Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи мазкур Давлатзода Насим суҳбати ихтисосӣ анҷом дод. Номбурда бар ин назар аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди соҳаи маорифи кишварро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат хонда, дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор карданд, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот беш аз пеш баланд бардошта шавад. Пешвои миллат супориш доданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.

 -Нахуст мегуфтед, ки аҳамияти соҳаи маориф дар пешрафти ҷомеа чӣ нақш дорад?

-Маориф дар ҷаҳони имрӯза ба захираи муҳимтарини рушди иқтисодию иҷтимоии кишварҳо, баланд бардоштани некуаҳволӣ ва рушду такомули инфиродии шаҳрвандон мубаддал мегардад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва татбиқи барномаҳои ислоҳоти соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, қайд намудаанд, ки дар ҷаҳони муосир кишваре ба дастовардҳои бузург ноил мегардад, ки ба баланд шудани сатҳи маърифат дар ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, техникаву технологияи навро ба таври васеъ дар амал ҷорӣ менамояд.

Дар пешравии соҳаи маориф саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беназир буда, маҳз барномарезиҳои дақиқ ва дурбинонаи Сарвари давлат буданд, ки дар замони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф зина ба зина рушду ташаккул ёфт.

Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ

-Муассисаҳои томактабӣ, дар воқеъ, барои омода намудани кӯдакон ба мактаб ва саводнокии онҳо нақши калидӣ дорад. Лутфан мегуфтед, ки дар ноҳия чанд муассисаи томактабӣ ҳаст ва фаъолияти онҳо чӣ гуна ба роҳ монда шудааст?

-Дар ноҳия 62 адад муассисаи таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла 42 адад муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ, 4 адад соҳавӣ ва идоравӣ, 16 адад муассисаҳои таҳсилоти томактабии хусусӣ фаъолият доранд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии буҷавӣ 723 нафар омӯзгор ва мураббиён ба таълиму тарбияи кӯдакон машғул буда, 547 нафар бо таҳсилоти олии касбӣ, 85 нафар бо таҳсилоти олии нопурра, 91 нафар бо таҳсилоти миёнаи касбӣ ба таълиму тарбияи кӯдак машғул мебошанд.

Дар нуҳ моҳи соли 2022 бо роҳхати шуъбаи маориф зиёда аз 773 нафар кӯдак ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ равона карда шудаанд.

Дар ин давра дар соҳаи таҳсилоти томактабӣ корҳои назаррасе ба анҷом расонида шуд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия нақши назаррас гузоштааст. Мувофиқи нақшаи фаъолияти солонаи шуъбаи маорифи ноҳия фаъолияти мураббиён ва дигар кормандон мавриди омӯзишу санҷиш қарор дода шуда, зери назорати ҷиддӣ қарор доштанд. Таҳлилҳо собит намуданд, ки дар кӯдакистонҳо маводи таълимии муосир, дастурҳои методӣ, адабиёти бачагона, технологияи замонавӣ мавҷуд буда, мавриди истифодабарӣ қарор дорад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 17 октябри соли 2019, №618 вобаста ба амалӣ намудани “Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2020-2025” дар Шӯроҳои шуъбаи маориф ва муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳия давра ба давра мавриди омӯзиш қарор дода мешавад.

Таҳсилоти томактабӣ яке аз зинаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб ёфта, дар баробари фаъолият намудани муассисаҳои таҳсилоти

томактабие, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, ташкил ва ба роҳ мондани кӯдакистонҳои хусусӣ низ дар мадди назари роҳбарияти давлату Ҳукумат қарор дорад.

Мавриди зикр аст, ки аз тарафи Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, собиқ бинои муассисаи таҳсилоти томактабии №68 мавриди азнавсозӣ ва бозсозӣ қарор гирифта, моҳи январи соли 2022 муассисаи таҳсилоти томактабии №87 бо фарогирии 100 нафар кӯдак ба фаъолият оғоз намуд.

Инчунин, 8 июни соли ҷорӣ ду муассисаи томактабии хусусии “Cherry kids Academy” ва дар шаҳраки 11 “Dushanbe Mohtessjry” ба фаъолият шурӯъ намуданд.

Инчунин, бо ҷалби соҳибкорони ватанӣ шумораи муассисаҳои томактабии хусусӣ боз ҳам афзуда, айни замон сохтмони кӯдакистони хусусӣ барои 100 ҷойи хоб аз ҷониби М. Абдулвоҳидова ва кӯдакистони хусусӣ барои 100 ҷой аз ҷониби соҳибкор Е. Худойназарова бо маром идома дорад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия ва дастгирии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба таъмири пурра ва ҷорӣ фаро гирифта шуда, дар маҷмуъ, 5 444 328 сомонӣ маблағ сарф карда шуд.

Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия, ки аз таъмири асосӣ гузаштаанд ва шароити мусоид барои ташкил намудани маркази инкишофи кӯдак доранд, гуруҳҳои омодагии ба мактаб ташкил карда шудааст.

Сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ

-Ҳамагон хуб огоҳем, ки дабистон ин оғози тарбияи насли наврас аст ва ба ояндаи давлату миллат пайванди ногусастанӣ дорад, аз ин рӯ, Пешвои миллат пайваста таъкид мекунанд, ки сатҳу сифати таълимро бахусус, дар мактабҳо пурзӯртар намоед ва шароитҳои беҳтар ҳам сол аз сол дар соҳаи маориф ба назар мерасад ва албатта, Пешвои миллат дар сиёсати хирадмандонаи хеш соҳаи маорифро дар мадди аввал гузоштаанд. Сатҳу сифати таълим ва таъминоти кадрию муҷаҳҳазгардонии техлнологияи нав дар муассисаҳои миёна дар чӣ вазъу поя қарор доранд?

-Дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 82 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 52 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии тобеи шуъбаи маориф, 30 муассисаи таълимии ғайридавлатӣ ва идоравӣ бо фарогирии умумии 106204 нафар хонандагон, фаъолият доранд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти таълимии буҷетӣ 90282 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Ба таълими инфиродӣ 54 нафар хонанда ва инклюзивӣ 27 нафар хонанда дар муассисаҳои таълимии №54 ва №92 ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Дар ноҳияи Сино 4684 нафар омӯзгор, аз ҷумла, 3732 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд, ки кору фаъолият доранд.

Аз ин шумора 4058 нафар бо маълумоти олии педагогӣ, 402 нафар бо маълумоти олии нопурра ва 208 нафар дорои маълумоти миёнаи махсуси педагогӣ мебошанд.

Дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ тибқи нақша 584 нафар кормандони педагогии муассисаҳои таълимӣ аз курсҳои такмили ихтисос гузаштанд.

Баҳри иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017, таҳти №443 “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Сино 5574 адад компютер мавҷуд аст, ки аз ин шумора 732 адад аз ҳисоби Барномаи “eDonish” мебошад.

Муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Сино дорои 136 синфхонаи компютерӣ мебошанд.

Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дорои 656 адад тахтаи электронӣ ва 705 адад проектор мебошанд.

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1445 “Дар бораи тасдиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон гардидани солҳои 2020-2040” нақшаи чорабиниҳои шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба тасвиб расид. Вобаста ба иҷрои нақшаи чорабиниҳо муассисаҳои таълимии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо адабиёти навини методӣ ва техникӣ новобаста аз таълими фанҳои табиӣ-риёзӣ ва дигар фанҳо таъмин карда шуданд. Дар давраи ҳисоботӣ китобҳои дарсии математика, химия, биология, табиатшиносӣ, география ва ғайраҳо дастраси муассисаҳои таълимӣ гардонида шуд.

Бояд тазаккур диҳам, ки дар соли таҳсили 2022-2023 дар муассисаҳои таълимии ноҳия 452 нафар омӯзгори фанни математика ва геометрия, 142 нафар омӯзгори фанни физика, 140 нафар омӯзгори фанни химия, 175 нафар омӯзгори фанни биология, 106 нафар омӯзгорони фанни география, 171 нафар омӯзгори фанни технологияи иттилоотӣ, ҷамъ 1186 нафар омӯзгори фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ фаъолият доранд.

Бо мақсади амалӣ намудани сиёсати давлат дар самти таъмин ва рушди заминаҳои моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ, аз нав ҷорӣ намудани муттасилии таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, харидорӣ ва таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳия давра ба давра нақшабандӣ гардида, иҷрои он зери назорати доимии  шуъбаи маорифи ноҳия қарор дорад. Бояд зикр кард, ки болоравии сифати таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, пеш аз ҳама ба ташкил кардан ва таҷҳизонидани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои фанҳои физика, химия, математика, биология, география, технологияи иттилоотӣ ва ғайраҳо вобастагӣ дорад. То давраи ҳисоботӣ аз тарафи муассисаҳои таълимии ноҳия 317 адад кабинети физика, химия, математика, география, биология, технологияи иттилоотӣ ва ғайра харидорӣ карда шудааст.

Натиҷагирӣ аз олимпиадаҳо

-Яке аз нишододҳо, ки сифати таълимро муайян мекунад, ин иштироки фаъолонаи хонандагон дар олимпиадаҳо мебошад. Хонандагони ноҳия иштирокашон дар олимпиадаҳо чӣ гуна аст ва натиҷагирии он дар чӣ сатҳ аст?

-Аз 3 то 4 январи соли 2022 даври сеюми “Олимпиадаи фаннии (шаҳрӣ) хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе” баргузор гардид, ки дар он хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино аз рӯи 13 фанни таълимӣ бо шумораи зиёда аз 968 нафар хонанда фаъолона иштирок намуданд. Аз шумораи умумии 968 нафар хонанда 330 нафарашон бо ишғол намудани ҷойҳои ифтихорӣ ғолибиятро ба даст оварданд, ки аз ҳисоби ишғоли шумораи ҷойҳо дар мақоми аввал қарор гирифтаанд.

Муассисаҳои

Таълимӣ

Ҷойи I Ҷойи II Ҷойи III Ҷамъ
1. МТМУ 27 23 49 99
2. Лит. ва гимназия 55 61 115 231
3. Дар умум: 82 84 164 330

Дар асоси раддабандии Кумитаи тадорукот барои ноил гардидан аз рӯи миқдори ҷойҳои ифтихории дар олимпиада ба дастоварда аз рӯи номинатсияи “Беҳтарин дастаи олимпии ноҳияҳои шаҳри Душанбе” дастаи олимпии ноҳияи Сино бо гирифтани 408 ҷойи ифтихорӣ дар байни дигар ноҳияҳои пойтахт мақоми аввалро соҳиб гашт.

Ҳамасола даври чоруми (ҷумҳуриявӣ) олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи фармоиши дахлдори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни синфҳои 5 то 11 ташкилу баргузор карда мешавад. Мавриди зикр аст, ки хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино дар олимпиадаи зикргардида фаъолона иштирок намуда, як қатор дастовардҳои арзандаро сазовор гардиданд:

  МТМУ   Ҷамъ Литсей  ва гимназияҳо Ҷамъ
ҷойи I ҷойи II ҷойи III   ҷойи I ҷойи II ҷойи III  
Синфҳои

5-6

2 5 16 23 17 35 6 98
Синфҳои

7-8

10 12 18 40 30 43 4 27
Синфҳои

9-10

6 16 19 41 29 48 4 151
Синфҳои

11

8 9 17 34 14 19 7 60
Ҷамъ       138       436
Дар умум:                   574 нафар

Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Сино дар даври сеюми (шаҳрӣ) Олимпиадаи номии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе (синфи 11), Олимпиадаи анъанавии хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе (синфҳои 9 ва 10), Олимпиадаҳои даставии наврасон (синфҳои 5-6 ва 7-8), Олимпиадаҳои “Spelling Bee”ва“Шоҳмот”, Олимпиадаи даставии “Истеъдод” ва даври интихобии олимпиадаи даставии хонандагон байни синфҳои 9-10 фаъолона иштирок намуда, дар маҷмуъ, бо ба даст овардани 405 ҷой дар байни ноҳияҳои пойтахт мақоми аввалро соҳиб гардиданд.

“Илм-фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи доноӣ…”

-Дар ҷумҳурӣ бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои “Илм-фурӯғи маърифат” ва “Фурӯғи субҳи донӣ…” дар сатҳи баланд ҳамасола баргузор мегардад ва ин озмунҳо боис гардиданд, ки сатҳу сифати дониши ҷавонон бамаротиб боло равад ва дар ин озмунҳо рақобат намоянд. Албатта, аз ноҳияи Синои шаҳри Душанбе низ зиёд хонандагон иштирок намудаанду менамояндШумо ба унвони мудири шуъбаи маорифи ноҳия иштироки хонандагонро дар ин озмунҳо чӣ гуна арзёбӣ менамоед?

-Шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вобаста ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03 феврали соли 2022, №АП- 155, ки ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”, инчунин, бо мақсади амалисозии “Бистсолаи омӯзиш  ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон намудани солҳои 2020-2040”, рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои таълимии ноҳия шароиту имкониятҳои зиёдеро созмон додааст.

Дар асоси Низомномаи озмуни мазкур ва мактуби Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи апрели соли 2022 даври дохилимуассисавии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” гузаронида шуд. Дар даври дохилимуассисавии озмуни болозикр 4307 нафар хонандагон иштирок доштанд.

Дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» 839 нафар довталаб, аз ҷумла, 757 нафар ё 90,2% хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 77 нафар ё 9,2% донишҷӯён ва 5 нафар ё 0,6% намояндагони касбу кори гуногун иштирок намуданд.

Дар натиҷа, 79 нафар ғолиб (аз ин 38 нафар хонанда, 36 нафар донишҷӯ ва 5 нафар калонсол) ва 15 нафар сазовори ифтихорнома гардиданд, ки ҳамаи онҳо бо диплому туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Инчунин, бо мақсади иҷрои Амри Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3 феврали соли 2022, №АП-156 дар бораи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъол гардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа аз моҳи феврали соли ҷорӣ даври якуми дохилимуассисавӣ озмуни болозикр оғоз гардида, моҳи апрели соли 2022 даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъбаст гардид, ки дар озмуни дохилимуассисавӣ 4002 нафар хонанда аз муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд, ки дар натиҷа 606 нафар хонанда аз муассисаҳои таълимӣ ва гимназияву литсейҳо ва 6 нафар омӯзгорон аз муассисаҳои таълимӣ ҳудуди ноҳия, ки дорои маҳорати хуб ва савияи дониши баланд мебошанд, ба даври дуюм озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳхат гирифтанд.

Дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 583 нафар довталаб, аз ҷумла, 491 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 51 нафар хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳхат гирифтанд, ки айни замон даври шаҳри озмуни болозикр дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” баргузор гардида истодааст.

Назорат ва дурнамо

-Назорати таълим, ахлоқ ва одоби хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ дар кадом поя аст?

-Дар моҳҳои август ва сентябр аз ҷониби мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва кормандони шуъбаи маориф дар якҷоягӣ бо сохторҳои марбута муассисаҳои таҳсилоти томактабии №31,42,71,80,81,83,85,89,93,95,112,118 ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№25,32,33,43,46,56,59,60,66,88 вазъи таълиму тарбия, таъмин будани хонандагон бо лавозимоти хониш ва китобҳои дарсӣ, риояи сару либоси тавсиявӣ аз тарафи омӯзгорону хонандагон, ҷамъоварии маблағҳои ғайриқонунӣ ва ҳолати санитарию беҳдоштии муассисаҳои таълимӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд.

Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки шумораи тарбиятгирандагон дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ аз меъёри санитарию гигиенӣ зиёд буда, ҳолати беҳдоштию санитарии муассисаҳо ба талабот ҷавобгӯст ва маводи хӯрокворӣ тибқи меъёрҳои муқарраргардида харидорӣ ва захира карда шудаанд.

Шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе вобаста ба мактуби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз 9 августи соли 2022, №1117/2 гурӯҳи корӣ аз ҳисоби мутахассисон ва кормандони Сарраёсати маорифи шаҳр ташкил дода, вазъи омодагии муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Синоро ба соли таҳсили 2022-2023 аз 10 август  то 15 августи соли равон мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дод.

-Барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати таълим кадом пешниҳоду барномаҳоро мехоҳед роҳандозӣ намоед?

-Аҳли маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки сатҳу сифати таълиму тарбияро баланд бардошта, ҷиҳати тарбияи насли солиму ояндасози кишвар тадбирҳои ҳамаҷониба андешида, тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Сино, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе фаъолияти худро роҳандозӣ намуда, барои пешрафти кори соҳаи маорифи ноҳия чунин пешниҳод менамоям:

-баланд бардоштани сифати таҳсилот тавассути ба кор ҷалб намудани мутахассисони соҳибкасб, босавод, бомаҳорат, эҷодкору навовар ва мустаҳкам намудани базаи моддию техникии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ;

-бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид барои ҳифзи саломатӣ ва рушди ҷисмонии кӯдакони синну соли томактабӣ, таъмин намудани муассисаҳои таълимии томактабӣ бо ҳуҷраҳои физиотерапевтӣ ва тақвият бахшидани ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо муассисаҳои тандурустӣ;

-ташкили табодули таҷрибаи пешқадами омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар самти фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ;

– ҷоннок намудани фаъолияти маҳфилҳои фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва таҳсилоти умумӣ;

-ба муассисаҳои таълимӣ ҷалб намудани мутахассисони ҷавони соҳибкасб ва сарпарастӣ намудани онҳо;

Албатта, мақсад ва мароми мо ин аст, ки зина ба зина сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ боло равад ва албатта, барои ба ҳадафи хеш расидан мекӯшем, ҳама воситаҳои имконпазирро ба роҳ монем.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь