Барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, ки қисми осебпазиртарини ҷомеа ба ҳисоб мераванд, санадҳои дохилӣ ва байналмиллалӣ амал мекунанд. Дар моддаи 34-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин нуқта махсус қайд карда шудааст:
– Модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатанд.
– Падару модар барои таълиму тарбияи фарзандон ва фарзандони болиғу қобили меҳнат барои нигоҳубин ва таъминоти иҷтимоии падару модар масъул мебошанд.
Зоҳири 10-сола дар қатори кӯдаконе, ки ҳамарӯза дар назди “Боғи ҳайвонот”-и шаҳри Душанбе ба талбандагӣ машғуланд, маҷбур аст, қути лоямут ба даст орад. Ҳаёти талхи ӯ пас аз марги бармаҳали модараш оғоз шуд. Он замон Зоҳир ҳафтсола буд. Падар баъд аз вафоти модар Зоҳирро ба ихтиёри холааш вогузошта, худ озими Русия шудааст. Бо гузашти се сол Зоҳир дигар садои падарро нашунидааст. Дар бораи ҳаёташ дар хонаи хола ӯ ниҳоят боэҳтиёт ва берабт гап мезанад. Аз рӯи нақли Зоҳир холааш ва ду фарзанди ӯ, ки нисбатан калонтаранд, ӯро ба иҷрои корҳои вазнини хона маҷбур мекунанд ва бе ягон сабаб латукӯбаш мекунанд. Аз дасти онҳо Зоҳир аз мактабхонӣ ҳам маҳрум аст. Ӯ ба либосҳои чиркину даридааш ишора карда гуфт, ки либоси мактабӣ ҳам надорад ва инҳо ягона сару либоси зимистонааш ҳастанд, ки чанд сол боз мепӯшад ва ҳоло барояш танг ҳам шудаанд. Дар масъалаи ғизо низ Зоҳир бисёр ҷабр медидааст. Холааш дар хона хӯрок хӯрдани ӯро манъ кардааст ва ҳар рӯз ба кӯча гусел карда, таъкид мекардааст, то шаб ҳар чизе аз кӯча ёбаду хӯрад. Баъзан шабҳо, агар табъи ин зан хира бошад, Зоҳирро бо латукӯб пешвоз мегирифтааст.
– Холаам маро бесабаб мезанад. Худаш дар бозори Корвон савдогарӣ мекунад. Вақте шаб хона меравам, ӯ маро дашному ҳақорат медиҳад ва сабаби пеш нарафтани корашро дар ман дида, сахт мезанад, – бо алам мегӯяд Зоҳир.
Ӯ, барои ба шиканҷа гирифтор нашудан, баъзан шабҳоро дар кӯча рӯз мекунад. Шабҳои сарди зимистонро аз латукӯби бераҳмонаи холааш афзал медонад.
Мутаассифона, Зоҳир дар гирду атрофи ин боғ ягона кӯдаке набуд, ки бо талбандагӣ машғул бошад. Дар баробари ӯ, ду кӯдаки хурдсоли дигарро низ дидан мумкин буд, ки бо хиҷолат назди ҳар раҳгузаре мерафтанд ва садақа талаб мекарданд. Кӣ медонад, ҳаёт бо онҳо чӣ бозиҳоро дар пеш дорад? Дарду ғами онҳоро аз нигоҳҳояшон ҳам хондан мумкин аст, аммо мо наметавонем танҳо бо тамошои ин манзара ба онҳо мадад расонем. Бояд ҷомеа ва давлат дар ҳамбастагӣ амал кунад, то онҳо аз ҳуқуқҳои худ васеъ истифода баранд. Қонунҳоро дар амал бояд татбиқ кард, то кӯдаконе ба мисли Зоҳир аз маҳрумиятҳо машаққат накашанд.
Шодмон Кенҷаев,
донишҷӯи курси сеюми ДМТ