Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Раёсати маорифи шаҳри Истаравшан хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо сардори Раёсати мазкур Аминзода Сулҳиддин Амин суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат номбурда зикр дошт, ки Раёсати маорифи шаҳри Истаравшан фаъолияти кории худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Низомнома, инчунин дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои, раиси шаҳри Истаравшан, фармоишҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати маорифи вилояти Суғд ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ба роҳ монда, фаъолият менамояд.

 Бунёдкорӣ ва сохтмон

Мавсуф изҳор дошт, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ бинои нави МТМУ №37 барои 480 ҷойи нишаст, 21 синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №7,17,46,55,59, гимназияҳои №1,6, толори варзишӣ дар назди МТМУ №43 ва китобхонаи электрониву маҷлисгоҳ дар назди гимназияи №1 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Ҳоло бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 барои 240 ҷойи нишаст идома дорад. Бо маблағгузории сафорати Ҷопон сохтмони бинои муассисаи таълимии нав барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Таги Чинори ҷамоати деҳоти Гули Сурх ва бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр сохтмони бинои иловагии мактаб-интернати шаҳр барои 120 ҷойи нишаст идома доранд. Ҳамзамон, бо ташаббус ва маблағгузории соҳибкор Ҳамдамов Хуршед сохтмони бинои муассисаи таълимии нав  барои 1200 ҷойи нишаст дар деҳаи Боғи Калон ва бо кумаку дастгирии соҳибкорон сохтмони бинои муассисаи таълимии нав барои 320 ҷойи нишаст дар шаҳраки Истаравшан,  бинои муассисаи таълимии нав барои 1080 ҷойи нишаст дар деҳаи Чорбоғ ва  бинои нави муассисаи таҳсилоти умумии асосии №52 барои 480 ҷойи нишаст идома доранд. Бо кумаку дастгирии кумитаҳои падарону модарон, соҳибкорон ва шахсони саховатпеша сохтмони 44 синфхонаи иловагӣ дар назди 6 муассисаи таълимӣ (МТМУ №5,15,51,63, филиали МТМУ №9 дар деҳаи Зартеппаи деҳаи Ниҷонӣ ва гимназияи №3), 4 толори варзишӣ дар назди МТМУ №27,30,65 ва литсейи №1, боғчаи бачагона дар деҳаҳои Равғангарон ва Куҳандиж, ошхона ва китобхона дар назди МТМУ №65 ва китобхона дар назди МТМУ №56 идома дорад.

Кабинетҳои фаннӣ ва технологияи коммуникатсионӣ

Ҳамчунин, номбурда зикр кард, ки дар доираи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №114 «Дар бораи Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» дар соли 2023 таъмин намудани  муассисаҳои таълимии шаҳр бо 1 адад озмоишгоҳи биология ва 55 кабинети фаннӣ, аз ҷумла аз фанни физика 3 адад, химия 8 адад, биология 9 адад, география 9 адад, математика 9 адад, технологияи иттилоотӣ 8 адад, суруд ва мусиқӣ 9 адад пешбинӣ шуда, давоми нуҳ моҳи соли 2023 ҳамагӣ 13 кабинети фаннӣ ва 3 кабинет-озмоишгоҳ тибқи нақшаи Барнома ва 4 кабинети фаннӣ берун аз нақша (забон ва адабиёти тоҷик, таърих, забони русӣ 2 адад) муҷаҳҳаз гардонида шуд, ки баробари 29,1 фоизи нақшаи солона тибқи Барнома ва 36,4 фоиз дар умум мебошад. Аз ҷумла, кабинети фанни математика 4 адад, технологияи иттилоотӣ 1 адад, забони русӣ 2 адад, забон ва адабиёти тоҷик 1 адад, таърих 1 адад, суруд ва мусиқӣ 2 адад, биология 2 адад, химия 1 адад, кабинет-озмоишгоҳи физика 2 адад, кабинет-озмоишгоҳи  биология 1 адад ташкил гардида, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим мусоидат намуда истодаанд.

Дар заминаи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияи иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 дар давраи ҳисоботӣ аз тарафи муассисаҳои таълимӣ 16 адад компютер, 19 адад тахтаи электронӣ, 9 адад проэктор ва 6 адад принтер харидорӣ карда шуд.

Дар умум дар муассисаҳои таълимии шаҳр 2053 адад компютерҳо (201 адад компютерҳои корношоям) мавҷуд аст, ки аз ин 123 адад компютерҳо  барқарорнашаванда буда,  компютерҳои таъмиркардашуда дар ин давра 60 ададро ташкил медиҳанд.  Ҳамчунин, 273 адад  принтер,  114 адад проектор ва 96 адад тахтаи электронӣ мавҷуд мебошад. Шумораи кабинетҳои технологияи иттилоотӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан 118 ададро ташкил медиҳад. Дар 74 муассисаи таълимии шаҳр почтаи электронӣ мавҷуд буда, 27 кабинети фанни технологияи иттилоотӣ ба шабакаи локалӣ пайваст мебошанд. Ҳамагӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр 714 адад камераҳои назоратӣ насб карда шудааст.

 Ҷалби хонандагон ба идомаи таҳсил

– Соли таҳсили сипаригашта синфи 11-ро 3207 нафар хатм намуда, то санаи 30 сентябр 1726 нафарашон ба ММТ барои дохил шудан ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии дохили кишвар ҳуҷҷат супоридаанд, – иттилоъ дод номбурда ва афзуд, ки санаи 2-юми июни соли ҷорӣ дар гимназияи №1 даври ниҳоии озмун барои дарёфти квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки 65 нафар довталаб баргузор гашт, ки 15 нафар соҳиби квота гаштанд,-афзуд мавсуф.

Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо

Номбурда иттилоъ дод, ки Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан аз соли 2016 то инҷониб фаъолияти худро дар заминаи сиёсати маорифпарварона ва ояндаофари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи марбут ба соҳаи маориф ва Низомномаи Марказро сармашқи фаъолият қарор додааст. Марказ дар назди раёсати маориф фаъолият дорад ва дорои шароити муътадили корӣ буда, барои иҷрои фаъолияти босамар 1 утоқи корӣ ва 3 синфхона ихтисос дода шудааст.

Алҳол дар назди муассисаҳои таълимии шаҳр 783 маҳфил, аз он ҷумла 5111 маҳфили фаннӣ, 272 фарҳангию касбомӯзӣ ва варзишӣ амал мекунанд, ки дар онҳо 9448 нафар хонанда, аз он ҷумла 6479 нафар духтар ҷалб карда шудаанд. Ҳамчунин, дар назди Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо 14 маҳфил, аз ҷумла 11 маҳфили фаннӣ ҷиҳати омода намудани хонандагон ба озмуну олимпиадаҳои сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ амал мекунанд, ки дар онҳо 411 хонанда, аз ҷумла 218 нафар духтарон ҷалб карда шудаанд.

Иштироки хонандагон дар олимпиада ва озмунҳо

Оид ба вазъи иштироки хонандагон дар олимпиада ва озмунҳо мавсуф изҳор дошт, ки дар даври аввали Олимпиадаи фаннии «Spelling Bee» аз фанни забони англисӣ барои хонандагони синфҳои 5-7 баргузор гашт, ки дар он 74 хонанда иширок ва 12 нафар ба даври минтақавии Олимпиада роҳхат гирифтанд. Дар гимназияи №6 даври минтақавии Олимпиадаи фаннии «Spelling Bee» аз фанни забони англисӣ барои хонандагони синфҳои 5-7 бо иштироки хоандагони шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Зафаробод ва Шаҳристон баргузор гашт, ки дар он аз муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан 6 хонанда иширок ва 4 нафар ба даври вилоятии Олимпиада роҳхат гирифтанд;

Аз 314 хонанда, ки дар даври вилоятии Олимпиадаи фаннии хонандагон барои синфҳои 5-11 иштирок карданд, 103 хонанда сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гашта,  ба даври ниҳоии Олимпиада роҳхат гирифтанд;

Аз 6 то 11-уми марти соли 2023 даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” – таърихи миллат” дар муассисаҳои таълимӣ даври аввали Озмун ҷамъбаст карда шуд ва беҳтаринҳо ба даври минбаъда роҳхат гирифтанд;

Дар ноҳияи Спитамен даври минтақавии Олимпиада оид ба шоҳмот байни хонандагони синнашон то 16-сола бо иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Ҷаббор Расулов, Спитамен, Деваштич, Зафаробод ва Шаҳристон баргузор гардид, ки дар он 6 хонанда аз муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан иштирок намуданд. Дар натиҷа байни духтарон 3 хонанда мақоми аввалу ифтихориро касб намуда, ба даври минбаъдаи Олимпиада роҳхат гирифтанд. Дар даври вилоятии Олимпиада оид ба шоҳмот байни хонандагони синнашон то 16-сола хондагони шаҳри Истаравшан фаъолона иштирок карда, бо гирифтани мақоми аввал 3 хонанда ба даври ниҳоии Олимпиада роҳхат гирифтанд;

Давоми моҳҳои апрел ва май даври ҷумҳуриявии Олимпиадаи фаннии хонандагон барзуор гашт, ки дар он аз муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан 103 нафар иштирок ва 24 нафар сазовори ифтихорӣ гаштанд;

Дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” Шарипов Ҳаитбой – омӯзгори гимназияи №5 аз рӯи номитнатсияи адабиёти муосири тоҷик сазовори ҷойи якум, омӯзгори литсейи №1 Абдуҷабборов Абдуворис аз рӯи номинатсияи адабиёти классикии тоҷик, хонандагони МТМУ №15 Фозилова Манижа аз рӯи номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон, Юсупова Дурдона аз рӯи номинатсияи адабиёти классикии тоҷик ва хонандаи литсейи №1 Алимова Ойша аз рӯи номинатсияи адабиёти муосири тоҷик сазовори ҷойи дуюм, омӯзгорони литсейи №1 Ахунов Толиб аз рӯи номинатсияи адабиёти ҷаҳон ва МТМУ№13 Шаҳбози Шавкат аз рӯи эҷоди назм, хонандагони МТМУ №20 Бобоева Амира аз рӯи номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон, гимназияҳои №1,5 Раҳимов Ҳадиса ва Исмоилов Шараф аз рӯи номинатсияи адабиёти муосири тоҷик сазовори ҷойи сеюм ва 5 нафар хонандагону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ сазовори ҷойи ифтихорӣ, дар маҷмуъ соҳиби 15 ҷой, аз ҷумла як ҷойи 1-ум, чор ҷойи 2-юм, панҷ ҷойи 3-юм ва панҷ ҷойи ифтихорӣ гардиданд.

Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар шаҳр баргузор карда шуд. Дар ин озмун 11203 нафар хонанда ва 31 нафар омӯзгор иштирок намуда, ба даври дуюми озмун 931 нафар хонанда, 19 нафар донишҷӯй ва 31 нафар омӯзгор роҳхат гирифтанд.

Аз шумораи умумии ғолибони даври аввали озмун 972 нафар дар даври дуюм иштирок варзида, 106 нафар, аз ҷумла 84 нафар хонанда, 17 нафар донишҷӯён ва 5 нафар омӯзгорону намояндагони касбу кори гуногун ба даври сеюм роҳ ёфтанд. Дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм- фурӯғи маърифат” хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан фаъолона ширкат варзида, соҳиби 3 ҷой, аз он ҷумла як ҷойи 2-юм ва ду ҷойи 3-юм гардида, ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд.

Дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” хонандгон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр фаъолона иштирок намуда, 12 нафар хонандагон ва 2 нафар омӯзгорон ба даври сеюми озмун роҳ ёфтанд.

Дар давоми нуҳ моҳи соли ҷорӣ хонандагони шаҳри Истаравшан дар 6 олимпиади сатҳи байналмилалӣ иширок карда, соҳиби 31 адад медали тилло, 26 адад медали нуқра ва 24 адад медали биринҷӣ, дар умум 81 адад медал  гаштанд.

Таҳсилоти томактабӣ

-Дар шаҳри Истаравшан 8 муассисаи таълимии томактабии давлатӣ, 6 муассисаи таълимии томактабии хусусӣ ва 1 кӯдакистони назди Муассисаи давлатии Хонаи таълим ва истироҳат бо ҷалби 1861 нафар кӯдак фаъолият намуда истодаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 182 нафар зиёд мебошад. Ҳамзамон, дар назди 52 муассисаҳои таълимӣ Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 1225 нафар кӯдаки синни томактабӣ фаъолият доранд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мувофиқан 20 марказ зиёд мебошад. Дигар муассисаҳои таълимӣ муваззаф гардидаанд, ки ҷиҳати ташкили Маркази инкишофи кӯдак ва фарогирии кӯдакони ба синни мактабӣ омодашаванда корбарӣ намоянд, изҳор дошт С. Аминзода ва афзуд, ки дар ҳамаи кӯдакистонҳо камераҳои мушоҳидавӣ барои назорати дохилӣ насб ва компютерҳо барои баланд бардоштани маҳорати касбии мураббиён ва ёварони онҳо ҷиҳозонида шудаанд. Ҳамаи ҳуҷраҳои тиббии кӯдакистонҳо бо мавод ва таҷҳизоти зарурии тиббӣ таъмин карда шудаанд,-изҳор дошт мавсуф.

 Омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ

Номбурда изҳор дошт, ки бо назардошти амалигардонии Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ибтидо аз кӯдакистонҳо чорабинӣ намуда, дар кӯдакистони №1 омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, дар кӯдакистонҳои №3,6, кӯдакистонҳои хусусии “Садбарг” ва “АВИС” омӯзиши забони русӣ дар гурӯҳҳои алоҳида ташкил шудааст, ки он дар омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ кумак хоҳад расонид.

Шумораи умумии омӯзгорони фанни забони русӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳри Истаравшан 229 нафар буда, аз онҳо 192 нафар бо маълумоти олӣ, 24 нафар бо маълумоти олии нопурра ва 1 нафар бо маълумоти миёнаи махсуси касбӣ фаъолият доранд. Дар 5 муассисаи таълимӣ кабинетҳои фаннӣ ва дар 54 муассисаи таълимӣ синф-кабинетҳои забони русӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, гӯшаҳои методии фанни забони русӣ таъсис дода шудаанд. Дар 35 муассисаи таълимӣ маҳфилҳои фанни забони русӣ фаъолият мекунанд. Шумораи умумии омузгорони фанни забони англисӣ дар муассисаҳои таълимии шаҳр 204 нафар буда, 201 нафар бо маълумоти олӣ, 2 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ва 1 нафар бо маълумоти олии нопурра фаъолият доранд. Дар 6 муассисаи таълимӣ кабинети фаннӣ ва дар 52 муассисаи таълимӣ синф-кабинетҳои забони англисӣ муҷаҳҳаз карда шуда, гӯшаҳои методии забони англисӣ таъсис дода шудаанд. Дар 54 муассисаи таълимӣ маҳфилҳои фанни забони англисӣ фаъолият мекунанд.

Рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ

-Дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби омӯзгорони ботаҷриба дарсҳои кушоди намунавӣ аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ бо истифодаи усулҳои муосири таълимӣ ташкил шуда истодааст. Аксари муассисаҳои таълимии шаҳр бо кабинетҳои фаннӣ таъмин буда, маъмурияти муассисаҳои таълимӣ барои дар оянда давра ба давра ҷиҳозонидани кабинетҳои таълимӣ корбарӣ намуда истодаанд.

Бо мақсади иҷроиши банди 21 нақшаи чорабиниҳои раёсати маориф дар муассисаҳои таълимӣ масъалаи ташкили маҳфилҳои фанҳои математика, физика, химия, биология, география, технологияи иттилоотӣ, тақвият бахшидан ба фаъолияти маҳфилҳои “Математикони ҷавон”, “Техникони ҷавон”, “Физикони ҷавон”, “Химикони ҷавон”, “Биологони ҷавон”, “Географони ҷавон”, “Экологони ҷавон”, “Барномасозони ҷавон”, “Ихтироъкорони ҷавон” бознигарӣ шуда, фаъолияти маҳфилҳо аз нав таҷдид гардид, – изҳор дошт Сулҳиддин Аминзода ва илова кард, ки бо мақсади таҳким бахшидани пояи моддию техникии муассисаҳои  таълимӣ, муҷаҳҳаз гардонидани кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо аз ҳамаи намуди сарчашмаҳо харидории тахтаи электронӣ, компютер, проектор, телевизор, микроскоп, муляжҳо, гербарияҳо, зарфҳои таҷрибагузаронӣ, флекс, маҷмӯи таҷҳизоти лабораторӣ, мизи намоишӣ барои кабинети химия, мизи лабораторӣ барои кабинети биология давра ба давра амалӣ шуда истодааст. Дар давраи ҳисоботӣ 3 кабинети фанни математика бо сарфи 35750 сомонӣ ташкил ва 1 кабинети технологияи иттилоотӣ бо сарфи 7600 сомонӣ таҷҳизонида шуд. Ҳамзамон, дар ин давра аз тарафи муассисаҳои таълимӣ 16 адад компютер, 19 адад тахтаи электронӣ, 9 адад проэктор ва 6 адад принтер харидорӣ гардиданд.

Дар ин давра барои баҳравар гардидани омӯзгорон аз усулҳои муосири таълимӣ 15 дарси кушод аз фанҳои математика, химия ва биология ташкил карда шуда, бо мақсади омӯзиши таҷриба дастраси омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ гардонида шуд.

 Дастовардҳо

Номбурда оид ба дастовардҳои соҳаи маорифи шаҳри Истаравшан дар ин давра иттилоъ дод, ки бинои нави таълимии МТМУ №37 барои 480 ҷойи нишаст, китобхонаи электронӣ ва толори маҷлисгоҳ дар назди гимназияи №1 ба номи академик Аҳрор Мухторов, толори варзишӣ дар назди МТМУ №43, чортогӣ синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №7,59, гимназияи №1, сетогӣ синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №№17,55, ду синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №46, як синфхонаи иловагӣ дар назди гимназияи №6 ва як гурӯҳи нав дар назди МТТ №5  мавриди истифода қарор дода шуд. Инчунин, бинои мактаб-интернат барои 120 ҷойи нишаст бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, сохтмони бинои муассисаи таълимии нав  барои 1200 ҷойи нишаст дар деҳаи Боғи Калон,  толори варзишӣ, ошхона ва китобхона дар назди МТМУ №65 бо маблағгузории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, 4 синфхонаи иловагӣ дар назди МТМУ №№15,63 бо дастгирии волидайн оғоз гардид.

Дар даври ниҳоии олимпиадаи фаннии хонандагон 24 нафар толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳр сазовори ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла 4 ҷойи дуюм ва 20 ҷойи сеюм гардиданд.

Дар олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр фаъолона ширкат варзида, 81 нафар сазовори ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла 31 ҷойи 1-ум, 26 ҷойи 2-юм ва 24 ҷойи 3-юм гардиданд.

Дастаи шаҳри Истаравшан дар даври ҷумҳуриявии озмуни ҳарбӣ-варзишии “Ватанпарвар” сазовори ҷойи сеюм гардид.

Дар сессияи ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳо 15 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 2 узви ҳақиқӣ, 3 узви вобаста, 2 ҷойи 1-ум, 3 ҷойи 2-юм, 4 ҷойи 3-юм ва 1 ҷойи ифтихорӣ ба даст оварда шуд.

Хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳр дар даври вилоятии Олимпиада оид ба шоҳмот 3 ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 1 ҷойи якум, 1 ҷойи 2-юм ва 1 ҷойи сеюм ва дар даври ҷумҳуриявӣ 1 ҷойи 2-юму 1 ҷойи 3-юмро ба даст оварданд.

Гирифтани ду ҷойи 1-ум, як ҷойи 2-юм, ду ҷойи 3-юм дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” ва дар даври ниҳоии озмун гирифтани як ҷойи 2-юм (хонандаи синфи 7-и гимназияи №1 Яҳёзода Шоҳсанам аз рӯи номинатсияи сарояндагӣ).

Гирифтани як ҷойи 1-ум, чор ҷойи 2-юм, панҷ ҷойи 3-юм ва панҷ ҷойи ифтихорӣ дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”.

Гирифтани як ҷойи 3-юм ва як ҷойи ифтихорӣ дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”.

Гирифтани як ҷойи 2-юм ва ду ҷойи 3-юм дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат”.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь