Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ» хабарнигори МТЖТ бо директори муассисаи мазкур Ғафурӣ Зоир Саъдулло суҳбати ихтисосӣ анҷом дод ва фишурдаи он пешкаш мегардад.

Номбурда нахуст қайд кард, ки қобили зикр аст, ки суханронии пурмуҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи дониш саҳифаи наве дар таърихи маорифи кишвар, намунаи олии изҳори эҳтиром ба заҳмати аҳли мактабу маориф, хоса, омӯз­горон гардид.

Сарвари давлат зимни суханронӣ ба заҳмату та­лошҳои аҳли мактабу маориф баҳои баланд доданд ва таъкид карданд, ки омӯзгор шахсест, ки Инсон месозад, бо нури саводу маърифат ва илму дониш ҳаёти ҷомеаро равшан менамояд ва ояндаи давлату миллат, созандагону ободгарони ояндаи Ватан ба масъулият, маърифату маҳорати омӯз­­гор вобаста аст.

Таъкид доштанд: “…дар сурати заҳмати дилсӯзонаву содиқонаи омӯзгор наслҳое ба воя мерасанд, ки давлату миллат ба шарофати кору фаъолияти онҳо боз ҳам ободу зебо ва сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бамаротиб баланд мегардад…”.

Бинобар ин, ин баҳои Пешвои миллат мо – омӯзгоронро водор месозад, ки ҳарчи бештар беҳ­тару хубтар фаъолият намоем ва барои тарбияи насли ояндасози миллат дар руҳияи инсондӯстӣ, ватан­дорӣ, худшиносӣ, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунар роҳнамо бошем.

Ҳамагон шоҳид ҳастем, ки Пешвои муаззами миллат аз рӯзҳои нахустини роҳбарӣ ба мактабу маориф таваҷҷуҳи хоса доштанд, дар душвортарин марҳалаҳо ҳам лаҳзае таълиму тарбияи насли наврас ва мактабу маорифро аз мадди назари худ дур нагузоштанд. Дар сиёсати хеш пайваста соҳаи маорифро ба самти афзалиятнок табдил доданд ва ин сиёсат сиёсати маорифпарварона ном гирифт.

Зимнан, Пешвои муаззами миллат ба масъулин маслиҳат ва роҳ нишон доданд, ки: “Барои расидан ба ҳадафи беҳтар намудани сифати таҳсилот, дар навбати аввал, баланд бардоштани сатҳи касбияти кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсии мутобиқ ба талаботи меъёрӣ, инчунин, таъминот бо имкониятҳои таълимиву методӣ, аз ҷумла таҷҳизоти озмоишгоҳӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва мунтазам гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ва бозомӯзӣ зарур аст”.

Чӣ тавре гуфта шуд, дар иртибот ба ин, Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолияти худро дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, консепсияву стратегияҳо, барномаҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа ба роҳ монда, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи кории Коллеҷ корҳои муайянеро ба сомон расонид.

Маълумоти фишурда

Чунончӣ ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ» дар заминаи Омӯзишгоҳи омӯзгории занонаи шаҳри Сталинобод бо қарори Совети Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 31 августи соли 1946, №677 таъсис дода шудааст. Соли 1963 бо қарори Шурои Вазирони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таҳти №1 Омӯзишгоҳ тағйири ном намуда, ба Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Н.К.Крупская гузошта шуд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июли соли 1999, №262 Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба Коллеҷи омӯзгорӣ табдил дода шуда, дар сохтори Донишгоҳи омӯзгории давлатии Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷураев маъқул дониста шуд.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 октябри соли 2010, №597 Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе ба “Коллеҷи омӯзгории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ” табдил дода шуд. Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145 «Дар бораи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ» табдили ном кардааст.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 майи соли 2024, №292 ба номгӯйи ташкилотҳои низоми Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мебошад.

Натиҷагирӣ

Ҳамсуҳбати мо афзуд, ки сохтори Коллеҷ аз 3 факултет, аз ҷумла, факултети филология ва таърих, факултети забонҳои хориҷӣ, факултети табиӣ-риёзӣ, педагогика ва психология, шуъбаи ғоибона ва 7 кафедра иборат буда, тибқи Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ Т-ИФ № 0003908 аз 10.07.2023 дар заминаи синфи 9 ва 11 аз рӯйи 16 ихтисос дар самтҳои омӯзгорӣ ва мураббияҳои муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ мутахассисонро омода менамояд.

Айни замон, дар Коллеҷ 2148 донишҷӯ таҳсил менамоянд, ки аз ин шумора дар шуъбаи рӯзона 1230 нафар ва дар шуъбаи ғоибона 918 нафар мебошад.

Раванди таълим дар Коллеҷ дар асоси низоми кредитӣ ба роҳ монда шуда, машғулиятҳои таълимӣ мувофиқ ба талаботи замон бо истифодаи технологияҳои муосир гузаронида мешаванд. Банақшагирӣ ва ташкили раванди таълим дар як соли таҳсил дар асоси нақшаҳои таълимии намунавии таҳияи солҳои 2017 ва 2018 ва тақвими академӣ, ки ҳамасола аз тарафи директор ва бо қарори Шурои омӯзгорон (олимон)-и муассиса тасдиқ карда мешавад, ба роҳ монда шудааст.

Фаъолону ғолибон

Номбурда изҳор дошт, ки роҳбарияти Коллеҷ ҷиҳати омода намудани донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва олимпиадаҳои фаннӣ пайваста талоҳ меварзад. Дар ин самт омӯзгорони кафедраҳои фанҳои табиӣ ва математика ва информатика кӯшишҳои назаррас ба харҷ медиҳанд. Натиҷаи ҳамин заҳматҳои омӯзгорони муассиса буд, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ аз фанни биология донишҷӯйи курси 4-уми ихтисоси Биология – Кабирова Ҷонона Файзалиевна ҷойи дуюмро ишғол намуд.

Дар даври ноҳиявии озмуни “Илм фуруғи маърифат” аз фанни география донишҷӯйи курси 3, ихтисоси География – Рафизода Роҳила сазовори ҷойи якум ва аз фанни биология Умархонзода Субҳия- донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси таҳсилоти ибтидоӣ сазовори ҷойи дуюм гардиданд.

Ҳамин тариқ, дар Коллеҷ ҷиҳати иҷрои саривақтии талаботи бандҳои Барномаи мазкур аз тарафи масъулин кӯшишҳо ба харҷ дода мешавад.

 Базаи кадрӣ

Инчунин ҳамсуҳбати мо дар хусуси базаи кадрии коллеҷ иттило дода, қайд кард, ки тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати моҳи ноябри соли ҷорӣ 216 нафар корманд фаъолият менамоянд, ки аз он 110 нафарашон занон (51%)-ро ташкил медиҳад.

Аз шумораи умумии кормандон 168 нафарашонро омӯзгорон (85 зан) ташкил дода, аз он 140 нафар асосӣ (74 зан) ва 28 нафар омӯзгорони муштарак (11 зан) мебошанд.

Айни замон, дар Коллеҷ 9 нафар (2 зан) кормандону омӯзгорони асосӣ дорои дараҷа ва унвони илмӣ мебошанд, ки 6,4%-ро ташкил медиҳад.

Дар давраи ҳисоботӣ 66 нафар ба кор қабул гардида, 69 нафар аз кор озод карда шудаанд, ки аз миқдори аз кор озодшуда, 9 нафарашон омӯзгорони муштраккор мебошанд.

Ҳамзамон, дар ҷадвали басти вазифавии кормандон 5 воҳиди кории нав таъсис дода шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ ба муносибати ҷашни Рӯзи модар 107 кормандон аз ҳисоби занону бонувон бо маблағи 200 сомонӣ, тамоми кормандон ба муносибати Рӯзи омӯзгор бо маблағи 235 сомонӣ, 7 нафар корманд барои фаъолияти хуби корӣ бо маблағи 500 сомонӣ ва 1 нафар бо маблағи 2000 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Инчунин, 2 нафар бо нишони “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва 2 нафари дигар бо Ифтихорномаи Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардид.

Барои тасдиқи рисолаи номзадӣ 2 нафар омӯзгорон ҳар кадом бо маблағи 2000 сомонӣ ҳавасманд гардонида шуданд.

Қобили зикр аст, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус назорати интизоми меҳнат мебошад. Интизоми меҳнат аз ҷониби корфармо бо роҳи муҳайё намудани шароитҳои зарурии ташкилӣ ва иқтисодӣ барои меҳнати фардӣ ва коллективӣ, муносибати бошууронаи кормандон ба меҳнат, усулҳои боваркунонӣ, ҳавасмандгардонӣ барои меҳнати содиқона, ҳамчунин, татбиқи ҷазои интизомӣ барои вайрон намудани интизоми меҳнат таъмин мегардад.

Вобаста ба ин, дар давраи ҳисоботӣ ҳар субҳ дар даромадгоҳи бинои асосӣ дар китоби омаду рафти кормандон бо гузоштани имзо интизоми меҳнатӣ кормандон назорат карда шуд. Ҳамзамон, масъалаи мазкур ҳар ҳафта дар ҷаласаҳои назоратии назди директори муассиса мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.

Самт ва тарбия

Дар идомаи суҳбат номбурда тазаккур дод, ки самти дигари фаъолияти Коллеҷ самти корҳои илмӣ ва инноватсионӣ ба шумор меравад. Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар Коллеҷ аз рӯи самтҳои зерин роҳандозӣ карда мешаванд: пажӯҳиши таърихи забон ва адабиёти тоҷик ва халқҳои гуногуни ҷаҳон аз давраи бостон то имрӯз; таҳқиқи усулу методҳои таълими фанҳои гуманитарӣ, табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ ва ғайра.

Яке аз ҳадафҳои асосии роҳбарияти муассиса ин баланд бардоштани иқтидори илмии муассиса ва дар ҳамин замина тайёр намудани кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмидошта мебошад. Бо ин мақсад, айни замон, 11 нафар омӯзгорони муассиса дар зинаи докторантура аз рӯи ихтисос ва 3 нафар унвонҷӯ дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб гардидаанд.

Дар Коллеҷ дар баробари самтҳои таълим ва илм ба масъалаи тарбия таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад ва бо мақсади пешбурди идеологияи миллӣ баҳри таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстии ҷавонон, баланд бардоштани маърифату ҷаҳонбинии онҳо, боло рафтани эҳсоси арҷу эҳтиром ба муқаддасот ва арзишҳои волои фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷавонону наврасон ба ҷараёну равияҳои экстремистӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим пайваста чораҳои судманд андешида мешавад. Дар муассиса тарбияи ахлоқӣ, фарҳангӣ, эстетикӣ, варзишӣ ва меҳнатии донишҷӯён дар доираи талаботи “Консепсияи миллии тарбия” ба роҳ монда шудааст. Дар Коллеҷ сексияҳои варзишӣ ва ансамбли ҳаваскорон низ фаъолият менамояд.

Базаи моддӣ-техникӣ

-Коллеҷ дорои 3 бинои таълимӣ бо фарогирии 46 синфхонаи фаннӣ бо теъдоди 1094 ҷойи нишаст дар як баст, 2 озмоишгоҳи таълимӣ бо теъдоди 48 ҷойи нишаст, маркази тестӣ барои қабули имтиҳонот бо 62 компютер ва 4 синфхонаи компютерӣ бо 78 компютер, парки технологӣ, хобгоҳ иборат аз се ошёна, китобхона бо ҳуҷраи нигаҳдории китоб ва толори хониш бо 50 ҷойи нишаст, як бунгоҳи тиббӣ, ошхона ва майдончаи варзишӣ иборат мебошад.

Сомонаи Коллеҷ бо номи www.koshd.tj дар шабакаи глобалии интернет ҷойгир гардидааст. Дар муассиса почтаи электронӣ бо номи kolleji-omuzgori@mail.ru барои қабул ва ирсоли ҳуҷҷатҳои шакли электронӣ миёни Коллеҷ ва сохторҳои он бо вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳои дохил ва хориҷи кишвар фаъолият дорад.

Бояд қайд кард, ки ҷиҳати иҷрои банди мазкури Барнома ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълим пояҳои миддию техникии Коллеҷ пайваста таҳким дода мешавад. Бо мақсади баланд бардоштани дониши донишҷӯён аз фанни технологияи информатсионӣ ва кор бо компютер дар давраи ҳисоботӣ дар назди факултетҳои табиӣ-риёзӣ, педагогика ва психология 2 синфхонаи компютерӣ, забонҳои хориҷӣ 1 синфхонаи компютерӣ ва филология ва таърих 1 синфхонаи компютерӣ ташкил карда шуд, ки дарсҳои фанни мазкур дар онҳо баргузор карда мешаванд. Синфхонаҳои мазкур инчунин бо тахтаҳои электронӣ ва проекторҳо ҷиҳозонида шудааст,- афзуд номбурда.

Филология ва таърих

Мавсуф инчунин қайд кард, ки дар факултети филология ва таърих донишҷӯён аз рӯйи ду ихтисос дар заминаи синфи 11 ва 1 ихтисос дар заминаи синфи 9 ба таҳсил фаро гирифта шудаанд:

1.Забон ва адабиёти тоҷик (заминаи синфи 11 ва 9);

2.Таърих (заминаи синфи 11).

Факултет дорои 7 синфхона мебошад ва дар як баст 192 ҷойи нишаст муҳайё гардидааст. Ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ дар синфхонаҳои факултет 2 смартдоска, 2 проектор ва 2 тахтаи электронӣ насб карда шудааст ва омӯзгорон аз онҳо дар раванди дарс самаранок истифода мебаранд.

Дар сохтори факултет кафедраи забон ва адабиёти тоҷик ва кафедраи таърих ва ҷомеашиносӣ фаъолият менамоянд.

Забондонӣ-ҷаҳондонӣ

Ҳамзамон, дар ҷараёни суҳбат номбурда изҳор дошт, ки дар факултети забонҳои хориҷӣ донишҷӯён аз рӯйи 4 ихтисос дар заминаи синфи 11 ва 2 ихтисос дар заминаи синфи 9 ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, аз ҷумла: Забон ва адабиёти рус (заминаи синфи 11 ва 9), забони хориҷӣ (англисӣ-русӣ) (заминаи синфи 9), забони хориҷӣ (англисӣ) (заминаи синфи 11), забони хориҷӣ (олмонӣ) (заминаи синфи 11), забони хориҷӣ (хитоӣ) (заминаи синфи 11).

Барои таълими забони англисӣ, забони олмонӣ, забони хитоӣ ва забони русӣ тайёр намудани омӯзгорон ба факултет беҳтарин устодони дорои дараҷа ва унвонҳои илмӣ ҷалб гардидаанд. Дар факултет 21 синфхона мавҷуд аст ва дар як баст 374 ҷойи нишаст муҳайё гардидааст. Аз ин шумора 2-тои онро синфхонаи лексионӣ ташкил медиҳанд. Дар факултети мазкур низ барои дар сатҳи баланд баргузор намудани машғулиятҳо 2 смартдоска, 4 проектор бо 4 тахтаи электронӣ фаъол мебошад.

Дар сохтори факултет кафедраҳои зерин мавҷуд мебошад: кафедраи забонҳои хориҷӣ ва кафедраи забон ва адабиёти рус.

Табиӣ-риёзӣ, педагогика ва психология

Мавсуф зикр дошт, ки дар факултети табиӣ-риёзӣ, педагогика ва психология донишҷӯён аз рӯйи 7 ихтисос дар заминаи синфи 11 ва 5 ихтисос дар заминаи синфи 9 ба таҳсил фаро гирифта шудаанд: таҳсилоти ибтидоӣ (заминаи синфи 11 ва 9), таҳсилоти томактабӣ (заминаи синфи 11 ва 9), биология (заминаи синфи 11 ва 9), география (заминаи синфи 11 ва 9), биоэкология (заминаи синфи 11 ва 9), математика-информатика (аз синфи 11), математика (аз синфи 11).

Дар факултет 20 синфхонаи таълимӣ бо 280 ҷойи нишаст дар як баст мавҷуд мебошад. Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани машғулиятҳои назариявӣ ва амалӣ 2 смартдоска, 5 проектор ва 4 тахтаи электронӣ фаъол ҳастанд. Ҳамчунин, факултет дорои 2 синфхонаи лабораторӣ: лабораторияи физика ва химия мебошад.

Дар сохтори факултет кафедраи педагогика ва психология, кафедраи математика ва информатика, кафедраи фанҳои табиӣ фаъолият менамоянд.

Шуъбаи ғоибона

Шуъбаи ғоибона аз рӯйи ихтисосҳои зерин мутахассисонро омода менамояд:

  1. Забон ва адабиёти тоҷик, биология, таърих, биоэкология, забон ва адабиёти рус, география, таҳсилоти ибтидоӣ, математика-информатика, таҳсилоти томактабӣ, математика.

Ҳоло дар шуъбаи ғоибона мутахассисон дар самтҳои омӯзгорӣ ва мураббияҳои таҳсилоти томактабӣ ба камол расонида мешаванд.

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь