Бо мақсади ошноӣ аз фаъолияти Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон» хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо ректори муассисаи мазкур Ибодзода Зарина суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Мавсуф дар оғози суҳбат ба мо изҳор дошт: Соҳаи маориф дар ҳаёти ҷомеа нақши калидӣ дорад, аз ин рӯ, дар Паёми навбатии худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд: “Дар даврони соҳибистиқлолӣ мо бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалиро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор додем.

Зеро мо чунин мешуморем, ки бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад”.

Номбурда дар рафти суҳбат қайд намуд, ки фаъолияти донишкада дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” (аз 22-июли соли 2013, №1004), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ”, Низомномаи намунавии муассисаи таҳсилоти миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.02.2009 с., №126), Низомномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон Стандарти давлатии таҳсилоти миёнаи касбӣ,  “Консепсияи ислоҳоти таҳсилоти тиббӣ ва фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Консепсияи миллии тарбияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (ҚҲҶТаз 3-марти соли 2006, №94), “Барномаи давлатии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Барномаи давлатии такмили забонҳои англисӣ ва русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ”, Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Оинномаи донишкада, фармоишу супоришҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумуҳури Тоҷикистон, инчунин дигар санадҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ва нигаҳдории тандурустӣ фаъолияти худро бароҳ мондааст.

Таҳсил дар донишкада бо принсипҳои дастрас будани он вобаста ба қобилият, истеъдод ва талаботи ҳар як шахс, муайян намудани самтҳои афзалиятноки пешрафти илму техника, технология, инчунин тайёр намудани мутахассисон, тарбияи шаҳрвандӣ, ҳифз ва рушди дастовард ва анъанаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ҳамоҳангсозии низоми он бо фазои ҷаҳонии таҳсилот, мунтазамӣ ва давомнокии раванди таълим асос меёбад.

Омодасозии кадрӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда изҳор дошт, ки донишкада дар се факултет аз рӯи 5 ихтисос: «Кори тиббӣ-психологӣ», «Кори иҷтимоӣ», «Кори табобатӣ», “Фармасевтӣ” ва “Стоматология” мутахассисони соҳаи тибро дар самти кӯмаки психологӣ, иҷттимоӣ расонидан ба шахсоне, ки мубталои бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ мегарданд, омода намуда, ҳамзамон барои омода намудани вирусолгҳо корҳои омодагиро ба роҳ монда истодааст.

Заминаи моддию техникӣ

Дар самти заминаи пояи моддию техникии донишкада дар семоҳаи соли равон як қатор корҳо ба сомон расонида шуд, аз ҷумла кликинаи донишкада (6 ошёна бо таҳхона) барои гузаронидани машғулиятҳои амалӣ, клиникӣ ва токлиникӣ аз фанҳои тиббӣ (ҷарроҳияи кӯдакона, ҷарроҳияи калонсолон, момодоягӣ), стоматологӣ, сохта ба истифода дода шуда фаъолияташро оғоз намуд.

Ҷиҳати пешбурди раванди таълиму тарбия дар сохтори донишкада 18 кафедра фаъолият дорад, ки аз ин теъдод 8 кафедраҳои тахассусӣ: фармакология, анатомияи патологӣ, стоматологияи муолиҷавӣ, акушерӣ ва гинекологӣ, бемориҳои кӯдакона, психологияи тиббӣ, беҳдошт ва экология ва кафедраи тарбияи ҷисмонӣ дар семоҳаи соли ҷорӣ таъсис дода шуданд, ҷиҳати ба мудирони кафедра ва омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ таъмин намудани кафедраҳои навтаъсис дар Васоита ахбори омма “Эълон” дода шудааст.

Кабинет ва озмоишгоҳҳои донишкада  (75 адад дар бинои асосӣ ва зиёда аз 50 адад дар клиникаи донишада) тибқи талаботи нақша ва барномаҳои таълимии фанҳои тадрисшаванда бо айёниятҳои таълимӣ ва таҷҳизотҳои техникӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд, аз ҷумла, синфхонаҳои таълимии донишкада бо 18 адад тахтаи электронӣ, 24 адад проектор, 123 адад компютер ва 4 синфхонаҳои имтиҳонӣ бо 80 адад компютер таъмин гардида, инчунин, китобхона электронӣ (12955 китобҳои электронӣ) ташкил карда шуда, ҳамаи онҳо  бо хатти ИНТЕРНЕТ пайваст карда шудаанд.

Ҳамзамон, барои гузаронидани дарсҳои амалӣ (клиникӣ ва то клиникӣ) ва таҷрибаомӯзии донишҷӯён, донишкада бо 24 муассисаҳои тиббӣ-профилактикии шаҳри Душанбе шартномаи ҳамкорӣ дорад.

Биноҳои таълимии донишкада ва роҳрави берунаи он бо 66 адад камераҳои назоратӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, ҷиҳати зимистонгузаронӣ  донишкада ба шабакаи ҷумҳуриявии гармидиҳӣ пайваст буда, тамоми синфхонаҳо ва кабинетҳои ҳайати профессорону омӯзгорон бо гармӣ таъмин карда шуданд.

Таъминоти кадрӣ

Мавсуф дар рафти суҳбат афзуд, ки ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада 159 нафар буда, аз ин  96 нафар омӯзгоронӣ асосӣ мебошанд, аз ҳисоби кормандони асосӣ 23 нафар мутахассисони дорои дараҷа ва унвони илмӣ буда, аз ин теъдод 8 нафар доктори илми тиб (3 нафар профессор) ва 13 нафар номзадҳои илм фаъолият доранд (4 нафар дотсент), ки сатҳи омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ дар донишкада 23,9%-ро ташкил медиҳад, ҳамзон 15 нафар омӯзгорони дорои дараҷа ва унвони илмӣ ҳамчун корманди беруна дар донишкада фаъолият доранд.

Ин рақамҳо далели онанд, ки нисбати солҳои пешин заминаи кадрии муассисаи таълимӣ ҳам аз ҷиҳати сифат ва ҳам аз ҷиҳати миқдор баланд гардидаву таҳким ёфтааст, кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ соли равон нисбати соли гузашта 8,9% зиёд гардидааст.

Дар ин раванд мавриди зикр аст, ки боз 15 нафари дигар омӯзгорони ҷавон ҳамчун унвонҷӯ, 7 нафар доктор (PhD) аз рӯи ихтисос ва 2 нафар докторант корҳои илмӣ-татқиқотии худро пеш бурда истодаанд.

Теъдоди умуми занҳои дар донишкада фаъолияткунанда 72 нафар буда, аз ин 9-нафарашон кадрҳои роҳбарикунанда буда, 5 нафаршон дорои дарҷа ва унвони илмӣ мебошанд.

Айни ҳол дар назди кафедраи ҷарроҳия 6 нафар ба корҳои илмӣ таҳқиқотии номзадӣ ва 2 нафар ба корҳои докторӣ машғул буда, корҳои илмии онҳо барои ба талаботи соҳаи тандурустӣ мувофиқ ва мусоидаткунанда будан, аз ташхиси экспертии кафедраи ҷарроҳия гузаштанд.

Донишҷӯёни донишкада

Дар идомаи суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки дар умум шумораи донишҷӯён дар донишкада, дар семоҳаи соли таҳсили 2021-2022 920 нафар донишҷӯёни донишкада 357 нафар донишҷӯдухтарон ва 563 нафарро донишҷӯписарон ташкил медиҳад, дар ин самт ҷиҳати ба донишкада бештар ҷалб кардани духтарони маҳаллӣ раёсати донишкада дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва бо васоити ахбори омма корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда истодаанд. Ҳамзамон, аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон 4-нафар ва аз Ҷумҳурии Ҳиндустон 11 нафар донишҷӯён дар донишкада ба таълим фаро гирифта шудаанд.

Фаъолияти таълимӣ

Дар рафти суҳбат номбурда иттило дод, ки барои ба сатҳи байналмилалии таҳсилот мувофиқ гардонидани раванди таълим, ки дар Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати мллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид карда шудааст, раёсати донишкада барои мувофиқ намудани нақшаҳои таълимии ихтисосҳои “Кори тиббӣ-психологӣ», «Кори иҷтимоӣ», «Кори табобатӣ», “Фарматсевтӣ” ва “Стоматология” аз таҷрибаи соҳаи тибби Ҷумҳурии Белорус ва Федератсияи Россия корро ба роҳ мондааст ва дар муҳлати наздиктарин нақшаҳои нави таълимӣ барои тасдиқ пешниҳод карда мешаванд.

Дар сессияи зимистонаи соли таҳсили 2021-2022 тибқи талаботи банди 79. Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба хусусияти касбии ихтисосҳои амалкунанда: «Кори тиббӣ-психологӣ», «Кори иҷтимоӣ», «Кори табобатӣ», “Фармасевтӣ” ва “Стоматология” фанҳои “Анатомияи одам”, “Гисталогия”, “Физиологияи нормалӣ, “Биология” “Химия”, “Химияи биологӣ”  ва “Забони лотинӣ”, ки барои омода намудани мутахассисони соҳаи тиб, заминагузоранд ба тариқи шифоҳӣ гузаронида шуда, қобилият маҳорат ва малакаи азбарнамудаи дониши донишҷӯён санҷида баҳогузорӣ карда шуд. Чунин шакли санҷиш собит намуд, ки донишҷӯён ба санҷишу имтиҳонҳо бо тайёрии беҳтар омода мешаванд. Аз ҷониби Маркази бақайдгирӣ ва имтиҳонии донишкада мунтазам саволномаҳои фаннии имтиҳонӣ ворид карда шуда, баъди тағирот (генератсия) намудан санҷишу имтиҳонҳо гузаронида шуда, мунтазам натиҷагирӣ ва дар ҷаласаҳои раёсат ва Шӯрои олимон мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.

Фаъолияти тарбиявӣ

Мавсуф дар идомаи суҳбат афзуд, ки фаъолияти корҳои тарбиявӣ дар донишкада тибқи талаботи “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” амалӣ гардида истода, дар ин самт дар донишкада дар семоҳаи соли ҷорӣ 2 миззи мудавар оид ба рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии тоҷикистон ва Рӯзи модарон ва 1 конференсия ташкил карда шуда, 1 чорабинӣ бо иштироки кормандони ҳифзи ҳуқуқ оид ба масъалаи шомил нагардидани донишҷӯён ба гурӯҳҳои террористӣ ва дигар гурӯҳҳои фаъолияташон дар қаламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шуда, ташкил ва гузаронида шуд.

Бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ дар санаи 17,03,22 сол мусобиқаи варзишӣ аз рӯи намуди тениси руйи миззӣ байни писарон ва духтарони донишҷуёни донишкада гузаронида шуда, ғолибони он бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шудананд.

Таҷрибаомӯзии таълимӣ – истеҳсолӣ

Дар рафти суҳбат номбурда қайд намуд, ки таълими амалии донишҷӯён дар асоси Низомномаи “Таълими амалӣ”, ки онро Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2009 тасдиқ намудааст, дар донишкада сурат мегирад. Таълими амалии донишҷӯён дар кабинетҳои қабликлиникӣ, кабинетҳои фаннӣ ва кабинетҳои таълимии заминаҳои таълими амалӣ ва инчунин дар ҳуҷраи беморон, бевосита дар назди бистари бемор, ҳуҷраҳои ташхисӣ-табобатӣ, дармонгоҳҳо ва амалиётгоҳҳои муассисаҳои тиббӣ амалӣ гардонида мешаванд. Таълими амалӣ зиёда дар 24 муассисаҳои тиббӣ ва фарматсевтии шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ дар асоси шартномаи тарафайн гузаронида мешавад. Шумораи ҳуҷраҳои таълимии амалӣ зиёда аз 30 ададро дар базаҳои тааҷрибаомӯзӣ ташкил мекунад.

Кабинетҳои таълимӣ бо аёниятҳо, асбобу анҷомҳо ва таҷҳизотҳои гуногун муҷаҳҳазонида шудаанд.

То имрӯз бо 24 муассисаҳои тиббӣ-профилактикӣ шартномаи ҳамкорӣ баста шудааст:

Таълими амалии донишҷӯён дар кабинетҳои фаннӣ ва кабинетҳои таълимии заминаҳои таълими амалӣ ва ҳуҷраҳои ташхисӣ-табобатӣ, дармонгоҳҳо, ва амалиётгоҳҳои муассисаҳои тиббӣ, муассисаҳои фарматсевтӣ дар асоси шартномаҳо мегузаранд.

Таълими амалӣ аз ҷониби мутахассисони соҳибтаҷриба, омӯзгорони соҳиби унвонҳои илмӣ, дараҷаҳои тахассусии омӯзгорӣ ва касбӣ дошта амалӣ гардонида мешаванд.

Тибқи нақшаи таълимӣ аз 19.03.2022 то 7.05.2022 ба муҳлати 6-7 ҳафта донишҷӯёни факултети “Кори ҳамширагӣ”, “Кори ҳамшираги дар косметология”, “Кори ҳамшираги бо таҳсилоти умумии асосӣ”  “Кори момодоягӣ” ба таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ сафарбар карда шуданд. Шумораи онҳо 205 нафар буда, айни ҳол ҳуҷатҳои лозима аз қабили рузномаҳо ва барномаҳои таҷрибаомӯзии донишҷӯёнро омода карда истодаем.

Ҳамкории байналмилалӣ

Мавсуф дар идомаи суҳбат афзуд, ки дар донишкада оид ба фаъолияти мутахассисони психологияи тиббӣ дар истеҳсолот ва кору фаъолияти онҳо дар муассисаҳои тиббӣ профилактикӣ аз Россия Алексей Владимирович доктори илми тиб, мутахассиси соҳаи психологияи тиббӣ, духтури оилавӣ даъват карда шуда, як ҳафта аз 21.02 то 26.02.2022 бо донишҷӯёни донишкада машғулияти самти психологияи тиббӣ гузаронид.

Айни ҳол дар донишкада 11 шаҳрвандони Ҷумҳурии Ҳиндустон ва 4 нафар донишҷӯёни Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳсил менамоянд.

Имрӯзҳо раёсат ва ҳайати профессорону омӯзгорони донишкада ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём аз 21 декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» қайд намудаанд, чораҳои амалӣ андешида, хусусан дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот, тайёр кардани кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ, омода намудани мутахассисони сироятшинос ва вирусологҳо кӯшиш ба харҷ дода истодаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь