озмуни шаҳрии «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» дар номинатсияи суруди беҳтарин дар васфи пойтахт иштирок карда, сазовори ҷойҳои дуюму сеюм гардиданд. Дар соли 2023 донишҷӯёну устодони факулта дар озмуни “Тоҷикистон Ватани азизи ман” дар даври ноҳиявӣ ва шаҳрӣ фаъолона иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро сазовор гардидаанд.

 Факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ

Факулта маркази асосии омодасозии китобдорони соҳибмаълумот факултаи китобдорӣ ва иттилоотшиносӣ ба ҳисоб меравад. Ба донишҷӯён ҳайати бонуфузи профессорону омӯзгорон дарс медиҳанд.

Факулта дар сохтори донишкада мақоми хосса дошта, беш аз 50 сол инҷониб дар таълиму тарбияи китобдорон нақши созанда дорад.

Факулта бо донишгоҳҳои шаҳрҳои Москва Санкт-Петербург, Челябинск, Тошканду Минск, Киев ва Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Китобхонаи давлатии ҷумҳуриявии бачагонаи ба номи М. Миршакар, Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ равобити мустақими илмӣ ва эҷодӣ дорад.

 Факултаи фарҳангшиносӣ

Дар ҳайати факулта се кафедра: технологияҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сайёҳӣ, педагогика ва низоми иттилоотӣ дар фарҳанг, фарҳангшиносӣ ва осорхонашиносӣ фаъолият дорад, ки аз базаҳои асосӣ барои омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи фарҳангу ҳунар ба ҳисоб меравад. Донишҷӯёне, ки соҳиби дипломи ихтисосҳои факулта мегарданд, дар вазорату идораҳои дахлдор, қасрҳои фарҳанг, осоронаҳо, боғҳои фарҳангӣ, муассисаҳои таълимӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, меҳмонхонаҳо ва бӯстонсаройҳо, шаҳру ноҳияҳо ба ҳайси омӯзгор, мутахассис ва роҳбалад фаъолият менамоянд.

 Факултаи журналистикаи телевизион ва радио

-Соли 1997 бо қарори раёсати Вазорати фарҳанг, телевизиону радио ва кино (он замон ин вазоратҳо якҷоя буданд) бо мақсади омода кардани мутахассисони касбӣ барои кори бевосита дар телевизион ва радио дар «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода» бахши-журналисти телевизион ва радио бо тамоюли коргардон ва наворбардорӣ таъсис гардида, то ба имрӯз мувофиқи талаботи давру замон журналистони боистеъдоди васоити ахбори электронӣ тарбия менамояд. Ҳамкории донишкада бо телевизион ва радиоҳои ватанӣ хуб ба роҳ монда шуда, дарсҳои амалии донишҷӯён дар муассисаҳои давлатии «Телевизиони Тоҷикистон», «Баҳористон», «Ҷаҳоннамо», «Сафина, «Синамо», «Варзиш» ва «Футбол» гузаронида мешаванд,-гуфт ректори донишкада.

 Факултаи санъати мусиқии мардумӣ

Факултаи мазкур яке аз сохторҳои эҷодии донишкада ба ҳисоб рафта, дар ҳайати он се шуъба – сурудхонӣ (халқӣ), эҷодиёти мусиқии мардумӣ (навозандаи асбобҳои мусиқӣ) ва санъати хореография (рақси халқии тоҷикӣ) амал менамояд.

-Имрӯз ба донишҷӯёни факулта ҳайати бонуфузи профессорону омӯзгорон ва устодони варзидаи ҳунари ҷумҳурӣ, аз қабили Хурсандмурод Зарипов, Ҳайётой Муминова, Раҳматулло Ҳошимов, Сафизода Моҳрухсор, Дона Баҳром ва Алишер Қаноатзода нозукиҳои санъати мусиқиро меомӯзанд. Ҳамзамон, дар факулта якчанд ҳайати эҷодию таълимӣ амал мекунад, ки онҳо як навъ лабораторияи эҷодии тарбияи мутахассисони соҳаи санъати мусиқии мардумӣ ба шумор мераванд. Оркестри созҳои халқӣ, ансамблҳои созҳои халқӣ, доиранавозон, сарояндагон, ансамбли рақсии «Бунафша» ва дигар ҳайати эҷодии базавии донишҷӯён мебошанд,-дар фарҷоми суҳбат иброз намуд ректори ДДФСТ ба номи Мирзо Турсунзода, доктори илмҳои филологӣ, профессор Низомӣ Муҳриддин Зайниддин.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь