Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии хеш ба ифтихори Рӯзи дониш вазъи воқеии рушди соҳаи илму маорифи ҷумҳуриро таҳлил намуда, қайд намуданд, ки «Сифати таҳсилот дар оянда низ ҳамчун масъалаи муҳимтарини соҳаи маориф боқӣ мемонад. Қобили зикр аст, ки барои таъмин намудани сифати таълим то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, вазорату идораҳои дахлдор ва худи муассисаҳои таълимӣ корҳои зиёде амалӣ гардидаанд, вале барои ислоҳи вазъ дар ин самт бояд тадбирҳои ҷиддӣ ва қатъӣ андешида шаванд».
Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» аз моҳи сентябри соли 1978 ҳамчун филиали Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко таъсис ёфта, тибқи қарори Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.03.1991, №10, қарори Девони вазирони ИҶШС аз 12.02.1992, №94, фармоиши Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.03.1991, №16 ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Қӯрғонтеппа ва дар асоси қарори Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24.07.1992, №236, фармоиши Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1.02.1992, №76 ба Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав табдил дода шуд. Бо сабаби ба шаҳри Бохтар иваз шудани номи шаҳри Қӯрғонтеппа тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145» аз 31 июли соли 2018, №362 Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав» минбаъд ба Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» тағйири ном кард.
САМТИ ТАЪЛИМ
Донишгоҳ раванди таълимро аз рӯйи 92 ихтисос барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар ва берун аз он ба роҳ мондааст. Дар ҷаласаҳои Шурои олимон, раёсат ва шурои илмию дастурдиҳии донишгоҳ соли 2023 вазъи корҳои таълиму тарбия дар литсейи донишгоҳ, таҳсил дар магистратура ва тасдиқи нақшаи он барои соли 2023, корҳои илмӣ-методӣ дар факултетҳои донишгоҳ ва кафедраҳои марбута, ҳолати фаъолияти таълимӣ, илмӣ, тарбиявӣ ва ҷамъиятии донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда дар донишгоҳ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав таҷрибаомӯзии педагогиро дар асоси шартномаи муштараки ҳамкорӣ ва нақшаи таълимии ихтисосҳо, инчунин, низомномаҳои амалкунанда дар ҳамкорӣ бо МТМУ-и шаҳрҳои Бохтар, Левакант ва ноҳияҳои Кӯшониён ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд (1 адад) ба роҳ монда, дар асоси шартнома бо 35 муассисаи равияи таълимӣ, аз ҷумла, бо 23 МТМУ, 7 литсею гимназия, 1 коллеҷ, 1 муассисаи томактабии №20-и шаҳри Бохтар ва 3 шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо ҳамкорӣ намуда, барои беҳбудии раванди таҷрибаомӯзӣ кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Қобили зикр аст, ки пойгоҳҳои кафедраҳои тахассусӣ дар пояи корхонаҳои истеҳсолӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ баргузор гардидани таҷрибаомӯзӣ ташкил карда шудааст. Дар 9 моҳи соли таҳсили равон 63 омӯзгор бо иштироки мутахассисони Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз курси такмили ихтисос гузашта, соҳиби ҳуҷҷат гардиданд. Дар кластери амалкунандаи курси тайёрии назди донишгоҳ дар соли таҳсили 2022-2023 70 нафар таҳсил намудаанд, ки 90%-и онҳо дар имтиҳонҳои Маркази миллии тестии наздии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон комёб гардидаанд. Лозим ба зикр аст, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои пайдарпайи такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ қабул гардида истодааст. Ҳамин аст, ки дар соли таҳсили 2023-2024 дар донишгоҳ 22 гурӯҳи таълимашон бо забони русӣ ва 4 ихтисос (иқтисодиёти ҷаҳон ва муносибатҳои байналмилалӣ) пурра таълимашон бо забони англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Лозим ба ёдоварист, ки омодагиҳо барои соли нави таҳсили 2023-2024 аз моҳи августи соли 2023 оғоз гардида буд. Дар сохтори донишгоҳ 14 факултет ва 45 кафедра амал мекунад, ки дар ихтиёри онҳо 9 бинои таълимӣ, 1 бинои маркази компютерӣ ва китобхонаи электрониву анъанавӣ мебошад. 192 аудиторияи дарсӣ, аз ҷумла, 41 кабинети фаннӣ, 28 озмоишгоҳ, инчунин, 3 толори хониш, 2 толори варзишӣ, 4 майдонча ва як маҷмааи варзишӣ мавҷуд аст. Дар ҳамаи факултетҳои донишгоҳ, дар маҷмуъ, зиёда аз 1000 компютер, 114 тахтаи электронию пардаҳои проексионӣ ва 17 адад смартэкранҳо истифода мешаванд. Раёсати донишгоҳ ба хотири мутахассис омода намудан ифтитоҳи ихтисосҳои навро ба нақша гирифтааст.
Қобили зикр аст, ки 90%-и хатмкунандагони донишгоҳ дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ва дар дастгоҳҳои идоракунии ҳукумат, иқтисодиёт, нақлиёт, илму маориф фаъолият менамоянд. Ҳамчунин, хатмкардагони донишгоҳ дар ташкилотҳои байналмилалӣ дар хориҷи кишвар кору фаъолият мекунанд. Масалан, Ғанибоева Саида намояндаи WFP дар Осиё, Хоҷаев Шавкат намояндаи ташкилоти байналмилалии тандурустӣ дар Канада, Неъматова Гулбаҳор намояндаи UNP дар Эрон, Самандаров Фазлиддин аъзои ташкилоти хориҷӣ дар Италия, Акбарҷони Эмомалӣ намояндаи WFP дар Эфиопия, Ҳаитов Муҳиддин намояндаи ташкилоти ҳифзи кӯдакон дар Афғонистон мебошанд.
РИШТАИ ИЛМ
Бо пуштибонӣ аз сиёсати Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ дар соли таҳсили 2022-2023 аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ корҳои зиёди илмӣ ба анҷом расонида шудаанд. Агар дар соли таҳсили 2021-2022 бист нафар омӯзгор рисолаи номзадӣ ва як нафар рисолаи докторӣ ҳимоя намуда бошанд, дар соли таҳсили 2023-2024 ҳимояи рисолаҳои номзадиву докторӣ ба 34 адад расид, яъне нерӯи илмии донишгоҳ рӯз аз рӯз зиёд гардида, потенсиали илмии донишгоҳ дар соли таҳсили 2023-2024 34,5 %-ро ташкил медиҳад. Агар дар соли таҳсили 2022-2023 таълифи 377 мақолаҳои илмӣ, 34 монография, 96 дастури таълимӣ аз ҷониби омӯзгорон ба қайд гирифта шуда бошад, ин шумора дар соли таҳсили 2023-2024 ба 432 мақолаи илмӣ, 42 монография, 106 дастурҳои таълимӣ расидааст. Раёсати донишгоҳ тибқи «Нақшаи баргузории семинарҳо, машваратҳо, симпозиумҳо ва конфронсҳо» дар соли таҳсили 2021-2022 5 конференсия ва дар соли таҳсили 2022-2023 36 чорабинии илмии сатҳашон гуногунро баргузор намудааст. Аз ин теъдод 3 конференсияи байналмилалӣ, 2 ҷумҳуриявӣ, 3 конференсияи вилоятӣ, 2 конференсия донишгоҳӣ ва зиёда аз 26 мизҳои мудаввар гузаронида шудаанд. Агар дар соли таҳсили 2021-2022 568 нафар омӯзгорон дар конференсияҳои дохилӣ ва 141 нафар дар конференсияҳои сатҳи байналмилалӣ маърӯза намуда бошанд, дар соли таҳсили 2022-2023 устодони донишгоҳ 1586 маърӯзаҳои илмӣ дар конфренсияхои дохилӣ (ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, донишгоҳӣ) ва 173 нафар дар конференсияҳои байналмилалӣ баромад карда, оид ба паҳлӯҳои гуногуни илми муосир андешаронӣ намуда, донишгоҳро муаррифӣ намудаанд. Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ дар робита ба Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.02.2023 №АП- 330 оид ба озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», №АП-331 озмуни «Илм-Фурӯғи маърифат», №АП-329 «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» ва аз 7 июли соли 2022 №АП-227 озмуни ««Тоҷикон»- оинаи таърихи миллат»-ро корбарӣ намуда истодааст. Дар даври сеюми (вилоятӣ) озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 31 нафар омӯзгорон, магистрантон, донишҷӯён ва хонандагони литсейи назди донишгоҳ иштирок намуда, 15 нафарашон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» 9 нафар омӯзгорону донишҷӯён ва хонандагони литсейи назди донишгоҳ роҳхат ба даври ҷумҳуриявӣ гирифтанд ва дар озмуни «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 2 нафар омӯзгорон ва дар озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» 4 нафар донишҷӯёну хонандагон ба даври ҷумҳурявӣ роҳхат гирифтанд. Инчунин, донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳ дар озмуни ҷумҳуриявии “Маснавихонӣ” иштирок намуда, 4 нафар бо гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ (1,2,3) мушарраф гардиданд. Ғолибони даври шаҳриву вилоятӣ аз ҷониби раёсати донишгоҳ, раиси шаҳри Бохтар, раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ гардиданд. Дар соли ҷорӣ раёсати донишгоҳ ғолибони озмунҳо дар умум бо 88600 сомонӣ ва дигар мукофотҳо сарфароз гардонидааст. Инчунин, омӯзгороне, ки тасдиқи рисолаҳои докторию номзадиашонро гирифтанд, ба маблағи 154 000 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Омӯзгорон, донишҷӯён ва хонандагони литсейи донишгоҳ дар соли ҷорӣ барои соҳиб гаштани ҷойҳои намоён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар даври дуюм аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Бохтар ба маблағи 38500 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ бошанд барои соҳиб гаштани ҷойҳои намоён дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ дар даври сеюм аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати вилояти Хатлон ба маблағи 106000 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд. Омӯзгорони донишгоҳ аз рӯйи ду мавзӯи фармоишии илмӣ “Тоҷикистон ва дурнамои рушди он: нигоҳи геополитикӣ ва стратегӣ ба масъала” ва “Инвентаризатсияи намудҳои асосии дарахтон ва буттаҳо дар минтақаи кабудизоркунии ш. Бохтар ва бунёди минтақаи интродуксионнӣ дар заминаи Маркази таълимии ДДБ ба номи Носири Хусрав (ш. Левакант)” корҳои таҳқиқотӣ бурда истодаанд. Дар назди Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” ду Шурои диссертатсионӣ амал менамояд. Аз моҳи январи соли равон дар Шӯрои мазкур 5 нафар рисолаи номзадӣ ва 1 нафар рисолаи докториро бомуваффақият ҳимоя карданд.
Қобили зикр аст, ки дар соли таҳсили 2022-2023 4336 адад адабиёти соҳавию бадеӣ ба китобхонаи донишгоҳ ворид карда шуд. Инчунин, зиёда аз 1008 китобҳои илмӣ аз ҷониби омӯзгорони донишгоҳ рӯйи нашр омада, дастраси донишҷӯёну омӯзгорон гардида, нусхаҳои онҳо ба фонди китобхона ворид шуданд.
САМТИ ТАРБИЯ
Баланд бардоштани раванди тарбия дар донишгоҳ яке аз самтҳои ҷудонашавандаи раванди таълим ба шумор меравад. Корҳои тарбиявӣ дар донишгоҳ ҷиддӣ роҳандозӣ гардида, бо мақсади дар рӯҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ тарбия намудани донишҷӯён корҳои назаррас ба анҷом расонида мешаванд. Дар соли таҳсили 2022-2023 аз ҷониби намояндагони шуъбаи тарбия баҳри пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои қудратӣ зиёда аз 150 чорабинии сатҳи донишгоҳиву вилоятӣ баргузор гардид. Инчунин, аз ҷониби зиёда аз 100 нафар омӯзгорону донишҷӯён мақолаҳо доир ба мавзӯъҳои терроризм ва экстремизм дар матбуоти даврӣ рӯйи чоп омаданд. Дар назди факултети техникӣ ва технологӣ маҳфили «Дастони моҳир» бо ҷалби зиёда аз 120 нафар донишҷӯдухтарон, ки ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ машғуланд, амал менамояд. Инчунин, дар маркази касбомӯзии ноҳияи Хуросон дар заминаи ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар доираи лоиҳаи «Идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон ва ташаббуси озуқаворӣ барои оянда» аз рӯйи касбҳои ошпазӣ ва барқчӣ 100 нафар соҳиби шаҳодатнома гардиданд. Бо мақсади татбиқи “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои донишҷӯдухтарони факултетҳои донишгоҳ омӯзиши курси “Мактаби сиёсатмадорони ҷавон” баргузор гардид. Аз ҷониби раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон барои донишҷӯёни дар хобгоҳ истиқоматкунанда бахшида ба ҷашни 32-солагии Истиқлолият давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Бо мақсади ошноӣ аз мавзеъҳои таърихию сайёҳӣ омӯзгорону донишҷӯёни риштаҳои сайёҳӣ ва таъриху бостоншиносии факултетҳои химия-биология, филологияи тоҷик ба ноҳияҳои Балҷувон, Ховалинг, мавзеи Чилдухтарони ноҳияи Муъминобод, Тахти Сангини ноҳияи Қубодиён, мадрасаи Хоҷа Машҳади ноҳияи Шаҳритус, муҷассама, мақбараи рамзӣ ва хонамузейи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар ноҳияи Балхӣ, мавзеи таърихии «Ҳулбук»-и ноҳияи Восеъ, «Боғи ботаники»-и шаҳри Кӯлоб, бошишгоҳи одамони ҷамоаи ибтидоии “Кулдара”-и ноҳияи Ховалинг ва ноҳияи Файзобод сафарбар гардиданд. Бо ибтикори раёсати донишгоҳ мизҳои мудаввар, конфронсҳо бахшида ба гиромидошти олимони фавтидаи донишгоҳ давоми соли таҳсил баргузор гардиданд. Масалан, ба хотири пос доштани хотираи неки забоншиноси муваффақ Ғаффоралӣ Сафар бо иштироки доираи адабӣ ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Такмили касб, ҳамкориҳои илмӣ-тадқиқотӣ, таҷрибаивазкунии устодон, аспирантон ва магистрантони донишгоҳ яке аз ҳадафҳои асосии раёсати донишгоҳ ва шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ маҳсуб ёфта, он дар асоси созишномаҳои тарафайн ва тавассути лоиҳаҳо бо барномаву муассисаҳои таълимиву илмии дигар донишгоҳҳою ташкилотҳо амалӣ мегардад, ки дар сафарҳои хизматии устодон, омӯзгорони ҷавон, аспирантон, магистрантон ва донишҷӯён бо усули муосири таълиму тарбия, таҷҳизоти илмӣ ва истифодаи усули таълимии навин шинос шуда, онро дар фаъолияти илмиву омӯзгории худ истифода ва мавриди омӯзиши дигарон қарор медиҳанд. Ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва созмонҳои байналмилалӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» ба шумор меравад. Роҳандозии ҳамкориҳои гуногунсамти илмиву таълимӣ миёни ДДБ ба номи Носири Хусрав ва донишгоҳу марказҳои илмӣ, сафоратхонаҳои хориҷии ҳудуди кишварамон ва созмонҳои давлатӣ ва ғайридавлатии кишварҳои хориҷӣ чун ҳамешагӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи раёсати донишгоҳ қарор дошта, кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки ин ҳамкориҳо густариш ёбанд. Ҳудуд ва доираи ҳамкориҳои бурунмарзии донишгоҳ васеъ гардида, ҳамкориҳо бо кишварҳо ва ниҳодҳои нав ба роҳ монда мешаванд. Айни ҳол донишгоҳ бо 26 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ шартнома ва қарордоди ҳамкорӣ оид ба табодули устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштараки таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодони донишгоҳҳо, навиштани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, гузаронидани курсҳои такмили омӯзгорон ва ғайраро дорад. Омӯзгорон Ҳотамзода Саёҳат, Муҳиддинов Азизулло, Ҳайдаров Шаҳриёр ва Давлатов Дилшод дар доираи барномаи ITEC-и Ҷумҳурии Ҳиндустон иштирок намуда, малакаи касбии хешро баланд бардоштанд. Илова бар ин, дар доираи ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия форуми ректорон доир гардид, ки ин барои бастани шартномаҳои нави ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Федератсияи Русия фароҳам гардид. Аз он ҷумла, Донишгоҳи Федералии Қазон, Донишкади давлатии забони русӣ ба номи А.С.Пушкин ва Донишкадаи давлатии педагогии Элбург мавриди омӯзиш қарор дошта, дар оғози соли нави таҳсил бо тариқи маҷозӣ шартнома ба имзо расонида мешавад. Моҳи марти соли ҷорӣ форуми ректорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин форум аз тарафи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо се муассисаи олии Ҷумҳурии Ӯзбекиситон шарномаи ҳамкорӣ дар самти табодули таҷрибаи устодону донишҷӯён, иштироки мутақобила дар ҳамоишҳои илмӣ, таҳия ва роҳандозии барномаҳои муштараки таълимии зинаи бакалавр ва магистратура, гузаронидани конференсияҳои илмӣ-методӣ, хондани лексияҳо аз тарафи устодони донишгоҳҳо, навиштани китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ ва гузаронидани курсҳои такмили омӯзгорон баста шуд. Дар асоси шартнома ва ҳамкории тарафайн дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Шурои маорифи байналмилалии Амрико дар факултети забони англисӣ “Маркази захиравии забони англисӣ” фаъолият мекунад, ки ҳамарӯза донишҷӯён ва омӯзгорони факултет аз ин марказ барои сайқал додани донишу маҳорати педагогии худ истифода мебаранд.
Дар маркази захиравии забони англисӣ ду курси дарозмуддати омӯзиши забони англисӣ гузаронида шуд, ки дар курси мазкур зиёда аз 30 нафар омӯзгорон фориғ аз дарс фаъолона иштирок намуданд. Дарсҳои маҷозӣ (онлайнӣ) ба роҳ монда шудаанд, ки вобаста ба баланд бардоштани малакаву маҳорати педагогӣ, истифодаи технологияи муосир ва аз худ намудану истифода бурдани усулҳои фаъоли таълим дар раванди таълим, таълими фосилавӣ ва ғайраҳо тамоми самтҳои таълимро дар бар гирифтааст, ки аз тарафи мутахассисони амрикоӣ Винда Чу ва доктор Тамрика Хутисашвили гузаронида шудааст. Бояд қайд намуд, ки рӯзҳои 18-19-уми марти соли 2023 дар доираи Марказҳои захиравии забони англисӣ Конфронси Марказҳои миллии забони англисӣ баргузор гардид, ки дар он 40 нафар омӯзгорони забони англисӣ аз шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Панҷакент ва Кӯлоб иштирок намуданд. Дар конфронси мазкур се мутахассиси Амрикоӣ оид ба рушди малакаҳои касбӣ ва навиштани грантҳо машғулиятҳо гузарониданд. Дар моҳи марти соли ҷорӣ форуми ректорони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид. Рӯзҳои 13-14-уми сентябри соли ҷорӣ форуми ректорони Осиёи Марказӣ баргузор гардид, ки бевосита ректори донишгоҳ иштироки фаъол намуданд. Рӯзҳои 5-7-уми октябр форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Беларусу Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Белорусия баргузор шуд, ки ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав дастовардҳои илмиву таълимии донишгоҳро муаррифӣ намуданд.
- Бояд қайд намуд, ки ташкилоти ғайритиҷоратии байналмилалии башардӯстонаи Good Neighbеr International дар асоси ҳамкориҳои самаранок дар доираи амалисозии фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар самти маориф ва илм оид ба “Бистсоли омӯзиши рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” барои баланд бардоштани дараҷаи касбият оид ба технологияи рақамӣ-инклюзивӣ курси омӯзиши “Зеҳни сунъӣ”, ки 8 ҳафта дар самти технологияи иттиллоотӣ бо тариқи онлайнӣ бо иштироки профессори Донишгоҳи Кибернетикаи Кореяи Ҷанубӣ – Ким Дхулин ва омӯзгорони факултети информатика семинари омӯзишӣ гузаронида шудааст.
- Барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва сайқал додани маҳорати забондонии донишҷӯён дарсҳои онлайнӣ бо курсҳои 2-юм ва 3-юми ихтисоси англисӣ –русӣ бо иштироки Гулрухон Тӯраева аз Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, кафедраи забонҳои шарқ ва Алекс Варен намояндаи Маркази такмили ихтисоси шаҳри Сингапур аз барномаи National Geographic English language teaching Asia гузаронида шуд.
- Бо ташаббуси Донишгоҳи давлатии педагогии Москва як дарси назариявии онлайнии Н.Ф. Илинова дар мавзуи “Технологияи интерактивӣ дар тайёр намудан ва баланд бардоштани такмили ихтисоси омӯзгор” бо иштироки мудирони кафедраҳои факултетҳои равияи омӯзгорӣ гузаронида шуд.
- Инчунин, аз ҷониби Сергей Ефимов омӯзгори Донишгоҳи давлатии Москва дарси онлайнӣ дар мавзӯи “Исторический путь Ботанического сада Московского университета” дар ихтисоси химия ва биология гурӯҳи таълимашон бо забони русӣ гузаронида шуд.
Оид ба лоиҳа ва грантҳо ҳаминро бояд иброз дошт, ки дар давраи ҳисоботӣ мувофиқи Стратегияи рушди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав барои солҳои 2021-2030 лоиҳа ва барномаҳое, ки аз ҷониби шарикони рушди Тоҷикистон оид ба рушди таҳсилоти олии касбӣ пешниҳод гардида буд, дар маркази диққати раёсат қарор дошт. Аз ҷумла, ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи сохтмони хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав иборат аз 7 ошёна таҳия ва пешниҳод карда шудааст. Дар доираи татбиқи лоиҳаи «Рушди таҳсилоти олӣ» зерқисмати 1.3 Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо дастгири Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ таҷҳизоти техникӣ ва лабораторӣ ворид карда шуд.
САМТИ ИҚТИСОД
Имрӯз донишгоҳ дорои 9 бинои таълимӣ бо теъдоди умумии 416 адад ҳуҷра ва 2 кабинети лингофонӣ мебошад. Ҳамчунин, дар ихтиёри донишҷӯён ду майдонча, 2 толори варзишӣ, як маҷмааи варзишӣ бо ҳамаи шароитҳои замонавӣ қарор доранд.
Ҳамасола маблағҳои шартнома дар донишгоҳ мақсаднок истифода бурда мешаванд. Ҳамзамон, дар 10 соли охир 12 маротиба музди маоши кормандон афзоиш ёфтааст. Инчунин, 20% музди маоши кормандони хоҷагӣ ва техникӣ аз ҳисоби суратҳисоби махсуси донишгоҳ баланд бардошта шудааст.
Дар соли таҳсили 2022-2023 китобхонаи анъанавӣ, электронӣ, маркази тестӣ кушода шудааст. Китобхона дорои 2 шуъба ва 3 толори хониш буда, дар ҳамаи толорҳои хониши китобхона, 336 ҷойи нишаст мавҷуд мебошад. Дар китобхона 250000 нусха китоби бадеӣ, дарсӣ, илмӣ ва методӣ мавҷуд аст, ки ин ба талаботи меъёрҳои муайяншудаи мақоми муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҷавобгӯ мебошад.
Бояд қайд намуд, ки намои берунаи хобгоҳи донишҷӯён, факултети химия ва биология аз таъмири капиталӣ бароварда шуда, барои соли нави таҳсил омода гардид. Дар доираи корҳои ободонӣ бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, раиси шаҳри Бохтар Баротзода Файзулло ва намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди хобгоҳи донишгоҳ маросими гузоштани санги асос суръат гирифт. Хобгоҳи донишҷӯён тибқи лоиҳаи иншоот аз 7 ошёна иборат буда, масоҳати умумии сохтмони он 5810 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Ин иншоот барои 460 нафар донишҷӯ ба нақша гирифта шудааст.
Қобили зикр аст, ки донишгоҳ дар оянда мақсад дорад, ки вобаста ба иҷроиши Стратегияи рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 пояи моддии техникиро дар ДДБ ба номи Носири Хусрав мутобиқ намуда, таъсиси гурӯҳҳои таълимашон бо забони англисӣ ва кореягӣ дар ихтисосҳои омӯзгорӣ ташкил намояд. Инчунин, ихтисосҳои навро ба замимаи иҷозатномаи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори давлатӣ ворид намояд. Ҳамчунин, ташкили Шуроҳои дифоъ дар самти фанҳои дақиқ бо шарикони хориҷи кишвар, мусоидат ба олимони муассиса дар навиштани адабиёти таълимӣ, таҳияи лоиҳаҳои инвеститсионӣ дар самти илму таълим, банақшагирии сохтмони бинои дуюми хобгоҳи донишҷӯён ва пайваст намудани биноҳои таълимӣ ба нуқтаи ягонаи гармидиҳӣ дар минтақаи Дӯстии халқҳо, афзалият додан ба сиёсати гендерӣ ва зиёд намудани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон, давра ба давра зиёд намудани музди маоши кормандон ва беҳтарсозии шароити кории кормандон, рақамикунонии раванди идоракунии муассиса ва кам кардани таъсири омили инсонӣ дар ин самт, баланд бардоштани нишондиҳандаи байналмилалии илмии донишгоҳ, гузаронидани ихтисосҳои донишгоҳ аз шинохти (аккредитатсияи) байналмилалӣ, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишондиҳандаи беҳтарини илмию таълимӣ ва тарбияи кадрҳои рақобатпазир дар бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар дар феҳристи нақшаҳои дурнамои донишгоҳ қарор дорад.
МТЖТ