Ман, ки солҳои зиёд дар соҳаи маориф аз омӯзгор то мудирии Шӯъбаи маориф, директори Омӯзишгоҳӣ касбӣ – техникӣ кор кардаам, пешниҳодҳоро дар мақолаи дар “Фараж” (№7, аз 3 феврали соли 2022) таҳти унвони “Дефитсити муаллим” хондам ва гуфта метавонам, ки пешниҳод саривақтӣ ва хеле ҳам дуруст мебошад.

Сабаби аз кори омӯзгорӣ даст кашидани омӯзгорон гуногун мебошад. Яке аз ин сабабҳо пардохти маоши кам қисман дуруст аст. Азбаски ман солҳои зиёд омӯзгор, ҷонишини директор, директори мактаб, 10 сол нозири идораи маориф ва зиёда аз 10 сол мудири маориф, директори Омӯзишгоҳи касбӣ-техники кор кардам, сабаби асосии рафтани омӯгор аз мактаб, ба фикри ман, паст будани дониши баъзе омӯзгорон, паст шудани сифати тарбия мебошад. Дар ҳақиқат дар шароити имрӯза баланд будани нархи наво, махсусан қимати маҳсулоти аввалия, аз қабили хӯрокворӣ бо маоши 600-800 сомонӣ зиндагиро пеш бурдан амри маҳол аст.

Сабаби дигари аз мактабҳо рафтани омӯзгорон аз тарафи маъмурияти мактабҳо ҷамъ намудани пули китобҳо, пули сӯзишворӣ, пули таъмири синфхонаҳо, пули журнали синфӣ, пули формаи мактабӣ, пули рӯзнома, галстук мебошад, ки мардуми деҳот асосан маблағ надоранд, вале роҳбарони мактабҳо, роҳбарони маориф талаб мекунанд, то пули дар боло гуфта шударо хонандагон биёранд. Бешак, вақте омӯзгор аз хонанда пул мепурсад, қадру қимати омӯзгор дар назди хонанда коста мешавад.

Солҳои Шӯравӣ чунин пулҷамъкунӣ набуд. Хуб мешавад, ки иҷораи китобҳои дарсӣ барҳам дода шавад, чунки дар иҷораи китоби дарсӣ аз Вазорати маориф сар карда, то намояндаҳои Шуъбаи маориф, директори мактаб, роҳбари синф, мудири китобхонаи мактаб шарик мебошанд.

Дар ҷумҳурӣ кам ё беш 4 ҳазор мактаб мавҷуд аст. Бояд дар назди ҳар мактаб мағозаи фурӯши китобҳо, формаи мактабӣ ва дигар маводҳои барои хонандагон зарурӣ ташкил карда шавад, ҳам муаллим аз ин дарди сар озод мешавад, ҳам чанд ҳазор нафар соҳиби ҷойи кор мегардаду аз ин ҳисоб барои давлат андоз месупорад. Агар чунин шавад, омӯзгорон аз ҷамъоварии пули китоб, формаи мактабӣ ва ғайра озод мешаванд. То иҷораи китоби дарсӣ, формаи мактабӣ барҳам дода нашавад, омӯзгорон дарс дода наметавонанд, чунки агар дар синф 30 нафар хонанда бошад, ҳар як омӯзгори фаннӣ аз 1-уми сентябр сар карда, то ҷамъоварии пурраи пули китоб як – як хонандаро хезонда, “пули китобро овардӣ?”- гуфта, 30-35 дақиқаи вақти дарсиро барбод медиҳад ва бо ҳамин вазифаи хонагӣ месупораду дарс тамом.

Агар иҷораи китобҳои дарсӣ барҳам дода нашавад, сифати таълиму тарбия беҳ намегардад ва обрӯи муаллим беҳ намешавад. Баъзан муаллимон маҷбур мешаванд, ки аз ҳисоби маошашон пули китоби фанниашонро пардохт намоянд, то аз танқиди директори мактаб халос шаванд.

Ҳамчунин, қобили тазаккур аст, ки дар баъзе мактабҳо роҳбарони синфҳо барои мавлуди муаллим пул аз хонанда талаб мекунанд, ки ин хуб нест.

Ғайр аз ин, дар мактабҳо баъзан барои журнали синфӣ, рӯзнома, галстук, бур, ҳезум ва ғайраҳо аз хонанда пул талаб мекунанд, ки шармовар аст. Охир дар деҳот на ҳар падару модар маблағ дорад…

Сабаби дигари коҳиши эътибори омӯзгор вақти холигӣ надоштани вай мебошад. Дар замони соҳибистиқлолии мамлакат ҳазорҳо мактабҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ бо дастури Пешвои Муазами миллат сохта шудаанд, вале баробари сохтани мактабҳои нав, синфхонаҳои куҳнаро барои чӯбу тахтаҳояш шуда канда мепартоянд, ки кори хуб нест.

Дар шароите, ки имрӯз тамоми маҳсулотҳои сохтмонӣ мавҷуд аст, биноҳои куҳна аз нав таъмир карда шавад, боз чанд даҳсолаи дигар кор медиҳад, яъне биноҳои куҳнаро наканда, балки аз таъмир бароварда, мактабҳоро ба як баст гузарондан лозим. Он гаҳ омӯзгор имконият меёбад, ки вақти холӣ ёбаду ба дарсҳо тайёрӣ бинад ва дар хоҷагиаш каме кор кунаду маблағи иловагӣ ба даст ораду зиндагиашро боз хубтар намояд.

Ман ҳам замоне директори мактаб будам ва мактабро ба як басти корӣ гузарондам. Омӯзгорону хонандагон дар як баст кор ва таҳсил карда, хеле хурсанд шуданд ва сатҳи зиндагиашон хуб гардид. Яъне вақти холигии муаллим муҳимтарин шарти нашъунамои ӯст. Омӯзгор бояд вақти холигӣ ва рӯзи истироҳатӣ дошта бошад, ки ба фаъолияти эҷодӣ машғул шавад ва ё неруи сарфкардаашро барқарор намояд. Зеро кори омӯзгорӣ ниҳоят душвор буда, сарфи бузурги қувваро талаб мекунад.

Чи тавре ки Президенти кишвар дар Паёми имсолаи худ иброз дошт, “бе рушди соҳаи маориф ягон қадам пеш рафта наметавонем”. Аз ин бар меояд, ки мактабҳоро ба як баст гардондан лозим аст, ки омӯзгор вақт ёбаду истироҳат намояд, қувваи эҷодии худро барқарор намояд.

Ғайр аз ин, омӯзгор аз ҷамъовари пули китоб, формаи мактабӣ, ҳезум, пули рузнома, галстук ва дигар чорабиниҳои мактабию ноҳиявӣ озод бошад. Хуб мешавад, ки маоши омӯзгор монанди Ҷумҳурии Ӯзбекистони бародар баланд бардошта шавад.

Хуб мешавад, ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба омӯзгорон имтиёзҳо пешбинӣ намояд, омӯзгоронро аз корҳои дуюмдараҷа озод карда, соати дарсиро аз 18 соат ба 14 соат расондан лозим аст. Чизи дигаре, ки дар ҷумҳурӣ мушоҳида мекунем, ин аст, ки роҳбарии мактабҳо аксаран ба дӯши занҳо мебошад, ин хеле хуб аст, вале занҳое, ки шавҳар надоранд, роҳбари мактаб набошанд, чунки онҳо намуна шуда наметавонанд.

Аз сӯи дигар, бояд директори мактабро омӯзгорони худи мактаб интихоб намоянд. Омӯзгорон роҳбари интихобкардаи худашонро ҳурмату эҳтиром мекунанд ва супоришҳояшро сари вақт иҷро менамоянд. Яъне директор аз ҳисоби омӯзгорони ботаҷриба, босавод, кордон, масъулиятшинос интихоб карда шавад. Агар чунин корҳо сомон дода шаванд, бешубҳа кори мактаб ва шуъбаҳои маориф рӯ ба беҳбудӣ меорад ва соҳаи маориф рушд мекунад.

Ман мехоҳам, ки дигарон дар ин бора фикрҳояшонро нависанд ва дар муҳокимаи ин масъалаи муҳим иштирок намоянд.

Искандар Сафаралиев,

собиқадори маориф аз ноҳияи Фархор. 

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь