Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо ректори донишгоҳи мазкур профессор Шарифзода Муъмин Машокир суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат номбурда қайд кард, ки дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ тамоми паҳлуҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мавриди арзёбӣ қарор дода шуда, мактабу маорифро ба ҳайси боргоҳи илму дониш ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин баҳогузорӣ намуда, таъкид намуданд, ки бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад.

Таҳсилоти рақамӣ

Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазорати маориф ва илмро вазифадор намуда буданд, ки вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд. Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042 тасдиқ гардидааст. Албатта, ҳадаф аз гузариш ба таҳсилоти рақамӣ тавассути технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тағйир додани шаклу усулҳои таълим ва ба талаботи давр мутобиқ намудани он мебошад. Ҷиҳати иҷрои барномаҳои давлатии Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон тадбирҳои саривақтиву амалӣ андешида мешавад. Бо мақсади татбиқи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар донишгоҳ бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15-уми ноябри соли 2022 Маркази таҳсилоти рақамӣ ифтитоҳ гардид. Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ аз ду ошёна иборат буда, масоҳати он 3411 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Бино бо тарҳу лоиҳаи замонавӣ, бо дарназардошти унсурҳои меъмории миллӣ аз маводи сохтмонии истеҳсоли корхонаҳои саноатии ватанӣ бо сифати баланд бунёд гардида, барои то 700 нафар донишҷӯ дар як баст шароити меъёрӣ фароҳам оварда шудааст. Дар ошёнаи якуми бинои Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ 4 утоқи таълимӣ, 4 ҳуҷраи корӣ барои устодон, кабинетҳои алоҳидаи Маркази таҳқиқоти таҷрибаи давлатдории Пешвои миллат, маркази таълимии хизматрасонии бонкӣ, синфхонаи “Иқтисодиёт дар замони Истиқлол”, маркази омӯзиши забонҳои хориҷӣ, озмоишгоҳи криминалистӣ, маркази шуғли фосилавии парки технологӣ, толори лексионии иноватсионӣ ва студияи сабти барномаҳои телевизионӣ ҷойгир шудааст. Дар ин ҷо барои донишҷуён тамоми шароити зарурӣ, аз қабили синфхонаҳои омӯзишӣ, мизу курсиҳои замонавӣ, воситаҳои таълимӣ, компютеру проекторҳо ва дигар таҷҳизоти муосир, ки дар омӯзиши васеи омодасозии мутахассисони баландихтисос зарур мебошад, фароҳам аст. Дар ошёнаи дуюми бинои мазкур 10 синфхонаи тахассусӣ, маркази тестӣ барои 100 ҷойи нишаст ва толори лексионӣ ҷойгир шудааст. Бо мақсади таъмини бехатарӣ дар даромадгоҳи маркази нав 4 таҷҳизоти симошиносии муосир насб гардидааст, ки омаду рафти донишҷӯёну омӯзгорон тариқи он сабт мешавад. Ин усул аввалин маротиба дар Маркази таҳсилоти рақамӣ роҳандозӣ гардид. Дар бинои Маркази таҳсилоти рақамии донишгоҳ дар умум 140 адад компютери муосири пайваст ба шабакаи баландсуръати ИНТЕРНЕТ, 20 проектор, 20 тахтаи электронӣ, 7 телевизор, 23 камераи мушоҳидавӣ бо сабти овоз, 5 нуқтаи вайфай (wi-fi), 3 таҷҳизоти махсус ва як тахтаи нурӣ бо баландгӯякҳо барои баргузории машғулиятҳои маҷозӣ, аз ҷумла дарсҳои фосилавӣ ва семинарҳо мавриди истифода қарор дорад. Лавозимоти техникии мазкур ба воситаи ду сервери пуриқтидор идора карда мешаванд. Ҳамаи шароиту имкониятҳои фароҳамгардида дар Маркази таҳсилоти рақамӣ ба татбиқи таҳсилоти рақамӣ ва Консепсияи мазкур равона гардидааст.

Таҳсилот дар донишгоҳ

Дар идомаи суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки дар донишгоҳ бо истифода аз шароиту имкониятҳои фароҳамгардида, донишҷӯён дар 7 факултет – Ҳуқуқшиносӣ, Сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ, Молия, Бизнес ва идоракунӣ, Баҳисобгирӣ ва андоз, Инноватсия ва телекоммуникатсия ва Факултети муштарак бо Донишкадаи молиявии Тошканд аз рӯи 43 ихтисос дар самтҳои ҳуқуқшиносӣ, идоракунӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ ва иқтисоди ҷаҳонӣ, маркетинг, фаъолияти гумрукӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, андоз ва андозбандӣ, соҳибкорӣ, молия, информатика, системаҳои автоматикунонидашуда, веб-дизайн ва графикаи компютерӣ таълим мегиранд.

Эътироф

Ҳамзамон, ҳамсуҳбати мо иттилоъ дод, ки боиси ифтихор аст, ки аз рӯи рейтинги Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар қатори 10 муассисаи таҳсилоти олии касбии беҳтарини кишварамон ҷой гирифтааст. Бо мақсади дар амал тадбиқ намудани донишҳои назариявии донишҷӯён шартномаҳои ҳамкории донишгоҳ бо 151 муассисаҳо аз қабили мақомоти идоракунии давлатӣ, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, корхонаҳои истеҳсолӣ, бонкҳо ва ташкилотҳои қарзӣ, ширкатҳои мобилӣ ва дигар субъектҳои хоҷагӣ ба имзо расонида, ҳамасола донишҷӯён таҷрибаомӯзии худро дар муассисаҳои мазкур ба роҳ мемонанд.

Таҳсил дар самти илм

Номбурда қайд кард, ки дар донишгоҳ ҳамзамон шуъбаҳо магистратураву докторантура низ амал менамояд. Аз соли 2013 то инҷониб, яъне дар тӯли 10 сол ба шуъбаи магистратура 996 нафар дохил гардида, 586 нафар хатм карданд. Шуъбаи магистратура фаъолияти худро дар тайёр намудани магистрантони сатҳи баланди тахассусмандӣ мебинад. Таҳсили магистрантон тибқи низоми таҳсилоти кредитӣ ҷараён гирифта, бо ҷалби устодони унвондор ва соҳибтаҷриба мегузаранд. Давоми 10 соли сипаригардида зиёда аз 50 нафар дорандаи стипендияи раиси вилояти Суғд, стипендияи раёсати донишгоҳ гардидаанд. Магистрантон корҳои илмӣ-таҳқиқотии худро дар докторантура давом дода истодаанд. Дар баробари шуъбаи магистратура дар донишгоҳ шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ низ фаъолият мебарад. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолияти докторантура аз рӯи ихтисос (PhD) 12 ихтисос амал менамояд. Баргузории машғулиятҳои докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD) дар бинои таълимии замонавӣ, синфхонаҳои компютерӣ, лингофонӣ, озмоишгоҳҳо ва ҳуҷраҳои фаннӣ ба роҳ монда шудаанд. Таъминоти таълимию методӣ, иттилоотии ҷараёни таълим ҷиҳати сифатнок азхудкунии барномаи докторантура аз рӯи ихтисос (PhD), заминаи моддии техникӣ шароити мусоиданд, донишгоҳ барои докторантон фароҳам овардааст. Докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) вобаста ба мавзӯъҳои илмӣ мақолаҳои худро дар маҷаллаи донишгоҳӣ ва ҷумҳуриявӣ чоп менамоянд, инчунин дар конференсияҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналхалқӣ бо маърӯзаҳои илмии хеш ширкат меварзанд. Инчунин, раёсати донишгоҳ бо мақсади ҳавасмандкунии молиявии докторантон аз рӯи ихтисос (PhD) ва унвонҷӯён донишгоҳ оид ба якдафъаина қадршиносӣ гардидани докторантон ва ҳам роҳбарони онҳо пас аз дифои рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ тадбирҳои мушаххас меандешад.

Қабули ҳуҷҷатҳои довталабон барои идомаи таҳсил, гирифтани маълумоти олии дуюм, магистратура, аспирантура ва докторантура Ҳамсуҳбати мо дар фароварди суҳбат зикр кард, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар соли хониши 2023-2024 қабули ҳуҷҷатҳои довталабонро барои идомаи таҳсил пас аз хатми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва барои гирифтани маълумоти олии дуюм баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, молия ва қарз, кори бонкӣ, андоз ва андозбандӣ, баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, муносибатҳои байналхалқӣ (дипломатия), технологияҳои инноватсионӣ, хадамоти гумрук ва инчунин, барои таҳсил дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) эълон менамояд. Таҳсил дар синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо воситаҳои техникии муосири таълим, бо ҷалби устодони варзида тариқи ҳузурӣ ва фосилавӣ ба роҳ монда шудааст.

Нигора САИДБЕКОВА, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь