Афсонаҳои қадимаи ориёӣ гӯяндаи он аст, ки як нафарро дар тангнои қалъаи сангини сари кӯҳи осмонрас маҳкам карданд ва ҳама роҳҳои аз он баромаду фаромадро барбастанд. Яъне, дар он теға ё қалъа бояд мемурд ҳамин нафар. Яъне, ҳукмаш аниқ буда.

Вале касони вайро ин ҷо овардаву партофта ва ҳабс намуда, намедониста маҳкум-шуда даме ки зиндагиаш рӯ ба охиршавӣ оварда, асос гузош-танӣ мешавад ба зиндагии тамоман наве. Яъне, аз ходаҳои ин ҷо пайдокарда ва аз матоъҳои танаш болу пар сохтанӣ мешавад. Яъне, такя ба ин талош карданӣ мешавад ба парвоз, барои аз ин ҷо раҳо ёфтан ва ба наҷоте расидан.

Хуллас, вай нахустин қанотро сохта буд барои аз тангноҳои зиндон парвоз гирифтан ва ба паҳноҳои азим расидан ва ҳатто ба сӯи баландиҳо рафтан.

Зеро ин болу пари нахустини сохтааш дар ояндаҳои дигару дур асоси болу қаноти самолётҳо гардида, инсонро ба парвоз бурда метавонад аз тангноҳои замин сӯи фалакистон. Яъне, идеали парвозро низ сохта тавониста ҳамин болу пари навсохтаи одамӣ, яъне ҷониби фалак роҳнамун шуданро омӯзонида.

Зеро дар ояндаҳои дур, ҳатто киштиҳои кайҳонӣ аз рӯи идеали парвоз сохта мешуданд. Ҳамон киштиҳои кайҳонӣ, ки ба фалак мепайваста инсонро ва ҳатто ба сайёраҳои дигаре.

Яъне идеали парвоз дар ҳабсхонаи танги қалъачаи сари кӯҳае арзи ҳастӣ намуда.

Ҳабсхона.

Хуллас ин ҷо на танҳо шиканҷаю нестиҳо вобастагӣ доранд, балки асрору розҳо низ пайваста бошанд.

Масалан, Абӯалии Синоро борҳо ба маҳбас кашида буданд.

Вале дар ин вазъ низ чунон зиндагӣ ва эҷод мекард, ки гӯё тӯфонҳо чизи муқаррар бошанд. Тӯфонҳое, ки аз сари яке ба дигараш гузаштанаш лозим меомад.

Ва боре ҳангоми хонабаст шуданаш, ки аз тагхонаи як ошнояш берун шуда наметавонист ва зиндагии берунаро соз намедид, аз рӯзгор, билкул баҳра бурданаш имкон надошт, зеро дар берун шабаҳи марг мегашт ва як шаҳри азим варо кофтану ёфтану нест кардан мехост ва аз онҳо гурӯҳе барои ӯро дарёфтан пулу маблағ ба даст оварданӣ мешуда, гурӯҳи дигар барои варо дар ниҳоят кушта тавонистан айшу фараҳ бардоштан мехоста, вале Синои тоҷик, ҳатто дар ин вазъ, якмаром барои такомули зиндагӣ асарҳои зиндагибахш меофарид, ҳол он ки каси дигар мебуд, дар ин тагхонаи қаъри замин, ки болои он ва болои замин маргаш дар ҳар сурате гаштугузор мекард, ғайри ғуссаву алағдагӣ ва изтиробу ваҳм чизи дигар чашидан намехост ва ғайри худхӯрӣ чизи дигар намехӯрд, аммо вай эҷодгарӣ ва зиндагибахшоиро идома ҳамедод.

Дар шаш моҳи хонабаст будан ва ба қавли дигар хонаҳабс будан дар ин тагхона Абӯалӣ Сино беҳтарин ва волотарин осори тиббӣ, фалсафӣ ва мусиқии худро иншо кард. Ва ӯ дар ин ҷо чунон пурмаҳсул заҳмат мекашид, ки шаш нафар базӯр фурсату имкон меёфта барои ин маҳсули эҷодии варо, яъне дастнависҳои варо рӯнавис кардан.

Ва ё:

Абӯрайҳони Берунӣ аз олимон ва файласуфон ва ҳакимон ва табиатшиносони машҳури Машриқзамин буд ва ба илми телепатия (илми пешгӯӣ кардан) тасаллути беҳамто дошт.

Овардаанд, ки боре Султон Маҳмуд дар Ғазнин болои кӯшке дар чаҳордевор менишаст дар боғи ҳазордарахт.

Чун ба гӯшаш расид, ки мегуфтанд: дар ин мулк аз султон, яъне аз худаш дида Абӯрайҳони Берунӣ донотар, ба вай сахт расид, зеро подшоҳон ва ҳокимон бупиндоранд худашон аз ҳама оқилтар. Ва сари ин эҳсос ҳоло Султон рӯй ба Абӯрайҳон карда гуфт: «Ман аз чаҳорсамтии ин кӯшк аз кадом дар берун хоҳам рафт? Ҳукм бикуну ихтиёри (ҷавоби) он бар порақоғаз навис ва зери болини ман бинеҳ».

Абӯрайҳон устурлоб хосту санҷидан гирифт ва толеъ дуруст карду соате андеша намуд ва ба пораи қоғаз бинвишту зери ниҳолӣ (болин) бинҳод.

Ва Султон Маҳмуд гуфто: «Ҳукм кардӣ?»

Абӯрайҳон посух дардод: «Кардам».

Султон Маҳмуд бифармуд: то канадаб, теша ва бел оварданд. Бо фармудаи Маҳмуд бар деворе аз ҷониби машриқ дари панҷумин барканданд ва султон аз он берун рафт ва баъд гуфт, ки он қоғазпора биоваранд.

Бӯрайҳон дар он навишта буд: «аз чаҳор дари хона (кӯшк) берун нашавад ва бар девори машриқ дар бикананд, аз он берун равад».

Султон Маҳмуд чун бихонд, худро музламшуда ва иззаташро поймолшуда пиндошт ва тира гардид ва фармуд: Абӯрайҳони Беруниро аз миёнсарой фурӯ андозанд (яъне аз болои сарои мобайнӣ, то маҳв бигардад). Вале байни миёнсарой доме баста буданд барои доштани парандаҳо, ки Бӯрайҳон бар он дом бархӯрд. Ҳарчанд дом дарида шуд, вале имкон дод Бӯрайҳон ба замин мулоимтар фуруд биёяд, чунон ки тани вай афгор нашавад.

Султон Маҳмуди ҳайрон пурсид: «Чӣ ҳол аст, ки чунин шуд?»

Шояд умедвор буд, Бӯрайҳон бигӯяд: «Султоно, ман бо шарофати Шумо аз баландӣ ба замин мулоим фаромадам, аз ин боис намурдаам».

Аммо Бӯрайҳон гуфт, ки «Инро низ пешакӣ дониста будам!»

Султони бештар ошуфтаву ҳайратзада пурсидаш: «Далелат ку?»

Берунӣ ғуломи худро овоз доду тақвим аз вай бисутуд ва таҳвили хеш аз миёни тақвим берун бикард. Дар аҳкоми (ҳукму тадбири) он рӯз навишта карда буд: «Маро аз ҷойи баланд биандозанд, валек ба саломат ба замин ояму тандуруст бархезам».

Ин сухан низ мувофиқи раъйи Султон Маҳмуд наомад ва тиратар гардид. «Бӯрайҳонро ба қалъаи мамлакат бубаред ва боздоред» – ҳукмаш чунин шуд.

Бӯрайҳонро ба қалъаи Ғазнин боздоштанд ва шаш моҳ дар он ҳабс монд ва шогирдон ҳар вақт мерафтанд, асарҳои эҷодкардаи варо мегирифтанд барои рӯйнавис кардан. «Зеро дар зиндон он қадар эҷод мекард, ки дар ҷойи дигар накарда буд…».

Хоса, китоби «Ал-қонун-ул-масъуди фи-л-ҳайат ва н-нуҷум» – ро ба султонҳои сулолаи ғазнавиён бахшид, ки китоби ҷаҳонии таърихи нуҷум ва наҷмшиносӣ ва илми пешгӯӣ – телепатия гардид.

Мегӯянд, чун султонро дард фаро гирифта буд, изҳор дошт: ба тахти равон (тахте ки бардошта мебаранд), биншонанду барандаш ба ҳафт қасраш, ки ба ҳафт ранг сохта шуда ва даруни ҳамааш ҳафт ранг боигарӣ дошт, яъне аз тиллои зард то лоҷуварди сурх, аз санги зумуррад то ақиқ ва монанди инҳо. Бо истифодаи ҳамин боигарии азим барои лашкар нисфи дунёро гирифта ва мардуми онро саросар куштанаш мумкин буд.

Вале султон ҳоло натиҷа мебаровард:

«Ин ҳама боигарӣ ҳеҷ гоҳ ҷони як инсонро харида наметавонад ва хосатан, ҷони соҳиби ин ҳамаро, яъне мани султонро!»

Ва ҳамин лаҳза Берунӣ ҳам ба ёдаш расид ва фармуд аз зиндон берунаш бикунанд.

Ва боз гуфт: Берунӣ шояд билкул бебизоат монда бошад ва аз ин мӯчиб як шутур нуқра фиристодаш.

Берунӣ ин боигариро диду баён дошт: «нуқра намехоҳам, онро пас бубаред, зеро хирадмандон бидонанд, нуқра ва ҳама дорамӣ аз даст биравад, аммо илм ва маҳсули эҷодӣ аз даст наравад… Яъне, ман чизи монданиро ба чизи рафтанӣ иваз карданӣ нестам…»

Баъди он низ пайваста ба эҷод машғул мешуд Абӯрайҳони Берунӣ.

Ва миқдори таълифоти (асарҳои иншокардаи) варо олимон аз 130 то 180 донистаанд.

Абӯрайҳони Берунӣ аз асосгузорони илми таҷрубавӣ дар Шарқи Миёна ва Шарқи Наздик бошад. Аввалин глобуси оламро вай сохта, ҳамчунин исбот намуда, дар паси ин кура бояд қитъаи азиму дигари замин истода, ки он мувозинати замини курашакли гардонро таъмин медорад. Ба қитъаи пушти замин нарафта, вале онро аз рӯи мантиқу ақл ва улуми беҳамтояш кашф карда буд. Ва ин дар оғози қарни ёздаҳум буд. Пас, кашшофи нахусти Амрико барин қитъае аслан Берунии тоҷикоасл бошад, на каси дигар.

Ба таври густурда ҷорӣ шудани системаи даҳии ҳисоби ҳиндуҳо ҳамчунин тавассути Берунӣ ҷаҳонӣ гардидааст.

Вай мубодилаи кубиро ҳал намуда, ҷадвалҳои синуси 15 ва тангеси 1 (о) тартиб дода. Ва муайян карда, радиуси доира ба 1 баробар бошад. Ва таҳаввулоти геологии заминро кашф кард, дар заминаи он пайдоиши кӯҳҳо ва ҷунбиши қитъаҳо, ҷойивазкунии баҳру бар, умуман тағйиротҳои гуногуни геологиро баррасӣ бинмуд. Ҳамин инсони муъҷизаниҳод геолог, химик, физик, математик, мунаҷҷим, мусиқадон, забондон, геометр (ҳандаса), табиб ва адиб буд ва бо забони модариаш, яъне тоҷикӣ ва инчунин бо арабӣ эҷод мекард. Ва забони санскритиро ва юнониро низ медонист. Китобҳои донишномагӣ, яъне энсиклопедия низ иншо карда буд.

РИВОЯТЕСТ, КИ КАЛАШНИКОВ…

Ривоятест, ки Калашников ном шахс барои аз зиндонҳои болшевикӣ гурехтан барои худ яроқ таҳия карда ва он нахустин камони автоматӣ шуда, яъне тирашро ҳар дафъа ба дами найшакли камон намегузоштанду худаш миқдори муайяни тирҳоро бо тарзи автоматӣ омода карда, парронида метавонист.

Гӯянд, Калашников ин аввалин автомати худро истифода набурда ба даст афтодааст. Ва барои ниҳонӣ ба яроқсозӣ даст доштанаш ва бо истифодаи он қасди гурехтан карданаш вайро бояд ба марг маҳкум мекарданд.

Вале якуякбора лашкари фашистон ба Иттиҳоди Шӯравӣ ҳуҷум кардаву иҷрои ҳукми марг дар ҳаққи Калашников қафопарто гардид, яъне бояд баъдтар кушта мешуд.

Ҷанги дувуми ҷаҳон авҷ мегирифту ба яроқҳои дастии собиқ, ки яккатираву панҷтира буд, истодагарӣ кардан осонӣ надошт, хосатан алайҳи фашистони техникаашон ҷадиду муҷаҳҳаз, алайҳи автоматдорони он, ҳол он ки Шӯравӣ чунинашро алҳол надошт.

Чун олимони яроқсози Шӯравӣ, алҳол автоматро ба миён оварда натвониста буданд, дигар илоҷ намонда ғайри ба автомати сохтаи ҳабсие бо номи Калашников рӯй биовардан. Гӯянд, шахси аввали Иттиҳоди Шӯравӣ, яъне худи Сталин ба ин яроқ таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Зеро дар яроқҳои лашкари пиёдарави шӯравӣ гар тағйирот ба вуҷуд намеомад пиёдагардонро ба пирӯзиҳо расонда наметавонист.

Сталин гӯё барои зердастонаш фармуда будааст: «ҷойи Калашников бояд на паси панҷараи зиндон, балки паси мизҳои ихтироъгарии таҷҳизоти яроқсозӣ бошад ва ё дар бюрои конструкторони он ҷо. Автоматаш низ номи худашро бояд бигирад, яъне автомати Калашников… Зеро конструкторҳои мо чунин автоматро ба миён оварда натвонистанду Калашников сохтааст…».

Хуллас, ҷойи ин автоматсоз бахши ихтироъкории заводи яроқсозӣ гардид ва акнун автоматаш бо миқдори зиёд истеҳсол мешуд.

Дар набардҳои азим кор медод автомати Калашников барои пиёдагардони Шӯравӣ.

Ва дар набардҳои хунини ҷанги дувуми ҷаҳон басо сарбозон орзу мекарда бо автомати Калашников ба ҳуҷум ва ё разведка рафта бошанд ва амалашонро бо зафар бадал бидиҳанд.

Баъди ҷанги дувуми ҷаҳон низ дар ҳар куҷои олами азим набард сар мезад, автомати такмилёфтаи Калашников дар он иштирок мекард, хосатан дар пархошҳои тӯлонии шаҳрвандӣ.

Ва дар олам дар қарни бистум ва дар аввали қарни бистуяк аз силоҳҳои дастӣ беш аз ҳама ин яроқ хариду фурӯш ва мавриди истифода қарор мегирифт.

Ин ҳамон автомат буд, ки намунаи аввалаш гӯё дар зиндон сохта шуда.

Басо чизҳои дигар дар ҳабсхона ё тангно ба миён омада, ё дар сару дили ихтироъкоронаш ва кашшофонаш ва муаллифонаш он ҷо шакл гирифта.

Шераки ОРИЁН

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь