(Ёдномаи хотирмон ба шодравон омӯзгори дараҷаи олӣ, шоир, мусаввири эъҷозофарин, ромишгари хушсадо ва мергани моҳир устод Саидмир Нарзиев бахшида мешавад)

Хома ба даст гирифтан осон будааст, вале навиштаҷоти он ки аз он мутолиагар баҳраманд бошад, хеле мушкил аст…

…Оромии шаб, андеша, руҷӯъ, хомӯшӣ, нобарорӣ, тапишу беқарории қалб… Тақ-тақи соат, ки садои пойи вақт асту моро огоҳ месозад, зи ҳар лаҳзаи қиммати умри гузарон… ниҳоят барори хома…

Боз хома дар даст, ба фикр фурӯ мераваму худро тасалло медиҳам, ки охир дар ин дунёи гузарон заррае ҳам бошад, ҳамин навиштаҷотам боқӣ агар монад, мемонад…

Худоё, ҳамагон медонем, ки мо инсонҳо, ҳамарӯза машғули ташвишҳои рӯзгор шуда, гузашти бемисли вақтро намефаҳмем. Худ ба худ андешамандона, мегӯям, дина навҷавон будам, аз зиндагӣ меболидам ва бо ҳамроҳии шахсиятҳои бузург нишастухез намуда, ба бекарониаш боварӣ доштам, имрӯз бошад, ба сарам барфи пирӣ мерезад ва чинҳои рӯям маҷроеро мемонанд, ки тавассуташон сели рӯзҳои гузарон ба ҷовидон ҷорист…

Чунин андешаҳоро аз сар гузаронидаму ба соати девории хона бо умед нигаристам.

Соат дувоздаҳи шаб, ҳама ҷо оромӣ, ҳатто садои тақ-тақи соат ба назар баланду гӯшхарош мерасад.

Дар ҳамин асно худ ба худ ғазали ҳазрати Аҳмади Ҷомиро зери лаб замзама намудам.

Ҳама дар хоби хушу ман чу ғуломон бар дар,

Ҳама шаб мунтазирам, то ту чӣ мефармоӣ!

Бале, дар фикри онам, ки Худо ба ман боз чӣ мефармояд…

Ҳамин тавр, паси бемории тӯлоние, ки дар беморхонаи пажӯҳишгоҳи “Гастроэнгрология” бистарӣ шуда, ҷарроҳии вазнини зери меъдаро аз сар гузаронидам, бори аввал хома ба даст гирифтам, то бифаҳмам, санҷиши қалам дар чӣ ҳол аст.

Дар аснои шаби зулмоти Даймоҳ сӯйи само нигариста, аз зебогии маҳтобу ситораи рахшандаи Парвин, ки бо ҳам сӯи қибла табассумкунон равонанд, лаззати маънавӣ барам…

Паси ин манзараи зебои нотакрори шаби 20-уми октябр, ки шаби ҷашни “Меҳргон” буд, китоби шоири ширинкалом, узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Фарзон Назриро, ки “Мусаввир – Саидмир” ном дошт, дар даст гирифта, баробари симойи зебойи омӯзгор, шоир, мусаввир, ромишгар, мерган ва устод Саидмирро дидан замон, беихтиёр аз чашмон ашк рӯйи мижгон омад…

Инак, китоби шоир Фарзон “Мусавир – Саидмир”, ки дар даст дорам, аввалсуханро аз китоби худи устод Саидмир сар мекунем, ки шоир Фарзон Назрӣ гуфтааст:

Эй Сайидмир, ифтихори деҳи Дарғ,

Фарди бономусу ори деҳи Дарғ.

Эй мусаввире, ки фарро мазҳарӣ,

Офтоби нурбори деҳи Дарғ.

Расми хотирмони Буалӣ Сино аз Мусаввир – Саидмир…

Чанд сол пеш доктори фанҳои тибб, профессор Ёров Нарзӣ Қурбонович (хусурам) ба ман занг зада, паси пурсу поси саломатии якдигар аз ман пурсон шуданд, ки расми кашидаи Мусаввир- Саидмир шайхурраис Абуалӣ ибни Синоро, ки дар роҳрави бинои шаҳраки тиббӣ овезон буд, ҳаст ё не? Ҷавобан гуфтам, ки муддати зиёде ба он ҷо нарафтааму намедонам, вале пагоҳ рафта мебинам, агар бошад, пасон ба Шумо маълумот медиҳам ва дар охирсухан Нарзӣ Қурбонович ёдрас шуданд, ки ба шогирдам доктори фанҳои тибб Ёрмаҳмад Умарович фаҳмонед, ки расмро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорад…!

Зеро Шодравон Саидмир ҳини бемориаш дар беморхона онро ҳамчун ёдгорӣ аз худ монда буд… Ҷавобан хуб шудааст гуфтаму бо ҳам хайру хуш намудем…

Пагоҳии рӯзи 21-уми октябри соли равон буд. Хеле рӯзи хуб. Новобаста аз он, ки фасли дай ҳукмфармост, ҳаво имрӯз софу беғубор буд.

Роҳ сӯи шаҳраки тиббиро пеш гирифтам, то расми шайхурраис Абуалӣ ибни Синоро, ки мусаввир – Саидмир кашида буд, зиёрат карда, ҳамзамон дар телефони дастиям онро аккосӣ намоям…

Раҳо – раҳ лаҳзаи паси даромади дарвозаи бемористони шаҳраки тиббӣ нигоҳам ба овезае афтод, ки чунин навиштаҷот дошт: “Ҳаждаҳуми август рӯзи табибони Тоҷикистон” ва боз камтар поёнтар нигоҳам ба овезае дигаре афтод, ки шоҳбайти Буалӣ Сино навишта шуда буд:

Аз қаъри гили сияҳ то авҷи зуҳал,

Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.

Берун ҷастам зи банди ҳар макру ҳаял,

Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.

Дар назди даромади дари беморхона ду нимпайкараи зарҳалдавони шахсиятҳои бузург яке Академик Пирого Н.И. ва дигаре шайхурраис Абуалӣ ибни Синоро дидам, ки хиёбони бемористонро орову зебу зиннат дода, ҳар бинандаро ба худ мафтун менамуданд.

Дар тарафи дасти рост нимпайкараи зарҳалии Академик Пирого Н.И. мебошад, ки суханони таърихи ин шахси бузург дар девор ба таври зайл навишта шудаанд:

“Воситаҳои асосии таъмин ба камол расонидани инсони ҳақиқӣ аз ҷониби инсон аст”.

Аз тарафи дасти чап нимпайкараи дигари зарҳалии шайхурраис Абуалӣ ибни Сино мебошад, ки чунин навиштаҷоти таърихии хотирмони ӯ сабт шудааст: “Пизишк бояд дастони моҳир, чашмони уқобвор, хиради мор ва дили шер дошта бошад”.

Ҳини ин навиштаҷотҳоро навиштан яке нигоҳам ба духтури ҳозиқ Боев Сомонҷон афтод, ки сӯям шитобон омода истодааст.

Паси салому алейк ва пурсу пос бо ҳам аз ман пурсон шуд, ки устод ба хайр аст. Ҷавобан гуфтам, ки духтурҷон ба хайр асту дар бораи устод мусаввир – Саидмир маводеро барои таҳияву чоп омода карда истодааму расми кашидаи он касро якҷоя зиёрат кунему агар бемалол бошад, ин расмро дар телефони дастиям барои хотирот аккосӣ намоем.

Духтур Боев Сомонҷон хушнудона зуд маро назди расми кашидаи шодравон мусаввир – Сайидмир бурданд ва дар телефони дастиям чанд лаҳзаи онро сурат гирифтанд. Хулоса, паси муддати гуфтугӯ бо шифокор Боев Сомонҷон, ки ин суҳбатамон пур аз ҷаҳони маънию таассуроти ибратбахш дошт, аз ҳам ҷудо шудем.

Бояд ёдовар шуд, ки ҳунармандони бузургу асил дар ҳар риштае, ки бошанд масъулияти баландеро ба дӯш доранд.

Мусаввираҳои кашидаи устод Саидмир дар тамоми гушаву канори ҷумҳурӣ ва берун аз он, вуҷуд доранд, ки ҳар бинандаро ба худ мафтун намуда, аз дидани онҳо ҷон ҳузур мекунаду ба дида нур меафзояд.

Ҳаққо, ки самовияту тасвири эъҷозу эҷоди дунёи дили мусаввиру шоир ҷовидонист! Дар ин ҷода устод Саидмир рисолати хешро дар мусаввирӣ монанди Монӣ ба субут расонида буд…

Ин буд лаҳзаи дидори расмӣ кашидаи хотирмони Буалӣ Сино аз шодравон мусаввир- Саидмиру вохӯрӣ бо духтури ҳозиқ Боев Сомонҷон.

Нишасти мусаввир – Саидмир бо Устод Ҷӯрабек Муродов дар хонаи Шарифи Гулзод…

Шашуми майи соли 2000-ум буд. Аз шаҳри бостонии Хуҷанд устод Ҷӯрабек Муродов бо барномаи нави консертиашон ба пойтахтамон шаҳри Душанбе қадам ранҷа намуданд, ки ҳазорон мухлисонашон чандин сол орзуи чунин як барномаи ҷолиби консертиро доштанд…

Ман низ ҳамчун як мухлис ба устод Ҷӯрабек Муродов вохурда, паси салому алейк ва пурсу поси хотирмон устодро ба хонаи худ таклифи самимона намудам.

Ҷавобан устод Ҷӯрабек Муродов гуфтанд, ки Шарифҷон имрӯз камтар вақтам танг аст, зеро назди раиси шаҳр даромаданам даркор асту пагоҳ соати шаши бегоҳӣ ҳатман ба хонаатон ташриф меорем.

Паси ин суҳбати хотирмони гуворо ба чойхонаи Роҳат раҳсипор шудам то бубинам дӯстонам чӣ ҳол доранд.

Дар чойхона нахустин бо устод мусаввир – Саидмир вохӯрда, нишасти хубе намудем ва ҳини хайрухуш бо устод таклиф намудам, ки пагоҳ устод Ҷӯрабек Муродов соати шаши бегоҳӣ ба хона ташриф меоранду агар вақтатон бошад, ҳатман ба хона оед, то бо ҳам суҳбати хотирмоне намоем.

Ҷавобан устод Сайидмир гуфтанд, ки Шарифҷон ҳатман меоям, агар лозим шавад, як ду суруд дар назди устод Ҷӯрабек Муродов мехонем…!

Хушнудона гуфтам, ки устод пагоҳ интизори ташрифи Шумо ҳастам…

Сипас сӯйи кошона омадан замон, шодравон собиқ раиси колхози Тоҷикистон, пири фалғарзамин Муллобарот Султоновро дида, бо ҳам паси салому алейк раҳо – раҳ суҳбати хубе намудем ва ман ин шахси бузургро низ таклифи хона намудам.

Рӯзи дигар ҳафтуми соли 2000-ум соати 18:00-и бегоҳӣ дар хона ромишгари нотакрори давру замони мо устод Ҷӯрабек Муродов, шодравон устод мусаввир – Саидмир, равоншод собиқ раиси колхози Тоҷикистон, пири хирад Муллобарот Султонов ҳамроҳи писарашон профессор Ҳасани Султон, шодравон драматурги шинохта Султон Сафаров, равоншод шифокор Сангиншо Наврӯзов, ҷояшон ҷаннат бод, собиқ директори мактаб Нурмаҳмад Ҳусейнов, шоир Ҳабиб Сулаймонӣ ва шогирди устод Ҷӯрабек Муродов Саидмирзо Назриев ҳузур доштанд. То ҳанӯз афсус аз он мехӯрам, ки ин суҳбати хубу гуворою хотирмонро сабт накардаам. Гоҳ – гоҳ профессор Ҳасанбой Султоновро вохӯрам ёдовару афсус мехуранд, ки ин хел сӯҳбати ширину гувороро то ҳанӯз нашунидааму надидаам.

Нахустсухани нишасти хонаро равоншод пири фалғарзамин Мулобарот Султонов оғоз намуданд, ки он ба таври зайл буд…

“Шарифҷон, дар кошонаи Шумо имрӯз бузургони миллат ҷамъ омадаанд, ки онҳоро аз номи Шумо хайру мақдам мегӯям ва боз гуфтаниам, ки ба чунин маҳорату истеъдоди Худододатон ташаккур, ки тавонистед чунин шахсиятҳои бузургро ба ҳам ҷамъ оваред”. Ниҳоят пири фалғарзамин каломи суханро ба ромишгари нотакрори давру замони мо устод Ҷӯрабек Муродов доданд.

Устод Ҷӯрабек Муродов суҳбати хотирмоне намуданд, ки он ба таври зайл буд:

Ҳазрати Туғралро ман вақте ки тавофи Каъба кардам, баъд ба бузургиашон қоил шудам. Вақте ки мақбараи ҳазрати Алиро дар шаҳри Карбало зиёрат кардем, Оятулло Ҳумайнӣ дар ҳамон ҷо буданд. Сӯҳбатамон хело самимиву гарм гузашт. Дар бораи шаҳри Наҷаф ва таърихи он сӯҳбати тӯлонӣ намудем. Пасон дарк кардам, ки чаро Ҳофизи бузургвор васфи ин бузургшаҳрро дар эҷодиёти худ тавсифу таҳният намудааст. Бинед, ҳазрати Ҳофиз чӣ гуфтааст:

Ҳофиз агар қадам занӣ, дар раҳи хонадон басе,

Бадрақаи раҳат шавад, ҳиммати шаҳнаи Наҷаф.

Ба даргоҳи Худо ҳазорҳо шукру сипосгузорӣ мекунам, ки толеъи ман баланд будасту қариб, ки дунёро бо сабаби ҳамин овози Худодод гаштам, неку бадро дидаму баъд қадри Ватану диёр дар замирам дучанд зиёд шуд.

Эшони Туғралро вақте ки тавоф кардам, бузургии ин мисраҳоро баъд дарк кардам. Туғрал нола кардааст. Вақте ки ба сари қабри Бедил рафта, қабрашро зиёрат кардам, гуфтам, ки Туғрал ба номатон во дареғ гуфта, аз олам рафтааст. Ба ман насиб карда будааст, ки се маротиба зиёрати қабри ҳазрати Бедилро кунам.

Туғрал чунин мефармояд:

Ҳоҷати ман дар ду олам, ҷуз гули рӯи ту нест,

Разваю ризвони ман ғайр аз сари кӯи ту нест.

Аз тавофи Каъбаву дайри ҳарам моро чӣ ҳаз,

Масҷиту меҳроби ман, ғайр аз сари кӯи ту нест.

Як сухани дигаре дорам: Дар сари қабри Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Камоли Хуҷандӣ, Бедил, Шамси Табрезӣ, Зебунисо, Туғрал сурудашона хондам, ман агар аз бахти худ нолам, ин бадбахтии ман аст, хушбахтиро бинед, ҳамин Мирзо Абдулқодири Бедилро аз Тоҷикистон, аз Осиёи Миёна ягон кас зиёрат накардааст. Аввалин шуда, шукри Худо ман зиёрат кардам, ки ин ҳам бошад, ба туфайли Индира Гандӣ. Ҳафт Каъбаи дунёро зиёрат кардам, ки ҳамааш танҳо бо хости Парвардигоранд:

Мо дар ду ҷаҳон ғайри Худо ёр надорем,

Мо ҷуз ғами ӯ ҳеч дигар кор надорем.

Дар ҳамин вақт устод Ҷӯрабек Муродов торашонро ба даст гирифта, ду сурудеро барои ҳозирин месароянд:

Гуфтӣ ба мо, ки он гули рухсор нозук аст,

Сар то ба пои нахли хати ёр нозук аст…

Устод Ҷӯрабек Муродов якбора оҳанги сурудро дигар карда, чунин суханро ёдовар мешаванд: “Ин суруд ба ҳамин нишасти хонаи Шарифҷон мезебад”.

Одам ба одам зиндааст,

Мегуфт модар ҳар замон.

Ман зинда бошам бо Шумо,

Эй одамон, эй одамон, эй Шарифҷон.

Паси ба итмом расидани суҳбату сурудхонии устод Ҷӯрабек Муродов, пири хирад Муллобарот Султонов сухани навбатиро ба Мусаввир – Саидмир доданд: Ман аз хурдиаш Шарифҷонро мешиносам ва ба ӯ ҳамчун омӯзгори дарси тарбияи ҷисмонӣ низ будам, Шарифҷон дар давраи ҷавонияш хеле шух буд, баъзан бетартибиҳои ҷавонӣ низ дошт, вале имрӯз ӯ соҳибобрӯву фахри диёр мебошаду аз таги дасти Шарифҷон чандин шогирдони диёрамон баромадаанд, ки имрӯз онҳо низ дар ҷумҳуриамон ва берун аз он кору фаъолият доранд…

Ман шахсан ба ин гуна шогирд фахр мекунам…

Сапас устод Ҷӯрабек Муродов торашонро ба устод Саидмир медиҳанд, ки як ду суруд барои аҳли нишаст хонанд:

Устод Саидмир паси лаҳзае бо созу садои дилангезу ҷоннавози худ диққати ҳамаро ба худ ҷалб намуда буданд…

Ҳатто Ҷӯрабек Муродовро низ устод Саидмир бо сабки ба худ хос ва лаҳни ширину дилнавози худ афсун карда буданд.

Сараввал чунин мисраҳоро бо садои рези тор хонданд, ки онҳо чунинанд:

Соҳиби таъомро амонаш деҳ,

Баракати Хизр дар маконаш деҳ.

Мо надонем дар дили ӯ чист?

Ҳар чӣ дар дил бувад, ҳамонаш деҳ.

Устод Саидмир якбора оҳанги резро дигар карда, сурудеро бар матни Хоҷа Ҳофиз, ки “Агар он турки Шерозӣ…” унвон дошт, оғоз карданд. Ҳамаи нишастагиҳо ба созу садои дилангези ӯ бо диққати том гӯш дода буданд.

Пас аз ба итмом расидани ин суруд ҳама нишастагон хушҳолона ба устод Саидмир аҳсан гуфтанд. Устод Ҷӯрабек Муродов лаҳзае ба хаёлот фурӯ рафта, чунин суханони хотирмонро ёдовар шуданд, ки ҳамаи аҳли нишаст дар ҳайрат монданд…

“Устод Саидмирҷон сурудҳои Шуморо гӯш додаму ба ёдам Ҳунарманди халқии Ӯзбекистон шодравон Фахриддин Умаров расид, ки кашиши овози Шумо ба ин ҳунарманди нотакрор монандӣ дорад” – гуфтанду боз ёдовар шуданд, ки ҳамаи кору боратонро партофта, назди мо ба Хуҷанди Бостонӣ биёед, мо шуморо ба кор қабул намуда, аъзои фахрии “Нури Хуҷанд” мекунем…

Ҷавобан устод Саидмир гуфтанд, ки Ҷӯрабекҷон аз ҳар хонавода як кас бас, додарам Саидмирзо бо Шумост, ки ин боиси ифтихори мо мебошад.

Бояд зикр кард, ки устод Саидмир дар сурудхони на камтар аз мусаввири истеъдоди фавқулода доштанд.

Хулоса, паси нишасти чандинсоата пири хирад Муллобарот Султонов маро даъват намуда, охирсуханро ба таври зайл ҷамъбаст намуданд:

“Барои соҳибхона Шарифҷон ҳамеша тансиҳативу хонаободӣ, дастархони пур аз нозу неъмат мехоҳем ва ҳамеша хоҳонем, ки дар ҳалқаи ёру дӯстонашон обруву эътибори баланд дошта бошанд…”. Ҳама дасти дуо бардошта омин мегӯянд.

Пеш аз хестан шодравон Сангинишо таклиф менамояд, ки устод Ҷӯрабек нисбати Шарифҷон сухане гӯед, ки дар таърих монад. Устод Ҷӯрабек ёдовар мешаванд, ки ҳафт муқаддасоти Шариф аст:

“Якум: – Қуръони Шариф; Дуюм: – Рамазони Шариф; Сеюм: – иди Қурбони Шариф; Чорум: – Ҳафт ахтари Шариф; Панҷум: – Бухорои Шариф; Шашум: – Мазори Шариф; Ҳафтум: – Рӯзи Шариф”.

Имрӯз “Рӯзи Шариф” – аст ва сухани охиронро ман ба ҳамин “Рӯзи Шариф” медиҳам: “Устод дар назди Шумо сухан гуфтан мушкил аст, зеро ки Шумо худ ҳам шоҳи сухану ҳам шоҳи суруд ҳастед. Ба ҳар ҳол ман фикри худро бо як ё ду рубоӣ баён менамоям, зеро ки ба воситаи ин як ё ду рубоӣ он фикре, ки дар дили ман ҳаст, онро ошкор месозам”.

Сармояи умри одами як нафас аст,

Ин як нафас аз барои як ҳамнафас аст.

Бо ҳамнафасе гар нафасе биншинӣ,

Маҷмуи ҳаёти умр ин як нафас аст.

Шарифҷон меҳмононро бо як лутфу меҳрубонии самимӣ хуш омадед мегӯяд:

Хуш омадед, маро хуш омад зи омаданатон,

Ҳазор ҷони гиромӣ фидои ҳар қадаматон.

Пеш аз хестан устод Ҷӯрабек чунин мегӯянд:

Шарифҷон! Шумо моро ҳурмат мекунед, Худо Шуморо ҳурмат кунад!

Агар устод мусаввир – Саидмир пешаи сарояндагиро низ интихоб мекарданд, бешак сарояндаи шинохтае мешуданд…

Чунин буд лаҳзаи нишасти мусаввир – Саидмир бо устод Ҷӯрабек Муродов.

Мусаввир- Саидмир Мерган…

Дар урфият мегӯянд, ки ба як мард чил ҳунар кам аст. Ман тахминан синфи панҷум мехондам, бо додари устод Саидмир, Мирҳусейн ҳамсабақу дусту рафиқ будем. Рӯзе маро Мирҳусейн таклиф намуд, ки ҷӯра, биё ба хонаи мо меравем, акоям Сайдмир як оҳуйи калонеро шикор намудаанду шаб очаам ин оҳуро пухтаанд…

Хулоса, мо ҳарду ба хонаи Мирҳусайн ва устод мусаввир – Саидмир равон шудем ва ҳини вориди хона шудан, дидам, ки ду шохи оҳуйи калон дар даромади дарвоза овезон аст…

Шодравон модари Мирҳусейн рӯйи дастархон гушти пухтаи оҳуро гузошта, ба мо зиёфат оростанд…

Сипас ман аз шикорчигии моҳир будани мусаввир – Саидмир огоҳӣ пайдо намудам…

Мусаввир- Саидмир – шоир

Устод Саидмир табъи шоирӣ низ доштанд…

Ҳамеша дар дасташон як дафтари шеър низ буд ва чанд бор ба ман ин дафтарро нишон доданду гуфтанд:

Маҳадшариф ту Гулназару Лоиқро нағз мешиносӣ?

Ҷавобан бале гуфтам. Ман мехоҳам, ки ҳамин дафтари шеърамро ба яке аз онҳо диҳам, то шеърҳоямро таҳрир ва танзим намоянду баъдан дар китоби хотираҳоям онҳоро чоп намоям…

Дар ҷавоб гуфтам, ки устод як рӯз раҳо–раҳ ба хонаи Иттифоқи нависандагон медароему устод Гулназарро мебинем ва ман ин дафтари шеърҳоятонро ба он кас барои таҳрир медиҳам, Шумо розӣ?

Ҷавобан устод гуфтанд, ки ман розӣ.

Паси гирудорҳои замона дигар фурсати наёфтем, ки то дар ин мавзӯъ сӯҳбат намоем. Вале имрӯз барои тақвиати фикри хеш аз китоби Фарзон Назрӣ мусаввир – Саидмир, ки дар саҳифаи 57-ум Саидмир – шоир навиштааст, чанд мисраҳои шеъреро таҳти унвони “Як бурида нон азиз” меорем:

Аз ҳама беҳтар ба гетӣ, як бурида нон азиз,

Аз тамоми насли одам, дар ҷаҳон деҳқон азиз.

Марди деҳқон гар набошад, нонёбӣ мушкил аст,

Дар ҷаҳони дермон, деҳқон азизу хон азиз.

Нобиноиву ашки Мусаввир – Саидмир

Агар хато накунам шаби якуми июли соли 2014-ум буд. Телефони хона соати 22:00-и шаб беист занг мезад.

Баробари гӯширо бардоштан овози нолаву фиғони ҷиянам Раъно баромад, ки мегуфт: “Тағо зуд баромада биёед, ки шавҳарам Устонодир бар асари сактаи дил аз дунё гузаштанд”.

Паси шуниди ин шумхабар, дар ҷоям шах шуда, лол мондам, ҳатто тамоми аъзои баданам карахт шуда буд, дилам сахт фишурда шуду лаҳзае сукут варзида, ба худ гуфтам:

“Охир ду рӯз пеш ба духтури хозиқ Ёров Нодир Нарзиевич ба воситаи телефон бо ҳам суҳбат доштем, наход имрӯз ин ҷаҳони фониро падруд гуфта бошанд…”.

Наход… Наход…!

Дар ҳамин асно дари хонаро касе занг зад, баробари кушодани дар Ёрмаҳмади писари шодравон духтур Нодир доду фиғонкунон гарданамро гирифта, гиряи ҷонкоҳе намуд, ки то ҳанӯз бароям ин ҳолат аз хотирам зудуда нашудааст…

Хулоса, паси чанд лаҳза мо бо ҳамроҳи хешон Исматулло Нуров (рӯзноманигори ТВ Ҷаҳоннамо) Мирҳусейн Назриев номзади илмҳои физика сӯйи диёр- рустои Дарғ, барои иштироки дафни духтури хозиқ мудири шӯъбаи беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ шодравон Ёров Нодир Нарзиевич равон шудем.

Баробари вориди рустои Дарғ ба хонаи равоншод духтур Ёров Нодир Нарзиевич шуданамон доду фиғон ва нолаҳои ҷонсӯзи хешу таборон аз ҳар тараф садо медод, ки мо низ худамонро нигоҳ дошта натавонистему ба нолаву фарёди онҳо ҳамроҳ шудем…

Рӯзи дигар паси дафни шодравон духтури ҳозиқ Ёров Нодир Назриевич ман ба Исматулло Нуров таклиф намудам, ки аввалан беморони диёрамонро зиёрат мекунему баъдан ба хонаи таъзиядорон меравем.

Мо нахустин шуда, сӯи кошонаи Устод Мусаввир – Саидмир равона шудем, зеро чанд муддат боз чашмони устод бар асари зиёд сару кор гирифтан бо рангҳои гуногун, ки таркибашон аз химикат бой аст, хираву нобино шуда буданд.

Баробари вориди хонаи устод шуданамон пурсиданд, ки шумоён ки ҳастед?

Ҷавобан гуфтам, ки ман Шарифи писари Гули Хокирояму, ҳамроҳи Исматуллоҳи писари Хайрулло ба зиёрати Шумо омадем. Паси ин муаррифӣ устод Саидмир гарданамро дошта, бо садои баланди ларзишнок доду фиғон бардошта, гуфтанд, ки Маҳадшариф духтури табобатиам Устонодир ҳайф шуд, ҷавонмарг шуд…

Акнун мо бе духтур чӣ кор мекунем, як ҷойи рӯ гардониам ҳамин духтур буданд, доду сад вой, ки дигар бе ин духтур мо хор мешавем…

Хулоса, илоҷе карда, мо устодро дилбардорӣ намудему аз аҳволи худашон пурсон шудем, ки саломатии худатон чӣ хел аст:

Ҷавобан устод гуфтанд, ки дилам ба дард меояд, дилам парвози эҷоди мусаввириро мехоҳад.

Дил муштоқи рафиқони хуб аст. Умуман, муҳити хона, муҳити хуб аст, вале муҳити мусаввирию эҷодӣ бояд муҳити озод бошад, дар хона чандин қуттии рангҳои гуногун ва муқаламҳои ранга вуҷуд доранд, вале мутаассифона, чашми бинову саломатӣ нест… Ба қавли устод Рӯдакӣ, ки гуфта буд: “Агар чашми сарамро рабудаанд, аммо чашми дилам биност”.

Устод бо лаҳни ба худ хос охирсухани хотирмоне гуфтанд, ки то ҳанӯз он аз фикрам зудуда нашудаасту онро айнан рӯйи қоғаз меорам.

“Маҳадшариф, Шумо фикр кунед, ки одаме, ки аз саломатию биниш маҳрум шуда бошад, ин ба монанди мурғест, ки қанот надораду парвоз карда наметавонад”…

Паси ин суҳбати хотирмон ашки ҳардуямон ҳамроҳи Исматулло беихтиёр рӯйи мижгон ҷорӣ шуд. Пеш аз хайру хуш ман таклиф кардам, ки устод ба мо як фотиҳае диҳед, ки мо пагоҳ сӯи Душанбе равонем…

Устод аз рахти хоб нимхез шуда, рӯ ҷониби қибла гардониданду байти баланди назмии Қуръониро бо сӯзу гудоз бароямон қироат намуданд:

Эй бор Худои Аршу Курсӣ,

Шаш чиз ба инҳо мадад фиристӣ.

Илму амалу фарохдастӣ,

Имону амону тандурустӣ!

Ба ҷойи охирсухан

Ҳамин тавр дар бораи устоди абадзинда, мусаввир – Саидмир, ки ҳамчун инсони наҷибу накукор, накӯному покизарӯзгор ҳамеша шарики ғаму шодии халқ буданду мемонанд, томҳо китоб нависанд, ки кам аст. Ҳастии ин гуна инсонҳо ба ҳастии сарнавишти халқу Ватани маҳбубамон пайванданд.

Ҳангоме, ки китоби мусавир – Саидмир аз чоп баромад, Исматулло Нуров маро таклиф намуд, ки Гулзод ба мошин шинед мо якҷо меравем. Напурсидам, ки куҷо меравему ба мошин нишастам ва мо роҳ ба сӯйи чопхонаи “Китоб” равон шудем… Исматулло ҳини ба бағоҷи мошинаш мондани чанд банд китоб, ман яке аз онро ҳамчун туҳфае аз мусаввир – Саидмир гирифтаму худи ҳамон шаб ин китобро аз аввал то ба охир хондаму паси мутолиаи китоб лаҳзае ба фикр фурӯ рафтам, нисбати ин шахс Худованд ба ман чӣ мефармояд…

Якбора байте бадеҳатан омад, ки ман онро рӯйи қоғаз овардам. Ин байт чунин аст. Ба шодравон мусаввири эъҷозофарин Саидмир Нарзиев.

Дар даст китоб аз Саидмир дорам,

Мониқаламе чӣ хуш мусаввир дорам.

Ҳар гоҳ ба ӯ нишаста суҳбат кардам,

Аз суҳбати ӯ ҳамеша тазкир дорам.

Шарифи Гулзод,

аълочии маориф, омӯзгори дараҷаи олӣ, шоир

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь