Ҷиҳати шиносоӣ бо фаъолияти Шуъбаи маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар соли 2022 хабарнигори Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон бо мудири шуъбаи мазкур Ғаффорзода Давлатҷон суҳбати ихтисосӣ анҷом дод.

Номбурда дар оғози суҳбат иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маорифи кишварро ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат хонда, дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии кишвар роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор карданд, ки сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардорад. Пешвои миллат супориш доданд, ки назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда шавад.

Дар идомаи суҳбат мавсуф изҳор дошт, ки Шуъбаи  маорифи  Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии шаҳри  Кӯлоб дар  тобеияти  худ 77  муассисаи таълимию тарбиявӣ, аз ҷумла, 52 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 1 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 4 литсей, 1 Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат, 2 интернат, Маркази таҳсилоти иловагӣ, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсионӣ, фароғатгоҳи «Шарора»,13 муассисаи таҳсилоти томактабӣ (аз ҷумла 4 муассисаи таҳсилоти хусусии томактабӣ – «Меҳрона», «Миҷгона», «Сабрина» ва «Ягона») дорад, ки дар соли хониши 2022-2023 дар 2238 синфхона 54797 нафар хонанда (аз ҷумла 26563 духтар) ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба таълиму тарбияи 1663 нафар  кӯдакони синни томактабӣ (аз ҷумла 836 духтар)  68 нафар мураббиён машғуланд. Дар баробари ин, дар назди 48 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳру деҳоти Кӯлоб 88 гуруҳи Марказҳои инкишофи кӯдакон фаъолият мекунад, ки дар онҳо 1916  нафар фаро гирифта шудаанд. Дар маҷмуъ, дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва умумӣ  3579 нафар ба тарбия ва таълим фаро гирифта шудааст.

Заминаҳои кадрӣ

Мавсуф изҳор дошт, ки таъмини пурраи муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорон аз ҷумлаи вазифаҳое мебошанд, ки дар маркази диққати мақомоти иҷроия ва шуъбаи маориф қарор дорад. Дар соли хониши 2022-2023 шумораи умумии омӯзгорон 3496 нафарро ташкил дода, аз ин миқдор 2427 нафарро занон ташкил мекунад.  Бо дарназардошти рафту омад, ба нафақа баромадан ва ҷойивазкунӣ дар муассисаҳои таълимӣ шумораи омӯзгорон имсол тағйир ёфта, нисбати соли хониши гузашта 156 нафар кам шуд.

Қайд кардан зарур аст, ки айни замон дар муассисаҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб 2 нафар Корманди шоистаи Тоҷикистон, зиёда аз 156 нафар Аълочиёни маорифи Тоҷикистон ва 6 нафар Аълочии фарҳанги Тоҷикистон кор карда истодаанд.

Бо маълумоти олии омӯзгорӣ  2750 нафар, аз ҷумла 1827 нафар зан, олии нопурра – 321 нафар, аз ҷумла 258 нафар зан, миёнаи махсус – 425 нафар, аз ҷумла 342 нафар зан, бо тахассуси олӣ – 392 нафар, аз ҷумла 221 нафар зан, дараҷаи якум – 497 нафар, аз ҷумла 337 нафар зан, дараҷаи дуюм – 370 нафар, аз ҷумла 270 нафар зан, бедараҷа – 2237 нафар, аз ҷумла 1599 нафар зан фаъолият намуда истодааст.

Ҳоло дар муассисаҳои тобеи шуъбаи маориф 210 нафар мутахассисони ҷавон кору фаъолият карда истодаанд, ки 44 нафарашон имсол ба кор омаданд. Фаъолияти онҳо доимо зери таваҷҷуҳи шуъбаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ қарор дошта, барои расонидани кумаки амалию методӣ онҳо ба омӯзгорони пуртаҷриба вобаста карда шудаанд.

Такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон

Доир ба такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон номбурда тазаккур дод, ки яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани сифати таҳсилот ин такмили ихтисос шинос намудани омӯзгорон бо нақшаву барномаҳои таълимӣ ва расонидани ёрии амалию методӣ ба онҳо ба ҳисоб меравад. Вобаста ба бозомӯзии кадрҳои омӯзгорӣ, сайқал додани маҳорати касбии онҳо тибқи нақша ҳамасола зиёда аз 20% омӯзгорон аз курси такмили ихтисос ва семинарҳои дастурдиҳӣ гузаронида мешаванд. Дар асоси нақшаи такмили ихтисос то моҳи декабри соли 2022 тибқи нақша мебоист 438 нафар омӯзгорон аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ гузаронида мешуданд. Дар ҷамъбасти соли 2022, 664 нафар омӯзгорон аз курси такмили ихтисос гузаронида шуданд, ки 151% иҷроиши нақшаро таъмин намудааст. Дар баробари ин, дар асоси нақшаи кории кабинети методӣ ҳар моҳ бо масъулини муассисаҳои таълимӣ оид ба ҳуҷҷатнигорӣ, таълими салоҳиятнокӣ ва нақши он дар баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон  семинар ташкил ва гузаронида шуд. Бояд тазаккур дод, ки тибқи нақшаи кори кабинети методии шуъбаи маориф бо роҳбарони таълимгоҳҳо, муовинони директорон оид ба қисми илмӣ, тарбиявӣ ва Созмонҳои хонандагон бо муаллимони забон ва адабиёти рус, таърих ва ҳуқуқ, технологияи иттилоотӣ, ОДҲ, тарбияи ҷисмонӣ, география, забони англисӣ, химия ва биология, физика ва математика, синфҳои ибтидоӣ, технологияи меҳнат семинарҳо ташкил ва гузаронида шуданд.

Назорати ҷараёни таълиму тарбия

-Дар давоми соли 2022 назорати ҷараёни таълиму тарбия дар маркази диққати мақомоти иҷроия ва кормандони шуъбаи маориф қарор дошт. Бояд қайд намуд, ки  Шӯрои шуъбаи маориф  тибқи нақша ҳамеша бо иштироки бевоситаи намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ҷавонон ва ноболиғони назди шуъбаи Вазорати корҳои дохилии шаҳри Кӯлоб баргузор гашта, масъалаҳои мубрами таълиму тарбия дар асоси санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳа, аз ҷумла қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди муҳокима қарор дода мешавад. Дар ин давра 9 ҷаласаи назоратӣ ва 12 Шӯрои шуъбаи маориф бо 46 масъала мавриди муҳокимаю баррасӣ қарор дода шуд, – зикр кард номбурда.

Компютеркунонӣ

Номбурда афзуд, ки оид ба рафти амалишавии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2017 №443 дар бораи “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2018-2022” дар шуъбаи  маориф як қатор корҳо ба анҷом расонидашуд.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи “Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2018-2022” дар соли 2022 мувофиқи нақша бояд 330 компютер, 14 тахтаи электронӣ харидорӣ мешуд. Дар давоми соли 2022, 244 адад компютер ва 30 адад тахтаи электронӣ  харидорӣ карда шуд.

Айни ҳол дар муассисаҳои таълимӣ 2204 адад компютер, 136 адад тахтаи электронӣ, 340 принтер ва 163  проэктор  таъмин мебошанд.

Муассисаҳои таълимии шаҳру деҳоти Кӯлоб пурра бо модем таъмин мебошанд.

Низоми нави қабули имтиҳонҳои дохилшавӣ

-Дар шаҳри Кӯлоб 2 нуқтаи ба қайдгирии довталабон (МТМУ №1, 6)  амал менамояд. Аз шумораи 3039 нафар (1331 нафар духтар) хатмкунандагони синфҳои 11, 2867 нафар аз қайди ММТ гузаштанд.

Аз шумораи 3039 нафар (1331 нафар духтар) хатмкунандагони синфҳои 11, 2336 нафар, 334 хатмкунандагони солҳои пешинтибки  ММТ ба донишгоҳ ва донишкадаҳо дохил шуда, сазовори номи донишҷӯйӣ гардиданд, ки нисбати як соли пеш 14,3% зиёд мебошад. 87 нафар хатмкунандагон ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар дохил шуданд, – изҳор дошт мавсуф ва афзуд, ки тариқи квотаи Президентӣ дар соли 2022, 23 нафар хатмкардагон (аз ҷумла 12 нафар духтар) ба Донишгоҳҳои олии касбии ҷумҳурӣ  дохил шуда соҳиби номи пуршарафи донишҷӯйӣ гардиданд.

Дастовардҳои хонандагон

Дар идома номбурда тазаккур дод, ки Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо мутобиқи нақшаи солонаи шуъбаи маорифи шаҳр, нақша ва Оинномаи  МДРИ фаъолият намуда истодааст. Ҳадафи асосӣ ташаккули  малакаи зеҳниву ақлонии хонандагон дар соҳаи илмҳои дақиқ ва гуманитарӣ аст. Дар даври вилоятии олимпиадаи фаннӣ хонандагон ба натиҷаҳои зерин ноил гардиданд: синфи 11- ҳамагӣ 36 ҷой: ҷойи якум -1 нафар, ҷойи дуюм -3 нафар, ҷойи сеюм – 32 нафар, синфҳои 9-10- ҳамагӣ -30 ҷой: ҷойи якум- 8 нафар, ҷойи дуюм- 7 нафар, ҷойи сеюм- 15 нафар, синфҳои 7-8- ҳамагӣ- 32 ҷой: ҷойи якум- 4 нафар, ҷойи дуюм- 7 нафар, ҷойи сеюм- 21 нафар, синфҳои 5-6- ҳамагӣ- 20 ҷой: ҷойи якум- 5 нафар, ҷойи дуюм- 6 нафар, ҷойи сеюм- 9 нафар. Дар маҷмуъ, 118нафар ғолиб омаданд: ҷойи якум-18 нафар, ҷойи дуюм- 23 нафар, ҷойи сеюм- 77 нафар. Ин нишондиҳанда нисбат ба як соли пеш 4,8% зиёд мебошад.

Дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ дар соли 2022 бошад, чунин натиҷаҳо ба даст омад: синфи 11- ҳамагӣ 12 ҷой: ҷойи 2-юм- 1 нафар, ҷойи 3-юм- 9 нафар, ҷойи ифтихорӣ- 2 нафар, синфҳои 9-10 -ҳамагӣ 48 ҷой: ҷойи 1 -ум -4 нафар, ҷойи 2 -юм -12 нафар, ҷойи 3- юм- 28 нафар, ҷойи ифтихорӣ- 4 нафар, синфҳои 7-8 (равияи табиӣ-риёзӣ) -ҳамагӣ- 15 ҷой: ҷойи 1-ум- 2 нафар, ҷойи 2- юм- 2 нафар, ҷойи 3- юм- 9 нафар, ҷойи ифтихорӣ- 2 нафар, синфҳои 5-6 -ҳамагӣ- 26 ҷой: ҷойи 1-ум- 3 нафар, ҷойи 2 -юм- 10 нафар, ҷойи 3 -юм- 12 нафар, ҷойи ифтихорӣ- 1 нафар, ғолиб омад- 118 нафар, ҷойи якум- 10 нафар, ҷойи дуюм -28 нафар, ҷойи сеюм- 65 нафар, ҷойи ифтихорӣ- 15 нафар.

Дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ҳамагӣ- 184 ҷой ба даст оварданд: Fiso (фисо) -101 нафар, ҷойи якум- 11 нафар, ҷойи дуюм- 38 нафар, ҷойи сеюм- 52 нафар, Owlypiaт (Овлипия) 3 -нафар, ҷойи сеюм- 3 нафар, Teeneagle (тинигел) -37- нафар, ҷойи якум- 4 нафар, ҷойи дуюм- 14 нафар, ҷойи сеюм- 19 нафар, Кенгуру- 29- нафар, ҷойи дуюм -6 нафар, ҷойи сеюм -23 нафар.

Заминаи моддию техникӣ, сохтмону барқароркунӣ

Доир ба вазъи сохтмону барқароркунии муассисаҳои таълимӣ мавсуф зикр кард, ки дар маҳаллаи Абдушукурова сохтмони мактаби нав идома дорад, ки бо бунёд шуданаш мушкилоти себастаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 аз байн меравад.

Сохтмони муассисаи таълимии нав барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Гулистон, ҷамоати деҳоти Зарбдор аз ҳисоби Фонди Саудии Рушд, бо фарогирии 10 синфхона, кабинети технологияи иттилоотӣ, хонаи омӯзгорон ва кабинети директор ва аз ҳисоби Сафоратхонаи Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи асосии №38-и ҷамоати деҳоти Даҳана бинои иловагӣ иборат аз 8 синфхона ва кабинети директор сохта ба истифода дода шуд.

Хотиррасон бояд кард, ки дар асоси Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 айни ҳол  сохтмони муассисаи таълимии нав дар маҳаллаи Абдушукурова барои 1250 ҷойи нишаст, сохтмони муассисаи таълимии нав барои 320 ҷойи нишаст дар деҳаи Сангпари ҷамоати деҳоти Зиракӣ, сохтмони муассисаи таълимии нав дар ҷамоати деҳоти Зарбдори деҳаи Зарбдор барои 240 ҷойи нишаст идома доранд.

Дар доираи амалигардонии лоиҳаи муштараки Бонки Исломии Рушд/Шарики Глобалӣ дар соҳаи маориф оид ба дастгирии татбиқи Стратегияи рушди маориф дар шаҳри Кӯлоб сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №36 барои 240 ҷойи нишаст дар деҳаи Чоқтемур,  сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №14 деҳаи Панҷосиёб, сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №13, сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №28 ҷамоати деҳоти Зиракӣ барои 240 ҷойи нишаст, сохтмони бинои иловагӣ барои 240 ҷойи нишаст дар назди муассисаи таълимии №42 дар маҳаллаи Ҷумъа Алӣ,  сохтмони бинои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №49 деҳаи Тудакафш, дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №50-и маҳаллаи 8-уми шаҳр ва дар ҷамоати деҳоти Зарбдор, деҳаи Зарбдор  сохтмони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ  идома доранд.

Дар фароварди суҳбат номбурда изҳор дошт, ки кор бо аҳли ҷомеа ва мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ омили асосии пешравии соҳа ба ҳисоб меравад.

Боиси хурсандист, ки баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” сол аз сол таваҷҷуҳи падару модар, аҳли ҷомеа ба мактаб зиёд шуда истодааст. Ҳоло дар аксарияти муассисаҳои таълимӣ Ассотсиатсия волидайн ва омӯзгорон  фаъолияти хуб дошта, дар таълиму тарбия, гузаронидани чорабиниҳо, дастгирии муассиса, таъмиру тармим фаъолона иштирок намуда истодаанд.

Нигора САИДБЕКОВА,

МТЖТ

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь