Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи мазкур Бекмуродзода И.Б. суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат номбурда қайд кард, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ зикр намуданд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».

Муассисаҳои таълимӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда қайд кард, ки дар миқёси ноҳия 25 адад муассисаҳои таълимӣ фаъолият мебаранд, ки аз ин миқдор 21 адад муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 адад муассисаи таълимии давлатии   гимназияи №1, 1 адад муассисаи давлатии таълими томактабии «Ғунча», 1 адад интернати наздимактабӣ ва як адад Маркази таҳсилоти иловагӣ мебошад.

Рушди сармояи инсонӣ

Дар рафти суҳбат мавсуф қайд кард, ки дар муассисаҳои таълимии ноҳия вобаста ба таҳкими пойдории бузургтарин дастоварди замони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дарсҳои кушод ташкил ва гузаронида шуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ҷавонону наврасон гузаронида шуда истодааст.

Дар асоси қарори раиси ноҳияи Шаҳристон аз аз 28.03.2022 сол, №171 “Дар бораи татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2021-2025» дар ноҳияи Шаҳристон” дар шуъбаи маорифи ноҳия корбарӣ шуда истодааст. Дар мувофиқа ва ҳамкорӣ бо раёсату идораҳои ноҳиявӣ андешидани тадбирҳои зарурӣ бобати такмили заминаи инстутсионалии санадҳои меъёрию ҳуқуқии соҳа ва таҳияи консепсияву барномаҳои давлатии рақамӣ дар соҳаи маориф ва илм, ташкил намудани низоми хизматрасониҳои оммавии маҷозӣ оид ба иттилоотонии рақамӣ, омӯзонидани малакаи истифодабарии ТИК дар ташкилоту муассисаҳо, таъсис додани маркази омӯзишӣ ва такмили ихтисоси мутахассисон дар самти рақамикунонии соҳаи маориф ва илм, инчунин, такмил додани низоми мониторинг ва арзёбии натиҷаҳои таҳсилоти инфиродӣ, бахусус назорати сифати низоми кредитӣ, баҳогузории рейтингӣ ва баҳогузории фаъолияти омӯзгорон ба нақша гирифта шудааст.

-Дар асоси нақшаи чорабиниҳои Раёсати маорифи вилоят оид ба амалӣ намудани қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2-уми октябри соли 2010, №409 “Дар бораи тасдиқи Консепсияи раҳнамои касбии хонандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар муасссиаҳои таълимии ноҳия кабинетҳои технология бо маводҳои зарурӣ таҷҳизонида шудааст. Баҳри касбинтихобкунии хонандагон дарсҳои кушод аз фанни технология гузаронида шуда, бо одамони касбу кори гуногун дар рушди раҳнамои касбӣ мизи мудаввар ташкил ва гузаронида шудааст.

Инчунин, омӯзонидани ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шудааст

Бунёдкорӣ

Дар идомаи суҳбат номбурда афзуд, ки бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода додани 14-адад иншоотҳои соҳаи маориф ба нақша гирифта шуда, дар ин самт корбарӣ шуда истодааст. Дар соли 2022 сохта ба истифода додани 4-адад иншоотҳои соҳаи маориф ба нақша гирифта шудааст, ки дар ин давра 3-адад (сохтмони 2-адад синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ №17-и деҳаи Бӯстон, сохтмони 4 адад синфхонаҳои иловагӣ дар назди бинои МТМУ №11-и деҳаи Темурмалик ва сохтмони 4 адад синфхонаҳои иловагӣ дар назди МТМУ №20-и деҳаи Фирдавсӣ) барои истифодабарӣ супорида шудааст.

Забондонӣҷаҳондонӣ

Дар идомаи суҳбат мавсуф зикр намуд, ки баҳри забономӯзӣ ва пешрафти ҷомеа омӯхтани забонҳои русиву англисӣ дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардидааст, ки дар тамоми зинаҳои таҳсилот аз муассисаҳои томактабӣ сар карда, то гимназияву литсейҳо ва зинаҳои дигари таҳсилот ба таври ҳатмӣ омӯхтани забонҳои хориҷӣ, махсусан забонҳои русӣ ва англисиро дар муассисаҳои таълимии ноҳия беҳтар намуда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим корҳо дучанд гардида истодааст. Инчунин, ҷиҳати иҷрои фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13.09.2022, №1337 омӯзиш ва азёд кардани 400 вожаи серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар байни хонандагон вожаномаи мазкур паҳн карда шуда, дар роҳравҳои муассисаҳои таълимӣ шакли банерии вожанома насб карда шудааст.

Шуъбаи маорифи ноҳияи Шаҳристон ҷиҳати таъмини иҷрои Қарори раиси вилояти Суғд аз 28.10. соли 2019, таҳти №429, фармоиши сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд аз 05.11. соли 2019, таҳти №270, Қарори раиси ноҳияи Шаҳристон аз 27.12. соли 2019, таҳти №521 ва фармоиши шуъбаи маорифи ноҳия аз 30.12. соли 2019, таҳти №364 «Дар бораи амалӣ намудани «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», дар давоми нуҳ моҳи соли 2022 чора-тадбирҳои заруриро амалӣ намудааст.

Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия дар нуҳ моҳи соли 2022, 57 нафар омӯзгорони забони русӣ ва 55 нафар омӯзгорони ихтисосманди забони англисӣ фаъолият бурда истодаанд.

Дар нуҳ моҳи соли 2022 6 нафар омӯзгорони фанҳои забони русӣ ва англисӣ аз курси такмили ихтисос гузаштанд.

Дар МДТТ «Ғунча»-и ноҳия як гурӯҳ ташкил гардидааст, ки таълим бо забони русӣ ба роҳ монда шуда, дар он 28-нафар кӯдакон тарбия мегиранд.

Базаи моддӣтехникӣ

Дар ҷараёни суҳбат қайд кард ҳамсуҳбати мо, ки ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия бо тахтаҳои электронӣ ва проектрҳо таъмин мебошанд. Омӯзгорон ҳангоми баргузор намудани дарсҳояшон аз технологияи муосир истифода мебаранд. Инчунин, омӯзгорон аз ноутбукҳо ва планшетҳо барои беҳтар гардидани сифати таълим ва забономӯзии хонандагон истифода бурда истодаанд. Бахшида ба иди Наврӯзи байналмилалӣ дар деҳаи дурдасти ноҳия барои муассисаи таълимии №17 аз тарафи раиси ноҳия тахтаи электронӣ ва проектор тӯҳфа карда шуд, ки ин барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати таълим дар деҳаҳои дурдаст ёрии авалиндараҷа ҳисобида мешавад. Инчунин, дар арафаи Иди Дониш биноҳои иловагии назди муассисаҳои таълимии №11 ва 20-и ноҳия ба истифода дода шуда, аз тарафи раиси вилоят ба муассисаҳои мазкур 1 ададӣ тахтаи электронӣ бо проектор ва 11 адади компютери наву замонавӣ туҳфа гардид.

Дар муассисаҳои таълимии ноҳия синф-кабинетҳо ташкил карда шуда, аз тарафи омӯзгорони фаннӣ бо байнерҳо, асбобҳои айёнии замонавӣ ва дастисохт ороиш дода шудааст.

Иштирок дар озмун

Дар бобати иштирок дар озмунҳои минтақавӣ ва ҷумҳуриявӣ ҳамсуҳбати мо изҳор дошт, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 11.02.2021, №АП-44 дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат», қарори раиси вилояти Суғд аз 11.03.2022, №93 дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» дар сатҳи вилоят ва қарори раиси ноҳияи Шаҳристон аз 08.04.2022, №200 дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар сатҳи ноҳия дастрас гардида, дар асоси қарорҳои зикргардида корҳои зерин ба анҷом расонида шуд.

Дар давоми моҳи апрели соли равон даври аввали озмуни ҷумҳуриявии «Илм- фурӯғи маърифат» дар муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид, ки дар озмуни мазкур зиёда аз 640-нафар хонандагон иштирок намуда, дар даври дуюми озмун 174-нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия роҳхат ба даст гирифта буданд.

Дар асоси ҷадвали баргузории рӯзҳои озмун дар шаҳру ноҳияҳои вилоят даври дуюми озмун сани 15.05.2022, дар маркази ноҳияи Шаҳристон дар МТДГ№1 даври ноҳиявии озмуни «Илм- фурӯғи маърифат» баргузор гардид, ки дар озмуни мазкур намояндаи вилоят, намояндаи МИМҲД ноҳия ва дигар масъулини соҳа иштирок  намуданд.

Ба даври сеюми озмун 33-нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия ва 2- нафар донишҷӯёни литсейи касбии саноати кишоварзии ноҳия роҳхат ба даст оварданд.

Ғолибони даври ноҳиявии озмуни мазкур дар машварати августии кормандони соҳаи маориф бо мукофотҳои пулии раиси ноҳия ва дипломҳо қадрдонӣ гардиданд.

Даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявӣ “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” санаи

19 майи соли 2022 дар Қасри фарҳанги ноҳия баргузор гардида, дар он 209-нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда, аз онҳо 36-нафар хонандагон ба даври вилоятии озмун роҳхат ба даст оварданд. Ғолибони даври ноҳиявии озмуни мазкур дар машварати августии кормандони соҳаи маориф бо мукофотҳои пулии раиси ноҳия ва дипломҳо қадрдонӣ гардиданд. Дар даври вилоятии озмун 2-нафар ҷойи якум ва 1 нафар ҷойи дуюмро ишғол намудаанд.

Омодакунии кадрҳо

Дар рафти суҳбат номбурда тазаккур дод, ки дар соли таҳсили 2021-2022, 819-нафар хонандагон синфи 9-умро ва 631-нафар хонандагон синфи 11-умро хатм намуданд.

Дар ин давра ба Маркази миллии тестиии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хатмкунандагони синфи нуҳ 39-нафар ва аз ҳисоби хатмкунандагони синфи ёздаҳ 408-нафар ҳуҷҷат супориданд. Натиҷаи имтиҳонҳои   дохилшавӣ маълум гардид, ки 378-нафар ба донишгоҳу донишкадаҳои дохили кишвар дохил шуданд, ки аз ҳисоби шумораи умумии хатмкунандагон 60%-ро ташкил медиҳад. Тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 13/7 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия соҳиби номи донишҷӯӣ гаштанд. Берун аз ҳудуди кишвар, аз он ҷумла, ба донишгоҳҳои федератсияи Россия 47-нафар хатмкунандагон дохил шудаанд.

Иштироки дар олимпиадаҳо

Дар идомаи суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки дар даври вилоятии олимпиада аз муассисаҳои таълимии ноҳия дар маҷмӯъ 109 нафар хонандагони синфҳои 5-11 иштирок намуданд, ки аз байни иштирокчиён 10 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия (синфҳои 5-11) барои иштирок дар даври ҷумҳуриявии олимпиада роҳ ёфтанд.

Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи номӣ (синфҳои 11), ки санаҳои 16-17-уми апрели соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, 3 нафар хонандагони синфҳои 11-и муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда, аз байни онҳо хонандаи синфи 11-и МТМУ №9 Хоҷанов Сардор аз фанни таърих сазовори ҷойи якум гардид ва бо Дипломи дараҷаи 1 ва медали тиллои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд. Ҳамзамон, хонандаи синфи 11-и МТМУ №3 Абдуллоев Фаррух аз фанни таърих барои иштироки фаъолона бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.

Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи наврасон (синфҳои 7-8), ки санаҳои 29-30- юми апрели соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, хонандаи синфи 8-и МТМУ №3 Эшбекова Чарос аз фанни забони давлатӣ иштирок намуда, барои иштироки фаъолона бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.

Боиси хурсандист, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи наврасон (синфҳои 5-6), ки санаҳои 14-15-уми майи соли 2022 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, 4 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолона иштирок намуда, хонандаи синфи 6-и МТМУ №3 Хӯҷақулова Меҳрона аз фанни забони давлатӣ сазовори ҷойи 2-юм гардид.

Бо мақсади дастгирӣ ва ҳавасмандгардонии хонандагоне, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпияда муваффақ гардидаанд ва омӯзгорони онҳо санаи 20.05.2022 ба се нафар хонандагоне, ки дар даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии олимпида сазовори ҷойҳои   намоён   гардидаанд ва омӯзгорони онҳо аз тарафи раиси   ноҳия   маблағҳои туҳфавии яквақтина ба маблағи аз 500 сомонӣ то 1000 сомонӣ барои ҳар як нафар дар алоҳидагӣ супорида шуд.

Дар асоси Низомномаи олимпиадаи «Spelling Вее» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.10.2018, №18/6 тасдиқ гардидааст ва тибқи фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 24.12.2021, №345 “Оид ба ташкил ва гузаронидани олимпиадаи «Spelling Вее» байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар таътили зимистонаи соли хониши 2021-2022” бо мақсади баланд бардоштани шавқу рағбати хонандагон ба омузиши забони англисӣ санаи 04.01.2022, дар МТМУ №18 бо иштироки хонандагони синфҳои 5-7 олимпиадаи «Spelling Вее» аз фанни забони англисӣ баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур 39 нафар хонандагони синфҳои 5-7-и муассисаҳои таълимии №1,2,3,5,6, 8,9,12,13,14,16,18,19,20,21 ва Гимназия фаъолона иштирок намуданд.

Хонандагони мазкур аз рӯи натиҷаҳои бадастовардаашон ғолиб дониста шуда, дар даври минтақавии Олимпиада, ки санаи 21 феврали соли 2022 дар гимназияи №5-и шаҳри Истаравшан баргузор гардид, иштирок намуданд.

Хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия дар даври минтақавии олимпиада фаъолона иштирок намуда, аз байни иштироккунандагон хонандаи синфи 6-и МТМУ №13 Ҷаборалиева Башорат фаъолияти хуб нишон дода, барои иштирок дар даври вилоятӣ роҳхат гирифт.

Ҳамзамон, дар асоси Низомномаи олимпиада оид ба шоҳмот байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2018, №02/03 тасдиқ гардидааст ва дар асоси фармоиши    мудири шуъбаи маорифи ноҳия аз 24.12.2021, №346 “Оид ба ташкил ва гузаронидани Олимпиада оид ба шоҳмот байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар таътили зимистонаи соли хониши 2021-2022” бо мақсади дарёфт ва рушди хонандагоне,  ки қобилияти зеҳнии онҳо ба самти фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ нигаронида шудааст санаи 04.01.2022 дар МТМУ №18-и ноҳия даври ноҳиявии олимпиада оид ба шоҳмот баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур 41 нафар довталабон аз муассисаҳои таълимии ноҳия  иштирок  намуда, дар  байни  писарбачагони то 16 сола ғолибият  насиби  хонандаи синфи 7-и МТМУ №19 Эшмуродов Шаҳриёр гардид. Инчунин, хонандаи синфи 9-и МТМУ №9 Абдуллоев Муслимбек сазовори ҷойи 2-юм ва хонандаи синфи 8-и МТМУ №12 Маматқулов сазовори ҷойи 3-юм гаштанд. Ҳамзамон, дар байни духтарони синни то 16-сола ғолибият  насиби  хонандаи синфи  3-и МТМУ  №17 Юлдошева Тумарис гардид. Инчунин, хонандаи синфи 5-и МТМУ №18 Дилшодзода Омина сазовори ҷойи 2- юм ва хонандаи синфи 6-и МТДГ №1 Абдусаломова Шаҳодат сазовори ҷойи 3-юм гаштанд. Хонандагони мазкур барои иштирок дар даври вилоятии олимпиадаи мазкур роҳхат ба даст оварданд.

Хонандагоне, ки дар даври ноҳиявии Олимпиада сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, бо ифтихорномаҳои шуъбаи маориф қадрдонӣ гардиданд.

Инчунин, сол аз сол иштироки хонандагони фаъоли ноҳия дар олимпиадаҳои

сатҳи байналмилалӣ зиёд гардида истодааст. Аз он ҷумла, моҳи феврали соли 2022 дар мактаби Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд даври аввали Олимпиадаи байналмилалии “IMAS” аз фанни математика баргузор гардид. Дар Олимпиадаи мазкур 33 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия иштирокнамуда, аз байни онҳо 4 нафар бо соҳиб гаштан ба холҳои гузариш ба даври дуюми Олимпиада роҳ ёфтанд. Хонандагони мазкур санаи 27.03.2022 дар даври дуюми Олимпиадаи мазкур фаъолона иштирок намуданд.

Инчунин, санаи 25.02.2022 дар даври аввали фосилавии Олимпиадаи байналмилалии “Архимед”, ки дар шаҳри Бӯстон аз фанни математика баргузор гардид, 12 нафар хонандагони фаъоли ноҳия иштирок намуданд. Тибқи натиҷаҳои Олимпиада 4 нафар хонандагон барои иштирок дар даври 2-юми Олимпиада роҳ ёфтанд ва санаи 5.05.2022 дар даври 2-юми Олимпиада, ки дар мактаби Президентии шаҳри Бӯстон баргузор гардид, фаъолона иштирок намуданд. Натиҷаҳои бадастовардаи хонандагон ҳоло муайян нагардидааст.

Дар Олимпиадаи байналмилалии фосилавии “Забони англисӣ барои рушди ҷаҳонишавӣ” МИСиС, ки санаи 19 феврали соли 2022 дар шаҳри Москави Федератсияи Россия тариқи фосилавӣ баргузор гардид, 7 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолона иштирок намуданд.

Инчунин, санаи 17.04.2022 дар Олимпиадаи байналмилалии “Kangaroo” (Кенгуру), ки кишвари Фаронса намояндагӣ мекунад, аз фанни математика тариқи фосилавӣ дар бинои МДТ Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Бӯстон баргузор гардид, 30 нафар хонандагони синфҳои 3-10-и муассисаҳои таълимии ноҳия иштирок намуда, аз байни онҳо хонандаи синфи 7-и МТМУ №19 Ҳабибзода Шаҳризода сазовори ҷойи 3-юм гардид ва бо Сертификат ва медали биринҷии ташкилкунандагони олимпиадаи мазкур сарфароз гардонида шуд.

Дар асоси мактуби шуъбаи маорифи ноҳия аз 04.10.2022, №679 ва дар асоси банди 4-и Низомномаи олимпиада бо мақсади дарёфт ва рушди минбаъдаи хонандагони фаъолу қобилияти фавқулодадошта ва омодагии онҳо барои иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявиву байналмилалӣ санаҳои 10-15 октябри соли 2022 дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия даври аввали олимпиадаи хонандагон баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур дар маҷмуъ 4635 нафар хонандагони синфҳои 5-11 фаъолона иштирок намуданд.

Инчунин, дар шурои бахши ҷавонон ва варзиши ноҳия, ки санаи 20.05.2022 дар Қасри фарҳанги ноҳия, бо иштироки раиси ноҳияи Шаҳристон Акрамзода Баҳодур, роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, директорон ва хонандагони фаъоли муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид, аз тарафи раиси ноҳия ба 3 нафар хонандагон ва омӯзгорони онҳо, ки дар даври ҷумҳуриявӣ ва байналмилалии Олимпиада сазовори ҷойҳои намоён гардидаанд, маблағҳои яквақтинаи раиси ноҳияи Шаҳристон дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

Омӯзгори сол

Дар идомаи суҳбат номбурда қайд кард, ки инчунин, дар асоси Низомномаи озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон», ки бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.05.2015, №13/1 тасдиқ гардидааст, бо мақсади дарёфт ва ошкор сохтани омӯзгорони боистеъдод, навовар, эҷодкор, қадрдонии меҳнати омӯзгор ва баланд бардоштани мақому манзалати ӯ дар ҷомеа, рушди фаъолияти касбии кормандони соҳаи маориф, тарғиб ва паҳн кардани таҷрибаи пешқадами омӯзгорони беҳтарини ноҳия фармоиши мудири шуъбаи маорифи ноҳия аз 29.03.2022, №113 бароварда шуда, тибқи он дар ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳия даври муассисавии озмун байни омӯзгорони фаъоли муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардида, дархости директорони муассисаҳои таълимӣ ба шуъбаи маорифи ноҳия ворид гардид. Аз рӯи дархостҳои воридгардида 12 нафар омӯзгорони муассисаҳои таълимии ноҳия аз рӯи фанҳои таълимӣ ба даври ноҳиявии озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” роҳ ёфтаанд. Даврии ноҳиявии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» бо иштироки 12 нафар омӯзгорони фаъоли муассисаҳои таълимии №1, 3, 4, 5, 6, 8, 9, 13, 18, 19, 21 ва Гимназияи №1 ноҳия иштирок намуданд.

Аз рӯи назарсанҷии ҳайати ҳакамон 5 нафар омӯзгороне, ки шартҳои аввали озмунро фаъолона ва хубтар иҷро намудаанд, ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд:

Мӯминова Гулчеҳра – омӯзгори фанни математикаи МТМУ №8, Обидова Мафтуна- омӯзгори фанни биологияи МТМУ №18, Абдураҳимов Баҳодур-омӯзгори фанни технологияи иттилоотии МТМУ№19,Ғоибова Парвина – омӯзгори фанни синфҳои ибтидоии МТМУ №21, Ғайбуллоева Ӯғулой – омӯзгори фанни синфҳои ибтидоии МТДГ №1. Омӯзгорони мазкур ҷиҳати иштирок дар даври ниҳоии озмуни мазкур омодагии ҳамаҷониба дида истодаанд.

Дар фароварди суҳбат номубрда изҳор дошт, ки бо мақсади амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва ҷиҳати иҷрои банди 42-и Нақшаи чорабиниҳои “Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021-2025” барои дарёфти истеъдодҳои ҷавон, ташаккул додани қобилияти эҷодкорӣ ва тафаккури зеҳнии насли наврас, ҷалб намудани наврасону ҷавонон ба хондани бештари китобҳои фаннӣ ва бедор намудани шавқу рағбати онҳо ба омӯзиши фанҳои дақиқ, инчунин барои баланд бардоштани ҷаҳонбинии илмӣ ва ғанӣ гардонидани тафаккури онҳо санаи 12-уми апрели соли 2022 дар МТМУ №1 даври аввали озмуни ноҳиявии “Хонандаи сол” байни иштирокчиёни муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид. Аз рӯи натиҷаи озмун, тибқи баҳогузории ҳайати доварон иштирокчиёни муассисаҳои таълимии №1, 3, 18, 19, 20 ва 21-и ноҳия барои иштирок дар даври ниҳоии озмун роҳхат ба даст оварданд.

Даври ниҳоии озмуни “Хонандаи сол” санаи 26.05.2022 сол дар толори шуъбаи маорифи ноҳия бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии номбурда баргузор гардид.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь