Имсол дар Тоҷикистон беш аз 105 ҳазор нафар синфи 11-умро хатм кардаанд. Аз ин шумора наздики 52 ҳазор нафари онҳо номи донишҷӯро соҳиб гардидаанду халос.

Мавзуъ дар рақамҳо

Соли равон аз 107,4 ҳазор хатмкунандаи синфи 11 танҳо 74,6 ҳазор нафар ба Маркази миллии тестӣ (ММТ) барои дохил шудан ба муассисаҳои олии кишвар ҳуҷҷат супорида буданд. Пас аз тақсимот 51,7 ҳазор нафар ба муассисаҳои олии кишвар роҳхат пайдо карданд. Ин дар ҳолест, ки дар соли равон Тоҷикистон 65,5 ҳазор ҷой дар зинаи таҳсилоти олӣ ва 33,3 ҳазор ҷой дар зинаи таҳсилоти миёна барои хатмкунандагони синфи 11 дорад.

Соли гузашта бошад аз 113 ҳазор хатмкунанда 82,7 ҳазор нафар ба ММТ ҳуҷҷат супорида буданд, ки миёни онҳо 51,8 ҳазор соҳиби номи донишҷӯ гардида буданд.

Имсол аз 14 ҳазор нафар хатмкардаи синфи 9-ум, ки ба ММТ ҳуҷҷат супорида буданд, 7,4 ҳазор нафар ба муассисаҳои таҳсилоти миёна роҳхат гирифтанд.

Баъзеҳо пас аз ҳуҷҷатсупорӣ ба имтиҳонҳо ҳозир намешаванд, бархеи дигар пас аз роҳхат пайдо намудан бо сабаҳои гуногун ба донишгоҳҳо ҳозир намешаванд. Мақомот мегӯянд, ки омилҳои асосии кам шудани шумораи донишҷӯён гуногун ва яке аз онҳо таҳсил дар хориҷа аст. Вале коршиносон мегӯянд, ки пас аз тағйирот дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” сафи донишҷӯён якбора коҳиш ёфт.

Омилу сабабҳои кам шудани сафи донишҷӯён чист?

ММТ имсол миёни беш аз 10 ҳазор доавталаби худ пурсиш гузаронидааст, ки сабаби дар имтиҳонҳо иштирок накардани ҳамсинфонашон чист?

Абдулвосит Шодиниё, муовини директори ММТ, дар нишасти матбуотии 3-уми август гуфт, “мувофиқи натиҷаҳои ҳамин пурсиш ҳамагӣ ним дарсади пурсидашудагон сабаби дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ иштирок накардани ҳамсинфонашон ҳатмӣ будани хизмати ҳарбӣ баъди хатми донишгоҳ ҳаст”.

Ба гуфтаи ӯ дар инҷо омилҳои дигар таъсири бештар доранд.

“Албатта, ин таҳлилҳо таҳлилҳои пешакӣ ҳастанд, мо ба хотире, ки ба ин суолҳо ҷавоби мушаххас диҳем, бояд таҳлилҳо ба таври амиқтар омӯхта шавад. Вале ман гумон намекунам, ки ин нишондиҳандаҳо хеле зиёд тағйир ёбанд. Дар ин ҷо масалан таъсири бештар таҳсил дар хориҷа дошт, ҳамагӣ 7,8 дарсади довталабони пурсидашуда ҷавоб доданд, ки сабаби дар имтиҳонҳои дохилшавӣ иштирок накардани ҳамсинфони онҳо таҳсил дар хориҷи кишвар буд”, – таъкид намуд ӯ.

Ӯ гуфт, ки пештар ду омил таъсир дошт, ки яке таҳсил дар хориҷа ва дуюм муҳоҷират буд.

Коршинос чӣ мегӯяд?

Таҳлилгар Абдумалик Қодиров аз камшавии шумораи донишҷӯён розӣ ҳаст, чунки ба он назар аст, сифати илм ва мутахассисон беҳтар мегардад.

Ба таъкиди ӯ нафароне, ки мехостанд донишҷӯ шаванд, соҳиби диплом шаванд ва бо ин баҳона хизмати ҳарбӣ нараванд, имрӯз, ки ҳамон мақсадашонро аз даст доданд, дигар ҳоҷати дохилшавӣ надоранд.

“Аз нуқтаи назари ман, теъдоди донишгоҳҳое, ки мо дорем, ду-се баробар кам карда шавад. Чун то вақте ки барои дохилшавӣ конкурс калон намешавад, меҳнати зиёд карда намешавад, то он вақт ин диплом, ин донишгоҳ ё ин хондан беқадр аст”, – афзуд Қодиров.

Коршинос чунин назар дорад, ки бояд маоши омӯзгорон ба андозае бошад, ки ба зиндагияш расад ва вақти худро ба меҳнати софдилона сарф кунад.

“Агар мо тафаккури давлатдорӣ дошта бошем, мо бояд барои муаллимони донишгоҳҳо шароите муҳайё созем, ки онҳо ҳоҷат ба гирифтани пора, ҷустуҷӯйи пул ва кори иловагӣ накунанд”, – илова намуд ӯ.

Сабаби дигари камшавии шумораи донишҷӯёнро таҳлилгар ба ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилалӣ ва бозори имрӯзаи ҷаҳонӣ набудани сифати таълим дар мактабҳои миёнаву донишгоҳҳо медонад.

“Аз ин рӯ аксари донишҷӯёни мо дар оянда ба кор ё аз тариқи хешутаборӣ ё тариқи додани пора дохил мешаванд, ё дипломашонро гирифта, рафта дар Русия мардикорӣ мекунанд”, – таъкид кард ӯ.

Абдумалик Қодиров ба он назар аст, ки агар миёни муҳоҷирони меҳнатии дар Русия қарордошта тадқиқот гузаронида шавад, шояд 25-30 дарсади онҳо маълумоти олӣ дошта бошанд.

“Оқибати ҳамаи ин ҳолате, ки имрӯз мо дорем, он аст, ки дар ояндаи наздик мо барои баровардани ҳоҷати худ ба кишварҳои беруна меравем, ё аз хориҷа мутахассис даъват мекунем”, – гуфт ӯ.

Ӯ пешниҳод менамояд, ки дар сатҳи давлату ҳукумат болои ин масъала ҷиддӣ фикр кунанд. Махсусан барои он соҳаҳое, ки бо ҳаёти инсон сарукор доранд, ба монанди маориф, тиб, сохторҳои қудратӣ, чун онҳо бо инсон сари кор мегиранд.

ММТ 12–15 ва 24-26-уми август ду маротиба тақсимоти такрорӣ мегузаронад, то довталабон барои ҷойҳои холимонда бори дигар имкон ёбанд.

Инчунин ММТ бори аввал нақша дорад, ки моҳи сентябр даври нави қабулро роҳандозӣ кунад, то нақшаи қабул иҷро шавад.

Сабзаалӣ Ҷаъфарзода, директори ММТ, дар нишасти матбуотӣ гуфт, ин марҳила нав буда, ҳама имкони иштирок дар онро доранд, вале ҷой ва ихтисосҳо маҳдуданд.

Идибеки САИД

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь