Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи мазкур Беҳзод Баротзода суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат номбурда аз Пешвои миллат сипосгузорӣ намуд, ки ҳамеша омӯзгоронро пуштбонӣ мекунанд ва дар ҳама баромадҳояшон омӯзгоронро таърифу тавсиф менамоянд ва дар Паёми навбатиашон низ зикр намуданд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».

Албатта, сиёсати давлатдории Пешвои миллат илму маорифро дар мадди аввал гузоштааст ва барои дар амал татбиқ кардани ин сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Ҳукумати шаҳри Ҳисор зери роҳбарии Қосим Роҳбар тамоми тадбиру роҳҳоро бароҳ мондааст. Бояд тазаккур дод, ки раиси шаҳри Ҳисор соҳаи маорифро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд ва барои пешрафти ин соҳа ёрии моддиву маънавӣ карда истодааст.

Ҳамчунин, мавсуф қайд кард, ки Шуъбаи  маорифи шаҳри Ҳисор дар давраи  ҳисоботӣ дар нӯҳмоҳи соли 2023 фаъолияти худро  мутобиқ ба талаботҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, амру фармон ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру қарорҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор, Низомномаи шуъбаи маориф ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маориф ба роҳ монда, ҷиҳати пешбурди кори таълиму тарбия ва рушду нумӯи ҳамаҷонибаи соҳаи маориф фаъолияти мунтазам дорад ва баҳри таъмини иҷрои нақшаи таҳрезишуда тадбирҳои мушаххас меандешанд.

Фарогирӣ  ба таълим ва тарбия

-Дар давраи ҳисоботӣ дар 135 муассисаи таҳсилотии умумӣ, гимназияю литсейҳои шаҳр 82283 – нафар хонандагон (39262 нафар духтар) ба кори таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Ҷалби хонандагон ба зинаи сеюми таҳсил дар синфи 10-и муассисаҳои таълими 3413 нафар (1287 нафар духтар), 206 нафар ба Литсейи касбии техникии шаҳри Ҳисор, 411 нафар (385 нафар духтар) тариқи курсҳои кӯтоҳмудати касбомӯзӣ, 512 нафар (407 нафар духтар) даври аввали Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , 30 нафар дар хориҷи кишвар таҳсилро идома дода истодаанд,-афзуд номбурда.

Имтиёз ба омӯзгорон

Мавсуф иттило дод, ки шуъбаи маориф доир ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.05.2006, №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» дар шаҳр, ҳамкорӣ бо сохторҳои марбути соҳа ҳамасола кор бурда, дар нуҳмоҳи соли ҷорӣ 9 нафар мутахассисони ҷавон барои гирифтани қарзи имтиёзнок муроҷиат намуданд ва барои қонеъ гардонидан ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост пешниҳод карда шуд.

Инчунин, дар ҳамин баробар тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз 02.07.2015, №426 аз 1-уми сентябри соли 2015 барои мутахассисони ҷавон 10% иловапулӣ муқаррар карда шуд, ки алҳол 402 нафар мутахассисони ҷавоне, ки дар муассисаҳои таҳсилотии деҳот кор мекунанд, аз ин  имтиёз бархурдор гашта истодаанд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби 5 нафар омӯзгорони ҷавон барои таъмин ба замини наздиҳавлигӣ дархост ба шуъбаи маориф ирсол гардида, доир ба таъмин кардани мутахассисони ҷавон бо замин аз ҷониби шуъбаи маориф ба сохторҳои марбут ба ин самт тариқи хаттӣ муроҷиат карда шудааст.

Базаи кадрӣ

Ҳамзамон, ҳамсуҳбати мо оид ба таъминоти кадрӣ сухан гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки дар шашмоҳаи соли равон тибқи маълумотномаҳои оморӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳр, гимназияю литсей 4503 (2402 занҳо) омӯзгорон кор ва фаъолият намуда истодаанд.

Мутобиқ ба таҳлили вазъи таъминоти кадрӣ ба ҳолати 16.10.2023 дар  таълимгоҳҳои 833 нафар ба кори таълиму тарбия ҷалб карда шуда бошад ҳам ҳанӯз муассисаҳои  ҳудуди шаҳр дар баъзе аз муассисаҳои таълимӣ омӯзгорони фанҳои забони русӣ, англисӣ, физика, математика ва омодагии дифои ҳарбӣ ба мушоҳида мерасанд.

Шуъбаи маориф масъалаи таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгориро дар соли хониши 2023-2024 таҳлил намуда, тибқи дархости роҳбарони муассисаҳои таҳсилотӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба 92 нафар омӯзгорони фаннӣ дархост пешниҳод намуд. Дар натиҷа аз ҳисоби хатмкунандагони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии омӯзгорӣ барои таълимгоҳҳои шаҳр Вазорати  маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи роҳхат 83 нафар мутахассисони ҷавонро тибқи руйихат ба қайд гирифта шуда, то давраи ҳисоботӣ 61 нафар ё 73%-и мутахассисони ҷавон ба ҷойи кор ҳозир шуданд. Ҳамзамон, зикр бояд намуд, ки ба ҳолати 16.10.2023 дар таълимгоҳҳои шаҳри Ҳисор 5 воҳиди кории муовини директор оид ба бахши таълим, 12 воҳиди кории муовини директор оид ба бахши тарбия, 23 воҳиди кории муовини директор оид ба ҳаракати олимпӣ, 2 воҳиди кории равоншинос дар захира гузошта шуданд. Шуъбаи маориф кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки то санаи 01.11.2023 таълимгоҳҳои шаҳрро бо кадрҳои лозима пурра таъмин намуда, инчунин барои таъин намудан ба вазифаҳои роҳбарӣ омӯзгорони лайёқатмандро пешбарӣ намояд.

Аттестатсияи кадрҳо

Инчунин, номбурда тазаккур дод, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 26.12.2018 бояд кормандони соҳаи маориф ҳар се сол аз аттестатсияи навбатӣ гузаронида шаванд.

Шуъбаи маориф мутобиқ ба талаботи Тартиби аз аттестатсия гузаронидани кормандони соҳаи маориф фармоиши мудири шуъба, нақшаи – чорабиниҳоро моҳи феврали соли 2023 таҳия намуда, ба муассисаҳои таҳсилотӣ дастрас намуд. Ҳамзамон, тартиби аз аттестатсия  гузаронии кормандони соҳаи маориф дар семинари доимамалкунандаи роҳбарони муассисаҳои таҳсилотӣ, инчунин семинари доимамалкунандаи муовинони директор оид ба бахши таълим мавриди баррасӣ қарор дода, ҷадвали ҳайати комиссияи аттестатсионии муассисаҳои таҳсилотӣ аз тарафи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор тасдиқ карда шуд. Моҳи феврал ва марти соли 2023 дар панҷ комиссияи аттестатсионӣ маводҳои аттестатсионии муассисаҳои таҳсилоти мавриди омӯзиш қарор дода шуда, комиссияи аттестатсионии шуъбаи маориф ба фаъолияти 256 нафар омӯзгорон дараҷаи тахассуси 2-юм, ба 651 нафар тахассуси дараҷаи 1-умро сазовор дониста, маводҳои 416 нафар омӯзгоронро барои гирифтани тахассуси дараҷаи олӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Корҳои методӣ ва бозомӯзӣ

Номбурда зикр кард, ки дар ин давра дар 92 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 24 муассисаи таҳсилоти асосии умумӣ, гимназияю литсей ва муассисаҳои томактабӣ 656 иттиҳодияҳои методии дохилимуассисавӣ фаъолият доранд, ки дар машғулиятҳои ҳармоҳаи онҳо зиёда аз 4000 нафар омӯзгор ва мураббиён ширкат намуданд.

Дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21.02.2023, №175 “Дар бораи анҷоми соли таҳсили 2022-2023 аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидан ва хатм” фармоиши мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор аз 02.03.2023, №67 ба тасвиб расида, дастраси муассисаҳои таҳсилотии шаҳр гардидааст.

Инчунин, тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.08.2022, №15/15 ва фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05.09.2022, №1309 “Дар бораи баргузории озмуни “Муаллими сол” фармоиши мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор аз 06.03.2023, №70 ба тасвиб расида, ба диққати роҳбарони муассисаҳои таҳсилотӣ расонида шуд. Қайд бояд намуд, ки моҳи марти соли равон даври якуми озумуни “Муаллими сол” дар муассисаҳои таҳсилотии шаҳр баргузор гардида, аз рӯи 8 фанни таълими 144 нафар омӯзгорон ширкат намуданд ва 24 нафар омӯзгорон ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври шаҳрии озмуни  “Муаллими сол” Сайфиддинова Фарзона – омӯзгори фанни забони англисии муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии №12 сазовори ҷойи якум гардида, барои иштирок дар даври минтақавӣ роҳхат дода шуда, дар даври ҷумҳуриявӣ муллима ба гирифтани ҷойи ифтихорӣ ноил гардид.

Пояи моддӣ ва бунёдкорӣ

-Бо дастгирии раиси шаҳр Қосим Роҳбар дар нуҳмоҳаи соли ҷорӣ барои харидории компютер 1 миллион сомонӣ ҷудо шуда, 221 адад компютер харидорӣ карда шуд. Инчунин, дар ҳамин давра зиёда аз 200 ҳазор адад хишт барои синфхонаҳои иловагии муассисаҳо ёрӣ расонида шуд.

Ҳамзамон, бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 адад кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла, химия, физика, биология, лингафонӣ ба истифода дода шуд ва зиёда аз 600 ҷуфт мизу курсӣ ба муассисаҳои таълимӣ ёрӣ расонида шуд.

Бо иштироки муовини сарвазир Матлубахон Сатториён ва ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ва вакили Маҷлиси Миллӣ Дӯстмуродзода Сурайё 5 иншоот ба истифода дода шуд,- тазаккур дод мудири маориф.

Олимпиадаҳои фаннӣ

Ҳамсуҳбати мо дар идомаи суҳбат изҳор дошт, ки дар нуҳмоҳаи соли равон тибқи фармоиши мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор аз 13.02.2023, №43 “Дар бораи баргузории олимпиада доир ба Шоҳмот”рӯзи 15.02.2023 байни хонандагони то синни 16 гузаронида шуд, ки дар он 36-нафар хонандагон аз муассисаҳои таҳсилотии шаҳр фаъолона ширкат варзиданд. Дар натиҷа 12-нафар ғолиб омада, барои иштирок ба даври минтақавӣ роҳҳат гирифтаанд.

Дар асоси фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 24.02.2023, №184 рӯзҳои 04-05.03.20-23 даври минтақавии олимпиадаи “Шоҳмот” дар шаҳри Душанбе баргузар гардида, дар он 12-нафар хонандагон аз муассисаҳои таҳсилотии шаҳри Ҳисор иштирок намуда, 2-нафар хонанда ба даври ҷумҳуриявии олимпиадаи “Шоҳмот” роҳхат гирифтанд. Дар ҳамин раванд даври минтақавии олимпиадаи “СПЕЛИНГ БИ” баргузор гардида, дар он аз шаҳри Ҳисор 12-нафар ханандагон иштирок намуда, сазовори 3 роҳхат барои иштирок ба даври ҷумҳуриявӣ гардидаанд.

Ҳамзамон, тибқи фармоишҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20.01.2023, №78 “Дар бораи баргузории даври минтақавии олимпиадаҳои фаннӣ байни хонандагони синфҳои 5-11 даври мактабии олимпиадаҳои фаннӣ гузаронида шуд.

Аз шаҳри Ҳисор дар олимпиадаи фаннӣ дар маҷмуъ зиёда аз 400 нафар хонандагони синфҳои 5 ва 11 иштирок намуданд.

Дар ҷамъбасти олимпиада маълум гардид, ки хонандагони муассисаҳои таҳсилотии шаҳри Ҳисор сазовори 195-ҷойҳои якум, дуюм , сеюм ва 96 ҷойҳои ифтихорӣ гардида, дар минтақа сазовори ҷойи аввал гардиданд ва 287-нафар хонандагон ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтаанд. Ҳамзамон, оилипиадаҳои фаннии даври ҷумҳуриявии дар давоми моҳҳои май-июн баргузор гардида аз 287 нафар хонангони иштирокнамуда 106 нафар соҳиби чойҳои якум, дуюм ва сеюм гардида, дар минтақа дар ҷойи аввал ва дар миқёси ҷумҳурӣ дар қатори даҳгонаи беҳтарин шаҳру ноҳияҳо қарор дорад.

Ҳамкориҳо барои фардои дурахшон

Мавсуф тазаккур дод, ки шуъбаи маориф дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати таъмиру азнавсозии биноҳои таълимӣ, ғанӣ сохтани базаи таълимии муассисаҳо, баҳри баланд бардоштани савияи дониши илмӣ- методии омӯзгорон бо ташкилотҳои байналмилалӣ пайваста кор бурда истода, соли сеюм аст, ки бо Асотсиатсияи кӯмак ва дастгирии Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти “Рушди таҳсилоти фарогир барои кӯдакони имконияташон маҳдуд” кор бурда истодааст.

Аз ҷумла, дар ин  давра дар муассисаҳои таҳсилотии №2, 3, 5, 12, 15, 24 ва 52 дар маҷмӯъ дар 7-гуруҳ 126 нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

Инчунин, дар давраи ҳисоботӣ дар муассисаҳои таҳсилотии №8, 14, 17, 22, 37, 41, 61, 109, 127, 128, ва 142 кӯдаконе, ки гирифтори бемориҳои гуногун мебошанд, ки дар маҷмӯъ 22 -нафарро ташкил мекунанд ба таълими хонагӣ фаро гирифта шудаанд.

Дар нӯҳмоҳи соли равон шуъбаи маориф баҳри баланд бардоштани савияи дониши илмӣ-методии омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ тавассути лоиҳаи USAID “Ҳамроҳ бихонем” пайваста кор бурда, тибқи нақша аз моҳи январи соли ҷорӣ омӯзгорони синфҳои ибтидоии таълимгоҳҳои шаҳр зина ба зина аз курси такмили ихтисос гузаронида шуда истодаанд.

Ҳамзамон, дар доираи Барномаи муштараки Иттиҳоди Аврупо ва Созмони Милали Мутаҳид доир ба ташаббуси “Нури рушноӣ”, ки ҳадафи ин барнома хотима додан ба ҳама гуна шаклҳои хушунат нисбати занон ва духтарон, бархурдор гардидани онҳо бо ҳуқуқҳояшон, баланд бардоштани савияи маълумотнокии занҳо дар маҳалҳо мебошад, ки бо роҳбарии бевоситаи муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Матлубахон Сатториён Лоиҳаи мазкур дар мамлакати азизамон амалӣ гашта истодааст.

Инчунин, дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилотӣ викторина дар мавзуъи “Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти дастгирии занон сиёсати гендерӣ пешгирии зӯроварӣ дар оила” ташкил ва гузаронида шуда, ба иштирокчиёни викторинаи мазкур тӯҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии “Ҷаҳон” ва Ташкилоти ҷамъиятии “Муниси дил” тақдим карда шуд.

Иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ

Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ…” дар асоси Низомномаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи 6 номинатсия ба роҳ монда шуда, даври аввали озмун дар муассисаҳои таҳсилотӣ аз 13 то 18 моҳи марти соли равон гузаронида шуд. Даври дуюми озмун тибқи Низомнома нима аввали моҳи майи соли  ҷорӣ гузаронида шуда, 2735 нафар довталаб иштирок намуд ва аз ин теъдод 57 нафар ғолибон ба даври минтақавӣ роҳхат гирифтанд. Дар даври минтақавии озмун 48 нафар иштирок намуда, 22 нафар ҷойҳои сазоворро ишғол намуда, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Санаи  13.10.2023 дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Ҳисор ғолибони даври  дуюми озмун бо Дипломи дараҷаҳои 1, 2, 3, ҷоиза ва бо маблағи муайяншуда қадрдонӣ карда шуданд. Корҳо дар ин самт идома дорад.

Мутобиқ ба Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.02.2023, №АП-331, қарори раиси шаҳри Ҳисор аз 17.02.2023, №89 ва фармоиши мудири шуъбаи маорифи шаҳри Ҳисор аз 22.02.2023, №55 дар бораи баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” ба тавсиб расида, мутобиқ ба Низомномаи озмун дар муассисаҳои таълимии шаҳр аз рӯйи 7- наминатсия дар моҳи апрел баргузор гардид, ки мувофиқи протоколҳои аз тарафи роҳбарони муассисаҳои таҳсилотӣ пешниҳод шуда, оид ба баргузории даври аввали озмун 6995 нафар хонандагони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд ва 1960 нафар хонандагон  ба даври дуюми озмун роҳхат гирифтанд. Ҳамзамон, мувофиқи ҷадвали  тасдиқгардидаи комиссияи ҷумҳуриявӣ ва дар мувофиқа бо раиси шаҳр даври дуюми озмун санаи 19-20 моҳи майи соли ҷорӣ гузаронида шуда ва дар он 706 нафар иштирок намуда, 117 нафар (50 нафар духтар) хонандагон ба даври сеюм (минтақавӣ) роҳхат гирифтанд. Дар асоси Низомномаи озмуни мазкур санаҳои 25-30. 09.2023 аз рӯи 7 наминатсия гузаронида шуда, 51 нафарашон аз шаҳри Ҳисор мебошанд, ки 42,5% – и ҷойҳои 1, 2  ва 3-юм соҳиб шуданд. Ба даври ҷумҳуриявӣ (даври чорум) аз шаҳри Ҳисор 51 нафар роҳхат гирифтанд. Дар ҷамъбасти озмуни “Илм-фурӯғи маърифат” иштирокгарон аз шаҳри Ҳисор сазовори шаш ҷо гардиданд.

Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07.07. 2022, №АП 227, қарори раиси шаҳри Ҳисор аз 10.08.2022, №621 ва фармоиши мудири шуъбаи маориф аз 30.09.2022, №185 дар муассисаҳои таҳсилотии шаҳр аз 13 то 15.02. 2023 дар байни хонандагон даври муассисавии озмуни мазкур гузаронида шуд ва дар он 6262 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуда, ба 513 нафар ғолиби даври мактабӣ барои иштирок дар даври шаҳрӣ роҳхат дода шуд. Дар байни омӯзгорони муассисаҳои таҳсилотӣ истисно аз омӯзгорони фанни таърих аз 20.02 то 22.02 2023 гузаронида шуд ва дар озмун 250 нафар омӯзгорон аз муассисаҳои таҳсилотӣ иштирок намуда, аз ин теъдод 86 нафар ғолиби озмун дониста шуд ва ба даври шаҳрӣ роҳхат гирифтаанд. Дар даври минтақавии озмун 25 нафар иштирок намуда, аз онҳо 6 нафар хонандагон ва 2 нафар омӯзгорон ҷойҳои номоёнро ишғол намуданд.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь