Шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва муассисаҳои тобеи он дар соли 2021 ҷиҳати амалӣ намудани нуктаҳои муҳими Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санаду меъёрҳои ҳуқуқии соҳавӣ, дастуру супоришҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, амалӣ намудани барномаҳои давлатии соҳавӣ ва нақшаи чорабиниҳои пешбинишуда фаъолияти худро вусъат бахшида, баҳри баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон, роҳандозӣ намудани корҳои тарбиявӣ ва муҳайё намудани шароити мусоиди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии шаҳр имкониятҳои мавҷударо самаранок мавриди истифода қарор дод.

Маълумоти умумӣ

Айни замон дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ ва 13 муассисаи таълимии ғайрибуҷетӣ, дар маҷмуъ 46 муассисаи таълимӣ тибқи Оиннома амал менамоянд.

Шумораи умумии омӯзгорон дар муассисаҳои таълимии буҷетӣ 2498 (2041 нафар бонувон) ва дар муассисаҳои таълимии ғайрибуҷетӣ 421 (304 нафар бонувон) омӯзгор ба таълиму тадриси насли ҷавон машғуланд. Дар маҷмуъ дар муассисаҳои таълимии буҷетиву ғайрибуҷетии ноҳия 2919 нафар омӯзгор (2345 нафар бонувон) фаъолият доранд.

Дар мамин ҳол, шумораи умумии хонандагон дар муассисаҳои таълимии буҷетии ноҳияи Фирдавсӣ 71121 нафар (аз ин 34356 нафар духтарон) ва дар муассисаҳои таълимии ғайрибуҷетӣ 7089 нафар (аз ҷумла 2523 нафар духтарон), ҷамъ 78210 нафар хонанда ба талим фаро гирифта шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки дар оғози соли тасили 2021-2022 ба муассисаҳои таълимии буҷетии ноҳия 8189 кӯдак ва дар муассисаҳои таълимии ғайрибуҷетӣ  1139 нафар кӯдак ба синфи 1 қабул карда шуд. Зимнан, тибқи маълумоти пешниҳодгардида дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия 289 хонандаи маъюб, 209 хонандаи ақлан ва ҷисман носолим, 63 хонандаи нобино ва биноиашон суст, 1 нафар хонандаи гунг ва 8 нафар хонандаи фалаҷи сутунмуҳра ба қайд гирифта шудааст. Инчунин дар  ноҳия  21  нафар  ятими кул ва  490 нафар  ниятим  ба  таҳсил  фаро  гирифта  шудааст, ки ҳамаи онҳо зери назорат қарор дошта, ба онҳо пайваста дар якҷоягӣ бо мақомотҳои дахлдор ва шахсони саховатпеша кӯмакҳои моддию молиявӣ расонида мешавад.

Ҳамзамон дар ноҳияи Фирдавсӣ 24 муассисаи таълимии томактабии буҷетӣ, 4 муассисаи томактабии назди корхонавӣ, 3 муассисаи томактабии хусусӣ, ҷамъ 31 муассисаи таълимии томактабӣ фаъолият менамояд, ки дар умум ба онҳо 589  сармураббиву мураббӣ таълиму тарбия медиҳанд. Бешак ҳамаи онҳо зери назорати Шуъбаи маориф қарор доранд, зеро соҳаи томактабӣ зинаи аввали таълиму тарбияи кӯдакон ба шумор меравад ва хишти аввали донишу маърифат дар бинои муҳташами маънавиёти инсон маҳз дар ин макон гузошта мешавад.

Ҳифз ва таҳкими саломатии ҷисмониву рӯҳии кӯдак яке аз вазифаҳои асосии муассисаи таҳсилоти томактабӣ ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, хизматрасонии тиббӣ дар мадди назари маъмурияти муассисаҳои таълимӣ ва Шуъбаи маорифи ноҳия қарор дорад. Ширхоргоҳ-кӯдакистонҳо ҳамасола аз  ҳисоби маблағҳои суратҳисоб ва буҷавӣ бо доруворӣ ва дигар маводи тиббӣ таъмин карда мешаванд.

Фарогирии кӯдакони аз 3 то 6 сола дар муассисаҳои таълимии томактабии буҷавӣ ва хусусии ноҳия идома дошта, ҳоло дар муассисаҳои томактабии ноҳия 8220 нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Сатҳу сифати таълим

Дар давоми соли 2021 6 маротиба ҷаласаи Шӯрои назди Шуъбаи маориф ва 12 маротиба маҷлисҳои назоратии назди мудир баргузор гардид, ки масъалаҳои марбутаи соҳаи маориф мавриди баррасӣ ва муҳокима қарор гирифта, баъд аз қабули қарорҳои дахлдор, нусхаи поротоколҳо ва қарори Шӯро дастраси  роҳбарони муассисаҳои таълимӣ гардонида шуданд.

Хамзамон санаи 19.09.2021 дар Муассисаи давлатии таҳсилоти миёнаи умумии Гимназияи №74, конференсияи моҳи августӣ, инчунин бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси ноҳияи Фирдавсӣ, муовини Раиси ноҳия, намояндагони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ва кормандону омӯзгорони соҳаи маориф дар як сатҳи баланд баргузор карда шуд. Дар ин чорабинӣ роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, ғолибони олимпиадаҳо, гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе ва ноҳияи Фирдавсӣ бо мукофотҳо ва ифтихорномаву сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси фармоиши Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе аз 15 сентябри соли 2021 ва бо мақсади дуруст ба роҳ мондани назорати дохилимактабӣ, фармоиши Шуъбаи маориф аз 21 сентябри соли 2021 “Дар бораи ташкили рӯзҳои методии (семинарҳои омӯзишӣ) роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии ноҳияи Фирдавсӣ” тасдиқ карда шуд. Тибқи ҷадвал шурӯъ аз 24.09.2021 ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе дар муассисаҳои таълимии томактабӣ ва рӯзҳои ҷумъа дар муассисаҳои таҳсилоти миёна, семинар-машварат бо иштироки роҳбарони муассисаҳои таълимӣ баргузор карда мешавад, ки ин чорабинӣ то моҳи марти соли 2022 ба нақша гирифта шудааст.

Озмунҳои доноякону мураббиён

Соли 2021 ҷиҳати баланд бардоштани дониш ва маҳорати касбии  тарбиятгирандагон дар асоси фармоиши мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ дар Муассисаи таҳсилоти томактабии №84 даври ноҳиявии озмуни “Донояк – 2021” баргузор гардид, ки дар он 24 нафар тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ширкат варзиданд. Аз ин шумора 12 нафар кӯдакон ба озмуни шаҳрии “Донояк-2021” барои иштирок намудан роҳхат гирифта, дар озмуни шаҳрӣ 3 нафар аз кӯдакистонҳои №63, 123 ва 127 сазовори ҷойҳои намоён гардиданд.

Инчунин, дар моҳи майи соли 2021 дар ҳама муассисаҳои таълимии ноҳия  даври аввали озмуни “Шеъри беҳтарин байни шоирони навраси ноҳия” гузаронида шуд. Дар натиҷа, 5 нафар ғолиби даври 1- ум гардида, барои иштирок ба даври дуюми шаҳрӣ пешниҳод карда шуданд.

Бояд зикр кард, ки дар асоси нақшаи чорабинии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ва Шуъбаи маориф дар муассисаҳои таълимии ноҳия бахшида ба “Рӯзи кӯдакон”  иншо ва озмуни расми беҳтарин дар мавзӯҳои “Кӯдак китоби панд аст”, “Кӯдакони зодаи истиқлолият” ва мусобиқаи шоҳмот миёни наврасону ҷавонон ва хонандагони ҳудуди ноҳия гузаронида шуда, ғолибон бо ифтихорномаҳо ва туҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Инчунин тибқи фармоиши мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ санаи 24 июни соли 2021 дар ширхоргоҳ-кӯдакистони №130 озмуни ноҳиявии “Мураббии сол – 2021” баргузор гардид, ки 16 нафар иштирок намуда, аз ин миён Ҳасанова Маҳбуба аз кӯдакистони №127 ба озмуни шаҳрӣ пешниҳод карда шуд.

Таҷлил аз санаҳои таърихӣ

Санаи 21 майи соли равон  бахшида ба “Рӯзи ҷавонон” дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия озмуни расми беҳтарин дар мавзӯи “Мо пайравони пешвои миллатем” байни хонандагони синфҳои болоӣ гузаронида шуд.  Ғолибон аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва Шуъбаи маориф бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ  карда шуданд.

Санаи 5 ноябри соли 2021 дар тамоми муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ бо иштироки омӯзгорону кормандон оид ба аҳамияти таърихии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлисҳои тантанавӣ гузаронида шуд. Дар робита ба ин дар дохил ва беруни биноҳои муассисаҳои таълимӣ шиору овезаҳои мувофиқ ба мазмуну моҳияти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон насб карда шуд, ки ба онҳо ҳусни идона бахшид.

Рӯзи 29 октябри соли 2021 дар МТМУ №5 ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи адабӣ-фарҳангӣ зери унвони “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-бахтномаи миллат” ташкил ва баргузор гардид. Дар кори конференсия омӯзгорони соҳибтаҷриба бо маърӯзаҳо оид ба муҳтаво ва арзишҳои инсонпарваронаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд. Хонандагони муассисаи таълимӣ бошад, барномаи хуби фарҳангиро пешкаши ҳозирин намуданд.

Рӯзи 30 октябри соли равон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №45 миёни хонандагони синфҳои 10 ва 11 викторина дар мавзӯи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” гузаронида, хонандагон атрофи таърихи пайдоиш ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳсу мунозира намуданд. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №49 ва 58 дар байни хонандагони синфҳои болоӣ озмуни иншои беҳтарин дар мавзӯи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-бахтномаи миллат” баргузор карда шуд, ки ғолибони озмунҳо бо сипосномаҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳияи Фирдавсӣ (новобаста аз шакли моликият) бо иштироки омӯзгорону кормандони техникӣ корҳои тозагӣ ва ободонӣ гузаронида шуд. Дар дохил ва беруни биноҳои муассисаҳои таълимӣ шиору овезаҳои мувофиқ ба мазмуну моҳияти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон насб карда шуда, ба биноҳо ва ҷойҳои баргузории чорабиниҳо ҳусни идона бахшида шуд.

Ширкат дар озмуну олимпиадаҳо

Тибқи фармоиши мудири Шуъбаи маориф аз 5 октябри соли 2021 даври  якуми олимпиадаҳои фаннӣ (муассисавӣ) -и хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия аз 11 то 21 октябри соли равон баргузор шуданд. Ҷадвали  баргузорӣ бо Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияи Фирдавсӣ” мувофақа гардида, барои назорати даври якуму дуюм Кумитаи тадорукоти мактабӣ, ноҳиявӣ таъсис дода шуд.

Қайд кардан зарур аст, ки ҷамъбасти ҳисоботҳои омории даври якуми Олимпиадаҳои фаннӣ (муссисавӣ) синфҳои 5-11 нишон медиҳад, ки сол то сол шумораи ҷалби хонандагон ба Олимпиада зиёд шуда истодааст. Бинобар ин,   назар ба соли гузашта дар Олимпиадаи дохилимуассисавӣ  3848 нафар зиёд иштирок карданд. Айни ҳол шумораи иштироккунандагони олимпиадаи муассисавӣ 22686 нафарро дар соли таҳсили 2021-2022 ташкил дод, ки аз ин шумора 17810 нафар ба муассисаҳои  таҳсилоти умумии ноҳия  ва 4876 нафар ба  литсею гимназияҳо тааллуқ доранд.

Даври дуюми Олимпиадаҳои фаннӣ (ноҳиявӣ) хонандагони синфҳои 5-11 муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия дар муассисаҳои таълимии №24, 77 ва гимназияи №74 аз 2 ноябр то 8 ноябри соли 2021 баргузор гардид. Шумораи ғолибони даври якуми муассисавӣ 4087 нафар буда, аз ин 1987 нафар духтарон мебошанд. Аз рӯи ҳисоботи пешниҳодгардидаи муассисаҳои таълимии ноҳия   дар фанҳои табиӣ-риёзӣ 2009 нафар ва фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ 2078 нафар довталабон ширкат варзиданд.

Олимпиада аз руйи натиҷаҳои ҳар як шарт ҷамъбаст гардида, 518 нафар хонанда сазовори ҷойҳои намоён, аз ҷумла, 135 нафар сазовори ҷойи якум, 144 нафар сазовори ҷойи дуюм ва 239 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

Хонандагони  муассисаҳои таълимии ноҳия дар рафти олимпиадаҳои фаннӣ даври дуюми ноҳиявӣ натиҷаи хуб ба даст оварданд, минҷумла, Гимназияи №74 бо 72 ҷой, Литсейи инноватсионии ш. Душанбе бо 65 ҷой, ЛБХБИ бо 44 ҷой, Гимназияи №4 бо 35 ҷой, Литсейи тиҷорат бо 34 ҷой,  МТМУ №51 бо 31 ҷой, МТМУ №42 бо28 ҷой, МТМУ №77 бо 21 ҷой, МТМУ №28 бо 19 ҷой мақоми намоёнро сазовор гаштанд.

Нишондиҳандаҳои омории муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ оид ба натиҷаи ғолибони даври дуюми Олимпиадаҳои фаннӣ (ноҳиявӣ) аз он шаҳодат медиҳад, ки хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар фанҳои ҷамъиятӣ гуманитарӣ соҳиби 283 ҷойи намоён ва  фанҳои табиӣ-риёзӣ 235 ҷойи намунавӣ гардидаанд.

Илм – фурӯғи маърифат

Ҷиҳати амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фуруғи маърифат”  миёни хонандагон ва омӯзгорони фанҳои  табиӣ,  дақиқ  ва риёзӣ  баргузор карда шуд. Даври аввали озмуни мазкур дар муассисаҳои таълимӣ, моҳҳои апрел-майи соли 2021 миёни хонандагону омӯзгорони фанҳои  табиӣ,  дақиқ ва риёзӣ баргузор гардид, ки дар он 1875 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 нафар омӯзгорон иштирок намуданд. Аз шумораи иштироккунандагон 260 нафар хонандагон, омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо дар доираи талаботи Низомномаи озмун баромад намуда, 62 нафар ғолибони даври дуюми озмуни ноҳиявӣ, аз ҷониби ҳакамон муайян гардид.

Дар даври сеюми озмун 31 нафар хонандагон иштирок карданд, ки 8 нафари онҳо ғолиб дониста шуда, ба даври чоруми озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври чоруми озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” 2 нафар хонандагон аз муассисаҳои таълимӣ ва гимназияву литсейҳо сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Дар фарҷоми озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” ба нафароне, ки ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст

Дар даври озмуни муассисавии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 2496 нафар довталабон аз ҷумла, 2449 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва 32 нафар тарбиягирандагони муассисаҳои томактабии синну соли гуногун иштирок намуданд. Инчунин 11 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва 4 нафар мураббияҳо дар доираи талаботи тартиби озмун малака ва истеъдоди худро нишон дода, 182 нафар хонанда ба даври дуюми озмун роҳхат гирифтанд.

Бояд қайд намуд, ки аз ин шумора 42 нафар сазовори ҷойҳои намоён гардида, ҷиҳати ширкат ба даври сеюми роҳ ёфтанд. Дар умум дар даври шаҳрӣ 6 нафар бо ишғоли  2 ҷойи якум, 2 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм ба даври ҷумҳуриявӣ сафарбар шуданд.

Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон

Муассисаи давлатии “Маркази эҷодии кӯдакон ва наврасон”-и ноҳияи Фирдавсӣ бо мақсади беҳтар намудани сатҳи таълиму тарбия дар таълимгоҳ нақшаи чорабиниҳои худро дар амал татбиқ намуда, зери назорати Шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ қарор дорад.

Дар  соли таҳсили 2020-2021 дар Марказ зиёда аз 33 номгӯй маҳфилҳои илмию ҳунарӣ амал намуда, дар он 1325 нафар таълимгирандагон таҳсил менамоянд. Асосан шумораи зиёди хоҳишмандон ба маҳфилҳои варзишӣ (шоҳмот, шашка, дзюдо, бокс), маҳфилҳи ҳунарӣ (дӯзандагӣ, попурдӯзӣ, бофандагӣ-гулзанӣ ва тарроҳӣ) маҳфилҳои забономӯзӣ (забонҳои англисӣ, русӣ, хитойӣ, ва франсузӣ) ҷалб гардиданд.

Таҳсил бо истироҳаташ хуш аст

Истироҳатгоҳи тобистонаи беруназшаҳрии “Орзу” соли 1964 сохта ба истифода дода шуда, барои 900 хонанда пешбинӣ шудааст. Дар истироҳатгоҳи мазкур бештар хонандагони аз оилаҳои камбизоат, бепарастор ва кӯдакони ятиму нимятим ҷалб карда мешаванд. Соли таҳсили ҷорӣ низ 900 нафар хонандагон дар чор баст (дар ҳар баст 225 нафар) ба истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Орзу” фиристода шуданд, ки дар ҳар баст 25 нафар кормандон ба ҳайси сармураббӣ, мураббии ивазшаванда, роҳбари маҳфил, духтур, машинист оид ба шустушӯи либосҳо сафарбар гардиданд.

Ҳамзамон 1600 нафар хонандагон дар чор баст дар майдончаҳои тандурустиву солимгардонии назди муассисаҳои таълимии №№ 5, 17, 24, 28, 30, 40, 45, 49, 76, 78-и ноҳияи Фирдавсӣ ҷиҳати фароғату истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон фаро гирифта шуданд.

Шуъбаи маориф аз ҳисоби маблағи сметаи хароҷотии 443725 сомонӣ, ки ба  истироҳатгоҳи беруназшаҳрии “Орзу” ҷудо гардида буд, 173850 сомониро барои хӯрока 9000 сомониро барои доруворӣ, 200000 сомониро барои таъмир ва 60875 сомониро барои корҳои ободонию хоҷагидорӣ масраф намуд.

Истиқбол аз истиқлол

Вобаста ба таҷлили ҷашни пуршукуҳ ва таърихии 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои Шуъбаи маориф дар мувофиқа бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ тасдиқ гардида, ҳама муассисаҳои таълимӣ парчам ва дигар шиору овезаҳоро насб намуданд. Ҳамзамон, муассисаҳои таълимии ноҳия баҳри сазовор истиқбол гирифтан аз ин ҷашни бузург соатҳои тарбиявӣ, конференсияҳо, мизҳои мудаввар, баромад ва маҳфилҳои адабӣ – фарҳангӣ  бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ва зиддиэпидемикӣ  баргузор  намуданд. Дар муассисаҳои таълимии ноҳия конференсияи илмӣ- адабӣ бахшида ба 110 – солагии Мирзо Турсунзода гузаронида шуд ва хонандагон аз ашъори шоир ёдоварӣ намуда шеъру сурудхонӣ карданд.

Инчунин,  дар  ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ бахшида ба ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе ва якшанбе, шанбегии дастаҷамъона бо иштироки хонандагон, омӯзгорон ва кормандони техникӣ гузаронида шуда, аз натиҷаи кор ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фирдавсӣ ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе иттилот бо замимаи расмҳо ирсол карда шуд ва чунин корҳои тозагию ободонӣ то ҳол идома дорад.

Ҳамчунин, дар ин доира дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ,  мусобиқаҳои варзишӣ, ба монанди бозиҳои “ Шоҳмот”, “ Футболи хурд”  соатҳои тарбиявӣ дар мавзӯъҳои  истиқлолият “Дастовардҳои  истиқлолият”  ва дигар маҳфилу озмунҳои гуногун гузаронида шуд. Дар муассисаҳои таълимӣ баҳри омодагии дифои ҳарбӣ озмуни “Тирандози  наврас” баргузор гардида, ғолибон бо ҷоизаю ифтихорномаҳо сарфароз шуданд.

Дар баробари ин, бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 30 -солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои иштирок дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва намоишҳои тантанавӣ, аз ҳисоби хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия 500 нафар духтарон тибқи нақшаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда шуданд.

Дар муассисаҳои таълимии ҳудуди ноҳия ташкил ва баргузории рӯзи умумишаҳрии экологӣ бо ҷалби “ Патрулони сабз” бо иштироки омӯзгорон ва  хонандагон дар соҳилҳои дарёи Душанбе  аз партовҳо пурра тоза намуда, барои ободии кишвари азизамон саҳми арзандаи худро гузоштанд ва чорабинӣ аз ҷониби шабакаи телевизиони “ Пойтахт” ба навор гирифта шуд.

Инчунин санаи 18.09.2021 дар шаҳракҳои 63, 64 ва 65 аксияи тозагӣ бо иштироки кормандони мақомоти иҷроия, ҳифзи муҳити зист ва соҳаи маориф гузаронида шуд, ки чорабинии мазкур тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевизиони “Душанбе” рӯи мавҷ бароварда шуд.

Бояд қайд намуд, ки барои таъмир намудани бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ 238750 сомонӣ ҷудо гардида, то ба имрӯз боми бино ва рангу бори берунии шуъба иваз карда шуда, корҳои рангуборкунӣ ва навсозӣ то ҳол идома дорад.

Азму талош барои пешрафти соҳа

Мусалламан, ҳамаи дастовардҳои имрӯзаи маорифчиён натиҷаи пуштибонӣ ва дастгирии ҳамаҷонибаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, бахусус, Президенти мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, бо дарки масъулият изҳор менамоям, ки ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат, Раиси муҳтарами шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе маорифчиёни мо бо меҳнати софдилона, донишу фарҳанги баланди касбӣ, азму иродаи мустаҳкам рисолати ҳидоятгарии худро минбаъд низ ба таври кофӣ ба иҷро расонида, манбаи шарафу ифтихори диёр хоҳанд гашт.

Бо дарки масъулияти ин ваъда кормандони соҳаи маорифи шаҳр ҳамаи кӯшишу имкониятҳои худро дар оянда низ ба он равона месозанд, ки барои таълиму тарбияи насли наврас тамоми шароити заруриро фароҳам оваранд. Ҳадаф ин аст, ки фарзандони мо мувофиқи талаботи замонаи пешрафт соҳиби дониши мукаммал, маърифати баланд гарданд, дорои ҷаҳонбинии васеъ ва донандаи забонҳои хориҷӣ бошанд. Касбу ихтисосҳои барои кишвар заруриро аз худ карда, дар оянда ба халқу Ватани худ хизмати арзанда карда тавонанд, манфиатҳои давлати соҳибистиқлол ва миллати куҳанбунёду тамаддунсозро ба таври шоиста ҳифз намоянд. Дар ин ҷода ба ҳамаи кормандони соҳа, ки шабу рӯз ҷиҳати пешрафти соҳа ва ба ин васила ободии мамлакату таъмини фардои дурахшони давлату миллат ҷаҳду талош менамоянд, саломативу сарбаландӣ ва рӯзгори ободро таманно менамоям.

Мухбира Аюбӣ, мудири Шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь