Ҷавонон қишри пешрафта ва навовари ҳар ҷомеа маҳсуб меёбанд, ки бешак қисми зиёди онҳоро донишҷӯён ташкил медиҳанд. Феълан ҷавонони мо низ дар рушду нумӯъи кишвари азизамон саҳми бориз доранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ пайваста иброз медоранд, ки ҷиҳати соҳибкасб намудани аҳолӣ ва ҳарчӣ зудтар ба касбомӯзӣ ҷалб кардани ҷавонон бояд тадбирҳои зарурӣ ба роҳ монда шавад.

Вале дар байни донишҷӯёни мо кам нестанд, онҳое, ки кӯркӯрона ба донишгоҳ дохил шудаву аз моҳияти ихтисоси худ огоҳии кам доранд. Барои интихоби ихтисоси баъзеҳо волидон сабаб мешаванду ҷавонон ба ихтисосҳои ғайрихоҳиши хеш дохил мешаванд.

Барои чандандешӣ мо хостем, назари хабарнигори рӯзномаи “Хатлон” – Ҷасури Қиёмиддинро дар интихоби ихтисоси ҷавонон ва таваҷҷӯҳи кам зоҳир намудани онҳо пурсон шудем:

“Сабаби асосии тасодуфан дохил шудани довталабон ба донишгоҳҳо ба тасодуфӣ интихоб кардани ихтисосҳо аст. Дар интихоби ихтисос худи довталабон беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд ва мутаассифона бо сабаби надоштани фаҳмиши казоӣ доир ба кӣ шудан дар оянда онҳо ба ихтисосҳое ки шавқу ҳавас надоранд дохил мешаванд. Вақте довталаб дар имтиҳони ММТ барои дохил шудан ба ихтисоси табъи дил холи муносиб намегирад, баъдан ба ихтисосҳои дигар, ки дар руйхати ӯ мавҷуданд, дохил мешавад, ки дар натиҷа ҳам донишҷӯ ба ҷои номувофиқ меафтад, ҳам ихтисос бо “шахси нолозим” пур мешавад.” – мегӯяд ӯ.

Яке аз роҳҳои пешгирии шомилшавии тасодуфии донишҷӯён ба донишгоҳу донишкадаҳо ин гузаштан аз низоми таҳсилоти тестӣ ба низоми анъанавӣ ва ҷорӣ кардани имтиҳонҳои амалӣ мебошад. Агар ин як паҳлуи масъала бошад, паҳлуи дигар дилсардӣ, надоштани фаҳмиши казоии хатмкунандагони мактабҳои миёна дар бобати имтиҳонҳои ММТ ва аз тарафи дигар камаҳамиятии волидон мебошад. Воқеан ҳам баъзе волидон оиди дар оянда кӣ шудани фарзандони хеш замоне фикр мекунанд, ки аллакай онҳо хатмкунанда мешаванду дигар ба тайёрӣ ҳам имкон надоранд. Имрӯз нарасидани мутахассисони касбӣ дар баъзе соҳаҳо ба назар мерасад, аммо то ҳанӯз ҳастанд ҷавононе, ки бо баҳонаи набудани ҷои кор рӯ ба муҳоҷирати меҳнатӣ меоранд. Бояд мо дуруст дарк намоем, ки муҳоҷират ин дарди миллат аст. Оне, ки ба фоҷеа набудани муҳоҷират иддао мекунад, заррае ба миллати хеш садоқат надорад. Инро бо оддитарин мисолҳои мантиқӣ исбот кардан мумкин аст. “Фарзанди чун гул нозанини тоҷик имрӯз дар Руссия гастербайтер асту чӣ хел дили кас ба фарзандони ин миллати соҳибтамаддун насӯзад?!!” – гуфта буд Ҳошим Гадои раҳматӣ. Барои ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба мамолики бегона нарафтан интихоби касб нақши муҳим дорад.

Барои дар оянда ба комёбӣ ноил шудан пеш аз ҳама ихтисосро бояд дуруст интихоб намуд. Қисме аз онҳое, ки имрӯз дар ихтисосҳои гуногун таҳсил мекунанду шавқманди риштаҳои интихобкардаи худ нестанд, ояндаи худро барбод медиҳанд. Барои дар оянда мавқеи худро ёфтан моро мебояд ихтисосҳоямонро дуруст интихоб намоему пушаймон нашавем. Касбу ихтисос ин воситаест, барои ба муваффақият ноил шудан. Пас интихоби дуруст ояндаи моро месозад.

Ин мавзӯъ паҳлӯҳои гуногун дорад, ки ба шарҳу тавзеҳи коршиносон ниёз аст. Мо ҳамчун донишҷӯ ба ҳамин миқдор тавонистем, назари хешро баён созем.

Қаландар Норов, Дилнозаи Толиб – донишҷӯёни ДМТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь