Бо мақсади ошноӣ оид ба фаъолияти бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант хабарнигори МТЖТ бо мудири бахши мазкур Ашӯрзода Ниёзалӣ суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат номбурда қайд кард, ки бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант фаъолияти кории худро тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, “Консепсияи миллии маълумот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, санадҳои меъёрию ҳуқуқии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, дар давоми нуҳ моҳи соли 2023 корҳои назаррасеро ба сомон расонидааст.

Албатта, ғамхориҳои бахусус Пешвои миллат нисбати соҳаи маориф моро водор мекунад, ки тамоми илму дониши худро баҳри пешрафти соҳаи маориф сарф намоем ва наврасонро барои соҳиби касбу кори муайян гардидан омода созем, чӣ тавре, ки шоир мефармояд:

Пояи давлат набошад бе маориф устувор,

Давлати поянда хоҳӣ, рӯй бар мактаб биёр.

Маълумоти умумӣ

-15-маротиба Шӯрои педагогӣ, аз он ҷумла 8-маротиба ғайринавбатӣ гузаронида шуда, 53 масъала баррасӣ карда шуд.

27-маротиба ситоди бахши маориф барои бартараф намудани мушкилотҳои соҳаи маориф.

Ҳуҷҷатҳои воридшуда 365 адад, ки ба онҳо дар мӯҳлати додашуда ҷавоб гардонида шуд.

Левакант дорои 17 муассисаи таълимӣ, 3 муассисаи давлатии таълими томактабӣ ва 1 муассисаи таълимии томактабии хусусӣ мебошад. Дар онҳо 829 нафар омӯзгорон (аз он ҷумла 620 нафар занон) кору фаъолият менамояд: -бо маълумоти олӣ 586; -бо маълумоти миёнаи касбӣ 240 нафар; -бо маълумоти миёнаи умумӣ 3нафар.

Дараҷаҳои омӯзгорон: -дорои тахассуси дараҷаи олӣ 222 нафар; -дорои тахассуси дараҷаи якум 147 нафар; -дорои тахассуси дараҷаи дуюм 121 нафар; -бедараҷа 339 нафар;

Шумораи хонандагон: Аз якуми сентябри соли 2023 шумораи умумии хонандагон-14111 нафар, аз он ҷумла писарон 7263 нафар, духтарон 6878 нафар,-афзуд мудири маориф.

Муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ

Номбурда изҳор дошт, ки дар 3 муассисаи давлатии таълими томактабӣ (450/172 нафар дар 18 гуруҳ) ва 1 муассисаи таълимии томактабии хусусӣ (150/68 нафар дар 6 гуруҳ) ҷамъ 600/240 нафар кӯдак фаро гирифта шудааст.

Ҳайати коркунони педагогӣ дар муассисаҳои номбурда: 24 нафар мураббӣ (аз ҷумла, бо маълумоти олӣ 13 нафар бо маълумоти миёнаи махсус 11 нафар).

Омӯзгорони фанни забони русӣ- 3 нафар бо маълумоти олӣ, омӯзгорони фанни забон англисӣ -3 нафар бо маълумоти миёнаи махсус, омӯзгорони фанни суруд ва мусиқӣ- 3 нафар бо маълумоти миёнаи махсус, мушовирон 3 нафар бо маълумоти олӣ ба наврасон дарс медиҳанд.

Мудирони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ 4 нафар бо маълумоти олӣ мебошанд. Ҷамъ 40 нафар коркунони педагогӣ, 23 нафар бо маълумоти олӣ ва 17 нафар бо маълумоти миёнаи махсуси омӯзгорӣ кор ва фаъолият намуда истодаанд.

Оид ба таъсиси Марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимии шаҳр, ки айни замон мутобиқи банди 10-и «Низомномаи намунавии муассисаи давлатии таълимии томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ба Қарори ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.04. 2015, №256 тасдиқ шудааст, дар назди 17 муассисаҳои таълимӣ ва се муассисаи таҳсилоти томактабии шаҳр 70 гуруҳ бо теъдоди 1326/647 нафар кӯдакон ба маркази инкишофи кӯдак фаро гирифта шудаанд.

Ба тарбиятгирандагони Маркази рушди кӯдак 38 нафар омӯзгор-мураббиёни ихтисосманди дорои маълумоти олӣ ва миёнаи махсус таълиму тарбия медиҳанд. Бо маълумоти олии омӯзгорӣ 17 нафар, бо маълумоти миёнаи махсуси омӯзгорӣ 21 нафар омӯзгорон дар Маркази инкишофи кӯдак фаъолият мекунанд. Дар баробари он як қисмати тарбиятгирандагони Маркази инкишофи кӯдак аз омӯзишӣ забони русӣ ва англисӣ бархӯрдор мебошанд. Марказҳои инкишофи кӯдак бо Барномаи таълимии «Омодагии пешазмактабии барои кӯдакони 5-7 сола» ва барномаи «Рангинкамон», адабиётҳои бачагона, дастурҳои таълимӣ қисман таъминанд.

Кабинети методӣ

Ҳамзамон, мавсуф итло дод, ки кабинети методии Бахши маорифи шаҳри Левакант дар давоми нуҳ моҳи соли 2023 корро дар асоси нақшаи корӣ ба роҳ монда, баҳри ёрӣ расонидан ва додани дастурҳои методӣ бо директорон, муовинони директор оид ба таълим ва тарбия, омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ, забон ва адабиёти тоҷик, забони русӣ ва англисӣ, синфҳои ибтидоӣ семинарҳои доимоамалкунандаро доир намуд.

Барои дар амал иҷро намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.11.2020,№621 оид ба “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, барои солҳои 2020-2040 ба Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф тибқи “Нақшаи тақвимии курсҳои такмили ихтисос ва курсу семинарҳои махсус дар давоми соли 2023” аз ҳисоби кормандони бахши маориф, шахсони роҳбарикунанда ва омӯзгорони фаннӣ бояд ба курси омӯзишӣ 131 нафар фиристонида шаванд. То имрӯз дар умум 118 нафар, аз инҳо 85 нафарашон занон шунаванда равон карда шуд, ки ин 90%-ро ташкил медиҳад. Аз теъдоди шунавандагони фиристодашуда 28 нафар (аз ҷумла, 20 нафар зан) омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мебошанд, ки 90%-и фанҳои дақиқро ташкил медиҳанд.

Дар давраи таътили зимистона аз 2.01.2023 то 19.01.2023 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и шаҳр байни омӯзгорон мусобиқаи волейбол,шохмот ва шашка гузаронида шуд.

Дар рӯзҳои 20 то 22 феврал бо мақсади амалӣ намудани мактуби    Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 30.01.2023, №86,даври шаҳрии озмуни “ Омӯзгори соли Тоҷикистон» ва”Мураббии соли Тоҷикистон» дар сатҳи баланд гузаронида шуд.

Ғолибон омӯзгори фанни химияи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 Аюбова Бунафша ба озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон» ва мураббияи муассисаи давлатии таҳсилоти томактабии №2 Зоирова Тоҷинисо ба озмуни ”Мураббии соли Тоҷикистон» роҳхат гирифтанд.

Барои таъмини баҳодиҳии босифат ба фаъолияти иштирокчиёни озмуни даври шаҳри ва муайян кардани ғолиби озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон» бо фармоиши мудири бахши маорифи шаҳри Левакант аз 1-ноябри соли 2023, № 11/3 ҳайати комиссияи тадорукот таъсис дода шуда буд.

Кабинети методӣ фармоиши сардори Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 5.07.2023 №145, дар бораи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28.0502014, №12/38 ”Дар бораи тасдиқи Тартиби гузаронидани машварати августӣ ва маҷлиси васеи кормандони соҳаи маориф дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ”-ро ба инобат гирифта, иштироки мудир ва мушовирони кабинети методии бахши маорифро дар машварати августӣ, ки аз 25.07.2023 то 31.07.2023 дар шаҳри Бохтар таввасути Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон гузаронида шуд, таъмин намуд.Тибқи ҷадвали тасдиқгардида аз 1.08.2023 то 10.08 2023 машварати августӣ омӯзгорон ва 19.08.2023 маҷлиси васеи кормандони соҳаи маорифи шаҳри Левакант дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуд.

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо

Номбурда тазаккур дод, ки Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди бахши маорифи шаҳри Левакант дар давоми нуҳ моҳи соли 2023 чунин корҳоро ба анҷом расонид:

Бо мақсади иҷрои самарабахши Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.02.2022, № АП-156, қарори раиси вилояти Хатлон аз 09.03.2022,№ 84, қарори раиси шаҳри Левакант аз 01.04.2022, № 92 бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшинос, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва сокинони шаҳр чораҳо андешида истодааст.

Олимпиадаҳои фаннӣ

Масуф афзуд, ки дастовардҳои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Левакант дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннии хонандагони синфҳои 5-11 дар соли таҳсили 2022-2023, ҳамагӣ: ҷойи сеюм – 18 нафар, ҷойи ифтихорӣ – 6 нафар.

Ҷамъбасти озмуни вилоятии “Донояк соли 2023”: байни хонадагони синфҳои 2-4, ҷойи якум – 2 нафар, ҷойи дуюм -1 нафар, ҷойи сеюм – 2 нафар.

Ҷамъбасти озмуни вилоятии “Хонандаи соли 2023”: байни хонадагони синфҳои 5-11, ҷойи якум – 1 нафар.

Муассисаи таҳсилоти иловагӣ

-Муассисаи таҳсилоти иловагии назди бахши маориф аз рӯйи нақша- чорабинии муассисаи таҳсилоти иловагии вилояти Хатлон нақша- чорабинии муассисаи худро таҳия ва тасдиқ намуда, дар асоси он кору фаъолият намуда истодааст.

Дар назди муассиса 5 маҳфил фаъолият мекунад: 1. маҳфили “Мусавварон”- 32/25 нафар, 2. маҳфили “ Шоҳмот”-  36/16 нафар, 3. маҳфили “ Гулдӯзӣ”-  30/30 нафар, 4. маҳфили “Чакандӯзӣ”-  30/30 нафар, 5. маҳфили “Бофандагӣ”-  30/30 нафар.

Оид ба иҷроиши нақшаи таҳиягардида, байни аъзоёни маҳфилҳои “Мусавварон”, “Шоҳмот” “Гулдӯзӣ”, “Чакандӯзӣ” ва “Бофандагӣ” викторина ва озмунҳо дар мавзӯи “Фосилаи иҷтимоиро риоя намоед”, “Ҳунарманди беҳтарин”, “Расоми беҳтарин”,“Зимистон аз нигоҳи кӯдак, “Иншои беҳтарин”,“Тарзи ҳаёти солим, гарави саломатии шумост” ва   ғайраҳо гузаронида мешавад.

Рӯзҳои 26.01.2023 ва 27.01.2023 дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 шаҳри Левакант курси шиносоӣ бо имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба ММТ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.

Бо мақсади иҷроиши фармоиши сардори раёсати маорифи вилояти ҳатлон аз 17.11.2022, №246 даври шаҳрии озмуни вилоятии «Оилаи масъулиятшинос» аз муассисаи таълими №15, Каримов Аслам аз муассисаи таълимии №2 ва Бедилов Ромиш аз литсейи давлатии №1, оилаҳои беҳтарин дониста шуданд.

Иштирок дар озмун

Дар рафти суҳбат ҳамсуҳбати мо қайд кард, ки дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм фурӯғи маърифат” 81 нафар (100%) ғолибони даври дуюм ширкат варзиданд, ки натиҷааш дар моҳи октябр маълум мегардад.

Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявиӣ “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” 606 нафар довталабони муассисаҳои таълимиӣ шаҳр иштирок намуда, 61 нафар, аз он ҷумла 53 нафар духтарон дар даври вилоятӣ иштирок намуданд.

Як нафар хонандаи синфи 10-и литсейи давлатии №1, Давлатова Шомита ба даври озмуни ҷумҳуриявии”Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳхат гирифт.

Дар озмуни вилоятии “ Чароғаки роҳнамо” хонандагони муассисаҳои таълимиӣ шаҳри Левакант сазовори ҷойи аввал гардида, ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

Мувофиқи ҷадвали тасдиқшуда аз 6.06.2023 то 8.06.2023 даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон оинаи таърихи миллат” дар қасри фарҳанги шаҳр бо иштироки намояндагони мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гузаронида шуд.

Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия

Мавсуф афзуд, ки Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии назди бахши маорифи шаҳри Левакант бо мақсади иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 9 ноябри соли 2022, №333 «Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон оид ба татбиқи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042» роҷеъ иҷрои самарабахши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 августи соли 2022, №439 «Дар бораи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042» чораҳои мушаххас меандешад.

Вобаста ба иҷрои ҳадафҳои дар консепсия дарҷ гардида, дар бахши маорифи шаҳри Левакант ҷувздони махсус тартиб дода шуда, дар он Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2042, қарору нақша-чорабиниҳои раиси вилояти Хатлон, Раёсати маорифи вилояти Хатлон, раиси шаҳри Левакант ва мудири бахши маорифи шаҳри Левакант инчунин, нақша-чорабиниҳои Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии назди бахши маорифи шаҳри Левакант ҷойгир буда, вобаста ба бандҳои нақша-чорабиниҳои консепсияи мазкур чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. То ба имрӯз дар гурӯҳи вотсапи директорони муассисаҳои таълимӣ ва ҳам ба таври хаттӣ ба муассисаҳои таълимии шаҳри Левакант дар намуди ҷувздон тамоми ҳуҷҷатҳои бо Консепсия равонагардида таъмин гардидаанд.

Аз тарафи муассисаи давлатии маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи корӣ рафти амалишавии консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро аз назар гузарониданд. Сифати таъминоти Интернет дар Литсейи давлатии №1,2, МТМУ№14 ва МТМУ№2 хуб аст. Дар муассисаҳои таълимӣ аз почтаҳои электронӣ истифода мебаранд, онҳо тақрибан ду сол пеш аз тарафи Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионии назди бахши маорифи шаҳри Левакант сохта шуда буданд.

Харитакунонии муассисаҳои таълимӣ дар аз тарафи кормандони Маркази технологияи информатсиони ва коммуникатсионии назди бахши маорифи шаҳри Левакант ба анҷом расонид, маводҳои омодагардида дар шакли электронӣ ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ гардидан, пешниҳод шудааст.

Ба ҳолати моҳи сентябри соли 2023 иҷроиши нақшаи харидории компютерҳо 234-адад ва тахтаҳои электрони бошад 26-адад 170%-ро ташкил медиҳад.

Аз ҷониби маркази МТИК дар муассисаҳои таълимии №1, 2, 4, 6, 7, 8, 11, 13, 14 ва литсейи №1 тахтаҳои электрони насб карда шуд. Омӯзгорони фаннӣ технологияи иттилоотии ҳамаи муассисаҳои таълимии шаҳр курсҳои кутоҳмуддат дар мавзуъҳои “Тарзҳои дуруст ба кор дарории компютер” “Кор бо барномаҳоии офиси” “Кор бо тахтаи электрони”-ро гузаштанд.

То ба ҳолати моҳи сентябри соли 2023 дар шаҳри Левакант 20 синфхонаи технологияи иттилоотӣ бо теъдодӣ 547 адад компютер, 26 адад тахтаи электронӣ ва 68 адад принтер фаъолият дошта, дар онҳо 27 омӯзгор ба 7593 хонандагони синфҳои 5-11 таълим медиҳанд. Ҳамеша дар таътилҳои мавсимӣ фориғ аз дарсҳо омӯзгорони ҳама гунна фанҳои таълимӣ ба курсҳои кутоҳмуддати омӯзиши компютер ҷалб мегарданд.

Оид ба китобҳои дарсӣ

Ба бахши маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант дар моҳи августи соли 2023 аз тарафи “Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 20559 (бист ҳазору панҷсаду панҷову нуҳ) нусха китоби дарсӣ ба маблағи 410240,06 сомонӣ ворид гардид.

Китобҳои мазкур дар асоси теъдоди хонандагони муассисаҳи таълимӣ тақсимот шуда, дастрасии муассисахои таълимӣ гардонид.

Шуруъ аз 1.08.2023 дар муассисаҳои таълимӣ тақсимоти китобҳои дарсӣ ба хонандагон роҳандозӣ гардида, ба имрӣз зиёда аз 85%-и хонандагон бо китоб таъмин карда шудаанд.

Дар моҳи октябри соли2023 барои дастгирӣ ва кумаки омӯзгорон дастурҳои методии ройгон ба миқдори 2099 дона ба маблағи 26621,54 сомонӣ таъмин карда шудааст.

Мафтуна Ваҳҳобова, МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь