Бо мақсади таҳлили вазъи соҳаи маориф, истифодаи усулҳои нави коргузорӣ баҳри рушди соҳа, сирри муваффақиятҳо ва муайян намудани мушкилоти монеъэҷодкунанда дар маорифи вилояти Хатлон бо сардори раёсати маорифи мазкур Ғазалшоҳ Сафарзода суҳбати ихтисосӣ намудем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандаи азиз мегардонем.
Дар оғози суҳбат номбурда аз Пешвои миллат сипосгузорӣ намуд, ки ҳамеша омӯзгоронро пуштбонӣ мекунанд ва дар ҳама баромадҳояшон нисбати омӯзгорон ғамхорӣ менамоянд ва дар Паёми навбатиашон низ зикр намуданд: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарин медонем. Зеро агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».
Дар фаъолияти муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон нисбати солҳои қаблӣ чӣ тағйиротҳо ба анҷом расонида шуд?
Соҳаи маорифи вилояти Хатлон ҳамасола қадам ба қадам рӯ ба пешрафт дорад. Бо ба инобат гирифтани зиёдшавии таълимгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ қабули омӯзгорони нав, сохтмони бинои муассиса, синфхонаҳо ва шароити мусоиди таълим фароҳам оварда мешавад. Дар самти кадрҳои тахассусманд, дастовард дар олимпиадаву озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва қадрдонии пешсафон пешрафт дорем. Инчунин, усулҳои нав бо истифодаи идеяҳои муосиру таъсирбахш рӯи кор омаданд, ки дар бо ҳам овардани ҳамаи сохторҳо барои дастгирии соҳаи маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва дигар самтҳо мусоидат намуданд.
Ёдовар мегардем, ки соли таҳсили 2021-2022 беш аз 27 ҳазор нафар хонанда дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон зиёд шуд. Маҳз афзоиши шумораи хонандагон боис мегардад, ки ба омӯзгор ва синфхонаҳои нав эҳтиёҷот пайдо мешавад.
Дар ҳоле, ки шумораи хонандагон рӯ ба афзоиш бошад, пас барои ҳалли эҳтиёҷоти бамиёномада ҷиҳати таъминот бо синфхонаҳои таълимӣ чӣ корҳо карда истодаед?
Барои муҳайё намудани синфхонаҳои гарму барҳаво барои фаъолияти омӯзгорону таҳсили хонандагон корҳои зиёде анҷом ёфта истодаанд. Бо мусоидат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми кишвар, Мақомоти иҷроияи ҳокимяти давлатии вилояти Хатлон ва дигар мақомоти маҳаллӣ, шарикони рушд, соҳибкорони маҳаллӣ ва кумитаи падару модарон дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сохтмонҳо муташаккилона ҷараён доранд. Бахусус, дар асоси Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон барои солҳои 2021 – 2025, Барномаи рушди соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022 – 2027 ва нақшаи амалии он дар марҳилаи якум солҳои 2022-2024 ва берун аз барнома сохтмони биноҳои нави муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ рафта истодааст, ки аксарияти онҳо дар арафаи баистифодадиҳӣ мебошанд.
Яке аз масъалаҳое, ки боиси нигаронист, ин дар ҷойҳои ҷамъиятию хонаҳои шахсӣ ва дар се баст фаъолият кардани муассисаҳои таълимӣ мебошанд. Оё баҳри ҳалли мушкилоти мазкур ягон чораандешӣ карда шудааст?
Албатта, яке аз мақсадҳои асосие, ки назди мо гузошта шудааст, ин пеш аз ҳама бо шароити мусоиди таълим фароҳам овардани толибилмон, муҳайё кардани шароиту имконияти мувофиқ мебошад. Зеро шароити таълим дар беҳшавии сифати таҳсилот мусоидат карда метавонад. Аз ин лиҳоз, Раёсати маорифи вилояти Хатлон пас аз вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони вилояти Хатлон, ки моҳи феврали соли 2022 Муроҷиатномаи омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи вилояти Хатлонро қабул намуда, тамоми сохторҳо ба ҳамкорӣ ва дастгирии соҳаи маориф даъват карда шуданд. Маҳз ин боис гардид, ки ҳамкории мо бо мақомоти маҳаллӣ дар шаҳру ноҳияҳо ва дигар сохторҳо беҳтар гардид. Масалан, дар аксарияти шаҳру ноҳияҳое, ки мушкилоти себастагӣ ва ё дар ҷойҳои ҷамъиятӣ таҳсил намудани хонандагон ҷой дошт, бо мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ бо роҳи биноҳои алоҳида, синфхонаҳои нав ва ё ба моликияти муассисаи таълимӣ гузаронидани дигар биноҳо ҳал карда шуданд. Аз он ҷумла, дар аввали соли таҳсили 2022 теъдоди муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии дар се баст фаъолияткунанда дар вилояти Хатлон 17 ададро ташкил медод. Ба ҳолати имрӯза тибқи маълумотҳои пешниҳоднамудаи шуъбаҳои маориф 7 муассиса аз ноҳияи Фархор (МТМУ №1, 3, 66, 11, 25, 30 ва 35), як муассиса аз ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (МТМУ №26), як муассиса дар ноҳияи Данғара (МТМУ №73), як муассиса дар ноҳияи Восеъ (МТМУ №53), як муассиса дар ноҳияи А. Ҷомӣ (МТМУ №39) як муассиса аз ноҳияи Балҷувон (МТМУ №4) ва як муассиса дар ноҳияи Кӯшониён (МТМУ №61) дар маҷмӯъ 13 муассиса аз таълими се баста бароварда шуда, 3 адад муассисаҳои ҳолати себаста дар шаҳри Кӯлоб (мактабҳои №30,36,53) фаъолият доранд. Инчунин, дар ноҳияҳои Кӯшониён, Ховалинг ва Панҷ филиал ва муассисаҳои таълимӣ аз ҷойҳои ҷамъиятӣ, хонаҳои шахсӣ ва вагонхонаҳо бароварда шуданд.
Ҷалб ва идомаи таҳсил ба макотиби олии дохил ва хориҷи кишвар дар кадом сатҳ қарор дорад?
-Ҷиҳати дохилшавии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тибқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он дар соли 2022 корҳои фаҳмондадиҳӣ бо хатмкунандагон ва волидони онҳо ба роҳ монда шуд. Ҳамзамон, қабл аз имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ семинар – машварат, вохӯриҳои иттилоотӣ дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ аз тарафи гуруҳҳои кории Раёсати маориф ташкил гардид. Ин буд, ки идомаи таҳсили хатмкунандагон нисбати солҳои қаблӣ дар макотиби олии дохил ва хориҷи мамлакат бештар ҳаст. Чор нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои Данғара, Бохтар, Вахш ва Кӯлоб бо гирифтани баландтарин бал дар имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ ба “Даҳгонаи беҳтарин” шомил шуданд, ки нисбати соли гузашта ин шумора зиёд мебошад.
Натиҷагирии олимпиадаву озмунҳоро чӣ гуна арзёбӣ мекунед ва ҳамзамон, оё иштироку ғолибияти хонандагон қонеъкунанда буд?
-Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар олимпиадаи фаннии мактаббачагон 620 ҷойи намоёнро ба даст оварданд, ки нисбати соли пешин 195 адад медал бештар мебошад. Илова бар ин, бори аввал дар шаҳри Анталияи кишвари Туркия 14-умин олимпиадаи байналмилалии «Дониш дар Анталия» баргузор гардид, ки 34 нафар хонандагон иштирок намуда, 7 нафар аз шаҳри Бохтар ва 2 нафар аз ноҳияи Дӯстӣ сазовори ҷойҳои намоён гардиданд, ки дар умум 9 ҷойро дар бар мегирад. Ҳамзамон, барои фаъолнокии хонандагон ва омода намудани онҳо ба олимпиадаи фаннию байналмилалӣ дар вилояти Хатлон олимпиадаи “Ворисони Пешво” барои синфҳои 3 ва 4 ташкил карда шуд, ки дар соли аввал натиҷаи хубро ба бор овард. Инчунин, дар шаҳри Душанбе олимпиадаи байналмилалии «ISI SUNIOR» оид ба фанни технологияи иттилоотӣ миёни хонандагони синфҳои 9-10 доир гашт. 19 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилояти Хатлон иштирок намуданд. Як нафар ҷойи якум, 4 нафар ҷойи дуюм, 5 нафар ҷойи сеюм ва 10 нафар ҷойи ифтихориро ба даст оварданд. Омина Худойқулова, хонандаи литсейи №1-и ноҳияи Восеъ бошад, дар олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ дар Донишгоҳи Брунели шаҳри Лондони Бритониёи Кабир сазовори ҷойи якум ва медали тилло гардид. Агарчи дастовардҳо нисбати солҳои қаблӣ дучанд аст, вале ҳамоно моро қонеъ намекунад. Ба ин хотир, талош дорем, ки натиҷаҳои соли 2023 аз ин бештару беҳтар гардад. Ҳоло дар моҳи январи соли 2023, бори аввал дар олимпиадаи байналмилалии фосилавӣ беш аз 1000 нафар ширкат намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол карда истодаанд.
Дастовардҳои маорифи вилояти Хатлон дар соли 2022 кадомҳо ҳастанд?
-Дастовардҳои маорифи вилояти Хатлон бешумор мебошанд. Масалан, дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ба даст овардани Шоҳҷоиза аз тарафи хонандаи синфи 9-и муассисаи таълимӣ аз ноҳияи Данғара Шаҳло Сайвалиева, ба даст овардани ҷойи якум дар таърихи солҳои соҳибистиқлолии мамлакат бори нахуст дар озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон” аз тарафи мураббияи муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Оиша”-и ноҳияи Восеъ Қодирзода Озодамо, пешсафӣ дар озмуни ҷумҳуриявии “Омӯзгори соли Тоҷикистон” аз тарафи омӯзгори литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар Ҳукумзода Бахтовар, ғолибият дар озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин роҳбари Созмони хонандагон” аз ноҳияи Данғара ва амсоли инҳо аз ҷумлаи дастовардҳои бузургтарини мо маҳсуб меёбанд. Ҳамзамон, иштироки 8320 нафар хонанда дар озмуни вилоятии “Луғатдони беҳтарин”, фаъолнокӣ дар озмуни вилоятии «Хонандаи сол-2022», пешсафӣ дар нахустозмуни вилоятии “Ровии беҳтарин” барои ба даст овардани Ҷоизаи ба номи Абдурашид Хуҷамқулов аз шумули дастоварди соҳа аст.
Умуман, аз лиҳози сифати таҳсилот, тахассуснокии кадрҳо ва шароити таълиму тарбия беҳбудиҳои зиёде ба чашм мерасад, ки саҳми ҳар як маорифпарвару кормандони соҳаи маориф мебошад. Барои боз ҳам руҳбаланду ҳавасманд кардани омӯзгорон чӣ чораҳо андешида шуданд?
Омӯзгоронро шароити хуби таълиму тарбия ва дастгириҳои пайваста ҳавасманд карда метавонад. Мисол, соли гузашта бо ба инобат гирифтани дастовардҳои соҳа беш аз 180 нафар кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон ва хонандагон бо ҷудо намудани беш аз 800 ҳазор сомонӣ аз тарафи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд, ки ин барои кормандони соҳаи маорифи Хатлон таърихист. Илова бар ин, дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ беш аз 100 нафар омӯзгорон бо замини наздиҳавлигӣ таъмин карда шуданд. Маслан, дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Кӯшониён якборагӣ омӯзгорони тахассусманду пешсафро бо шаҳодатномаи ҳуқуқи истифодаи замин таъмин намуданд. Ин шакли корбарӣ, албатта, омӯзгоронро ҳавасманд менамояд. Дар соли 2023 мо дигар намудҳои ҳавасмандгардонии омӯзгоронро дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллӣ ба нақша гирифтаем. Ҳадафи асосии мо баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва сазовор будан ба ғамхорию боварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.