Бани одам аъзои якдигаранд,

Ки дар офариниш зи як гавҳаранд.

Чу узве ба дард оварад рӯзгор,

Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ту, к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ.

Ин мисраъҳо ба қалами шоири маъруфи классики форс-тоҷик Муслиҳиддин Шайх Саъдии Шерозӣ мутааллиқанд.

Чанде пеш дар рӯзи мавлуди Муслиҳиддин Шайх Саъдии  Шерозӣ, ки дар кишварҳои Шарқи мусалмонӣ, хоса Эрони бостон ба таври густурда таҷлил карда мешавад, дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 32-юми деҳаи Моҷарми ноҳияи Фориш бо иштироки нӯҳ даста аз мактабҳои таълимашон ба забони тоҷикии деҳоти кӯҳистони Нурато, ба монанди Порашт, Ӯхм, Моҷарм, Синтабу Соб ва Эҷу Сойи хурд даври навбатӣ (саввум)-и маҳфили “Хирадманд” баргузор шуд. Гуфтанист, ки маҳфили зеҳниву андешаварзии “Хирадманд” як соле пеш бо ташаббуси нависанда ва мутарҷими моҳир, зодаи деҳи Эҷи кӯҳпояи Нурато – Юнуси Нурназар созмон дода шуда буд.

Дар ин маҳфил аз нӯҳ мактаби ноҳияҳои Форишу Нурато панҷнафарӣ дар дастаҳо иштирок намуданд. Онҳо таҳти мавзуи “Мазмуну мундариҷаи китоби “Гулистон” ва шарҳи ҳоли мухтасари Муслиҳиддин Шайх Саъдии Шерозӣ” аз рӯйи се шарт қувва озмуданд.

Шоир, муҳаррири бахши адабиёт ва ҳунари рӯзномаи “Овози тоҷик” Абдулло Субҳон маҳфилро ҳусни оғоз бахшид. Ӯ аз ҷумла гуфт, ки ин маҳфилҳо барои донову закӣ шудани Шумо хонандагони азиз, мусоидат менамояд. Хуб шуд, ки миёни кишварҳои ҳамҷавори Осиёи Марказӣ, хоса Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳамкориҳои судманд сурат мегиранд, риштаҳои дӯстиву бародарӣ торафт мустаҳкам мегарданд. Чанд рӯз қабл ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом додани Сарвари давлат муҳтарам Шавкат Мирзиёев далели равшани ин гуфтаҳост. Бигузор риштаҳои дӯстӣ боз ҳам қавӣ ва ногусастанӣ бошанд. Ният мекунем, ки ҳамкориҳо дар ҷодаи мактабу маориф ва фарҳангу  адабиёт ҳамеша густариш ёбанд.

Мавсуф ба мудири мактаб Асалбой Акабоев арзи сипос намуд ва китоби “Рафиқ Нишонов: дарахтон то бӯрон сарсабзанд”-ро, ки аз идораи рӯзнома ҳамчун армуғон  овардааст, ба ӯ супурд.

Баръало маълум гардид, ки мактабиён ин дафъа ба маҳфили донишу хирад хеле хуб омодагӣ гирифтаанд, ки ин аз посухҳои ҳар як иштирокчӣ ба суолҳои тартибдодашуда эҳсос мегардид. Ба ҷавобҳо аъзои ҳакамон, рӯзноманигорон Тӯхтамиши Боқӣ, Фаридуни Фарҳодзод ва омӯзгор аз деҳаи Синтаб Иззатулло Олибоев баҳогузорӣ карданд. Холҳои ҷамъовардаи иштироккунандагон собит сохт, ки шогирдони мактаби таҳсилоти ҳамагонии рақами 43-и деҳаи Эҷи ноҳияи Нурато ҷойи аввалро ба даст дароварданд. Донишомӯзон аз мактаби рақами 13-и деҳаи Порашти ноҳияи Фориш ба ҷойи дуюм сазовор дониста шуда бошанд, гурӯҳи панҷнафараи хонандагони мактаби рақами 46-и деҳаи Ӯхми ноҳияи номбурда ҷойи саввумро гирифтанд.

Дар маҳфил ҳамчунин аз ҳикоятҳои “Гулистон”-и Саъдӣ, ғазалҳои ноби ӯ қироат намуданд. Аз рӯйи номинаи “Суханрони беҳтарин”, “Шеърхони беҳтарин” ғолибон баргузида ва бо тӯҳфаҳо  тақдир гардиданд.

Ба соҳибони се ҷойи аввал (1,2,3) диплому тӯҳфаҳои пулӣ ва ба ҳамаи иштироккунандагон сипосномаву бастаи китобҳо тақдим карда шуд. Гуфтан бамаврид аст, ки барои то ба ин натиҷа расидани хонандагони мактабҳои номбурда саҳми устодонашон, омӯзгорони фанҳои забон ва адабиёти тоҷик Шакар Сайфӣ, муаллима Холбиккаи Нурназар (мактаби 43-и ноҳияи Нурато), Лайло Сатторова (мактаби рақами 13) ва Тӯймурод Мақсадов (мактаби 46-и деҳаи Ӯхм) хеле назаррас аст.

Ҳамдиёрони мо аз кишвари ҳамсояи Тоҷикистони бародар низ ба баргузории маҳфилу чорабиниҳои макотиби кӯҳпоя хайрхоҳӣ мекунанд. Аз ҷумла, зодаи деҳаи Порашт, рӯзноманигори маъруфи тоҷик Қироншоҳ Шарифзода якчанд  китобҳо ирсол намудааст, ки додараш Раҳимшоҳ Шарифзода ба мактабҳо тақдим намуд. Дарвоқеъ, Қироншоҳ Шарифзода имсол ҳамчунин маблағи обунаи чаҳор тан аз собиқадорони меҳнати ҳамдеҳагонашро ба рӯзномаи “Овози тоҷик” пардохта буд.

Маҳфил бо намоишу рақсу таронаҳои хонандагони мактаби мизбон ва танинандозии таронаҳои дилнишини  овозхони шинохтаи кӯҳпояи Нурато  Икроми Худойназар бо ҳамроҳии писараш Сардор ба поён расид.

Анорбой НАЗАРОВ, хабарнигори “Овози тоҷик”

вилояти Ҷиззах

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь