«Сатҳи дониши андӯхтаи толибилмон ва донишҷӯёни Тоҷикистон имсол дар муқоиса бо солҳои қабл баландтар аст», – омадааст, дар санҷиши Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, ки  қариб дар 500 муассисаи таълимии кишвар гузаронида шудааст. Аммо тавре вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода иброз дошт, дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам муаммои норасоии ҷиддии ҷой дар мактабҳо ва камбуди омӯзгорон вуҷуд дорад. Ҳамчунин, аз сабаби паст будани натиҷаи имтиҳонҳои қабул дар мактабҳои олӣ норасоии донишҷӯён мушоҳида карда мешавад.

Мутаассифона, сифати таҳсилоти миёна дар Тоҷикистон дар сатҳи хеле паст қарор дорад. Дар раддабандии кишварҳо аз рӯйи шохиси сифати таҳсилот, ки аз ҷониби Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид тартиб дода шудааст, Тоҷикистон дар байни 191 кишвар дар ҷойи 101-ум қарор дорад. Дар ҳамин ҳол, нақши маорифро ҳамчун манбаи рушди ҷомеа аз  будаш зиёд баҳо додан мушкил аст. Ҳоло зарур аст, ки барои таҳсили босифат  шароитҳо фароҳам оварда шаванд. Аз ин рӯ, ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар ин соҳа яке аз самтҳои муҳимтарин ва стратегии равобит миёни кишварҳо ба шумор меравад.

Русия бо назардошти он ки талабот ба таҳсил бо забони русӣ дар Тоҷикистон зиёд аст, ба рушди он мусоидат мекунад. Талабот ба омӯзиши забони русӣ дар ҷумҳурӣ сол то сол меафзояд, зеро донистани он ҳам барои пайдо кардани кор дар мамлакатҳои ИДМ ва ҳам дар худи Тоҷикистон бартарии рақобатӣ дорад. “Забони русӣ ба шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол  барои “роҳ ёфтан ба ҷаҳон” зарур аст. Ин забони технологияҳои муосир ва иттилоот аст, ки донистани он дар таҳсил, муошират ва интихоби ояндаи худ  бартарият дорад”, – мегӯяд Любов Дудко, раиси маркази таълимию методии “Россотрудничество” дар Душанбе.

Дар Тоҷикистон 39 мактаби русӣ бо фарогирии тақрибан 27 ҳазор хонанда ва ҳамчунин, беш аз 160 мактаби омехтаи тоҷикиву русӣ бо фарогирии 70 ҳазор хонанда фаъолият доранд. Ҳамзамон дар тамоми 4000 мактаби миёнаи ҷумҳурӣ аз синфи дуюм  забони русӣ омӯзонида мешавад.

Мактабҳои нави русӣ

Муҳимтарин рӯйдод дар таърихи равобити Тоҷикистону Русия ифтитоҳи панҷ мактаби русӣ дар шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистон буд, ки барои сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани онҳо аз буҷаи ин кишвар 150 миллион доллар ҷудо гардид. Баъдан,  барои дастгирии минбаъдаи лоиҳаи мазкур ҳукумати Русия 91 миллион доллари иловагӣ ҷудо кард. Ҳар яке аз ин мактабҳо барои 1200 хонанда пешбинӣ шудааст, дар ҳоле ки хоҳишмандони таҳсил дар мактабҳои русӣ  хеле зиёданд: танҳо дар шаҳри Душанбе беш аз 3500 хонанда дархост додаанд (Аз ин рӯ,  хонандагон ба мактаб аз рӯйи натиҷаи имтиҳон қабул карда шуданд). Ба мактабҳои мазкур хонандагонро аз синфҳои якум то ҳаштум қабул мекунанд, то онҳо мутобиқ шуда ва барои супоридани имтиҳони ягонаи давлатӣ омода шаванд.

Таҳсил дар мактабҳо тибқи барномаи Русия, ки барои Тоҷикистон мутобиқ шудааст, сурат мегирад. Мактабҳо мувофиқи стандартҳои байналмилалӣ сохта шуда ва ба талаботи бехатарии сейсмикӣ низ ҷавобгӯ мебошанд. Дар мавриди он ки мактабҳои нави русӣ боз дорои кадом хусусиятҳо ҳастанд, бо омӯзгори мактаби ба номи Ю.А. Гагарин Сиёвуш Ҷалилов  ҳамсӯҳбат шудем:

«Мактаби русию тоҷикии ба номи Ю.А. Гагарин – ин лоиҳаи бузурги таълимию гуманитарӣ мебошад, ки бо замон ҳамқадам аст. Ҷараёни таълим дар ин мактаб бар асоси омӯзиши  фанҳои асосӣ ва алоҳида ба роҳ монда шудааст. Инчунин, дар мактаб  ба таври ройгон машғулиятҳои иловагӣ гузаронида мешаванд, ки барои интихоби касби оянда ва кушодани иқтидори бисёрҷонибаи хонандагон ёрӣ мерасонанд. Дар мактаб студияи театрӣ таҳти роҳбарии ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҷумҳуриҳои Олтой ва Туваи Федератсияи Русия Амаду Мамадаков амал мекунад. Мактаб иштирокчии фаъоли ҳаракати ҷамъиятии русиягии бачагону наврасон — «Армияи ҷавонон» ва «Ҳаракати аввалинҳо» мебошад. Хонандагони мо иштирокчиёни фаъол ва ғолибони олимпиадаву озмунҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва русиягӣ мебошанд.

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Ю. Гагарин ба тарбияи ватандӯстӣ, маънавиёт, ахлоқ ва эстетикаи насли наврас  аҳамияти аввалиндараҷа дода,  кӯшиш мекунад ҷавонони соҳибмаълумот ва хушахлоқро ба воя расонад. Дар мактаб раванди таълим хеле ҷолиб буда, омӯзгорон аз технологияҳои муосири таълимӣ истифода мебаранд. Ҳар ҳафта дар мактаб чорабиниҳои гуногун гузаронида мешаванд.

Мактаб бо ҷамъияти падару модарон  робитаи зич дорад. Инчунин, Шӯроҳои мактабии падарону модарон ташкил карда шудаанд. Бо иштироки онҳо лоиҳаҳои гуногун, аз қабили «Ғизои солим барои кӯдакони мо» ва «Беҳтарин либоси мактабӣ барои кӯдакони беҳтарин»  амалӣ карда мешаванд.

Алалхусус, ба тарзи ҳаёти солими мактаббачагон диққати махсус дода мешавад. Варзиш дар ин мактаб асоси равандҳои таълиму тарбияро фаро мегирад. Барои хонандагон ҳамеша майдончаҳои варзишӣ, аз қабили  майдончаҳои футболбозӣ, волейболбозӣ ва баскетболбозӣ, толори варзишӣ, ҳавзҳои шиноварӣ ва дигар асбобу анҷоми варзишӣ дастрас мебошанд.

Барои ташкили хӯроки толибилмон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Ошхонаи зебо ва қаҳвахонаи бо усули кайҳон ороишдодашуда диққати кӯдаконро ба худ ҷалб мекунад. Хӯрокҳои тару тоза ва болаззат ҳамарӯза барои самаранокии донишандӯзии талабагон мусоидат мекунанд (барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ хӯрок ройгон аст)».

Бояд гуфт, ки Русия дар самти ғизои солим ба насли навраси Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса ва кумак мекунад. Дар аввали соли 2023  дар шаҳри Душанбе нахустин Маркази ғизои мактабӣ, ки аз ҷониби Русия бо харҷи 200 ҳазор доллар сохта шудааст, ифтитоҳ ёфт. Муассиса кори системаи ғизодиҳии мактабҳоро дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон, ки дар он ҷо барномаи ғизодиҳӣ амалӣ карда мешавад, мувофиқ мекунонад — айни ҳол барномаи мазкур 2000 мактаби миёнаро дар 52 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дарбар мегирад.

Дастгирии омӯзгорон ва кӯдакони лаёқатманд

Ҳайати омӯзгорон дар мактабҳои нави русӣ пурра бо мутахассисон таъмин карда шудааст (Мувофиқи шартнома дар мактабҳои русӣ 25 фоиз омӯзгорон аз Федератсияи Русия ва 75 фоизи муаллимон аз Тоҷикистон таъмин карда мешаванд). Талабот барои ба кор қабул кардани муаллимон дар ин мактабҳо хеле баланд мебошад. «Ташаккули ҳайати омӯзгорон дар асоси равиши комплексӣ сурат мегирад: гузаштан аз ташхиси  салоҳияти касбӣ, санҷиши маҳорат ва дониши омӯзгорон, мувофиқ будани фаҳмиши омӯзгорон дар бораи талаботҳои мавҷуда ба раванди таълиму тарбия ва талаботи стандартҳои давлатӣ”, — мегӯяд муаллим Сиёвуш Ҷалилов, ки худи ӯ низ аз ин интихоб гузаштааст.

«Дар давоми сол  тавассути чорабиниҳо ва фаъолиятҳои гуногуни таълимӣ дар байни коллектив руҳияи баланд ташаккул дода шуд. Ба муаллимон ва фаъолияти онҳо диққати калон дода мешавад. Зеро маҳз муаллим шахсияти инсонро меофарад. Касби омӯзгорӣ интихоб нест, балки шавқ аст.

Ҳар касе, ки дар мактаби мо кор мекунад, бешӯбҳа беҳтарин ҷиҳатҳои олами маорифро кашф мекунад. Дар мактаб маркази такмили ихтисос барои муаллимони на танҳо мактаби мо, балки омӯзгорони  дигар мактабҳои Тоҷикистон низ амал мекунад.    Омӯзгорон пайваста тахассуси худро дар доираи тренингҳои дохилии корпоративӣ такмил медиҳанд. Хеле муҳим аст, ки муаллим аз меҳнати худ миннатдориро эҳсос кунад, дар акси ҳол ӯро ҳолати дилсардии касбӣ фаро мегирад  ва хушбахтона, дар мактаби мо фаъолияти омӯзгорро қадр мекунанд”, мегӯяд Сиёвуш Ҷалилов.

Сафари муовини сарвазири Русия Марат Хуснуллин ба Душанбе дар моҳи июн бо як хабари муҳимми дигар вобаста ба соҳаи маориф анҷом ёфт. Муовини сарвазири Русия гуфт, ки дар Тоҷикистон аз ҳисоби буҷаи Русия боз як мактаби русӣ сохта мешавад ва дар заминаи он инчунин, маркази таълимӣ барои муайян кардан, инкишоф додан ва дастгирии кӯдакони лаёқатманд, ки дар соҳаҳои санъат, илм ва варзиш қобилият нишон додаанд, таъсис мегардад. Ин Марказ  шабеҳи  маркази “Сирус” хоҳад буд, ки соли 2015 бо ташаббуси президенти Русия Владимир Путин дар Сочи ифтитоҳ гардида буд. Имрӯзҳо дар минтақаҳои гуногуни Русия аллакай беш аз 70 адад чунин марказҳо фаъолият мебаранд.

“Муаллими рус дар хориҷа”

Ба гуфти Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, дар соли 2023 дар ҷумҳурӣ сохтмони 312 бино ва биноҳои иловагӣ барои муассисаҳои таълимӣ барои 68 ҳазор нафар пешбинӣ шудааст. Чунин тадбирҳо албатта, имкон медиҳанд, ки мушкилии мактабҳои имрӯзаи  Тоҷикистонро, ки дар бисёр синфҳо зиёда аз 40 нафар хонандагон таҳсил мекунанд, то андозае бартараф кунанд. Вале сохтмони биноҳои нав муаммои дигар – норасоии ҷиддии муаллимонро ҳал карда наметавонад. Тибқи маълумоти Вазорати маориф ва илм дар ҷумҳурӣ зиёда аз 3 ҳазор  омӯзгор намерасад.

Русия дар ин самт низ маорифи Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад. Тоҷикистон аввалин кишваре аст, ки дар он соли 2017 ба татбиқи лоиҳаи “Муаллими рус дар хориҷа” шурӯъ кард, ки он ҳамасола тавсеа меёбад. Дар соли таҳсили 2023-2024 дар 22 муассисаи таълимии Тоҷикистон 75 омӯзгор аз шаҳрҳои мухталифи Русия ба кор ҷалб карда шуданд. Онҳо дар мактаб аз забон ва адабиёти рус, математика, физика, химия, информатика ва фанҳои дигар таълим медиҳанд.

Соли 2023 таъминоти методии омӯзгорони забони русӣ ва омӯзгороне, ки бо забони русӣ дарс медиҳанд, ба сатҳи нав мебарояд. Донишгоҳҳои Русия тавсияҳо ва барномаҳое таҳия кардаанд, ки барои ба таври самаранок мутобиқ кардани таҷрибаҳои беҳтарини мактабҳои русӣ ба мактабҳои тоҷикӣ имкон медиҳанд. Ҳамчунин, дар соли ҷорӣ дар доираи лоиҳаи «Муаллими рус дар хориҷа» кор оид ба татбиқи нақшаи оптималии таълимӣ  ва ташкили раванди таълим дар асоси Стандартҳои федералии давлатии таълимии Русия ва бо назардошти стандарти миллии кишвар оғоз гардид. Ин ба хатмкунандагон имкон медиҳад, ки дар баробари шаҳодатномаи таҳсилоти миёнаи Тоҷикистон ҳуҷҷати мувофиқи шакли русиро низ гиранд. Нахустин иштирокчии ин озмоиш мактаби байналмилалии «Контакт»-и шаҳри Исфара гардид, ки дар он аз 1-уми сентябри соли равон омӯзиш тибқи стандартҳои таълимии Русия ба роҳ монда мешавад.

Насли наврас ояндаи кишвару миллат мебошанд. Аз ин рӯ, тарбия ва таълими онҳо дар сиёсати ҳар як давлат бояд ба мадди аввал гузошта шавад. Аз ин сабаб, кумаки кишвари ҳамиттифоқ, ки солҳои зиёд дар ин масъала моро дастгирӣ мекунад, хеле арзишманд ва боиси қадр аст.

Матлубаи Қ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь