Маъмурияти Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Ҷайҳун» фаъолияти кори худро дар асоси Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»,  «Дар бораи маълумоти ибтидоии касбӣ», Оиннома ва санадҳои меъёрии стандарти давлатии таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷайҳун ба роҳ мондааст.

Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир

Дар литсейи касбии техникии ноҳияи Ҷайҳун «Маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир» фаъолият намуда истодааст. Дар баробари ба кор шурӯъ намудани марказ, нақша- чорабинӣ ташкил намуда, дар асоси нақша фаълолият карда истодааст.

Аз тарафи директори муасисса ба маркази ҳунарҳои миллӣ ва муосир утоқи кори ҷудо карда шуда, номгӯйи касбу ҳунарҳо дар роҳрави бинои таълимӣ насб карда шудааст, аз ҷумла «Гӯлдуз», «Дӯзанда», «Қӯроқдӯз» «Оҳангар», «Кандакор» ва «Сабадбоф». Барои баланд бардоштани ҳунарҳои миллӣ ва муосир, соҳибкасб намудани шаҳрвандон, бо ҳунармандон ҳунарҳои мардумӣ ва миллӣ ҳамкорӣ карда истодааст.

Маркази «Ҳунарҳои миллӣ ва муосир» барои ҷалби шаҳрвандон, занону духтарони хонашин эълону буклетҳо омода карда, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда, тақсимот карда истодаанд.

Теъдоди хонандагон

Дар литсейи касбии техникии ноҳияи Ҷайҳун дар соли хониши 2022-2023, ёдаҳ нафар нимятим таҳсил намуда истодаанд.

Аз дигар ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар литсейи касбии техникии ноҳияи Ҷайҳун дар соли хониши 2022-2023, понздаҳ нафар хонанда таҳсил менамоянд.

-ҳамагӣ -274  нафар, аз  ҷумла, 68 духтар;

-дар заминаи синфи 9 – 138 нафар, аз ҷумла, 62 духтар;

-дар заминаи синфи 11 – 36  нафар, аз ҷумла, 6 духтар;

– хатмкунандагон – 97 нафар, аз ҷумла, 36 духтар;

-дар заминаи синфи 9 – 86  нафар, аз ҷумла, 33 духтар;

-дар заминаи синфи 11- 13 нафар, аз ҷумла, 3 духтар;

– шартномавӣ 11 нафар, аз ҷумла, 3 духтар;

Омодагӣ ба соли нави таҳсил

Барои тайёр будан ба соли таҳсили 2022-2023 дар муассисаи таълимӣ ҳамаи синфхонаҳо, роҳравҳо ва озмоишгоҳҳо таъмир карда шуда, ба соли таҳсил омода шуданд.

– мавҷудияти Иҷозатнома оид ба пешбурди фаъолияти таълимӣ:

Оиди пешбурди фаъолияти таълимӣ, Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Ҷайҳун» дорои иҷозатномаи Т-ИФ №0000902, аз 30.03.2021 мебошад, ки аз тарафи Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст.

Номгӯи ихтисосҳо

Тибқи замимаи Иҷозатнома дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Ҷайҳун» аз рӯи 10 ихтисос, аз қабили Тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ, Кафшергари газию барқӣ, Системаи компютер ва Интернет технология, Дӯзанда, Ҳисобдор (бо донистани компютер), Дуредгар, Монтёри барқи оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, Челонгари таъмири автомобил (ронандаи дараҷаи «С»), Чӯбтарош бинокор, Таъмиргари яхдон ва асбобҳои хизмати маишӣ, дар заминаҳои синфҳои 9 ва 11 хонанда қабул карда мешавад.

Дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии техникии ноҳияи Ҷайҳун» аз рӯи 6 ихтисос Тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ, Кафшергари газию барқӣ, Системаи компютер ва Интернет технология, Дӯзанда, Ҳисобдор (бо донистани компютер), Монтёри барқи оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ, дар заминаҳои синфи 9 ва 11 хонанда қабул карда шуд.

Курсҳои кутоҳмуддат

– теъдоди қабулшудагон аз рӯи касби «Дӯзанда» 17 нафар;

– теъдоди қабулшудагон аз рӯи касби «Кафшергари газию барқӣ» 35 нафар;

Ҳамагӣ – 52  нафар;

– теъдоди хатм кардагон аз рӯи касби «Дӯзанда» 17 нафар;

– теъдоди хатм кардагон аз рӯи касби «Кафшергари газию барқӣ» 35 нафар;

Ҳамагӣ  – 52 нафар;

Таъминоти кадрӣ

Теъдоди омӯзгорони асосӣ, ҳамагӣ 15 нафар, аз ҷумла, 8 нафар зан;

– бо  таҳсилоти олии касбӣ: ҳамагӣ 12 нафар, аз ҷумла, 7 нафар зан;

– бо таҳсилоти миёнаи касбӣ: ҳамагӣ 3 нафар, аз ҷумла, 1 нафар зан;

– бо таҳсилоти ибтидоии касбӣ: ҳамагӣ нафар, аз ҷумла, нафар зан;

Теъдоди устоҳои таълими истеҳсолӣ, ҳамагӣ 9 нафар, аз ҷумла, 4 нафар зан;

– бо таҳсилоти олии касбӣ: ҳамагӣ 2 нафар, аз ҷумла 1 нафар зан;

– бо таҳсилоти миёнаи касбӣ: ҳамагӣ 6 нафар, аз ҷумла, 2 нафар зан;

– бо таҳсилоти ибтидоии касбӣ: ҳамагӣ 3 нафар, аз ҷумла, 2 нафар зан;

Корҳои таълим

Дар муассисаи таълимӣ дарсҳо аз рӯи ҷадвали дарсӣ, ки бо имзо ва муҳри директори муассисаи таълимӣ тасдиқ карда шудааст, гузаронида мешаванд. Ҳама ҷараёни таълиму тарбия аз рӯи нақшаҳои таълимӣ, нақшаи солонаи литсейи касбии техникӣ, ҷадвали дарсҳои амалӣ, назарявӣ ва ҷадвали дуюми чорабиниҳои беруназсинфӣ ба роҳ монда шудааст.

Мувофиқи нақша ва барномаҳо аз рӯи 6-ихтисос ва 71 – фанҳои умумитаълимӣ ва тахассусӣ дар 15-гурӯҳ дарс гуфта мешавад.

Мувофиқи нақша-чорабиниҳо дар соли хониши 2022 -2023 дарсҳои кушод аз фанҳои Химия, Қоидаҳои ҳаракати роҳ, Информатика, Биология, Трактор, Физика, Алгебра гузаронида шудаанд. Омӯзгорон дар ин дарсҳо иштирок карда, дарсҳоро таҳлил намудаанд. Дар ин раванд низ омӯзгорони ҷавон ба омӯзгорони собиқадор вобаста карда шуда, таҷрибаивазкунӣ намуда истодаанд.

Инчунин, мувофиқи нақша ҳафтаи фаннӣ аз фанҳои Химия, Биология, Тарбияи ҷисмонӣ, Физика, Алгебра, Трактор ва автомобил, Информатика Қоидаҳои ҳаракати роҳ гузаронида шуда, хонандагон аз ин фанҳо дар ҷамъомадҳои хонандагон оиди навгониҳо баромад менамоянд.

Дар асоси мактуби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақша чорабиниҳо, оиди гузаронидани даври якуми олимпиадаи фаннӣ байни хонандагони ЛКТ-и н.Ҷайҳун, аз фанҳои Забон ва адабиёти тоҷик, Забони русӣ, Физика, Математика, Биология, Химия, Таърих, Ҳуқуқ, гузаронида шуд, ки ғолибон ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ байни хонандагони таҳсилоти ибтидоии касбӣ роҳхат гирифтанд.

Озмуни “Фурӯғи субҳи донӣ китоб аст” дар моҳи апрели соли 2022 дар муассисаи таълимӣ баргузор гардид, ки дар он 23 нафар иштирок намуда, 5 нафарашон ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифтанд.

6 нафар хонандагони муассисаи таълимӣ дар озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” аз фанҳои алгебра, физика, химия, технологияи иттилоотӣ, география, биология, иштирок намуданд.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь