23-юми декабри соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ қайд карданд, ки «Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст». Вақте ин суханҳоро шунидам, бори дигар боварӣ ҳосил кардам, ки ман дар интихоби касби омӯзгорӣ иштибоҳ накардаам. Зеро аз Паём бармеомад, ки соҳаҳои муҳими ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати Давлат ва Ҳукумат ба ҳисоб меравад ва бевосита зери назорати Президинти кишвар қарор дорад. Ман омӯзгори ҷавонам, соли 2022 Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистонро хатм карда, ҳамчун омӯзгори забон ва адабияти рус дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №53-и деҳаи Марғедари шаҳри Панҷакент ба фаъолият шурӯъ кардам. Мактаби мазкур яке аз мактабҳои пурнуфузи шаҳри Панҷакент ба ҳисоб рафта, ҳар сол аксари хатмкунандагони он ба муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбӣ дохил мешаванд. Агарчӣ ман ҳанӯз кадри ҷавонам ва таҷрибаи ками корӣ дорам, вале меҳри касби муаллимӣ ва меҳри кор бо кӯдакон дар дили ман сахт ҷой шудааст. Албатта, ин беҳуда нест, чунки муаллимӣ касбест, ки мо бевосита бо фарзандони мардум кор мекунем, насли наврасро ба роҳи рост ҳидоят менамоем ва дар рушду нумӯи кишвари азизамон бо тарбияи хуби шогирдон нақши худро мегузорем. Маҳз ҳамин гузоштани нақш дар тарбияи насли наврас моро ҳавасманд мекунад, ки худро узви комилҳуқуқи ин ҷомеа ҳисобем ва ҳастии худро ба мактабу маориф бахшем.

Ҷаноби Олӣ қайд карданд, ки «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад». Ин суханҳо далолат ба он мекунанд, ки Пешвои муаззами миллат ба мактаб ва муаллим таваҷҷуҳи махсус зоҳир мекунанд ва ба ин касб эҳтиром мегузоранд.

Пешниҳод менамоям, ки барои ҳарчӣ бештар ҷалб намудани муаллим ба мактаб ва фаро гирифтани кадрҳои ҷавон ба ин вазифаи пурмасъулият баъзе имтиёзҳои иловагӣ дар сатҳи маҳалҳо низ ба муаллим дода шавад. То онҷое огоҳем, ҳама муаллимҳо пеш аз ҳама ба хонаву дар эҳтиёҷ доранд ва маҳз масъалаи таъмини хонаву дар кадрҳои ҷавонро маҷбур мекунад, ки мактабро тарк кунанд ва ба муҳоҷират рӯ оранд. Бинобар ин, зарур аст, ки ба муаллимони ҷавон барои бунёди манзил замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуда, дар пардохти барқ, хизматҳои комуналӣ ва дигар хизматрасониҳо имтиёзҳо дода шаванд. Инчунин, дар сатҳи ноҳияҳо ба маоши муаллим иловапулиҳое ворид карда шаванд, ки сатҳи зиндагии муаллимро то андозае боло бардорад. Танҳо имтиёз ва дастгирӣ метавонад ба муаллим шароитеро фароҳам орад, ки ӯ ҳамаи корҳои дигарро як сӯ монда, фақат ба тарбия машғул шавад.

Маҳмадназарзода Дурахшон,

омӯзгори МТМУ №53, деҳаи Марғедар, Ш. Панҷакент

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь